Научная статья на тему 'ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ ЛИЧНОСТИ И УЧЕНИЯ ИМОМА АЪЗАМА (на тадж.яз.)'

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ ЛИЧНОСТИ И УЧЕНИЯ ИМОМА АЪЗАМА (на тадж.яз.) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
950
71
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Соли бузургдошти Имоми Аъзам / Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит / ҳукумати Умавиҳо / хилофат / њукумати Аббосиён / њанафия / Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

HISTORICAL AND SOCIAL PROMOTION OF PERSONALITY AND IMOMI AZAM'S STUDY This article draws reader's attention to analyses and research of social and historical references of appearance and promotion of individual and the study of one of the famous persons of Islam Abuhanifa Numon ibn Sobit whose jubilee will be honoured according our president's decree.

Текст научной работы на тему «ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ ЛИЧНОСТИ И УЧЕНИЯ ИМОМА АЪЗАМА (на тадж.яз.)»

КАРИМОВ ОСИМ КОСИМОВИЧ,

Ректори Донишгоуи давлатии %уцуц, бизнес ва сиёсати Тоцикистон, доктори илмуои таърих, профессор.

НАЗАРЕ БА ОМИЛХ,ОИ ТАЪРИХИЮ И^ТИМОИИ ТАШАККУЛИ

ШАХСИЯТ ВА ТАЪЛИМОТИ АБУ^АНИФА (бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам)

Омузиши фархангу маънавиёт ва мероси гановатманди ачдодй, арчгузорй ба хидматхои арзишманди фарзандони номвар ва фарзонаи миллат бешубха барои инсоният роххои пурсаодати рушду такомули моддиву маънавиро боз намуда, дар самти ноил гардидан ба хадафхои созанда барои бани башар заминахои мусоид фарохам меорад. Аз лихози вок;еияти таърихй бо дарназардошти замина ва омилхои ташаккули чомеаи инсонй намунаи ибрат кдрор додани кору пайкори бузургон, фарохдм овардани шароити мусоид барои амик;у хаматарафа омухта шудани мероси онхо, истифодаи ганчинаи бузурги зехнии гузаштагон барои тарбия ва ташаккули чомеаи навин амалест, ки шоистаи бузургони давру замон мебошад.

Тавре ки Президенти кишвар, Чдноби Олй, мух,тарам Эмомалй Рах,мон таъкид доштаанд: «Дар таърихи тулони ва пурFановати

тамаддуни халки точик, бахусус давраи исломии он шахсиятхо ва ноб^ахои зиёде ба зухур омаданд, ки дар ташаккулу такомули фарханг, хувият ва асолати миллй накши беназире боки гузоштаанд. Аз баракати захмат ва корнамоии пурвусъату башардустонаи онхо сиришти фитри ва хувияти таърихию фархангии миллат хифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи муносиб ба вучуд омад».1 Аз ин лих,оз, бо дарназардошти хизматх,ои таърихии фарзанди нобигаи халки точик Абухднифа Нуъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фархднг ва тамаддуни исломй ва ахдмияти бехдмтои мероси илмии у дар ташаккул ва инкишофи худшиносии миллй бо фармони Президенти мамлакат (аз 15 сентябри соли 2008, № 538) Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шудани соли 2009-ро метавон барои кулли чомеа хамачихата мухим арзёбй намуд.

Тачлили бузургдошти ин фарзанди номбардори миллат ва ба ин васила пажух,иши осору таълимоти арзишманди у, бори дигар таваччухи чомеаи муосирро ба даврах,ои рушду такомули тамаддуну фархднги халкамон берун аз худуду марзи ачдодии мо чалб хохад кард. Махсусан имрузхо, ки беш аз пеш арзишхои асили фархангй ва миллии мо-точикон ба чахониён бо диду назари тоза арзёбй мегардад, ин ибтикори Сарвари

1 Эмомалй Рахмон. «Имоми Аъзам ва хувияти миллй».// Рузгор ва осори хазрати Имоми Аъзам. - Хучанд, 2008, с. 5

давлатамон дар раванди омузиши мероси маънавии ниёгонамон такони бузурге хохад бахшид. Дар ин замина хамзамон чихати дар рухияи огохии комил аз арзишхои асили миллй, ифтихори давлатдорй, хисси масъулият ба мехнати созандаю бунёдкорй руй овардани хар як фарди чомеа накши босазо хохад гузошт.

Оид ба хаёту фаълияти Имоми Аъзам, таълимот, мактаби мазхабй, устодону шогирдон ва пайравони у дар сарчашмахои илмй ва таърихй маълумоти мухталиф зикр гардидаанд. Аммо тавре ки Сарвари давлат таъкид намуданд: «корнамоии ин шахсияти бузург ва нобигаи асил дар дунёи илму маони то ба х,ануз асрори зиёди нокушуда дорад, ки пажух,иши доманадорро та^озо менамояд».1

Аксарият бар ин акидаанд, ки Абуханифа Нуъмон ибни Собит соли 80-и хичрй, мутобик ба соли 699 милодй дар замони хилофати Абулмалик ибни Марвони умавй дар шахри Куфа таваллуд шудааст. Пас маълум мешавад, ки Имоми Аъзам дар айёми хукумати Умавихо чашм ба олам кушодааст. Ин даврае буд, ки сиёсати халифахои Умавия дар байни мардум меафзуд, зеро хокимияти Умавиён ба ашрофи воломаком такя мекард ва ин сиёсат танхо манфиатхои онхоро химоя менамуд. Махсули зиёди мехнати кишоварзон ба хазинаи халифа ё ба дасти тоифаи хукмрон меафтод. Аз байни намояндагони ин хонадон золимтарин халифаи сулолаи умавихо Х,аччоч ибни Юсуфи Сакафй дар таърихи ислом зулму ситам ва бедодгариро аз хад гузаронида буд, ки дар ин бора дар манбаъхои илмиву адабй хабар рафтааст.

Барои равшанй андохтан дар масъалаи заминахои таърихии пайдоиш ва ташаккули мазхаби ханафия мухтасар назар андохтан ба таърихи хилофатро дар ин давра зарур мешуморам.

Муаррихони асрхои миёна аз забили Ибни Надим, Балозурй, Диноварй, Табарй, Масъудй ва дигарон дар мавриди вазъи сиёсй, ичтимой, иктисодй ва фархангии ин давра дар осорашон маълумоти арзишманд ва муфид манзур намудаанд. 2

Соли 685 вакте ки халифа Марвон даргузашт, ба чои у писараш Абдулмалик ибни Марвон ба сари кудрат омад. Ба у муяссар гардид, ки пас аз чангу чидолхои пайихам дар хилофат то андозае хокимияти мутамарказ ба вучуд оварда, дар саросари мулки араб, аз он чумла дар Ирок ва Сурия ислохоти пулй гузаронад. Дар замони хукмронии ду фарзанди у ал-Валид (705-715) ва Муслим (715-717) бошад, забткорихои араб дар Осиёи Миёна ва дар гарб то Константинопол ва нимчазираи Пиренея кувваи нав гирифт.

Назар ба маълумоти сарчашмахои илмй ин солхо давраи авчи аълои нуфузи сиёсии хилофат дониста шудааст.3 Дар он солхо хилофат ба

1 Эмомалй Рахмон. «Имоми Аъзам ва хувияти миллй».// Рузгор ва осори хазрати Имоми Аъзам. - Хучанд, 2008, с. 6

2 О.К.Каримов. Историческая наука Таджикистана.-Худжанд, 2002. с.97-121.

3 История Востока.Т 2, Восток в средние века.-Москва, 2005. с. 122.

xyдyди нщоии пaxншaвии худ pacидa, дap кaлaмpaви он беш аз 80 миллион axолии гуногунмиллат дохил мешуданд, ки дapомaд аз xиcоби aндозxои мухталифи cитонидaшaвaндa аз axолй, мaхcycaн axолии фaтxшyдa ё иcломpо нав кaбyлкapдa беxaддy xиcоб ба хазинаи мapкaзй воpид мегapдид. Ин маблаг бapои таъмини эxтиёчоти коpxои давлатй, нигоx доштани apтишy флот, инчунин анчом додани коpxои азими тохтмонй дap шaxpxо имконият медод. Mapкaзxои нави xapбию cиёcии ^фаю Бacpa, Фycтaт, Кдовон ва дигapxо мaxз дap xaмин дaвpa вуеьати бештap пайдо намуданд.

Дap чоpяки аввали acpи VIII бошад, бо ташаккули табакаи aшpофони мaxaлии apaбиacл дap Xypоcон, Mиcp ва Aфpикaи Шимолй дap ягонагие, ки байни мapдyми мycyлмон Умaвиxо бо c^cara худ ба вучуд овapдa буданд, cycтй ва коcтaшaвй зоxиp гapдид. Дap бapобapи ин, бо ^py гиpифтaни мyбоpизaxои дохилй дap байни худи кaбилaxои cеpшyмоpи apaб, мaхcycaн зиддиятxои кaбилaxои шимолй бо чанубй дap мacъaлaи xокимият ноpозигии омма аз xyкyмaти Умaвиxо меафзуд.1 Дамчунин ноpозигии мapдyм, мaхcycaн axолии мaмлaкaтxои забтшуда аз aндозxои гapон боиш кувват гиpифтaни ташвикот зидди xyкyмaти Умaвиxо аз чониби тapaфдоpони шиа гapдид.

Дap замони охиpин намояндаи ин хонадон Mapвон ибни Myxaммaд (744-750), ки дap он cолxо бо чоpй намудани тapтибот дap мapкaзи хилофат машгул буд, дap Xypоcон зиддият байни paвияxои мавчудаи иcломй авч гиpифт. Aз фypcaт иcтифодa бypдa, имоми Aббоcй Ибpоxим ибни Myxaммaд cоли 747 ба Xypоcон Aбyмycлимpо, ки худ зодаи ин capзaмин acт, бapои ташвикот ва ташкили мyбоpизa бap зидди Умавщо фиpиcтод. Намояндагони махфии Aббоcиён ба шypишгapон дap мaвpиди ба capи давлати хилофат омаданашон кам кapдaни хиpоч, бекоp намудани yx,дaдоpиx,о доиp ба cохтмони иншоотх,о, таъмини х,укуки иштиpок дap идоpaкyнии x,окимиятaшонpо кавл доданд.

Бо capдоpии ин фapзaнди бapyмaнди мaшpикзaмин cоли 747 намояндаи Умавщо дap Xypоcон Hacp ибни Сaйёp маглуб гapдид ва окибат cоли 750 хилофати Aббоcиxо бapкapоp шуд. «Aбyмycлим яке аз xaмин доиёни мaxaллй буд, ки дap охиp xaмaи pоxбapияти хypyчи ба мукобили Умaвиёнpо ба даети худ гиpифт»2 - навиштани САйнй вокеияти тaъpихии нуфуз ва эътибоpи ин мapди аз гуломй озодшудаи эpонитaбоppо дap олами иcлом ва хилофат тобит меcозaд. Яъне мapдyмони мaxaллй, мaхcycaн баъзе шaхcон аз минтак^ои Xypоcонy Mовapоyннaxp маълум мешавад, ки тащо тобеъи хилофат нашуда, балки бо коpдонию заковати хеш aкcapaн аз acоpaт озод мегapдидaнд ва дap xaёти илмиву фapxaнгй ва cиёcии хилофат накши хyдpо гузоштаанд.

1 Иcтоpия Воcтокa.T 2, Восток в cpедние векa.-Mоcквa, 2005. c. 123.

2 С. Aйнй. Kaxpaмони халки точик Tемypмaлик. №ёни MyK^^^^ Очеpкxои адабй-тaъpихй. -Душанбе,1978. c.100.

Чуноне ки бобои Абуханифа - Марзбон низ махз бо фитрату заковати хеш аз гуломй озод гардида буд.1

Агар зохиран Абумуслим тарафдории Аббосихоро дошта бошад, дар асли максад у нияти тамоман аз байн бурдани зулми арабхоро аз диёри Шарк мепарварид.

Дар мавриди накши ин мард дар доирахои сиёсии хилофат дар тадкикоти илмй маводи фаровон ба даст овардан мумкин аст. Махз бо талошу чоннисорихои Абумуслим хавфи истилои сарзамини точикон аз чониби чинихо бархам дода шуд, ки ин вокеа соли 751 сурат гирифтааст.2

Назар ба гуфти устод Айнй «Халифахои бани Умайа дар айёми хукмронии худ (гайр аз Умар ибни Абдулазиз) зулму бедодро аз хад гузарониданд. Зулму бедоди онхо ба ахолии гайри араб махсус набуда, аз худи арабхо хам бисёр хонадонхоро хароб карданд. Онхо Хдччоч ном золими машхурро дар олами ислом бист сол хукмрон карданд, ки на аз вай пеш ва на баъд аз вай солхои дароз касе он кадар зулм накардааст».3

Ба сари кудрат омадани хонадони Аббосй барои кавмхои форситабор аз чанд чихат хеле муфид омад. Бар хилофи хукуматдорони Умавй, ки ашрофони махаллиро дар сари кудрат рох намедоданд, минбаъд дар сохтори идораи давлатй тахаввулоти бузург ба вучуд омад.4 Махз дар хамин давра идораи хокимият дар махалхо ва хатто баъзе мансабхои хокимияти марказй ба дасти намояндагони форсизабон даромад.

Ин тоифа мардум бешубха пас аз ба мансаб расидан ва ёфтани такягохи боэътимод аз чониби хилофат тарзи хукуматдории шаркй ва унсурхои маданияти давлатдории сосониро бо баъзе сохторхояш дар маркази хилофати араб ворид намуданд. Дар сатхи болои идораи хокимият илова ба мансаби халифа инчунин вазир (шахсияти идоракунандаи аппарати давлатй) ба вучуд омад. Дар ин вазифаи масъул аввалин шахсон аз хонадони Бармакиён, ки баромадашон аз Балх аст, таъин гардиданд. Ч,орй шудани мансаби вазорат боиси пайдо шудани як катор девонхо ва шахсони идоракунандаи ин сохтор гардид. Дар баробари ин дар хилофат як табакаи бонуфузи мансабдорон чун такягохи асосии хилофат дар корхои давлатдорй ташаккул ёфта, тоифаи мансабдорони низомиро ин табака охиста-охиста аз доираи нуфузашон танг менамуд. Аммо огози хукумати Аббосихо умеди мардуми араб ва мусулмононро боварй бахшида натавонист.5 Зеро пас аз тамоман махв сохтани Умавихо ва катли ночавонмардонаи Абумуслим аз чониби

1 Эмомалй Рахмон. «Имоми Аъзам ва хувияти миллй».// Рузгор ва осори хазрати Имоми Аъзам. - Хучанд, 2008, с. 6.

2 О.Каримов, Х.Холджураев, А.Мирбабаев. История таджикской дипломатии.-Худжанд, 2008.Вып 1, с. 119-120.

3 С. Айнй. Х,амин асар. с. 99

4 Абасидов халифат. //Советская историческая энциклопедия. Москва,1961. том 1, с.27

5 Б.Г. Гафуров. Таджики. Древнейшая, древная и средневековая история. Кн.2.-Душанбе, 1989. с. 33

халифа Мансур (754-775) дар соли 755, зулми ин хукумат ба чахони ислом афзуд. Сохтмонхои пойтахти нав - Багдод ва маъракахои бехисоби дарборй харочоти зиёдеро талаб мекард. Ин амр ногузир ба зиёдшавии андоз аз ахолии каламрав, ки бо тарики ушр ва хироч гирифта мешуд ва афзоиши нави норозигии мардум мегардид. Дар ин давра хилофат нисбати забткорихои нав ягон кор анчом надод. Вазъи сиёсии тамоми каламрави хилофатро охиста - охиста пайдо шудани равияхои нав ташаккул ёфтани фиркахо ва дар ин замина ба вучуд омадани чараёнхо, таълимотхои мухталиф ва амсоли инхо пур кард.

Ба андешаи олимон дар ин давр ихтилофхои сиёсй, талош дар масъалахои хилофату имомат, имону куфр ва адои вазифахои диниву дунявй шадид гардида, боиси пайдоиши чандин мазхаб дар масъалахои фикхй гардид.1

Хдмин тарик, Абуханифа дар асри Абдулмалики Марвон ба дунё омад ва дар замони вилояти Х,аччочи Сакфй, ки волии Ирок буд, ба синни рушд расид. Минбаъд дар ахди халифа Умар ибни Абдулазиз илм ва кобилияташ дар самти рушди илми исломй равшан гардид. Дар он солхо шахри Куфа аз лихози илм хеле пеш рафта буд ва табиист, ки хамчун маркази сернуфузи ичтимой барои чалби нерухои аклонии тамоми сарзамини хилофат имконият фарохам меовард.

Дар даврони хонадони Аббосихо хазрати Имоми Аъзам ба синни камолот расида буд. Чуноне ки дар сарчашмахо зикр мешаваду олимони зиёде таъкид кардаанд, 18 соли умри бокимондаи хазрати Имоми Аъзам дар даврони хилофати Аббосихо гузаштааст.2

Давраи кору зиндагии Имоми Аъзам, дар маколаи Президенти Ч,умхурии Точикистон, мухтарам, Эмомалй Рахмон - «Имоми Аъзам ва хувияти миллй» бо тахлилхои амик хулосабандй гашта, чунин кайд мегардад: «Бояд таъкид кард, ки солхои 60 - 90 - уми асри VII барои дини мубини ислом давраи нихоят хассос буд. Хилофати араб ба давлати бузургтарини давр табдил ёфт, ки он каламрави васеи музофоти ва минтакахои пешрафтаи саросари чахонро фарогир шуда буд. Акнун бинобар тахаввулоти ичтимои зарурате пеш омада буд, ки пахлухои зиёди рузгори мардум ба танзим оварда шаванд. Чунин рисолатро танхо дини мубини ислом бо мукаррароти шаръии худ дар хамон давр ба анчом расонида метавонист. Бинобар ин он ба озмоишу имтихони бузурге мувочех гардид. Дар ин мархила китоби осмонии ^уръони карим ва хадисхои набави дастури бузурги зиндагии мусулмонон гардиданд, вале гузашти рузгор масоили зиёд ва нав ба нави ичтимоиро дар пешоруи инсонхо карор медод. Яъне низоми чомеа пайваста ислохоту такомулро

1 З. Сафо. Таърихи дабиёти Эрон. - Душанбе, 2001. с. 14-15

2 Рузгор ва осори хазрати Имоми Аъзам. - Хучанд, 2008, с.30

такозо дошт. Бесабаб нест, ки муборизаи шадиди дини - маънави ва сиёси - ичтимои чараён гирифта, калом, фалсафа ва тасаввуф зухур намуданд».1

Табиист, ки Абуханифа дар чунон мухит истеъдоди хешро ба мархилаи озмоиш даровард. Мегуянд, ки у дар ибтидо ба фарогирии илми нахв машгул шуд, вале баъдан ба фикх ва илми калом майл намуд ва рисолахое монанди Алфикхалакбар, Алфикхалабсат, Алолим валмутааллим, Алраддалкадарияро навишт.

Аз руи ривоятхои мавчуда микдори устодоне, ки ба Абуханифа таълим додаанд ва у аз донишу заковат ва илму маърифати онхо файз бардоштааст, аз 200 нафар зиёданд. Ба кавли дигар дар хизмати чор хазор устод будааст ва «хеч устоди машхурро монанди Имоми Аъзам шогирдони зиёд насиб нагашта буд»2. Махз гузаштан аз мактабхои илмию маърифатии абармардони олами ислом ба Абуханифа имконият дод, ки чун шахсияти илмй ташаккул ёбад ва бо хулку хислати накуву таълифоти мухими зиндагиомуз ва рохнамои инсоният дар ислом боиси сарфарозихо гардад ва ба хайси имому рахнамо пазируфта шавад.

Дар масъалаи заминахои ичтимоии ташаккули таълимоти Абуханифа хаминро бояд кайд намуд, ки усули киёс бо далелнокии хукм ва истифода аз раъй дар таълимоти у макоми асосй доштанд. Истифодаи ин усул дар халли масъалахои шаръй ва хукукй бехтарин хосибида мешуд. Мувофики он аз байни хулосахои вучуд дошта хамоне кабул мешуд, ки барои уммат ва чамоат мувофик бошад. Масалан дар Куръону хадис дар бораи дуздй ва чазои он сухан рафта бошад хам, дар масъалаи рохзанй хукме вучуд надошт. Данафиён аз руи меъёрхои дар таълимоташон мукарраршуда чазои ба дуздй пешбинишударо барои рохзанй низ кобили кабул мехисобидаанд.

Дар масъалаи нисбат додани ханафиён ба асхоби раъй ихтилофи назархо вучуд дорад. Тавре ки муаллифи рисолаи «ал Калому-л-афхом фй манокиби Имоми Аъзам» зикр намудааст: «Имоми Аъзам хар масъаларо аз Куръони мачид иктибос кардааст. Агар дар Куръон дучор наояд, аз хадиси набавй ва агар дар хадис набошад ва ё дар кавли асхоб ихтилоф бошад, ба кавли он сахобае, ки ба Куръону суннат наздик аст, амал мекард. Агар дар хеч кадом набошад, худ ичтиход мекард, аммо аз кавли тобеин иктибос намекард».3

Ч,ихати дигар ва чолиби ин таълимот аз он иборат аст, ки ханафия гайр аз хукукхои динй хукукхои дунявиро низ ба кор мебурд. Он ба расму одатхои халкхо дар тамоми каламрави хилофат ахамият медод. Аз ин лихоз, ин таълимот ба талаботи суннатии мардумони тахчой мувофик

1 Эмомалй Рахмон. «Имоми Аъзам ва хувияти миллй»./ Рузгор ва осори хазрати Имоми Аъзам. - Хучанд, 2008, с. 6.

2 Васлии Самаркандй. Таърихи Имоми Аъзам. Тарчумаи Фарход Дасанов.-Душанбе, 2001.с. 10-11.

3 Дамин чо, с. 14

омад ва боиси зуд пахн гардидани он дар байни халкхои дигар, махсусан мардуми Ачам шуд.1

Бояд тазаккур дод, ки дар байни равияхои шиддатнок, бахсу талошхои зиеди назарй ба вучуд омадани таьлимоте монанди ханафия ба Абуханифа ба осонй даст надодааст. Барои амалй гардидани ин падида суботу садокат, покии ботин, дониши мукаммал, озодандешй, ягонагии кавлу амал, эхтиром нисбат ба чомеа ва эьтикодоти мардум, огохии комил аз фархангу маданияти халкхои олами ислом ва монанди инхо лозим буданд. Мардуми ахли ислом ин сифатхоро дар симои як фарди ачамиасл Абуханифа Нуьмон ибни Собит дар марказ ва дили хилофат дарефт. Далели равшани ин гуфтахо васиятхои арзишманди ахлокии у мебошанд, ки ба фарзандаш Даммод ва шогирдонаш ба мерос мондааст.2

Дар олами ислом Имоми Аьзам хамчун асосгузори фиркаи исломй ягона нест. Аз таьрих маьлум аст, ки минбаьд низ бузургтарин факехони ахли суннат-шахсоне монанди Абусулаймон Довуди Исфахонй (асосгузори фиркаи Довудия), Мухаммад ибни Чдрири Табарй (муассиси равияи Табария) аз нохияхои гуногуни Эрони кадим бархостаанд. Дар илми хадис ва рушди илмхои дигар низ минбаьд олимону фозилони ачамиасл сахми босазо гузоштаанд. Дар масьалаи сабабхо, омилхо ва асосхои илмии аз ахли форс е мардуми гайриараб баромадани бисере аз олимони дин, факехон, мухаддисон ва муфассирон мухаккикон андешахои чолиб баен доштаанд.3

Боиси ифтихори мо - точикон ва тамоми форсизабонони руи чахон аст, ки бо кушишу гайрати ин фарзанди фозили точик суннати Расули акрам (с) дар тамоми ислом пахн гардид. Мазхаби у чун мазхаби бархак пазируфта шуд ва имруз аксари мардуми суннии чахон дар ин мазхаб карор дорад, ба у ва ба таьлимоти хидояткунандааш эхтиром мегузоранд.

Тавре ки Президенти кишвар Чдноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон таькид доштаанд: «Мо мероси гузаштаи маьнави ва шахсиятхои баруманди илмй, дини, адаби, сиеси ва ичтимоии халци худро бояд хуб шиносем ва бо истифода аз осори гани ва боарзиши онхо чомеаи имрузаро дар рухияи эхтиром ба гузаштагон тарбия карда, ба ин васила як давлати озод, обод, ори аз таассубу ихтилоф эчод намоем. Ч,ахони маьнивии чавонони худро гани созем, зеро ояндаи кишвару давлат ба шахсият, дониш, чахонбини ва худшиносии миллии онхо сахт вобаста мебошад».4

1 М. Дазратй ва И. Саидиен. Ислом. Равия, мазхаб ва фиркахои он. -Душанбе, 1992. с. 195-196

2 Дар бораи васиятхои Имоми Аьзам мурочиат шавад ба китоби Мухаммад Рауфи Таваккулй «Чахор имоми ахли суннат ва чамоат». - Душанбе, 2002, с. 28-31 ва «Киссахо аз рузгори Имоми Аьзам» навиштаи Равшани Дамрох ва Иброхими Наккош.-Душанбе,2008. с. 89-122.

3 М.Димматзода.Зиндагй ва осори Имом Абуханифа.-Хучанд, 2004. с. 12-16.

4 Змомалй Рахмон, «Имоми Аьзам ва хувияти миллй»./ Рузгор ва осори хазрати Имоми Аьзам - Хучанд, 2008, с. 8.

Дap давоми cолxои Иетикдодияти давдатии Ч,yмxypии Tочикиcтон бо шyкyxy шaxомaти хоca тачдид гapдидaни чaшнвоpaxои бyзypги тaъpихии axaмияти байнадхадкй ва чaxонй доштаи 1100-cолaгии Дaвлaтдоpии Сомониён, б75-cолaгии Камоди Xyчaндй, 2700-cолaгии шaxpи Куло6, 2700-cолaгии «Aвacто», 1150-cолaгии acоcгyзоpи адабиёти кла^икии точику фоpc Aбyaбдyллоxи Pyдaкй, Соли забони точикй, aхиpaн Соли бyзypгдошти Имоми Aъзaм Aбyxaнифa Нуъмон ибни Собит эъдон шудани cоли чоpй ва монанди ин бидуни ягон шаку шyбxa бaxpи гycтapиши эътибоpи чaxонии миддати кyxaнбyнёди точик caxми боcaзои хyдpо гузоштанд. Taъpих худ гyвоx acт, ки дap ягон дaвpy замон иду чaшнxои миддии мо-точикон дap чунин caтxи баланд бо чадби вacеи тaвaччУxи чомеа, мyттacилy доимй, бо xaдaфxои одии cозaндa чapaён гиpифтa бошад, ба вукуъ нaомaдaacт. Maxз бо тадошу пaйгиpиxои Сapвapи давдатамон, Чдноби Одй мyxтapaм Эмомадй Paxмон тачдид гapдидaни cилcилaи бyзypгдоштxои тaъpихй бaxpи бодо paфтaни caтxи хyдшиноcии миддй, xидояти нacли мyоcиp ба фаъодияти шоиетаи cозaндaгй мycоидaт намуданд.

Aз ин py, имpyзxо ки Tочикиcтони азизу cоxибиcтиклоли мо дap иpтибот бо чомеаи чaxонй дap caмтxои инкишофи фapxaнгy маънавиёт, беxдошти вазъи зиндагии мapдyм, вaxдaтy ягонагй ва xaёти cозaндa ycтyвоpонa кадам мегyзоpaд, rapy пaйкоpи ачдодони фозиди гузаштаи мо бapои xap як фapди чомеа, мaхcycaн чавонони кишвap бояд намунаи ибpaт ва пaйpaвй бошад.

Вожахои калиди: Соди бyзypгдошти Имоми Aъзaм, Aбyхaнифa Нуъмон ибни Собит, хукумати Умавихо, хидофат, xyкyмaти Aббоcиён, xaнaфия, Истикдодияти давдатии Ч,yмxypии Tочикиcтон.

КАРИМОВ О.К.

ВЗГЛЯД НА ИСТОРИЧЕСКИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ ПРЕДПОСЫЛКИ

СОВЕРШЕНСТВОВАНИЯ ЛИЧНОСТИ И УЧЕНИЯ ИМОМА АЪЗАМА

Статья посвящена анализу и исследованию социальных и исторических предпосылок появления и совершенствования личности и учения одной из выдающихся личностей мира ислама - Абуханифы Нуъмона ибн Собита, юбилей которого, согласно Приказу Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона, отмечается в нынешнем году.

Автор также рассматривает место и роль ценных умозаключений этого мыслителя для нашего общества и в развитии человечества в целом.

KARIMOV O.K.

HISTORICAL AND SOCIAL PROMOTION OF PERSONALITY AND IMOMI

AZAM’S STUDY

This article draws reader’s attention to analyses and research of social and historical references of appearance and promotion of individual and the study of one of the famous persons of Islam - Abuhanifa Numon ibn Sobit whose jubilee will be honoured according our president’s decree.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.