162 -Ç НОМАИ донишгох _ ^
ТАЪРИХ ИСТОРИЯ
П.Додфар
ОСОРИ ЗАН ДАР Х.УНАРИ САФОЛГАРИИ ХУРОСОНИ БУЗУРГ ДАР ДАВРАИ ИСЛОМЙ
Вожатой калидй: тупари кулолгарии Ирон дар давраи целом, нущуиш зан дар сафолинах,о, техникаи минокорй, инъикоси сужауои адабй дар сафолинах,о, робитаи мутацобилаи х,унари сафолгарй ва миниётур
Чунончй, бихохем собикди хузури занро дар хунари сафолгарй барраей кунем, бояд ибтидо ба накщи у дар сафоли пеш аз ислом бипардозем. Зеро накдш зан бар сафоли давраи исломй унсуре мустакил аз давронхои мокдбли худ нест. Усулан тасвири зан чузви нукушест, ки аз дер замон мавриди истифодаи хунармандони Эрон карор гирифта ва дар осори ибтидоии тамаддунхои аввалияи манотикд мухталифи Эрон низ фаровон дида мешавад. Барои намуна чанд накдни руи ашёи сафолии марбут ба даврони мухталифро зикр менамоем.
Кадимтарин намунахои машкуфа аз ин нукуш дар мухдвватахои пешаз таърих, чун Сиялки Кошон, Шуш, Чашмаи Алй ва... инсонро дар холатхои мухталифи ниёйиш, шикор, аруей, хиёнат, рак,с, дуо ва навохтани мусик,й нишон медихад (1, 65). Аз чумла дар к,итъаи сафолие, ки аз теппаи Сияли Кошон ба даст омадаву марбут ба авохири хдзораи панчум ва авоили хдзораи чахоруми пеш аз милод аст, накдни чахор зан дида мешавад, ки дасти хдмдигарро гирифтаанд, тарзи истодан ва нармиши бадани онхо хокй аз он аст, ки либоси баланде дар тан доранд ва машгули ракси ойинй мебошанд.
Аз Чашмаи Алии шахри Рай низ ду тикка сафоли бисёр машхур мешиносем, ки яке аз онхо хам акнун дар музеи Лувр
аст, ки дар он чанд зан, ки кул ох, ё сарбанд ба cap ва либосхои танг ба бар доранд, дасти якдигарро шояд ба василаи порчае гирифтаю машгули раке мебошанд, ки ин сафол хам марбут ба нимаи хазораи чахоруми пеш аз милод аст (3, 26-30). Истифода аз нукуши марбут ба раке бар сафолинахои ин давра бар пояи ин тасаввури мазхабй сурат мегирифта, ки Худоён низ дар замину осмон ба раке машгуланд (1, 665). Лозим ба зикр аст, ки дар ин даврон мачассамахои гилй ва сафолии мутааддиде аз занон ба манзурхои ибодию ниёйишй сохта мешудааст.
Дар даврони таърихй ба иллати ахдмияти бештари филизкорй бар сафолгарй нукуши зиёде аз зан ё мард бар сафол ба вучуд наёмадааст ва ба чои он дар зуруфи филизй ва наккошихои деворй намунахои мутааддиде аз хузури занон мушохида мешавад ,ки аз ин бах,с хорич аст. Аммо нукуши занон дар сафолинахои исломй бо таваччух ба пешрафти текникхои сафолгарии луобдихд наккошй ва низ таваччух ба абъоди зебоишинохти он ахдмияти бештар ёфт.
Хдрчанд дар куруни аввалияи исломй аз нукуши инсон дар тазйини осори сафолй камтар истифода мешуд ва ашёю зуруфе, ки дорой накши инсон буданд, гайри исломй ё тархи габрй меномиданд (7, 268). Аммо ин вазъият давоми чандоне надошт ва ба хусус мутаокиби равнаки адабиёт дар куруни миёнаи исломй хунармандони сафолгар арсаро барои истифода аз накши зан дар достонхои адабй ва устуравии шоирони бузурге чун Фирдавсй ва Низомй муносиб ёфтанд ва зеботарин нукуши кулли таърихи хупари сафолгарии Эронро арза карданд (1, 65-66).
Умдатарин намунаи ироа шуда ба лихози таърихй марбут ба Куруни миёнаи исломй ба таври хос адвори Салчукй (карнхои 57 хдчрии камарй/11-13 милодй), Элхонй (карнхои 7-8х,ичрии камарй/13-14 милодй) мебошад, ки хупари сафолгарй ва нукуши тазйинии он тайи ин адвор аз вазъияти хосе бархурдор буд. Тайи давраи Салчукй, ки асри хезиши хунархои мухталиф ва хувияти эронй ёфтани онхост. дар хама заминахои хупарии Эрон ва аз чумла, хупари сафолгарй пешрафтхои бошукухе сурат гирифт.
Ба тавре, ки куруни шашум ва хафтуми хичриро бояд асри тиллоии ин хунар ба шумор овард.Элхониёни мугул низ давраеро дар хунари Эрон ofo3 карданд, ки ба далели хостгохи чугрофиёй, нажодию мазхабии онхо равобити густурдае бо хунари Шарки Дур дошт ва дар натичаи таъсири зиёде аз ин тарик бар хунархои
анд, дил додани у ба духтаре румй ба номи Озода аст. Ба ривояти «Шохнома» Озода дар навохтани чангу зебоияш мучиб шуд дар миёни занони харамсаро аз чойгохи хосе бархурдор бошад.
У барои шикор Озодаро бо худ хамрох мебурдва Озода барои у чанг менавохт ва у сармаст шикор мекард. Рузе Озода ба шох мег^яд: «Агар ин кддар махорат дорй, гуши он охуро нишона бигир!» Ва шох бо махорате. ки дошт, хайвонро мезанад ва Озода аз ин хуйи хайвонии Бахром ба хашм меояд ва бар у мешурад. Бахром. ки аз густохии у ба хашм меояд, уро аз шутур меандозад ва лагадкуб мекунад. Озода, ки чон мебозад, Бахроми норохатаз кушта шудани у дигар бо хеч зане ба шикор намеравад. Чдззобтарин сахнаи ин достон аз манзари хунармандони сафолгар партоби тир тавассути Бахром ба оху аст, ки намунахои мутааддиде аз ин сахна бар руи осори сафолин вокеь дар музейхо омадааст. (8,2, 728-89).
Хусрав ва Ширин. Манзумаи «Хусрав ва Ширин» аз мачмуаи «Панч ганч»-и Низомй, достони ишки Хусрави Парвез- подшохи сосонй ба Ширин - шохзодаи арманй мебошад. Яке аз маъруфтарин сахнахои ин достон тамошои обтании Ширин тавассути Хусрав аст, ки ривояти тасвирии он тавассути сафолгарон бозтоби густурдае доштааст (6).
Бежан ва Манижа. Достони «Бежан ва Манижа» яке аз достонхои маъруфи «Шохнома» аст, ки ривоятгари ишки Бежан писари Гев ба Манижа духтари Афросиёб мебошад. Дар аглаб намунахои сафолй, ки ховии достони «Бежан ва Манижа» мебошад, саъй шудааст, аглаб сахнахои ин достон бар руи як зарф, вале дар кобхои мутааддиде ба намоиш дарояд (4,821-881).
Бо таваччух ба нукуши фавк хузури накши зан бар руи осори сафолини даврони исломии Эронро ба лихози мафхум ва мухтаво метавон ба ду бахш: тазйинй ва корбурдй таксим намуд, ки ин таксимбандй мунтабик бар нигоришу истинботи чомеа ва хунармандони сафолгар дар ин даврон сурат гирифтааст.
Дар куруни савум ва чахорум низ нукуши занон дида мешавад, вале хачми густурдаи он дар куруни баъд аз ислом бештар ба назар мерасад. Дар поён мутазаккир мешавад, ки пай бурдан ба хадафи манзур ва тафаккури таррохи ин нукуш баъд аз гузашти замон кори басе душвор аст, зеро шароити таърихй, сиёсй ва ... дар он адвор бо имруз комилан мутафовит аст ва он чй имруз ба унвони назар баён мекунем, факат хадсхое аст, ки бино бар иттилооти
— 166- НОМАИ донишгох
таърихй ва хунарии он адвор сурат мегирад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Каримй, Фотима, Каёнй, Мух,аммадюсуф. Хунари сафолгарии давраи исломии Эрон. - Техрон: Маркази бостоншиносии Эрон, 1374
2. Комбахши Фард, Сайфуллох,. Сафол ва сафолгарй дар Эрон аз ибтидои навсангй то даврони муосир. Чопи дувум.-Техрон: Какдус, 1383
3. Маликзода, Фаррух. Нукуши зан дар осори бостон ва илали адами тасвири зан дар нукуши Тахти Ч,амшед. Давраи 7, шумораи 74 ва 75, Озару дай, 1347
4. Мударриси Содикй, Ч,аъфар. Бежан ва Манижа.-Техрюн: интишороти сухан, 1369
5. Мувдммад Х,асан Ускй. Чин ва х,унарх,ои исломй. Тарчумаи Еуломризои Тах,омй.-Техрон:Фарх,ангистони хунар, 1384
6. Низомии Ганчавй, Илёс ибни Юсуф. Куллиёти "Хамса". Ба тасх,ех,и Бароти Занчонй. - Тех,рон: Амири Кабир, 1391
7. Тавх,идй, Фоик. Фан ва х,унари сафолгарй.-Тех,рон: Самт, 1379
8. Author Pop. A survey of Persian art. Tehran, 1977
Изображение женщин на гончарных изделиях Великого Хорасана е исламский период
П.Додфар
Ключевые слова: гончарное искусство Великого Хорасана в исламский период, изображение женщин на гончарных изделиях, техника эмалировки, отражение литературных сюжетов на гончарных изделиях, взаимосвязь гончарного искусства и миниатюры
Статья посвящена традиции изображения женщин на изделиях гончарного производства Селъджукидского и Ильханского периодов Великого Хорасана. На материалах археологических раскопок автор проводит сравнение изображения женщин на средневековых гончарных изделиях с современными им миниатюрами. Утверждается, что иранская литература и изобразительное искусство имели тесную взаимосвязь, о чём свидетельствуют отражения сюжетов «Шахнаме» Фирдоуси и «Пятерицы» Низами
на произведениях гончарного искусства. Автор придерживается мнения, что в средние века украшения миниатюр и гончарных изделий выполняли одни и те же мастера.
Depiction of Women on Great Khorasan Pottery Wares in the Islamic Period
P. Dodfar
Key words: pottery art of Great Khorasan in the Islamic period, depiction of women on pottery wares, technique of enamelling, reflection of literary plots on pottery wares, interconnection of pottery art and miniature
The article dwells on the tradition of depiction of women on pottery wares of Seldjukid and Ilkhan periods of Great Khorasan. Proceeding from the data of archeological diggings the author conducts a comparison of women's depictions on mediaeval pottery wares with modern miniatures. It is asserted that Iranian literature and fine art are closely interconnected; the reflections of the plots of "Sakh-Name" by Fir daw si and "Five Poems " by Nizami on pottery wares testify to it.
The author keeps to the opinion that in Middle Ages miniatures and pottery wares were decorated by the same masters.