Научная статья на тему 'Information about “Sareh-ul-mulk” based on vakf documents'

Information about “Sareh-ul-mulk” based on vakf documents Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
89
32
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САРЕҳ-УЛ-МУЛК / ВАқФ / САФАВИЁН / АМЛОК / БУқЪА / "САРЕХ-УЛ-МУЛК" / ВАКФ / СЕФЕВИДЫ / ЗЕМЕЛЬНАЯ СОБСТВЕННОСТЬ (АМЛОК) / УЧАСТОК ЗЕМЛИ (БУК'А) / "SAREH-UL-MULK" / (AMLOK) / IANDPIOT (BUK'A) / VAKF SEFEVIDES / LAND PROPERTY

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Рахимфар Махноз

В статье рассматривается вопрос о существовании многочисленных списков «Сарех-ул-мулк»-а, содержащих вукуфные документы, и отмечается, что самым известным среди них является «Сарех-ул-мулк», принадлежащий шейху Сафиаддину, составленный в 1547 г. по велению шаха Тахмасба. Он хранится в национальном музее Ирана под номером 3719. Автор приводит описание вышеуказанного списка и его краткое содержание.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The article dwells on the existence of a great number of lists of “Sareh-ul-mulk” which Vakf documents contain, and notes that the most famous among them there is “Sareh-ul-mulk” belonging to Sheikh Safiaddin composed in 1547 according to the order of Shah Tahmasb. It is kept at the National Museum of Iran under number 3719. The article adduces the description of the list in question and its brief contents.

Текст научной работы на тему «Information about “Sareh-ul-mulk” based on vakf documents»

— 144 ~ НОМАИ ДО НИШ FOX

M. Рахимфар

АХБОРИ « С АРЕХ,-УЛ-МУЛК» ПЕРОМУНИ АСНОДИ ВАЦФЙ

Вожатой калидй: Ccipejç-ул-мулк, вацф, Сафавиён, амлок, буцъа

Маъмулан, «Сарех-ул-мулк» ба мачмуаи аснод ва киболахои мулкй итлок, мегардад, ки дорори молики мушаххасе хастанд. Ин нусхахо агааб тавассути афроде, ки мутамаввил буда, амлоки бисере доштаанд, тахия мегардид, то моликияти ин амлок мушаххас ва тасбит гардад.

Дар мадорики мактуби мавчуд аз давраи сафавй аз «Сарех-ул-мулк»-хои мутааддиде ном бурда шудааст. Аз маъруфтарин «Сарех-ул-мулк»-хои ин давра метавон аз «Сарех-ул-мулк»-хои тахийашуда аз амлоки мутааллик ба букъаи шайх Сафиаддин ном бурд.

Яке аз шохони сафавй, ки нисбат ба тахияи «Сарех-ул-мулк»-и букъаи шайх Сафй таваччухи хосе мабзул дошт, шох Тахмосб буд. Шох Тахмосб барои эчоди назм ва тартиб дар амлоки остонаи шайх Сафиаддин ва чилавгирй аз парокандагии онхо дастур дода тамоми аснод ва киболахои амлоки вакфй ва харидоришударо тавассути Абдибек чамъоварй ва тадвин намуд.

Дар замони шох Аббос низ кори чамъоварй ва тадвини аснод ва киболахои букъа идома ёфт. Дар ин замон муставфии мавкуфоти остонаи шайх Сафй МухаммадгохириИсфахонй ба баррасии аснод пардохта, «Сарех-ул-мулк»-и амлоки остонаро тадвин кард.

Муаррифии «Сарех-ул-мулк»-и музеи миллим Эрон. Яке аз нусхахои «Сарех-ул-мулк»-хои музеи миллии Эрон, ки дар ин чо мавриди баррасй карор мегирад, дорой шумораи 3719 аст. Ин нусха ба дастури шох Тахмосб тавассути Абдибек дар соли 1547 гирдоварй ва таълиф шудааст.

Абъоди он 31/7 х 19/5 сантиметр мебошад ва дорой 393 сахифа аст. Матн ба хатти насх ва настаълик, буда, баъзе аз иборатхо ва унвонхо ба ранги шангарф аст. Дорой дилди тимоди кахвай аст, ки руи он бо нукуши гиёхй, хайвонй ва паррандаи дарунитаранд тазйин шудааст. Дар сафхаи оеози нн китоб вакфномаи маъруфи шох Аббос вудуд до-рад. Дар болон сафхаи аввали китоб мухри шох Тахмосб мавдуд аст.

Дар сафхоти 14-16 Абдибек дар мавриди замон ва иллати тадвини китоб ва чигунагии танзими аснод ба тафсил шарх додааст (3,343-345). Хдмчунин у бахше аз сафхоти ofo3 ин китобро ба тавсифи бинохо ва иморотхои остонаи шайх Сафй ихтисос додааст. Ин тавсиф дар колаби назм ва наср аст (2,902).

Баррасии нусхаи муаррифишуда. Бо баррасии нусхаи мазкур аз назари замони тадвини китоб метавон онро дар ду бахш мавриди мутолиа карор дод: а) замони шох Тахмосб, б) пас аз замони шох Тахмосб (эхтимолан шох Аббос).

а) Замони шох Тахмосб. Кисмати умдаи китоб дар замони шох Тахмосб ва тавассути Абдибек тахия ва танзим шудааст. Бар асоси шархи Абдибек ва он чй дар ин нусха вудуд дорад, асноди амлоки мутааллик ба остонаи шайх Сафй ба ин тартиб танзим шудааст:

1. «Хдрфиаввал», аснод ва каболаи амлокеро, ки Абдибек дидааст. Абдибек ин бахшро «харфи аввал» номидааст. У ибтидо ба зикри асноди амлокй мепардозад, ки дар Ардабил вудуд доранд ва сипас асноди амлокеро, ки дар хорид аз Ардабил мебошанд, шарх медихад. Дар ин кисмат хамчунин у ба шархи асноде мепардозад, ки сшш вакф дошта, дар дафтари остона ва тумори девони аъло сабт нашуда будаанд.

2. «Хдрфи сонй», аснод ва каболаи амлокиро, ки ба сабт расида буданд. Абдибек ин кисматро низ «харфи сонй» меномад ва дар он ба зикри асноди амлокй мепардозад, ки надидааст, вале сабт шудаанд. Хдмчунин аснодеро, ки сшаи вакф надоштаанд ва сабт шуда буданд, дар ин бахш овардааст.

3. Аснод ва каболаи амлокй ба исми фарзандони шайх Сафиаддин. Дар ин бахш ба зикри асноде мепардозад, ки ба исми фарзандони шайх Сафиаддин, ба вижа шайх Садриддин, мебошад. Ин аснод сигаи вакф надошта ва ба сабт расида буданд. Х,амчунин асноде, ки ба исми фарзандони шайх Сафиаддин буда ва ворисй надоштаанд, дар ин кисмат шарх дода шудааст. У ибтидо ба зикри асноди амлоке, ки дар Ардабил вокеъ шудаанд, пардохта ва сипас асноди амлокеро, ки дар

— ~ НОМАИ донишгох

гайр аз Ардабил воксь шудаанд, овардааст.

4. Асноди сабтшуда дар тумор. Дар сафхаи 369 китоб Абдибек шархеро ироиа медихад, ки бо унвони «радифи хотима» огоз мешавад. Дар он до у аз тумори фарсудае ёд мекунад, ки аксари асомй дар он аз байн рафта ва баъзеро амдан аз байн бурдаанд. Абдибек бо баррасии ин тумор ба аснод ва каболахое даст ёфт, ки вакфи хонадони шайх Сафй будааст, вале фокиди номи вакфкунанда мебошанд. У дар китоб бахшеро ба ин аснод ихтисос додааст. Дар ин аснод кисматхое аз байн рафтааст. У ин кисматхоро сафед гузошта ё бо калами кирмиз «баёз» навиштааст ва асноде, ки такрорй буданд, даври онхо хатти доирашакл кашидааст. Дар поёни ин кисмат Абдибек дар матни кутохи форсй итмоми нигориши китобро бидуни кайди таърих эълом медорад.

5. Асноди шох Исмоил. Абдибек хамон гуна, ки дар огози китоб ишора карда аст, асноди вакфиёти марбут ба шох Исмоилро дудогона овардааст. У пас аз поёни бахши марбут ба асноди мавдуд дар тумор кисмати баъд аз онро ба ин мавзуъ ихтисос додааст:

б) Пас аз замони шох Тахмосб (эхтимолан шох Аббос). Дар сафхоти поёнии китоб тагаироте, ба вижа аз назари хат ва замони тахрир вудуд дорад ва фокиди таърихи нигоришу номи китоб аст. Ин бахш шомили ин аснод аст:

1. Асноди амлокй вакфии Казвнн. Пас аз итмоми бахши марбута ба шох Исмоил унвон шудааст, «ки каболот ва асноди баъд аз ин ба мутолиа расад» ва сипас асноди вакфи амлокии дар Казвин мутааллик ба шох Пошохоним ва Ахмадбеки Човшалу бо таърихи 1592 оварда шудааст.

2. Вакфномаи амир Темури Курагонй. Дар интихои китоб шархи комиле аз чигунагии дастёбии шох Аббос ба вакфномаи маъруфи амир Темури Курагонй аз даруни дарахте дар замони фатхи калъаи «Андхуд»-и Шибиргон дар Балх дар соли 1602 омадааст (1,421424) ва бо зикри вакфномаи амир Темури Курагонй, ки дар соли 1403 танзим шудааст, китоб хотима меёбад (1,16).

Ба назар мерасад нусхаи муаррифишуда кадимтарин нусхаи мавдуд аз «Сарех-ул-мулк»-хои букъаи шайх Сафй аст. Хдрчанд, ки дар матни китоб зимни баррасии асноди мухталиф мукарраран ба нусхаи фарсуда ва кадиме бо таърихи 1343 ишора шудааст.

Хдмон гуна ки зикр шуд, нусхаи мавриди бахс дар соли 1567 тавассути Абдибек танзим шудааст. Ба назар мерасад ин замони

ofo3h тадвини он бошад, зеро дар поёни бахше, ки ба шархи асноди амлоки фарзандони шайх Сафиаддин мепардозад, кайд мекунад, ки ин кисматро дар соли 1569 ба поён расондааст ва сипас ба бахшхои дигар мепардозад. Дар интихо зимни эъломи поёни китоб таърихи онро зикр намекунад. Бо муруре ба зиндагиномаи Абдибек метавон таърихи эхтимолии поёни китобро ёфт.

Абдибек дар соли 1566 аз корхои девонй канора гирифт ва то соли 1572 дар Ардабил умр ба cap бурд. У дар таи ин солхо илова бар китоби «Сарех-ул-мулк» китоби «Такмилат-ул-ахбор»-ро (1570) ба поён расонд. У барои муддати кутохе ба Казвин рафта сипас ба Ардабел бозгашт ва то поёни умр (1580) дар он чо монд (4,240).

Дар натича замони поёни китобро (бахше, ки тавассути Абдибек навишта шудааст) метавон дар таи солхои 1569-1580 ва ба эхтимоли зиёд хамзамон бо поёни китоби «Такмилат-ул-ахбор» (1580) донист.

Баррасии хошиянависихои китоб нишон медихад он дар солхои мухталиф, ба вижа аз соли 1591 ба баъд, борхо мавриди баррасй ва тачдиди назар карор гирифтааст.

Дар ду сафхаи ибтидои китоб ёддоштхое вучуд доранд, ки сихатии нусхаро таъйид менамояд. Дар бархе аз онхо теъдоди варакхои навишта ва нонавишта кайд шудааст ва хамаи онхо мухр шудаанд. Яке аз онхо дорой таърихи 1697 ва дигаре дорой таърихи 1784 аст. Бакия фокиди таърих мебошанд.

Хулоса, мавориди зикршуда намоёнгари он аст, ки харчанд нигориши китоб ва баррасии асноди вакфии букъаи шайх Сафй тавассути Абдибек ofo3 гардидааст, вале пас аз у низ то солхои баъд ин кор тадовум ёфта ва тавассути котиби дигаре, ки барои мо ношинохта аст, нигориш шудааст. Х,оншянависихо низ далел аз он аст, ки асноди ин китоб дар таи солхо баъд аз Абдибек низ мавриди бознигарй карор гирифтааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Барои огохии бештар аз чигунагии фатхи калъа ручуъ шавад ба Искандарбеки Туркман. Таърихи оламорои Аббосй. -Техрон: Амири кабир, 1334

2. Абдибек илова бар анчоми умури девонй дар сурудани шеър ва нигориши осори таърихй дар колаби шеър шухрати бесазое доштааст ва метавон ба 4135 байт ишора карда, дар васфи шахри Казвин (пойтахти Сафавиён) ва бинохои таърихии он дар замони шох Тахмосб

- S~ 11 ОМ А И ДОМ И III г ox,

сурудааст. Ишрокй, Эхсон. Наккошихои Кохи чихилсутуни Казв*1 ва коххои дигари сафавй аз хилоли манзумаи Абдибеки Шерозй. Хунар ва мардум. Давраи 16, шумораи 182, Озар, 1356

3. Абдибек дар тули китоб чандин бор ба ин мавзуъ ишора кардааст ва таъкид дорад, ки аз асноди мавдуд дар хазонаи остона фехристе тахия карда, онро бо асноди сабтшуда дар дафтари остона ва тумори девони аъло мукобала кардааст. Сарех-ул-мулк. Микрофилми шумораи 1658 китобхонаи марказии донишгохи Техрон

4. Ч,аъфариён, Расул. Хукумати исломй. Дидгоххои сиёсии Абдибеки Шерозй дар бораи шох Тахмосб. Шумораи 16, тобистони 1379

Сведения о «Сарех-ул-мулк» на основе вукуфных документов М.Рахимфар

Ключевые слова: «Сарех-ул-мулк», вакф. Сефевиды. земельная собственность (амлок). участок земли (бук'а)

В статье рассматривается вопрос о существовании многочисленных списков «Сарех-ул-мулк»-а, содержащих вукуфные документы, и отмечается, что самым известным среди них является «Сарех-ул-мулк», принадлежащий шейху Сафиаддину, составленный в 1547 г. по велению шаха Тахмасба. Он хранится в национальном музее Ирана под номером 3719. Автор приводит описание вышеуказанного списка и его краткое содержание.

Information about "Sareh-ul-mulk " based on Vakf Documents M. Rahimfar

Key words: "Sareh-ul-mulk ", vakf, Sefevides, land property, (amlok), lanclplot (buk'a)

The article dwells on the existence of a great number of lists of'Sareh-ul-nudk" which Vakf documents contain, and notes that the most famous among them there is "Sareh-ul-nudk" belonging to Sheikh Safiaddin composed in 1547 according to the order of Shah Tahmasb. It is kept at the National Museum of Iran under number 3719. The article adduces the description of the list in question and its brief contents.

)

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.