07.00.10.ТАЪРИХИ ИЛМ ВА ТЕХНИКА О7.ОО.1О.ИСТОРИЯ НАУКИ И ТЕХНИКИ 07.00.10. HISTORY OF SCIENCE AND TECNOLOGY
УДК 8Т2 ББК 83,3Т
ПАЙДОИШИ Комили Абдущай Шарифзода, д.и.ф., директори Пажууишгоуи САРЧАШМА^ОИ таърихи илщои табии ва технологияи назди ДДБ ба номи ДОНИШ^ОИ ФИЗИКИ Н.Хусрав; (Тоцикистон, Бохтар); Шамсиддинов Мумин ДАР ЮНОНИЩАДИМ Иномцонович, н.и.ф.,дотсенти кафедраи физикаиумуми ва
цисм^ои сахти МДТ "ДДХба номи акад. Б.Гафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)
ПОЯВЛЕНИЕ Комили Абдулхай Шарифзода, д.ф.н., директор научно-ФИЗИЧЕСКИХ ЗНАНИЙ исследовательского института истории естествознания и В ДРЕВНЕЙ ГРЕЦИИ техники при БГУ имени Носира Хусрава (Таджикистан,
Бохтар); Шамсиддинов Мумин Иномджонович, кандидат физико-математических наук, доцент кафедры общей физики и твердого тела, декан физико-технического факультета ХГУ им. Б.Гафуров» (Таджикистан, Худжанд)
THE SOURCES OF Komili Abdulkhai Sharifzoda, Dr. of Physics-Mathematics, director PHYSICAL KNOWLEDGE of the Research Institute of the History of Natural Sciences and IN THE MEDIE VAL Technology at the BSU named after Nosir Khusrav ANCIEET GREECE (Tajikistan,Bokhtar); Shamsidinov Mumin Inomjonovich, candidate
of physical and mathematical sciences, Associate Professor of the chair of general physics and solid state, dean of the physics and technology faculty under the SEI "KhSU named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected] Вожа^ои калиди: таърихи илм, донишуои физики, механика, пневматика, кинематика, статика, Арасту, Архимед
Мацола ба баррасии пайдоишва рушди донишуои физики дар Юнони цадим бахшида шудааст. Муаллифон бо такя ба манбащои аввалия кушиш намудаанд, ки сатуи умумии донишуои физики ва гояуои он замонро ба тауциц гиранд. Тазаккур меравад, ки донишуои физики нахустин маротиба дар Юнони цадим пайдо шуда, бо номи Афлотун, Арасту, Архимед, Эпикур, Пифагор, Фалес, Анаксимен ва дигарон алоцаманди дорад. Таъкид мешавад, ки дар давраи асримиенаги сатуи баланди донищои физики ба даст омадааст, ки баъдтар тавассути тарцума ва тафсир ба кишваруои шарци интицол дода шудааст.
Ключевые слова: история науки, физические знание, механика , пневматика, кинематика, статика, Аристотель, Архимед
Статья посвящена изучению происхождения и развития физических знаний в древней Греции. Авторы предпринимают попытку на основе первоисточников отобразить общий уровень физических знаний и представлений в ту эпоху. Утверждается, что физические знания впервые появились в древней Греции и связаны с именами Платона, Аристотеля, Архимеда, Эпикура, Пифагора, Фалеса, Анаксимена и др., которые в последствии посредством перевода и комментирования передавалось в восточные страны.
Key words: history of science, physical knowledge, mechanics, pneumatics, kinematics, statics, Aristotle, Archimedes
The article is devoted to the study of the origin and development of physical knowledge in ancient Greece. The authors make an attempt, based on the primary sources, to reflect the general level of physical knowledge and ideas in that era. It is alleged that physical knowledge first appeared in ancient Greece and is associated with the names of Plato, Aristotle, Archimedes, Epicurus, Pythagoras, Thales, Anaximenes and others, which were later transmitted through translation and commentary to eastern countries.
Хдрчанд, таърихи физика хдмчун илми мустак;ил танхо аз асри XVII огоз меёбад, вале заминах,ои бунёдии он аз замонх,ои хеле кухдн, аз давроне ки одамон ба низоми аввалини донишхо оид ба мух,ити атроф таваччух, пайдо намуданд, ибтидо мегирад.
Барои муайян кардани сарчашмахои рушди илм хоса бо максади ошкор намудани динамикаи рушди мафхумхои фалсафию физикй, дар Осиёи Миёна (Мовароуннахр) мундаричаи донишхои физикии олимони асримиёнагй ки дар инкишофи донишхои физикй сахм гирифтаанд, тахлил кардан ба максад мувофик аст..
Дар кишвархое, ки дар минтакаи наздисохилии бахри Миёназамини аз асри VI-и то милод то асри VI-и милодй аввал зери таъсири фархангии Юнони кадим ва сипас Руми кадим карордошта чойгир буданд, таълимоти гуногуни физикй ба вучуд омада, инкишоф ёфтанд. Онхо аз руйи мазмуну мундарича ба илме, ки имруз физика меномем, наздик мебошанд (1).
^айд бояд кард, ки то он вакт физика хамчун илми томи ташаккулёфта на дар Шумеру Бобул, на дар Хинду Чин ва на дар Мисру Эрони бостон, бо вучуди сатхи баланди як катор сохаи фарханг, аз чумла, техника пайдо нашудааст. Дар Дунёи кадим донишхои физикй ва баъзе аз кисматхои он мавриди баррасй карор гирифтаанд. Бинобар ин, дар баъзе тадкикот (3;10) вазифа гузошта шудааст, ки сатхи умумии донишу тасаввуроти физикии он давра бо назардошти маълумоти сарчашмахо оид ба инкишофи таърихй инъикос гардад (2;7; 8; 9).
Таърихи рушди физикаро бе захматхои Фалес, Анаксимен, Пифагор, Анаксагор, Ксенофан, Хераклит, Афлотун, Арасту, Архимед, Эпикур ва дигарон тасаввур намудан гайриимкон аст. Дар ин замина сарчашмаи мухимтарин, пеш аз хама, асархои то замони мо пурра расидаи Арасту ба шумор мераванд, хусусан, лексияхои у оид ба табиат, ки бо номи «Физика» маъруф аст. Х,арчанд ифодаи юнонии «футе», ки аз калимаи «табиат» хосил шудааст, он замон маъноеро, ки калимаи «физикам» имруз ифода мекунад, надошт ва маълумотеро ифода мекард, ки «ба табиат мансубанд». Дувум, асари Афлотун (427-347 то милод) «Тимоиус», ки як навъ донишнома (энсиклопедия) буда, дар шакли матни гузорише, ки гуё Тимайус - донишманди бузурги илми нучум ва илмхои табий хондааст, тахия шудааст. Севум, достони дидактикии олим ва шоири римй Лукретсий Кар "Дар бораи табиати ашё", ки он низ хусусияти энсиклопедй дорад (1).
Порчахои изхороти Демокрит (460-370 то милод) ва навиштахои Эпикур (341-212 то милод), ки то имруз кисман пурра, кисман дар шакли порчахо ва шарххои муаллифони гуногун, аз чумла, Афлотун ("Тимоиус") ва Арасту ("Физика") омада расида, ба даврахои гуногун то асри VI-и пеш аз милод тааллук доранд, кобили таваччух мебошанд. Барои фахмидану арзёбии донишхои физикии Эллада баъзе тадкикоти Архимед (278-212 пеш аз милод) ва Евклид (300 то милод), ки бевосита ба физика тааллук доранд, хеле мухиманд. Нихоят, дастури таълими Х,ерони Александрй (асри I пеш аз мелод), ки ба масъалахои механика, пневматика, геодезия ва техникаи харбй бахшида шудааст, инчунин курси таълимии римихо Витрувий ва Поллион оид ба меъморй, ки ба мархалаи огози давраи милод тааллук дорад, сазовори таваччухи махсус мебошанд.
«Физика»-и Арасту давраи физикаи перипатевтикй ва механикаи перипатевтикиро фаро гирифтааст. Ин асар тамоми таълимот оид ба табиатро хамчун як объекти дарки тачрибавй ва дар айни замон, мантикии хакикат дар бар мегирад. Ба дастовардхои «Физика»-и Арасту -физика дар мачмуъ, тавсифи хама шаклхои харакат - «чузъй», «сифатй», «мохиятй»-ро мансуб донистан мумкин аст (1). Аз ин чо мафхуми "физика" бори нахуст аз чониби Арасту истифода бурда шудааст, ки ин ба асри IV пеш аз милод рост меояд.
Решаи донишхои физикй дар замонхои кадим шакл гирифта бошанд хам, аммо истилохи «фюсис» (Physis) дар Юнони кадим пайдо шудааст. Калимаи юнонии «фюсис» (фусгс) хаммаънои вожахои арабии «ат-табиийа» (^».'bil), лотинии «натура» (natura) ва русии «природа» мебошад. Дар замонхои кадим, инчунин дар Шарки асримиёнагй на мутахассисони сохаи физика ба маънои махдуди калима, яъне наздик ба маънои имрузаи он, балки олимоне, ки бо масъалахои гуногуни илмхои табий, ба маънои васеъ - космология, математика, нучум, биология ва гайра машгул буданд, физикхо номида мешуданд (6).
Ба акидаи М.М. Рожанский, он замон се самти инкишофи механика вучуд дошт, ки дар асрхои VI-V-и то милод дар Юнони кадим пайдо шуда, минбаъд дар давлатхои эллинй ва империяи римихо то асри V-и то милод рушд кард. Як кисми физика (статика) тавлид ёфт, ки мустакиман бо технологияи он замон вобаста мебошад, ки аз хисоб кардани фоидаи истифодаи кувваи бо дастгоххои он вакт маълуми механикй ва хосил кардани шартхои мувозинати фишанг хангоми баркашидан, шино кардани чисмхо ва гайрахо иборат аст (9). Рушди дигари сохаи физика, ки холо кинематика номида мешавад, дар давраи эллинй бо астрономия зич алокаманд буд, ки он замон аллакай анъанахои бисёрасра дошт. Дар хар ду соха сатхи хеле баланди математикй гардонидани илм бо истифодаи геометрия, тригонометрия ва усулхои хусусияташон инфинитезималй ба даст оварда шуд (11).
Истифодаи яке аз маъмултарин шаклхои фишанг - тарозу аз замонхои хеле кадим огоз ёфтааст (2; 8; 11).
Ду тамоюлро нишон додан мумкин аст, ки дар тамоми раванди рушди илми физика мушодида мешаванд. Якум, аз лидози назариявй асоснок намудани масъалаи рушди физика, ки ба он таълимоти соф фалсафй оид ба фазо, вакт, материя, даракат, усулдои математикие, ки дар нучум (астрономия) коркард шудаанд, инчунин таълимоти мувозинат мансуб мебошад; дувум, механикаи косибй, яъне «механикаи техникй», ки аз тахияи коидадои амалии шарддидандаи «мошиндо ва механизмдои оддй» иборат аст. Аз тарафи дигар, чидати хоси механикаи кадим инкишофи таълимот дар бораи даракат -кинематика ва таълимот оид ба мувозинат - статика мебошад, ки муддати зиёд, то асри XVII, чудо аз якдигар рушд мекарданд.
Дар «динамика»-и Юнони кадим ду консепсияро пайдо кардан мумкин аст, ки аз дамдигар комилан фарк мекунанд: а) кинетикй ва б) динамикй. Файласуфон - атомистдо тарафдори консепсияи кинетикй буда, таъкид мекарданд, ки материя ва даракат абадй, бебозгашту вайроннашаванда мебошанд. Х,аракат дамчун хосияти чудоинопазири материя баррасй мегардид. Ч,онибдорони консепсияи динамикй издор менамуданд, ки ба материя аслан оромй хос буда, даракат бегона аст. Он тандо бо таъсири баъзе «куввадо»-и беруна, ки новобаста аз он мавчуданд, ба даракат медарояд. Арасту, ки таълимоти вай оид ба табиат, махсусан, назарияи у дар бораи даракат ба механикаи асримиёнагии дам Шарк ва дам Гарб таъсири назаррас дошт, низ тарафдори дамин консепсия буд.
М.Клачет (4) дар кинематикаи кадим се самтро муайян кардааст, ки кариб баробар инкишоф ёфтаанд. Якум, истифодаи усулдои кинематикй дар нучум, ки дар таълифоти Евдокс (асри V пеш аз мелод), Арасту (384-322 пеш аз мелод), Апполоний (асрдои III-II пеш аз мелод), Хипархус (асри II пеш аз мелод), Батлимус (а. II ), Паппи Римй (а. IV м.), Х,ерони Александрй (а. IV) ва Прокл (а."У) тадия шудааст. Самти дуюм бо истифодаи даракат дар дандаса барои сохтани хатдои качи дарачаи олй ва ба сифати яке аз усулдои исботдои дандасавй алокаманд аст. Самти севум тадкики мафдумдои асосии кинематика - суръат ва масирро дар бар мегирад.
Олимони Юнони кадим статикаро дамчун «санъати баркашидан» бо дисоб (арифметика) дамчун «санъати дисобкунй» дар як катор мегузоштанд. Статика монанди дисоб ба бахшдои назариявй (геометрй) ва амалй (косибй) таксим мешуд (11). Вазифаи аввалини статикаи юнонй аз муайян кардани «майл» (рюпл) ва дарёфти маркази вазни чисм иборат буд. Ин масъаларо нобигаи Сиракузй -Архимед (287 - 212 пеш аз мелод) дал кард, ки ифодаи машдури у: «Ба ман маркази вазни Заминро нишон дидед ва ман онро аз чояш мечунбонам...» ба дарёфти маркази вазн тааллук дорад.
Таърифи маркази вазн, ки Архимед додааст: «Маркази вазни дар як чисм чунин нуктаи дар дохили он чойгиршудае мебошад, ки агар ба он фикран чисмеро овезон кунем, он ором бокй мемонад ва долати ибтидоии худро нигод медорад» (2, 32). Х,амин тарик, у маркази вазнро дамчун нуктае муайян кардааст, ки дар мавриди собит кардани он чисм дар дама долатдо мувозинатро нигод медорад.
Аз таълифоти Архимед дар бораи механика то замони мо рисоладои зерин «Дар бораи мувозинати шаклдои дамвор» ё «Дар бораи марказдои вазни шаклдои дамвор», рисола «Дар бораи чисмдои шинокунанда», ки аз ду китоб иборат аст ва «Эфод» ё «Паём ба Эратосфен дар бораи теоремадои механикй» бокй мондаанд. Рисолаи «Дар бораи тарозудо» ва «Китоби такягод» то имруз омада нарасидаанд, аммо баъзе порчадо ондо дар навиштадои олимони Александрия -Х,ерон (а.I-II) ва Папп (а. III-IV) мавчуданд.
Архимед конундои мувозинати фишангро дар заминаи пиндоштдои зерин мебарорад:
1. Вазндои баробар дар дарозидо баробар мувозинат пайдо мекунанд. Дар дарозидои нобаробар, ондо мувозина намешаванд, аммо вазндо дар дарозии бештар бартарй доранд.
2. Агар дангоми баробарии вазндо дар ягон дарозй ба яке аз ондо ягон чиз илова шавад, ондо дамвазн намешаванд, балки он вазне, ки ба он чизе илова гардид, вазнинтар ходад буд.
3. Айнан дамин тавр, агар чизе аз як вазн гирифта шавад, ондо дар долати мувозинат намемонанд.
4. Хднгоми якчоя кардани шаклдои баробар ва даммонанди дамвор марказдои вазни ондо низ якчоя мешаванд.
5. Марказдои вазни шаклдои нобаробар, аммо даммонанд, дамин тавр чойгир ходанд шуд.
6. Агар бузургидо дар ягон хел дарозй дар долати мувозинат карор дода шаванд, пас бузургидои ба ондо монанд дар дамин гуна дарозидо мувозинат пайдо мекунанд (ба ибораи дигар, таъсири бори дар ин нукта гузошта тандо бо бузургии он муайян мешавад, яъне ба шаклу самти он тамоман вобаста нест).
7. Дар дама гуна шакле, ки периметри он дар дама чояш тандо ба як тараф барчаста мебошад, маркази вазн бояд дар дохили шакл чойгир бошад (2).
Ба хамин минвол, таърихи атщии физика ба шарофати захматхои файласуфони юнонй нисбатан маълум мебошад. Донишхои физикии файласуфони юнонй аз дигар хамзамонони худ тафовути калон дошт, чунки эшон ;онунхои физикаро на аз аз фахмишхои мифологй, балки аз ну;таи назари илмй маънидод менамуданд. Таърихи рушди физика ба туфайли мутафаккирони Юнон ба бунёди устувор ноил гардид. Аммо баъд аз нузули империяи Рим бисёр аз донишхои физикии дар замони ати;а чамъгардида ба нобудй расиданд. Аммо дар Шар;и асримиёнагй бо густариши илмхои табий ва тарчумаву тафсири осори илмии Юнони ;адим, донишхои физикии ахди ;адим як андоза тамоман аз нестшавй махфуз дошта шуданд. Дар ин замина бояд гуфт, ки таърихи пайдоиши физикаи аврупой ва кашфиётхои физикй ба донишхои физикии Юнони ;адим марбут аст. На танхо илми физикаи аврупой, балки илмхои табиатшиносии Шар;и асримиёнагй низ аз донишхои физикии Юнони ;адим сарчашма гирифтаанд. Масалан, таърихи пайдоиши физикаи арабхо ба тарчумаи осори ати;ии олимони Юнон ало;аманд мебошад. Дар асоси ин, мутафаккирони Шар; якчанд кашфиёти мухим анчом додаанд, ки яке аз онхо ихтирои зунонавард аз тарафи Абдулазиз ал-Ч,азарй мебошад, ки баррасии он мавзуи бахси дигар аст.
ПАЙНАВИШТ:
1. Аристотель. Физика (Перевод В.П. Карпова). - Изд. 2-е. - М.: Государственное социально-экономическое издательство, 1937. - 230 c.
2. Архимед. Сочинения (Перевод, вступительная статья и комментарии И.Н. Веселовского, Перевод арабских текстов Б.А. Розенфельда). - M.: Физматгиз, 1962. - 640 c.
3. Григорян, С.Т. Механика и астрономия на средневековом Востоке/ С.Т.Григорян, М.М. Рожанская. - М.: Наука, 1980. - 200 с.
4. Clagett, M. Science of Mechanics in the Middle Ages/ M. Clagett. - London: Oxford University Press, 1959.
5. Дорфман, Я.Г. Всемирная история физики с древнейших времен до конца XYIII века/ Я.Г. Дорфман. - М.: Наука, 1974. - 352 с.
6. Комилй, А.Ш. Физика Авиценны. Изд-е 2-е/А.Ш. Комилй.- Душанбе: Дониш, 2013. - 133 с.
7. Негебауэр, О. Точные науки в древности / Пер. Гохмана Е.В.; Под ред. и предисл. А.П. Юшкевича. - М.: Наука, 1968.
8. Рожанский, И.Д. Развитие естествознания в эпоху античности. Ранняя греческая наука «о природе»/ И.Д. Рожанский. - М.: Наука, 1979. - 486 с.
9. Рожанский, И.Д., Античная наука/ И.Д. Рожанский. -М.: Наука, 1980. - 200с.
10.Рожанская, М.М. Механика в Хоросане и Моверенахре в средные века (IX-XY вв.): Дис. ... докт. ист. Наук/ М.М. Рожанская. - Д., 1986.
11. Рожанская, М.М. Механика на средневековом Востоке/ М.М. Рожанская.-М.: Наука, 1976. - 324 с.
REFERENCES:
1. Aristotle. Physics (Translation by V.P. Karpov). The 2-nd edition. - M.: State Socio-Economic Publishing-House, 1937. - 230 p.
2. Archimedes. Works (Translation, introductory article and comments by I.N. Veselovsky, Translation of Arabic texts by B.A. Rosenfeld). - M.: Fizmatgiz, 1962. - 640 p.
3. Grigoryan, S.T. Mechanics and Astronomy in the Medieval East / S.T. Grigoryan, M.M. Rozhanskaya. - M.: Science, 1980. - 200 p.
4. Clagett, M. Science of Mechanics in the Middle Ages / M. Clagett. - London: Oxford University Press, 1959.
5. Dorfman, Ya. G. World History of Physics from Ancient Times Referring to the End of the XVIII-th Century / Ya.G. Dorfman. - M.: Science, 1974. - 352 p.
6. Komite, A.Sh. Physics of Avicenna. The 2-nd edition. / A.Sh. Komil. - Dushanbe: Knowledge, 2013. -133 p.
7. Negebauer, O. Exact Sciences in Antiquity / Translated by Gokhman E.V.; enlarged and foreword by A.P. Yushkevich. - M.: Science, 1968.
8. Rozhansky, I.D. The Development of Natural Science in the Era of Antiquity. Early Greek science "about nature" / I.D. Rozhansky. - M.: Science, 1979. - 486 p.
9. Rozhansky, I.D., Ancient Science / I.D. Rozhansky. -M.: Science, 1980. - 200 p.
10. Rozhanskaya, M.M. Mechanics in Khorosan and Mowerenahr in the Middle Ages (the IX-th - the XV-th centuries): doctoral dissertation in Exact Science / M.M. Rozhanskaya. - D., 1986.
11. Rozhanskaya, M.M. Mechanics in the Medieval East / M.M. Rozhanskaya. - M.: Science, 1976. - 324 p