Научная статья на тему 'The place of Imam Tabari in Moslemic culture'

The place of Imam Tabari in Moslemic culture Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
295
290
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ИСТОРИЯ ТАДЖИКСКОГО НАРОДА / ИСТОРИОГРАФИЯ / МУХАММАД ИБН ДЖАРИР ТАБАРИ / "ТАРИХИТАБАРИ" / "ТАФСИРИ ТАБАРИ" / "TARIKHI TABARI" / "TAFSIRI TABARI" / HISTORY OF THE TAJIK PEOPLE / HISTORIOGRAPHY / MUKHAMMAD IBN JARIR TABARI

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Бобоев Файзулло

В статье освещаются основные биографические данные Мухаммада ибн Джарира ал-Табари и его фундаментальные работы «История» и «Тафсир» на основе исследований арабских, персидских источников и новейшей научной литературы. Показано их непреходящее значение в становлении мусульманской цивилизации и формировании мусульманской идентичности.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

The given article deals with the main biography data of Muhammad ibn Jarir al-Tabari’s and his fundamental works “History” and “Commentary” (“Tafsir”) on the basis of scientific Arab-Persian sources and modern studies. The author highlights the everlasting significance of these works for shaping the Moslemic civilization and the formation of the Moslemic identity.

Текст научной работы на тему «The place of Imam Tabari in Moslemic culture»

ФИЛОЛОГИЯИ ТОЧ^К ТАДЖИКСКАЯ ФИЛОЛОГИЯ

Ф.Бобоев

ЧОЙГОХИ ИМОМ ТАБАРЙ ДАР ФАР^АНГИ ИСЛОМЙ

Вожатой калидй: таърихи халци тоцик, таърихнигорй, Му.^аммад ибни Царири Табарй, «Таърихи Табарй», «Тафсири Табарй»

Фархаш и исломй харчанд дар нимчазираи Арабистон пайдо ва густариш ёфта бошад хам, вале дар мархилахои минбаъда дар ташаккул ва такомули бинои устувори он халку кавмиятхои дигар низ иштироки фаъол доштанд. Дарк ва баходихии дурусти вазъи сиёсию ичтимоии пайравони ойини мухаммадиро дар мачмуъи фарханги мусулмонии гуногунзабона баррасй намудан дуруст хохад буд. Нахуст асоси ин мачмуъи томро адабиёти арабизабон ташкил медод, бо мурури замон забони форсии точикй боло гирифт ва дар мархилахои дигар забони туркй низ нак,ши муаассир касб намуд. Шинохти дурусти гузаштаи фархангии мардумони Осиёи Марказй ба омузиши осори асримиёнагии исломии Мовароуннахр ва Хуросон сахт марбут аст. Минтакди фархангии Осиёи Марказй тули карнхои зиёд одату анъана ва суннатхои бумии худро ташаккул дода, то футухоти сипохи исломовари араб онро ба таври мукаммал хифз намуд. Ба ифодаи академик Б.Рафуров ин минтака дорой «фарханги рушдёфтаи зироаткории дехконй ва протошахрй» (2,26) буд. Муаллифони адабиёти ба ин забонхо офаридашуда дар доираи сохтори давлатхои гуногун фарханги умумии ахамияти чахонй дошта бунёд намуданд. Академик Крачковский И. Ю. оид ба хизматхои намояндагони минтакахои гуногуни Хилофат дар инкишофи бахшхои мухталифи илму фарханги мусулмонй акидаи бисёр чолиб баён намудааст: «Ба хамагон маълум аст, ки адабиёти араб, балки тамоми фархаш л арабй дар ташаккулёбии худ мадюни

на танхо арабхо. инчунин намояндагони гурухи бузурги халкхои дигар низ х,аст» (5, 569).Бояд махсус таъкид намуд, ки ин фарханги том натичаи таъсири мутакобилаи мураккаб ва коркарди низоми фархангсолории минтакавй мебошад, ки ба каробати таърихй ва худудии халкхои офарандаи он марбут аст. Мухаккикон бар он акидаанд, ки фазой фархангии карни сеюми хичрй чавлонгохи дониш ва зехнияти мусулмони порснажод имом ат-Табарй будааст. Дар ин карн пояи аксари илмхо тархрезй шуда, илму фарханги исломй дар рохи нахзати худвежагй, бахсу андешаварии амик ва омезиш бо тамаддунхои берунй пешрафтхои назаррасе касб кардааст. Дар ин такомули вежа таълифоти илмй-динй ва таърихии имом Табарй макоми барчаста дорад.

Абучаъфар Мухаммад ибни Ч,арир ибни Язид ибни Касир ат-Табарй ал-Омулй ал-Багдодй дар шахри Омули Табаристони таърихй дар охири соли 224 ё аввали соли 225 хичрй (зимистони соли 839 мелодй) таваллуд шудааст. Аксари олимоне, ки дар минтакаи бузурги Табаристон таваллуд шудаанд, хатман кунияи ат-Табарй дар номашон афзуда мешуд. Абучаъфар хануз дар синни хафтсолагй Курьонро хифз карда буд, дар 8-солагй дар намози чамоат иштирок мекард ва аз синни 9-солагй ба китобат ва омузиши аходиси пайгамбари ислом ofo3 намуд. Дар китоби «Муъчаму-л-удабо»-и Ёкути Хдмавй аз забони Абубакр ибни Комил оварда мешавад, ки худи Табарй чунин накл карда будааст: «Падарам дар хоб мебинад, ки ман дар назди пайгамбари Худо нишастаам ва дар пеши ман анбоне пур аз сангча вокеь аст, ки онхоро пеш меандозам». Ин холатро донишмандон чунин таъбир карданд, ки ин писар чун бузург шавад, дар дини пайгамбар ба насихати мардумон пардозад ва аз шариати у дифоъ кунад» (3, 48). Пас аз ин падари Абучаъфар ба таълиму тарбия ва пардохтани харчи тахеили писараш шуруъ менамояд.

Табарй тахеилоти нахустинро дар зодгохаш шахри Омул фаро гирифт. Ба акидаи Ибни Комил нахустин устодони у Абуабдуллох Мухаммад ибни Хумайд ар-Розй ва Мусанно ибни Иброхим буданд. Удар назди Хумайд аслан машгули омузиш ва китобати хадис буду шабона навиштахояшро такрор мекард. Пас аз он ба дехаи Дулоб. ки тобеи Рай буд, рахсипор мешавад ва он чо аз Ахмад ибни Хдммод даре мегирад. Дар ин муддат Табарй омузиши китоби «ал-Мубтадо»-ро аз Ахмад ибни Хдммод ва китоби «Магозй»-и Ибни

Исххжро аз Салама ибни Муфаззал таълим мегирад. Бояд гуфт, ки матолиби арзишманди ин китобх,оро баъдтар Табарй дар матни асари таърихии худ истифода мебарад. Ривоят мекунанд, ки у аз Хумайд сад хазор хадис шунида, усули тафсир ва кироати К,у р ьон ро фаро гирифтааст. Баъд аз Рай у рохи Багдодро пеш гирифт ва мехост аз Ахмад ибни Хднбал хадис истимоъ кунад, аммо имом Ахмад каме пештар аз омадани у вафот мекунад. Вале Табарй дар Багдод сукунати доимй ихтиёр мекунад, аз шайхони зиёде дониши фаровон мегирад ва хар чизи барояш заруриро китобат мекунад.

Пас аз он ба Басра руй оварда, дар он чо аз чунин донишмандон, ба мисли Мухаммад ибни Myco ал-Х,арашй, Имод ибни Myco ал-Каззоз, Мухаммад ибни Абдулаъло ас-Санъонй, Бишр ибни Муъоз, Абуашъас, Мухаммад ибни Башшор, Мухаммад ибни ал-Муъалло хадис меомузад. Баъд аз фаро гирифтани маълумоти факехон ва мухаддисони дар боло зикршуда Табарй муддате дар шахри Восит ва Куфа зиста, аз Абукурайб Мухаммад ибни ал-Аъло, Исмоил ибни Myco ва дшарон хадис шунида, онхоро китобат кардааст. Абукурайб шахси ту ндху бошад хам, вале донандаи бузурги хадис буд ва Табарй аз у 100 хазор хадис гирифтааст. Пас аз он имоми донишманд ба Багдод бармегардад ва муддате машгули омухтани китобати хадис шуда, фикху улуми куръониро фаро гирифтааст. Сипае суи Миср рахсипор шуда, дар рох муддате дар Бейруту Шом икомат мекунад ва бо Аббос ибни Валид мулокотхои тулонй менамояд. Дар ин сафар у хафт шабонаруз дар масчиди чомеи Шом таваккуф намуда. Кур ьон ро ба ривоят ва тиловати шомиён хатм мекунад.

Ба хамаи донишхои андухтаи худ каноат накарда, Табарй соли 253 хичрй дар талаби илм ба суи шахри Фустоти Миср харакат менамояд, то аз шайхони донишманди ин кишвар, ки хануз дар кайди хаёт буданд, дар бораи фикхи моликй ва шофеъй, инчунин ахбори «Китоби исроилиёт»-и Вахб ибни Мунаббех донишхои заруриро фаро бигирад. Пас аз ин у зуд ба Шом бармегардад. Баъди гузаштани чанд муддат у бори дигар касди сафари сарзамини Миср мекунад, зеро дар он рузгор донишманди фозилу номдор Абулхасан Алй ибни Сирочи Мисрй машхур гашта буд ва хар олиме, ки мехмони ин кишвар мешуд, маъмулан бо у дидор ва мубохисахои илмй меоростанд. Вакте ки Мухаммад ибни Ч,ари р дубора ба Миср меояд, овозаи фазлу дониши у дар бобати улуми Куръону фикх. хадис, лугату нахв ва шеър саросари кишварро фаро мегирад. Чунин

иттифок, меафтад, ки Абулхасан ибни Сироч худаш ба дидори у меояд ва дойр ба масъалахои гуногун байни онхо мубохисахои илмй баргузор мегардад. У мехмонро дар хакикат фозилу донишманд дармеёбад. Абулхасан дар бораи шеъри Тирримох - шоири ахли байт суол мекунад. Бо вучуди он ки хофизону нокилони ин шоир нодир буданд, вале маълум мешавад, ки Табарй ашъори уро хифз карда будааст. Ин холатро дида ахли мачлис аз Табарй хохиш менамоянд, ки ашъори нодири Тирримохро аз тарики хифзи у дар масчиди чомеи Фустот китобат намоянд (3, 53). Баъд дар байни имом ва Исмоил ибни Яхё ал-Мазанй бахсхои илмй дойр мегардад, ки мардум аз донишхои фарогири Табарй дар хайрат мемонанд. Дар бораи бахсу мучодалахои илмии Табарй бо Мазанй дар адабиёти илмй сухану ривоятхои зиёде гуфтаанд ва гохо шогирдони Мазанй дар муносибат ба имом тундравй ва беэхтиромиро низ раво дидаанд, ки боиси муддате катъ гардидани робитаи байни онхо гардидааст. Вале баъди фурсате Мазанй худ боз ба зиёрати Табарй омада, барои хатохои ёрону шогирдонаш бахшиш мепурсад ва дар калби ин олими оликадр нуру сафоро боз меоварад. Ин дафъа Табарй муддати тулонй дар Миср бокй мемонад, сипас боз ба Багдод меояд ва аз он чо азми ёру диёр - Табаристон намуда, чанд вакт дар зодгохаш икомат мегузинад. Бозгашти дубораи у ба зодгохаш соли 290 хичрй ба вукуъ пайвастааст, ки у дар Динавар бо гурухе аз донишмандон ба бахс менишинад ва бар онхо пирузй меёбад. Пас аз ин у боз ру ба Багдод меорад ва дар махаллаи «Кднтарату-л-бардон»-и шахр сукунат ихтиёр мекунад, ки он мавзеъ хамчун марказй донишмандони сарфу нахв ва адабиёт машхур буд. Аз ин чо овозаи донишу фазилаташ атрофу акнофро фаро мегирад ва умри бокимондаи худро ба таълифу тадвини асархои машхураш мебахшад.

Дар сарчашмахои гуногуни илмию адабй ва таърихй бештар аз 35 тан шайхони Табариро ном бурдаанд, ки аз миёни онхо Ахмад ибни Хдммод ад-Дулобй, Ахмад ал-Багавй, Исхок ибни Абуисро-или Марвазй, Абуиброхими Мазанй, Бишр ибни Муъоз, Абучу-райч, Абухотами Сичистонй, Мухаммад ибни Башшор ва амсоли онхо буданд, ки дар ривояти хадис байни факехону донишмандон машхур буданд. Бояд зикр намуд, ки дар бораи рузгор, ному насаб, айёми наврасй, талаби илм, устодону шогирдон ва мероси илмию динии имом Табарй манбаъхои адабй ва таърихии арабизабон

иттилоот ва ахбори фаровон фарохам овардаанд. Маъхазхои муъта-мад, монанди «Фехрист»-и ИбниНадим, «Таърихи Багдод»-и Хати-би Багдодй, «ал-Комил фй-т-таърих»-и Ибни ал-Асир, «Муъчаму-л-удабо»-и Ёкути Х,амавй, «Вафиёту-л-аъён ва анбоу абнои-з-замон»-и Ибни Халликон, «Сияру аъломи-н-нубало»-и Ахмад аз-Захабй, «Табак,оту-ш-шофиъияти-кубро»-и ас-Субкй, «Лубу-л-албоб фй тахрири-л-ансоб» ва «ал-Иттикону фй улуми-л-К,уръон»-и аллома ас-Суютй, «Кашфу-з-зунун ан асомй-л-кутуби ва-л-фунун»-и Х,очй Халифа перомуни шахсияти ин абармарди илму дин, накщи у дар ташаккули илми адаб ва ба хусус макому мартабаи китобхои «Тафсир» ва «Таърих»-и у дар ташаккули тамаддуни исломй фикрхои чолиб ва суханони писандида матрах намудаанд. Аксари манбаъхои фавкуззикр хикоят аз он доранд, ки имом Табарй соири улуми замо-ни хешро фаро шрифта, як донишманди мутабаххир ва факехи шофеъии сохиби мазхаби фикхии мустакил бо номи «мазхаби чари-рй» будааст. Ба акидаи академик Бартолд у дар замони худ олиме буд, ки «метавонист дар як вакт муваффакона ба чанд илм машгул шавад ва дар айни замон фарогати худро ба корхои адабй бибах-шад» (1, 180). Хдмин мазхаби у то охири карни чахоруми хичрй баркарор буда, пайравон ва шогирдон доштааст. Бояд гуфт, ки дар нигориши муаллифони гуногун китобхои «Тафсир» ва «Таърих»-и имом Табарй бештар чихати ситоиш ва пазирой карор гирифтааст. Аз чумла Ибни Надим чунин меоварад: «Писари Ч,арир аллома ва имоми асри худ ва факехи замони худ буд. Вай тамоми илмхои замони хеш - илми Куръон ва нахву шеър ва лугату фикхро омухта буд» (4, 312). Дар «Таърихи Багдод» чунин омадааст: «Писа-ри Чдрир хофизи Китобуллох. донандаи кироат, бинандаи маонй, факехи ахкоми Курьону суннат ва гардоварандаи ахбори сахобаву тобеин ва мардумон аст». Хдмчунин Хатиби Багдодй аз забони имом Абубакр ибни Хузайма чунин мегуяд: «Аз ofo3 то анчом ба он («Тафсир»-и Табарй - Ф.Б.) назар кардам. Дар руи замин касе донишмандтар аз Мухаммад ибни Чдрир ёд надорам» (10, 465).

Аллома Суютй заминахо ва зарурати пайдоиши илми тафсир ва фикхро дар куруни вусто тахлил намуда, ахли тафсирро ба се табака - сахоба, тобеин ва муфассирин гурухбандй мекунад. Баъд аз ин дар бораи муфассирони мокабл ва мобаъди Табарй ва китобхояшон сухан ронда, чунин хул оса мебарорад: «Китоби Ибни Ч,арири Табарй бехтарини тафсирхост» (6,190).

Ин факех. муфассир ва муаррихи бузург аз худ таълифоти зиёде ба мерос гузоштааст, ки аз байни онхо китобхои машхуртарин инхоянд: "'Ч.омеъу-л-баён ан таъвили-л-Куръон" ё «Тафсир»-и Табарй; "Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ё «Таърих»-и Табарй; "Китобу ихтилофи-л-фукахо"; "Китобутахзиби-л-осор"; "Одобу-л-кузот ва-л-махозири ва-с-сичиллот"; ' Ал-мустаршид фй улуми-д-дин"; "Чузъун фй-л-эы икод'": "Ал-кироот".

Вале ду асари нахустин, яъне китобхои «Тафсир» ва «Таърих»-и имом Табарй, дар фарханги исломй аз ofo3 то ба имруз пурхонан-датарин китобхо махсуб мешаванд ва ба муаллифи он шухрати чахонй ва умри човидонй бахшидаанд. Кор то ба чое расидааст, ки ин ду асар бо сабаби истеъмоли васеъ ва мавриди истифодаи доимй карор доштанашон дар маъхазхои арабию форсй ва пас аз он дар адабиёти аврупой бо номи «Тафсир» ва «Таърих»-и Табарй ёд мешавад. Сазовори ёдовар шудан аст, ки китоби «Тафсир»-и имом Табарй дар манбаъхои илмию таърихй бо ду ном - «Ч,омеъу-л-баён ан таъвили-л-Куръон» ва "Ч^омеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Курьоп» ном бурда мешавад. Бегумон аст, ки нахустин нусхаи ин китобро дар Багдод шогирдони муаллиф дар байни солхои 283-290 хичрй (896-903) хушнависй кардаанд. Бино бар маълумоти манбаъхои зикршуда Табарй тафсири худро аз ей хазор варак то се хазор варак ихтисор кардааст. Ва ду нусхаи дигари онро ба Начду Х,алаб фиристодаанд. Х,оло нусхахои зиёди ин китоб дар китобхонаи Оя Сафия ва Нури усмонияи Туркия, инчунин китобхонаи Хидевияи Миср махфуз аст. Матни пурраи ин тафсир баъди гузашти хазор сол аз таълифи он бо саъю кушиши бародарон - Мустафо, Бакрй ва Исо ал-Х,алабй мунташир шуд (8, 67). Нашри аввали хамин тафсир дар 30 чилд соли 1902 аз тарики чопхонаи «ал-Маймания» ба табъ расид. Баъди андак муддате соли 2004 чопхонаи хукуматии «ал-Амирия» дар Кохира нашри дуюми китобро ба ухда гирифт. Нашри сеюми асар соли 1954 иттифок афтод, ки дар хакикат тачдиди назар андохтан ба хамон чопи «ал-Маймания» аст. Танхо фарк дар он буд, кияк гурух донишмандони миерй бо назорати устод Мустафо Сако китоби нашри «ал-Маймания»-ро бо дастнависхои дар китобхонахои Миср махфуз-буда мукоиса намуда, баъди тасхехоти зарурй ба табъ расониданд, ки он низ аз 30 чилд иборат буд. Ва нихоят омода намудани нашри илмй-интикодии ин тафсири муътабар ба бародарони донишманди

мисрй - Махмуд VIух,аммал Шокир ва Ахмад Мухаммад Шокир насиб гардид. Онхо бештар аз панчох сол ба омузиши тамоми нусхахои мавчудбудаи асар бипардохтанд, барон тасхехи матолиби нохоно ин донишмандон аз китобхои дигари тафсир, лугатномахо, фархангхо ва девони зиёди ашъор истифода карданд. Ва хамин нашри дакиктарин ва комилтарини «Тафсир»-и Табарй солхои 19601968 дар 16 чилд аз чоп баромад ва дар ихтиёри мухаккикони чахон карор гирифт (8). Дар шароити имкониятхои фаровони илму фановарй матни комили ин тафсир хам дар шакли чопии дорой сифати баланд ва хам дар шакли сабти электронй дастраси хаводо-рони каломи раббонй карда мешавад. Мухаккики араб Абдуллох ибни Абдулмухсин ат-Туркй яке аз бехтарин донандагони хамин тафсир эътироф шудааст. У тамоми нусхахои дар китобхонахои чахон мавчудбудаи ин сармояи бузурги фархангиро ба таври мукаммал омухта, дар асоси он матни илмй-интикодии тозаро бо овардани радду бадали нусхахо дар китоби 30-чилдаи «Ч,омеъу-л-баён ан таъвили оййи-л-Куръон» соли 2001 ба табъ расонид (9).

Агар манбахои таърихию адабй китоби Табариро аз чумлаи тафсирхои бехтарини Кур ьони карим дониста бошанд, пас макому манзалат ва ахамияти ин китоб дар таърихи мероси гаронбахои исломй аз чй иборат аст?

Бояд гуфт, ки дар карни сеюми хичрй як идда донишмандони бахши тафсир, хадис ва фикх ба таълифу тадвини китобхои худ пардохтанд. Аллома Суютй 18 тан аз муфассирони хамасри Табариро ёдовар мешавад (6, 121). Ин худ гувохи он аст, ки дар хавзаи илмии он давра эхтиёчу ниёзмандии зиёд ба навиштани тафсирхои Ку р ьон ва шарху баёни хадису суннат ва киссахои куръонй ба миён омада буд. Пас аз густариши ислом берун аз Ч,азирату-л-араб мусулмонони гайриараб низ ба омузиш, бозгу ва шархи алфозу маъонй ва матолиби Куръону хадис пардохтанд. Ба пиндори мо ин чо чанд омили умдае хает, ки зарурати тадвини китобе чун «Ч,оме ьу-л-баён ан таъвили оёти-л-Кур ьон»-ро ногузир сохт:

1. Кур ьон «би лисонин арабиййин мубин» (забони арабии рав-шан) нозил шуд. Сахобагон онро хифзу гирдоварй менамуданд ва дар сатхи донишу саликаи худ онро фахму идрок мекарданд. Агар маънии лафзе фаромуш мешуд, онхо аз хамдигар пурсон мешуданд ва дар холатхои зарурй бевосита ба пайгамбари Худо (с) мурочиат мекарданд.

2. Дар замони нузули Кур ьон худи пайгамбар (с) акриду ахкоми шаръии Кур ьон ва асбоби нузул, носиху мансух ва хоссу омро ба сахоба сарохатан баён мекард. Дар натичаи бахсу мучодала ва табодули назар бо он хазрат сахобагон ба омухтани Куръону хифз намудани ахборе, ки шунида буданд, рагбат менамуданд, то нахустин муфассирони каломи раббонй гаштанд. Пас аз он, тобеин кори онхоро идома доданд.

3. Амонати илмй такозо мекард, ки сахобагон ва тобеин ахбори андухтаи худро барои наслхои оянда накл кунанд. Бархе аз олимони мусулмон аходис ва тафсирхои фарогирифтаи тобеинро мавриди омузиши чиддй карор дода, ба тадвини хадисхои исноддор пардохтанд.

4. Дар байни сахобагон ва тобеин яхудиёну насрониёни исломоварда низ бисёр буданд. Онхо шархи баъзе киссахои пайгамбарон ва ахбори таърихиро, ки дар китобхояшон мавчуд буд, медонистанд. Ин кабил асархо бо эътикод ва усули дин иртиботе надошт. Х,амин чихати масъала дар илми тафсир моддаи наверо афзуд, ахли илм онро вобаста ба мансубияти онхо ба кавму халкхои гуногун «Исроилиёт», «Румиёт», «Фурсиёт» ва гайра меномиданд. Албатта, сахобагон ин киссахоро бо хусни нияти нек ва хамчун унсури бозгукунандаи маонии КУРЪ0НИ мухаммадй ва тавхиди исломй накл мекарданд.

5. Берун аз худуди нимчазираи Арабистон хам мардумони зиёде ислом оварданд, ки на забони арабй медонистанду на Куръонро бе тафсир мефахмиданд. Аз ин лихоз тадвину гирдоварй ва тафсири алфозу маонии оёти Куръон ба коре ногузиру хатмй мубаддал гашт.

Бегумон дар ин вазъу ахвол ичтиходи муфассироне монанди имом Табарй зарур буд, то зимни шарху тафсири хар лафзи каломи раббонй ва моддаи таърихии мансуб ба он хамаи киссаву ривоятхои китобию шифохии роичро гирд оварад ва силсилаи иснодро бо зикри номи ровиён то замони рисолат овардани хотаму-л-анбиё бирасонад. Ва Мухаммад ибни Ч,ари р хамчунин хам кард. Чдззобият ва сикати нигориши «Тафсир»-и Табарй хам дар он аст, ки у тамоми ахбору ривоёти гузаштагонро хамчунон бе каму кост, бо хамаи баду некаш ёд кардааст. Ояндагон метавонанд дар сатхи донишу саликаи худ асилро аз дахил ва сахехро аз заъиф тамйиз диханд. Бехуда нест, ки сабаби ихтисори хачми ин тафсирро аз ей хазор то се хазор варак

матолиб ва тавзехоти таърихии хурд-хурд фаровон оварда мешаванд, ки дарки маънии оятро осон мегардонад. Хдчми махцуди ахбору матолиби хар оят барои муаллиф мачоли пардози суханро танг карда буд, аз ин ру афзудани ахборе берун аз тафсир камтар ба назар мерасад ва хам бо сабаби мухтасару умумй буданаш ахамиятеро барои мавзуъ доро нест. Вале шархи матолиби таърихй махорати таърихнигории имом Табариро сайкал додааст. Куеури ин махдудият ва махрумиятро Мухаммад ибни Чдрир дар таърихномаи бузурги худ баробар кардааст.

«Таъриху-р-русул ва-л-мулук» (Таърихи пайгамбарон ва подшохон) хамчун намунаи асари насрй дар мавзуи таърихй аз руи мазмуну мундарича ва услуби тасвири бадей анбухи бузурги руйдодхои таърихй, киссаву ривоятхои асотирй дар бораи ойини нав аст, ки дар асоси хронологияи хаматарафа ва томияти дохилй тибки далолати оятхои Куръон таълиф гардидааст. Суннату анъанахои ахлокй-маънавии мардумони каламрави Хилофат дар обуранги арабй-мусулмонй тавсиф ёфта, дар тахлили мукоисавй бо таърихнигории ахди хелинистй ва анъанахои шифохии кабилахои арабй дастраси оммаи васеи хонандагони он давра мегарданд. Дар таърихнома маълумотхои таърихй ва асотирии зиёд дар бораи халкхои порсизабону туркзабон, фарханги маънавй, шахрхо, анъанаву одатхои онхо аз замонхои кадим то соли 302 хичрй (915) сабт гардидааст. Ин ахбор аз ганчинаи фарханги мусулмонй, ки дорой ахамияти бузурги илмй-адабй ва таърихй-чугрофй буданд, берун оварда шудаанд. Дар матни ин асар иктидори ичтимой ва фархангсолории мардумони Осиёи Марказй ба вачхи неку чойгузин шуданд.

Дар таърихнома, ки дар илми чахонй мухтасаран бо номи «Таърих»-и Табарй машхур аст, таносуби истифодаи стандарти дугона ба чашм мерасад. Якум, дар матни асар далелхои зиёде аз иктибоси намуна, шакл ва мавзуъхои алохвдаи бадей, сарчашмахои динхои яхудй ва насронй, фархангхои Риму Юнон, порсии кадим ва хиндй, инчунин назми тоисломии араб баён гардидаанд. Дуюм, интиколи бунёдии сарчашмахои хаттй ва шифохии фарханги мардумони Осиёи Марказй ва мувофик сохтани он ба шароити нави анъанахои адабии арабй дар шакли нисбатан тагйирёфта ба мушохида мерасад. Бояд зикр намуд, ки механизми фархангсолорй ва низоми яккахудоии мардумони Осиёи Марказй нисбат ба дигар

фархангхои курунивустой омода будани худро барои кдбул ва аз худ намудани идеологиям нави динй нишон дод, ки гузаштани онхоро ба вокеияти нав осон гардонид. Аз хамин сабаб будааст, ки олимони ин сарзамин асосгузорони бахшу кисматхои мухталифи илму фарханги мусулмонй гардиданд.

Пас хизмати имом Табарй дар ташаккули таърихнигории мусулмонй ва хифзи худвежагии фархангии халкхои Осиёи Марказй дар чист?

1. Услуби асосии таърихномаи Табарй дар чобачогузории оятхои куръонй аз руи тартиби хронолога, аз як тараф ва тахия намудани мачмуи мукаммали маводди тамоми гуяндагони тоисломии араб дойр ба хар як далел ва ходисаи таърихй бо зикри халкаи номхои ровиён, аз тарафи дигар, ифода меёбад. Эътимодбахш будани наклу ривояти таърихии арабхо дар асар то дарачае мукаммал буд, ки минбаъд хеч як муаллиф максади аз нав гирдоварй намудани наклу ривоятхои тоисломиро дойр ба таърих пеши худ нагузошт ва агар ба ин кор даст зада бошад хам, хеч чизи чидцие ба маълумоти Табарй афзуда натавонистааст.

2. Хронологияи руйдодхои таърихй дар ин сарчашма ба рушди муттасили харакати нубувват ва баёни мархила ба мархилаи хукмронии банй Одам дар руи замин асос гузоштааст.

3. Дар харитаи куръонии таърихи чахонй таърихи сулолавии мардумони порсизабон ва таълимоти динии кадимаи халкхои Осиёи Марказй бозтоби равшан касб намудааст. Дар асар мухокимаро-нихои чолиб дар бораи решахои пайдоиши хокимияти давлатй, шахсиятхои таърихию асотирй, эътикодоти гуногун ва табакахои динй хамчун унсурхои васлгари таълимоти тавхид ба чашм мерасад. Дар матни нигориши ходисахои таърихй муаллиф кушидааст ба таври бадей муттасил будани анъанахои сулолавии давлатдории эрониёнро дар алокаманди зич бо ахбори сарчашмахои арабй, румй, хиндй, юнонй ва туркй бозгу намояд. Дар муносибат ба ин масъала Табарй чунин меорад: «Дар олам аз гайри миллати порсиён дигареро зикр намекунанд, ки наслхои сулолавии онхо мархила ба мархила то ба Одам, алайхи-с-салом, рафта расад. Аз ин ру, нигориши таърихи чахон дар асоси вакти хукмронии подшохони онхо аз хама дуруст ва возех хохад буд» (7, 93).

Махорати баланди таърихнигории ин донишманд, ки мабно ба тавхвди исломй ва фахмиши баланди алфозу маонии Куръон буд.

барои чойгир кардани чахонбинии яккахудоии ойини зардуштй ва барчаста нишон додани иктидори тарбиявй ва ахлокии дин дар чамъият дар матни асар имконияти васеъ фарохам овардааст. Муаллиф бад-ин васила дар шароити забткорихои синохи араб ба бедор шудани шуури миллии халкхои Осиёи Марказй, тарбия намудани онхо дар рухияи суннату кахрамонихои гузаштагон ва наздик шудани таърихнигории исломй бо таърихи антика мусоидат кардааст. Арзиши баланди таърихй-маърифатии ин сарчашма дар он аст, ки Табарй тавонист чаззобият ва созгории анъанахои фархангй ва таърихнигории халкхои минтакаро ба талаботи дини нав исбот кунад. Дар анаъанаи таърихнигории араб ин асарро сарчашмаи асосй оид ба таърихи умумй ва таърихнигории арабии се садаи нахустини ислом медонанд.

«Таърих»-и Табарй баъди таъсиси давлати муктадири Сомониён эхёи тоза касб намуд, зеро он дар шакли тахриршуда ва бо афзудани матолиби нав ба забони порсии дарй тарчума гардид. Дар тахрири форсй-точикй халкаи ровиён ва гуяндагон партофта шуда, хар як руйдоди таърихй алохида дар шакли киссаи насри таърихии анчомёфта оварда мешавад. Дар тарчума асосан сохтори колабии асли арабй нигох дошта шудааст, вале дар баробари киссаву ривоятхои куръонй таърихи асотирй ва вокеии мардумони Осиёи Марказй баркарор карда мешавад. Ин асар амалан ба хайси хамирмояи методологии фахмиши таърихии исломй ва сарчашмаи намунавй барои рушди насри таърихй ва бахшхои дигари илм дар забони форсии дарй эътироф гардид. Мукаррароти таърихй-фархангсолории ин сарчашма марчаияти методологии худро дар минтака то ибтидои асри XX нигох дошт.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бартольд В.В. Персидская культура и ее влияние на другие страны.

- М.: «Наука», 1966. Т. 6

2. Гафуров Б.Г. Таджики. - М: «Наука», 1972

3. Ёкут ал-Х,амавй. Муъчаму-л-удабо. - Копира, «Маъмун», 1938,4.8.

4. Ибни Надим. Ал-Фехрист. - Байрут, «Дору-л-маърифат», 1979

5. Крачковский И.Ю. Избранные сочинения. - М.-Л., 1956. - Т.2.

6. Суютй Абдуррахмон. Ал-иттикону фй улуми-л-К,уръон. - Кохира, 1969

7. Табарй Абучаъфар Мухаммад ибни Ч,арир. Таъриху-р-русул ва-л-мулук. - Байрут, «Дору-л-кутуби-л-илмия», 1988. - Ч,.1.

8. Тафсиру-т-Табарй ли Абичаъфар Мухаммад ибн Ч,арир ат-Табарй / Тахдику-д-устоз Махмуд Мухаммад Шокир ва мурочаату-ш-шайх Ахмад Мухаммад Шокир. - Кохира. «Дору-л-маориф», 1960-1968. - Дар 16 чузъ.

9. Тафсиру-т-Табарй ли Абичаъфар Мухаммад ибн Ч,арир ат-Табарй (224-310 х.) / Тахкику-д-дуктур Абдуллох ибни Абдулмухсин ат-Туркй. -Кохира, «Дору-л-Х,ичр». 2001. - Дар 30 чилд.

10. Хатиб ал-Багдодй. Таъриху Багдод. - Бейрут, «Дору-л-кутуби-л-арабй», 1973

Место имама Табарй е мусульманской культуре Ф.Бобоее

Ключевые слова: история таджикского народа, историография, Мухаммад ибнДжарирТабари, «Та'рихиТабари», «Тафсири Табарй»

В статье освещаются основные биографические данные Мухаммада ибн Джарира ал-Табари и его фундаментальные работы «История» и «Тафсир» на основе исследований арабских, персидских источников и новейшей научной литературы. Показано их непреходящее значение в становлении мусульманской цивилизации и формировании мусульманской идентичности.

The Place of Imam Tabari in Moslemic Culture F. Boboev

Key words: history of the Tajik people, historiography, Mukhammad ibn Jarir Tabari, "Tarilchi Tabari", "Tafsiri Tabari"

The given article deals with the main biography data of Muhammad ibn Jarir al-Tabari's and his fundamental works "History" and "Commentary" ("Tafsir") on the basis of scientific Arab-Persian sources and modern studies. The author highlights the everlasting signif icance of these works for shaping the Moslemic civilization and the formation of the Moslemic identity.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.