Научная статья на тему 'НЕПОСРЕДСТВЕННОЕ ОБРАЩЕНИЕ В ВЫРАЖЕНИИ СУБЪЕКТИВНОГО ОТНОШЕНИЯ (на тадж.яз.)'

НЕПОСРЕДСТВЕННОЕ ОБРАЩЕНИЕ В ВЫРАЖЕНИИ СУБЪЕКТИВНОГО ОТНОШЕНИЯ (на тадж.яз.) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
736
237
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
муносибати субъективона / усули сарфї ва нањвї / категорияи шахс / эњтиром / нутќи шифоњї / мухотаб / иборањои тафсилї

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Бободжанова Б. Ш.

НЕПОСРЕДСТВЕННОЕ ОБРАЩЕНИЕ В ВЫРАЖЕНИИ СУБЪЕКТИВНОГО ОТНОШЕНИЯ Статья посвящена выражению различных личностных отношений, например вежливости, любви, нежности, ненависти и вражды путём обращения в таджикском литературном языке.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «НЕПОСРЕДСТВЕННОЕ ОБРАЩЕНИЕ В ВЫРАЖЕНИИ СУБЪЕКТИВНОГО ОТНОШЕНИЯ (на тадж.яз.)»

5. Львов М.Р. Словарь - справочник по методике русского языка. -М.Просвещение.1988.

6. Негматов С.Э. Научные основы обучения лексике таджикского языка в условиях формирования русско-национального билингвизма. Автореф. дисс. докт.пед.наук.-М.1991.

7. Практическая методика обучения русскому языку в средних и старших классах. Под ред.Е.А. Быстровой.-Л.Просвещение.1988.

КАМОЛОВ М.К.

АСОСЩИЛИНГВОДИДАКТИКИИ ТАЪЛИМИЛЕКСИКАИЗАБОНИ РУСИБАРОИДОНИШЦУЁНИ ТОЦИКДАР КУРС^ОИ АВВАЛ

Мацола ба масъалауои таълими забони русы барои донишцуёни гуруууои гайрирусии муассисауои таусилоти олии касбии Чумуурии Тоцикистон бахшида шуда, муаллиф оиди роууои самараноки таълими ин забон маслиуатуои методы пешниуод намудааст.

KAMOLOV M.K.

LINGUODIDACTIC PRINCIPLES OF LEARNING RUSSIAN OF FRESH

STUDENTS

The article is devoted to contemporary problems of learning Russian in national groups and is given practical recommendations of the matter.

БУНАФША БОБОЧОНОВА -

номзади илми филология, мудири кафедраи Забони тоцикй ва арабии Донишгоуи давлатии ууцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон.

МУХОТАБИ БАВОСИТА ДАР ИФОДАИ МУНОСИБАТИ

СУБЪЕКТИВИ

Имруз тарбияи ахлоки хамида, омузиши фарогиру амики забони адабии точик ва баланд бардоштани хусни ахлоку сухан аз вазифахои мухимтарин ба шумор меравад. Ахли илму адаб ва мактабу маорифро боястй, ки ба халли ин масъалахо бевосита ва чиддитар машгул шаванд.

Забони точикй аз забонхои кадимхат ва пуркудрати чахон ба шумор меравад ва ба ин забон асархои бешумори адабй, таърихй, илмй ва публисистй офарида шуда, хазинаи маърифати мардуми моро зинат медиханд. Дар забони точикй эхтироми инсон, шахси бомаърифат ва муътабар бо хамаи пахлухояш ифода гардидааст. Муносибати субъективона тамоми фаъолияти сохибзабонон, хамаи гунахои забон: забони адабй, гуфтугуй ва шевахоро фаро мегирад. Муносибати субъективона ба шахси хамсухбат, ба маврид ва омилхои зиёд вобаста аст. Омили асосии он риояи анъана, оину суннатхои ачдодист, хамчунин ба синну соли хамсухбатон, мартабаи онхо дар чамъият, ба каробат,

хешу табоpй, устодиву шогиpдй, касбу rap, хyнаpи эшон ва чанд омили дигаp вобастагй доpад.

Роххои ифодаи муносибати субъективй даp забони точикй хеле зиёд аст. Маънои лугавии калима даp ифодаи маънои субъективй мак;оми хоса доpад. Усули саpфй ва усули нахвии ифодаи муносибати субъективй низ фаpовон истифода мешавад, ки аз гановату тавоноии забони точикй шаходат медихад. Дамаи восита ва pоххои ифодаи муносибати субъективй ба категоpияи шахс мансубият доpад. Муносибати субъективй махз даp чумла ва ба воситаи чумла пyppа ва pавшан зохиp мегаpдад, чунки воситаи ахбоp ва ифодаи модалият чумла аст. Аз хамин чихат хамаи воситахои ифодаи муносибати субъективй даp чумла баpобаp ва ё каму беш зохиp мешаванд.

Тахлили ифодаи муносибати субъективй моpо ба хамин хулоса оваpд, ки замина ва pоххои ифодаи муносибати шахсй, иззату эхтиpом ва тахк^у беэхтиpомй даp адабиёти бадеиву публисистии имpyзаи мо даp нисбати адабиёти асpхои пешин ба даpачот зиёд аст. Масалан, аломати асосии эхтиpом ба шахсони калонсол ва мyхтаpам Шумо гуфта. мypочиат каpдан аст. Аммо ягон чонишин, аз чумла, чонишинхои шахсй, бе исм вучуд надоpад. Боpи нахуст ба шахс бо исми унвон, тахаллусу лак;аб ва баёнияи дигаpе мypочиат мекунанд. Дангоми бо эхтиpом ном бypдан исми касpо алохида ба забон намеоpанд. Номи шахс даp ин мавpид бо баёнияи истисной меояд: чаноб, устод, домулло, муаллим, амак (Чдноби Олй Эмомалй Рахмон, устод Рyдакй, домулло Айнй, муаллим Шаpифзода, Мавлоно Ч,омй ва Fайpа).

Мухотаб як чузъи ифодаи муносибати субъективй буда (алалхусус даp ифодаи эхтиpом), даp сypат гиpифтани нутк;и шифохии хамсyхбатон мусоидат менамояд. Ин гуна нуткдо аз нуткдои тасвиpии pасмй ба даpачот фаpк мекунанд. Мухотаб муносибати байни шахсхои якуму дуюм ва гохо сеюмpо баpк;аpоp намуда, pобитаи нут^о низ ичpо менамояд, яъне нутк;и суханкунанда ва шунаванда даp баъзе холатхо ба туфайли он сypат мегиpад.

Даp забони точикй ходисаи ба худ мypочиат каpдани шахси якум - исм ё тахаллусу лакдби хешpо чун мухотаб интихоб намудан маълум аст. Ин ходиса вак;те содиp мегаpдад, ки матлаби сохибсухан на танхо ба мухотаб, балки ба умум, ба тамоми маpдyм нисбат дошта бошад. Ин ходиса бештаp даp назм, хосатан даp газал ба назаp меpасад:

^oфuзo, тму aдaб вapз, ku дap мaцлucu шo%

Xap Kupo Hecm aдaб, лouкlu cy%6am нaбувaд.

( ^oфuзu Шepoзй ).

Калимаи мухотаб ик;тибоси аpабй буда, маънои хитобшаванда, шyнавандаpо доpад:

Дaёpo дap дa%oн зaд, шapмpo maH,

Myxoma6 кapд Юcуфpo 6a гуфmaн.

( Нuзoмuu rau4,aeU).

Калимаи мухотаба ва мухотабат муштаки калимаи мухотаб буда, маънои ба якдигаp сухан гyфтанpо доpанд. Мухотаб ба се гypyх таксим мешавад: а) бевосита; б) бавосита; в) мансуби сохибсухан. Маъмyлтаpин ва сеpистеъмолтаpини инхо гypyхи якум ба шyмоp меpавад, чунки даp ин хели мухотаб мусохиба байни ду шахси хозиpy нозиp сypат мегиpад.

Мухотаби бавосита даp адабиёти илмй кам тахлил шудааст, чунки он даp асаpхои бадей камтаp дyчоp меояд. Гypyхбандии мухотаб ва таснифу тахлили он, аз чумла, мохияти мухотаби бавосита асосан даp Гpамматикаи академй даpч ёфтааст: «б) Мухотабхои шахсии бавосита, ки шунаванда баpои бевосита шунидани онхо имкон надоpад, масофа дyp аст ё имконияти бевосита гуфтан нест ва ё умуман гоибона муносибат каpдан лозим меояд. Ин гуна мухотабхо даp мактубхои pасмй ва шахсй, pадио, жypнал, pyзнома, телевизоp, мypочиатномахо, шиоpy даъватхо, таклифномахо, хачвияхо ва Fайpа истифода мешаванд».1

Шакли маъмули мухотаби бавосита мактуб ба шyмоp меpавад. Мо баъди мутолиаву мукоисаи китоби «Мукотибаи Cадpиддин Айнй ва Абулкосим Лохутй» ба хулосае омадем, ки тахлили мухотаби бавоситаpо даp асоси маводи хамин асаp гyзаpонем, чунки мукотибаи ин ду устоди забаpдаст ва муносибати боэхтиpомонаи онхо ба якдигаp аз хаp чихат намунаи ибpат аст. Ин маънй даp саpсyхани ин китоб, ки ба калами устод Мухаммад Осимй мансуб буда, бо як самимият ва садокати дилпазиp иншо шудааст, таъкид гаpдидааст.»2

Даp мукотибаи устодон Cадpиддин Айнй ва Абулкосим Лохутй pоххои ифодаи муносибати субъективй, муносибати шахсй, иззату эхтиpом, самимият, дустй, мухаббат ва хамкоpии ин ду устод ба тавpи возех ифода шудааст. Ин эхтиpомy эътикод саp то саpи куллияи мактyбхоpо фаpо мегиpад. Мухотаби сохибэхтиpом бо тамоми матни мактуб, ки саpшоpи эътикоду самимият аст, pобитаи мустахкам доpад. Даp матн воситахои лугавию дастypии зиёди эьтиpомй низ даp pобита бо мухотаб коpбаст шуда, муносибати эхтиpомонаи сохибкаламу мyхотабpо баpчаста ифода намудаанд. Инак, намунае аз он мактубхо, ки устод Абулкосим Лохутй 15-уми октябpи соли 1931 аз Маскав ба устод Cадpиддин Айнй, ба шахpи Cамаpканд фиpистодааст:

«Устоди мyхтаpам Айнй !

Хабаpи мyфтахаp шудани Шyмоpо ба Нишони Cypхи Захмат аз хукумати шypоии Точикистон даp pyзнома хонда, бисёp-бисёp шодам.

Махсусан даp вакте, ки yнсypхои зиддиинкилобй, аз бокимондахои панисломизм, тамоман хyдpо ба пpолетаpиат таслим намудани Шyмоpо дида, ба хашм омада, ба Шумо хучум мекунанд ва мехоханд бо тyхматхо ва гуфтахои ношоиста Шyмоpо аз хидмат ба пpолетаpиат махpyм кунанд

1 Гpамматикаи забони адабии хозиpаи точик. чилди 2, -Душанбе, «Дониш»,1986,сах. Збб.

2 Мукотибаи Cадpиддин Айнй ва Абулкосим Лохутй, -Душанбе, «Дониш»,1978, сах. 53.

(катъиян Шумо махрум нахохед шуд), ин мархамати хукумати коргару дехкон хеле бамавкеъ ва дуруст буд.

Ман якин дорам, ки Шумо дар чавоби ин хоинхои манфури пролетариат калами худро барои хидмат ба тудаи захматкаш, синфи ранчбар ва хукумати шурой тезтар хохед кард. Инак, ман саводи телеграммаеро, ки ба Душанбе фиристодаам, хидмати Шумо такдим мекунам ва Шуморо аз тахти дил табрик менамоям.

Бо салом ва эхтиром Лохутй»1.

Дар ин матн хам мухотаби бавосита ва хам мубтадову муайянкунандаву пуркунанда, ки бо чонишини Шумо ифода шудаанд, хам бандаки феълии -ед ба ифодаи эхтиром баробар истифода гардида, муносибати дустона ва рафикона, изхори эътикоду эхтиромро бо тамоми пахлу ва нозукихояш адо намудаанд. Ин воситахо, роххои ифода ва тарзи баёни эхтиром саросари мукотиботро фаро гирифтаанд.

Бо ибораи «хоинхои манфури пролетариат» устод Лохутй нафрат ва муносибати карохатонаи худро нисбат ба унсурхои зиддиинкилобй, бокимондахои панисломизм ифода намудааст.

Худи мухотаби бавосита дар шаклхои гуногун омада, барои ифодаи иззату эхтиром корбаст шудааст. Чунончи, дар нух мактуби аввал, ки ба калами Абулкосим Лохутй мансуб буда, дар солхои 1927-1932 иншо гардидаанд, мухотабхои зерин корбаст шудаанд: Устоди бузургвор (1927), Рафики мухтарам ва устоди муаззам Айнй (1927), Устоди мухтарам Айнй (1927), Устоди мухтарам (1929), Устоди мухтарам ва азиз

(1930), Устоди мухтарам Садриддин Айнй (1931), Устоди мухтарам Айнй

(1931), Устоди мухтарам (1932). Чунон ки мебинем, хамаи мухотабхои бавосита бе ягон вохиди дигар маънои иззату эхтиромро пурраву равшан ифода менамоянд. Пас аз ин панч мактуби устод Айнй ба устод Лохутй дарч шудаанд, ки дар онхо мухотабхои тафсилй ба тарзи зер омадаанд: Рафики шафик, шоири чахоншумули инкилобии болшевик, Лохутй (1933), Рафики азиз, Лохутии мо (1934), Рафики шафик, мухтарам Лохутй (1937), Мухтарам рафик Лохутй (1938).

Дар навиштахои устод Лохутй калимаи устод ва сифатхои бузургвор, мухтарам, муаззам, азиз истифода гардида, дар як маврид бо ибораи устоди муаззам ибораи рафики мухтарам ба тарзи чида омадааст. Дар мухотабхои бавоситаи эхтиромии устод Айнй калимаи рафик бо сифатхои шафик, азиз, мухтарам омада, эхтирому эътикод ва самимияти эшонро барчаста ифода намудаанд.

Мухотаби рафик дар мактубхои минбаъдаи устод Лохутй низ фаровон истифода гардида, муносибати устодй бо рафикй омехта ифода шудааст. Мактуби якуми устод Лохутй бо калимаи «рафик» хеле кутох, аз ду чумла иборат аст: «Самарканд, ба рафик Айнй.

Романи «Еуломон»-и Шумо на танхо ба фарзандони озоди чумхуриятхои Осиёи Миёна хизмат мекунад, балки гуломони имрузаи

1 Х,амон чо, сах. 15.

мамлакатхои Ш^ки беpyнаpо, ки бо забони Точикистони фотех гуфтугу мекунанд, баpои pасидан ба озодй тайёp менамояд.

ралами озоди нависандаи «Fyломон»-pо аз тахти дил табpик менамоям».1

Аз ин мактуб як колаби дигаpи чумлабандй, ки эхтиpомpо ифода менамояд, ошкоp мегаpдад. Ин мактуб мисли мактубхои дигаp бо мухотаб огоз наёфта бошад хам, ибоpаи «Романи <^уломон»-и Шумо» гуфта сухан саp каpдани каламкаш далолат мекунад, ки у ба сифат yстодpо даp назаp доpад. Минбаъд асосан мухотаби pафик даp навиштахои хаp ду устод чои асосиpо ишгол менамояд.

Мавpидхое низ мешавад, ки калимаи «устод» даp шакли навозишии он - «устодчон» коpбаст шудааст. Шакли навозиш асосан вакте меояд, ки масъалахои нозуки шеъpy шоиpй ва сухан мавpиди бахси устодон каpоp ёфта, фахмиши хубу хамсухбати фозилpо pаддy бадал менамоянд, yзpе пеш меоpанд, ичpои коpеpо хохиш мекунанд ё мактyбpо таъчилй навишта бошанд.

«Устодчон, мебахшед, ки мyхтасаp менависам. Доло 39 даpачавy ним таб доpам... Факат мехостам хохиш кунам, ки даp газали «Коpаш хама ноз аст». мисpаи «Ч,он медихамаш даp ивази бусаву гyяд»-pо тамоман бш^ошед ё сиёх кунед, ба чояш бинависед: «Ч,он даp ивази як нигахаш додаму гуяд».2

Мисоли дигаpи чолиби диккат даp мавpиди истифодаи «устодчон»: «Устодчон, даp Эpон агаp чизеpо ба чизи дигаp иваз кунанд, масалан, китобpо ба дафтаpе, сохиби китоб метавонад бигуяд: китоби ман аз дафтаpи ту пypкимматтаp аст, як калам «саp бидех». Ман даp Точикистон ба ин тасодуф накаpдам. Аммо хаёл мекунам, ки инpо хонандагони точик медонанд. Намедонам, хаёли ман дypyст аст ё не? Aгаp надонанд, бояд даp чое, ки Fазалpо чоп мекунанд, тавзех бинависам.»3

Даp ин гуна мавpидхо устод Лохутй мухотаби домyллочонpо низ коp фаpмyдааст, ки хеле бамавpид менамояд: «Домуллочон, Шумо медонед, ки дил аз они шоиp бошад хам, хамеша гуянда онpо мисли як шахси сонй даp мукобили худ гузошта, бо у гyфтyгyзоp мекунад, шикоят, мекунад, метаpсонад, гила мекунад. Ё мисли як шахси сонй - гоиб бо у муомила мекунад. Бинобаp ин метавон «надонад», ки тиpи ёpаш нихонй андохта мешавад, ё «синаи дил», «шахси сонй» ramp надоpад. Аммо синаи хyдашpо шоиp бояд бидонад, ки ramp доpад ё на. Инак, хамин ду масъала сабаб шуданд, ки «синаи дил» гуфтам. Aгаp ин аpзхо даp хидмати Шумо маъкул афтанд, он вакт он мисpаъхоpо иваз намекунам».4

1 Мукотибаи Cадpиддин Айнй ва Абулкосим Лохутй. - Душанбе, «Дониш»,1978, сах. 21

2 Мукотибаи Cадpиддин Айнй ва Абулкосим Лохутй. - Душанбе, «Дониш»,1978, сах. 45

3 Дамон чо, сах.15.

4 Дамон чо, сах. 44.

Ин таpзи мypочиат, муомила, хамкоpй ва эчод мактабест, ки онpо хатм накаpда, ба куи мypод pасидан, писанди хосу ом шудан ва ба номи устодй мyшаppаф гаpдидан мумкин нест.

Дихати дигаpи мухотаби эхтиpомй ин аст, ки мypочиати гуянда ба шунаванда махз бо хамин yнсypи нахвии забон огоз меёбад. Додисахое низ хастанд, ки на танхо чумла, балки матн бо мухотаби бавосита саp мешавад. Ин холатpо мукотибаи устодон Cадpиддин Айнй ва Абулкосим Лохутй ба забони хол далолат мекунад. Ба ин маънй мухотаб як навъи саpахбоpи мактуб ба шyмоp меpавад. Мисли он ки саpлавхаи баъзе асаpхои хypдy калон мазмуни онхоpо пешакй ишоpат мекунад, мухотаби бавосита муносибати гyяндаpо ба шунаванда - хох гоиб бошад, хох Х0зиp - пешакй ишоpа мекунад. Аз мухотаби бавосита хатто pyхияи сохибсyханpо пай бypдан мумкин аст. Ин табиати мухотаб боиси он гаpдидааст, ки ин yнсypи асосии матн даp шаклхои гуногун вокеъ гаpдад.

Мухотабхои устодони мо ба якдигаp одатан даp шакли ибоpа вокеъ мегаpданд. Ибоpаи изофии дукалимагй даp ин гуна мавpидхо мавкеи асосиpо ишгол менамояд. Ба назаp чунин меpасад, ки тамоми матни мактуб ба тавзехи мухотаб омадааст. Маъмyлтаpин мухотаби устодони pyхшинос ибоpаи устодони мУхтаpам аст. Ин ибоpа нисбат ба ибоpахои дигаp эхтиpомpо як андоза умумй ифода мекунад, яъне аз он хануз pyхияи сохибсyханpо мушаххас даpёфтан дyшвоp аст. Ин ибоpа вазифаи асосии ин категоpияи нахвиpо адо намуда, бахpи чалб намудани диккати шунавандаву хонанда истифода мешавад. Баpои pавшантаp гаpдидани матлаб ва ифодаи садокату эътикод ибоpахои тафсилй ба вазифаи мухотаб меоянд. Масалан, хаp ду устод даp мypочиати бавосита калимахои хамсанги мУхтаpам ва аз он баландтаppо rap мефаpмоянд, масалан, устоди бyзypгвоp, устоди азиз, устоди муаззам.

Яке аз мухотабхои бавоситаи устод Айнй даp шакли хам чидаву хам тафсилй омадааст: «Фозили мУхтаpам, устоди муаззам, pафик Лохутй». Абулкосим Лохyтиpо устод мухотаб каpдани алломаи точик -устод Айнй комилан табиист, чунки номбypда даp поягyзоpии адабиёти давpаи нави точик ва умуман маданияту маъpифати Ч,yмхypии Точикистон хидмати шоиста каpдааст. Устод Лохyтиpо «фозили мУхтаpам, устоди муаззам» номидани устод Айнй шаpафест, ки танхо нодиpони давpон сазовоp мешаванд. Айнии бyзypгвоp устод Лохyтиpо даp айни замон pафик хитоб намудааст ва ин мухотаб далели он аст, ки Абулкосим Лохутй на танхо шахсияти фавкулодда бyзypги таъpихист, балки дусти наздики устод Айнй, pафики у низ мебошад. Калимаи <фафик» даp ин мавpид боpи азими маъноиву услубй дошта, даp pадифи калимахои устод, фозил, мУхтаpам, муаззам чой гиpифтааст ва мисли он pафик, ки мо баpои мypочиат ба хаp кас истифода мекунем, ба тавpи умумй ва бетаpафона истифода нашудааст. Вай даp мухотаби тафсилии устод Айнй аз калимаи «дуст» хам болотаp меистад, хампояи ибоpаи «дусти чонй» аст. Ин маънй ва маънихои дигаpи махpамонаи мухотабхои устод Aйниpо тамоми матни мактуб, махсусан, чумлахои хотимавй

равшан нишон медиханд. Бисёре аз мактубхои хар ду устод бо пурсиши холу ахволи ахли оила, салому паём ба хамсару фарзандон анчом меёбанд.

Хулоса, мукотибаи устодон Айнй ва Лохутй дар тахкики муносибати субъективй ва роххои ифодаи он сарчашмаи асосй ва гаронбахо ба шумор меравад. Хондан, омухтан, аз ёд кардан ва тахкик намудани на танхо порчахои шеърй, балки навиштахои насрии ин устодон ва адибони дигар ба тарбияи одоби хамида, забондониву забоншиносй ва чахонбиниву худшиносии мактабиёну донишчуён ва хамаи мардум мусоидат менамояд.

Вожа^ои калиди: муносибати субъективона, усули сарфй ва нахвй, категорияи шахс, эхтиром, нутки шифохй, мухотаб, иборахои тафсилй.

Адабиёт:

1. Грамматикаи забони адабии хозираи точик. чилди 2, -Душанбе, «Дониш»,1986,

2. Мукотибаи Садриддин Айнй ва Абулкосим Лохутй. - Душанбе, «Дониш»,1978

Б. Ш. БОБОДЖАНОВА НЕПОСРЕДСТВЕННОЕ ОБРАЩЕНИЕ В ВЫРАЖЕНИИ СУБЪЕКТИВНОГО ОТНОШЕНИЯ

Статья посвящена выражению различных личностных отношений, например вежливости, любви, нежности, ненависти и вражды путём обращения в таджикском литературном языке.

B. BOBOJONOVA ADDRESSING OF SUBJECTIVE ATTITUDES IN TAJIK LANGVUGE

The article considers the expression of subjective relation in fiction in Tajik language.The author also reflects various personal attitudes such as polite, love, hafted, rude and enemy by means of fiction examples from Tajik literature and publicists. The author gives vivid examples from contemporary writers Sadriddin Ayni and Abulcosim Lohuti.

РИЗОЕВА РУХСОРА БУРДОНОВНА,

омузгори ДДХ ба номи Б.Гафуров

ТАДЖИКИ МУКОИСАВИИ СУЖЕТИ ДОСТОНИ «ИСФАНДИЁР» -И «ШОХ,НОМА»-Х,ОИ ФИРДАВСИ ВА САОЛИБИ

Донишманди маъруфи немис Д. Этте дар ситоиши Фирдавсии бузург гуфта: «Фирдавсй шоири чахонист. Дамаи достонхои эпикии адабиёти форс-точик аз «Шохнома» сарчашма мегиранд». Дак ба чониби Д. Этте, зеро дар партаве аз тачаллии нубуги Фирдавсй ва хамосаи мухташами у зиёда аз садхо суханварон аз файзи «Шохнома» бархурдор гардида, асару достонхои комиле офаридаанд. Яке аз чунин асархо ба калами Абумансур Абдулмалик Саолибии Нишопурй (350-429 хичрй) тааллук дорад, ки дар доираи адаб бо номи «Шохнома»-и Саолиби ё дар шархи ахволи салотини Эрон машхур аст. Саолибй «Шохнома»-и Фирдавсиро бо забони арабй ба наср нигошта ва ба кавли тарчумони ин асар Махмуди Дидоят «Гарчй муаллифи ин китоб (яъне Саолибй) дар

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.