УДК 9 (с53) ш. СА ФАРОВ
Б-92
ББК63.3 (2т)
ТAЪЛИМ BA ИНКИПЮФИ БOЗЩO ДAР ДABРAИ ДABЛAТДOРИИ
ТОТОНИЁН
Системаи давлатдории Сосониён, кyдрати 6узурги шо^, мyраккабии даст-гохи давлатй, вобастагй ба анъанахои дерини мардyм, шабакаи иртибот ва гайра замону шабохати шохони хахоманиширо нисбат ба зимомдории хуку-мати ашконй бештар ба ёд меовард. Дар ин давра тарбияи бадан-варзиш дар чои аввал меистад. Дар замони Шопур мактаби диловарй, майорат ва истеъ-доди чангй амал мекард. Х,ар чанговар аз таълими шамшерзанй, найзазанй, гурззанй, камандпартой, камонварй, аспсаворй мегузашт. Дар байни чангова-рони артиш мусобикахои бозуй, дастхобонй, сангпартой, найзапартой, фалах-мон, шамшерзанй, камандпартой, гуштингирй, дар болои асп муборизаи даст ба гиребон гузаронида мешуд. Бо ду даст шамшер задан ва дар хамин холат аз гурз истифода кардан аз шартхои мурими пахлавонй буд [7].
Бозихои миллй дар даврони Анушервони Одил (531-579) рушди нав ёфт. Онхое, ки дар мусобикахо голиб меомаданд, аз тарафи шоханшох бо мукофотхо кадр мегардиданд. Давраи шохигарии Хусрави I Анушервон анкариб 48 сол буд. Дар ин давра шох ба тамоми чанбахои хаёт, касбу машгулиятхо диккати хоса зохир мекард. Бузургмехр, ки бевосита мураббии у буд, ба ахли илм, варзишгарон, пахлавонони хоси шохй эътибори чиддй медод[2].
Бузургмехри доно натанхо бозихои руимизиро ёфт, балки дар баробари шатранч y бозии нардро ихтироъ кард.
Дар давраи шоханшохии Хусрави Анушервон ба бозии шатранч диккати махсус дода мешуд. Худи шох аз илми шатранч дарак ёфта, бозии онро дар каламраваш чорй кард. Бозихои варзишии гуштингирй, камонварй, шиноварй, аспсаворй, шамшеру найзазанй, бардоштани вазна ва дигар мусобикахои харб ривоч дода шуда, мактабхои таълимй амал мекард. Шохон ва хокимони давр, дар баробари таълими илму адаб, фарзандони худро дар назди пахлавонон, шамшерзанон, камонварон ва онхое, ки аз илми варзиш, алалхусус шохмот, бархурдор буданд, шогирд мемонданд[2].
Сулолаи Сосониён сари хокимият кариб 400 сол буданд. Таваччухи Ардашер ба таърих, фарханг, истеъдоди баланди суханронй, фазилатмандию хунарофаринии ниёгонаш нихоят зиёд будааст. Вай дастур медихад, ки он чй дар ин сохахо барчо будаанд, аз нав такмил диханд, чамъоварй кунанд, дар домани куххо, девори касрхо, осори меъморй, руи зарфу сангхо сабт намоянд. Дар ин маънй ривочи бозихои миллй махсус таъкид карда мешавад. Баъди Ардашер 25 нафар шохони сосонй хокимият ронда, ба ахли варзиш: пахла-
вонон, аспсаворхо, шамшерзанон, найзаандозон, камонварон, шиноварон (гаввосон), камандандозон, вазнбардорон ва гайра диккати махсус медоданд. Мактаби таълимии онро назди устодон асрхо нигох доштаанд[7].
Бо кушиши кисме аз хукуматдорони Сосонй сохтани «парадиз»-коргохи варзишй, маданй, таълимию омузишй, бемористонхо, ёдгорихои меъморй сурат мегирад. Масалан, бо дастури Фирузи Шахриёр (459-283) калонтарин таълим-гох сохтаанд ва дар он зиёда аз 800 нафар донишчу таълим мегирифтанд. Дигар аз донишгоххои калонтарин дар Рахо бино шуда буд ва дар ин таълимгох баробари донишмандони махаллй олимони кишвархои хамсоя ба мисли Оксиоси Ромй, Барсума Нарсаз, Иброхими Модй ва дигарон аз фанхои фалса-фа, фалакиёт, тиб, механика, физика, илми шеър ва мусикй дарс мегуфтанд [6].
Мавкеи ромишгарон, ширинкорон, раккосону коргузорони хунархои зебо, пахлавонй дар системаи давлатдорй дар чои махсус меистод. Дар донишгохи Чундишопур хунармандони бузурге мисли Борбад, Саркаш, Саркаб, Ромтин, Озодвори Чангй, Гесуи Навогар, Бомшод ва дигарон аз санъати навозандагй, сарояндагй, раккосй дарс мегуфтанд. Аз тасвироти деворанигораву руи зарфхо, баъзе маъхазхои таърихй пайдост, ки бозихо, ширинкорихо, раксхо, базлагуй мавкеи хоса касб карда, дар ин тасвирот сахнахои хунармандони дастахои гуногун: пахлавонон, аспсаворхо, шамшерзанон, найзаандозхо, ромишгарон, раккосон, гуруххои калони навозандагони созхои торй, тории захмй, камонй, нафасй ва лахзахои чашнороии ниёгонамон дар ихотаи ахли шеъру мусикй акс ёфтаанд[6].
Таърихнависи араб Абуусмон ибни Ч,охиз (775-868) дар асари худ «Китоб-ут-точ», Абулфарачи Исфахонй (897-967) дар асараш «Китоб-ул-огонй» («Китоби сурудхо»), Абумансури Саъолабии Нишопурй (961-1038) дар «Гурар-ул-ахбор фй-мулук-ил-Фурс» бо эътимод ба ахбори манбаъхои пахлавии «Хусрави ^убодон», «Андарзи Хусрави ^убодон», «Фарханги пахлавй», китоб-хои «Худойномак», «Гохномак», «Оинномак», «Мачмаъ-ут-таворих ва-л-ки-сас»-и Х,амзаи Исфахонй, «Таърих-ул-хукамо»-и Шахрузй ва чандин асархои дигар таъкид менамоянд, ки дар замони шохони сосонй бозихои миллй дар баробари санъати мусикй ва хунарй хеле рушд ёфта буд [7].
Шатранч бозии варзишй буда, он дар олами варзиш бо номи «Шохмот» бисёр серистеъмол аст. Дар кисмати ба хичо чудо кардан «шат(т)» аз калимаи арабй гирифта шуда, маънояш «канори дарё, сохили руди бузург», дар ифодаи «шатр» бо арабй «нимаи ягон чиз», «чузъ»,«пора», «каме», «баъзе», «чониб», «суй», «тараф», мачозан «чой» фахмида мешавад. Калимаи «Шатранг» маънои «шохмот» аст [5].
Дар «Фарханги тафсирии забони точикй» хам калимаи «шатранг»-шатранч ифода шудааст. «Ранг»-намуд, тарз, равиш, як навъ, як ранг ва чандин маъно-хои дигар медихад. Яъне, «Шатранч» шакли арабишудаи «шатранг» мебошад. Калимахои «Шатранчбоз»-шохмотбоз ва «шатранчй» низ хамон шохмотбоз аст. Дар ифодаи баъзехо онро «шахмот» мегуянд, ки маънй хамон «шохмот» гуфтан аст [5].
«Ранч»-мехнат, захмат, кор, амал, азоб, машаккат ва гайра мебошад [5]. Бозии «Шохмот», ки онро бозии «Шохон» низ мегуянд, дар хакикат мехнат, аклу шуури баланд, азоби рухй ва амалу коре мебошад, ки ду бозингар аз ду
тараф (сохил), агар тахтаи «шохмот» мачозан «дарё» бошад, ба бозй медароянд. Fолиб шахсе мешавад, ки роху равиши «шох»-ро дар тахтаи «Шохмот» махв мекунад. Ё худ садди рох мешаванд.
Бузургон гуфтаанд, ки миллате, ки «Авесто», «Шохнома», «Шашмаком», Борбад, Абуалй ибни Сино дорад, он миллат аз бозихои варзишй, фитрат, зехн ва хотираи нек бархурдор буда, сохиби нард, шатранч, мусикии волои борбадй, шашмаком ва гайра мебошад. Намунаи бисёр бозихои миллй дар чашнгирии Наврузи байналмилалии соли 2012 дар мисоли нохияхои минтакаи Kyхистони Бадахшон, вилоятхои Сугд, Хатлон ва шахру нохияхои тобеи чумхурй инъикоси худро ёфт.
Шохмот бозие аст, ки инсон барои фаъол шудани майнаи сар, истирохати баданй имконият медихад. Шохмотбозон шахсоне хастанд, ки дар вакти бозй тамоми вучуди худро ба бозй дода, алорагми вокеот ва кору бори атроф хушу ёди бозингарро танхо ба галаба ва танхо барои ба мурод расидан мекашад.
Дар бораи пайдоиши бозии шохмот фикру акидахои мухталиф бисёр аст. Аз руи баъзе ривоятхо гуё бозии «шатранч»-шохмот замони хукмронии Анушервони Одил дар Эрон аз тарафи вазири донои у Бузургмехр ихтироъ шудааст. Як идда муаррихон пайдоиши «шатранч»-ро ба мулки Х,инд пайваст мекунанд [6].
Дар кЖитоби ракамхо»-и А.Берунй аст, ки он холо дастрас нест, вале маонии он дар «Осор-ул-бокия» оид ба шатранч ва хисоби он омадааст, баръало нишон медихад, ки «шатранч» натанхо «бозй», балки «хисоб» аст. Ва мукаддимае, ки донистани он вочиб аст, ин аст, ки зиёд кардани чуфти чуфтро назар кунем, хар андоза, ки дур шавад, дорои нисбати квадрат хохад буд, вале агар ток бошад, як воситае бештар нахохад дошт. Ва яке аз ду тарафи хонаро, ки дар хам зарб кунем, бо зарби яке аз ду восита, дар дигаре мусовй хохад буд.
Ин як мукаддима бувад, ки донистани он, барои хар як шахси хисобкунанда, ба «шохмотбоз» вочиб аст [6].
Камонварй аз замони кадим, дар давраи ориёни бузург хеле машхурй дошт. Шохону асилзодагон, пахлавонхо, сайёдхо бо камонгулак ба сайёдй баромада гавазн, бузхои кухй, оху, гурхархо, харгуш мургони даштй, тазарв, кабк ва барои пусти зебояшон санчоб, паланг, хирс, рубох, мушхои обй, кундуз ва гайрахоро шикор мекарданд.
Камон - яроки кадимаи тирандозй, ки аз чуби хамидаи ду нугаш ба зех тарангбаста иборат аст. Pyстами дастон камони бузург ва бокуввате дошт, ки дар нуги тираш пайкон дошт. Пайкон кисмати тези найза ва тир аст, ки онхоро устохои пайконгар, яъне тирсоз, хадангсоз аз охан ва чубхои сахт месохтанд. Дар тирхои пайкондор инчунин барои паррондан ба зех ва дуруст чой гирифтанаш дар нуги охираш аз пари паррандагон пархоро мечаспонданд, то ки тир дуруст чой гирифта, нишон бехато зада шавад.
Дар «Бурхони котеъ» оварда шудааст: «Туз-пусти дарахти хаданг аст, ки камонхо ва сипархоро бад-он мепушиданд ва он пустро «туз» меномиданд». Ибни Надим ном олим дар боби анвои когаз гуяд [8]. «Барои он ки навишта човидон бимонад, дар руи туз, ки камонакхоро бад-он пушанд, чиз
MeHaBHmTaHg. Ba a3 HaxH oh nopnae Me6o$TaHg, kh «Ty3H» xoHga MemygaacT». Ba oh a3 .m6ocxoH to6hctohh 6ygaacT, MOHaHgH KaTOH. ^ap «a^-Myt^aM» OMagaacr: nupo^aHaM a3 xyHu o6u duda,
HyH mysu KaMOH acmy MaH KaMOHaM[8].
Arap 6a hh mapxH TatpHxH, kh ojhm A.^eBOHaK,y^OB gap khto6h «AcpopH homxoh KHmBap» OBapgaacT, TaKa KyHeM, MapgyMH HMpy3aH hox,hhh fflaxpHTy3, kh My^KH Ky6ogHeH Ha3gHKH oh ^oct, MapgyMH KaMOHBap, KaMOHTanepKyH Ba KaMOH3aHH moxhp 6ygaaHg. A3 MaMyMOTH ^apxaHrH Ba TatpHxH nyHHH xaKHKaT paBmaH MemaBag, kh «Ty3» xaMnyH homh maxp, MaB3et a3 KagHMy^aneM By^yg gomTa, gap axgH Ky6og 6ygaacT. Ba hh «Ty3» 6a H^ogaH «HaMaKH»-H y36eKH xe^ ryHa Kapo6aTH MatHaBH Hagopag[3].
^ap aga6HeTH KagHM, a3 ^yM^a «ffl0xH0Ma»-H A.®HpgaBcH, OHgH KaMOHgopH
Ba KaMOHBapHH 3aH0H mapxy mhco^xoh 3Heg OMagaacT, kh 3aH0HH opHeH KaM0HBap0HH 3a6apgacT 6ygaHg. HaMyHaH ohpo MeTaBOH gap cyxeTH khho^hjmh 6ageHH «Cyxpo6 Ba PycTaM» OHgH My6opH3aH r ypgo^apHg 60 Cyxpo6 gHg. 3aH0HH KaMOHBapH Cyrgy Эpон xaHroMH ^aHrxoH magHg 6a MyKo6H.m apa6xo Ba mhohhxo 60 KaMOH THp MenapoHgaHg. fflox 3appHHaH cyrgH KaMOHBapH 6exaMT0 6yg. nax^aBOHgyxTap EypoHgyxT (gyxTapH Aopo) 60 gymMaHH xyg - HcKaHgapH MaKgyHH 60 KaMOH, Hafea Ba maMmep Me^aHrag [1].
HaBHcaHgaH 3a6apgacTH to^hk C.Ahhk gap khto6h «KaxpaMOHH xa^KH to^hk TeMypMa^HK» gap 6opaH KaMOHH TeMypMa^HK MeHaBHcag: «KaMOHH ^aHrH apoKe 6yg, kh Ban 6a maKjH hhm goHp a3 pary nam xaHBOHOT MecoxTaHg. 3exH KaMOHro^aKxoH oggH a3 pyga, a3 KaMOHH ^aHrH a3 nycTH rapgaHH roB a3 xom Tanep Memyg» [1]. TeMypMa^HK ^oe TaBcH^H KaMOHH xyg Kapga Meryag: «-KaMOHH Mapo xe^ Kac KamHga HaMeTaBOHag. ^aHroBape, kh caxTTapHH KaMOHxopo KamHga TaBOHag, «K0gHpaHg03» Ba THpam xaTO Haxypag «KagapaHg03» acT [1].
XygH TeMypMa^HK a3 KaM0HBap0He 6yg, kh Tat^HMH xap6H Ba Bap3HmH gHga, 6a gapa^aH «KogHpaHgo3» Ba «KagapaHgo3» pacHga 6yg. Thpxoh hh KaMOHxopo a3 ny6H gyK e 3apaHr Ba e ny6H xagaHr MecoxTaHg, kh TaxMHH HHMopmHH 6ygaHg. A3 ny6H ra3 HH3 THpxo coxTa Memyg, kh ra3 HH3 ny6H caxTy 6oKyBBaT acT.
Eo MypypH 3aM0H KaMOHxoH ^aHrH Ba Bap3HmH a3 pyH coxt Ba KyBBaT-H0KHam0H Tarmp e$Ta, gap 3aM0HH ocoHmTa oh 6a KaMOHBapHH Bap3Hm xe^e MyBO^HK KyHOHHga mygaacT. KaMOHBapH 6a 603HH 6aHHa^MH^a^H Ba to O^HMnHa-ga pox e^TaacT, kh HaKmH to^hkoh gap oh hh3 xacT. Ea KaMOHBapH gap KaTopH MapgoH, 3aH0Hy gyxTapoHH Bap3Hmrap myraH Kac6 gopaHg, kh a3 ohxo neMnHOH-xoh ^yMxypHaBH, ^axoHH Ba oiHMnn 6a Boa pacHgaaHg.
KaMOHBapgyxTapH to^hk, neMnHOHH ^axoH, OMMnmH 3e6yHHcco PycTaMOBa gap hh coxaH Bap3Hm 15 KapaT neMnHOHH HTTHxogH fflypaBH, 20 KapaT peKopgcMeHKaH ABpyno, HTTHxogH fflypaBH Ba To^hkhctoh, ro.m6H Myco6HKaxoH caTxamoH ryHoryH Me6omag. fl,ap hh 6o3hh maBKOBap 6atgTap xoxapH 3e6yHHcco - HypHHHcco PycTaMOBa, raBxap ny^ogoBa Ba naHge gHrap Bap3Hmrap0HH HOMBap gap ^axoH Ba ^yMxyp hom 6apoBapga, homh To^hkhctohpo Mamxyp KapgaHg. ,0,acTaH KaM0HBap0HH ^yMxypH py3x0H 25-30 hm^h co^h 2008 gap K^okhctoh KaxpaMOHH Myco6HKaH 6aHHa^MH^a^H ramTaHg. ^,ap o^HMnHagaH maxpH neKHH KaM0HBap0HH ^yMxypH A^6HHa KaMO^HggHHOBa Ba CepreH Ea6HK0B HmTHpoK gomTaHg.
Камонвардухтари точик Наргис Набиева дар чемпионати 14-умини Бозихои Осиё дар Бусан байни 64 нафар варзишгарони чахон (2002) иштирок кард. Х,арчанд муваффакиятхои у ин чо камтар буд, вале иштирок ва намояндагии духтари точике, ки аз мунокишахои дохили кишвар нав халос хурда буд, худро ва миллаташро дар Афина муаррифй кард.
Бозии шиновари (оббозй) чун дигар намудхои варзиш барои мардуми точик, яке аз санъату махорати баланди мардонагй, часорат ва амали оббур ё худ шинокунанда мебошад. Дар «Фарханги забони точикй» калимаи «шино» ба маънои ободонй, оббурй, шиноварй оварда шудааст. «Шино» инчунин маънои харакат, пеш рафтан, дар руи об бо даст ва пой харакат намудан ва ин амалро пуштонакй чун «делфинхо» ру-руи об шино карданро медихад[5].
«Шиновар»-шахси шинокунанда, оббоз, оне, ки обро «оббурй» карда, аз як тарафи сохил ба тарафи дигари сохили дарё мегузарад. Дар байни халк «шиновар»-хоро ба маънои «оббоз» - шахсе, ки дар ин хунар дасту дилу гурдаи кавй дорад, мешиносанд ва ба у бахои «оббози мохир» медиханд.
«Оббоз» инчунин ба маънои «шинор» низ шинохта мешавад. «Шинор»-шиноварй, обдонй, обварзй низ маъно медихад [5].
Ба ин хунари «шиноварй» аз ахди кадим диккати зарурй дода мешуд. Дар давраи подшохй ва давлатдории Каёниён, Ашкониён, Сосониён, Сомониён, Газна-виён, Темуриён ва г. як гурух одамони махсус армияи оббоз буд, ки дар юришхои харбй барои аз об гузаронидани нерухои харбй ба воситаи саноч (халтаи чармини бо хаво пур, ки барои аз дарё гузаштан истифода шавад) ё худ якчанд саночро ба хам баста дар болои он чубу тахта мебанданд, ки барои гузаронидани ярокхои чангй, аспу гардунхо (ароба), манчаникхо хизмат мекарданд.
Шохони кадим оббозхои махсус доштанд, ки онхо аз каъри дарё дурру гухар (сангхои киматбахо) чинда, ба хазинаи подшохй даромад меоварданд. Шиноварони таълимдида (албатта, хар кас бе мураббй устод намешавад) барои таълим додани дигарон дар назди шохигарй ва хилофат дар хизмат буданд. Мусобикахои варзишй дар ин ахдхо, пеш аз хама барои хотири дарёфти сангхои киматбахо аз каъри дарё ташкил мешуд. Дар ахди Сулаймони пайгамбар (а) шиноварон аз деву парихо буданд. Зиндони онхо дар каъри дарё буд, ки бо шарофати «исми аъзам» девхо дар банд буданд [6].
Шиноварй кори осон ва дар айни замон бисёр мушкил аст. Шиновар пеш аз хама солиму бардам бошад, аз назорати духтурон гузашта, рухсати оббозй карданро дошта бошад. Обхои дарёхо дар хар фасли сол тагйири чараён дошта, аксар вакт хунук аст. Масалан, дар оби дарёхои Вахш, Панч, Варзоб, Кофар-нихон, Хингов ва г. оббозй кардан мушкил аст, зеро оби ин дарёхо, ки аз барфу яххо сарчашма дорад, барои оббозони навмашк, касалманд хавфнок аст.
Ватани ташаккулёбии точикон ба маънои васеаш аз Ирок то марзи Чин ва Хоразм то водии Синдро дарбар мегирад. Ба мафхуми кучак халки точик дар рустохо ва вилоятхои зерин Точикзамини Шаркй (Хурсони бузург), Хуросони кунунй ва Систони Эрон, Афгонистон, Точикистон, Туркманистон, Узбакистон, вилоятхои Чимкенту Чдмбули ^азокистон, Уши ^иргизистон ва музофоти Синзяни Чин ва г. дохил мешуданд. Даврони ташаккулёбй асрхои 1-1Х мило-диро дарбар мегирад. Дар асри IX ин раванд ба охир мерасад. Асрхои Х-ХП
давраи гул-гулшукуфии тамаддуну фарханги точикон дар хамаи сохахо - илму адаб, шеъру шоирй, санъати меъморй, кишоварзию савдо, хунармандй, вар-зишй, сиёсату давлатдорй буд.
Калидвожа^о: mаълим ва инкишофи бозиуо, бозиуои варзишй дар ауди Соcониён,
ширандозй, найзапаpmой, бозии шоумоm дар ауди Соcониён, бозщои миллй дар Тоцикиcmон
Пайнавишт:
1.Айнй, С. Дар бораи Фирдавт ва «Шоунома»-и у / С. Айнй. Kуллиёm цилди 1. Душанбе, 1966.
2. Туpcунзод, Акбар. Эуёи Ацам /А. Туpcунзод. -Душанбе:Ирфон, 1984. -205c.
3.Гадозода, А. Ориён рушангари Шарк / А. Гадозода. -Душанбе: Маориф ва маданияm, 2006.
4.Гафуров, Б.Г. И^ория mаджикcкого народа/Б.Г. Гафуров. -Т.1. Мо^ва,1964.
5.Фаруанги mафcиpии забони mоцикй дар ду муцаллад. - Душанбе, 2010.
6.Xазpаmкулов, М. Эъшикоду анъанауои бо^онии Ацам. М. Xазpаmкулов. -Душанбе: Ирфон,1986.
7.Xазpаmкулов, Мууаммадкул. Ориёуо ва mамаддуни ориёй / М. Xазpаmкулов. -Душанбе, 2006, 578c.
8. Муъминцонов, Хамдам Турон - гаувораи mамаддуни ориёй / X Муъминцонов. -Душанбе, 2004, 298c.
9.Шукурзода, Мирзо. Тоцикон дар каламрави Ориёно. М. Шукурзода. -Душанбе: Девашmич, 2009, 478c
10. Раумон, Эмомалй. Тоцикон дар оинаи mаъpих / Э. Раумон. - Лондон, 1999.
Reference Literature
1. Aini, S. About “Firdawsi” and his “Shakh-Name”. Collection of works. V.1. -Dushanbe, 1966.
2. Tursunzod, Akbar. “Adjam Renaissance ”. -Dushanbe: Irfon, 1984. -205pp.
3. Gadozoda, A. Aryas - Enlighteners of the Orient. -Dushanbe: Education and Culture, 2006.
4. Gafurov, B.G. History of the Tajik Nation. V.1. -M., 1964.
5. Interprattion Dictionary of the Tajik Language. Parts 1, -Dushanbe, 2010
6. Khazratkulov, M. Religion and Traditions of Ancient Adjam. -Dushanbe: Irfon, 1986.
7. Khazratkulov, Makhammadkul. Aryas and Arian Civilization. -Dushanbe, 2006, 578pp.
8. Maminjohnov, Mukhammadkul. Turan as a Cradle of Aryan Civilization. -Dushanbe, 2004, 298 pp.
9. Shukarzoda, Mirzo. Tajiks in Aryan Space. -Dushanbe: Devashtich, 2009, 478pp.
10. Rakhmon, Emomali. Tajiks in the Mirror of History. -London, 1999.
Обучение спортивным играм и физическое развитие молодёжи в эпоху правления
Сасанидов
Ключевые слова: спортивные игры в период правления Сасанидов, стрельба из лука, метание копья, игры в шахматы при Сасанидов, национальные спортивные игры в Таджикистане
Целью статьи является исследование разновидностей спортивных игр и методика обучения им в эпоху Сасанидов. По мнению автора, система управления государством, личностные качества правителя, опора государства на народные традиции, система
связи при Сасанидах больше напоминают систему правления Ахеменидов, чем Ашканидов. В годы правления падишаха Шопура существовали специальные школы, воспитывавшие в юношах отвагу и прививавшие им воинский дух. Воспитанников обучали фехтованию, метанию копья и палицы, набрасыванию аркана, стрельбе из лука, верховой езде. Бойцы состязались в рукопашном бое, метании копья и камней, умении пользоваться пращой, фехтовании на саблях, борьбе, в приёмах рукопашного боя верхом на коне, умении пользоваться палицей, которая считалась истинным оружием витязей. Таким образом, в изучаемую эпоху физкультура и спорт занимали видное место в жизни общества. Автор приходит к выводу, что современные традиции воспитания и подготовки спортсменов в Республике Таджикистан имеют глубокие исторические корни, заложенные в древние эпохи.
Tiution to Sports Games and Physical Development of Youth in the Epoch of Sasanides'
Governance
Key words: tuition to games and their development, sports games in the period of governance, bow shooting, spear darting, chess-plays under the Sasanides, national sports games in Tajikistan
The goal of the article is a discovery of the variants of sports games and methods of their teaching in the epoch of the Sasanides. In the author's opinion, the system of state ruling, personal qualities of a governor, state leaning on people's traditions, the system of communication under the Sasanides resemble more that one that existed under the Akhemenides than under the Ashkanides. In the years of padishah Shopur 's ruling there existed special schools which imbued young men with valiance and war spirit. Nurslings were taught spear fencing, darting, bow shooting, riding. Warriors competed in hand wrestle and other examples of battle art; it is patent that in the epoch under consideration physical culture and sports were of great importance in the life of society. The author comes to the conclusion than modern traditions of sportsmen's rearing in Tajikistan are traced back to the historic roots laid in ancient epochs.
Роцеъ ба муаллиф:
Сафаров Шоди, номзади илмуои педагоги, дотсент, ректори Донишкадаи давлатии тарбияи цисмонии ба номи С. Рауимов (Цумуурии Тоцикистон, ш. Душанбе), e-mail: [email protected]
Сведения об авторе:
Сафаров Шоди, кандидат педагогических наук, доцент, ректор Государственного института физкультуры им. С. Рахимова (Республика Таджикистан, г. Душанбе), e-mail: [email protected]
Information about the author:
Safarov Shodi, Candidate of Pedagogical Sciences, Associate Professor, President of the State Institute of Physical Culture named after S. Rakhimov (Tajikistan Republic, Dushanbe), e-mail: [email protected]