07.00.10.ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА О7.ОО.1О.ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10. HISTORY OF SCIENCE AND TECNOLOGY
УДК531
ББК22.2
БАЪЗЕЦАЙДХ^О Шамсидинов Мумин Иномцонович, номзади илмуои ДОИР БА ИНКИШОФИ физикаю математика, дотсенти кафедраи физикаи ИЛМУОИ ФИЗИКА ВА умуми ва цисм^ои сахт, декани факултети физикаю МАТЕМАТИКА ДАР ОСИЁИ техникаи МДТ "ДДХба номи акад. Б£афуров" МИЁНАИАСРИМИЁНАГЙ (Тоцикистон, Хуцанд)
НЕКОТОРЫЕ Шамсиддинов Мумин Иномджонович, кандидат
РАЗМЫШЛЕНИЯ О РАЗВИТИИ физико-математических наук, доцент кафедры общей
ФИЗИКО-МАТЕМАТИЧЕСКИХ физики и твердого тела, декан физико-технического
НАУК В СРЕДНЕВЕКОВОЙ факультета ГОУ «ХГУ им. Б.Гафуров»
СРЕДНЕЙ АЗИИ (Таджикистан, Худжанд)
CERTAIN REFLECTIONS ON Shamsidinov Mumin Inomjonovich, candidate of physical THE DEVELOPMENT OF and mathematical sciences, Associate Professor of the PHYSICAL AND MATHEMATICAL department of general physics and solid state, dean of the SCIENCES IN MEDIEVAL Physics and Technology Faculty under the SEI «KhSU CENTRAL ASIA named after acad. B. Gafurov» (Tajikistan, Khujand), E-mail: shamsidinov58@mail.ru
Вожа^ои калидй: таърихи илм, математика, нуцум, физика, гармй, рушной, Ибни Сино, Абурайуони Берунй
Мацола ба таулили рушди илмуои физика ва математика ба давраи асримиёнагии Осиёи Миёна (асруои XIII-XVI) бахшида шудааст. Муаллиф дар заминаи сарчашмауои аввалия кушиш намудааст, ки рушди ин илмуоро дар он замон инъикос намоянд.Цайд мешавад, ки ташаккули илмуои риёзиву физикии Осиёи Миёнаро ба се давра тацсим намудан мумкин аст. Вижагщои маруилауои рушди улуми риёзиву табииёт таулил карда, сауми олимони форсу тоцик дар тауаввули донишуои риёзиву физики мвриди баррасй царор гирифтааст. Хулоса мешавад, ки кашфиёту асаруои олимони асруои миёнаи Осиёи Миёна Насриддини Тусй, Мирзо Улугбек, Fиёсуддини Кошонй ва дигарон барои ташаккул ва рушди улуми риёзй ва табииёт ва умуман илму фаруанги умумибашарй таъсири назаррас доштаанд.
Ключевые слова: история науки, математика, астрономия, физика, тепло, свет, Ибн Сина, Абу Рейхан Бируни
Статья посвящена анализу развития физических и математических наук в средневековой Средней Азии (XIII-XVI вв.). Авторы предпринимают попытку отобразить развитие этих наук в ту эпоху на основе первоисточников, творчества средневековых ученых. Отмечено, что становление математических и физических наук Центральной Азии можно разделить на три периода. Рассматривается вклад персидских и таджикских ученых в эволюцию математических и физических знаний, чему способствовало изучение особенностей этапов развития математических и естественных наук. Делается вывод о том, что открытия и труды средневековых ученых Средней Азии, таких как Насриддин Туси, Мирзо Улугбек, Гийосуддин Кошани и др., оказали самое плодотворное влияние на формирование и развитие средневековой «науки о природе» и науки и культуры в целом.
Key words: history of science, mathematics, astronomy, physics, heat, light, Ibn Sina, Abu Reyhan Biruni
The article dwells on an analysis beset with the development of physical and mathematical sciences in medieval Central Asia (referring to the XIII-th - the XVI-th centuries). Designing on the premise of primary sources the authors of the article make an endeavor to reflect the development of the relevant sciences in the Epoch explored. It is underscored that the formation of mathematical and physical sciences in Central Asia can be divided into three periods. Having analyzed the peculiarities of the stages towards development of mathematical and natural sciences, they consider Persian-Tajik scientistsл contribution into evolution of mathematical and physical knowledge. In a nutshell, the authors of the article come to the conclusion the following medieval scientistsл discoveries and works of
Central Asia, they were: Nasriddin Tusi, Mirzo Ulugbek, Ghiyosuddin Koshani and others had the most fruitful influence on the formation and development of the medieval "science of nature " and science and culture, on the whole.
Чднбаи таърихии инкишофи иктисодиёт, илму фарханги Мовароуннахр ва Хуросон (асрхои XIII-XV) аз чониби шаркшиносон ва муаррихони илм В.В.Бартолд, Г.Зутер, A.A.Сейдо, С.Закй, Ф.Вебке, Э.В.Нобл, И. Муминов, А.Семенов, БА.Ахмедов, А.Ю.Якубовский, А.Н. Баховаддинов, Г.Д.Мамедбейли, Т.КДори-Ниёзов, Г.Собиров ва дигарон омухта шудааст.
Дар ин давра намояндагони мактаби илмии Марога (асри XIII) ат-Тусй, ал-Казвинй, ал-Масъудй, ал-Багдодй, аш-Шерозй, ан-Нишопурй ва намояндагони мактаби илмии Самарканд (асрхои XIV-XV) - Козизодаи Румй, Чдмшеди Кошонй, Алй Кушчии Самаркандй ва дигарон дар рушди илмхои физика, математика ва нучум сахми назаррас гузоштаанд.
Тахлили корхои олимони асрхои VIII-XVI (8) имкон медихад, ки се давраи инкишофи илми Шарки исломиро муайян намоем. Ба давраи якум (солхои 750-900) фаъолияти тарчумонй, фаро гирифтани мероси илмии юнонихо ва халкхои Х^инд хос мебошад. Давраи дувум (солхои 900-1275) мувофики акидаи Г. Зутер ба ду зердавра таксим мешавад: а) солхои 900 - 1100; б) солхои 1200 - 1275. Дар зердавраи якум илм дар дарбори хилофати араб, Сомониён, Fазнавиён, Фотимиёни Миср ва туркхои Салчукй рушд меёбад. Дар ин зердавра олимон аллакай дастовардхои илмии худро доштанд. Зердавраи дувум (солхои 1200-1275) бо расадхонаи Марога ва фаъолияти илмии Насириддини Тусй алокаманд аст (8).
Давраи сеюм солхои 1275-1600-ум дар бар гирифта, асосан бо мактаби илмии Самарканд вобаста мебошад. Мархалаи рушди мактаби илмии Марога бо фаъолияти Насириддин Тусй, муаллифи асархои сершумор оид ба математика, нучум ва физика алокаманд мебошад. У ба расадхонаи Марога, ки худаш таъсис дода буд, рохбарй мекард ва сарвари мактаби пурсамар ва бонуфузи илмии асри XIII буд (6). Асархои Насириддини Тусй ба масъалахои гуногуни рушди илмхои табий ва гуманитарй, инчунин фалсафа, сиёсат ва дин бахшида шудаанд. Дар баробари масъалахои илми нучум у ба муаммохои марбут ба рушди илми физика низ таваччух зохир намуда, аз чумла, асархои зеринро таълиф кардааст: «Дар бораи гармй ва хунукй», «Дар бораи инъикос ва тагйирёбй», «Дар бораи сангхои киматбахо», «Дар бораи афканишоти рангинкамон» ва f. Дар он давра омузиши ин падидахо ахамияти хос пайдо карда буд, ки сарчашмааш аз рисолахои физикии Абубакри Розй ва Ибни Сино аз чумла, оид ба зухуроти гармй ва равшанй ибтидо мегирад (2; 3).
Асрхои XII-XIV дар таърих аз диди сиёсию ичтимой хунинтарин даврони Осиёи Миёна ва Эрон ба хисоб меравад. Вазъияти нобасомони низоъхои дарборй ва бад-ин иллат суст шудани давлатдории марказй аз як тараф, хучуми нобахангоми урдуи муFул бо сардории хуношомтарин чехраи таърих Чингизхон аз тарафи дигар, бо вахшониятхои гушношунид мамлакатро Fасб ва Fорат намуда, мардумонро ба катл расонида, кишвари ободро ба хок яксон намуданд... Бо вучуди хамаи ин вахшониёту харобкорихо оташи илму маърифати халки созанда ва офарандаи точик хомуш нашуд. Боз фарзандони баруманду фарзонаи ин миллати пуртокат ба майдони набарди илму хунар алораFми чахлу вахшигарй бархостанд. Яке аз хамин гуна абармардони дунёи илм донишманди овозадори форс-точик Хоча Насириддин Мухаммад ибни Мухаммади Тусй (1201-1274) - зодаи шахри Хдмадон ва тарбиятёфтаи Туси Хуросон буд.
Насириддини Тусй хамчун рохбари расадхонаи МароFа кушиш карда буд, ки хайати кормандони сохибихтисосро иборат аз 100 нафар ташкил дихад, то ки онхо дар баробари чанбахои илми нучум муаммохои дигари табиатшиносиро мавриди омузиш карор диханд (4). Ин иншоот 347 ба 137 метрро фро мегирифт, ки бештар аз 400 хазор нусхахои хаттй дошт.
Бояд кайд кард, ки Насириддини Тусй дар рушди илми педагогика, аз чумла, «педагогикаи халкй» низ сахми назаррас дорад. У дар ин мавзуъ рисолаи «Ахлоки носирй»-ро таълиф кардааст, ки маъруфтарин китоби тарбиявию ахлокй дар Шарк ба шумор меравад. Дар ин асар андешахои муаллиф оид ба заминахои фалсафии покии ахлок, сарварии оила ва тарбияи фарзанд, сиёсат ва идоракунии мамлакат тавъам баён шудаанд.
Чддвалхои «Зичи элхонй»-и Насириддини Тусй нисбат ба чадвалхои мавчудаи пешина мукаммалтару дакиктар мебошад. Масалан дар зичи Тусй чадвалхои синусхо ва тангенсхо бори аввал баъди 1 дакикаю 6 раками пас аз вергул дода шуда, чадвалхои арзу тули шахрхо
пурра ва дакик дода шудаанд. Бисёре аз ин чадвалхои «Зичи Элхонй»-ро муаллифони зичхои баъдй ва хатто мактаби илмии Самарканд истифода бурдаанд.
Насириддини Тусй дар таърихи илми риёзй ададх,ои мусбату манфиро дар асари худ «Шакл-ул-китоъ» пешних,од кард, ки аврупоиён онро баъди 400 сол аз нав кашф карданд. Хизмати Тусй оид ба хатх,ои мусовй равонашуда барои кашфи хандасаи гайриуклидусй замина фарохдм овард. Хизмати у дар илмхои риёзию табиатшиносй хеле боарзиш аст.
Бояд гуфт, ки рушди илму фарханг дар кишвархои исломии асрхои XIII - XIV бо давраи забткорихои мугул иртибот дорад. В.В. Бартолд кайд карда буд, ки иншооти давраи мугул дар карни XIV шаходат медиханд, ки дастовардхои меъмории он замон ба авчи рушди худ расидаанд. Иншооти асрхои XIV- XV аз тамоми бинохое, ки каблан дар каламрави Эрон ва Осиёи Миёна буданд, бартарй доранд (1).
Тахкими иктисодиёт ва иктидори Осиёи Миёна, ки бо хукмронии сулолаи Темуриён алокаманданд, кобили таваччухи махсус мебошад. Темур бо хар рох мехост шухрати пойтахти давлати худ - Самаркандро афзун намояд. У аз хар кишвари забткардааш олимонро меовард, то ки дар пешрафту шукуфоии шахр сахмгузор бошанд. Махсусан, у кушиш мекард, хунармандонеро чамъ намояд, ки матоъхои абрешимини гуногун мебофтанд ва ё бо коркарди шиша ва гил машгул буданд, камону тир ва силоххои дигарро месохтанд.
Таърих гувохй медихад, ки Самарканд дар огози асри XV маркази тичорати бузурге буд, ки тавассути Осиёи Миёна байни халкхои Осиё ва Аврупо амалй мешуд. Ба воситаи Самарканд роххои тичорати ахамияташон умумичахонй ба Осиёи Хурд, ба суйи бахри Миёназамин, Чин ва Хиндустон мерафтанд.
Бояд кайд кард, ки Мирзо Улугбек рушди илми хамон давраро хамачониба дастгирй мекард. Бо дастури у се мадрасаи бузург дар Бухоро (1415 - 1417), Самарканд (1417 - 1426), Fичдувон (1433) сохта шуданд. У худаш дар мадрасаи Самарканд рафти корхои илмиро назорат мекард.
Дар мактаби илмии Самарканд (асри XV) анъанахои мактаби илмии Марога дар сохаи математика, нучум ва физика амал мекард ва инкишоф меёфт. Ба накли сарчашмахо Мирзо Улугбек, ки дар юришхо падарбузургаш Темур аз овони хурдй хамрохй мекард, дар соли 1402 харобахои расадхонаи Марогаро дида буд(9). Назар ба маълумоти муначчими асрхои XIV-XV Киёсуддини Кошй дар бунёди расадхонаи Самарканд таъсири раадхонаи Марога баръало эхсос мешавад(9).
Математик ва муначчими овозадори форс-точик Fиёсиддин Чдмшеди Кошонй (асрхои XIV-XV) дар номаи аз Самарканд ба Кошон ба падараш фиристодааш кайд кардааст, ки дар ин чо олимони машхуртарин ва мударрисони сершуморе чамъ омадаанд, ки аз тамоми илмхои маълуми он замон огоханд. Аксарияти онхо бо илмхои табий-риёзй машгуланд. Хамин тавр, дар хар як сохаи мавчудаи илм мутахассисони зиёде чамъ омада буданд, ки дар рушди илмхои хам бунёдй сахм гузоштаанд.
Ба барномаи илмию таълимии мадрасаи Улугбек ба катори фанхои анъанавй математика, нучум, табиатшиносй, тиб, таърих ва гайрахо дохил карда шуданд. Улугбек дар байни тарзу усулхои гуногуни таълим накши мухимро ба суханронии устод мансуб медонист. У чунин мешуморид, ки накли мударрис бояд бо озодии баён, пуррагии ифодаи фикр имтиёз карда, то хадди имкон мухтасар бошад, маводро бо пайдархамии катъии мантикй интикол дихад. Нуктахо ва хулосахои асосии накл бояд ба далелхои эътимодбахш асос ёбанд (1).
Донишмандони мактаби илмии Самарканд ба воситахои аёнии таълим таваччухи махсус зохир мекарданд. Масалан, дар машгулиятхо оид ба нучум шогирдон бо тархи осмон, ки дар деворхои расадхона тасвир шуда буд, бо асбобхои мушохида, соатхои офтобй, квадрантхо (олати муначчимй барои муайян кардани гардиши чирмхои осмонй) ва гайрахо шинос мешуданд. Дар вакти фориг аз дарс ё хангоми машгулиятхо шогирдони гуруххои болой ба расадхона омада, ситорахоро мустакилона мушохида мекарданд.
Ба андешаи мо, рушди илмхои физика ва математика дар асрхои XIII-XVI дар мукоиса бо даврони гузашта хеле назаррас аст. Фаъолияти ду мактаби калонтарин (Марога ва Самарканд) самтхои асосии рушди илми он давраро муайян намудааст.
Якум, коркарди беш аз сад зич (чадвалхои нучумй) дар ин давра аз чониби олимони Аврупои Fарбй хамчун дастовардхои илми бунёдй эътироф гардидааст, ки ба рушди сохахои илм, монанди механикаи осмонй, математика ва бахшхои он (геометрия, тригонометрия ва г.) мусоидат намудаанд.
Дуюм, мавчудияти мактабхои бонуфузи илмии Марога ва Самарканд худ далели инкишофи илмхои табиатшиносию риёзй мебошанд.
Сеюм, рушди илмхои табий ба инкишофи нучум, механика ва сохахои дигари илми физика мусоидат кард.
Дар заминаи баррасии муназзаму тафри;авии масъалахои таълиму тарбия мо ба хулосае расидем, ки дар Осиёи Миёна аз асри IX то асри XV маърифати табиатшиносй, аз чумла, оид ба физика пайдо шуд ва инкишоф ёфт. Далели ин маводхои тад;и;оти Г.Зутер мебошад, ки чониби Г.П. Матвиевская (5) илова карда шудаанд. Дар ин тад;и;от рочеъ ба панч хазор олими Осиёи Миёна, ки оид ба масъалаи илмхои физикй ва математикй ба забонхои арабй ва форсй (точикй) таълифот доранд, маълумот дода шудааст. Таълифоти ин олимон дар бисёр китобхонахои чахон махфузанд. Хдмин тавр, тад;и;оту кашфиёти олимони Осиёи Миёна ба ташаккул ва рушди риёзиёт ва физикаи асримиёнагй (табииёт) ва умуман илму фарханг таъсири бештар расонда, ин таъсир то давраи ин;илоб дар илмхои табиатшиносй, яъне то асри XVII эхсос мешуд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Бартольд, В.В. Сочинения: В 9 т. Т.1/В.В.Бартольд. - М.: Изд-во вост. лит., 1963. - 760 с.
2. Комили, Абдулхай. Физика Авиценна. Издание 2-е/Абдулхай Комили. - Душанбе: Дониш, 2013. - 133 с.
3. Комили, Абдулхай. Физика Абу Бакра ар-Рази/Абдулхай Комили.- М.: МБА, 2014. -105 с.
4. Мамедбейли, Г.Д. Основатель Марагинской астрономической школы Мухаммед Насирэддин Туси/Г.Д. Мамедбейли. - Баку: Изд-во АН АзССР, 1961.- 313 с.
5. Матвиевская, Г.П. Арабские средневековые энциклопедии как источник по истории математики и астрономии Ближнего и среднего Востока // Математика на Средневековом Востоке/Г.В. Матвиевская. - Ташкент: Фан. 1978. - 115 с.
6. Математика и астрономия в трудах ученых Средней Азии. (VIII-XVIII вв.). / Под ред. Сираждинова С. Х. Ташкент: Фан, 1977. 128 с.
7. Рашид-ад-дин. Сборник летописей. Т.1. - М.-Л., 1952
8. Suter H. Die Mathematiker und Astronomer der Araber und ihre werke. Abhandlungen zur Geschichte der Mathem. Wissenschoften, vol. 45, heft. X. - Leipzig, 1900.
9. http://www.vokrugsveta.ru/telegraph/history/350/
10.https://tg.wikipedia.org/wiki
REFERENCES:
1. Bartold, V.V. Compositions: in 9 volumes. -V. 1. - M.: Oriental Literature, 1963. - 760 p.
2. Komili, Abdulkhai. Avicenna's Physics. The 2-nd edition. - Dushanbe: Knowledge, 2013. - 133 p.
3. Komili, Abdulhai. Abu Bakr al-Razi's Physics. - M.: IBA, 2014. - 105 p.
4. Mamedbeyli G.D. The Founder of the Maragin Astronomical School, Muhammad Nasriddin Tusi. - Baku: Publishing-House of the Academy of Sciences of the AzSSR, 1961. - 313 p.
5. Matvievsky, G.P. Arab Medieval Encyclopedias as a Source for the History of Mathematics and Astronomy of the Near and Middle East // Mathematics in the Medieval East, - Tashkent: Fan. 1978. - 115 p.
6. Mathematics and Astronomy in the Works of Central Asian Scientists. (VIII-XVIII centuries). / Under the editorship of Sirazhdinov S. H. - Tashkent: Fan, 1977. - 128 p.
7. Rashidaddin. Collection of Chronicles. - V. 1. - M.-L., 1952
8. Suter H. Die Mathematiker und Astronomer der Araber und ihre werke. Abhandlungen zur Geschichte der Mathem. Wissenschoften, vol. 45, heft. X. - Leipzig, 1900.
9. http://www.vokrugsveta.ru/telegraph/history/350/
10.https://tg.wikipedia.org/wiki