Научная статья на тему 'НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ИСТОРИИ КУЗНЕЧНОГО РЕМЕСЛА ТАДЖИКОВ'

НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ИСТОРИИ КУЗНЕЧНОГО РЕМЕСЛА ТАДЖИКОВ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
643
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
РЕМЕСЛА / КУЗНЕЧНОЕ ДЕЛО / МЕТАЛЛ / КОВКА ЖЕЛЕЗА / КУЗНЕЦ КОВА / КУЗНИЦА / НАКОВАЛЬНЯ / CRAFTS / BLACKSMITHING / METAL / IRON FORGING / KOVA BLACKSMITH / SMITHY / ANVIL / ҳУНАРМАНДӣ / ОҳАНГАРӣ / ФИЛИЗ / ГУДОХТАНИ ОҳАН / КОВАИ ОҳАНГАР / ДӯКОНИ ОҳАНГАРӣ / САНДОН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Джуразода Джамшед Хабибулло

Статья посвящена раскрытию вопросов истории появления кузнечного ремесла, описания кузницы, изготовления железных изделий для хозяйства и домашнего обихода. Констатировано, что человечество освоило ковку железа во II - I тысячелетии до нашей эры, первые железные предметы изготавливались из самородных металлов. В статье на основе священной книги зороастрийцев «Авеста» и «Шахнаме» А. Фирдоуси представлены сведения о железе, применении железа в сельском хозяйстве, мифологические суждения о кузнеце Кова и др. Также авторами статьи анализированы вопросы техники и технологии обработки металла, убранство кузницы, орудия труда и необходимые приспособления, способы изготовления железных изделий и т. д.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME CONSIDERATIONS BESET WITH THE HISTORY OF TAJIK BLACKSMITHING CRAFTS

The article dwells on the disclosure of issues beset with the history of the blacksmith craft emergence, description of the blacksmiths, iron products manufacturing for the economy and household compliance. It it underscored that that mankind mastered with the iron forging referring to the II-I millennium BC, the first iron objects were made from hometown metals. Proceeding from the sacred book belonging to Zoroastrians entitled “Avesta” and “Shahnameh” by A. Firdawsi, the author of the article provides information concerned with iron, its application in agriculture, mythological judgments about Kova blacksmith; tools of labor and necessary devices, methods and techniques of iron products being taken into consideration as well.

Текст научной работы на тему «НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ИСТОРИИ КУЗНЕЧНОГО РЕМЕСЛА ТАДЖИКОВ»

07.00.00.илм^0и ТАЪРИХ ВА БОСТОНШИНОСИ 07.00.00.ИСТ0РИЧЕСКИЕ НАУКИ И АРХЕОЛОГИЯ 07.00.00.HIST0RICAL SCIENCES AND ARCHEOLOGY

07.00.02. ТАЪРИХИ ВАТАН 07.00.02. ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ 07.00.02. HOME HISTORY

УДК 930.85 (100) ББК 63.2-1

Цуразода Цамшед абибулло, д.и.т., профессор, ректори МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Джуразода Джамшед Хабибулло, д.и.н., профессор ректор ГОУ «ХГУ имени акад. Б.Гафурова» (Таджикистан, Худжанд),

Jurazoda JamshedHabibullo, Dr. of History, Professor, the President of the SEI "KSU named after acad. B. Gafurov " (Tajikistan, Khujand), E-mail: juraboev.jh@gmail.com.

Вожа^ои калиди: уунармандй, оуангари, филиз, гудохтани оуан, Коваи оуангар, дукони оуангари, сандон

Мацола ба баррасии масъалауои таърихи пайдоиши уунари оуангари, тавсифи дукони оуангарон, тайер намудани маснуоти оуани барои хоцагиву рузгор бахшида шудааст. Зикр шудааст, ки инсоният гудохтани оуанро дар уазораи II - I пеш аз милод ед гирифтааст, нахустин олоти оуани аз филизи худруй сохта шудаанд. Дар мацола бо такя ба китобуои «Авасто» ва «Шоунома»-и Фирдавсй доир ба оуан, истифодаи он дар кишоварзи, нацлуои устурави роцеъ ба Коваи оуангар маълумот пешниуод шудааст. %амчунин муаллиф дар мацола техника ва технологияи коркарди маъданро аз цониби оуангарон, нигаудории дукони оуангари, асбоб ва абзори зарури, тарзу усули омода намудани маснуоти оуани ва гайраро таулил намудааст.

Ключевые слова: ремесла, кузнечное дело, металл, ковка железа, кузнец Кова, кузница, наковальня

Статья посвящена раскрытию вопросов истории появления кузнечного ремесла, описания кузницы, изготовления железных изделий для хозяйства и домашнего обихода. Констатировано, что человечество освоило ковку железа во II - I тысячелетии до нашей эры, первые железные предметы изготавливались из самородных металлов. В статье на основе священной книги зороастрийцев «Авеста» и «Шахнаме» А. Фирдоуси представлены сведения о железе, применени железа в сельском хозяйстве, мифологические суждения о кузнеце Кова и др. Также авторами статьи анализированы вопросы техники и технологии обработки металла, убранство кузницы, орудия труда и необходимые приспособления, способы изготовления железных изделий и т. д.

Key words: crafts, blacksmithing, metal, iron forging, Kova blacksmith, smithy, anvil

The article dwells on the disclosure of issues beset with the history of the blacksmith craft emergence, description of the blacksmiths, iron products manufacturing for the economy and household compliance. It it underscored that that mankind mastered with the iron forging referring to the II-I millennium BC, the first iron objects were made from hometown metals. Proceeding from the sacred book belonging to Zoroastrians entitled "Avesta" and "Shahnameh" by A. Firdawsi, the author of the article provides information concerned with iron, its application in agriculture, mythological judgments about Kova blacksmith; tools of labor and necessary devices, methods and techniques of iron products being taken into consideration as well.

Омухтани истифодабарии филизот аз чумла, охдн раванди тараккиёт ва инкишофи инсониятро суръат бахшидааст. Бо филизот инсоният дар давраи них,оии чамоаи ибтидой давраи энеолит, замони гузариш аз асри санг ба асри бирин^й шинос мешавад. Аломати хоси давраи энеолит дар он аст, ки ба маснуоти сангй кисмх,ои филизй хдмрох, мегардид.

БАЪЗЕ МУЛО^ИЗА^О РОЦЕЪ БА ТАЪРИХИ^УНАРИ О^АНГАРИИ ТОЦИКОН

НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ ИСТОРИИ КУЗНЕЧНОГО РЕМЕСЛА ТАДЖИКОВ

SOME CONSIDERATIONS BESET WITH THE HISTORY OF TAJIK BLACKSMITHING CRAFTS

Олимон тахкик намудаанд, ки дар хазорахои IV - III пеш аз милод, ки ба замони ибтидоии шиносоии одамон бо филизот рост меояд, дар Шарк нахустин давлатхо арзи хастй карда буданд. Филизот мояи пешравии техникй ва тараккиёти ичтимоии тамаддунхои бостонй мегардад. Бо мурури замон маснуоти филизй чои олатхои сангиро иваз мекунанд.

Дар хазораи II - I пеш аз мелод бошад, инсоният гудохтани оханро ёд гирифт ва махз аз хамин давра замони нав дар таърихи инсоният арзи хастй менамояд. Одамон конхои маъдани оханро пайдо карда, бо рохи об кардани он ярок ва маснуоти зарурии рузгорро тайёр мекунанд. Гудохтани оханро ёд гирифтани одамон ба пешравии давлатхои давраи бостонй ва пайдоиши гуломдорй оварда мерасонад (4,3).

Доир ба аввалин макони пайдо гаштани гудозиши охан дар байни олимон андешахои мухталиф чой дорад. Охангарй яке аз кадимтарин намуди хунари коркарди филизот махсуб меёбад. Одамон бори нахуст гудохтани филизоти худру ва шихобпора (метеорит)-ро хануз дар асри санги чамоаи ибтидой ба рох монда буданд (6,8).

Дар баъзе осорхонахои чахон, аз чумла дар Осорхонаи миллии Точикистон дар хазина олотхои мехнати охангарони ахди бостон - болгаву сандонхои сангй нигох дошта мешаванд. Дар натичаи омузиши микроскопии сатхи ин олотхо муайян гаштааст,ки онхо аз филизи худруй сохта шудаанд.

Олимон минтакахои ^афкоз, Осиёи Миёна, Миср, Байнаннахрайн ва амсоли инхоро макони пайдоиши маъдангудозй номидаанд. Масалан, дар деворнигорахои ибодатгоххои Мисри кадим тасвирхои хунармандон- охангарони бо болгаи сангй машгули кор бударо дидан мумкин аст. Вале олимон то хол санаи дакики тавлиди хунари охангариро муайян накардаанд.

Бино бар навиштахои академик Бобочон Гафуров, бозёфтхои бостоншиносй исбот кардаанд, ки дар охири хазораи II ва ибтидои хазораи I пеш аз милод дар худуди Осиёи Миёна коркарди филизот ва охан чой доштааст. Дар нимаи аввали хазораи I пеш аз мелод сокинони Осиёи Миёна аз маъдан гирифтани оханро омухта будаанд (2,54). Дар Осиёи Миёна ихтироъ гаштану мавриди истифода карор ёфтани охан ба рушди зироаткорй оварда расонид. Дар парвариши хар гуна зироату рустанихо барои инсоният махсулоти оханин даркор гашта буд.

Бино бар андешаи гурухе аз олимон гудохтани оханро хамон мардум омухтаанд, ки каблан ба коркарди мис, биринч ва дигар филизоти ранга машгул буданд. Барои гудохтани мис агар 1083°С гармй лозим бошад, пас барои гудохтани охан дарачаи гармтар лозим буд, ки он ба 1539 °С баробар аст. Дар замонхои бостонй барои ба даст овардани чунин харорат маъдунгудозони кадима аз курах,ои калони охднгудозй (домнахо) истифода мебурданд. Дар онхо маъдани оханро чойгир карда, бо истифодаи оташи хезум ва дам додани он харорати зарурй ба даст оварда мешуд. Дар натича дар даруни кура маъдан об гашта ба дажгол табдил меёфт. Охани дар ин раванд пайдошуда тоза набуда, сатхаш нохамвор ва камкувват буд. Барои он ки сатхи онро суфта ва мустахкамияшро таъмин кунанд, охани тафтаро мекубиданд. Бо ин рох мустахкамй ва суфтагии махсулоти аз охан тайёршаванда таъмин мегашт. Аз чунин охани суфта ва мустахкам маснуоти зарурии рузгор, ярок ва дигар лавозимотро месохтанд (4,15).

Санъати хангоми гармияш куфтани филизот барои одамон хануз аз даврахои энеолит маълум буд. Баъди он ки одамон маъдани мисро шинохтанду аз он мис гирифтанд, мушохида карданд, ки чи кадар он куфта шавад, мустахкамтар мегардад. Олимон навиштаанд, ки танхо бо рохи зарба зада кубидани мис он метавонад, ки аз 87 то 135 вохид аз руи чадвали Бриннелл мустахкам гардад (5,19). Кубидан барои мустахкамшавии охан низ созгор аст. Агар дар даврахои бостонй барои кубидани охан аз сангхо истифода мебурда бошанд, минбаъд барои ин болга, путк, хоиск ва дигар навъи асбобхои охангарй ба вучуд оварда шуданд.

Махз хусусияти бо рохи кубидан мустахкам кардани филизот минбаъд барои ривочу равнак ёфтани касби маъруфи охангарй оварда расонид. Инсон санг - маъдани оханро коркард карда, аз он хар гуна олоти мехнатро месохт, ки ин хам барои тараккиёт оварда мерасонид.

Бино бар гуфтаи Б.Гафуров бо рохи кубидан мустахкам шудани охан мардумро ба шигифт меовард. Ин амр боис гаштааст, ки нисбат охан дар тамаддунхои гуногун муносибати духела пайдо шавад. Гурухе оханро эътироф карда, онро мукаддас хисобиданд. Дар баробари ин охангаронро шахсони гайриоддй ва муборак мехисобиданд ва баракс гурухи дигар бошанд, аз охангарон тарс доштанд ва онхоро зодагони ахриман мепиндоштанд. Б.Гафуров кайд

кардааст, ки дар баъзе нохияхои Помир охангаронро шахсони мукарраму муборак медоданд ва дукони охангарияшонро макони мукаддас хисобида, баъди мавсими гунучини хосил дар он чо маросими курбонй мегузаронидаанд (2,55).

Дар ойинхои кадимаи ориёиён ва ба хусус дар китоби «Авасто» доир ба охан ва масъалаи кишоварзй ишорахои фаровон чой доранд. Дар тасаввуроти мардуми ориёй ва хамчунин дар дини зардуштй эзадон ва ё худ амшоспандон мавчуд буданд, ки хар кадоми онхо муваккил ва ё масъули ин ё он сохаи хаёт дониста мешуданд. Вакили нигахбони оташ, мардон ва охану охангарй - Шахревар ба шумор мерафт. Ба дурустии ойини Зардушт хамаи эзадон ва аз чумла, эзади нигахбони оташ гувохй додаанд. «Ба ин дин гувохй додан Охурамаздои ашаван ва Бахман ва Урдубихишт ва Шахревар ва Сипандормуз ва Хурдод ва Амрдод» - гуфта шудааст, дар Мехряшти Авасто (1,372).

Дар ситоиши гурзи эзади Мехр бошад, ишорае аст, ки чунин мебошад: «Гурзе садгирах ва садтега бар даст гирад ва ба суи мардони нишонавар равад ва ононро аз пой дарафканад. Гурзе аз филизи зард рехта ва аз зари сахт сохта, ки устувортарин ва пирузибахштарин размафзор аст» (1, 375).

Дар ин иктибос дидан мумкин аст, ки гурзи филизй ситоиш мешавад, ки ба мукобили Ахриман ва кувваи бадй истифода бояд гардад ва хамчун бехтарин силохи чангй мавриди ситоиш карор мегирад. Ачиб он аст, ки филизи устувору сахттарини зардранг тавсиф гаштааст. Аз ин хадс задан мумкин аст, ки «Авасто» дар ибтидои асри охан арзи хастй кардааст ва он замон дар сохтани олоти харб аз ду навъи филиз - биринчй ва охан истифода бурда мешуд. Дастахои ханчар, шамшер ва амсоли инхо аз биринч ва тег бошад, аз охан сохта мешуд.

Дар фарханги мардумй бошад, ба хотири эзади нигахбони охан ва охангарон - Шахревар чашне ороста мешуд, дар таърих бо номи Шахреваргон ва ё Озарбахш маълум аст. Ин чашн дар рузи 4-уми мохи шахревар кайд мегашт, ки агар онро ба солшумории муосир ;иёс намоем, ба сездахуми август рост меояд.

Дар замони муосир зардуштиёни Эрону Х,индустон чашни Шахреваргонро ба чашни падар табдил додаанд. Дар ин чашн барои падарон сипосмандй ва садокати фарзандияшонро исбот мекунанд. Сабаби дар рузи чашни Шахреваргон кайд кардани рузи падар бесабаб хам нест. Зеро эзади Шахревар тимсоли мардонаро дорад. Дар боло зикр кардем, ки Шахревар эзади нигахбони филизот, охангарон ва подшохон аст. Ачиб аст, ки фалсафаи ин чашн то кунун дар байни охангарон мавчуд аст. Дар байни охангарони нохияи Ашт ривояте хаст, ки мегуяд: аз замонхои кадим охангарон дустони наздики подшохон мебошанд. Агар решаи инро чустучу кунем, ба ойини парастиши эзади Шахревар бурда мерасонад, зеро ин амшоспанд нигахбони шахриёрй - подшохй ва филизот дар руи замин дониста мешуд. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки вокеан пешаи охангарй, ки бо филизот ва сохтани яроку аслихаи чангй иртибот дорад, ба эътикодоти кадимаи ориёй марбут асту аз замонхои кадими асотирй охангарон бо подшохон «дустй» доштаанд.

Дар асари маъруфи Абулкосим Фирдавсй Коваи охангар хамкадами шох Фаридун аст ва якчоя бо у ба мукобили Заххоки морон мубориза бурдааст. Пайдо шудани нахустин дирафшро хам ба номи Коваи охангар марбут медонанд ва «дирафши Ковиёнй» меноманд. Мухаккикон дар он назаранд, ки аз Коваи охангар дар Авасто ягон ишорае нест ва он хамчун афсона дар давраи Ашкониён ва Сосониён ба вучуд омадааст. Чунин ранг гирифтани масъала тасодуфй набуда, балки ба конуниятхои мифология созгор аст. Дар мифологияи олам охангарон ва махсулоти истехсолнамудаи онхо рамзи мубориза бо чодугарй буд. Маъмулан, Заххок (Ачи Дахака) тамсили чодугарй ва куввахои бадй аст. Ин чиз сабаб гаштааст, ки барои мубориза бо у охангар киём намояд ва пайдо гаштани ривоят доир ба Коваи охангар мутобик ба хамин конунияти мифологй мебошад. Гурухи дигари донишмандон нисбат ба ин масъала чунин андеша доранд, ки Кова дар замонхои бостонй хамчун эзад ва ё Худои охан дар байни гурухи муайяни мардум парастиш мегашт ва сабаби ба «Шохнома»-и Фирдавсй хамчун кахрамон ворид шуданаш хам хамин аст.

Бо назардошти хар ду карина хаминро бояд кайд кунем, ки охангарон новобаста аз он ки Кова аст ва ё нафаре дигар мавриди эхтиром ва пайравии мардум буданд. Дустй доштани охангарон бо подшохон ва мавриди эхтиром карор доштани онхо бесабаб нест, чунки иктидори комили мухорибавй ба охангарон сахт вобаста буд. Чунончи, мебинем дар сохтани силоху аслиха ин хунар ба хар подшох ва ё хоким зарур буд.

Х,ам дар достони Кова мебинем, ки гурухи мардум бо рохбарии Коваи охангар ба назди Фаридун мераванд ва уро барои мубориза бо Заххок рогиб месозанд. Охангарон барои Фаридун гурзеро месозанд, ки барои мубориза бар Заххок созгор буд.

Дар «Шохнома» тарзи сохтани гурз тасвир гаштааст, ки агар онро бо технологияи истехсоли охан мукоиса намоем, бисёр чизхои таърихиро метавонем, ки равшан намоем. Дар ибтидо Фаридун дар руи хок бо истифодаи паргор сурат ва ё худ тасвири гурзро мекашад ва онро барои сохтан ба охангарон супориш медихад: Ца^онцуй паргор бигрифт зуд, В-аз он гурз пайкар бад-эшон намуд. Нигоре нигорид бар хок пеш, %амедун ба сони сари говмеш(9, 100).

Агар ин порча маълум мешавад, ки дар ибтидо сохтани маснуоти охангарй, аз чумла силоху аслиха бо рохи ба колаб рехтагарй кардан амалй мегардидааст ва гурз, ки силохи кадима буд ба тарзи рехтагарй сохта мешуд.

Дар идомаи достон мебинем, ки охангарон хамон гурзи дар руи хок кашидаи Фаридунро ба таври аъло сохтаанд:

Бад-он даст бурданд охангарон, Чу шуд сохта кори гурзи гарон. Ба пеши ца^онцуй бурданд гурз, Фурузон ба кирдори хуршеди бурз. Писанд омадаш кори пулодгар, Бибахшидашон цомаву симу зар.(9, 101)

Дар тули асрхо гарчанд ки технологияхои нави коркарди маъданро охангарон омухтанд, махсулоти нав ба навро месохтанд, дар дукони охангарй асбобу ва абзори зарурй давоми чандин аср якхела бокй монданд.

Дар дукони охангарй хатман асбобхои калони зерин мавчуд буданд:

1. Кураи оуангари - ин асбоб барои об кардани маъдан ва ё охан истифода мегардид. Одатан кураро аз гил месохтанд, дар поёни он чой барои нигох доштани ангишт мавчуд буд ва бо ба кор бурдани «белча» ангиштро ба кура мерехтанд;

2. Дами оуангари ё саночи дам, ки он ба кураи охангарй пайваст буд. Дами охангариро аз пусти чорво месохтанд ва он барои пуф кардани оташ ва зуд гарму нарм кардани охан истифода мегашт;

3. Сандон -чизест, ки болои он охани тафтаро аз кура гирифта мегузоранд ва бо путку хоиск барои ин ё он шаклро гирифтанаш мекубанд. Сандон одатан аз охану пулод сохта мешуд. сандонро болои кунда насб мекарданд;

4. Печаи булул - девораи хурди сангин ва ё хиштин аст, ки байни кура ва дами охангарй чойгир гаштааст;

5. Нова - зарф барои нигох доштани об, ки дар самти рости охангар карор гирифтааст. Агар нова аз санг сохта шуда бошад, онро санги обдон мегуянд;

6. Дамнайзаи саноч - чои нуки дами охангарй аст, ки аз он чо дам ба филиз ва оташдон мерасад (8, 197-200).

Дар дукони охангарии кадима чунин асбобхоро ба мушохида гирифтан мумкин буд: путк - болга, вобаста ба намудашон путкхо дусара ва яксара буданд, хоиск - болгаи хурдтар, ки одатан яксара мешуд ва онро усто кор мефармуд, хамчунин болгауо низ дар истифода буданд. кацанбур, анбур барои гирифтани охани тафта аз кура ва доштани он истифода мегашт, барои суфта кардани сатхи охан аз сухон истифода мебурданд, барои сурох кардани сатхи металл бошад, аз мехи мустахкам, ки цалам ё худ сунбаи наълшикофкуни истифода мебурданд. Барои гудохтани маъдани охан бошад, аз асбобе истифода мекарданд, ки цошуцак ном дошт (8, 202-203).

Вобаста ба мавкеи чойгиршавии дукони охангарй дигар асбобхо низ истифода мегардиданд, ки инхоянд: сарпанца, сандони вабинияк, мехцолаб, гиро, чарх ва г.

Дар замонхои хеле кадим, дар хамон даврае, ки одамон оханро барои худ кашф карданд, аз он хар гуна ороишот месохтанд, ки онро занон ба кор мебурданд. Минбаъд аз охан махсулоти барои рузгордорй зарурй месохтагй шуданд. Охангарони точик давоми чанд аср барои пеш бурдани сохахои мухталифи халк маснуоти ба рузгор заруриро месохтанд. Дос, каланд, ошбур, корд, ханчар, дудама, табар, каноч, зогнул, занчири дар, чармбур, теги сартарошй, качик, лачом, узангу, наъл, сагак, мех, кайчй, дукорд (кайчй барои тарошидани пашми чорво), кафак (барои рохгардй ба руи ях), ранда (8, 204), арра, оташгирак, теша,

искана, исканатабар, новатеша, чоду, токбур, гулмех (5, 180) ва амсоли инхоро истехсол мекарданд. Барои сипор бошад, сарсипори оханинро хам месохтанд.

Технологияи асосии охангарй дар тули асрхои зиёд бо рохи куфтани охани тафта амалй гаштааст. Яъне ба таври фишороварй ба шакли дилхох даровардани филиз.

Барои гудохтани филизот охангарон аз лахчаи чуби дарахтон фоида мебурданд. Барои тасфонидану ба хадди даркорй оварда расонидани охан чуби дарахтони арча, бурс ва гохо дарахти ангадро ба кор мебурданд (8, 207). Айни замон охангарон аз ангишти махсус истифода мебаранд.

Охангарй вокеан касби пуршараф ва дар баробари ин захматталаб буда, асрори худро дошт, ки онро усто ба шогирд, падари усто ба писар ёд дода, аз насл ба насл то замони мо овардаанд. Шоири тавонои точик Ч,алолиддини Балхй таъкид дорад, ки касби охангарй илм, яъне донишхои ба худаш хосро доро аст ва гуфтааст: Чун надонй дониши охангарй, Ришу му сузад чу он цо бигзарй. Х,унари охангари дар охири асри XIX — ибтидои XX хеле рушд намудааст ва дар дохили ин хунар таксимоти мехнат ва тахассусмандй оид ба истехсоли маснуоти алохидаи филизй мушохида гардид. Чй тавре,ки охангарони дехаи Ашти вилояти Сугд накл мекунанд, хунари охангарй 40 хунари майда таксим мешавад (7). Дар шахрхои калони Осиёи Миёна касбхои мустакили наългар, кулфсоз, мехсоз, сузангар, кордсоз, тунукасоз, чархсоз, ва г. амал мекарданд.

Тибки маълумоти мухаккики рус Н.А. Кирпичников охангарони Самарканд дар охири асри XIX ба се гурухи мустакил таксим мешуданд: 1) хунармандоне, ки бо тайёр намудани махсулоти майда - зулфини дар, наъл, мех, охани лачом, охани губчаки ароба ва г. машгуланд; 2) хунармандоне, ки бо омода намудани олоти мехнати дуредгарон, сангтарошон, инчунин бо тайёр кардани сандон, дос, панчшох ва г. машгуланд; 3) хунармандоне,ки корд, кайчй, тег (поку, устура), арраву аррачахо ва г. месозанд (3, 126).

Охангарони точик бо назардошти талаботи замон хар гуна махсулоти ба талабот чавобгуро месохтанд. Масалан, охангарони Фаргона, Хучанд ва Истаравшан дар пайравй ба самоворхои русй офтобахои махсусеро месохтанд, ки дар онхо об ба мисли самовор аз хисоби аз дарунаш гузаштани кубури дудбаро чушонида мешуд. Чунин офтобахо зуд харидоргир гашта буданд, зеро хангоми сафар сабукй ва ихчам будани хачмашон ба одамон малол намеомад ва оби он бо хезум ва ё ангишти кам ба чуш меомад. Х,оло дар бисёр осорхонахои кишвар чунин офтобахоро дидан мумкин аст. Дар замони шуравй бошад, бо баробари ташкил гаштани колхозхо ва пайдо гаштани трактору мошинхо охангарони махаллй баъзе деталхоро месохтанд. Имрузхо хам ба назар мерасад, ки охангарон вобаста ба талаботи давр маснуоти навро месозанд. Дар шароити кунунй ба хаёти хочагии мардум бо суръати баланд техника ва технологияхои навин ворид мегарданд ва ахли хунар низ барои чорй намудани технологияхои нав сайъу талош доранд, то бо харчи кувваи кам даромади бештар ба даст оваранд. Аммо новобаста ба ин талабот ба хунари дастй аз байн нарафтааст. Охангарон аз махсули хунари хеш даромади калон ба даст меоваранд. Дар сатхи давлатй дастгирй кардани хунармандон талаби замон мебошад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Авасто: кухантарин сурудахо ва матнхои эронй/ Гузориши Халили Дустхох. - Техрон: Марворид, 1371. -1208 с.

2. Гафуров, Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. Книга I/Б^афуров. -Душанбе: Ирфон, 1989. - 334 с.

3. Кирпичников, H.A. Краткий очерк некоторых туземных промыслов в Самаркандской области. /Справочная книжка Самаркандской области.-Вып. V/Н.А.Кирпичников. -Самарканд, 1897.- С.110-162

4. Ламан, Н.К. Развитие техники обработки металлов давлением с древнейших времен до наших дней/Н.К.Ламан. - М.: Наука, 1989. - 236 с.

5. Мероси фарханги гайримоддй дар Точикистон. - Душанбе: Эр-граф, 2017. - 280 с.

6. Навроцкий, А.Г. Ковка и художественная отделка кованых изделий/ А.Г. Навроцкий. -Москва: Издательство АСТ, 2016. -С.8. 160 с.

7. Наследники Довуда из таджикского Ашта: Кузнечное дело не терпит фальшивок // https://www.fergananews.com/articles/9139 (Санаи мурочиат: 06.08.2020)

8. Таджики Каратегина и Дарваза. Вып. 1. — Душанбе: Дониш, 1966. - 380 с.

9. Фирдавсй, А. Шохнома. ч.1/А.Фирдасй.-Душанбе: Адиб, 1987. - 480 с.

REFERENCES:

1. Avasto: The Ancientest Songs and Iranian Texts/ Commented by Khalili Dustkhoh. - - Tehran: Marvorid, 1371hijra. - 1208 p.

2. Gafurov B. Tajiks. The Ancientest, Ancient and Medieval History. - B.I. - Dushanbe: Cognition, 1989.

- 334 p.

3. Kirpichnikov H.A. A Brief Outline Dealing with Certain Native Crafts in Samarkand Region. / Reference book for Samarkand region. - Issue 5. -Samarkand, 1897. - P. 110 - 162.

4. Laman N.K. Development of Metal Forming Technology from Ancient Times up to Present. - M.: Science, 1989. - 236 p.

5. Intangible Cultural Heritage in Tajikistan. - Dushanbe: Er-graph, 2017. - 280 p.

6. Navrotsky A.G. Forging and Belles-Letters Finishing of Forged Products. - Moscow: AST, 2016. -P.8.

- 160 p.

7. Dovuds Heirs from the Tajik of Asht: Blacksmithing Does not Tolerate Fakes // https://www.fergananews.com/articles/9139 (date of request: 06.08.2020)

8. Tajiks of Karategin and Darvozs. Issue 1. - Dushanbe: Knowledge, 1966. - 380 p.

9. Firdawsi. Shoh-Name. -V.1. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1987. - 480 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.