Научная статья на тему 'Понятие предложения в современном персидском языкознании'

Понятие предложения в современном персидском языкознании Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
200
13
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПРОСТОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ / SIMPLE SENTENCE / ВИДЫ ПРОСТЫХ ПРЕДЛОЖЕНИЙ / TYPES OF SIMPLE SENTENCES / ЧЛЕНЫ ПРОСТОГО ПРЕДЛОЖЕНИЯ / ПЕРСИДСКИЕ ЯЗЫКОВЕДЫ / PERSIAN LINGUISTS / SENTENCE-MEMBERS

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Шарипова Фарангис Худоиевна

В данной статье рассматриваются понятийное значение предложения в современном иранском языкознании, обосновывается отношение к традиционной арабо-иранской филологии греко-латинского понимания системы предложения и новые структурные построения простого предложения персидского языкознания. В статье приведены высказывания персидских языковедов о простом предложении.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The Concept of Sentence in Modern Persian Linguistics

The article dwells on the concept of sentence in modern Iranian linguistics; the author substantiates the attitude towards the traditional Arabian-Iranian philology on the part of Greek-Romanic understanding concerned with the system of sentence; new structural patterns of a simple sentence in Persian are adduced. The opinions of Persian linguists related to a simple sentence are presented in the article.

Текст научной работы на тему «Понятие предложения в современном персидском языкознании»

Шарипова Фарангис Худоиевна,

докторанти Донишгоуи миллии Тоцикистон

ШИНОХТИ ЧУМЛА ДАР ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИРИ ЭРОН

Забоншиносй хамчун илм бахси тозае даp миёни улуми дигаpи башаpй ба шyмоp меpавад ва он таъpихи беш аз 150 сола доpад (9; 11). Аммо бахс даp атpофи кавоиди забон аз замони бостон то асpхои миёна даp Шаpки бостон, Диндустон, Чин ва Юнон OFOЗ шуда, то ба имpyз идома доpад. Аввалин донишхо даp илми забоншиносй бо пайдоиш ва инкишофи хат, омузиши он, сохтани лyFатхо, тафсиpи мутуни динй, навиштахои осоpи бостон ва омузиши кавонини назм алокаманд аст. Тадpичан доиpаи тахкикот гyстаpиш ёфта, хусусиятхои нав ба нави забон омухта мешуданд, ки сабаби пайдоиши pиштахои нав даp илми забоншиносй гаpдиданд ва pавишy усулхои нави коpи тадкикотй ба вучуд меомаданд.

Даp боpаи афкоpи забоншиносии давpаи пеш аз ислом иттилои фаpовоне даp каламpави эpонй надоpем, аммо мавчудияти хати авестой ва катибахои хахоманишй бозгу аз кавоиди саpфивy нахвии ин забон аст. Коpкаpди алифбо баpои сабти матн далели огохии кадимиён аз конунхои хаpфy имлою дастyp аст (11).

Илми забон даp асpхои миёна хдмчун чузъи илми мантик шинохта мешуд. Афкоpи забоншиносии донишмандони ин давpа Закаpиёи Розй (865-926), Абyнасpи Фоpобй (873-951), Абуалй ибни Сино (980-1037), Абypайхони Беpyнй (973-1049), Носиpи Хyсpав(1004-1088), Мухаммади Fаззолй (1058-1111) заминаи хубе баpои ташаккули илми забоншиносй шудаанд.

Даp мукаддимаи баpхе аз фаpхангхои асpхои миёна фасли алохидае ба баёни дастypи забони фоpсй ихтисос меёфт ва даp онхо ба Fайp аз хусусиятхои лyFавии вожахо шаpхи муфассали вижагихои овой ва калимасозй оваpда шудаанд. Аз чумлаи чунин лyFатy фаpхангхои асpхои миёна, ки даp каламpави интишоpи забони фоpсй даp худуди Осиёи Миёна, Эpон ва Динду Покистон таълиф шудаанд, инхоянд: «Шаpаф-номаи Маняpй»-Ибpохим ^аввоми Фоpyкй (асpи XV), «Фаpханги Ч,ахонгиpй»-и Чдмолиддин Дусайни Инчу (соли таълиф-1623), «Бypхони котеъ» (соли 1652 таълиф) навиштаи Мухаммадхусайн Халафи Табpезй мутахаллис ба Бypхон, "Фаpханги Рашидй»-и Абдyppашид Таттавй.

Дар навиштани кавоиди сарфу нахви забони форсй хизмати муаллифони кутуби адабй, балогй, тарассул ва иншо кам нест ва маъруфтарини онхо инхоянд: «Дастури Дабирй»-и Мухаммад Майханй (асри XII), «ал-Муъчам фй маъойири ашъори-л-Ачам»-и Шамси ^айси Розй (аввали карни XIII), рисолаи «Меъёр-ул-ашъор»-и (соли таълиф 1253) Насируддини Тусй, «Нафоис-ул-фунун фй ароис-ил-уюн»-и Мухаммади Омулй (асриХ^).

Дар асрхои миёна таваччух ба омузиши кавонини дастурии забони порсии дарй зохир намешуд, аммо хангоми навиштани асархо ин кавонин риоя мешуданд. Хдмин тавр, ба тадрич илми забоншиносии форсй-точикй бар мабнои осори мантикй, фархангхо ва кутуби улуми адабй ва балогии асрхои миёна ба вучуд омад.

Аввалин дастури комили форсй китоби «Сарф ва нахви форсй» ба калами Х,очй Мухаммад Карими Кирмонй (карни Х1Х), пешвои тарикаи шайхия, тааллук дорад ва у дар дебочаи китобаш ба ин маънй менависад: «...Чун аз собикин китобе дар ин боб надидаам, эхтимол меравад, ки бисёре аз масоили сарфу нахви форсй аз ман фавт шавад ва ба хотирам нарасад ва бадехй аст, ки ин улуми мабсутшуда аз фикри як нафар ва ду нафар ва сад нафар нест ва афкори адида бар онхо таворуд карда, хар касе калимоте маъдуда бар онхо афзуда то хол ба ин баст шуда. Пас онро мураттаб кардам бар ду максад: аввал сарф, дувум нахв» (8,92).

Х,очй Мухаммад Карими Кирмонй назарияи мантикиёнро чонибдорй намуда, алфозро аз се кисм (исм, феъл ва харф) иборат медонад ва аз ин ру китоби у аз боби аввал «Асмо, ки бар ду кисм аст- муфрад ва мураккаб», боби дувум «Афъол, ки бар се кисм аст: мозй(гузашта), мустакбал (замони оянда) ва амр» ва боби савум дар хдрф иборат буда, навъхои исму феъл батафсил шарх дода шудаанд. Дар боби нахви забони форсй Карими Кирмонй мегуяд: "Бидон, ки нахви забони форсй нахви бисёр осонтар аз нахви арабй аст, зеро ки арабон калимоти худро эъроб медиханд ва дар забони форсй эъроб нест, магар дар музоф ва мавсуф, ки касра медиханд, хамчунин музаккар ва муаннасе нест ва дар калимот барои зан ва мард тафовут намегузоранд. Мавзуи илми нахв бар калима ва калом аст ва калом лафзе аст, ки ифодаи нисбат кунад, миёни ду исм ё исм ва феъл» (8,99).

Ба андешаи Карими Кирмонй харф барои робита ва нисбат байни исму феъл аст. Мушаххасоти дастурии сарфу нахв аз огоз барои нависандагон ва сохибназарони забони форсй маълум буданд. Аммо шинохту тавзехи онхо, чунон ки мо огохй дорем, бори аввал дар хамин китоб омадааст.

Дувумин дастури чомеъ дар илми забоншиносии Эрон китоби «Дастури сухан дар забони форсй» таълифи (соли таълиф 1870м.) Мирзо

Дабиби Исфахонй, муаллими забони фоpсй даp Тypкия, мебошад. Даp дастypи мазкyp ибтикоpоти тоза ба назаp меpасанд. Чунончи чахоp кисми нишона баpои исми масдаp, баёни холи фоил, мафъули Fайpисаpех, феъли мусбату манфй ва тасpифи онхо, аксоми изофа, чумлаи хабаpй ва иншой аз хамин ибтикоpотанд. Mиpзо Дабиб фаpк байни чумла ва калом намегyзоpад ва каломpо чунин шаpх медихад: «Калом лафзе аст, ки сохта шуда бошад аз ду калима ё бештаp, ба тавpе ки фоида бахшад шyнавандаpо» (8,119). Аз дастypхои мавpиди мутолиа каpоp додаи мо ин аввалин асаpе аст, ки даp боpаи мубтадо ва хабаp (муснад, иснод ва муснадунилайх) назаpи дакик шудааст: «Ч,умла аз ду py^ аст, ки аз он ду чумла мypаккаб мешавад ба аснод, яке аз он ду ба дигаpе», яъне даp натичаи иснод (нисбат) додани муснад1 ба муснадунилайх2 чумла сохта мешавад (8,121). Чунонки гуй «офтоб баpо-мад» баpомаданpо иснод додай ба суи офтоб. Пас офтобpо муснадунилайх ва баpомадpо муснад гуянд. Бино баp кавли муаллифи «Дастypи сухан даp забони фоpсй», «агаp чумла мypаккаб аз ду исм бошад ё аз исму феъл, аммо исм мукаддам баp феъл бошад, мyснадyнилайхpо мубтадо ва мyснадpо хабаp гуянд» (8,162).

Mиpзо Дабиби Исфахонй чyмлахоpо аз ду кисм ибоpат донистааст: иншоия ва ахбоpия. Чумлаи иншоия он чумлаест, ки «катъи назаp аз гуянда ва каpоин ва илми мухотаб ба pост будан ва ё дypyF будани он набошад», чунончи биpав,биёваp. Ахбоpия чумлаест, ки эхтимоли pост ё дypУF даp он бошад. Ч,yмлахоpо аз pyи ифодаи фикp ба ду гypyх таксим каpдаанд: тома ва Fайpитома. «Тома чумлаест, ки фоида бахшад шyнавандаpо фоидае, ки сукут баp он сахех бошад,чун «биё ва омадам ва pафт» ва Fайpитома баp хилофи он аст, чунонки гуй «^rap омад касе», шyнавандаpо интизоp хохад буд ва Fайpитомаpо нокиса низ гуянд. Пас, калом ибоpат аст аз чумлаи тома хох хабаpия бошад, хох иншоия» ин андеша, ки чумла фи^и томpо ифода мекунад то имpyз эътиpоф мешавад (8,163).

Дигаp китоби дастypи забони фоpсй «Анчyманоpои Носиpй» таълифи Ризокулихони Дидоят (соли таълиф-1901) мебошад. Муаллифи «Анчyманоpои Нос^й», нисбат ба дастypиёни пештаpа, даp боpаи гунахои чумла ва навъхои алока маълумоти мyфассалтаp додаст. У чумлаи фоpсиpо ба чунин навъ таксим намудааст: 1) Исмия ибоpат аст аз ду исм ва pабт. 2) Феълия таpкиб ёбад аз феъли исмй. 3) Заpфия ибоpат

1 Муснад чумла ва ё калимаест, ки мафхуми онpо ба муснадунилайх нисбат дода бо-шанд.

2 Муснадунилайх касе ё чизе, ки феъл ё сифат ё холатеpо ба эчоб ё салб ба он нисбат диханд.

аст аз зарф ва мазруф ва рабт. 4) Шартия иборат аст аз ду чумла ва муштамили харфи шарт бувад. 5) Маълула1, ки иллати суханеро баён кунад. 6) Маътуфа2, ки бар чумлаи собик маътуф бошад. 7) Натичай, ки аз каломи собик пайдо шуда, онро натичагирй мекунад. 8) Долия ва ин чумлаи хабария аст, ки бо хол ояд (8).

Мутолиоти кутуби улуми адабй ва осори дастурии асрхои миёна то ибтидои асри ХХ-ро дар боби шинохти чумла чунин натичагирй намудем:

Ч,умла гуфторе аст мураккаб аз чанд калима, ки матлаберо баён мекунад.

Ч,умлаи комил ё том гуфторе аст, ки максадеро комилан ифода намояд ва сукут бар он чоиз бошад.

Ч,умлаи нокис ё гайритома (пайрав) матлаби нокисро ифода мекунад.

Ч,умлаи мукаммал (мураккаб) он аст, ки чумлаи нокисро пурра гардонад.

Ч,умлаи муътариза3 чумлаест, ки дар байни калом омада ба матлаби чумла рабте надорад.

Ч,умлаи хабарй чумлаест, ки кобили дуруг ё рост бошад.

Ч,умлаи иншой кобили дуруг ё рост бошад, чун амр, нахй (инкор), истифхом (савол).

Ч,умла аз се рукни аслй ва аз як ё якчанд рукни фаръй (иловагй) иборат аст: муснадунилайх (фоил), муснад ва робита (3;4;5;7;8). Рукнхои чумларо забоншиносони эронй чунин шарх додаанд:

Муснадунилайх ё фоил, касе ё чизе аст, ки коре ё холатеро ба вай нисбат диханд.

Муснад коре ё холате аст, ки ба муснадунилайх нисбат дода мешавад.

Робита калимаест, ки муснадро бо муснадунилайх марбут месозад.

Рукнхои фаръии чумла инхоанд: сифат (муайнкунанда), кайд (хол), мафъул (пуркунанда).

Аз гунахои алока бештар ба алокаи изофй ва пешояндй диккат дода шудааст.

Долати изофй мураккаб аст аз ду исм, ки ба воситаи касра (бандаки изофй) ба дувумй рабт дихад ва исми дувум исми аввалро тамом кунад. Исми аввалро музоф (муайяншаванда) ва дувумро музофунилайх (муайнкунанда) меноманд, монанди барги дарахт. Байни музофу музофунилайх ва сифату мавсуф фарк гузошта мешавад:1) музофу музофунилайх фориг аз зехн чизи чудогона хастанд, аммо сифат чузъи

1 Он чи иллати вучуди дигаре шудааст.

2 Печонда шуда,чалб карда шуда.

3 Чумлаи муътариза чумлаи тавзехиест, ки дар дохили матни аслй меояд, зеро рабте ба мавзуи аслй надорад.

зоти мавсyф аст ва xоpич аз он вучуд надорад, монанди барги сабз. 2)дар сypати бардоштани касраи мавсуф ва гузоштани «аст» чумла падид меояд: Барг сабз аст. Дар ин чумла "баpг"-мyснадyнилайx, "сабз"-муснад, "аст"- робита мебошад. Дар сурате, ки баъд аз таркиби музоф ва мyзофyнилайx калимаи «аст» бигзорем ва касраи музофро бардорем, чумла мантикан нодуруст меояд: Барг даpаxт аст.

Изофа аз чанд навъ иборат аст: изофаи мулкй, изофаи ^тисосй, изофаи баёнй, изофаи ташбеxй, изофаи истиорй (3;4). Изофаи мулкй он аст, ки музоф мулки мyзофyнилайx бошад ва мyзофyнилайx инсон ва шоистаи моликият аст, чун xонаи y. Изофаи иxтисосй он аст, ки музоф xоси мyзофyнилайx бошад, монанди оби чашма, пари мypF. Изофаи баёнй он аст, ки мyзофyнилайx чинс ва навъи музофро баён кунад, чун зарфи мис. Агар мyзофyнилайx дар изофаи баёнй пасванди -ин, -ина,-она гирад он rox сифат ва мавсуф мегардад, чун "меxpи модарона". Дар изофаи ташбеxй чизеро ба чизи дигаре монанд созанд, монанди лаби лаъл, кади сарв. Гоxо дар вакти афтидани касра ташбеxшаванда ба аввал меояд, чун сарвкад. Дар изофаи истиъорй музоф (муайяншаванда) дар чои аслии xyд ба кор наравад: чашми умед, дасти рузгор.

Факки изофа1 дар натичаи ба чои касраи музоф омадани xаpфи -ро падид меояд: Дасти душман шикаст-Душманро даст шикаст.

Баррасии маводи таълифоти асpxои миёна моро ба чунин натича мерасонад, ки шиноxти чумла ба маънои воxиди грамматикй дар OFOЗ маxсyли назари мантикиён будааст. Филологxо, донишмандони адаб ё улуми адабй ба нутки башарй (шифоxй ва мактуб) аз ду ч^ат назар кардаанд. Якум, назари чомеъ ба калом (сyxан), ки калом чун як навъи чараёни афкор (поток сознания) шиноxта мешавад. Аз xамин чост, ки дар китобxои фалсафй аз чумла дар таълифоти Носири Хусрав, калом чараёни ба шунаванда (xонанда) расонидани максад аст ва маxдyдияти забонй воxиди грамматикии дакик надорад.

Дастурнависони пешин шарти асосии чумларо дар доштани маънои муфид ва комил медонистанд, яъне тамомшуда бошад ва агар ^янда сукут кунад, шунаванда мунтазири бакияи калом намонад. Сукути ^янда дар наxви гузашта аз шароити мавчудияти чумла шиноxта шудааст (10).

Дувум шарти мавчудияти чумла воxиди сарфй исм, феъл ва xаpф (калимаxои ёрирасон) шиноxта шуда, xангоме аз чой ва натичаи истифодаи ощо, баxyсyс исмxо ва феълxо сyxан меравад, донишмандони араб ба баёни œxra чумла мерасанд. Чун шиноxти чумла вобастаи воxиди сарфй (филологй) аст, ногузир дарки мустакими он саxт ошкор

1 Чудо кардани ду чиз аз xам

нест ва мавчудияташ хам на зарурати сохторй, балки лузуми маъноии иловагии талаби сарфй мебошад.

Бо хамин сабабхо, ба назари мо, шинохти чумла дар филологияи асрхои миёна ба дарачаи комили илмй нарасидааст. Факат дар огози мархилаи ташаккули грамматикаи илмй чумла хамчун вохиди сохтории забонй дар забоншиносии умумй шинохта ва эътироф гардид ва сатхи илмии тахкики он ба чойгохи баландтаре расид.

Шинохти чумла дар забоншиносии муосири Эрон бахси домана-дорест, ки дар ин макола имкони гунчоиши пурра надорад. Бахси чумла дар забоншиносии муосири Эрон аз гузориши ин масъала дар забоншиносии Точикистон бештар ба ин фарк мекунад, ки муносибат ба назархои суннатй якбора гусаста нашуданд, балки тадричан назари тозаи аврупой дар он чой гирифт ва вазъи шинохти дастурии забонро ба сурати имрузааш овард. Аз суи дигар, дар забоншиносии Эрон назари сохтори (структуралистй)-и шинохти чумла рох ёфта ва ба системаи тахкик ва таълим ворид шудааст, вале чунин муносибат дар забоншиносии точикй мушохида намешавад ва ин равиши забоншиносии муосир истикболи казой надорад. Назари ичмолй ба вазъи шинохти чумла дар забоншиносии муосири Эрон ба ин тартиб аст.

Мавкеи бахси чумларо дар забоншиносй мухаккики эронй Начафй чунин шарх додааст: "Заминаи бахси забоншиносй чизе болотар аз чумла нест, зеро пас аз чумла боз хам чумла аст"(7,26).

Мухаммадчаводи Машкур чумларо чунин таъриф додааст: "Дар гох чанд калима бо якдигар таркиб шавад ва баёни хукм ё максудеро дар бораи касе ё чизе намояд, онро чумла гуянд"(4,221).

Марзбонрод чумларо шархи ботавзехи мухтасаре дода, онро чунин таъриф медихад:"Калима ё калимоте аст, ки маънй ва максудеро баён кунад"(8,35).

Хусрави Фаршедвард фахмиши чумларо ба таркиби илми нахв дохил карда, мегуяд, ки нахв "аз равобити калимот бо хам гуфтугу мекунад" ва мавзуи бахси он чумла, гурух, чумлавора ё нимчумла ё чумлаи хурд мебошад. Фаршедвард чумларо аз як тараф дорои сохтмон ва оханг ва аз тарафи дигар дорои маънои комил медонад ва онро чунин таъриф мекунад: "Ч,умла суратест дар забон, ки дорои оханге хос ва диранге поёнй ва маъноии комил бошад ва дар сохтмони сурати забонии васеътаре ба кор наравад"(10,81). Диранги поёнй1 ё сукути хоси поёни чумларо яке аз шароити мухими ташкили чумла ба хисоб меорад. Ин мухаккик аксоми чумларо иборат аз чумлаи феълй, чумлаи бе феъл, чумлаи хабарй, чумлаи иншой, чумлаи оддй, фишурда ва густурда ва гайра дастабандй кардааст. Ч,умлахои феълй ва бе феъл аз руи иштироки

1 Ист дар англиси junction, pause.

феъл дар чумлахо шинохта мешаванд. Ч,умлаи оддй чумлаест, ки дар он тамоми аносири аслии чумла, яъне муснадунилайх, феъл, мафъул, муснад омада бошад. Ч,умлахои фишурда ё кутох "он аст ки яке аз аносири аслии сохти он хазф шуда бошад", чун "рафтам" (10,89). Ч,умлаи густурда он аст, ки илова бар унсурхои аслй ба он унсурхои дигаре аз кабили сифат ва зарф илова гарданд.

Фаршедвард ба коидаи дастурхои арабй ва гарбй, ки чумларо "мачмуаи калимот" номидаанд, розй набуда, мегуяд: "Дар холе ки гохе чумла танхо аз як калима ба вучуд меояд" (10,86-87), онро мачмуаи калимот хондан дуруст нест.

Абулхасани Начафй дар китоби "Мабонии забоншиносй"дар бораи таърифи чумла чунин мегуяд: "Таърифи чумла бисёр душвор аст ва то кунун забоншиносон натавонистаанд таърифи чомеъ ва монеъе аз он ба даст диханд, ки дар мавриди хамаи забонхо сидк кунад... Ва муътабар-тарини таърифхо ин аст: Ч,умла як сохти комиле аст, ки чузъе аз сохти бузургтаре набошад"(7,97).

Мухаккикони эронй чумлахоро аз чихати максуди гуянда ба чумлаи аслй ва муътариза чудо мекунанд.Ч,умлаи аслй чумлае аст, ки хадафи асосии гуянда бошад. Онхо чумлахоро аз чихати сохт ва ифодаи матлаб дар забони форсй ба комил, нокис, мукаммал чудо мекунанд (7;8). Чумлаи комил максудро расо баён мекунад ва сукут бар он раво бошад.Ч,умлаи нокис максудро расо баён накунад ва сукут бар он чоиз набошад.1 Мисол: Агар у биёяд.

Ч,умлаи мукаммал маънии чумлаи нокисро комил созад ва шунавандаро аз интизор берун оварад (7;8).

Ч,умлахо аз чихати маънй ба чанд даста таксим карда шудаанд. Масалан, чумлаи хабарй чумлае аст, ки дар он матлабе ба сурати хабари мусбат ё манфй баён гардад. Навъи дигар чумлаи илтизомй аст. Ч,умлаи илтизомй чумлаест, ки маъмулан феъли он дорои вачхи илтизомй буда, бо калимоте ва таркиботе аз кабили "шояд", "мумкин аст", "бошад ки", "имкон дорад" сохта мешавад. Ин навъи чумла ба фахмиши точикии чумлаи хохишмандй каробат дорад. Дар чумлаи иншой муроди гуянда дархост ё суол ё орзу бошад, аз ин ру дар ин чумлахо эхтимол ба сидк ва кизб намеравад.Чунончи, ба ин намунахо эътибор дихед: Нахй шакли дигари чумла аст: Риёкор набошед.

Ч,умлаи амрй чумлаест, ки дар он мафхуми фармон, дастур, хохиш, тавсия, нахй ва боздоштан вучуд дошта бошад. Барои намуна ба чунин мисол мурочиат шавад: Факат Худоро бипарастед!

1 Чумлаи нокиси таркиби чумлахои мураккабро дар забоншиносии Эрон чумлаи пайрав ва сарчумларо чумлаи поя меноманд.

Ч,умлаи пурсишй ё истифхомй дар натичаи пурсиши матлабе падид меояд. Ба монанди: Ч,ои равон кучост?

Ч,умлаи тааччубй маънии тааччуб ва шигифтй ё тахсин ё изхори норохатиро ифода мекунад. Чй рузи хубе! Офарин бар ту!

Дигар аз анвои чумла, ки аз мавкеи рукнхои он тасниф шуда, чумлаи содаи кутох ва чумлаи содаи баланд1 мебошад. Ч,умлаи содаи кутох аз муснадунилайх, муснад ва робита ташкил мешавад. Ч,умлаи содаи баланд дар натичаи иловаи авомиле чун мутаммим (мафъули бавосита ва бевосита), сифат ва анвои он, музофунилайх (исм, чонишин дар холати изофа), бадал2, кайд (зарф) ва феълхои ёрирасон сохта мешавад.

Шархи муфассали чумлаи забони форсиро Парвиз Нотили Хонларй ба сурати зайл додааст: "Вохиди гуфтори мо чумла аст. Ч,умла мачмуаи чанд калима аст, ки паёми комилеро бирасонад. Дар хар чумла ду кисмати аслй хаст: ниход ва гузора. Ниход кисмате аз чумла аст, ки дар бораи он хабар дода мешавад. Гузора кисмате аст, ки дар он хабаре бо хукмеро дар бораи ниход баён мекунем"(3,95).

Ачзои чумларо Хонларй чунин тасниф карда мегуяд: "Дар чумлаи сода ва мустакили хабарй аз ду кисмати аслй ташкил мешавад: Яке кисмате аст, ки дар бораи он хукме мешавад ба эчоб ё салб, дигарй хукме ё асноде аст, ки дар бораи он зикр мешавад. ^исмати аввалро ниход ва кисмати дувумро гузора мехонем" (11,265). Ниход (мубтадо) исм ё замир (чонишин) шудан метавонад ва вобастахои он сифат ё мутаммими исм (музофунилайх) ва ё мутаммим бо харфи изофа (пешоянду пасояндхо) мебошад. Мисол, дар чумлаи "Марди рашид" рашид сифати мард аст. "Марди кор" -"кор" мутаммими исм ё музофунилайхи исм (мард) аст. "Марде аз бузургон"- "аз бузургон" мутаммими исм бо харфи изофаи "аз" аст.

Дигар кисми чумла - гузора (хабар), ки ба вазифаи он феъл меояд ва вобастахои он иборатанд аз мафъул, мутаммими феъл, ки бо як харфи изофа меояд ва кайд (зарф) ва сифате, ки ба ниход иснод дода мешавад. Мисол дар чумлаи "Донишчу китоб харид" "китоб" мафъул аст. Дар чумлаи "Устод ба донишкада омад" "ба донишкада" мутаммими феъл аст. Дар чумлаи "Устод зуд омад" "зуд" кайд аст. Дар чумлаи "Дарахт баланд аст" баланд сифате аст, ки ба дарахт мансуб шуда, муснад аст (11,265-266).

Мухаммадчаводи Машкур аркони чумларо бар се поя устувор медонад: 1) муснадунилайх ё мавзуъ, 2) муснад ё гузора, 3) робита ё пайванд (4,239). Ба кавли у муснадунилайх ё фоил касе ё чизе аст, ки коре

!.Дар гуиши муосири Эрон "баланд" ба маънои "дароз"-и точикй истифода мешавад.

2 .Агар калимае (маъмулан исм) барои тавзех ё таъкиди калимаи дигар оварда шавад, онро бадал хонанд.

ё чизеро бо у нисбат диханд. Муснад бошад, сифат ё коре аст, ки ба муснадунилайх нисбат дихднд. Дар тавзехи мутаммим мегуяд: "Мутаммим он аст, ки маънии муснад ва муснадунилайх бо он тамом шавад. Робита ё пайванд лафзе аст, ки муснадро бо муснадунилайх рабт дихад ва бипайвандад"(4,241).

Фаршедвар дар ин асно чумлаи содаро дорои ду рукни аслй медонад: "Муснадунилайх1 гурухи исмй ё исмест, ки амре ба он иснод2 дода мешавад(10,92). Муснад3 ё хабар ё феъл ё гурухи феълй ё унсури дигарест, ки ба муснадунилайх иснод дода мешавад, монанди "Душанг рафт"(10,92). Ч,умлаи зерин аз исми "Душанг"- муснадунилайх (исм) ва "рафт"- феъл, ки муснад мебошад, иборат аст. Ё дар чумлаи "Бародари бузурги ман дируз Фарходро ба Машхад бурд" "бародари бузурги ман" муснадунилайх ва "дируз Фарходро ба Машхад бурд" муснад мебошад.

Чунон ки мебинем таснифи анвои чумла аз чониби забоншиносони Эрон аз таснифоти забоншиносони точик фарк мекунад. Ч,умлаи феълй, чумлаи исмй, чумлаи том ё комил, чумлаи нокис, чумлаи ахборй, чумлаи иншой, чумлаи амр, чумлаи нахй (инкорй), чумлаи истифхом (саволй), чумлаи таманно, чумлаи тааччуб, чумлаи нидо (хитобй), чумлаи дуо. Дар забоншиносии точик чумлахо аз руи сохтор ба чунин гуруххо тасниф шудаанд: чумлахои яктаркибаи феълй (муайяншахс, номуайяншахс, бе-шахс), чумлахои яктаркибаи номй (унвонй, беаъзо), чумлахои дутаркиба (хуллас, тафсилй), чумлахои пурра ва нопурра. Ч,умлахо аз руи ифодаи максади гуянда ва нависанда хабарй, саволй, амрй мешаванд (1;2).

Дар китоби "Дастури забони форсй (панч устод)"- и Абдулазим ^ариб, Чдлол Думой, Рашид Ёсимй, Маликушшуаро Бахор, Бадеъуз-замон Фурузонфар шархи чумла чунин омадааст: "Дар гох чанд калима бо якдигар мураккаб шаванд ва миёни онхо иснод бошад, онро чумла (гуфтор) гуянд ва дар сурате, ки чумла чунон бошад, ки барои шунаванда муфид бошад ва агар гуянда хомуш шавад, шунаванда дар интизор намонад онро калом ва "сухан" ё чумлаи том номанд"(3,261). Дар китоби мазкур низ аркони чумларо иборат аз се чиз медонанд: Муснадунилайх, муснад, робита. Муснадунилайх ё фоил калимае аст, ки "мавзуи иснод вокеъ шуда ва чизеро ба эчоб ё салб бад-он нисбат дода бошанд. Муснад калимае аст, ки мафхуми онро ба муснадунилайх нисбат дода бошанд". Робита калимае аст, ки муснадро бо муснадунилайх ба якдигар рабт ва пайванд дихад (3,262). Мувофики ин тарзи фахмиш алокаи байни калимахоро дар чумла хамон робита ичро мекунад. Масалан, дар чумлаи "Дониш ганче аст" "дониш"- муснадунилайх, "ганче"- муснад, "аст"-

1 Subjekt- Мубтадо

2 Predication-мансуб ба хабар

3 Predicate- хабар

робита мебошад. Дар ин таъриф фахмиши чумла ба ду бахш чудо шудааст. Аввал, чумла аз мавкеи чанд калимаи дар мобайн дорои иснод шинохта шуда ва таъриф ёфтааст ва бояд "чумлае гуфтор" хонда шавад. Дар мавриди дуюм чумла бояд шунавандаро каноат кунад ва онро "сухан" ё чумлаи том хонанд. Дар тарзи шинохти чумла, ба назари мо, принсипи дастурй (грамматикй) ва балогй (риторикй) ба хам омехта карда шудааст. Дар тарзи аввал мачмуаи калимот ва дар дуюм конеъ шудани шахси шунаванда ба назар гирифта мешавад.

Ачзои чумла, яъне анвои калимоте, ки хамчун рукни чумла вокеъ мешаванд, "исм, феъл ва сифат мебошанд ё калимахои дигаре, ки дар хукм ва чонишини онхо бошанд". Муснадунилайх метавонад исм, адад, масдар ва исми масдар (ба монанди калимаи ростгуй) ва замир (чонишин) ва калимаи дигаре аз киноёт бошад (3;4; 10). Муснад мумкин аст феъл, масдар ва сифат бошад. Феъл харгиз муснадунилайх вокеъ намешавад. Дар гох муснадунилайх ва муснад музоф (муайяншаванда) ё мавсуф бошанд, сифат ва музофунилайхро (муйянкунандаро) мутаммим гуянд ва муснад ва муснадунилайх хар ду метавонанд мутаммим гиранд. Агар феъли чумла ишора бар вучуд ва вукуи мутлак кунад, бар кор ва амали махсусе далолат надошта бошад, онро феъли ом ё феъли рабтй номанд, чун будан, шудан, гашт. Ва агар феъл бар кор ва амали махсусе далолат дошта бошад, он гох онро феъли хос гуянд, чун гуфтан, нишастан. Агар феъли чумла феъли хос бошад, сохиби амалро метавон фоил номид ё муснадунилайх.

Мухаммадчаводи Шариат дар китоби "Дастури забони форсй" феъл-хоро аз назари маънй ба холати кавй ва заъиф чудо мекунад ва мегуяд: "Феъли кавй феъле аст, ки маънии аслии худро комилан хифз карда ва эхтиёче ба мутаммиме надошта бошад. Мисли афъоли "хурд" ва "дод" дар ин чумлахо: Парвиз газоро хурд. Алй китобро дод (12,354).

Тибки тавзехи ин муаллиф феъли заъиф феъле аст, ки маънии аслии худро аз даст дода ё тагйир карда бошад ва дар ин сурат эхтиёч ба мутаммим дорад. Масалан дар ин чумлахо:

Парвиз замин хурд. У чаласаро ташкил дод". Худо одамиро суханварй омухт (12,354).

Дар сурате ки феъли чумла рабтй бошад (касе ё чизе, ки феъл ба у мансуб бошад) факат муснадунилайх шумурда мешавад (8). Ин маънй дар ин мисол мушохида мешавад: Чдхонхо офарида хоханд шуд.

Ч,умлаи сода ё басити забони форсиро дар мукоиса бо чумлаи забони точикй танхо аз муснадунилайх, муснад ва робита иборат медонанд ва зоид бар онхо чизе надорад (3,272). Ин донишмандон теъдоди чумларо ба теъдоди феълхои чумла вобаста медонанд. Онхо таркиб ва назми чумлаи содаро, ки танхо мураккаб аз аркони аслй аст, чунин шарх

додаанд: Муснадунилайх - муснад - робита. Агар аркони дигар дар чумла зиёд шаванд, назми табий чунин аст: Муснадунилайх - мафъули бевосита-мафъули бавосита- кайд- феъл ва робитаи ошкоро пас аз муснад (3,278).

Маълум мешавад, ки принсипи таснифоти ачзои чумла дар забони форсй ва точикй тафовути кам дорад, танхо истилохоти онхо аз якдигар фарк мекунанд: Муснадунилайх (subject) - мубтадо, мафъули бевосита (accusative) - пуркунандаи бевосита, мафъули бавосита (dative) -пуркунандаи бавосита, кайд (adverb) - хол (зарф), феъл - феъл, муснад (predicate)-хабар.

Фахмиш ва таърифи чумлахо дар забоншиносии муосири Эрон асосан ба забоншиносии имрузаи точикй мувофикат дорад. Гуфтан мумкин аст, ки дар забоншиносии муосири Эрон номи истилохот аз истилохоти забоншиносии точикй фарки муайяне дошта бошанд хам, асоси бунёдии фахмиши чумла аз якдигар кам фарк дорад. Ба назар чунин мерасад, ки дар забоншиносии Эрон истилохоти забонии кадимй каму беш бокй монда, дар забоншиносии точикй онхо кам истифода мешаванд. Чунонки дар боло дидем, назари умумй ба маънои чумла таъсире аз забоншинохтии асрхои миёнаи арабй ва форсй низ дорад.

Чизи мухимме, ки дар забоншиносии муосири Эрон хаст ва дар забоншиносии точикй сарфи назар шудааст, таъриф ва шинохти сохтори (структуралистй)-и чумла мебошад. Сабаби асосии ин холати пешомада пайравй ба забоншиносии русй дар замони шуравй мебошад.

Структурализм дар замони шуравй таълимоти гайримиллй дониста мешуд, гарчи решахои пайдоиши он аз забоншиносии русй то замони шуравй бархоста буданд. Мо дар ин чо ба таври мухтасар танхо дар бораи фахмиши сохтории чумла дар забоншиносии Эрон тавваккуф кардем.

Калидвожа^о: цумлаи содда, хелуои цумла^ои содда, аъзои цумлауои содда,забоншиносони эрони

Пайнавишт:

1.Грамматикаи забони адабии хозираи точик. 4I-II. - Душанбе: Дониш, 1986. -Душанбе: Дониш, 1989.- 372 с.

2.Камолиддинов Б.Нахви забони точикй.-Душанбе: Собириён,2010.-279с.

jjl^j.^ jljjljjj^^ .<^253-.1374'^j2j el^^jlj ¿jbj jji^iJ .^jj^l '¿J^^i^ 5

<_^341-.1371 -'jlj« -.^jli jljj j^jijjj^j j/iinVi ^ijli jbj jji^j jj ^jj^.^ ¿/^8

625-. 1383 jljjlji:jlj« -.^jlj jbj ^ jl^ j ^^li^iljj .(_> ^ii 9 .^>556-.1382'jlj«i-.^j<i jbj jJ jl Jj^J j Jjj^jilO .^>288-.1388'^jJ ^ljl^"l:jlJ« jli jbj ¿ob jji^J ^jiiU-ll .^>459-.1371'-.^jli jbj jji^J .^336-. 1377 'M-i^ eb^jlj«^.^^jli jbj ^-l^ eJl

Шарипова Фарангис Худоиевна,

докторант Таджикского национального университета

Понятие предложения в современном персидском языкознании

Ключевые слова: простое предложение, виды простых предложений, члены простого предложения, персидские языковеды

В данной статье рассматриваются понятийное значение предложения в современном иранском языкознании, обосновывается отношение к традиционной арабо-иранской филологии греко-латинского понимания системы предложения и новые структурные построения простого предложения персидского языкознания. В статье приведены высказывания персидских языковедов о простом предложении.

F. Kh. Sharipova

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

The Concept of Sentence in Modern Persian Linguistics

Key words: simple sentence, types of simple sentences, sentence-members, Persian linguists

The article dwells on the concept of sentence in modern Iranian linguistics; the author substantiates the attitude towards the traditional Arabian-Iranian philology on the part of Greek-Romanic understanding concerned with the system of sentence; new structural patterns of a simple sentence in Persian are adduced. The opinions of Persian linguists related to a simple sentence are presented in the article.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.