Научная статья на тему 'НЕКОТОРЫ ЭТНОГРАФИЧЕСКИЕ ХАРАКТЕРИСТИКИ НАСЕЛЕНИЯ РАШТСКОЙ ДОЛИНЫ В КНИГЕ "ТАДЖИКИ КАРАТЕГИНА И ДАРВАЗА"'

НЕКОТОРЫ ЭТНОГРАФИЧЕСКИЕ ХАРАКТЕРИСТИКИ НАСЕЛЕНИЯ РАШТСКОЙ ДОЛИНЫ В КНИГЕ "ТАДЖИКИ КАРАТЕГИНА И ДАРВАЗА" Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
53
35
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
КАРАТЕГИН / ДАРВАЗ / ЖИЛИЩА / ОДЕЖДА / НАРОДНЫЕ РЕМЕСЛА / ПИТАНИЕ / НАРОДНАЯ МЕДИЦИНА / ТРАДИЦИЯ / РАШТ / ОБРЯДЫ И ОБЫЧАИ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Махсудов Аслиддин Мухаббатович

В статье указывает на вклад Н.А. Кислякова - известного русского этнографа на некоторые аспекты этнографического изучения Раштской далины. Раскрывая деятельность Н.А. Кислякова, автор делает выводы и указывает что его работы являются историческим и этнографическим ресурсом для будущего поколения и поколения дня.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME ETHNOGRAPHIC CHARACTERISTICS OF THE POPULATION OF THE RASHT VALLY ON THE BOOK "TADJIKS OF KARATEGIN AND DARVАZ"

This article is devoted to the contribution of Russian historian and ethnographer N.A.Kislakov to the tradition of Rasht valley. The author makes conclusion and points that his books will serve as the historical and ethnographical resource for the future and to day’s generation.

Текст научной работы на тему «НЕКОТОРЫ ЭТНОГРАФИЧЕСКИЕ ХАРАКТЕРИСТИКИ НАСЕЛЕНИЯ РАШТСКОЙ ДОЛИНЫ В КНИГЕ "ТАДЖИКИ КАРАТЕГИНА И ДАРВАЗА"»

БАЪЗЕ ХУСУСИЯЩОИ МАХСУДОВ Аслиддин Му^аббатович,

МАРДУМШИНОСИИ АХОЛИИ докторанты PhD-u Институти таърих,

ВОДИИ РАШТ ДАР КИТОБИ бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи

«ТАДЖИКИ КАРАТЕГИНА А.Дониши АИ Цумуурии Тоцикистон

ИДАРВАЗА» (Тоцикистон, ноуияи Рашт)

НЕКОТОРЫ МАХСУДОВ Аслиддин Мухаббатович,

ЭТНОГРАФИЧЕСКИЕ PhD докторант Института истории,

ХАРАКТЕРИСТИКИ археологии и этнографии имени А. Дониша АН

НАСЕЛЕНИЯРАШТСКОИ Республики Таджикистан (Таджикистан,

ДОЛИНЫ В КНИГЕ «ТАДЖИКИ Раштский район) КАРАТЕГИНА И ДАРВАЗА»

SOME ETHNOGRAPHIC MAKHSUDOV Asliddin Muhabbatovich,

CHARACTERISTICS OF THE doctoral student of the Ahmad Donish Institute of

POPULATION OF THERASHT history, archaeology and ethnography, Academy of

VALL Y ON THE BOOK «TADJIKS OF Sciences of the Republic of Tajikistan (Tajikistan,

KARA TEGIN AND DAR VАZ» Rasht region), Е - MAIL: makhsudov@inbox.ru

Калидвожа^о: Царотегин, Дарвоз, манзили зист, либос, уунаруои мардуми, таом, тибби мардуми, анъана, Рашт, урфу одат.

Дар мацола оид ба тадцицотщои муаррих-мардумшинос Н.А. Кисляков дар шинохти анъанауои мардуми Рашт баус меравад. Муаллиф фаъолияти Н.А. Кисляковро барраси намуда, таъкид мекунад, ки китобуои олим уамчун осори таърихи ва мардумшиноси барои наслуои имрузу оянда боарзиш хоуад монд.

Ключевые слова: Каратегин, Дарваз, жилища, одежда, народные ремесла, питание, народная медицина, традиция, Рашт, обряды и обычаи.

В статье указывает на вклад Н.А. Кислякова - известного русского этнографа на некоторые аспекты этнографического изучения Раштской далины. Раскрывая деятельность Н.А. Кислякова, автор делает выводы и указывает что его работы являются историческим и этнографическим ресурсом для будущего поколения и поколения дня.

Key words: Karategin, Darvaz, place of residence, clothing, folk crafts, food folk, medicine, tradition, Rasht, rites and customs.

This article is devoted to the contribution of Russian historian and ethnographer N.A.Kislakov to the tradition of Rasht valley. The author makes conclusion and points that his books will serve as the historical and ethnographical resource for the future and to day's generation.

Точикон хдмчун кавми бумии минтакаи Осиёи Марказй дорои таърихи чандинхдзорсола буда, дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтака ва умуман тамаддуни башарй сах,ми бориз гузоштаанд. Мах,з хдмин омил боиси он гардидааст, ки пайваста омузиши таърихи ин кавми тамаддунофар дар маркази диккати мутахасисони ватаниву хорчй буд. Имруз низ, пас аз ба даст овардани истиклолияти комили давлатй таваччух, ба таърихи халки точик чй дар дохили чум^урй ва чй берун аз он боз бештар афзудааст. Илми таърихшиносии миллй низ дар ин самт бо шарофати файзи истиклол сох,иби натичах,ои назаррас гардидааст.

Дар тах,ки;и омузиши таърихи халки точик мухдккикони зиёди ватанию хоричи накши амики худро гузоштаанд. Тахдики илмии таърихи халки точик бевосита аз нимаи дуюми асри XIX ибтидо гирифтааст.

Таърихро хотираи инсоният гуфтаанд. Зиндагии башарият х,ам бар пояи рузгори пешиниён идома мекунад. Насл^ои имруза барои насл^ои оянда кореро анчом медихднд, ки насл^ои пешин барои имрузиён карда буданд. Бинобар ин омузиши таърих, ки хдмеша пандомуз аст, барои башарият чун чароги рах,намо хидмат хохдд кард. Хдмин аст, ки аз замон^ои кадим то имруз таърихнигорй, навиштани хдводису вокеоти олам чойгохд мухдме дошт ва ба тавассути он башарият аз рузгори гузашта огох, мешавад. Таърихнигории точик дар замони Шуравй нафаси тоза гирифта, ба бисёр аз савол^ои бечавоби худ посухи илмй дод. Омадани муаррихон, мардумшиносон аз Россия имкон дод, то дар бораи минтакаи Осиёи миёна, шах,ру дех,оти он ковишх,ои бостоншиносй, тадкики хдводиси таърихй, шиносой бо шеваи зиндагии мардум х,ам дар

шахрхо ва хам дар дехот амалй шаванд. Яке аз чунин мyарриxон-мардyмшиносон Николай Андрееви Kисляков мебошад, ки бо осори гаронбахояш дар сахифахои таъриxнигории точик номи xyдро сабт кардааст. Мухаббат ба Точикистон, ба урФу одатхои мардyмии миллати точик, мехмоннавозии xалки точик, фарханги кадимаи он, кито6дустй ва ин хама олими варзидаи русро мафтуни кишвари точикон, маxсyсан, кухистони он гардонида буд.

H.A. ^атаков 11-уми декабри соли 1901 дар шахри Санкт-Петербург дар оилаи ашрофзодагон ба душ омадааст. Падараш марди харбй буда, пас аз маргаш соли 1915 ба y рутбаи генерал-майорро медиханд. Модарша зани донишманд буда, забонхои немисй, франсузй, шведй ва англисро медонист ва y низ аз xонаводаи сарватманд буда, ба тарбияи се фарзандаш машFyлият доштааст. H.A. ^с^яков тахсилоти xyби ибтидоиро дар xонаводаашон гирифта, сипас ба корпуси кадетии Петрогратд доxил мешавад. Aммо Инкилоби Октябр масири зиндагии уро дигар карда, давоми 4 сол коргузори рохи охан, xизмат дар сафхои нерухои мусаллахи харбй, фаъолияти омузгорй аз рузгори даврони чанонии уст. Соли 1927 ба Ленинград (хозира Санкт-Петербург) бармегардад ва ба факултети чyFрофияи шуъбаи мардумшиносии (шуъбаи эроншиносй) доxил мешавад.

Баътар H.A. Kисляков хаëти xyдро бо Точикистон пайваста, накши y дар тайëр намудани мyтаxассисони илм дар баxши таърта ва мардумшиносй бенихоят бузург аст.

Aммо мавзуи бахси мо, ки «Таджики ^ратегина и Дарваза» ташкил медихад, заррур донистем, то назари кутохе ба таъриxнигории ин водй дошта бошем. Bодии Pашт, дар гузашта Каротегин низ дар таъртаномахои пешин низ ëд шудааст. Кадимтарини он асари «^чоиб-ул-булдон» аст, ки дар он номи Pашт ëд шуда, масофаи ин мавзеъро то Bашгирд такрибан 60 км ëд мешавад. Bа дар ин китоб омадааст, ки <^ашт дутарин чойи Хуросон аст». Ба гуфтаи мухаккик таъриxнигор Мухтарам Х^отам вожаи «Каротегин» дар китобхои таъриxй аз асри XIV ин тараф бо номи «Каратакен» ëд мешавад.

Aсари Саидxочаи Гулшанй «Таъриxи ^умоюн» низ дар бораи водии Каротегин маълумоти xеле мухимро дар иxтиëри xонандаи xyд мегузорад. Bай дар китобаш аз макотибу мадориси Каротегин-Pашти хозира чунин овардааст: «^ксари онхо ба Бyxорои Шариф омада, касби улуми мутадовилаи байнал-у-уламоро намуда, ба ватани xyдохо рафтаанд. Aз ин кабил асхоби фазл ва арбоби дониш бисëр дорад. Маркази хукумати ин далат касаба ва кyрFOни (калъаи) Fарм аст» [5, 168].

^тоби «Кисмате аз таъриxи Pашти кухан»-и Эмом Мухиддинов низ бисëре аз нуктахои мармузи таъриxи ин ддарро рушан мекунад. Мyарриxи барчастаи точик Хдйдаршо Пирумшоев низ дар китоби «Таъртаи Дарвоз» ба таъриxи вилояти Fарм (солхои 1921-1956) назар андоxта, дар самти шиноxти таъриxи музофотй тадкикоти вижа анчом додааст. Ба гунаи мисол, Пирумшоев ба фаъолияти муарртаони ватаниву xоричй дар мавриди омузиши таъриxи Дарвоз бахои баланд медихад, аммо бар ин назар аст, ки: «Ин муаллифон факат ба тахкики баъзе аз чузъдати тариxи Дарвоз махдуд шудаанд» [4, 704].

Дар миëни таълифоти H.A. ^смков асари y «Точикони Каротегин ва Дарвоз» чойгохи маxсyси xyдро дорад [6]. Бояд кайд намуд, ки китоб аслан чанбаи мардумшиносй дошта, дар он муаллиф тамоми пахлухои зиндагии мардуми Каротегину Дарвозро баррасй кардааст. Ин китоб асари xyб буда, аз назари мо барои муарртаон, мардумшиносон ва таъриxдyстон солхои сол xидмат xохад кард. Kитоб масоили гуногуни мардумшиносиро фаро гирифтааст. H.A. Kисляков дар ин китоби 3 чилда мухаррир буда, кисмати «Очерки таъриxй»-ро навиштааст. Бояд кайд кард, ки ин асар асари дастачамъии мардумшиносон мебошад, ки дар солхои 50-уми асри XX ба Каротегину Дарвоз экспедитсия ташкил кардаанд. Масалан, A.K. Писарчик raxyCT дар мавриди тарзи xонасозии кухистондан, масолехи соxтмонии он ва амсоли ин маълумоти муфассал медихад. Bай аз чй гуна соxта шудани девори xонахо мегуяд: «Деворхои лойй, ки дар Каротегин ва хавзаи Хингоб, бо номи «лойдевол» машхур аст, бештар дар Каротегин пахн шудааст» [6, 25]. Муаллиф дар бораи баландии деворхо манозили зисти ин мавзеъ сyxан карда, аз xишт соxта шудани xонахоро зикр мекунад, аммо истифодаи xишти пyxтаро танхо дар мазорхо ба мушохида гирифтааст. Муаллифон вокеан дуруст мегуянд, ки дар Kyхистони Pашт девори осиëбхо аз санг аст. Девор кардани хавлй на ба хама кас имконпазир аст, мегуяд муаллиф ва кисмати здади мардум гирду атрофи хавлии xyдро бо шда бастаанд [6, 31]. Бомхои шиферпуш замони тадкики муаллиф, ки солхои 50-уми асри XX-ро дар бар мегирад, танхо дар бинохои хукуматй, колxозy савxозхо ба чашм мерасидаасту xалос. Ин мухаккики мардумшинос дар бораи б^орхо дар кухистон, чахлак, дегдон, дегдонча ва амсоли ин маълумоти мухимро дар татдари имруздан гузоштааст. Kисляков мегуяд, ки кариб бештари бинохои истикоматй аз xона, дахлез ва аловxона иборат будаанд. Дар

бораи хунархои кандакорй, гулпартой, андоваи деворхо ва ба ин монанд усули хонасозии кухистониён фикрхои чолибро баён мекунад.

Як хислати одамдустии кухистониёнро А.К. Писарчик кайд мекунад, ки дар бештари кисмати хонасозихо - кандани тахдеворй, задани девор, лойрезй ва дигар корхоро мардум ба тарики хашар анчом медиханд. Мутаассифона, дар холи хозир гирд омадани мардум барои хашар кариб аз байн рафтааст. Аз назари мо сабаби ин ворид шудани низоми сармоядорй дар рузгори сокинони мавзеъ мебошад. А.К. Писарчик бо истифодаи аз накша ва расмхо тархи хонахои сокинони Раштро дар гузашта нишон дода, хамзамон ба тарзи нави хонасозй низ ишора кардааст.

Кисмати либос аз тарафи мардумшинос З.А. Широнова омухта шудаст. Ин кисмати китоб оид ба либоси кухистониён бахс карда, 86 сахифаи китоб ба он бахшида шудааст. З.А. Широнова дар он рочеъ ба либосхои мардона, занона, туёна ва мотамй сухан мекунад. Ин боби китоб чун дигар бобхои он ахамияти зиёди таърихй-мардумшиносй дорад. Дар баробари маводи пуркимати мардумшиносй, аксу суратхо ва намунахои либос чун воситаи аёнй ба хонанда пешкаш шудаст. З.А. Широнова дуруст менигорад, ки: «кариб хар як зани точик ё духтари точик духта метавонад ва умуман барои худ ва хонаводаи худ». Ба гунаи мисол, муаллифон дар бораи токй мегуянд, ки харчанд дар солхои 50-ум бештари мардон ба либоси аврупой гузашта бошанд хам, аммо токй хамоно чун солхои пешин мавриди истифода аст. Дар бораи токихои махаллй, шеваи духтани онхо, нусхахои гуногуни токй фикрхои чолиб баён мекунад. Дар китоб расми 8 токии точикй ва 7 зияк (гули гирди токиро дар Рашт «зияки токй» мегуянд, - А. М.) - ро оварадаанд, ки аз тарафи занон мохирона гулпартой шудаанд. Мутаассифона, дар шароити имрузи кухистон токидузй ба кавле аз муд баромада», танхо занони ангуштшумор токй медузанд. Танхо дар 5-6 соли охир ва хусусан соли 2018 эълон шудани «Соли сайёхй ва эхёи хунархои мардумй » боис шуда, ки ба охистагй хам бошад дар Кухистони Рашт мардум ба хунархои мардумй руй оранд.

Дар бораи курама ва курок М. А. Хамиджонова тадкикоти вижа анчом додаанд, ки он дар китоб бозтоби васеъ дорад. Дар ин боб хам расмхо - анвои гуногуни курама, курпа ва курпачаи курама, оро додани чодари арус, зини асп, куртахое, ки бо ин хунар оро дода шудаанд, нишон дода мешаванд.

Боби дигар ба калами Н.Н. Ершов аз намудхои гизохои кухистониён кисса мекунад. Н.Н. Ершов дар борабари тадкикоти худ хамзамон аз дигар пажухишгарони рус, амсоли А.А. Семёнов ва Г. Арандаренко ёдовар шудаанд, ки онхо хам ба истифодаи гизохои кухистониён таваччух кардаанд. Нон ва навъхои нон низ дар дохили хамин фасл аст. Муаллифон аз талкон, як навъ гизои ордй чунин мегуянд: «Талкон брали с собой в дорогу, на охоту и т.п. Сейчас он готовится очень редко» [6, 227]. Баъзе аз гизохои кадима дар Кухистони Рашт кариб аз байн рафтаанд. Дар китоб кафгир, угурак, санги угурак, качик ва амсоли ин анвои асбоби гизотайёркунй бо расмхо оварда шудаанд.

Китоби «Точикони Каротегин ва Дарвоз» ахамияти забоншиносй низ дорад. Муаллифон А.З. Розенфелд ва Н.Н. Ершов калимахоеро меоваранд, ки холо дар Кухистони Рашт кариб ба архаизм табдил шуда истодаанд, ба мисли: дарз, кук, тепчй, тахгирак, гулдузй, якруя, сияхдузй, шероза. Зарфи намакгириро муаллиф бо калимахои зерин дар гуйишхои кухистониён нишон медиханд: намакчома, намакобчома ва намакдон. Хамирфатир, тахмол, катмол, нони тагалобй, паловгун, озук, чалпак, чагалдак, нони боклогй, нони наскй, нони тутй, фатири пиёздор, фатирмаска, ширруган, отала, ордбирён, думбулшурбо, умочи башир, умочи дугй, тархавло, хавлои тар, хавлои шир, нашосита, зирикоб, руич, шулаи башир, гундумчушак ва амсоли ин ном навъи таомхои кухистониён имруз тамоман истифода намешаванд. Дар китоб муаллифон калмахои точикиеро меоваранд, ба гунаи мисол, болопуши дегдонро - «това» гуфтаанд. Ин вожа дар чанд соли пеш истифода мешуд, ки холо ба охистагй аз байн рафта истодааст.

Боби таомхо аз тарафи Н.Н. Ершов навишта карда шудааст. Диккати муаллиф аз сабзавоту мевачот ва растанихои кухй низ дур намондааст. Махсулоти ширй давоми ин бобро дар бар гирифтааст. Хдмзамон гизохои идона, гизои гарм ва хунук, масалан муаллифон гушти гусфанд ва ё бузи кухиро гарм гуфта, гушти бузи махалиро хунук мегуфтанд. Муаллифон як одати кухистониёнро овардаанд, ки хатман пеш аз хурдани таом ва баъди он даст мешуянд.

Фасли охири китоб «тибби мардумй» ном гирифтааст. Муаллиф Н.Н. Ершов дар ин фасл ба навиштахои Эшони Малех - хатмултахсили Бухоро ва соли вафоти уро 1958 нишон додааст, такя кардаанд. Дар бораи табиби бузург будани Эшони Малех холо хам дар кухистон кисаву ривоятхо зиёданд. Хдмин аст, ки китоби «Точикони Каротегину Дарвоз» ахамияти тиббй хам дорад, зеро муаллифон дар он рочеъ ба 105 намуди гиёхи шифобахш ва гизохои барои сихатй мухимро шарху

эзох медихднд. Истилохот ва ё худ терминхоро дар охири китоб чой додаанд, ки хонданиву чолиб хастанд ва захираи лугавии хар сохибзабонро бой мегардонад.

Бояд гуфт, ки китоби мазкур мондагор буда, захмати бисёрсолаи мардумшиносист ва дар зери тахрири Н. А. Кисляков ва А. К. Писарчик руйи чоп омадааст. Миллати точик хамеша аз онхое, ки дар рушди илми точикшиносй бегаразона хидмат кардаанд, миннатдору сипосгузор аст.

АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА:

1. Андреев М. С., Таджики долины Хуф. - Сталинабад, 1958. Тр, Ан. Тадж. ССР, т. 61.

2. Цосимова М. Таърихи забони адабии тоцик, (асрцои X-XI).Цилди 1. -Душанбе, 2012. -568 с.

3. Муциддинов Э. Цисмате аз таърихи Рашти куцая, - Душанбе, 1991. - 145 с.

4. ПирумшоевX,., Таърихи Дарвоз. - Дуашанбе: Ирфон, 2008.-704с

5. Садихоцаи Гулшани, Таърихи Хумоюн. Бо эцтимоми Цурабек Назри. Душанбе: Пайванд, 2006, -168с.

6. Таджики Каратегина и Дарваза. Под ред. Н. А. Кмсляков и А. К. Писарчик - Душанбе: Дониш, 1970. - 376 с.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.