Научная статья на тему 'СОПОСТАВИТЕЛЬНЫЙ АНАЛИЗ СЮЖЕТА ПОЭМЫ «ИСФАНДИЁР» «ШАХНАМЕ» ФИРДОУСИ И САОЛИБИ (на тадж.яз.)'

СОПОСТАВИТЕЛЬНЫЙ АНАЛИЗ СЮЖЕТА ПОЭМЫ «ИСФАНДИЁР» «ШАХНАМЕ» ФИРДОУСИ И САОЛИБИ (на тадж.яз.) Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
1346
238
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
њамосаи мўњташам / "Шоњнома" / Исфандиёр / достон / "Шоњнома"-и Саолибї / Фирдавсї / рўинтан / Даќиќї

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Ризоева Р. Б.

СОПОСТАВИТЕЛЬНЫЙ АНАЛИЗ СЮЖЕТА ПОЭМЫ «ИСФАНДИЁР» «ШАХНАМЕ» ФИРДОУСИ И САОЛИБИ В статье приводится подробный сопоставительный анализ одной из поэм «Шахнаме» Фирдоуси под названием «Поэма Исфандиёра» с одноимённой поэмой «Шахнаме» Салиби и на основе конкретных примеров показывается их основное сходство и различие.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «СОПОСТАВИТЕЛЬНЫЙ АНАЛИЗ СЮЖЕТА ПОЭМЫ «ИСФАНДИЁР» «ШАХНАМЕ» ФИРДОУСИ И САОЛИБИ (на тадж.яз.)»

равшан нишон медиханд. Бисере аз мактубхои хар ду устод бо пурсиши холу ахволи ахли оила, салому паем ба хамсару фарзандон анчом меебанд.

Хулоса, мукотибаи устодон Айнй ва Лохутй дар тахкики муносибати субъективй ва роххои ифодаи он сарчашмаи асосй ва гаронбахо ба шумор меравад. Хондан, омухтан, аз ед кардан ва тахкик намудани на танхо порчахои шеърй, балки навиштахои насрии ин устодон ва адибони дигар ба тарбияи одоби хамида, забондониву забоншиносй ва чахонбиниву худшиносии мактабиену донишчуен ва хамаи мардум мусоидат менамояд.

Вожа^ои калиди: муносибати субъективона, усули сарфй ва нахвй, категорияи шахс, эхтиром, нутки шифохй, мухотаб, иборахои тафсилй.

Адабиёт:

1. Грамматикаи забони адабии хозираи точик. чилди 2, -Душанбе, «Дониш»,1986,

2. Мукотибаи Садриддин Айнй ва Абулкосим Лохутй. - Душанбе, «Дониш»,1978

Б. Ш. БОБОДЖАНОВА НЕПОСРЕДСТВЕННОЕ ОБРАЩЕНИЕ В ВЫРАЖЕНИИ СУБЪЕКТИВНОГО ОТНОШЕНИЯ

Статья посвящена выражению различных личностных отношений, например вежливости, любви, нежности, ненависти и вражды путём обращения в таджикском литературном языке.

B. BOBOJONOVA ADDRESSING OF SUBJECTIVE ATTITUDES IN TAJIK LANGVUGE

The article considers the expression of subjective relation in fiction in Tajik language.The author also reflects various personal attitudes such as polite, love, hafted, rude and enemy by means of fiction examples from Tajik literature and publicists. The author gives vivid examples from contemporary writers Sadriddin Ayni and Abulcosim Lohuti.

РИЗОЕВА РУХСОРА БУРДОНОВНА,

омузгори ДДХ ба номи Б.Гафуров

ТАДЦИЦИ МУЦОИСАВИИ СУЖЕТИ ДОСТОНИ «ИСФАНДИЁР» -И «ШОХ,НОМА»-Х,ОИ ФИРДАВСИ ВА САОЛИБИ

Донишманди маъруфи немис Д. Этте дар ситоиши Фирдавсии бузург гуфта: «Фирдавсй шоири чахонист. Дамаи достонхои эпикии адабиети форс-точик аз «Шохнома» сарчашма мегиранд». Дак ба чониби Д. Этте, зеро дар партаве аз тачаллии нубуги Фирдавсй ва хамосаи мухташами у зиеда аз садхо суханварон аз файзи «Шохнома» бархурдор гардида, асару достонхои комиле офаридаанд. Яке аз чунин асархо ба калами Абумансур Абдулмалик Саолибии Нишопурй (350-429 хичрй) тааллук дорад, ки дар доираи адаб бо номи «Шохнома»-и Саолиби е дар шархи ахволи салотини Эрон машхур аст. Саолибй «Шохнома»-и Фирдавсиро бо забони арабй ба наср нигошта ва ба кавли тарчумони ин асар Махмуди Дидоят «Гарчй муаллифи ин китоб (яъне Саолибй) дар

баъзе аз каcаc ба тафшли «Шоxнома» (яъне «Шоxнома»-и Фиpдавcй даp назаp дошта шyдааcт) ба зикpи дакоики мавзyъ напаpдохта, лекин даp баpхе аз доcтонxо тафоcиле зоид баp он доpад, ки бо зи^и хycycият пайдоcт».

Аз ин нукта баpмеояд, ки байни «Шоxнома»-и манcypи Саолибй ва «Шоxнома»-и Фиpдавcй даp баъзе мавpидxо аз чиxати cyжетy мазмyнy мyндаpича тафовyтy фаpкиятxои мyшаххаcе мавчyд бyдаанд, ки даp поён зимни таxкики мyкоиcавии cyжети доетони «Иcфандиёp»-и ин ду аcаp баъзеи онxоpо мавpиди таваччУx каpоp медщем.

Ч,илди шашyми «Шоxнома»-и Фиpдавcй аз досто^ои Подшоxии Лyxpоcб, подшоxии Гyштоcб, Доcтони Дафт хон, Доcтони pазми Иcфандиёp бо Рycтам, Доcтони Рycтам ва ШаFOд ва чанде дигаp доcтонxо ибоpат аcт, ки чолибтаpинy мyаccиpтаpини он Доcтони Дафт хон ва Доетони pазми Иcфандиёp бо Рустам аcт.

Обpази Иcфандиёpи pyинтан даp адабиёти ачам чун pамзи маpдонагию каxpамонй, фидокоpивy чонниcоpй тачагсум ёфтааcт ва шоxзодаеcт бебок, нотаpc, далеpy шучоъ ва даp мукожа бо Сиёвуш фаpзандеcт фаpмонпазиp ва мутеи авомиpy cyпоpишоти падаp, ки бечyнyчаpо даp они вакт бо итоату бандагй фаpмони шоxpо ба cyбyт меpаcонад.

Наклу pивоёти Иcфандиёp даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй 62 бобpо ташкил намyдааcт, ки аз он ду боб анчом шудани гyфтоpи Дакикй ва боз омадани Фиpдавcй ба гyфтоpи худ ба штоиши шоx Маxмyд ва накyxиши cyхани Дакикй ва боби дуюм штоиши подшоx Маxмyд ба мавзyвy мyнадаpичаи доcтонxои Иcфандиёp оид неcт. Бокимонда 60 боб xикоётy pивоёти дилпазиpи накли pазмy коpномаxои човидонаи Иcфандёpи pyинтананд, ки аз 3430 байт ибоpат буда, даp 290 cаxифа чой дода шудаанд.

Накли xикоёти дилошу6и шучоату матонати Иcфандиёp даp «Шоxнома»-и Саолибй 21 бобpо даp баp гиpифта, даp 45 cаxифа чой дода шудаанд, ки даp киёc бо доcтонxои «Рycтамy Сyxpоб» ва «Сиёвуш» бештаpанд ва муаллиф ба зи^и дакоики мавзyъ паpдохта, тафcили зиёд баp он доpад. Он аз боби Доcтони Иcфандиёp ва он чй баp y воpид омад OFOз гаpдида, бо боби «Даp баёни он чй баъд аз катли Иcфандиёp то подшоxии Баxман вокеъ гаpдид», ба анчом pаcидааcт.

Даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй OFOЗи доcтон аз боби «Рафтани Иcфандиёp ба чанги Аpчоcб» OFOЗ гаpдида, бо бобxои Бypдани Башутан тобути Иcфандиёp назди Г yштоcб ва боз фиpиcтодани Рycтам Баxманpо ба Эpон анчом пазиpyфтааcт. Дангоми таxкики мyкоиcавии cохтy мyндаpичаи доетони Иcфандиёpи ду аcаp, яъне «Шоднома^и Фиpдавcй ва «Шоxнома»-и Саолибй фаpкиятy тафовути ночизу чузъй назаp ба дигаp доcтонxо мyшоxида гаpдида, чиxатxои мyштаpакy умумияти баёноти онон бештаp эxcоc гаpдид.

Даp «Шоxнома»-и Саолибй даp OFOЗи боби доcтони Иcфандиёp ва он чй баp y воpид омад, чунин омада: Иcфандиёp бо манзypи баcти

кудрати давлат ва ташйиди мубонии мазхабй ва тазмини риояти конун ва таълими назму аъмоли хукумати мутааллика дар иёлоти марказй ва сархадй ба чои падар дар раъси кушуни тамоми иёлот кишварро боздид намуд. Вазъи ин иёлот оддй ва мардум дар холати инкиёд ба сар мебурданд. Сити муваффакиятхои у шухраи офок ва мояи кавоми давлати Гуштосб шуда буд. Дар сабохату чавонмардй беназир ва дар зури сарпанчаву шучоат зарбулмасал буд. («Шохнома»-и Саолибй, сахифаи 127-128).

Чунончй ин нукта дар «Шохнома»-и Фирдавсй низ омада:

Бишуд тегзан гурдкуш пури шох,

Ба гирди хама кишаварон бо сипох.

Ба Руму ба Диндустон бар бигашт,

Зи дарёву торикй андар гузашт.

Г узориш хаме кард Исфандиёр,

Ба фармони яздону парвардигор.

Чу огах шуданд аз наку дини уй,

Гирифтанд аз у роху ойини уй.

Дама нома карданд зй шахриёр,

Ки мо дин гирифтем зи Исфандиёр.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, чилди 6, сахифаи 147) Сониян дар «Шохнома»-и Саолибй омада:

Чунонки тавсифи шучоёи хорикалаъдояш дар калимоту истиорот намегунчид, пас назари баду асобат ва дучори бугзе, ки мардони бузург бад-он гирифторанд, гашта, у мавриди бемехрии падар ва падар ба куфрони неъмат дар баробари холик аз доштани чунин фарзанде дучор гардид. Гуштосбро надиме буд, Гуразм ном, ки нуфузи комил дар у дошт. Ин мардро бугзи шадиде нисбат ба Исфандиёр буд («Шохнома»-и Саолибй, сахифаи 128).

Дар «Шохнома»-и Фирдавсй ин матлаб бад-он мазмун омада:

Яке саркаше буд номаш Г уразм,

Гави номбардори фарсуда разм.

Ба дил кин дошт хаме з-Исфандиёр,

Надонам чишон буд огози кор.

Шунидам, ки Гуштосбро хеш буд,

Писарро хамеша бадандеш буд.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, чилди 6, сахифаи 149). Дар «Шохнома»-и Фирдавсй дар байти охир омада, ки Гуразм хеши Гуштосб аст, дар «Шохнома»-и мансур чунин зикр нагардидааст ва бадувван омада: Бар у рашк мебурд, саъй дошт байни уву падараш нифок эчод кунад, чунонки ба мазаммати у шохро гуфт: Мухаккакан хеч зане хам хасти худро ба дасти писаре мисли Исфандиёр, ки монандаш дида нашудааст, намегузорад, ки муддаии салтанат бошад ва доим савдои забти тахту точи падарро дар сар бипарвонад ва бихохад бар у хамла барад. Кудраташ феълан ба хадде аст, ки ман барои ту музтарибам. («Шохнома»-и Саолибй, сахифаи 128).

Ин матлаб даp дили Г уетошб мyаccиp афтод, паc Ч,омоcбpо назди Иcфандиёp эъзом дошта, фавpан ypo ба даpбоp бихонд, ки зи^и ин даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй чунин омада:

Дамон rax яке дает баp даcт зад,

Чу душман бувад, -гyфт-фаpзанди бад.

Фаpозаш набояд кашидан ба пеш,

Чунин гуфтамон мyъбади pоcткеш.

Ки чун ^p бо cаxм меxтаp шавад,

Аз y 6o6po pyз бадтаp шавад.

Чу бо шоxи Эpон Г ypазм ин биpонд,

Г ави номбаpдоp хиpа бимонд.

Бихонд он чаxондида Ч,омоcбpо,

Ки даcтyp буд шоx Гyштоcбpо.

Бад-y гуфт: «Рав назди Иcфандиёp,

Маp-ypо бихон зуду назди ман op».

(«Шоxнома»-и Фиpдавcй, чилди 6, cаxифаи 151-152). Сипа^ даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй бобxои омадани 4^oc6 назди Иcфандиёp ва банд каpдани Гyштоcб Иcфандиёppо омадаанд, ки даp «Шоxнома»-и Салоибй ин xодиcа чунин зикp ёфта: Ч,омоcб назди Иcфандиёp шитофта, паЙFOмpо pаcонид ва баъдан ypo аз cаъоёти Гypазм ва тyxматxое, ки ба гуши Иcфандиёp xам pаcида буд, orox cохт. Вай xайpонy мypаддид монда, бо худ гуфт: Чунончй итоати амpи падаppо накунам, он чй душман ба ман нжбат дода ба cyбyт хоxад шуд. Маъхази беxтаp он аcт, ки аз амpи y тамаppyдy cаpпечй накунам. («Ш^нома»^ Саолибй, cаxифаи 128).

Бадувван даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй (чилди 6, c. 154-155) омада, ки Иcфандиёp ба xyзypи шоx Г yштоcб xозиp гашт ва шоx даp назди вай ба мyбадон мypочиат намуда гуфт:

«Чй гуєд, -гуфто, - ки озодае,

Ба cахтй xаме паpваpад зодае.

Паc озодзода ба маpдй pаcад,

Чунон чун заp аз кон ба заpдй pаcад.

Падаp зиндаву пyp чУЄи гоx,

Аз ин хомтаp низ коpе махоx...

Бубандам чунон, к-аш cазовоpy баc,

Ба банде, ки racpo набаcтаcт каc».

(«Шоxнома»-и Фиpдавcй, чилди 6, cаxифаи 156-157). Даp «Шоxнома»-и Саолибй бошад, Гyштоcб на ба мyбадон, балки ба худи Иcфандиёp мypочиат намуда гyфтааcт: Мазиди заxмати ман даp таpбияти ту ва хубщои ман ин буд, ки тyFён даp cаp дошта бошй. Иcфандиёp чавоб дод: Аълоxазpато, кай ман хилофи амpи ту pафтоp ё баp алайxи ту икдоме каpдаам? («Шоxнома»-и Саолибй, cаxифаи 129).

Ё чунончй даp «Ш^нома»^ Фиpдавcй омада:

Пиcаp гуфт: Эй шоxи озодахyй,

Маpо маpги ту кай бувад, оpзyй?

Надонам гунохи ман, эй шахриёр,

Ки кардастам андар хама рузгор.

Валекин ту шохиву фармон турост,

Туроам ману банду зиндон турост.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с. 157-158). Дар абёти болой симои барчаставу мардонагиву фармонпазирй ва солориву тахаммулнокии Исфандиёр падидор гаштааст ва дар мукоиса бо Сиёвуш фарзанди шох Ковус фарзандест итоаткору сазовор.

Дар «Шохнома»-и Саолибй бошад, Гуштосб дафъатан ба Исфандиёр мурочиат намуда мегуяд: Мехохам бо ту рафторе кунам, ки дарсе барои писарони аз падар баргашта ва бандагони осй бар мавло бошад. Пас амр дод, ки зине бар пои Исфандиёр ниханд, бо гулу занчир онро махкам кунанд, ки ин нукта, яъне маротибаи дуюм ба Исфандиёр мурочиат намуда суханронии Гуштосб дар «Шохнома»-и Фирдавсй зикр нагардидааст.

Сониян, дар «Шохнома»-и Фирдавсй накли рафтани Гуштосб ба Сиистон ва Эрон, лашкар оростани Арчосб омадааст, ки дар «Шохнома»-и Саолибй низ чараёни вокеот накл шудааст.

Дар «Шохнома»-и манзум боби Анчом шудани гуфтори Дакикй ва бозомадани Фирдавсй ба гуфтори худ ба ситоиши шох Махмуд ва накухиши сухани Дакикй омадааст, ки ин ба достони Исфандиёр иртиботе надорад. Боби омадани лашкари Арчосб ба Балх ва кушта шудани Лухросб дарч гардида, ки он дар «Шохнома»-и Саолибй бо номи Дамлаи туркон ба Лухросби солхурда, торочи Балх, интиком кашидан аз Гуштосб ва ворид овардани шикасти сахт бар у, зикр ёфтааст. Сипас, дар «Шохнома»-и Фирдавсй абвоби Огох шудани Гуштосб аз кушта шудани Лухросб ва лашкар кашидан суи Балх, Дазимат шудани Гуштосб аз Арчосб, рафтани Ч,омосб ба дидани Исфандиёр, Дидани Исфандиёр бародари худ Фаршервардро омадаанд, ки накли хаводису вокеоти хамаи онон дар «Шохнома»-и мансур тахти як боб мурочиати Гуштосб ба худуди Балх, мухорибаи у бо туркон, мухосира кардани туркон уро, ичбори у ба озод кардани Исфандиёр инъикос ёфтааст.

Дикоёти чараёни вокеахо дар хар ду асар хам тафовуту фаркияте надорад, ба чуз он ки дар «Шохнома»-и мансур омадааст, ки: чанг даргирифт ва ноираи он иштиол ёфт ва се рузу шаб ба тул анчомид ва аз тарафайн чамъи касире кушта ва захмй шудаанд. Фаршедвард ба сахтй мачрух гардид ва 20 тан аз писарони мохруи зуровари Г уштосб шарбати шаходат чашидаанд («Шохнома»-и Саолибй, с. 132).

Фирдавсй бошад, ёдовар гаштааст,ки 38 тан аз писарони Гуштосб ба халокат расидаанд, яъне 20 нафар неву балки 38 нафар.

Писар буд Гуштосбро сиву хашт,

Далерони куху саворони дашт.

Бикуштанд яксар бар он размгох,

Ба якборагй тира шуд бахти шох.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с. 175).

^c Гyштоcб даp чанг маFлyб гашта, аз таъкиби Аpчоcб ба кyxе паноxанда шуд ва бо машваpатy маcлиxати Ч,омоcб баpои озод каpдани Иcфандиёp аз банд pозй мегаpдад:

Бад-y гуфт Ч,омоcб, к-эй шаxpиёp,

Сухан бишнав аз ман яке гуш доp.

Ба фаpмони ту фаppyх Иcфандиёp,

Даме банд тояд ба бад pyзгоp.

Агаp шоx букшояд ypo зи банд,

Намояд бад-ин кyxcоpи баланд.

(«Шоxнома»-и Фиpдавcй, ч.6, c. 177). Дам даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй ва xам даp аcаpи Саолибй баъдан накли он ки чун 4^oc6 бояд аз cyфyфи тypкон мегузашт, ба либош онон даpомада, pоxи каcpе, ки Иcфандиёp даp он гиpифтоp буд, пеш гиpифт ва ба эxзоpи y омада, паЙFOми Гyштоcбpо ба y биpаcонид, интишоp шуданд. Иcфандиёp аз ин икдом хашмгин гашта мєгуяд: xоло ки гиpифтоpи бадбахтй ва мyxоcиpаи тypкон аcт, баpои ман паЙFOм мефиpиcтад, амp ба озодии ман мекунад, маpо ба назди худ мехонад. Он xам на ба манзypи хайpи ман, балки pаxоии худ аз панчаи шеpи жиён. Бале ман поcyхе ба паЙFOми y намедиxам ва аз ин Fyлy занчиp чудо нахоxам шуд.

Паc ба кyдpати баёни худ Ч,омоcб кушид, ки Иcфандиёppо аз таcмими худ мyнcаpиф cозад, xамчyнон ки билохиpа pозй шyд.Ч,омоcб xам оxангаpонpо баpои шикастани занчиpxои у эxзоp намуда.

(«Шоднома^и Саолибй, c.133) Фиpдавcй нигоштааcт, ки Иcфандиёp аз шунидани чаpоxатy pешxои маpговаpи Фаpшедваpд баpодаpи Fамхоpy меxpyбонаш огоx гашта, pозй шуд, ки ypo аз банд pаxонанд ва даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй омада:

Бад-y гуфт, к-«Эй паxлавони чаxон,

Агаp тиpа гаpдад дилат бо pавон.

Чй гуи кунун коpи Фаpшедваpд,

Ки будаст xамвоpа бо доFy даpд. nyp аз захми шамшеp гашта танаш,

Бypида баp у миFфаpy чавшанаш...

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Чу бозомадаш дил, ба 4^oc6 гуфт,

Ки «Ин худ чаpо доштй даp нyxyфт?

Бифаpмой, к-оxангаp оpанд чанд,

Зи пои ман акнун бдооянд банд».

(«Шоднома^и Фиpдавcй, ч.6, c.185) Баъдан, даp «Шоxнома»-и Саолибй боби pаcидани Иcфандиёp ба назди падаp, мyxоpибаи у бо тypкон ва xазимати онон, доетони Иcфандиёp бо Гypгcоp омадааст, ки накли чаpаёни вокеоти ин боб даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй таxти бобxои Раcидани Иcфандиёp баp ^x ба назди Гyштоcб, Фиpиcтодани Гyштоcб Иcфандиёppо боpи дигаp ба

чанги Арчосб омадаанд. Дангоми тахлили мукоисавии мазмуну мундаричаи ин бобхои ду асар фаркияту тафовуте мушохида нагардид.

Сониян, дар «Шохнома»-и Фирдавсй Достони Дафт хон омадааст, ки пеш аз огози он Фирдавсй Ситоиши подшох Махмудро чой додааст, сипас накли достони машхури Дафт хон-хони аввал-куштани Исфандиёр ду гургро оварда шудааст. Дар «Шохнома»-и мансур он тахти боби Лашкаркашии Исфандиёр ба Туркистон аз рохи маъруф ба хафт хон накл шудааст, ки хангоми мукоисаи мазмуну мундаричаи ин бобхо низ кариб ки тафовуте мушохида нагардид, ба чуз он ки дар «Шохнома»-и Саолибй Исфандиёр он ду гургеро, ки ба у мукобилат менамоянд, ба Гургсор шабех медихад. Чунончй у ба Гургсор мурочиат намуда мегуяд: Дар боби ду гург, ки дар миёни тамоми хилкатхои худо ба ту аз хама шабехтар буданд, хар дуро мукобили худ афтода дидй, чй мегуй?

(«Шохнома»-и Саолибй, с.141). Дар Шохномаи манзум бошад, чунин суханони Исфандиёр ба Гургсор нигошта нашудаанд.

Корнамоии Исфандиёр дар хони дуввум, ки дар «Шохнома»-и Фирдавсй тахти номгуи хони дуввум-куштани Исфандиёр шеронро ва дар асари Саолибй Достони Исфандиёр дар хони дуввуми хафт хон, шикори ду шер ифода ёфтааст, низ фаркиятхои чузъие мушохида гардидаанд. Ба монанди он ки дар «Шохнома»-и Фирдавсй омада: Бадувван модашер бар у хамла овард. Исфандиёр чунон шамшере бар сари у фаровард, ки сараш то пасаш ба ду ним шуд. Дамин ки шери нар бад-у наздик гардид, Исфандиёр сари уро бо шамшер аз бадан ба дур афканд ва он гох аз асб ба зер омада, хамду сипоси худойро ба чой овард. («Шохнома»-и Саолибй, с.142).

Дар «Шохнома»-и Фирдавсй бошад, омадааст, ки аввалан шери нар ба Исфандиёр хучум намуд ва халок гашт. Чунончй:

Яке нарра буду дигар мода шер,

Бирафтанд пархошчую далер.

Чу нар андаромад яке тег зад,

Бишуд ранги руяш чу ранги бусад.

Зи сар то миёнаш ба ду ним гашт,

Дили шери мода пур аз бим гашт.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с.218). Сипас, наклхои хони саввум-куштани Исфандиёр аждахоро, ки дар «Шохнома»-и Фирдавсй Достони Исфандиёр дар хони саввум, куштани аждахоро, хони чахорум- куштани Исфандиёр зани чодуро, ки бо номи Достони Исфандиёр дар хони чахорум, куштани у зани чодугарро, хони панчум-куштани Исфандиёр Симургро нигошта шудаанд.

Дар «Шохнома»-и Фирдавсй омада, ки вакте Исфандиёр хони панчумро сипарй мегардад, Гургсор хони шашум, яъне барфу сармои баланду шиддатнокро тавсиф намуда, таъкид менамояд, ки халокати тамоми сипохиёни эронй ногузир нест. Эрониён аз шунидани ин суханон ба вахм омада ба Исфандиёр аз ин рох баргаштанро тавсия медиханд. Аммо у ба суханони эшон гуш наандохта мегуяд:

Шумо боз гаpдед пиpyзy шод,

Маpо коp чуз pазм чycтан мабод.

(«Шоxнома»-и Фиpдавcй, ч.6, c.235) Даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй ин лаxза, яъне таpcy ваxми cипоxиён ва ичбоpи онон Иcфандиёppо ба баpгаштан cyхан наpафтааcт, зеpо даp он омада: Паc аз додани Fизовy шаpоб Иcфандиёp Г ypгcоppо гуфт: Доло аз манзиле, ки фаpдо хоxем дид, баpои ман бигу. Typrcop чавоб дод: Шоxо, худованд туву xамpоxонатpо аз 5 бало мyxофизат каpдааcт, манзили шашум маxалле аст, ки cаpмои он кушанда ва ба кадpе баpф даp он мебоpад, ки xама чизpо нопадид мекунад. Чунон боде даp он мевазад, ки мавчудоти зиндаpо ба xаме ycтyхони пycида даpмеоваpад. Иcфандиёp амp ба xаpакат дод ва rnc аз тайи як шабу як pyз ба манзил pаcид. («Шоxнома»-и Саолибй, c.147).

Чуноне, ки аз ин поpча аён гашт, оиди гyфтyгyзоpи cипоxиёни эpонй ва Иcфандиёp таpдиди онон ба баpгаштан чизе баён нашyдааcт. Сипаc, даp «Шоxнома»-и манcyp боби хони xафтyм гузаштани Иcфандиёp аз pyд ва куштан ^prcoppo омадааcт, ки бо номи Доетони Иcфандиёp даp маcиpи xафтyмин хон даp ду фаpcанги Руиндиж бадбахтие, ки окибат ба ^prcop воpид омад, зикp гаpдидаcт.

Баъд боби Рафтани Иcфандиёp ба Руиндиж ба чомаи бозоpгон даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй ва Вypyди Иcфандиёp ба Руиндиж ба cифати бозоpгон ва pаcидани у ба даpбоpи Аpчоcб даp «Шоxнома»-и Саолибй омадааст. Чуноне, ки аз номгу ва мукожаи бобxои болоии ин ду аcаp аён гашт, онxо ба xам мyштаpакy тавъаманд ва ба як шачаpаи муайян омадаанд. Tанxо он фаpкият мyшоxида гаpдид, ки даp «Шоxнома»-и Саолибй вакте Аpчоcб аз бозоpгон (яъне Иcфандиёp) мепypcад, ки даp хycycи Иcфандиёp чизе шунидай? Гуфт: Бале, даp pox шунидам, ки аз pоxи хафт хон ба чониби ин шаxp меояд. Аpчоcб коx-KOx бихандиду он rox гуфт: Агаp маpд аст, муваффак мешавад. Иcфандиёp ба дукон баpгyзашта ба хаpидyфypyш машFyл гаpдид. («Шоxнома»-и Саолибй, c.152)

Аммо даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй Аpчоcб гyфтааcт:

Бихандид Аpчоcбy гуфт: «Ин cyхан Нагуяд чаxондида маpди кyxан.

Агаp raprac ояд cyи Дафтхон,

Маpо аxpиман хону маpдyм махон».

(«Шоxнома»-и Фиpдавcй, ч.6, c.252). Чуноне ки мyшоxида гаpдид, cyханони Аpчоcб даp xаp ду мавpид тафовут доpанд.

Сониян, боби шинохтани хоxаpон Иcфандиёppо даp «Шоxнома»-и Фиpдавcй ва боби Достони Иcфандиёp бо ду хоxаpаш Думою Беxофаpид ва бо Кyxpам бин Аpчоcб даp аcаpи Саолибй омадааст. Tафовyти ин 6o6xo даp он аст, ки даp аcаpи Фиpдавcй гyфтyгyзоpи Иcфандиёp ва Кyxpам умуман нигошта нашудааст, аммо даp аcаpи Саолибй омада: Кyxpам пиcаpи Аpчоcб, ки азми шикоp дошт, аз чилави дукони

Исфандиёр мегузашт, худу амтиашро бо диккат нигарист. Исфандиёр аз чой часта рикобашро буса доду сандуке аз албисаи фохира, як камон се тир бад-у ироа намуд. Кухрам истода гуфт: Бозоргон камону тир кофист, чаъбаро дар дукон бигузор. Исфандиёр гуфт: Ман шохзодаро ба чони падараш касам медихам, ки аз кабули он маро карини ифтихору масаррат кунад. Кухрам лабханде зада пазируфт ва камонро зех карда буни тиреро руи зех ниходу кашид ва мутобики майл ёфт. Дамин ки номи Исфандиёрро руи тирхо дид, гуфт: Ман номи Исфандиёрро бар ин тирхо мебинам. Исфандиёр гуфт: Худо лаънат кунад заминеро, ки Исфандиёр бар он зиндагй мекунад, оташ бизанад шахреро, ки у дар он аст! Шохо бидон, ки микдоре албисаву чавохир ба Исфандиёр фурухта будам, ки кисматеро ба ман напардохта буд. Чун муддате ба дафъи вакт гузаронид, аз адои талаби ман худдорй кард ва барои он ки уро нисбат ба худ сари лутф оварам, ба умеди таъдияи талаби худ камонхову тирхое ба номи у тахия ва ба расми хадя се тир хам аз онхо назди ман бокист ва ба икболи баланди шохзода инхо барои у захира шуд, ки такдим дорам. Кухрам уро ташаккур карда аз паи кори худ рафт.

(«Шохнома»-и Саолибй, с.153).

Бобхои баъдинаи «Шохнома»-и манзум Дамла кардани Башутан ба Руиндиж, Куштани Исфандиёр Кухрамро, нома навиштани Исфандиёр ба Гуштосб мебошанд, ки мазмуну мунударичаи онхо дар боби Достони Исфандиёр дар тасаллут бар калъаи Руиндиж, Куштани Арчосб бо ду писару маорифу туркон дар «Шохнома»-и Саолибй накл шудаанд.

Сипас, дар «Шохнома»-и Фирдавсй боби Бозгаштани Исфандиёр назди Гуштосб омада, ки дар асари дигар он боб бо номи Бозгашти Исфандиёр ба дарбори падараш накл шудааст.

Баъдан дар «Шохнома»-и Фирдавсй разми Исфандиёр бо Рустам огоз гардидааст ва бобхои Хостани Исфандиёр подшохиро аз падар, посух додани Гуштосб писарро, Панд додани Катоюн Исфандиёрро, Лашкар овардани Исфандиёр ба Зобул омадаанд, ки дар «Шохнома»-и Саолибй бо номи Фиристодани Г устошб Исфандиёрро ба Сиистон барои дастгир сохтани Рустам интишор ёфтаанд, ки ягон фаркияте мушохида нагардид.

Зимнан, бобхои Фиристодани Исфандиёр Бахманро ба назди Рустам, Расидани Бахман ба назди Зол, Пайгом додани Бахман Рустамро, Посух додани Рустам Бахманро, Бозгаштани Бахман, Расидани Рустам ва Исфандиёр бо якдигар меояд, ки мазмуну мухтавои хамаи ин 6 боб дар «Шохнома»-и Саолибй дар боби Фиристодани Исфандиёр писараш Бахманро назди Рустам ва омадани Рустам назди у, омадаанд. Дангоми мукоисаи мазмуну мундаричаи ин бобхои ду асар тафовуту фаркиятхои чузъие мушохида гардиданд, аз кабили он, ки дар асари Саолибй омада: Бахман бо супориши падараш ба назди Зол расида уро гуфт: Гумон мекунам, ту Зол падари Рустамй. Бигу, бидонам, кучо метавонам уро ёфта паёми падарам Исфандиёр бин Гуштосбшохро ба у бирасонам? («Шохнома»-и Саолибй, с.161).

Дар «Шохнома»-и Фирдавсй чунин мусохиба байни Золу Бауман барпо гардида, ки дар баёни мазмун тафовут ба назар мерасад:

Дам андар замон Бахман омад падид,

Сар аз чархи гарданда бартар кашид.

Надонист марди чавон Золро,

Барафрохт он хусрави ёлро.

Чу наздиктар гашт овоз дод,

Чунин гуфт, к-«эй марди дехконнажод Сари анчуман пури Дастон кучост,

Ки дорад замона бад-у пушт рост?

Ки омад ба Зобул ял Исфандиёр,

Саропарда зад бар лаби чуйбор».

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с.307). Саолибй навишта, ки тибки афсонахои эронй калоге назди Зол буд, ки Бахманро далолат намуд, хамчунон тайи тарик кард, то ба шикоргохи Рустам расид. Инчунин омада, ки Зол касеро фиристод, ки назди Рустам далолат кунад, ки дар «Шохнома»-и Саолибй порае аз асари Фирдавсй оварда шудааст:

Даме рафт пеш андарун рахнамун,

Чдхондидае номи у Шерхун.

Ба ангушт бинмуд нахчиргох,

Дам андар замон бозгашт у зи рох.

Дафъатан дар «Шохнома»-и Фирдавсй бобхои Нахондани Исфандиёр Рустамро ба мехмонй, Пузиш кардани Исфандиёр аз нахондани Рустам ба мехмонй, накухиш кардани Исфандиёр нажоди Рустамро, Посухи Рустам ба Исфандиёр ва дигарон омада, ки наклу баёни чараёни ходисоту вокеоти бобхои дар боло зикргардида дар «Шохнома»-и Саолибй тибки боби Дар баёни он чй калб аз мухориба байни Исфандиёру Рустам гузашт, ёдовар шудаанд. Дангоми мукоисаи ин бобхо низ баъзе фаркиятхо ба чашм бархурданд, аз чумла дар «Шохнома»-и Саолибй омада: Рустам, ки интизор дошт косиди Исфандиёр уро талаб кунад, хамин ки дид, наёмад, бар асп нишаста, рудро гузошт, ба чодари Исфандиёр расид, Исфандиёр ба вуруди у аз чой бархоста, уро хайрамакдам гуфт, бар курсии тиллоии мурассаъ нишонд.(«Шохнома»-и Саолибй, с.165).

Баъди боби Панд додани Зол Рустамро дар «Шохнома»-и Фирдавсй абвоби Чднги Рустам бо Исфандиёр, Кушта шудани писарони Исфандиёр аз дасти Завора ва Фаромарз, Гурехтани Рустам ба болои кух ва Рой задани Рустам ба хешон накл карда шудаанд, ки мазмуни ин 4 боб дар боби Нахустин чанги Рустаму Исфандиёр, кушта шудани Озарнушу Мехрнуш дар чанги эрониёну сиистониён дар «Шохнома»-и Саолибй чой дода шудаанд.

Дангоми тахкики мукоисавии мазмуну мундаричаи ин бобхои ин ду асар баъзе фаркиятхои чиддй ба назар расид, чунончй дар «Шохнома»-и Саолибй омада: Муддате, ки ду пахлавон (Рустам ва

Исфандиёр) саргарми шадидтарин мухориба буданд, асокири Исфандиёр, ки диданд, сипохиёни Рустам савору мусаллаханд, онон низ ба таслех пардохта бар асп баромаданд. Ба таклиди руасои худ ба васвасаи шайтон бар якдигар тохта, мухориба огоз ниходанд. Хун аз хар тараф чорй шуд, мукотила шиддат ёфт. Озарнушу Мехрнуш писарони Исфандиёр дар ин чанг кушта шуданд. («Шохнома»-и Саолибй, с.167).

Аммо дар «Шохнома»-и Фирдавсй чунин хикоят карда шудааст, ки Завора (бародари Рустам) бо лашкари сиистониён ба суи сипохи эрониён омада, чунин мурочиат намуда гуфтааст:

Ба эрониён гуфт: Рустам кучост,

Бад-ин руз хомуш будан чарост?

Шумо суи Рустам ба чанг омадед,

Хиромон ба коми наханг омадед.

Завора ба дашном лаб баркушод,

Даме кард гуфтори нохуб ёд.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с.375) Яъне дар «Шохнома»-и Фирдавсй омада, ки Завора боиси сар задани катлу чанг байни эрониёну сиистониён гаштааст, ки дар асари дигар ин мазмун чой надорад. Инчунин дар «Шохнома»-и Фирдавсй омада, ки Озарнушу Мехрнуш писарони Исфандиёр дар ин чанг кушта шудаанд. Дар «Шохнома»-и Фирдавсй аз котилони онон ва аз тарафи кихо ба хок сарнагун гаштанашон таъкид шудааст, аммо дар асари мансур ин баён нагардида. Дар «Шохнома» омада, ки Завора бародари Рустам ва Фаромарз писари Тахамтан кушандаи онхоянд:

Завора яке найза зад бар сараш,

Ба хок андаромад хамон гох бараш.

Чу Нушозари номвар кушта шуд,

Сипохи хама руз баргашта шуд...

В-аз он су Фаромарз чун пили маст,

Биёмад яке теги хиндй ба даст.

Баровехт бо номвар Мехрнуш,

Дуруя зи лашкар баромад хуруш.

Ба овардгах тез шуд Мехрнуш,

Набудаш хаме бо Фаромарз туш.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с.377-378). Сипас, дар «Шохнома»-и Фирдавсй бобхои Чора сохтани Симург Рустамро, Бозгаштани Рустам ба чанги Исфандиёр, Тир андохтани Рустам Исфандиёрро ба чашм, Андарз кардани Исфандиёр Рустамро омадаанд, ки накли абвоби номбаршуда дар «Шохнома»-и Фирдавсй тахти боби Мултачо шудани Зол ба Симург, Кайфияте, ки ба марги Исфандиёр мунтахо мешавад, омадааст.

Аз мукоисаи мухтавои ин абвоб бармеояд, ки байни онон низ баъзе фаркиятхои чузъй мавчуданд. Чунончй, дар «Шохнома»-и Саолибй чунин хикоят шудааст: ин ходиаси бузург, (яъне захмхои халокатовари Рустам) Золро бар он дошт, ки ба хила мутавассил шавад. Пас пареро, ки симург дар туфулият ба у дода буд, то дар мавокеи лозима ва зухури

бадбахтй онро сузонда дуд кунад, сузонид. Амр ба куштани иддае гусфанду барра ва пуст кандани онхо карда, хозир гузошт. Билфосила Симург чун абри мавчуди раъде расид ва аз сари кухи баланде дар бустони Зол фуруд омад. («Шохнома»-и Саолибй, с168).

Фирдавсй ин вокеаро чунин нигошта:

Чу гаштанд хар ду бар он рой тунд,

Гузин Зол омад ба болои тунд.

Бирафтанд бо у се хушёр гурд,

Ба мичмар яке оташе барфурухт.

Бар оташ аз он тирашаб даргузашт,

Чи гуфтй, ки руи хаво тира гашт.

Нигах кард Зол он гахе аз фароз,

Зи Симург дидаш хаво пуртароз.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с.390-391).

Дар «Шохнома»-и Фирдавсй баъдан омада: Зол, ки муддати 7 сол тахти мувозибати Симург парвариш ёфта буд, ба забони у ошной дошт, Симург уро гуфт: Рустам бояд бар пушти ман карор гирад, то уро ба чазирае барам, ки дарахти газ дар он аст. Шохеро бад-у нишон дихам, ки хамонро ба сурати тире дароварад, то дар мавкеи чанг бо Исфандиёр онро ба чашми у афканад, то аз шарри у халос гардад, чора чуз ин нест. Зол ин баёнотро пазируфта хозири харакат шуд.

(«Шохнома»-и Саолибй, с.169) Дар хамин боби «Шохнома»-и Фирдавсй бошад, ин баёнот вучуд надорад, яъне муддати 7 сол тахти гамхории Симург парвариш ёфтани Зол ва бо забони у ошной доштан, инчунин, дар «Шохнома»-и Фирдавсй омада, ки Симург на ба Зол, балки ба худи Рустам мурочиат намуда сухан гуфтааст, чунончй:

Бад-у гуфт Симург, к-«Эй пилтан,

Туй номдори хама анчуман.

Чаро разм чустй зи Исфандиёр,

Ки у хаст руинтану номдор? ...»

Пас он гах яке чора созам туро,

Ба хуршед сар барфарозам туро.

Чу бишнид Рустам аз у шод гашт,

В-аз андешаи чангаш озод гашт.

(«Шохнома»-и Фирдавсй, ч.6, с.393-394). Аз мутолиаву тахкики бобхои минбаъдаи ду асар тафовуту фаркиятхои дигаре дар мазмуну мундарича машохида нагардиданд.

Вожа^ои калиди: хамосаи мухташам, «Шохнома», Исфандиёр, достон,

«Шохнома»-и Саолибй, Фирдавсй, руинтан, Дакикй.

Адабиёт:

1.Фирдавсй А. Шохнома, чилдхои 1-9, Душанбе: «Адиб» 1988, 1989, 1990, 1991

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Саолибй А. Шохнома. Тарчумаи Махмуди Дидоят, чопи аввал, 1385 хичрй

РИЗОЕВА Р.Б.

СОПОСТАВИТЕЛЬНЫЙ АНАЛИЗ СЮЖЕТА ПОЭМЫ «ИСФАНДИЁР» «ШАХНАМЕ»

ФИРДОУСИ И САОЛИБИ

В статье приводится подробный сопоставительный анализ одной из поэм «Шахнаме» Фирдоуси под названием «Поэма Исфандиёра» с одноимённой поэмой «Шахнаме» Салиби и на основе конкретных примеров показывается их основное сходство и различие.

RIZOEVA R.B.

COMPARATIVE ANALYSES OF THE POEMS “ISFANDIYOR” IN “SHAHNAME”

FIRDA VSI AND SAOLIBI

The similarity and differences of these two works are given in this article on the base of vivid, concrete examples.

МУЗАЙЯНА САЙФУЛЛОЕВА,

унвонцуи

Донишгоуи давлатии Хуцанд ба номи академик Б.Гафуров.

АНЪАНАИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТО^ИК-ФОРС ДАР ЭЧОДИЁТИ С.АЙНИ

Устод Айнй дар як маколаи кучак, вале пурмазмуни худ, ки «Муносибати адабияи Осиёи Миёна бо Эрон» (1934) ном дорад, чунин навишта буд: «Дарчанд аз осори Рудакй, Аъмаки Бухорой ва дигар мутакаддимин чизи мухиме дар миён намондааст, Фирдавсихо, Хайёмхо, Саъдихо, Дофизхо чй гунае, ки дар махфилхои адабии Эрон хонда шаванд, хамон гуна дар махфилхои адабии Осиёи Миёна хам бо шавку завк хонда мешуданд. Хусусан, «Шохнома»-и Фирдавсй дар Осиёи Миёна таъсири бузурге дорад. Салосат ва равонии ин китоби лочавоб ва соддагии забони он камсаводонро хам ба худ чалб мекунад».1 Сазовори диккат аст, ки устод Айнй дар маколаи мазкур номи шоирони эрониасл -Фирдавсй, Хайём, Саъдй ва Дофизро ботаъкид ба забон меорад. Ин чунин маънй дорад, ки натанхо мисли Рудакиву Амъаки Бухорой шоирони забардаст, ки точик хастанд, балки Фирдавсй, Саъдй, Дофиз ва дигарон, ки эрониасл мебошанд, дар байни халкхои Осиёи Миёна шухрати калон доштанд. Ин шухрат дар даврони мо зиёдтар шуд.

Устод Айнй бо намунахои ашъори шоирони классик аз айёми бачагиаш ба шарофати падари худ ва баъд аз равшансаводй хосил кардан, худаш бо осори ахли сухан хеле хуб ошно гардид. Шиносой бо адабиёт дар рохи рушду камоли маънавии у ва такомули махорати адабиаш накши носутурданй ба чо овард. Айнй дар киссаи «Ахмади девбанд» (1928, тахрири дуборааш соли 1936) тасвир менамояд, ки баъзе байтхои шайх Саъдй дар боби нотарсу диловар калон шудан ва ба кахрамонони асотир - дев, ачина ва г. бовар накардани у чй гуна накши мухим бозидаанд. Дар киссаи мазкур сухбати Ахмад ном бачаи

1 Садриддин Айнй. Куллиёт, чилди 11, китоби якум. Нашриёти Давлатии Точикистон, Душанбе, 1963, сах. 189

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.