Научная статья на тему 'ОБРАЗОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ СОВЕТСКОЙ СОЦИАЛИСТИЧЕСКОЙ РЕСПУБЛИКИ СЕРЬЁЗНЫЙ ШАГ К СУВЕРЕНИТЕТУ'

ОБРАЗОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ СОВЕТСКОЙ СОЦИАЛИСТИЧЕСКОЙ РЕСПУБЛИКИ СЕРЬЁЗНЫЙ ШАГ К СУВЕРЕНИТЕТУ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
182
20
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
СРЕДНЯЯ АЗИЯ / БУХАРА / ТУРКЕСТАН / ХОРЕЗМ / НАЦИОНАЛЬНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОЕ РАЗМЕЖЕВАНИЕ / РЕСПУБЛИКА / НАЦИОНАЛЬНЫЙ ВОПРОС / НАЦИОНАЛЬНОЕ САМОСОЗНАНИЕ / ПАНТЮРКИЗМ / КОММУНИСТИЧЕСКАЯ ПАРТИЯ / ЦЕНТРАЛЬНЫЙ ИСПОЛНИТЕЛЬНЫЙ КОМИТЕТ / РОССИЙСКАЯ ФЕДЕРАЦИЯ / СОВЕТСКАЯ ВЛАСТЬ / ТАДЖИКИСТАН / УЗБЕКИСТАН / ТУРКМЕНИСТАН / КИРГИЗСТАН / В. И. ЛЕНИН / СОВЕТ НАРОДНЫХ НАЗИРОВ / СЪЕЗД / КОНФЕРЕНЦИЯ / САДРИДДИН АЙНИ / НУСРАТУЛЛО МАХСУМ / ШИРИНШО ШОТЕМУР / Р. ИСЛАМОВ / А. ХАДЖИБАЕВ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хотамов Намоз Басарович

В1929г.Таджикская Автономная Советская Социалистическая Республика, которая была образована в 1924 г. и входила в состав Узбекской ССР, была преобразована в Таджикскую Советскую Социалистическую Республику. Для решения этого вопроса под руководством Макеева была создана специальная комиссия, которая действовала с 25 июля по 8 сентября 1929г. В этой комиссии интересы Таджикистана защищал А. Ходжибаев, интересы Узбекистана - Р. Исломов. Между ними происходили споры. Наконец, 16 октября 1929г. образовалась Таджикская Советская Социалистическая Республика. Если в то время не образовалась бы Таджикская ССР, то 9 сентября 1991г. не образовалась бы Таджикская суверенная республика.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE FORMATION OF THE TAJIK SOVIET SOCIALIST REPUBLIC IS A SERIOUS STEP TOWARDS THE INDEPENDENCE

In 1929, the Tajik Autonomous Soviet Socialist Republic, which was formed in 1924 as part of the Uzbek SSR, was transformed into the Tajik Soviet Socialist Republic. To resolve this issue, a special room was created under the leadership of Makeev, which operated from July 25 to September 8, 1929 A. Hojibaev fed the interests of Tajikistan in this commission, R. Islomov defended the interests of Uzbekistan, disputes occurred between them. Finally, on October 16, 1929, the Tajik Soviet Socialist Republic was formed. If then the Tajik SSR would not have been formed, then on September 9, 1991, the Tajik independent republic would not have been formed.

Текст научной работы на тему «ОБРАЗОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ СОВЕТСКОЙ СОЦИАЛИСТИЧЕСКОЙ РЕСПУБЛИКИ СЕРЬЁЗНЫЙ ШАГ К СУВЕРЕНИТЕТУ»

ТАШКИЛЁБИИ ЧУМ^УРИИ ШУРАВИИ СOTСИАЛИСTИИ ТОЧИКИСТОН КАДАМИ УСTУБOF БА

СУИ ИСTИКЛOЛИЯT

X,OTАМOВ Намоз Басарович

Институти таъpих, бостоншиносй ва маpдyмшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмхои Ч,yмхypии Точикистон

Пpезиденти Ч,yмхypии Точикистон, Асосгyзоpи сулху вахдати миллй -Пешвои миллат, мyхтаpам Эмомалй Рахмон даp асаpи худ «Чехpахои мондагоp», даp маколаи «Нyсpатyлло Махсум-чонфидои миллат» даp боpаи хавфу хатаpхои маънавие, ки халки точило тахдид мекаpд, таваккуф намуда, таъкид намудаанд: «Тавpе, ки таъpих собит месозад, даp охиpи асpи XIX ва OFOЗи асpи XX миллати точик бинобаp омилхои зиëд даp маpхилаи нихоят хассос ва хатаpноки таъpихи хеш к;аpоp дошт. Асолат ва хатто бакои таъpихии y тахти хатаpи бевосита к;аpоp гиpифта буд. Доиpахо ва гypyххои манфиатдоp на факат асолат ва хастии таъpихии точиконpо аз чихати идеявй ва сиëсй бадкасдона инкоp мекаpданд, балки бо хамдастй ва мусоидати фаъоли як тоифа фаpзандони нохалафи халки мо ме^шиданд, ки миллати точик хамчун миллати асил ва сохибватан асаpи фаpомyшхонаи таъpих гаpдад» [6,346,].

Даp маколаи «Шиpиншо Шотемyp-тyлyи офтоби зиëбахш» низ Пpезиденти мамлакат Эмомалй Рахмон таъкид каpдаанд, ки «хадафи ин сиëсати шовинистй аслан тахpибy махвсозии асолати миллй, инкоpи хастии миллати точик ва давлатдоpии точикон буд» [6,321].

Ба андешаи Пешвои миллат Эмомалй Рахмон даp натичаи мyбоpизаи часypона ва фаъолонаи чунин фаpзандони фаpзонаи миллат, ба монанди:Садpиддин Айнй, Нyсpатyлло Махсyм,Шиpиншо Шотемyp, Абдyкодиp Мухиддинов, Абдypахим Дочибоев ва дигаpон «талоши пайгиpонавy ватандyстонаи хамаи онхо ба таъсиси Ч,yмхypии Ш^авии Сотсиалистии Точикистон мусоидати фаъол намуд, ки даp саpнавишти таъpихии кишваpи мо вокеаи хеле мухим мебошад» [6,321].

Аммо таъсиси ин чyмхypй чандон коpи осон набуд. Даp саpзамини Осиëи Миëна баъди бутеди низоми Шypавй се чyмхypй: Ч,yмхypии Мyхтоpи Шypавии Сотсиалистии Тypкистон (даp хайати Федеpатсияи Русия) ва чyмхypихои мустакили халкии Шypавии Бyхоpо ва Хоpазм вучуд доштанд. Даp чyмхypихои Осиëи Миëна хам, чун даp Русия, Дизби Коммунистй ягона хизби хyкмpон ба хисоб меpафт.Максадy маpоми хамаи ин хизбхо, чун Дизби Коммунистии (болшевикии) Русия бyнëди чамъияти сотсиалистй буд.

Баpои сохтмони чамъияти сотсиалистй даp шаpоити Осиëи Миëна пеш аз xама xал намyдани масъалаи миллй заpyp шyмоpида мешyд. Далли масъалаи миллй бошад, чyноне асосгyзоpи xизби болшевикии Русия ва саpваpи Докимияти Шypавй В.И. Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба xамаи миллатxои соби^ мазлуми импеpияи Русия додани xy^y^H худмуайянкунии миллй, то ин ки ощо озодона шакли давлатдоpии миллии хyдpо бyнëд намоянд, ба xисоб меpафт.

Ч,yмxypиxои Typ^ere^ Бyхоpо ва Хоpазм даp навбати худ Чyмxypиxои миллй набуда, сеpмиллат ба шyмоp меpафтанд. Аник;таpаш номи ощо ифодакунандаи номи ягон миллате набуд.

Бо xамин сабабxо даp xyдyди Осиëи Миëна ва xатто беpyн аз он xам то ба ин давp намояндагони точикон ва yзбекxо xеч гоx масъалаи бутеди давлатдоpии миллии хyдpо нагузоштаанд. Баpъакс, даp байни онxо андешаxои: "истиклолияти Typкистон", "аз нав баpк;аpоp намудани хонигаpии ^Укднд", "истиклолияти xак;ик;ии Бyхоpо" ва Fайpаxо вучуд доштанд. Даp замони мустамликавй даp xаpакатxои миллию озодихоxонаи халкдои точику 7збек маxз xамин тамоюлотxоpо пай бypдан мумкин аст.

Дамин тавp ба мдан омадани масъалаи бyнëди давлатдоpии миллии точикон ва yзбекxо натичаи талаби худи ин халкдо набуда, балки натичаи сиëсати миллии Дизби Коммунистии (болшевикии) Русия ба xисоб меpавад. Даp Осиëи Миëна маxз бо талабу ташаббуси онxо, бо ма^сади тезонидани сохтмони чамъияти сотсиалистй, масъалаи так;симоти xyдyди миллй ба мдан гузошта шуд. Дизбxои коммунистии чyмxypиxои Осиëи Миëна бошанд, оид ба ин масъала, асосан ичpокyнандагони дастyp ва талабу даpхостxои саpваpони Дизби Коммунистии (болшевикии) Русия, Докимияти Шypавй ва фиpистодагони онxо буданд.

Ниxоят,бо дyшвоpиxои хеле зиëд, 14-уми октябpи соли 1924 Ч,yмxypии Мyхтоpи Шypавии Сотсиалистии Точикистон даp xайати Ч,ШС Узбекистон таъсис ëфт. Охиpин бевосита ба ИЧ,ШС (СССР) шомил буд.

Дангоми ташкилëбии ^МШС Точикистон ба xайати он: аз Ч,ХШ Бyхоpо вилоятxои Fаpм, Душанбе, Куло6 ва KУpFOнтеппа; аз ^МШС Typ^d^ вилоятxои Панчакент ва Уpотеппа (Истаpавшан) дохил шуданд, ки он вак;т масоxати чyмxypй xамагй 135,6 xазоp км2 буда, аxолиаш 739,5 xазоp нафаppо ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз точикон ибоpат буд [10,383].

26-уми ноябpи соли 1924 даp шаxpи Тошканд Кумитаи инк;илобии ^МШС Точикистон бо саpваpии Нyсpатyлло Махсум (Лутфуллоев) ташкил ëфт. 3-юми февpали соли 1925 Дукумати Ч,МШС Точикистон даp xайати пyppа ба Душанбе омад^зи дигаp, 4-уми февpал даp Душанбе гиpдиxамоии сеpодам баpпо гаpдид.Даp он Эъломияи ташкилëбии Ч,МШС Точикистон хонда шуд.

Нусратулло Махсум хануз дар замони сарвари Кумитаи Ичроияи Марказии Бухорои Шаркй буданаш, бо маводи таксимоти худуди миллии Осиёи Миёна шинос шуда, бо ибораи Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон, ки дар маросими кушодани нимпайкараи Нусратулло Махсум гуфтаанд, хамчун «... ватандусту ватанпарасти асил...»[7,306] аввалин шуда, беадолатихоеро, ки нисбат ба точикон зохир гардидааст, эхсос намуда, нисбати он овози эътирозии худро баён кардааст.

Дануз мохи сентябри соли 1924 Нусратулло Махсум ба номи И. В. Сталин, ки Котиби генералии КМ ДК (б) Русия буду масъалаи миллиро махз у назорат мекард, махсус мактуб навиштааст. Дамон лахза маъракаи таксимоти худуди миллй дар Осиёи Миёна дар арафаи анчомёбй буд ва ба точикон танхо хукуки «вилояти мухторй»-ро медоданд. Дар он мактуб Нусратулло Махсум И. В. Сталинро чунин хотиррасон намудааст: 1) Сархади «вилояти мухтори Точикистон» нодуруст муайян карда шудааст. Зеро бисёре аз махалхои точикнишин дар худуди Узбекистон мондааст; 2). Карори ба хайати Узбекистон дохил шудани Точикистон, хамчун вилояти мухтор, бо хукуки миллии точикон барои худмуайянкунй мутобикат намекунад, хол он ки ба узбекхо ва туркманхо хукуки чумхурии иттифокй дода шудааст. Аз ин ру, Нусратулло Махсум мурочиат мекард, ки ба Точикистон хам, мисли Узбекистон ва Туркманистон хукуки бунёди чумхурии иттифокй дода шавад [7,35].

Точикони баъзе нохияхои бевосита дар хайати Ч,ШС Узбекистон монда, аз натичаи таксимоти худуди миллй чандон розй набуданд. Аз чумла, охири соли 1924 мардуми Конибодом, чун эътироз, пеши рохи Раиси КИМ ИЧ,ШС (СССР) М.И. Калининро гирифтанд. Дар натича онхо соли 1925 хукуки "нохияи мухторй"-ро сохиб шуданд [8,331-332].

Ч,МШС Точикистон 5 сол, яъне солхои 1924-1929 дар хайати Ч,ШС Узбекистон буд.Бо максади мунтазам нигох доштани алокаи байнихукуматии Точикистон ва Узбекистон, 20-уми декабри соли 1924 аз тарафи Кумитаи Инкилобии ^МШС Точикистон намояндагии доимии чумхурии мухтор дар Ч,ШС Узбекистон таъсис гардид. Барои ба эътибор гирифтани манфиати Точикистон хамчун чумхурии мухтор, махсусан барои халли масъалахои молиявй ва иктисодй, дар назди ташкилотхои давлатии Узбекистон бюро ва комиссияхои махсус ташкил карда шуд. Инчунин дар ташкилотхои хукуматии он низ намояндагони Ч,МШС Точикистон шомил буданд. Аз чумла, дар назди Комиссариати маорифи халкии Ч,ШС Узбекистон Шуро оид ба миллатхои акал ташкил карда шуд, ки ба он намояндаи Ч,МШС Точикистон сарварй мекард [10,406].

Аммо Дукумати хамонвактаи Чумхурии Узбекистон, на хама вакт ба Чумхурии Точикистон холисона назар мекард. Ч,МШС Точикистон дар як гушаи кафомондатарини собик аморати Бухоро бунёд карда шуда буд. Бо хамин сабаб хукумати Иттифок, хамчун кумак ба ^МШС Точикистон

бештаp маблаF чудо мекаpд. Аммо ин ^мак, ки ба воситаи Ч,yмxypии Узбекистон меpасид, Дукумати xамонвактаи ин чyмxypй кисме аз он ^маки баpои Точикистон мyайяншyдаpо ба манфиати вилоятxои худи Узбекистон саpф мекаpд. [3,104] Махсусан даp соxаи маоpиф манфиати точикон бештаp ба эътибоp гиpифта намешуд. Ба мансабxо асосан шахсонеpо таъйин мекаpданд, ки ощо даp xyччат xамчyн «^бек» номнавис шуда бошанд. Tочиконpо бештаp мачбyp менамуданд, ки хyдpо xамин тавp, яъне «^бек» мyаppифй кунанд. Tочиконеpо, ки хyдpо «^бек» номнавис мекаpданд, ба мансабxои гуногун таъйин менамуданд. Ба дасти xамин точикони yзбекшyда мактабxои точикиpо мебастанд ва xаëти маънавии точиконpо маxдyд менамуданд [10,406].Чунин беадолатиxо xамон давp боpxо сабабгоpи эътиpози саpваpони xамонвактаи Ч,yмxypии мyхтоpи Точикистон гаpдидааст, ки ба Дукумати Иттифок навиштаанд. [Пyppатаp ниг:9].

Сентябpи соли 1926 даp натичаи таксимоти ноxиявй даp Ч,yмxypии Узбекистон бутеди окpyги Хучанд пешниxод гаpдид ва он февpали соли 1927 аз ч^ати ташкилй таъсис ëфт.Дамон вакт ба xайати окpyги Хучанд, ноxияxои Исфаpа, Конибодом ва Ашт низ шомил буданд. Датто pоxбаpияти xамонвактаи Ч,yмxypии Узбекистон ошкоpо икpоp шуда буданд, ки аксаpияти аxолии ин о^у^о точикон ташкил мекунанд ва майли ба Ч,МШС Точикистон xамpоx шyданpо доpанд. Роxбаpияти Ч,yмxypии мyхтоpи Точикистон боpxо, даp сатxи гуногун ба Ч,МШС Точикистон xамpоx намудани окpyги ХУЧандpо гузошта буданд. Охиpи соли 1926 вилоятxои Панчакент ва Уpотеппа ба ихтиëpи Ч,yмxypии Точикистон гузаштанд.

Апpели соли 1929 Анчумани II Шypоxои окpyги Хучанд ва Анчумани II Шypоxои ^МШС Точикистон баpпо гаpдиданд. Онxо масъалаи ба xайати ^МШС Точикистон xамpоx намудани окpyги Хyчандpо мyxокима каpда, аз Анчумани III Шypоxои Ч,ШС Узбекистон хоxиш намуданд, ки пешниxоди онxоpо тасдик намояд. 25-уми майи соли 1929 Кумитаи Ичpоияи Маpказии (КИМ) Ч,ШС Узбекистон каpоppо даp боpаи ба ^МШС Точикистон xамpоx намудани о^уги Хучанд кабул каpд. Аммо амалй шудани он xам кашол ëфт.

Сентябpи соли 1929 о^уги Хучанд ба xайати ^МШС Точикистон xамpоx каpда шуд. Дамон вакт аxолии окpyг 250,8 xазоp нафаppо ташкил медод. Минбаъд аxолии чyмxypии мyхтоp ба зиëда аз 1150 xазоp нафаp pасид ва даp он 72% -pо точикон ташкил медоданд. Якчоя бо окpyги Хучанд масоxати чyмxypй ба 142,5 xазоp км2 pасид. (2,473) Ноxияxои о^уги Хучанд, нисбат ба ноxияxои чyмxypии мyхтоp, аз чиxати иктисодй ва фаpxангй пешpафта xисоб мешуданд.

Даp замони мавчудияти Ч,yмxypии мyхтоpи Точикистон аксаpи аpбобони он масъалаи точиконpо то xанyз пyppа xалнашyда xисобида, ба

ташкилотхои гуногуни иттифокй арзу шикоятхо фиристодаанд. Дар ин асос онхо дар назди ташкилотхои иттифокй борхо масъалаи ба чумхурии иттифокй табдил додани Ч,МШС Точикистонро гузоштаанд. 6-уми июни соли 1929 Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Дизби Коммунистии (болшевикии) Умумииттифокй масъалагузории аз хайати Ч,ШС Узбекистон баромадани Ч,МШС Точикистон ва ба чумхурии иттифокй табдил додани онро маъкул шуморид. 12-уми июни соли 1929 Раёсати Кумитаи Ичроияи Марказии ИЧ,ШС, 17-июни хамон сол Бюрои Ичроияи Кумитаи Марказии Дизби Коммунистии (болшевикии) Узбекистон низ чунин халли масъаларо маъкул шумориданд [10,407-408].

6-уми июли соли 1929 Бюрои Осиёмиёнагии Кумитаи Марказии Дизби Коммунистии (болшевикии) Умумииттифокй оид ба чумхурии иттифокй табдил додани Ч,МШС Точикистон накшахои омодагиро тасдик намуд. Он ба сарварии комиссия оид ба аз хайати Ч,ШС Узбекистон чудо намудани Ч,МШС Точикистон-Макеев, ки чонишини Раиси Шурои Иктисодии Осиёи Миёна буд, фармуд, ки аз 1-уми октябр, яъне то огози бучаи нави солона, корхои муайян намудани сархади байни Ч,ШС Узбекистон ва Ч,МШС Точикистонро ба итмом расонанд. Комиссияи номбурда бо сарварии Макеев, бо танаффусхо, аз 25-уми июл то 8-уми сентябри соли 1929 фаъолият_ намуд. Дар чамъомадхои он дар байни намояндагони Точикистон ва Узбекистон бахсу мунозирахои тезу тунд ба амал омаданд. Дар он намояндагии Точикистонро Абдурахим Дочибоев ва намояндагии Узбекистонро Р.Исломов сарварй мекарданд. [10,408]. Махсусан талаби тарафи Точикистон оид ба Ч,МШС Точикистон хамрох намудани Бухорою Самарканд ва нохияхои атрофи онхо, кисми округи Сурхандарё (оиди Бойсун, Дехнав, ва Сариосиё), талаби тарафи Узбекистон ба вилояти Кургонтеппа, Конибодом, Исфара ва Нов боиси бахсхои тулонй гардиданд.

Аз чумла, намояндаи Узбекистон Р. Исломов даъво дошт, ки харчанд аксарияти ахолии нохияхои Конибодом ва Исфара точикон бошанд хам, аммо ин нохияхо аз чихати иктисодй гуё танхо бо округи Фаргона иртибот доранд, хатто низоми ягонаи обёриро ташкил мекунанд, бинобар ин нохияхои номбурда, бояд ба хайати Узбекистон монанд. Дар чавоб намояндаи Точикистон А. Дочибоев таъкид намуд, ки округи Хучанд масъалаи бахс шуда наметавонад. Зеро, дар вакташ ин округ бо карори на ин ки органхои точикистонй, балки узбекистонй таъсис дода шудааст. Бо хамин сабаб, округи Хучанд бояд дар худуди хозирааш пурра ба ихтиёри Ч,МШС Точикистон гузарад [1,476].

26-уми июли соли 1929 сарвари комиссия Макеев дар баромади худ ба масъалаи Бухоро дахл намуда, мавкеи нодурустро ишгол карда буд. Ба андешаи у гуё «Бухоро барои точикон лукмаи ночо» бошад, бинобар ин мухокима намудани онро лозим надонист. Дол он ки барои санчидани

арзу шикоятхо оид ба нодуруст ба руйхат гирифтани хайати миллии ахолии Бухоро ва атрофи он комиссияи дигар ташкил карда буданд. Ин комиссия дар мухлати ду мох шахрхои Бухоро, Еичдувон ва Паркентро омухта, ба хулосае омад, ки аксари ахолии махалхои санчидашуда, махсусан шахри Бухоро ва атрофи он точикон мебошанд. Дар ин махалхои омухташуда «хеч кас забони узбекиро намедонад, хама бо забони точикй гап мезананд ва бо хамин забон доду фарёд мекунанд». Аммо Макеев хулосаи сарвари комиссияро оид ба масъалаи Бухоро ба инобат нагирифта, талаб кард, ки маълумоти ба руйхатгирии соли 1926-ро асос хисоб карда шаванд [1,476-477].

Ба хама маълум аст, ки ба руйхатгирии ахолии соли 1926 пурра дар зери фишори туркпарастон ва узбекпарастон гузашта буд. Камина солхои 70-уми асри ХХ хангоми чамъоварии мавод аз собик бойгонии Институти марксизм-ленинизми шахри Москва (холо Бойгонии давлатии таърихи ичтимоию сиёсии Федератсияи Русия) бо хуччат-руйхатхое шинос шудам, ки онхо ба руйхатгирии ахолии хамон соли 1926 дахл дошт. Дар аксари руйхатхо мардум хамчун «точик» номнавис шудаанд. Аммо,мутаассифона дигар аз болои он, аксар бо калам, аз кунчи поён ба боло, бо харфхои калон «узбек» навиштаанд. Афсус , ки он солхо нусха гирифтан он тараф истад, хатто ба онхо ишора карданро рухсат намедоданд.

А.Дочибоев Макеевро хотиррасон намуд, ки тарафи Точикистон аз 1-уми январи соли 1929 масъалаи ба Ч,МШС Точикистон хамрох намудани Бухоро ва Самаркандро гузошта буд. Дар баромадхои худ у бо далелхои зиёд исбот мекард, ки Бухоро ва Самарканд шахрхои точикнишин буда, бо точикон чудонашаванда аст [3,121]. Аммо сарвари комиссия-Макеев ба ин ахамият надод. Дангоме, ки тарафи точикон масъалаи ба Ч,МШС Точикистон хамрох намудани шахрхои Бухоро, Самарканд ва Хучандро ба миён гузоштанд, сарварони хамонвактаи Узбекистан ба хулосае омаданд, ки муваккатан пойтахтро ба Самарканд кучонанд [4,473].

Водии Вахш, холо водии зархез ва серахолй низ соли 1929 мавзуи бахс карор гирифта буд. Ин водй он замон камахолй буда, дар як км2 хамагй 0,9 нафар ахолй рост меомад. Аксари онхо туркзабон буда, бештар бо чорводорй машгул буданд. Точикони ин водй дар солхои 1921-1923 ба хоки Афгонистон фирор карда, бо кушишхои Нусратулло Махсум кисме аз онхо баргашта буданд.Аммо,Р.Исломов талаб мекард, ки ин вилоят бояд ба хайати Узбекистон хамрох карда шавад. А. Дочибоев талаби ба Узбекистон додани водии Вахш, яъне вилояти ^ургон-теппаро рад намуд. У таъкид мекард, ки соли 1924, хангоми таксимоти худуди миллй, дар ин вилоят дар хакикат узбекхо аксариятро ташкил медоданд. Аммо дар муддати солхои 1925-1929, дар натичаи азхудкунии водии Вахш ва аз нохияхои кухй мухочир намудани одамон, дар ин вилоят хайати этникии одамон ба куллй тагйир ёфт. Дар натича, соли 1929 дар вилоят шумораи

точикон 30.604 нафар, узбекхо бошанд 20 хазор нафарро ташкил менамоянд [1,476].

Барои мухокимаи комиссияи махсус, ки Макеев сарварй мекард, масъалаи округи Сурхандарё хам гузошта шуда буд. Оид ба ин масъала А. Дочибоев талаб мекард, ки нохияхои Дехнав, Патта, Дисор ва Сари Осиё, ки аксари ахолиашон точикон мебошанд, инчунин шахри Тирмиз, ки аксари ахолиаш русзабонхо хастанд, бояд ба худуди ^МШС Точикистон хамрох карда шаванд. Зеро нохияхои номбурда, якчоя бо шахри Тирмиз, аз чихати иктисодй бештар ба шахри Душанбе майл доранд. Аммо намояндаи Узбекистан Р. Исломов даъво мекард, ки ин нохияхо ва шахри Тирмиз гуё аз хар чихат майл ба Узбекистон доранд [1,477].

Нихоят он комиссияи махсус, ба хулосае омад, ки округи Хучанд дар худуди хамонвактааш, пурра ба хайати ^МШС Точикистон дода, масъалаи Бухоро ва Самарканд холо мухокима карда нашавад. Таъкид гардид, ки Точикистон ин масъалахоро метавонад махсус ба миён гузорад. Бо сабаби он, ки округи Хучанд аз хисоби Ч,ШС Узбекистон ба ихтиёри Ч,МШС Точикистон мегузарад, бинобар ин талаби тарафи Точикистон оид ба кисми округи Сурхандарё конеъ нагардад [1,477].

Намояндагони Ч,МШС Точикистон Абдукодир Мухиддинов ва Нисормухаммадов оид ба мухокима нагардидани масъалаи Бухоро ва Самарканд эътироз баён карданд. Онхо талаб мекарданд, ки шахрхои номбурда бо дехахои аксар точикнишин, инчунин шахри Тирмиз бояд ба худуди ^МШС Точикистон хамрох карда шаванд.[1,477]

Лозим ба тазаккур, ки чй хангоми таксимоти худуди миллии соли 1924 ва чй хангоми халли масъалаи ба чумхурии иттифокй табдил додани ^МШС Точикистон бо такя ба тезиси беасоси «иртиботи иктисодй» рад карда мешуд. Зеро, хар ду тараф хам махсус ба он такя намуда, халли масъаларо ба фоидаи худ карданй мешуданд. Дар чунин холат мавкеи раиси комиссия-Макеев гуё халкунанда мебуд.

Соли 1929 таъсири туркпарастй пурра бартараф нашуда, вокеахои дигар зам гардид. Аз чумла, илова бар мавчудияти туркпарастй, дар ин сол фишор ба дехконони миёнахол барои сафарбар намудан ба хочагихои коллективй бештар гардид, ки ин боиси норозигии зиёди дехконон ва ба давлати хамсоя-Афгонистон фирор кардани кисме аз онхо шуд. Дамон вакт амири гурезаи Бухоро-Олимхон хам дар Афгонистон карор дошт. У куввахои зиддишуравии Осиёи Миёна, аз он чумла, дар худуди Ч,МШС Точикистон мавчуд буда ва гурезагони аз ин мулкхо рафтаро дастгирй мекард. Дануз охири соли 1928 дар Афгонистон Амонуллохон, ки нисбат ба давлати Шуравй хайрхох буд, сарнагун карда шуд. Ба хокимияти ин мамлакат Дабибуллохони Калаконй (Бачаи Сако), ки аслан точик буд, сохиб шуд. У хам нисбат ба давлати Шуравй душман ва нисбат ба куввахои зиддишуравии Осиёи Миёна ва гурезагони ин диёр хайрхох буд.

Махз сиёсати зиддишуравии амири нави Афгонистон Фузайл Махсумро рухбаланд карда буд, ки мохи апрели соли 1929 ба хоки Точикистон хучум кунад. Ин хучум, ки хисороти зиёд овард, шикаст ёфт. 19-уми майи он сол амир Олимхон ба воситаи матбуоти мамлакатхои Еарб «Ба мардуми Бухоро, Хева ва Туркистон» мурочиат карда, онхоро ба мукобили тартиботи Шуравй, ба мубориза даъват кард. Дукуматдории Дабибуллохи Калаконй дар Афгонистон то мохи октябри соли 1929 давом карда истода буд,ки дар ин мох хокимиятро дар ин кишвари хамсоя Нодиршох гирифта, уро катл намуд.

Дамаи ин вокеахои дар боло зикршуда барои халли такдири точикон таъсири манфй мерасонад. Зеро комиссияи махсусе, ки ба он Макеев сарварй мекард, бе розигии рохбарони иттифокй, махсусан Иосиф Виссарионович Сталин хеч коре карда наметавонист.

Ба андешаи мо барои нисбат ба точикон одилона хал намудани масъалаи миллй рохбарияти хизбию давлатии Иттифок, пеш аз хама худи И.В. Сталин чандон майлу рагбат надоштанд. И.В. Сталин, ки на танхо муайянкунандаи сиёсати миллии Иттифок, балки сарварии ягонаи онро ба зимма дошт, эхтимол намехост, ки дар Осиёи Миёна точикон сохиби чумхурии бонуфуз бошанд. У харчанд нисбат ба точикон суханхои хеле хуб гуфта, бо таъриху фарханги ин халки кадима шинос гардида, ба он бахои баланд додааст, аммо аз ислох намудани беадолатихо нисбат ба точикон худдорй намуд. Зеро дар холати хамсархад будани Точикистон бо чунин давлатхои хамзабони хоричй, ба монанди Афгонистон ва Эрон, ки бештар бо давлати Шуравй муносибати хуб надоштанд, эхтимол бонуфуз гардидани Точикистон, чандон ба манфиати Иттиходи Шуравй набуд. Ч,умхурии Узбекистон бошад, он харчанд бонуфуз гардад хам, бо ягон давлати хамзабони худ хамсархад шуда наметавонист ва он неруманд дар доираи Иттифок мемонд. Махз бо хамин максадхо сарварони такдирмуайянкунанда ва такдирсози Иттифок хангоми таксимоти худуди миллии соли 1924 руйрост ба зарари точикон, мавкеи узбекпарастонро дастгирй кардаанд. Вагарна онхо метавонистанд, хангоми мураккабии масъала ба шаркшиносони номии Шуравй, ба монанди В.В. Бартолд мурочиат намоянд. Аммо ин корро накарданд. Чунки хавфи онро доштанд, ки дар Осиёи Миёна пурра риоя кардани хакикат эхтимол сиёсати минбаъдаи онхоро мураккаб намояд.

15-уми октябри соли 1929 дар шахри Душанбе Анчумани III фавкулоддаи Шурохои чумхурй ба кори худ шуруъ кард. 16-уми октябр дар майдони назди Хонаи дехкон (хозира чойи бинои ба карибй бартарафгардидаи Театри драммавии русии ба номи В. Маяковский), дар хузури намояндагони анчуман, кисмхои аскарони сурх ва мардуми аз гушахои гуногун омада Эъломия дар бораи ба Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон табдил додани Ч,МШС Точикистон кабул

гардид. Дамин тавр, бо душворихои хеле зиёд Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт. Дамон лахза ба хайати чумхурй Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, округхои Хучанд, Уротеппа, Дисор, Еарм, Кургонтеппа, Кулоб ва Панчакент шомил буданд.

18-уми октябри соли 1929 Раиси КИМ Точикистон Нусратулло Махсум дар Анчумани III фавкулоддаи Шурохои ^МШС Точикистон дастовардхои чумхурии мухторро дар солхои 1926-1929 тахлил карда, хотиррасон намуд, ки дар мамлакат то соли 1926 бо дастахои босмачиён мечангиданд. Баъди он, танхо дар се соли охир чумхурй аз холати як гушаи кашшоки мулки собик амирй баромада, ба чумхурии чавони мустахкам табдил ёфта, холо иктисодиёт ва фархангаш мисли пештара набуда, балки тараккй карда истодааст [7,183].

Инчунин, дар хамон Эъломия таъкид мегардид, ки Ч,ШС Точикистон ихтиёран, дар асоси Эъломияи Анчумани якуми Шурохои ИЧ,ШС (СССР), хамчун узви комилхукук ба хайати Иттифок дохил мешавад. 5-уми декабри соли 1929 Ичлосияи Кумитаи Ичроияи Марказии ИЧ,ШС (СССР) карор кард, ки Шартнома дар бораи таъсиси ИЧ,ШС (СССР) дар худуди Ч,ШС Точикистон низ пахн карда шавад. Онро Анчумани VI Шурохои ИЧ,ШС (СССР) низ маъкул шуморид. Дар натича Чумхурии Точикистон узви хафтуми ИЧ,ШС гардид.

Дамин тавр, соли 1929 Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон чун замони мухторият, бо душворихо таъсис ёфт, ки ин натичаи чонбозихои бемисли фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнй, Нусратулло Махсум (Лутфуллоев), Шириншо Шотемур, Абдурахим Дочибоев, Абдукодир Мухиддинов, Аббос Алиев, Чинор Имомов ва дигарон мебошад. Устод Садриддин Айнй бо асари безаволи худ «Намунаи адабиёти точик» иродаи ин шермардонро дар майдони мубориза боз хам кавитар намуда буд. Вале, аксари аз ин бузургмардони хакталош, ки бисёр иллатхои замони мухториятро ошкор намудаанд, беадолатихои нисбат ба точикон содиршударо махкум кардаанд, нихоят худашон курбони беадолатихо гардиданд.

Таъсиси Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон баъди мухторият дуюмин кадами чиддие буд дар рохи худшиносии миллии точикон, зарбаи дигаре буд ба мукобили душманони миллати точик, махсусан ба мукобили туркпарастон, узбекпарастон, хоинони миллат ва гайрахо.

Хулоса, агар Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон намебуд, имрузхо Чумхурии сохибистиклоли Точикистон хам арзи вучуд карда наметавонист. Бо хамин сабаб таъсиси Ч,ШС Точикистон низ ахамияти бузурги таърихй дошт. Аз ин ру зарур аст, ки мо ба хотири чонбозихои он бузургмардони миллат ва бо максади баланд бардоштани худшиносии миллии чавонон, дар баробари абадй гардонидани номи

онхо, санахои бунёди Ч,умхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии

Точикистон рузхои 14-уми октябри соли 1924 ва таъсиси Ч,умх,урии

Шуравии Сотсиалистии Точикистон 16-уми октябри соли 1929-ро хар сол

ба хотир оварем ва онро тачлил намоем.

АДАБИЁТ

1. История таджикского народа. Т. V. Новейшая история (1917-1941гг.) -Душанбе, «Империал-групп», 2008. -752 стр.

2. Масов Р. М. История исторической науки и историография социалистического строительства в Таджикистане.-Душанбе, «Дониш», 1988. -328.

3. Масов Р. М. История топорного разделения.-Душанбе,«Ирфон». 1991. -190 стр.

4. Масов Р. М. Таджики: История национального трагедия.-Душанбе, «Ирфон», 2008. -635 стр.

5. Рахмон Э. Точикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. -Душанбе, «Ирфон», 2009. -704 сах.

6. Рахмон Э. Чехрахои мондагор. -Душанбе, «Эр-граф», 2016. 368 сах.

7. У истоков истории. К 130-летию со дня рождения Нусратулло Махсума. -Душанбе, «Mega basim», 2011. -528 стр.

8. Хртамов Н. Таърихи халки точик (Аз солхои 60-уми асри XIX то соли 1924). Китоби дарсй. Нашри 2-юм.-Душанбе, «Эр-граф», 2007. -368сах.

9. Х,отамов Н. Эътирози арбобони хизбию давлатии Ч,МШС Точикистон аз беадолатихое, ки нисбати точикон дар замони мухторият кардаанд. // «Садои Шарк»., 2013. №6.

10. Х,отамов Н., Давлатхоча Д., Муллочонов С., Исоматов М. Таърихи халки точик. Китоби дарсй. Нашри 2-юм. -Душанбе, «Эр-граф»., 2015. -544 сах.

ТАШКИЛЁБИИ ЧУМДУРИИ ШУРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОЧИКИСТОН КАДАМИ УСТУВОР БА СУИ ИСТИЦЛОЛИЯТ

Соли 1929 Ч,умхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон, ки соли 1924 дар хайати Ч,ШС Узбекистон таъсис ёфта буд ба Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон табдил ёфт. Барои халли ин масъала бо сарварии Макеев комиссияи махсус ташкил карда буданд, ки он аз 25-уми июл то 8-уми сентябри соли 1929 фаъолият кардааст. Дар ин комиссия манфиати Точикистонро Абдурахим Дочибоев ва манфиати Узбекистонро Р. Исломов химоя намудаанд. Дар байни онхо бахсхои зиёде ба амал омадааст.Нихоят, 16-уми октябри соли 1929 Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт. Агар хамон вакт Ч,ШС Точикистон таъсис намеёфт, имруз 9-уми сентябри соли 1991 Ч,умхурии сохибистиклоли Точикистон хам бунёд намегардид.

Калидвожахо: Осиёи Миёна, Бухоро, Туркистон, Хоразм, тацсимоти уудуди милли, цум^урй, масъалаи милли, худшиносии милли, туркпарасти, %изби Коммунисты, Кумитаи Ицроияи Маркази, Федератсияи Русия, ^окимияти Шурави, Тоцикистон, Узбекистон, Туркманистон, Циргизистон, В. И. Ленин, Шурои нозирони халцй, анцуман, конфронс, Садриддин Айны, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур,Р.Исломов, А. ^оцибоев.

ОБРАЗОВАНИЕ ТАДЖИКСКОЙ СОВЕТСКОЙ СОЦИАЛИСТИЧЕСКОЙ РЕСПУБЛИКИ СЕРЬЁЗНЫЙ ШАГ К

СУВЕРЕНИТЕТУ

В1929г.Таджикская Автономная Советская Социалистическая Республика, которая была образована в 1924 г. и входила в состав Узбекской ССР, была преобразована в Таджикскую Советскую Социалистическую Республику. Для решения этого вопроса под руководством Макеева была создана специальная комиссия, которая действовала с 25 июля по 8 сентября 1929г. В этой комиссии интересы Таджикистана защищал А. Ходжибаев, интересы Узбекистана - Р. Исломов. Между ними происходили споры. Наконец, 16 октября 1929г. образовалась Таджикская Советская Социалистическая Республика. Если в то время не образовалась бы Таджикская ССР, то 9 сентября 1991г. не образовалась бы Таджикская суверенная республика.

Ключевые слова: Средняя Азия, Бухара, Туркестан, Хорезм, национально-территориальное размежевание, республика, национальный вопрос, национальное самосознание, пантюркизм, Коммунистическая Партия, Центральный Исполнительный Комитет, Российская Федерация, Советская власть, Таджикистан, Узбекистан, Туркменистан, Киргизстан, В. И. Ленин, Совет народных назиров, съезд, конференция, Садриддин Айни, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур,Р. Исламов, А. Хаджибаев.

THE FORMATION OF THE TAJIK SOVIET SOCIALIST REPUBLIC IS A SERIOUS STEP TOWARDS THE INDEPENDENCE

In 1929, the Tajik Autonomous Soviet Socialist Republic, which was formed in 1924 as part of the Uzbek SSR, was transformed into the Tajik Soviet Socialist Republic. To resolve this issue, a special room was created under the leadership of Makeev, which operated from July 25 to September 8, 1929 A. Hojibaev fed the interests of Tajikistan in this commission, R. Islomov defended the interests of Uzbekistan, disputes occurred between them. Finally, on October 16, 1929, the Tajik Soviet Socialist Republic was formed. If then the

Tajik SSR would not have been formed, then on September 9, 1991, the Tajik independent republic would not have been formed.

Key words: Central Asia, Bukhara, Turkestan, Khorezm, national territorial delimitation, republic, republic question, national identity, Pan-Turkism, Communist Party, Central Executive Committee, Russian Federation, Soviet Power, Tajikistan, Uzbekistan, Turkmenistan, Kyrgyzstan, V. I. Lenin, Council of Folk Nazirov, congress, conference, Sadriddin Ayni, Nusratullo Makhsum, Shirinsho Shotemur, R. Islomov, A. Hadzhibaev.

Маълумот дар бораи муаллиф: Дотамов Намоз Басарович-доктори илмх,ои таърих, профессор, сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиноси ба номи А. Дониши Академияи илмх,ои Ч,умх,урии Точикистон. Телефон: (+992) 918215536. Е-mail: namaz hotamov@mail.ru

Сведения об авторе: Хотамов Намоз Басарович-доктор исторических наук, профессор, главный научный сотрудник Отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Академии наук Республики Таджикистан. Тел.: (+992) 918215536. E-mail: namaz hotamov@mail.ru

Information about the author: Hotamov Namoz Basarovich-Doctor of historical sciences, the senior scientific employee of the newest history Department of Institute of history, archaeology and ethnography named after A. Donish, Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan. Tel.: (+992) 918215536. Email: namaz hotamov@mail.ru

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.