Научная статья на тему 'The influence of sasanide ceramics on post-Islamic pottery art'

The influence of sasanide ceramics on post-Islamic pottery art Текст научной статьи по специальности «Искусствоведение»

CC BY
174
86
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ҳУНАРИ КУЛОЛГАРИИ ЭРОН / РУШДИ КУЛОЛГАРӣ ТО ИСЛОМ / САНЪАТИ КУЛОЛГАРИИ ЭРОН ДАР АСРҳОИ IX-X11 / ИДОМАТИ ҳУНАРИ ЭРОНИИ қАБЛ ВА БАЪДАЗИСЛОМЙ / ГОНЧАРНОЕ ИСКУССТВО ИРАНА / РАЗВИТИЕ КЕРАМИКИ В ДОИСЛАМСКОМ ПЕРИОДЕ / ГОНЧАРНОЕ ИСКУССТВО ИРАНА В IX-XII ВЕКАХ / ПРЕЕМСТВЕННОСТЬ В ДОИ ПОСТИСЛАМСКОМ ИРАНСКОМ ГОНЧАРНОМ ИСКУССТВЕ / POTTERY ART OF IRAN / DEVELOPMENT OF CERAMICS IN PRE-ISLAMICPERIOD / POTTERY ART IN IRAN IN THE IX-TH-XII-TH CENTURIES / SUCCESSION IN PRE AND POST-ISLAMIC IRANIAN POTTERY ART

Аннотация научной статьи по искусствоведению, автор научной работы — Додфар Педром

Статья посвящена определению степени влияния сасанидской керамики на гончарное искусство последующих веков. Автор исходит из того, что период Сасанидов считается временем иранской культуры, и влияние сасанидского искусства на последующее развитие отмечается на многих видах искусства. Автор доказывает, что на материале керамики удаётся полнее, чем по любому другому виду вещественных памятников, проследить преемственность доисламской традиций в культуре Ирана.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the influence of Sasanide ceramics on the pottery art of the following centuries. The author proceeds from the assumption that the Sasanide period looked upon as the time of Iranian culture and the influence of the Sasanide art upon the following development is marked is many other kinds of art. P. Dodfar proves that the materials of ceramics being the most substantial monument of culture enable an explorer to trace back to the pre-Islamic traditions in the culture of Iran which provided its further evolution.

Текст научной работы на тему «The influence of sasanide ceramics on post-Islamic pottery art»

— 100_ НОМАИ ДО НИШ FOX

ТАЪРИХ ИСТОРИЯ

П. Додфар

ТАЪСИРИ Х.УНАРИ СОСОНЙ БАР САФОЛХОИ ДАВРАИ ИСЛОМЙ

Вожатой кадидй: тупари кулолгарии Эрон, рушди кулолгарй то ислом, санъати кулолгарии Эрон дар acpjçou IX-XII, идомати уунари эронии цабл - ва баъдазисломй

Сафолсозй хунарест кадимй ва чахонй, ки мегуянд ибдои мил. шло и кишоварз аст. Кишоварзон вакге бар табиат галаба карданд, дона коштанд ва хайвонотро ром карданд ва барои дона ва пухтани гушти хайвонот ба гил шакл бахшиданд ва харорат доданд. Бад-ин васила зуруфи сафолиро шинохтанд. Дар Эрон низ сафол барои нигахдорй ва табхи озука аз худуди хафт хазор сол пеш дар Сиялки Кошон ва Шуш ва Чашмалии Рай сохта шуд. Сафолхо ибтидо сода буд, вале ба тадрич, ки дар инсон завкн тачаммул ва зебой кувват гирифт ва нукуши сода ва рангй дар руи он эчод гардид (4,199).

Аз сафолинахои мутааддиде, ки дар кубури мурдагон пайдо шуд, нишон аз алокаи шадиди мардуми Эронзамин ба сафол дорад, зеро акоиди он давра дар мехвари ин достон буд, ки зиндагии моддй ва ниёзхои дунявии мурдагон монанди хурдану ошомидан баъд аз марг идома дорад ва гнзову оби мавриди назарро даруни зарф карор медо-данд ва дар канори мурдагон мегузоштанд ва аз он чихат, ки дар давраи Сосониён мазхаби расмй зардуштия буд, ин амр бисёр ривоч дошт.

Бидуни тардид давраи Сосониёнро метавон яке аз дурахшонтарин даврахои фархангу хунари Эрон донист, ки на 1анхо меъморияш тачаллигохи андеша ва завку хунар, балки соири маснуоти он низ нишонаи боризе аз фарханги мутаолии ин аср аст, ки бо одобу русум ва эътикодоти мардум робигаи танготанг дорад. Нукуши давраи исломиро метавон бар пахнаи хаччорихои токи Бесутун ва

С УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ_101 -

сангнигорахои Форс, ва хамчунин зуруфи заррину симин, гачбурихо, мухрхо, наккошихои деворй ва порчахо мушохида кард. Нукуше, ки дар давраи сосонй истифода мешавад, тарххои хунарй, ашколи чонварон, парандагон ва гулу гиёхони бумй ва мавчудоти пиндорй ва устуравиро шомил мешавад, ки аз мафохими мабодй ва шояд розомезест, ки тавассути хунармандон ва санъатгарон ба кор гирифта шудааст. Ин тарххо нишондихандаи мазхаб, адабиёт, одобу русум ва сунани мардуми Эрой низ будааст. Таъсири хунари сосонй танхо бар руи Эронзамин набуда, балки манотике монанди шимоли Африко, кишвархои Ховари Миёна, Осиёи Марказй, бахшхое аз Урупои Марказй, бахшхое аз Урупои Шаркй ва Чднубй ва низ кишвари дурдасте чун Жопон аз таъсири он бенасиб набудааст. Илова бар он, пас аз сукути ин силсила то садахои баъдй ин нукуш фаромуш нагардида ва дар осори даврахои баъд мавриди истифода карор мегирад (7,20).

«Дар нимаи аввали карни хафтуми мелодй Эрон яке аз бузургтарин хаводиси таърихии худ - хамлаи аъробро тахаммул намуда ва дар пайи он мазхаб ва хаташ тагйир кард. Ин ходиса таърихи умумии Эронро ба ду давра: бостонй ва исломй таксим карда ва дар тарафайни он ду олам - сосонй ва исломиро карор додааст» (4,5).

Ба таври куллй метавон гуфт, ки сафоли сосонй ба баёни дакик бо тафовутхое тадовуми суннатхои ашконй аст. Сафолхои даврони ампрутории Сосониён ба ду даста - бо луоб ва бидуни луоб таксим мешаванд, ки бештар кузахои бузург, кузахо ва анвои мухталифи косаро шомил мешуд. Бешопур, Сироф, Канговар, Дашти Гургон, Тахти Сулаймон, Тахти Абунаср дар остони Форс ва 1^обиро дар наздикии Кирмон маконхое хает, ки дар онхо хунари Сосониён кашф шуда. Дар ин давра ранги сабзи фирузай ё обии фирузай мухимтарин ранг барои сафолхо будааст. Баъдхо фанни луоб додани зуруф мавриди таваччух карор гирифт ва ин катаоти гилии луобшуда дар Эрон ба хазораи дувуми кабл аз мел од мансуб шудааст. Дар ин маврид метавон аз ду китъа сафоли луобдодашуда ёд кард, ки дар Шуш ба даст омада ва яке ба карни XII мелодй ва дигаре ба карни IX мелодй, яъне давраи Иломи Миёна ва Иломи Нав нисбат дода шудааст (9,61). Ба таври куллй бояд гуфт, ки сафоли луобдор ва содаи ин давра идомаи равиши сафолсозии давраи Ашкониён аст ва намунахои мавчуди он ба карори зер табакабандй шудааст:

i n2 f \

- р _M ОМА И ДО M И III ГО X, )

Г Сафол бо хамираи гили руси варздодашуда ва нукуш ба хутути кандашуда бо тархи нимдоираи дархам-бархам.

2. Сафол бо хамираи гили руси варздодашуда ва нукуш ба таври колабхурдаи мутанаввеъ ва махсур байни хутути мувозй ва чахорхона.

3. Сафол бо хамираи гили рус дорой навиштахои калами сиёх марбут ба баданаи хумрахо ва кузахои обй.

4. Сафол бо хамираи гили руси варздодашуда ва луобхурда ба шакли кузахои дудаста аз ин гурух идомаи сафолхои дудастаи давраи ашконй аст (5,433).

Сафолхои ин давра дар мукоиса бо сунани кухани сафолгарии Эрон ва ба далели истифода аз зуруфи филизй аз кайфияти чашмгири бисёр болое бархурдор нест.

Х,амон тавр ки гуфта шуд, шаклхои мутадовили сафолина дар ин давраро метавон ба кузахои нисбатан бузург бо гардани кутох ва баданаи мудаввар бо даста ё бидуни даста, кузахои бо дахонаи гулобишакл ва дастаи амудй ва кузахои сепоя, кумкумахои мусофиротй бо дастахои мудаввар, косахо ва пиёлахои дастадор, софихои сафолй, зарфхои сафолй ба шакли хайвонот, пайкархои сафолй аз занон, мардон, таблхо, писузхои мухталиф ишора намуд. Баъзе аз ин сафолинахо бидуни луоб ва бархе дорой луоби сабз ва обии фирузай, дар мавориде ширй ва кахваранг мебошад. Тазйиноти зуруфи сафолй низ тарххои хандасй, гиёхй бо накшмояхои печида ва колабй, нукуши мухрзада, медолюн бо нукуши хайвонй ва инсонй аст. Дар давраи хахоманишй ва давраи сосонй аъён ва ашроф бештар аз зуруфи заррину симин истифода мекарданд. Таваччухи зиёде ба такмили фанни луобкорй надоштанд. Дар айни хол зуруфи гилии луобдор дар миёни мардум маъмул буд ва осори онхо дар махалли сукунат дида мешуд. Луоби ин зуруф маъмулан нукрай, ба нудрат сабзу обй ва гохе мутамоил ба норанчй ва зард буда ва чинси луоб низ чандон хуб набуда ва истехкоми зиёде надошта, ба хусус луоби сафолхои давраи сосонй аксаран таракдор аст ва ба осонй аз руи он мерезад (2,156).

Бо хамлаи аъроб ба Эрон накшмояи хунари Эрон дастхуши тагйироти зиёде шуд, ки аз умдаи тагйироти ба вучудомада бар хунари сафол ва сафолгарй аст. Дар даврони исломй сохтани зуруфи сафолй дар Эрон беш аз пеш мавриди таваччух карор

С УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ '.'— 103 ~

гирифт, зеро дар ин даврон, ба хусус, дар авоили он гизо хурдану ошомидан дар зуруфи тилло ва нукра макрух ва хатто мамнуъ буд ва ба хамин чихат сафолсозон саъй карданд, хунари худро такмил кунанд ва хатто тасмим гирифтанд зуруфи сафолин бисозанд, ки дурахшандагии тиллоро дошта бошад (2,156). Бино бар ин мукоисаи сафолхои давраи исломй, ки тахаввули фавкулоддае ёфт, бо сафолхои давраи сосонй, ки дар дарачаи фаръии таваччух буд, аз назари сохт ва рангомезй ба нахве, ки дар мавриди филизот муяссар буд, ба осонй кобили таваччух нест. Вале хунармандони давраи исломй хамон тавр, ки сафолро ба чои филизот ба кор бурданд, нукуши филизотро низ дар сафолхо ичро карданд. Ба нахве, ки тасаввур меравад, баъзе аз сафолхои куруни аввалияи исломй тавассути зардуштиён сохта шуда ва ба хамин чихат гурухи махсусе аз ин гуна сафолхоро габрй номиданд (3, 111-192). Сафоли габрй яке аз анвои хуби сафолхои даврони исломй аст ва шояд иллати нисбат додани ин навъ ба габрхо ашкол ва тасовири хайвонот ва парандагоне бошад, ки руи ин навъи сафол дида мешавад. Ба илова баъзе аз аносири тазйинии ин сафолхо шабохат ба тазйиноти барчастае дорад, ки дар давраи сосонй дар зуруфи нукра марсум будааст.

Аз намунахои зебои ин навъ сафолхо кадахе аст, ки шакли симурге бар он накш шуда ва кадахи дигаре, ки тасовири бисёр дакики симург бар заминаи гиёхии он накш шудааст (3, 193).

Изофа бар сафолхои габрй, ки натичаи яке аз хунархои миллй аст ва ба таври куллй равишхои хунарии давраи сосониро ба хотир меоварад, иддае аз сафолхои даврони исломй ба сарохаг таъсири суннатхои хунарии давраи сосониро дар нукуши худ таъйид мекунад.

Як кузаи байзашакл ба иртифои наваду хашт сантиметр дорой се даста аз Хузистон ба даст омада, мансуб ба карни дувум ва савуми хичрй гардидааст (6,68). Ин куза ба иллати тазйиноти фаровони худ, ки кобили мукоиса бо нукуши сосонй мебошад, кобили таваччух аст.

Ислом тахаввулоти мухиме дар шахрхои Ховари Миёна ва Мовароуннахр дар заминаи тавлиди фаровардахо ва тичорат ба вучуд овард. Воридоти зуруфи чинии сафед дар садаи III хичрии камарй - IX мелодй аз давраи Тонки Чин илхомбахши сафолгарони махаллй шуд, то зуруфе хаммонанди онхо тавлид

— _11 ОМ А И ДОМ И III ГО X,

кунанд. Тахияи мавод ва сохти инчунин муковим, сафед ва беназир дар ин чо ба осонй имконпазир набуд. Бо вучуди ин, сафолгарони махаллй тавонистанд ба нахви луоб додани сафол, ки собикае бас тулонй дошт, даст ёбанд. Агарчи зуруфи тавлидшуда сафолинахое буд, ки дар дарачаи пойини харорат пухта мешуд, луобхои шомили луоби калёй буд, ки агааб бо оксиди руй хамрохд мекарданд, то ранги сафеди мот ва луобхои сурб падид ояд. Дар садаи III хичрии камарй - IX мелодй ду равиш пешрафт кард. Дар равиши нахуст бо луоби сурб сатхи сафеде эчод мекард, ки бар асари афзудани микдори андаке оксиди руй ба он моту сафед мешуд. Дар равиши дигар, пушиши сафедранге вучуд дошт, ки зери луоби сурбии шаффоф баданаи рангии сафолро мепушонад. Луоб додан бо калъ дар кисматхои гарбй ва марказии чахони ислом ва ба вижа дар Миср ва аъроб 0F03 шуд. Дар ибтидо ин равиш ба тавлиди бадалхои арзонкимат, ки аз руи зуруфи чинй сохта мешуд, ба кор мерафт, вале ба зудй наккошй бо ранги обй руи луоб кабл аз харорат додан ба сурати яке аз вижагихои тарххои исломй даромад (1,7).

Баданаи як зарфи сафолии ба дастомада аз Мовароуннахр мансуб ба карни IV ва V хичрии камарй ба чахор кисмат шуда ва дар хар кисмат як мургобй карор гирифта ва дар марказй он хайвони болдоре, эхтимолан саг наккошй шудааст. Сарфи назар аз таксимот ва парандагони бадана, ки дар зуруфи филизии сосонй фаровон аст, ин саги болдор ба эхтимоли кавй аз суннатхои нукуши кабл аз исломи Эрон илхом ёфтааст.

Як косаи сафолй бо лабаи дандонадор мансуб ба карни V хичрии камарй дар музеи Бритониё мавчуд аст. Ин коса бо нукуши мухталифи хандасй ва хасирй ва гиёхй музайян шудааст, аз чумла нукуши дуислимй аст, ки аввалй бо печу хамхои сока ва гулбаргхои мудаввар ва дувумй бо полметхои чапу рости селаба сурат гирифтааст. Ин ислимихо ислимии печу хамдори як зарфи филизии мавчуд дар музеи Эрмитаж ва ислимии чапу рости эстукхои ба даст омада аз кохи Тайсафун ва лабаи кадахи филизии мавчуд дар музеиСортиякро (Cyartoryaky), ки хар се марбут ба давраи сосонй аст, ба хотир меоварад (4,25).

Як кадахи сафолии хаккокишуда ва рангоранги мансуб ба карни V хичрии камарй ва мавчуд дар як мачмуаи хусусй аст. Девораи ин зарф бо нуктахои чобачо ва наворхои содаи наккошй

С _ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ _105 —

ва дар маркази он як чуфт мургобй илко гардидааст. Ин Mypi обих,о дар руи ду шоха ва тарафайни як полмат бо такоруни комил карор гирифта ва дар болои сари он ду шохаи кутохи мутакорин, ки дар болои нуктаи иншиоби он ду як полмати гулобишакл дида мешав ад, эчод гардидааст.

Нукуши руи ин кадах, ба хусус ду мургобй ва гиёхи байни онхо, дарахти зиндагии давраи сосонй ва ду хайвони тарафайни онро ба хотир меоварад. Ин нукуш дар як зарфи дигари даврони исломй марбут ба карни VII хичрии камарй мунтахй бо як чуфт савор ва як чуфт товус зери он ва тарафайни як дарахт низ сурат гирифтааст.

Накши укоб изофа бар чоми сафолии Рай назоири дигаре низ дар сафолсозии даврони исломй дорад. Бар руи як зарф ва як чом мансуб ба карни V хичрии камарй ин накш дида шудааст. Накши укоб дар тамоми ин зуруф аз рубару дар холе, ки сараш ба тарафи рост баргашта, сурат гирифтааст. Дар хавлу хавошии баъзе, аз чумла зарфи аввал ислимихое, ки ёдовари нукуши фаръии сунани сосонии Эрмитаж аст, низ ба чашм мехурад.

Дар миёни нукуши чонварй мавчуд бар сафолхо накши куч бештар аз хама такрор шудааст. Ин метавонад ба ин далел бошад, ки ин хайвон дар суннати зардуштй хайвони мукаддас будааст. Ба ривояти Авасто Эзид Бахром колбади куч мепазирад ва низ нумодест, ки аз фарри эзидй, чунонки дар достони афсонаомези фирори Ардашери Бобакон аз Тайсафун омада, фарри эзидй ба хайбати куче ба Ардашер пайваст ва бад ин сон подшохй аз хонадони Ашкониён ба дудмони Сосониён интикол ёфт. Тасвирот дар мавриди куч, накш ва ахамияти онро дар диди мардумони бостон нишон медихад ва шохони сосонй шохи кучро зевари афсари хеш месозанд ё мардуми он рузгор тасвири онро дар холатхои гуногун бар мухрхои хеш накш мезананд, зеро хам нумоди Бахром аст ва хам нумоди фарри эзидй, ки вучуди хар ду барои зардуштии боимон мучиби хайру баракат ва такаддус аст ва хайвоне мисли гов, ки ахамияти иктисодй ва асотирии ин чонварй судманд бар хамагон ошкор аст, дар кишоварзй ёвари инсон буда ва ширу гунп и мавриди ниёзи уро таъмин мекарда ва дар ойинхои мазхабй онро курбонй ва нисори эзидон мекарданд. Бо таваччух ба ин ахамият аст, ки ойини зардуштй, ки бархоста аз чомеаи кишоварзй буд, то ин хад ба гов таваччух

— 106~_ НОМАИ донишгох )

дорад ва эхтимол дорад дар ин ойин намояндаи Тиштар, Бахром ё Мох бошад, вале тасвири онро бар сафолхои баррасишуда наметавон дид.

Сию панч дар сади нукуши ба кор рафта бар сафолхои исломй накши инсонй аст, ки далели ин фаровонй дар сафолхои ин давра мушаххас нест, вале дар бархе маворид сафолгар ба кашидани нукуше пардохта, ки саъй дар зинда кардани дубораи устураи Заххоки Мордаш ва гохе достони Бахром ва Озода ва дигар хамосахои миллй мекунад ва тасаввури хешро аз у ба ин гуна нишон медихад ва бо таваччух ба ин ки дар карни чахоруми хичрии камарй Фирдавсй аз афсонахо ва устурахои миллй ном мебарад ва ёди онхоро зинда нигах медорад, пас хануз дар ин замон ин устурахо дар ёд ва зехни мардум чой дошта ва хар кас ба тарике, Фирдавсй дар «Шохнома» ва сафолгар бар руи сафолаш саъй дар пиёда кардани он доштааст. Дар миёни нукуши инсонй накши чулуси шох ва накши шох дар холи шикор дида мешавад ва ин низ метавониста иктибосе аз зуруфи филизии давраи сосонй бошад, чун бештари нукуши ононро нукуши инсонй ва ба вижа накши шикори шохона ташкил медихад. Эрониён бо вучуди мусалмон будан ба давраи сосонй гароиш доранд, ки шояд ба далели кабул кардани дини ислом, вале бо рангу буи эронй бошад. Дар миёни нукуши хандасй нукуши нуктай бо 37 дар сад ва дар радаи дувум, накши марворид, яъне халкахои марворидй, ки дар бисёре аз авкот ба унвони кодр ва хошия аз он истифодашуда, бештар аз нукуши дигар такрор шудаанд. Нукуши хайвоноти пиндорй ва афсонавй низ дар ин давра такрор шудааст, аммо нукуши теъдоди дигар аз ин чонварони пиндорй, ки дар давраи сосонй ахамияти бисёре доштанд, мисли симург ва асби болдор ва гови болдор мушохида намегардад. Нукуши хайвоноти пиндорй бо танаи хайвон ва сари одамй чил дар садро ба худ ихтисос доданд. Х,ол ин пурсиш пеш меояд, ки чаро чунин нукуше ба ин андоза такрор шуда, вале нукуше мисли симург, ки дар давраи сосонй ахамияти зиёде дошта, ин гуна бештар аз хама такрор шудааст ва гули нилуфар ахамият дорад чун нумоди хуршед ва бозгукунандаи неруи зиндагибахш аст, аммо нукуше мисли нахл ва анор такрор нагаштааст. Анор дар давраи сосонй хамвора мукаддас буда ва аз шохахои он барои сохти барсам ва дар ойини мазхабй корбурд

С _ УЧЕНЫЕ ЗАПИСКИ_107 ~

дошта ва пурдонагии он нумоди борварии Анохито ва ба хангоми чашни зоиш ба унвони синаи занон ба кор мерафта, вале дар давраи исломй истифода нашудааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Вилсун И. Тархдои исломй. Тарчумаи Мух,аммади Риёзй. -Техрон: Интишороти Самт, 1380

2. Даймонд A.M. Китоби рах,намои исломй. Тарчумаи дуктур Абдуллохи Фариёр. Техрон, 1336

3. Закй. Мух,аммад Х,асан. Саноеи Эрон баъд аз Ислом. Тарчумаи Мувдммад Алии Халилй-Техрон, 1320

4. Замонй, Аббос. Таъсири хунари Сосониён дар хунари исломй. -Техрон: Интишороти Вазорати фарх,анг ва хунар

5. Комбахш, Фард, Сайфуллох,. Сафол ва сафолгарй дар Эрон. -Техрон: Интишороти Кукнус, 1379

6. Пуп. Шох,кори хунари Эрон. Тарчумаи дуктур Хонларй. -Техрон, 1338

7. Холидиён, Саттор. Нашрияи бостонпажух,й. -Тех,рон, 1387, № 16

8. Asurvey of Persian art. T.V, p.563

9. Edith, Porarda. Iran ancient. -Paris, 1961

Влияние сасанидской керамики на постисламское гончарное искусство П.Додфар

Ключевые слова: гончарное искусство Ирана, развитие керамики в доисламском периоде, гончарное искусство Ирана в IX-XII веках, преемственность в до- и постисламском иранском гончарном искусстве

Статья посвящена определению степени влияния сасанидской керамики на гончарное искусство последующих веков. Автор исходит из того, что период Сасанидов считается временем иранской культуры, и влияние сасанидского искусства на последующее развитие отмечается на многих видах искусства.

Автор доказывает, что на материале керамики удаётся полнее, чем по любому другому виду вещественных памят-

- S_ НОМАИ донишгох

никое, проследить преемственность доисламского традиций е культуре Ирана.

The Influence of Sasanicle Ceramics on post-Islamic Pottery Art

P. Doclfar

Key words: pottery art of Iran, development of ceramics in pre-Islamicperiod, pottery art in Iran in the IX-th-XII-th centuries, succession in pre and post-Islamic Iranian pottery art

The article dwells on the influence of Sascmide ceramics on the pottery art of the following centuries. The author proceeds from the assumption that the Sascmide period looked upon as the time of Iranian culture and the influence of the Sascmide art upon the following development is marked is many other kinds of art.

P. Dodfar proves that the materials of ceramics being the most substantial monument of culture enable an explorer to trace back to the pre-Islamic traditions in the culture of Iran which provided its further evolution.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.