Научная статья на тему 'ОБЗОР ЛИТЕРАТУРНОГО НАСЛЕДИЯ КАСИМА АНВАРА'

ОБЗОР ЛИТЕРАТУРНОГО НАСЛЕДИЯ КАСИМА АНВАРА Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
8
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КАСИМ АНВАР / КЛИАТ / ГАЗАЛЬ / РУКОПИСИ / МАСНАВИ / КАСИДА / РАБАИ / ТРАКТАТЫ КАСИМА АНВАРА

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Саидов Исмаил Холмахмадович

В статье рассмотрены важнейшие литературные, исторические и научные источники для детального изучения творчества поэта и мистика XIV-XV веков Касима Анвара (1356/1357-1437/837). Также на упомянутом рынке произведения поэта сгруппированы одно за другим с маснавами и газелями предшествующих поэтов. Наконец, полученные результаты классифицируются, и порядок предлагается читателю. Необходимо подчеркнуть, что на данный момент упомянутая статья является наиболее полным обзором творчества Касима Анвара.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REVIEW OF QASIM ANWAR'S LITERARY HERITAGE

In the article, the most important literary, historical and scientific sources for the detailed study of the works of the poet and mystic of the 14th-15th century Qasim Anwar (1356/1357-1437/837) have been examined. Also, in the mentioned market, the poet's works are grouped one by one with masnavis and ghazals of previous poets. Finally, the obtained results are categorized, and the order is suggested to the reader. It is necessary to emphasize that currently the mentioned article is the most comprehensive review of Qasim Anwar's works

Текст научной работы на тему «ОБЗОР ЛИТЕРАТУРНОГО НАСЛЕДИЯ КАСИМА АНВАРА»

Keywords: poetry, prose, crime, description, image, landscape, nature, world of things, idea, content, art, art, specialty, thought, theme, surprise, magic, adjective, flower, analogy, passion, figurative.

Маълумот оид ба муаллиф:

Тагоев Салим - муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти факултети та^силоти ибтидоии Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни, Сведение об авторе:

Тагоев Салим - старший преподаватель кафедры языка и литературы факультета начального образования Таджикского государственного

педагогического университета имени Садриддина Айни, тел: +992......, e-mail:

About the author:

Taghoev Salim - Senior Lecturer, Department of Language and Literature, Faculty of Primary Education, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini,

БАРРАСИИ МЕРОСИ АДАБИИ ЦОСИМИ АНВОР

Саидов И. Х.

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров

Алй ибни Носир ибни Хррун ибни Абилкосим ал-Х,усайнй ат-Табрезй машхур ба ^осими Анвор ва ё Шох ^осими Анвор (XIV-XV) ба катори шоирони сермахсул шомил аст, аммо то кунун осори хеле ками у тасхеху нашр шудааст. Мухаккикони эронй бештар корхои тасхеху нашри осори шоирро анчом додаанд. Устод Саид Нафисй, дар соли 1337/1918 «Куллиёт»-и ^осими Анворро бар асоси 10 нусхаи хаттии дар даст дошта тахия карда буд, Алии Носирй бошад, «Девон» ва маснавии «Анис-ул-орифин»-ро соли 1393/1973 тахия намудааст, ки мутаассифона мо онро дар даст надорем. Дар чилди сеюми «Гулшани адаб», ки соли 1975 тахия гардидааст аз ^осими Анвор 16 газал, 1 китъа, 6 рубоии оварда шудааст [8, с.86-93]. Мураттиби «Баёзи рубой», ки соли 2017 ин мачмуаро ба нашр расонидааст аз ^осими Анвор дар ин мачмуа 15 рубой чо додааст, ки ин хануз мархилаи нахустини шиносой ва омузиши ин шоир ба хисоб меравад [6, с.178-181]. Мухаккик Шарифчон Точибоев соли 2008 маснавии «Анис-ул-орифин»-и ^осими Анворро бо инзимоми маснавихои дигараш нашр намудааст.

Аз мухаккикони ватаниву хоричй, ки ба омузишу баррасии осори ^осими Анвор ручуъ кардаанд, метавон Эдуард Браун, Саид Нафисй, Забехулло Сафо, Алии Саломатёр, Алй Солори Шодй, Шарифчон Точибоеро номбар кард, ки зимнан ба осори ин шоир пардохтаанд. Х,амчунин, дигар мухаккикон ба мероси адабии ^осими Анвор чо-чо ишорае доранд, дар рафти баррасии мероси адабии шоиро зикр мегарданд. Маколаи хозир ба баррасии муфассали мероси адабии шоир бахшида мешавад.

Тамоми мухаккикон ба мероси адабии ин орифи шоир бахои ба хам наздик додаанд, ки Саид Нафисй ин андешахоро аз тамоми сарчашмахо чамъоварй намудааст (1, панчоху нух). Дар мачмуъ мероси адабии шоирро метавон ба се даста чудо намуд. Дар чои аввал ашъори лирикии шоир меистад, ки онро дар колаби газал, рубой, тарчебанд, китъа, маснавихои кутох, касида ва шеърхо бо гуиши мардуми Гелон мушохида намудан мумкин аст. Макоми дуюмро маснавихои шоир ташкил медихад. Дар кисми сеюми ин таксимбандй асархои мансури ^осими Анворро чой додем.

а) Газал. Х,амчунон ки гуфтем, кисми зиёди ашъори шоирро газал ташкил медихад, ки тибки омори мо дар «Куллиёт»-и шоир 682 газал (дар хачми 5376 байт) вучуд дорад. ^осим асосан дар сурудани газал ба шоирони номдор дар ин чода такя карда аст. Ин нуктаро Эуард Браун (7, 55-57), Забехулло Сафо [15, c.260], Саид Нафисй (1, дувоздах), Шарифчон Точибоев (2, нух) ва г. таъкид намудаанд. Аз ин миён бештар дар сурудахои ^осим холу хавои Мавлавиро хонанда мушохида мекунад. Вале ба ин нукта бархе мухаккикин тарафдор нестанд, зеро ^осимро бештар пайрави Хоча Х,офиз ва Саъдй медонанд (11, 140; 20, 104; 14,60-61). Шояд хам ин нукта дуруст бошад, вале хам аз чихати хачм ва хам аз шуру хаячон ва хам равониву истифодаи такрори калимоту иборахо газалхои ^осим бештар ба сурудахои Мавлавй наздик аст.

Газалхои ^осим аз руйи микдори абёт аксар 7 байтй буда, дар баробари он микдори байтхо ба дигар шуморахо низ омадааст, ки ^ онро дар чадвали зер меоварем:_

Р/Т микдори байтхои газал микдори умумй

1 Газалхои чахорбайтй 1 газал

2 Газали панчбайтй 2 газал

3 Газали шашбайтй 3 газал

4 Газалхои хафтбайтй 444 газал

5 Газалхои хаштбайтй 9 газал

6 Газалхои нухбайтй 184 газал

7 Газалхои дахбайтй 4 газал

8 Газалхои ёздахбайтй 20 газал

9 Газалхои дувоздахбайтй 4 газал

10 Газали сездахбайтй дида нашуд

11 Газали чахордахбайтй 4 газал

12 Газали понздахбайтй 5 газал

13 Газалхои аз бист байт зиёданд 2 газал, ки яке 26 байт ва дигаре 36 байт дорад.

14 Микдори умумии газалхо 682

Аз мушохидахо маълум гардид, ки бештар газалхои ^осим дар колаби панч, хафт, нух ва понздах байт будааст. Шояд аз руйи микдори байт у ба Камоли Хучандй пайравй карда бошад, зеро аксари газалхои ин шоири хучандй хафтбайтианд ва у дар ин бора чунин мегуяд: Хафт байти ту дар ин гуфта Камол, Х,ар як аз маънии %ар «Х,афтяк» аст [18, с.280].

Мушохидахо нишон дод, ки дар «Девон»-и Камоли Хучандй баъди газалхои хафтбайтй макомхои баъдиро газалхои шашбайтй, панчбайтй ва чахорбайтй ишгол намудаанд, вале дар газалиёти ^осим бараск, газалхои аз хафт байт зиёд макомхои дуюму сеюмро ишгол намудаанд, ки дар боло ишора рафт. Дар ашъори ин ду шоир монандихои фаровони дигари ба мушохида расид, ки бахси як маколаи алохида аст.

Забехуллох Сафо дар рафти баррасии газалиёти ^осими Анвор чунин менигорад: «Газалиёти ^осими Анвор, аз миёни соири ашъораш машхуртарин ва зеботарин аст. Ин газалхо ба шеваи шоирони газалгуи замон нест, ки дунболи мазмунхои борик ва ба кор бурдани ташбехот ва истиороти тоза ва киноёти хаёлангез дар васфи ахволи мухталифи худ ба маъшук ё зикри авсофи махбубон мегаштанд, балки баёноти содаест, ки дар зикри эхсосоту ахвол ва макомоти орифи вораста ва чуёи хакоик. Дуруст аст, ки сухани ^осим дар фасохат ва гирандагй ва мусалламан аз хайси улвви афкору хаддоти эхсосот мутааллик ба гуфтори Мавлои Румй намерасад, вале ба хар хол шабохате байни газалхои ин ду дида мешавад. Ва филвокеъ хамин шабохатгуна аст, ки кавли ^осимро аз баёни хамасронаш мумтоз месозад» (15, 260). Дигар мухаккикон бар ин назаранд, ки шеъри ^осими Анвор хикамй аст ва ин гуна ашъор дар адаби мо собикаи хуб доштааст ва хануз дар замони ин шоир низ пайравони худро доштааст. ^осими Анвор тавониста, ормонхои рухониву маънавии хешро дар шинохти Холики якто ва ишки илохй дар хамин колаб баён созад. Аз ин «остони кавну фасод» (1, 129,) бар «осмони маъолй» [1, с. 173] ба гуфтаи худи муаллиф сафар гузинад. Ба андешаи у танхо ба неруи ишк метавон хакикати дунёро дарк намуд ва максуди у дар зиндагй хамин ишк асту бас:

Аз масциду майхона в-аз Каъбаву бутхона, Мацсуди Худо ишц аст, боцй %ама афсона [1, с.281]

Баъзеи дигар ин ашъорро шеъри таълимй ва ё тахкикй низ гуфтаанд [7, с.56; 19, с.276; 11, с.142]. Инчунин пешвоёни тасаввуф ва орифоне, ки завку машраби шоирй доштанд, ба сурудани ин гуна ашъор саргарм буданд. Назар ба кавли Эдвард Браун «дар он ахд Шайх Сафиуддин Абулфатх Истоки Ардабилй, писари у Шайх Садруддин (муршиди ^осимй) дар сурудани чунин ашъор даст доштанд» [7, с.55-57]. Бино ба таъкиди адабиётшинос Ш.Точибоев: «Дар тамоми девони ашъораш танхо дар панч мавкеъ вожаи газалро корбурд намудааст, ки он чо хам осори эътирофи шоирй тамоман намудор намешавад. Ин санад бори дигар баёнгари хадафхои нихоии у аз шеър аст» (2, ёздах,). Иддае аз мухаккикону мунаккидон тарафдори онанд, ки: «Дар карни нухуми хичрй чанд нафари маъдуд, ки дар шеър ва шоирй филчумлаи риоёт чониби маъниро бар чониби лафз тарчеъ додаанд», зухур карда ва ба ин гурух ^осими Анвор ва Шох Неъматуллохи Кирмониро шомил медонанд, ки онхо бештар зери таъсири Саъдиву Х,офиз будаанд. [19, с.276; 11, с.140; 20, с.104]. Зикри ин нукта хам зарур аст, ки дар баробари шоирони мазкур иддае аз орифони шоире буданд, аз чумла Саноиву Аттор ва Ахмади Ч,омй, ки бевосита номашан дар ашъори шоир зиёд истифода шудааст. Ин далелеи он аст, ки ^осими Анвор ба онхо низ эътикоду эхтироми вижа доштааст ва тардид нест, ки дар сурудани газал низ ба онхо пайравй карда бошад. Ба ин далел, ки ховаршиноси рус Бертест таъкид менамояд, ки «агар асархои Саной намешуд назми ирфонии Аттору Мавлоно ба ин маком намерасид» [10, с.490].

Fазалиёти ^осими Лнвор аз нигохи микдори байтхо, кофиябандй, кор6урди радиф, мусикй, калимоту иборот, такрору талкини лyFOтy таркибот махсусиятхое дорад, ки хос бар шеваи суханварии уст. Доир ба мухтавои Fазалхояш метавон таъкид дошт, ки бештари онхо чанбаи ирфонй дошта дар рохи шинохти Х,ак, дурй чустан аз маъсият, умедвор будан аз рахмати Х,ак, талош дар рохи шинохти асли дунё, шинохти маъшуки азалй ва амсоли ин будааст.

Хунари хуби ^осими Лнвор боис шуда, ки пайравони зиёде пайдо намояд. Дар ин чода Алишер Навой аз аввалинхо будааст. Сипас Мир Махдум ва Х,офизи Саъд ва Саккои Бухорой дар пайравии у Fазал гуфтаанд.

б) ^асида. Дар ашъори ^осими Лнвор касида макоми чандон намоёнро надорад. Бино ба таъкиди Хумойй шоирони ин давр асосан ба сурудани Fазал майли бештар доштаанд, ки ин хол дар ашъори ^осими Лнвор низ мушохида гардид [19, c.276]. ^осим хамагй се касида дар хачми 28 байт дорад ва ин касидахо касидаи марсиявй будаанд, ки ба наздикону хамзамонони шоир бахшида шудаанд. ^асидаи аввал, ки дорои 9 байт аст, ба Мир Fиёс бахшида шудааст. Бино ба иттилои С. Нафисй, ки чунин менигорад: «Дар сахифаи 333 аз матни мо маросии дигаре аз ^осими Лнвор хаст, ки дар он мегуяд: «Куцост сарвари риндон, фацир Мир Fиёс?!» чунон менамояд, ин Мир F^^ ки ^осим Лнвор уро марсия гуфта, хамон Лмир Fиёсиддин Ллии Тархон бошад, ки Мир Махдум бо у мехр меварзида ва рисолае ба номи «Мухаббатнома» барои вай навишта аст. У яке аз сипохиёни дарбори Темурй буда ва дар чанги Х,индустон фармондехи сипохи Шохрух будааст» (1, хаштоду як).

Ду марсияи дигар бошад, бар асари марги Мир Махдум хамон шогирди гиромии шоир суруда шудааст ва он дорои 10 ва 9 байтй буда се маротиба номи мактул дар касидаи аввал зикр гардидааст. Тибки иттилои мархум З.Сафо Мир Махдум яке аз муридони хоси шоир будааст ва хам ин чанд порча, ки мо ба унвони касида ёд кардем, онро З.Сафо Fазали маросй мегуяд: «Ва чун хидмати Мир неку менамуд, Шох ^осим номи у «Мири Махдум» кард ва нисбат ба у хамон алокае дошт, ки Мавлоно Румй ба Хусомуддини Чалабй. Лекин ин Саиди бечора (Мир Махдум И.С.), ки гирифтори такфири мутаассибон гардида буд, чанд гохе ба фармони Шохрух дар зиндон буд ва озод карданд, вале даст аз озори у барнадоштанд. Гуянд равFани доF бар сари у рехтанд ва уро бад-ин тамхид куштанд ва се Fазали мутазиман расое бар азизи бисёр мехрубон, ки аз Шох ^осим монда, дар бораи хамин Мир Махдум аст ва дар яке аз онхо бо исми у тасрех шудааст:

Мир Mаxдум сафар карду дуо фармуд,

Х,ама дил^ои азизон ба фироцаш фарсуд» [15, c.256].

Дуруст аст, ки мухаккики фавкуззикр аз чихати хачм шояд онро Fазал гуфта бошад, вале аз руйи мавзуъ, он таллуки бештар ба касида дорад. Саид Нафисй онро дар алохидагй оварда номашро «Китоби маросй» гуфта аст [2, c.333-334]. Далели дигари мо ин аст, ки дар нусхаи хаттии «Девони»-и ^осими Лнвор, ки тахти раками Ms. or. oct. 2150 дар Китобхонаи давлатии Берлин нигахдорй мешавад, ин ашъор ба унвони касида дар баргахои 385 то 386 чой дода шудааст [3, c.385-3866].

в). Тарчеъбанд. Лз ^осими Лнвор як тарчеъбанд дар хачми 121 байт бокй мондааст, ки дорои 8 банд буда банди аввал дорои 17 байт бо дарназардошти байти восила, дуюм 16 байт, сеюму чахорум 14 байтй, панчум 16 байт, бандхои шашум ва хафтум 14 байтй ва банди хаштум бошад дорои 16 байт аст ва байти восилаи он

Туйй асли %ама пин^ону пайдо, Ба афъолу сифоту зоту асмо. мебошад. Тарчеъбанди мазкур бо байти Биё, эи ишци оламсузи бегам, Кадам бар чашми ман не%, %айра мацдам!

OFOЗ мешавад. Бандхои бокимонда бо байтхои зер OFOЗ меёбанд: Зи сузи дарди бедармони ошиц,

Ба гардун мерасад афгони ошиц...

***

Маро куштасту мотам дорад он дуст,

Ки xубонро аз ин сон одату xyст.

***

Дилам бурдасту цон мexо^ад он ёр,

Ки цон биспору миннат низмедор...

***

Мар дар ишци ту на дил, на дин аст, Балои ишцро xосият ин аст...

***

Бифармо раумате чун метавони,

Ки цонамро зи меунат ворауони...

***

Чу хуршеди цамолат цилвагар шуд,

Цауон аз цилваат бо зебу фар шуд...

***

Цауонро ишц гардонид мауцуб,

Ба нури худ, таъолилла, зщй цуд!... [1, c.327-332].

Aдабиётшинос Ш.Точибоев хини баррасии мероси адабии ^осими Aнвор аз y 8 тарчеъбанд бокй монданашро таъкид менамояд, ки дуруст набyда, шояд мухаккики мазкyр бо дарназардошти бандхои он ин андешаро таъкид карда бошад (2, ёздах).

Мавзуи асосии он ишк, шинохти асолати инсон, таййи марохили ишк ва шинохти зоти борй ба хисоб меравад. Дар тарчебанди шоир низ ишк макоми хосро дорост, ки пештар дар мавриди Fазалхояш гуфта будем.

г). Рубой. ^осими Aнвор дар сурудани ин нави шеърй, рубой низ даст доштааст. Aз шоир 46 рубой дар хачми 184 байт бокй мондааст. Дар мавриди рубоии шоир метавон ин нуктаро таъкид дошт, ки холу хавое, ки шоир дар сурудани ин навъи шеърй дорад нисбат ба Fазалy касидахояш фарккунанда аст, ба гумони FOлиб метавон хадс зад, ки рубоихои y бештар шомили масоили ирфон ва фалсафа будаанд. Микдори рубоихои шоир дар хар нусха фарккунанда буда, дар нусхаи «Девон»-и дар Китобхонаи давлатии Берлин буда микдори он 39 ададро ташкил медихад [3, c.364-3716]. Дар нусхаи дигар, ки дар китобхонаи Макгиллии шахри Монреали Канада тахти раками №0063 нигахдорй мешавад, ин микдор ба 47 адад мерасад [4, c.351-3636].

Дар китоби «Сайри рубой»-и Сируси Шамисо дар се маврид аз ^осими Aнвор ёд шудааст. Дар ин зикри семаротибагй танхо дар як маврид аз рубоисаро будани ин шоир ёд мешавад [19, c.104] ва дар ду маротибаи дигар, яке дар шархи рубой [19, c.239] ва дар мавриди дигар аз шоироне, ки бо дигар забон шеър мегуфтанд [19, c.325] аз ^осими Aнвор ёд мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки дар асари мазкур ^осимро ба катори шоироне ворид намудааст, ки асосан рубоихои орифона мегуфтаанд, аммо хеч рубой аз ^осими Aнвор оварда нашудааст.

Мухаккики зиндагинома ва мероси адабии Зухурии Туршезй уро яке аз шоирони хуби рубоисаро таъкид дошта рубоихои Зухуриро бо Х,офизу ^осим хамсон медонад [13, c.5]. Интихоби 15 рубоии ^осими Aнвор дар гулчини «Баёзи рубой» баёнгари рубоисарои хуб будани ^осими Aнвор ба шумор меравад.

Дар баррасии рубоихои шоир бояд таъкид дошт, ки аз 47 рубоии шоир, ки то кунун дастрас аст, 19 рубоии тарона буд ва чахор рубоии дигар бошад, рубоии мусалсал аст.

f). Маснавй. Aз ^осими Aнвор чахор маснавй боки модааст, ки хар як дар зоти худ арзишманд ва мухим буда, адабиётшинос Забехуллох Сафо дар мавриди маснавихои ^осим бахои мусбат додааст. Маснавии уро орй аз такаллумхои зиёди шоирона медонад ва хамин содабаёнй ва истифодаи тамсилоти мувофик бар он арзиши маснавихои шоирро зиёд кардааст: «Арзиши маснавихои содаи y дар баёни муътакидоти суфия ва истилохоту акоиди онхост, ки табъан бар равиши хамагии онон хамрох аст, бо тамсилоту зикри хикоёти муносиб ба маком. Содагии баён дар маснавихо, хусусан «Лнис-ул-орифин», бехтарин ороиши сухани шоирист. Онро аз маснавихои ошикона макрун бо авсоф ва ё маснавихои маснуи ахд, ки маъмулан бо каломи душвори адибони хамрох аст, мутамоиз медорад» [15, c.260-261]. Маснавихои шоирро аз руйи хачму тартиби чойгиршавиашон дар «Куллиёт»-и шоир муаррифй менамоем.

1) Анис-ул-орифин. Яке аз маснавихои хурдхачм ва бузург аз лихози маънй дар таърихи адабиёти форсиву точикй ба хисоб рафта хамагй 583 байтро доро мебошад. Ин маснавй дар вазни рамали мусаддаси махзуф ё максур (фоилотун/фоилотун/фоилун ё фоилон) суруда шудааст, ки барои ифодаи андешахои ирфониву ахлокй хеле созгор аст. Бисёре аз маснавихои шоирони классик, аз чумла «Маснавии маънавй»-и Ч,алолуддини Румй, «Мантик-ут-тайр»-у «Мусибатнома»-и Шайх Aттор, «Саломон ва Aбсол»-и Aбдyррахмони Ч,омй дар ин вазн суруда шудаанд. Дар баъзе сарчашмахо номи асарро «Лнис-ул-ошикин» унвон карда, микдори абёти онро 573 донистаанд, ки дуруст нест» [8, с.8б; 9, с.17322]. Дар хар сарчашмаву таърихномахо, вакте сухан аз ^осими Aнвор меравад, Fазалсарои хуб будан ва дар пайравии Мавлоно маснавй навиштани y таъкид мешавад. ^осими Aнвор хам дар сyрyFади Fазал ва хам офаридани маснавй Мавлоноро ба унвони пири маънавиву рухонй интихоб кардааст.

«Лммо тафовути кори суханвар дар назми ин маснавй аз шеваи Мавлавй дар он аст, ки ^осими осорашро бо сабки хеле содатар аз «Маснавии маънавй» нигошта» ва дар бисёр маврид аз зиёдгуфтан пархез намуд аст (2, бисту ду).

Барои бештар ошкор сохтани максади аслии худ суханвар ба овардани хикоя пардохтааст ва дар умум дах хикоя накл менамояд, ки аз ин танхо ду хикоят тамсилианд ва онхо дар шуморахои дуюм (хикояти хорпушт ва рубох) ва хаштум (хикояти шамъ ва парвона) чойгиранд. Дигар аз хасоиси ин маснавй дар он аст, ки бештар ба маснавихои ирфонии пештар навишта шуда иртиботи зиёд дорад, аз хамин чихат дар он истифодаи оёту ахадис фаровон ба чашм мерасад.

б). Сад маком дар истилохи суфия. Манзумаест, ки аз 54 байт иборат буда дар вазни хафифи мусаддаси махбуни махзуф ё аслами мyсаббаF (фоилотун/ мафоилун/ фаилун ё фаилон) ба риштаи назм кашида шудааст. Дар адабиёти пешин низ маснавихое ба монанди «Х,афт пайкар»-и Низомии Ганчавй, «Х,адикат-ул-хакикат»-и Саноии Fазнавй, «Ч,оми Ч,ам»-и Лвхадии MароFай, «Силсилат-уз-захаб»-и Мавлоно Ч,омй дар ин вазн суруда шудаанд. Х,амчунин, «ин манзума бо номхои гуногун дар нусхахои хаттиву донишномахо сабт аст. Лз чумла «Мацомот-ул-орифин», «Тазкират-ул-авлиё», «Рисолаи адади мацомот», «Анис-ул-орифин» (2, понздах). Дар «ЛyFатнома»-и Деххудо асосан ба ду номи он таваччух шудааст: «ва дигар «Тазкират-ул-авлиё» ё «Мацомот-ул-орифин» ин низ маснавист» [9, c.17323]. Дар «Лсарофаринон» бошад, дар баробари номхои дигари зикргардида, як номи дигари ин маснавй «Мацомот-ус-соликин» сабт шудааст» [5, c.322].

Дар номгузории ин асар, ба иттилои адабиётшинос Ш.Точибоев, мухаккик Саид Нафисй эътироз намуда, ду навъ номгузории ин маснавиро бехтар донистааст. Нахуст «Сад маком дар истилохи суфия» ва сипас «Рисолаи адади ма;омот»-ро, гузашта аз ин идао намуда, ки дар нусхахои хаттии девони шоир ин ном сабт аст» [17, c.98].

Х,амчунин шабохате, ки ин маснавй ба манзумаи «Сад майдон» ва ё «Манозил-ус-соирин»-и Хоча Лбдуллохи Лнсорй дорад, дар мукаддимаи «Лнис-ул-орифин» зикр гардидааст (ниг, чахордах - понздах), ки хочат ба такрор надорад. Танхо зикри ин нукта зарур аст, ки манзумаи Лнсорй ба забони арабй иншо гардидааст ва ^осим ин маснавиашро дар пайравй ба он ба забони точикй навишта аст. У дар номгузории макомхо низ хамфикри Лнсорй будааст. Шоир сад макомро ба дах кисм ва хар дах кисмро боз ба дах манзил чудо намудааст. Х,атто пайдарпайии ин макомхо, ки Лнсорй зикр менамояд дар маснавии ^осим ба хамон шаклу тартиб дида мешавад, ки ба ин нукта мураттиби «Лнису-ул-орифин» дар мукаддимаи он таъкид намудааст (ниг. 13-14).

Дар баробари сарчашмаи каблан зикргардида ^осим аз сарчашмахои дигари ирфонй низ бархурдор будааст, зеро то замони у рисолоти дигаре чун «Кимёи саодат»-и Имом Fаззолй ва «Кашф-ул-махчуб»-и Хучвирй ба майдони адафу ирфон падид омада буд ва бегумон ин ориф аз онхо низ суд чустааст. Далели бориз ин ки дар соири ашъораш борхо аз орифони пеш аз худ ном мебарад ва ба онхо эхтиром коил аст.

в.) Баёни вокеаи дидани Амир Темур. Маснавиест, ки чанбахои ичтимоиву ирфонй ва ахлокй дошта, дар вазни хазачи мусаддаси махзуф ё максур (мафоилун / мафоилун / фаулун ё мафойил) навишта шуда, аз 52 байт иборат аст. Маснавй бо мукаддимаи мансур OFOЗ гардида, хонандаро аз мазмун ва мухтавои асар огох месозад.

Дар мавриди мухтаво ва номи ин маснавй низ назару андешахои мухталиф ба чашм мерасанд. Ховаршиноси номвари англис Э.Браун дар робита ба мазмуни он андеша дорад, ки дар он «ишора ба марги Темур шуда бошад» [7, c.540]. Вале С.Нафисй дар робита ба исми ин маснавй таъкид медорад, ки он харгиз ишора ба марги Темур нест, балки ин унвонро ба ду гуна хондан мумкин аст: «Баёни вокеа дидани Лмир Темур» ва ё «Баёни вокеаи дидани Лмир Темур» маънии аввалй ин аст, ки Лмир Темур хобе дидааст, агар вокеаро бо изофа бар калимаи дидан бихонем, он аст, ки худи муаллиф дар хоб Лмир Темурро дидааст. Мавсуф гунаи сониро бар аввали тарчех дода, менависад, ки фахвои (мазмун ва мундарича И.С), ин манзума маънии дуюмро бештар мерасонад ва унвони онро ба ин тари; хондан салох аст. Дар хар сурат чун Темур дар соли 807 даргузашта, пайдост, ки ин маснавии кутохро пас аз он сурудаст» (2, яксаду хашт).

Лсар бо дебочаи мансур OFOз мешавад, ки хонандаро бо лутфу ишораи малех аз мазмун ва мухтавои он огох месозад. Дар маснавй суханвар амир Темурро ба хоб мебинад ва вачхи тасмияи ин асар бад-он унвон низ аз хамин чост. «Назокати ин асар бештар дар он аст, ки таввасути руъёву рамз ^осими Лнвор бисёр масоили марбути замонро матрах намудааст. Ниёишу начвое, ки дар ин маснавй омадаанд, ормону омоли ботинии ин орифи маънишиносро ифода менамоянд. Гуфтори зерини шоир таманнову дуоест, ки аз каъри дили ин оши;и раббонй ва солики водии хайронй набаон мекунанд:

Ба оби дидаи бедордорон, Ба сузи синаи шабзиндадорон. Бад-он обе, ки аз чашми гунаукор, Фуру борад чу тангаш даррасад кор. Бад-он оуе, ки марди дасткутоу, Барорад аз цигар вацти сауаргоу. Бад-он оташ, ки дар вацти надомат, Бувад дар синаи соуибгаромат. Ба боди сард аз цони каримон, Ба оби гарм аз чашми ятимон. Ба пири пушт чун чавгон xaмuдa, Таки гуяш сари майдон расида. Ба тифли дида пурнам, сина пуртоб, Ба марди ташна чун гулбарги сероб. Бад-он зори, ки пири нотавоне, Фуру гиряд сари xокu цавоне. Ба муштоцони асрори уацицат, Ба наццодони бозори тарицат. Бад-он дил, к-у ба нурат ошно монд, Бар он цон, к-у зи олоиш цудо монд. Бигардон аз xaлоuц ин балоро,

Ки меорам шафеат Мустафоро (2, шонздах,-х,абдах,)

Маснавихои дигаре, ки дар «Куллиёт» омадаанд, бидуни исм буда, аксаран хурду реза ва дар хар бобанд. Масалан, яке аз онхо дар манокиби чахор тан аз акобири суфия (Боязиди Бастомй, Aбдyллохи Aнсорй, Шайх Aбyлкосими Гургонй, Саъдуддини КошFарй), дигаре дар манкабати Aхмади Ч,омй, дар мавзуъхои мухталиф ба риштаи назм кашида шудаанд. Дар ин гурухи маснавихо низ ^осими Aнвор масоили маърифату хикмату ирфонро мавриди Fаврy тафаккур карор додааст. Баъд аз мутоилаву баррасии маснавихои хурду реза нахуст чунин таассурот хосил мешавад, сабку шеваи баёни суханвар дар ин чо соддаву бепироя аст. Aммо дар айни хол ин сухулатбаёнй ва содданигории сароянда лутф ва розу рамзест, ки гушахои нимрушану нимторики замони шоирро кинояомез ба тасвир мегиранд.

д). Асарх,ои мансур. Ба ин кисмати мероси адабии шоир асосан ду рисолаи y «Рисолаи суолу чавоб» ва «Рисола дар баёни илм» шомил аст.

Нахуст «Рисолаи суолу чавоб», ки аз номаш маълум аст, фарогири 14 суол дар шинохти бории Таъолло ва шинохти зоти Одам, халки олам ва сабаби халкияти зот ва сабаби аввал офарида шудани Мухаммад (с) ва сонй омадани он. Сабаби фиристодани Одам ба Замин ва сабаби пеш аз Одам офарида шудани Замин, муроди Худованд аз ин офариниш, чи гуна мушохида кардани зоти Х,ак нуфузи худро дар Одам, комилшавии Одам ва хидмати олам дар ин асно бахс оростааст.

Барои намуна мешавад суолеро аз ин рисола матрах кард. Суоли сеюм: «Тaъxuр дар эцоди Одам, , ки кавни цомеъ аст, баъд аз эцоди олам чи бувад?»

Ч,авоб: «Олам асбоби камоли зоти Одам бувад, то бад-ин асбоб уама камолоти уро уосил шавад, пас асбоб муцаддам бошад ва масбаб (сабаб И.С.) муaxxaр (axир И.С.)...» [2, c.39l]. Х,ангоми аз назар гузаронидани рисола ба назар чунон менамояд, ки ду нафар нишаставу яке суол мекунад ва дигаре чавоб. Дар мавриди чавоб гуфтан ба суолот гохе асли суолро шарх медихад ва дар мавриди дигар бошад, бидуни ин ки шарх дихад ба чавоб мепардозад.

Вобаста ба забони асар ин нуктаро бояд таъкид кард, ки харчанд содагй дар баён мушохида мешавад, истифодаи фаровони оёту аходис гохе пешоруи хонанда мушкил эчод менамояд.

Рисолаи дигари ^осими Aнвор ин «Рисола дар баёни илм» буда, фарки асосии ин рисола аз рисолаи пешин дар он аст, ки дар ин рисола порчахои шеърй истифода шудаанд, ки дар рисолаи пешин мушохида нагардид.

Бахси аслии ин рисола дар он аст, ки шоир асосан ба тахлили порчахои шеърй ва оёту аходис пардохта ва тавассути ин тахлилу маъникушоии асли инсон ва такарруби уро бар зоти Борй ва сифати инсон дар каломи Худованд ва мархилахои таййи ин рох ва печидагихои ин рохи пурпечутобро баррасй менамояд. Тарики пешгирифтаи ^осим дар ин рох ин аст, ки гох барои тахлили як порчаи шеърй аз оёту аходис истифода менамояд ва дар баъзе маврид баракси ин амал менамояд. Нисбати рисолаи каблан зикргардида мушкилтар аст, ба ин хотир ки масъалахои халшаванда барои хонанда печидагихои зиёд дорад. Ба ин хотир гохе сухан ба

дарозо тул мекашад ва дар охир бо байт ва ё порае аз оёти яке аз сурахо хулоса мекунад. Дар рисола бахси дигари матрахшаванда сурату сирати инсон аст, ки ба хар навъ дида мешавад, хамчунин асили зебой будани сирати инсон ва дар асоси мукаммал кардану холй аз нафс доштан осон гардидани таййи марохил чи ба зохир ва чи бар ботин масъалаи дигари баррасишаванда дар ин рисола ба шумор меравад.

Дар рисолаи мазкур дар мачмуъ 46 байту як мисраъ истифода гардидаст, ки аксари он зохиран ба калами худи муаллиф тааллук дорад ва дар ду маврид аз дигарон иктибос кардааст, ки яке рубоии Шайх Абулсаид Абулхайр буда, шоир рубои ин орифро шарх додааст. Чун пештар зикр гардид, ки С.Шамисо Косимро ба катори шоироне шомил намуда, ки бар рубоихои дигарон шарх навишта аст. Дар мавриди дигар бошад яке аз порчахои тарчеъбанди Носири Бухороиро иктибос намудааст.

Дар охир натичахои ба даст омадаро метавон чунин дастабандй намуд:

1. Косими Ановр аз зумраи шоирони машхур буда, ки дар сурудани газал ба шоирони бузурги пеш аз худ пайравй намудааст. Аз руйи мавзуву мухтаво бештар ба Мавлоно пайравй кардааст ва аз руйи хачм ба газалхои Камоли Хучандй. Х,амчунин таъсири шоирони орифи пеш аз Мавлоно, хусусан Ахмади Ч,омиву Саноиву Аттор, низ дар шаклгирии афкори адабии Косим муассир буда аст. У дар баробари ин ки ба орифони каблан зикргардида пайравй намудааст, аммо дар ин рох низ хунари фардии худро низ нишон додааст.

2. Дар сурудани касида мисли муосиронаш майл надоштааст. Танхо се касида гуфта аст, ки он хам дар марсияи дустону наздиконаш мебошанд.

3. Рубоихои шоир дар пояи рубоихои Хрфизу Саъдй ва дигар муосиронаш будааст, ки бозгуи махорати хуби уст.

4. Чун орифи шоирпеша буд, дар сурудани маснавй бар Мавлавй пайравй намуд, харчанд хамтои маснавии у набошад, хам. Ин на танхо ба Косим даст надодааст, балки то кунун ба ин хачму маънй касе бар макоми Мавлоно нарасидааст. Дар баробари маснавии Мавлавй дар пайрави Хоча Абдуллохи Ансорй низ маснавй эчод намудааст. Аммо, чихати асосии фарккунандаи маснавии у аз маснавихои дигар дар он аст, ки камтар ба тамсилу хикояхои пешин ручуъ кардааст. У худ гох-гох барои возех кардани андешахояш ба киссапардозй машгул шуда, ки киссахояш наву тозаанд.

5. Рисмолахои шоир низ орй аз такаллуфхои шоирона буда, у дар ин рох рохи нисбатан содаро интихоб кардааст ва бо ин рох низ хунари хуби насрнависии худро нишон додааст. Асархои насрии шоир низ омухтанист ва барои мсуайян кардани чойгохи наср дар ин аср бетаъсир намебошад.

АДАБИЁТ

1. Анвор, Косим. Куллиёт. Бо тасхеху мукобала ва мукаддимаи Саид Нафисй. / Анвор Косим -Техрон: Саной, 1337/1958. - 417 с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Анвор, Косим. Анис-ул-орифин (бо инзимоми маснавихои дигар). Бо пешгуфтор, тавзехот, фехрист ва лугатномаи Ш. Точибоев. / Анвор, Косим -Хучанд: Ношир, 2008. - 144 с.

3. Анвор, Косим. Девон (нусхаи хаттии ■4oMs.or.oct. 2150). - Китобхонаи давлатии Берлин (бидони соли китобат) - 397 б.

4. Анвор Косим. Хучандй, Камол. Девон (нусхаи хаттии №0063 матни асл Косим ва дар хошия Камоли Хучандй). /Анвор, Косим Китобхонаи Макгиллии шахри Монреали Канада (бидуни соли китобат).-376 б.

5. Асарофаринон. Зери назари доктор Мухаммадризо Носирй. - Техрон, 1384. Ч..4. - 378 с.

6. Баёзи рубой (аз эчодиёти шифохии мардум, адабиёти классикй ва муосири точик). Гирдоваранда Абдулло Ёров. Нашри дуюм. - Душанбе: Донишварон, 2017. - 400 с.

7. Браун, Эдуард. Таърихи адабиёти Эрон (аз Саъдй то Ч,омй) Ч..3. / Эдуард Браун. - Техрон, 1327.

8. Гулшани адаб. Намунахои назми форсу точик. Асрхои ХIV-ХV. Ч,илди сеюм. -Душанбе: Ирфон, 1976. -384 с.

9. Деххудо, Алиакбар. Лугатнома [Матн; тасвир]: иборат аз 15 чилд. Ч..11. Зери назари Мухаммад Муин, Саййид Ч,аъфар Шахидй /Алиакбар Деххудо. - Техрон: Сипехр, 377. - с.16135-17792

10. Е.Э.Бертелс. Таърихи адабиёти форсй-точикй.Тахия вироиш ва баргардони Мухаммадалии Ачамй. -Душанбе: Эр-граф, 2015, -528 с.

11. Ёршотир, Эхсон. Шеъри форсй дар ахди Шохрух (нимаи аввали карни нухум ё огози инхитот дар шеъри форсй [Матн]. Эхсон Ёршотир. - Техрон, 1334/1955. - 250 с.

12. Озар, Рахим Саломат. Вижагихои барчастаи сабкй дар мусикии газалиёти Косими Анвор [Матн]. Рахим Озар Саломат// Рухсори забон (фаслномаи накди забону адаб). - Соли сеюм, поизу зимистон, 1398/2019 №11. - С. 65-90.

13. Рахматов Бахром Ахмадчонович. Зухурии Туршезй ва анъанаи сокиномасарой дар адабиёти форсй-точикй (асрхои ХУП-ХУШ) - Хучанд: Ношир, 2021. - 182 с.

14. Саломатозор, Рахим. Вижагихои барчастаи сабкй дар мусикии газалиёти Крсими Анвор. Рухсори забон (накди забонй ва адабй) соли сеюм, шумораи ёздахум, зимистон 1398.

15. Сафо, Забехуллох. Таърихи адабиёт дар Эрон. - Чилди 3, бахши 2. Чопи дахум. - Техрон: Фирдавс, 1373. - 1461 с.

16. Сафо, Забехуллох. Таърихи адабиёт дар Эрон (аз авоили карни хаштум то поёни карни нухуми хичрй). 4.4. - Техрон: Фирдавсй, 1364/1985. - 607 с.

17. Точибоев Шарифчон. Андешае чанд оид ба маснавихои хурдхачми Крсими Анвор // Номаи Донишгох, № 3(44) 2015, Хучанд. -С.97-101.

18. Хучандй, Камол. Девон (матни итикодй). Тахиягарони матн, муаллифони тавзехот ва охирсухан Бахром Рахматов ва Окилбой Окилов. -Хучанд: Хуросон, 2020. - 1328 сах.

19. Х,умойй, Чалолиддин. Таърихи адабиёти эрон. 4.1. - Техрон: Хучаста, 1375/1996. -343 с.

20. Шамисо, Сирус. Сайри газал дар шеъри форсй (аз огоз то имруз). [Матн]. Сируси Шамисо. - Техрон: Ромин, 1370/1991. - 216 с.

21. Шодй, Али Солор. Ахвол ва муносибати Садруддин Сафавй ва накди афсонаи Крсими Анвор. Пажухишоти таърихй (илмй-пажухишй) Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонй- Донишгохи Исфахон давраи чадид шумораи 1, бахори 1377, -С. 67-100.

БАРРАСИИ МЕРОСИ АДАБИИ ЦОСИМИ АНВОР Дар мацола мууимтарин сарчашмауои адабиву таърихи ва илмй барои омузиши дацщи осори шоиру орифи царни XIV- XVКосим Анвор (757/1356-837/1433) мавриди барраси царор гирифтааст. Хамчунин дар мацозаи мазкур осори шоир дастабанди шуда зина ба зина бо маснавиву газалиёти шоирони пешин мушоуидаву муцобалагузори шудааст. Дар охир натицауои бадаст омада дастабанди шуда, мураттиб онро ба тартиб ба хонанда пешниуод менамояд. Лозим ба таъкид аст, ки дар уоли уозир мацолаи мазкур мукаммалтарин баррасии осори Косими Анвор мебошад.

Вожахри калидй: Косими Анвор, куллиёт, газал, нусхауои хатти, маснави, цасида, рубои, рисолауои Косими Анвор.

ОБЗОР ЛИТЕРАТУРНОГО НАСЛЕДИЯ КАСИМА АНВАРА В статье рассмотрены важнейшие литературные, исторические и научные источники для детального изучения творчества поэта и мистика XIV-XV веков Касима Анвара (1356/1357-1437/837). Также на упомянутом рынке произведения поэта сгруппированы одно за другим с маснавами и газелями предшествующих поэтов. Наконец, полученные результаты классифицируются, и порядок предлагается читателю. Необходимо подчеркнуть, что на данный момент упомянутая статья является наиболее полным обзором творчества Касима Анвара.

Ключевые слова: Касим Анвар, клиат, газаль, рукописи, маснави, касида, рабаи, трактаты Касима Анвара.

REVIEW OF QASIM ANWAR'S LITERARY HERITAGE In the article, the most important literary, historical and scientific sources for the detailed study of the works of the poet and mystic of the 14th-15th century Qasim Anwar (1356/13571437/837) have been examined. Also, in the mentioned market, the poet's works are grouped one by one with masnavis and ghazals of previous poets. Finally, the obtained results are categorized, and the order is suggested to the reader. It is necessary to emphasize that currently the mentioned article is the most comprehensive review of Qasim Anwar's works.

Keywords: Qasim Anwar, kliat, ghazal, manuscripts, masnavi, qaseedah, raba'i, treatises of Qasim Anwar.

Маълумот дар бораи муаллиф:

Саидов Исмоил Холмахмадович-докторант (phd')-и ихтисоси адабиётшиносии кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ «Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Fафуров» (Цумуурии Тоцикистон, ш.Хуцанд) Тел: (+992) 929811365; Сведение об авторе:

Саидов Исмаил Холмахмадович-докторант(PhD) кафедры классической таджикской литературы факультета классической литературы Государственного технического университета «Худжандский государственный университет имени академика Б. Фафурова» (Республика Таджикистан, г. Худжанд) Тел: (+992) 929811365; Abou t the author:

Saidov Ismail Kholmakhmadovich-doctoral student (phd) of the Department of Classical Tajik Literature of the Faculty of Classical Literature of the State Technical University «Khujand State University named after Academician B. Fafurov» (Republic of Tajikistan, Khujand) Tel: (+992) 929811365;

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.