ШАХСИЯТХ,ОИ БУЗУРГИ донишгох,и ОМУЗГОРИ / ВЫДАЮЩИЕСЯ ЛИЧНОСТИ ПЕДАГОГИЧЕСКОГО УНИВЕРСИТЕТА
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМЙ - ТАЗДШ;ОТЙ ВА ПЕДАГОГИИ ПРОФЕССОР ^АЙДАРШО
ПИРУМШОЕВ
Сайнаков С П., Одинаев А. Н.
Допишгощ давлапши омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй
à
Дар хифзу нигохдории хотираи таърихй ва кору пайкори хдр к;авму миллат муаррихони он халк; накши асосиро ичро намуда, масъул хам мебошанд. Дар дарозои таърих аз миёни точи кон муаррихоне баромаданд, ки бо асархои худ дар чахон мапщур гаштанд. Аммо новобасга ба ин, мо - точикон то солхои 30-юми асри XX, муассисаи касбии миллие надоштем, ки дар он махсус муаррихони касбй тайёр карда шаванд. Бо такозои замон, соли 1931 Институти давлатии педагогии шахри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (хозира ДДОТ ба номи С. Айнй) таъсис дода шуд, ки хдмзамон факултети таърихи он низ ба фаъолият cap карда, то солхои 50-ум махз устодон ва мутахассисони тайёркардаи он дар чумхурй ба тахкики таърихи халки точик машгул буда, накши калонро бозй карданд. Дар ин чода зарур аст, ки аз саромадону устодони аввалини факултет - Константин Николаевич Гаврилкин, С. Володарский, Бобочон Гафуров, Баходур Искандаров, Аббос Алиев, Александр Александрович Семёнов, Зариф Рачабов, П. Евсеев, В. Скорман, Н. Хижняк, А. Аксенов, К. Астафев, Эмма Абрамовна Зилберова, Хотам Назарзода, Усмон Мухторов ва дигарон ёдоварй намуд. Сахми омузгорони мазкур дар таълими таърих, тайёр намудани мутахассисони таърихшинос ва тахкики таърихи халки точик нихоят калон буда, онхо аз худ асархои арзишмандро ба мерос мондаанд, ки бузургтарин тахкикот дар байни онхо «Точикон» - и академик Бобочон Гафуров ба хисоб рафта, эътирофи байналмилалиро сохиб гаштааст. Махз хамин устодон ба мактаби таърихии ДДОТ ба номи С. Айнй асос гузоштанд, ки дар солхои минбаъда аз ин даргохи таълимию илмй насли чадиди муаррихон баромада, анъанаи гузаштагони худро идома доданд, ки яке аз онхо профессор Хайдаршо Пирумшоев мебошад.
Дар катори дастпарварони намоёну номвари факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй профессор Хайдаршо Пирумшоев чойгохи махсусро ишгол менамояд. Мазкур солхои дароз дар факултети таърих ба таълими яке аз фанхои асосию мушкилтарини сохаи таърих - таърихнигорй (таърихи илми таърих) машгул буда, дар равияи мазкур дар чумхурй пешсаф мебошад.
Хайдаршо Пирумшоев яке аз муаррихони маъруфи точик, доктори илмхои таърих, профессор, академики Академияи илмхои педагогй ва ичтимоии Федератсияи Россия, узви вобастаи Академияи миллии илмхои Точикистон, яке аз сермахсултарин олимони сохаи таърих, таърихнигорй ва манбаъшиносии байни олимони муосири Точикистон буда, дар тахкики таърихи масъалахои муносиботи Россия ва Осиёи Миёна, Бухорои Шаркй ва Помир, таърихнигории давлати Сомониён, инчунин кишваршиносии таърихии точик сахми калон гузоштааст. Осори профессор Хайдаршо Пирумшоевро тахлила намуда, шахс дармеёбад, ки у тибки усулу шиори дар илми таърих маъмул sine ira et studio - бидуни хашму гараз амал намуда, аз акидахои чониби манфиатдор канор буда, хадафи олии худро тахкик ва муаррифии вокеъбинонаи хаводиси таърихй интихоб намудааст.
Профессор Хайдаршо Пирумшоев бо сабк ва усули хоси худ ба доираи илмии таърихи ватанй ворид шуда, имруз сохиби мактаби хеш буда, он аз чониби муаррихони касбй эътироф гардидааст.
Агар назаре ба таърихнигории масъалаи тахкики холномаи профессор Хайдаршо Пирумшоев намоем, хаёт ва фаъолияти илмии мазкур дар як катор маколахои матбуоти даврй ва як тахкикоти мукаммали илмй, ки ба калами профессор М. Маликов [7] тааллук дорад, инъикос гардидааст. Гайр аз ин, ба муносибати тачлили 60-солагй [42] ва 70-солагии олим [40] мачмуи маколахои хамкасбону
шогирдон низ рочеъ ба даёт ва фаъолияташ аз нашр баромад, ки адамияти мудими илми ва хотирави доранд.
Фаъолияти илмию педагогии профессор X,. Пирумшоев дар таърихи ДДОТ ба номи С. АйнИ [25] ва таърихи факултети донишгоди мазкур [26] низ оварда шудааст. Инчунин фаъолияти илмию педагогии профессор X. Пирумшоев, дар як катор маколадои матбуоти даврию чашнворадо инъикос ёфтааст, ки номгуи ондо дар китобномаи махсуси чашнИ, ки аз чониби номзади илмдои таърих, дотсент Сулаймоншо Гуломшоев мураттаб шудааст, алодида гирдоварИ шуданд [6].
Профессор Хайдаршо Пирумшоев 30 декабри соли 1944 дар дедаи Водхуди нодияи Ванчи ВМКБ, ЧЩС Точикистон, ИЧЩС дар хонаводаи зиёИ ба дунё омада, баъди хатми синфи 8-уми мактаби зодгодаш соли 1959 ба Омузишгоди педагогии Навобод дохил гардида, дамчун шогирди фаъол ва яке аз хатмкунандагону дастпарварони намунаи ибрат буда, айни замон дар лавдаи хатмкунандагони бедтарину номбардори омузишгоди мазкур сурати хотиравии у чой дода шудааст. Хайдаршо Пирумшоев баъди хатми омузишгод соли 1963 ба сафи донишчуёни факултети таърихи Институти давлатии педагогии шадри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, онро соли 1970 хатм кардааст. Хайдаршо Пирумшоев дангоми тадсил дар факултети таърих аз лексиядои академикдо Бадодур Искандаров, Мулло Эркаев, профессорон Мачлис Одилов, Солед Гуломов ва дигарон бадраманд гардида, баъди хатми институт ба сифати ассистент дар кафедраи таърихи ИЧШС (дозира кафедраи таърихи халки точик) - и дамин муассиса ба фаъолият идома дод [7, с. 10 -11].
Баъди ду соли фаъолияти омузгории худ ба сифати ассистент Хайдаршо Пирумшоев соли 1972 ба аспирантура дохил мешавад. Зарур аст кайд карда шавад, ки он вактдо дохил шудан ба аспирантура хеле мушкил буд, зеро аз як тараф агар чойи кам чудо карда мешуд, аз чониби дигар сафи довталабон барои иштирок варзидан дар озмун хеле зиёд буд. Масалан, дамон соле, ки Хайдаршо Пирумшоев ба аспирантура дохил мешавад барои кафедраи таърихи ИЧШС тандо як чой чудо гардида буд, доло он ки дар кафедра боз ба гайри у 6 нафар ассистентон буданд, ки мехостанд ба аспирантура дохил шаванд. Барои дамин родбарияти кафедраро зарур омад, ки масъалаи мазкурро дар чаласаи худ тавассути интихоби озодона дал намояд. Хамин тарик, дастоварддои илмии Х. Пирумшоевро ба инобат гирифта, карори якдилона кабул шуд, ки аз байни ассистентон мадз у ба аспирантура тавсия карда шавад [7].
Дар вакти тадсил дар аспирантура, Хайдаршо Пирумшоев зимни як сафари илмИ ба шадри Москва ба кабули директори Институти шаркшиносии Академияи илмдои ИЧШС, академик Бобочон Гафуров шарафёб гардид. Бобочон Гафуров масъалаи тадсили Хайдаршо Пирумшоевро ба аспирантураи назди Институти шаркшиносИ ба миён гузошт, аммо бо сабаби он ки гузариши аспирантони низоми мактабдои олИ ба аспирантураи низоми Академияи илмдо бо карори расмии Хокимияти ШуравИ манъ шуда буд, ин пешнидоди аллома Б. Гафуров амалИ нагардид [7, с. 15].
Пас аз бозгашт ба Душанбе родбари илмии Х. Пирумшоев профессор Мачлис Одилов таъйин гардида, ба у яке аз мавзуъдои мудим «Шадрдои Бухорои ШаркИ дар охири асри XIX - ибтидои асри XX дар асардои мудаккикони тоинкилобии рус»-ро ба сифати кори диссертатсионИ пешнидод менамояд. Бо дамин, равияи илмии профессори оянда, он дам бошад дар мушкилтарин самти тадикоти таърихИ, яъне таърихнигорИ, маъхазшиносИ ва усулдои тадкикоти таърихИ муайян гардид.
Он вакт оид ба равияи мазкури илмИ дар Точикистон мутахассисони дарачаи илмИ дошта ангуштшумор буданд. Аммо дар кафедраи таърихи ИЧШС-и Институти давлатии педагогии шадри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко олими чавон Наримон Мансурович Акрамов фаъолият мекард, ки мадз дар дамин равия зери родбарии муаррих-бостоншиноси машдур, мударрири нашри русии китоби «Точикон» - и Бобочон Гафуров - Борис Анатолевич Литвинский рисолаи номзадиро дифоъ намуда, сентябри соли 1972 ба докторантура дохил шуда, фаъолияти илмии худро боз дам зери родбарии бостоншиноси мазкур идома медод. Такдир корро чунин ранг бахшид, ки Наримон Мансурович Акрамов диссертатсияи доктории худро дар мавзуи «Мукаккикони рус ва садми ондо дар омузиши таърих, археология ва мардумшиносии Помир ва Наздипомир» интихоб карда буд. Ба дам наздик будани мавзуъдои дар ду мудаккик боиси он гардид, ки оид ба бисёр масъаладо Хайдаршо Пирумшоев аз маслидатдои ин дамкори бузургсол ва тачрибадошта бадраманд гардад. Дигар ин ки тавассути Наримон Акрамов Хайдаршо Пирумшоев бо академик Б. А. Литвинский аз
наздик шинос шуда, минбаъд аз маслидатдои илмии y xeлe мусмир истифода нaмyд. Хамин тавр, 4 ноябри соли 1979 устод Хайдаршо Пирyмшoeв диссертатсияи номзадии xyдрo дифоъ менамояд, ки дар он бори нaxycт сатди инъикоси масъаладои мудими шадрдои Бyxoрoи ШаркИ - даёти сиёсИ, ичтимоИ-иктисодИ ва этникии ондо дар асардои олимони тоинкилобии рус тадлил гардида, он аз чониби мутакассисони касбИ бадои баланд мегирад. Дар заминаи тадкикоти мазкур солдои 80-ум як катор маколадои илмии муаллиф ба нашр расиданд. Натичаи тадкикоти илмии диссертатсионИ бошад баъдан дар шакли рисола аз нашр баромад[11].
Солдои 1976 - 1985 устод Хайдаршо Пирумшоев дар вазифадои муаллими калон, дотсенти кафедраи тaъриxи ИЧЩС фаъолият намуда, солдои 1985 - 1995 вазифаи декани факултети тaъриxи Донишгоди давлатии омузгории Toчикиcтoн ба номи С. Айниро ба удда дошт. Ин давра дар тaъриxи чумдурИ яке аз гардишдои такдирсоз ба дисоб мерафт. Агар аз яктараф он бо саршавии сиёсати «бозсозии горбачёвИ» алокамандбудаи ноком чамъбастшуда ва таъсири xyдрo ба чомеаи Toчикиcтoн расонида дамзамон бошад, аз чониби дигар ин замон мусодиф аст ба вокеаи мудим - ба истиклоли давлатИ расидани Toчикиcтoн, ки мутаассифона баъди он чанги шадрвандИ OFOЗ гардида, датто мавчудияти давлату дастии xyди миллати точик низ зери суол рафта буд. Аммо новобаста аз мушкилидо, чуноне ки дайати профессорону омузгорони он солдои факултет ба мо накл мекарданд, устод Хайдаршо Пирумшоев тавонист, ки факултетро дар ин айёми дассос бо сари баланд идора намояд.
Дар баробари таълиму тарбия дар Донишгод, тадкикоти илмИ низ яке аз самтдои асосии фаъолияти Хайдаршо Пирумшоев карор гирифта, бо иштироки y дар Институти тaъриx, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониши Академияи илмдои ЧШС Toчикиcтoн соли 1990 тадкикоти мукаммал ва адамияти калони илмИ дошта, «Toчикиcтoн дар асардои мудаккикони тоинкилобии рус» аз нашр мебарояд [41]. Аз чониби директори институти мазкур, академик Б. И. Искандаров чалб намудани Хайдаршо Пирумшоев барои навиштани асари мазкури коллективИ, ин бевосита аз эътироф намудани мужа^иси чавон дар доираи илмии бонуфузтарин маркази илми тaъриxи чумдурИ, яъне Институти тaъриx, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониш дарак медод.
Maвзyи диссертатсияи доктории xyд «Равобити мутакобили Россия ва Ocиёи Mиёнa аз асри XVI - миёнаи асри XIX ва инъикоси он дар тaъриxнигoрии рус»-ро устод Хайдаршо Пирмушоев тадти мушовирии академик Б. А. Литвинский интиxoб кард, ки масъалаи нидоят мудим буда, бояд oxири солдои 80-уми асри гузашта чамъбаст мегардид. Аммо чуноне ки кайд кардем, бо сабабдои муайяни вазъи дoxили чумдурИ димояи он ба чанд соли дигар тул кашид.
Новобаста аз давраи мушкил соли 1992 асари олим «Taъриxи омузиши шуриши Восеъ» аз нашр баромад, ки дар он муаллиф миёни мудакдакрн аввалин шуда, санаи дакики OFOЗи ин исёни мардумиро тавассути маълумоти дуччати бойгонИ пешнидод кард [12]. To ин дам дар тaъриxнигoрИ санаи OFOЗи шуриши мазкур соли 1885 муайян гардида буд, аммо тибки маълумоти бойгонИ устод Х. Пирумшоев дакикан исбот кард, ки ин додиса соли 1888 рyx додааст. Албатта, ногуфта намонад, ки пеш аз ин академик Б. Искандаров низ тибки дуччатдои тaъриxИ санаи сар задани шуриши Восеъро на соли 1885, балки соли 1887 ё соли 1888 пешнидод карда буд [1, с. 98]. Имруз санаи пешнидоднамудаи профессор Хайдаршо Пирумшоев дар тaъриxнигoрИ эътироф гардидааст. Пеш аз ин бошад соли 1988 ба муносибати 100-солагии «Шуриши Восеъ» дар матбуоти даврИ як маколаи муаллиф бо забони русИ аз нашр баромад, ки дар он низ дамин сана зикр шуда буд [10, с. 7 - 10]. Соли 1988 гузинаи русии китоб низ омодаи нашр шуд, аммо он баъдтар ба муносибати 110- солагии OFOЗи шуриши Восеъ аз нашр баромад [15].
Соли 1996 Хайдаршо Пирумшоев дар Шурои диссертатсионии Институти тaъриx, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониш диссертатсияи доктории xyдрo бомуваффакият дифоъ кард [14]. Зарур аст ёдоварИ намоем, ки дануз дар давраи тоинкилобИ дар тaъриxнигoрии рус як зумра олимон ба мудим будани тадкики масъаладои марбути муносиботи Россия ва Ocиёи Mиёнa каму беш таваччуд зодир намуда, мавзуи мазкур дар тaъриxнигoрии ШуравИ низ мавриди баррасИ карор гирифта буд. Аммо тадкикоти профессор Х. Пирмушоев аввалин кори бунёдИ дар ин самт аст. Профессор Maдмyд Maликoв дар асараш кайд менамояд, ки дар тaъриxнигoрИ тадкикоти мазкур байни асардои мудаккикини дoxиливy xoричИ нaxycтин
мебошад. Монографияи мазкур барои мутахассисони содаи муносиботи байналхалкИ, дипломатия ва сиёсати хоричИ низ мавод, маълумот ва далелдои фаровонро пешнидод менамояд. Профессор Мадмуд Маликов дар асараш аз такризи мушовири илмии профессор Хайдаршо Пирумшоев академик Б. А. Литвинский айнан иктибос овардааст, ки дар он зикр гардида, ки ин диссертатсия на тандо дар таърихнигории ватанИ, балки дар адабиёти русзабон ва умумичадонИ низ аввалин тадкикот оид ба масъалаи мазкур ба дисоб меравад [7, с. 50 - 51]. Профессор Хайдаршо Пирумшоев то охирин ладзаи даёти академик Б. А. Литвинский бо у дамкоридои илмии худро дифз кард. Академик Б. А. Литвинский низ дар судбатдои хеш, сабтдои видеоИ ва хусусан дар мактубдояш ба сурогаи профессор Хайдаршо Пирумшоев бордо кайд намудааст, ки аз дамаи шогирдони вай кобилиятноктару мустакилтарашон дар самти илм Хайдаршо Пирумшоев мебошад [7, с. 20].
Дар асоси тадкикоти мазкур асари дигари устод аз нашр баромад, ки дар он сиёсати Россия нисбат ба Осиёи Миёна дар асри XVIII баррасИ гардидааст. Дар тадкикоти мазкур баробари дигар дастоварддо муаллиф аввалин шуда, дар миёни мудаккикони тоинкилобию ватанИ ба экспедидсия ва шахсияти аслии Бекович Черкасский таваччуди бештар карда, онро муфассал инъикос намуда, муайян менамояд, ки мазкур кабординасл буда, номи аслии у Давлат Кизден Мурза буда, баъди кабул намудани насрония ба хизмати маъмурияти империявии Россия медарояд [14; 13].
1 ноябри соли 1996 бо пешнидоди академик Рахим Масов професссор Х. Пирумшоев ба вазифаи мудири Шуъбаи таърихи кадим, асри миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониш таъйин гардид, ки дар ин вазифаи пурмасъул то соли 2019 фаъолият намуд. Дар як муддати кутод барои кор ва дамкорИ ба Шуъба як катор мудаккикони чавон чалб шуданд, ки дар катори ондо муаррихони варзида А. Саидов, Хамза Камол, шодравон М. Исоматов, С. Бобомуллоев ва гайра буданд ва дар натичаи задмати ходимони илмии шуъба дар солдои баъдИ чилддои сеюм ва чадоруми асари бунёдии таърихи халки точик бо забони русИ бо навбат аз нашр баромаданд.
Соли 2000 дар асоси тадкикоти диссертатсияи докторИ монографияи профессор Хайдаршо Пирумшоев «Равобити мутакобилаи Россия ва Осиёи Миёна аз асри XVI - миёнаи асри XIX ва инъикоси он дар таърихнигории рус» аз нашр баромад [16]. Худи дамин сол профессор Х. Пирумшоев дар фаъолияти худ жанри нав, яъне долноманависию ёддоштнависиро низ тачриба карда, дар ин сабк аввалин асари у оид ба даёт ва фаъолияти академик Мулло Эркаев [19] ва соли 2004 бошад асари дигар устод оид ба даёт ва фаъолияти академик Адрор Мухторов [20] аз нашр баромаданд.
Инчунин муаллиф ба жанри кишваршиносИ низ таваччуд намуда, дар ин самт оид ба таърихи нодияи Ванч асардои алодидаро иншо кард [17; 18]. Дар ибтидои асри нав дар баробари ин як катор маколадо ва ду асари калондачмро бо даммуаллифИ аз нашр мебарорад, ки ба таърихи ВМКБ [2] ва таърихи шадри Душанбе [3] иртибот доранд.
Дар солдои минбаъда дам устод тадкикоти илмии худро идома дода, натичаи задмати у дар соли 2008 аввалин китоби мукаммали илмИ оид ба таърихи Дарвоз [21] ва асари дигараш дар заминаи диду тадкикоти муаллиф оид ба вокеадои солдои 90-ум [22] гардида, баъди як сол бошад асари муштараки у бо дамродии профессор Мадмуд Маликов «Россия ва Точикистон: таърихи робитадои мутакобил» ба табъ мерасанд [23]. ^имати илмии асардои мазкур дар он зодир мегардад, ки рисолаи «Таърихи Дарвоз» нахустин тадкикоти мукаммал оид ба таърихи ин минтака буда, дар асари дуюм диди муаррихи касбИ рочеъ ба вазъи сиёсии Точикистони охири асри XX дакик ба назар расида, асари сеюм бошад дар таърихнигории ватанИ нахустин тадкикоти бунёдИ оид ба масъаладои муносибатдои гуногунсамтаи Россия ва Осиёи Миёна эътироф гардидааст.
Чуноне ки зикр карда шуд, чалби мутахассисон ва хусусан фаъолияти родбарИ ва ташкилотчигии профессор Х. Пирумшоев дамчун мудири Шуъбаи таърихи кадим, асри миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониш самараи нек дода, соли 2010 чилди чорум ва соли 2013 чилди сеюми асари бунёдии «Таърихи халки точик», ки аз чониби коллективи мутахассисони шуъба навишта шуданд, бо забони русИ аз нашр баромаданд [4; 5]. Хангоми таълифи чилддои мазкур аз маълумоти манбаъдои нодири асрмиёнагИ ва давраи нав рочеъ ба таърихи халки точик васеъ истифода гардидааст, ки баъзеашон бори нахуст ба гардиши илмИ ворид шуданд.
Соли 2011 асари устод бо хаммуаллифии академик Рахим Масов оид ба таърихи ВМКБ дар давраи истиклоли давлатии Точикистон [8], инчунин дар шарикмуаллифй тахкикоти дигари олим рочеъ ба таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй аз нашр баромаданд [25]. Соли 2013 китоби таърихи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй руи чопро дид, ки дар таълифи он низ устод сахми асосиро гузошт [26]. Асархои мазкур аз нахустин китобхои мукаммал оид ба таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй ва факултети таърихи он буда, бар пояи маъхазхои бойгонй, ёддошту хотира ва дигар сарчашмахои дасти аввал таълиф гардидаанд. Дар ин сол асари дигари илмй-тахкикотии профессор X,. Пирумшоев оид ба таърихи нохияи Ванч чоп гардид [27]. Соли 2014 ба муносибати 70-солагии устод ду то мачмуаи маколахои илмии олим аз нашр баромаданд, ки дар онхо маколоти у рочеъ ба масъалахои мухими таърих ва таърихнигории халки точик гирд оварда шудаанд [28; 29].
Устод X. Пирумшоев тахкикоти худро оид ба таърихи Донишгохи омузгорй идома дода, соли 2016 асари дигари у бо шарикмуаллифй аз нашр баромад, ки дар он фаъолияту комёбихои Донишгохи омузгорй дар 25 соли давраи Истиклоли давлатии Точикистон тахлил гардидааст [30].
Дар замони Истиклоли давлатй шароит ва зарурият ба миён омад, ки баробари асархои соф илмй-тахкикотй очеркхои таърихии оммафахм офарида шаванд, ки барои тарбияи насли чавон ва хонандаи кишрхои мухталифи чомеа бошанд, то ки насли имруз аз таърихи гузаштагон ва фаъолияти шахсиятхои барчастаи худ огох шавад. Зеро муаррихи асрмиёнагии точик Хофизи Абру максади асосй ва зарурияти таърихро дар сабак бардоштан, пешбинй намудан, панд додан ва огохонидан донистааст. Дар ин самт навиштани асару очеркхои таърихй оид ба хаёт ва фаъолияти абармардони миллат амри зарурист, то ки насли имруз ва оянда аз кирдори онхо панду сабак гирад. Аз чумла, соли 2018 бо ташаббуси ректори ДДОТ ба номи С. Айнй, академик Носирчон Салимй навиштани очеркхои илмй - оммавй оид ба хаёт ва фаъолияти ^ахрамонони Точикистон ба накша гирифта шуда, дар асоси он профессор X. Пирумшоев ду китобро оид ба зиндагиномаи ходимони сиёсию чамъиятй Шириншох Шохтемур [31] ва Бобочон Гафуров [32] таълиф ва аз нашр баровард. Соли 2019 асари дигари профессор Хайдаршо Пирумшоев оид ба хаёт ва фаъолияти ходими сиёсй, академик Бобочон Гафуров аз нашр баромад, ки дар он пахлухои гуногуни фаъолияти сиёсию илмии аллома, накши у дар шаркшиносии чахонй инъикос гардидааст. Асари мазкур дар асоси маъхазхои бойгонй, ёддошту хотироти наздикон, хамкорон, тахкикоти олимони ватанию хоричй навишта шуда, дар гафуровшиносии ватанй гоми навбатй мебошад [33].
Дар ин солхо профессор X. Пирумшоев тахкикоти хешро дар масъалаи шуриши Восеъ идома дода, дар асоси ду асари пештар нашр шудаи худ оид ба ин кахрамони халки точик китоби дигари мукаммалтари худро аз нашр баровард [36].
Соли 2021 асари нихоят мухими устод рочеъ ба таърихнигории давлати Сомониён ба табъ расид, ки дар он бори нахуст асару маколахои илмии бахшида ба масъалахои давлатдории Сомониён тахлил гардидаанд. Дар монографияи мазкур сатхи инъикоси масъала дар асархои таърихию чугрофии муаллифони замони Сомониён ва баъди бархамхурии давлати мазкур, тахкикоти тоинкилобии шаркшиносони рус, даврони шуравй ва муосир аз тахлили илмй гузаштаанд. Дар асари мазкур ба акидахои гаразноки бархе аз муаллифони чумхурихои хамсоя оид ба насаб ва давлатдории Сомониён чавоби илмй дода шудааст [35]. Дар ин сол китоби дигари устод Хайдаршо Пирумшоев, ки бори нахуст соли 2000 оид ба хаёт ва фаъолияти мухаккики барчаста, ходими сиёсй, академики Академияи илмхои педагогии ИЧЩС, доктори илмхои таърих, профессор Мулло Эркаев чоп шуда буд, дар нашри дуюм пешкаши хонандагон гардид [34].
Соли 2021, замоне ки дар матбуоти даврй ва расонахои интернетии бархе аз кишвархои хамсоя оид ба Помир сару садохои орй аз вокеият пахш шуд, рисолаи навбатии профессор Хайдаршо Пирумшоев оид ба тавсифи мухтасари таърих, география, масъалахои этникй ва робитахои минтакаи таърихию фархангии Помиру Бадахшон дар мархалахои гуногуни таърихй аз нашр баромад. Асари мазкур хачман хурд бошад хам, дар заминаи ахбори сарчашмахои таърихй, хулоса, асару маколоти мухаккикони асили насли пешин ва имруз иншо шуда, дар он муаллиф исбот кардааст, ки Помиру Бадахшон хамеша, аз ибтидои таърихи инсоният як бахши таркибии ватани ачдодии точикон мебошанд. Иловатан, муаллиф дакик нишон медихад, ки мулкхои Помиру Бадахшон аз кадим то охири асри XIX бештари вакт мустакилияти худро нигох доштаанд [37].
Истиклоли давлатй зарурати ба рох мондани тахкикоти хамачонибаи таърихи чандхазорсолаи точиконро аз нигохи нав ва берун аз таъсири чахорчубаи хамагуна гоя ва чун бахши таркибии таърихи умумибашарй такозо менамояд. Барои хамин профессор Хайдаршо Пирумшоев консепсияи тахкики таърихи халки точикро пешниход намудааст, ки он дар заминаи дастовардхои илми таърихи ватанй ва чахонй мураттаб шудааст. Максад аз навиштани консепсияи мазкур аз он иборат аст, ки методологияи тахкики таърихи сокинони бумии минтакаи пахновари Осиёи Марказй -точикон ва накши онхо дар ташаккул ва равнаки тамаддуни башариятро муайян ва муаррифй намоянд. Дар консепсияи мазкур хадафхои миллй, рушд ва тахкими худшиносии миллй ба василаи тахкик ва эхтиром гузоштан ба таърих, анъанаву суннатхои фархангию давлатдории точикон дар мадди аввал карор дода шудаанд [38; 39].
Хамин тавр, хулоса менамоем, ки дар ин макола мо факат асархои калонхачми устодро овардем, аммо ба калами у боз садхо маколахои дигари илмй тааллук доранд, ки рочеъ ба масоили дигари мухими таъриху таърихнигорй ва маъхазшиносии халки точик бахшида шуда, арзиши баланди илмй доранд. Айни замон профессор Хайдаршо Пирумшоев - академики Академияи илмхои ичтимой ва педагогии Федератсияи Россия, узви вобастаи Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон буда, фаъолияти таълимию илмии худро дар Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй, Донишгохи Славянии Россия - Точикистон ва Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониш идома дода, ба таълими шогирдон ва тахкикоти илмии хеш машгул мебошад.
Баробари тахкикоти илмй ба калами профессор Хайдаршо Пирумшоев дастуру барномахои таълимй ва китоби дарсй низ мутаалликанд. Аз чумла, китоби дарсии «Таърихи халки точик"-и бо шарикмуаллифй навиштаи у аз нигохи нав омода гардида, аз тарафи мутахассисони макотиби олй бахои сазовор гирифтааст [9]. Барномаи таълимй аз фанни таърихнигории таърихи халки точик, ки аз чониби устод соли 2008 тартиб ва аз нашр баромад, дар микёси чумхурй нахустин ва айни замон хам ягона мукаммалтарин воситаи таълимй аз фанни мазкур ба хисоб меравад [24]. Дар ин барнома бори нахуст зухур, ташаккулёбй ва равнаки таърихнигории таърихи халки точик ба як низом ва даврабандии муайян зикр шудааст.
Профессор X. Пирумшоев солхои 1995 то 2007 чун мудири кафедраи Таърихи халкхои Точикистон (аз соли 2007 таърихи халки точик) ва бори дуюм солхои 2008 то 2015 мудири кафедраи мазкури Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй ифои вазифа карда, хамзамон то соли 2019 хамчун дар вазифаи мудири Шуъбаи таърихи кадим, асри миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи Ахмади Дониши Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон низ фаъолият намудааст. Хангоми мудири кафедраи таърихи халки точики ДДОТ ба номи С. Айнй буданаш професссор Хайдаршо Пирумшоев барои фаъолият ва хамкорй докторон-профессорон, мисли М. Зикриёева, М. Маликов, А. Саидов, Хамза Камол, С. Мухиддинов, С. Бобомуллоевро ба кафедра даъват кард, ки дар натича фаъолияти таълимй ва илмй-тахкикотии факултет боз хам рушд ва ба зинаи баландтар расид. Дар ин давра дар назди кафедра шуъбаи магистартура ва шуъбаи докторантура (PhD) низ ба фаъолият огоз карданд.
Дар давраи мазкур кафедрахои факултет ба рушди корхои илмии донишчуён низ диккат дода, раванди чалб намудани донишчуён ба корхои илмй, озмун ва олимпиадахои фаннии чумхуриявй дар факултет аз ибтидои солхои 2000 аз нав огоз ёфт, ки дар ин давра вазифаи декани факултетро дотсент Ниёзбек Давлатбеков ичро мекард. Захмати декани факултет, дотсент Ниёзбек Давлатбеков, муовини декан оид ба корхои илмй Гозибек Гадоев, мудири кафедраи таърихи халкхои Точикистон Хайдаршо Пирумшоев, мудири кафедраи умумидонишгохии таърихи халки точик, дотсент Маликшо Шарипов ва устодони кафедраи мазкур - ^урбоналй Рахмонов, Изатулло Неъматов дар самти омодакунй ва ширкати донишчуён дар олимпиадахои фаннии сатхи чумхуриявй буд, ки донишчуёни факултет пайваста дар олимпиадахои фаннии чумхуриявии байни донишчуёни макотиби олии Чумхурии Точикистон аз фанни таърих фаъолона ширкат варзида, сазовори чойхои ифтихорй мегардиданд. Хамин тавр, аз соли 2002 сар карда, донишчуёни факултет танхо сазовори чойхои якум ва дуюм мегаштанд ва ин эстафетаи донишчуёни онвактаи факултетро насли баъдина нигох дошта, он то имруз идома дорад.
Ибтидои солхои 2000-ум дар раванди корхои илмй - тахкикотй ва тайёр кардани кадрхои илмй - омузгории факултет низ пешравихо ба назар мерасиданд. Зеро охири солхои 90-уми асри XX дар факултет теъдоди омузгорони унвондор кам шуд, ки ин сабабхои объективию субъективии худро дошт. Вобаста ба ин зарур аст, махсусан кайд карда шавад, ки дар вазифаи мудири кафедраи таърихи халкхои Точикистон (айни замон таърихи халки точик) фаъолият намудани профессор Хайдаршо Пирумшоев таълими таърихи халки точик ва корхои илмй-тахкикотй, тайёр кардани мутахассисони унвондор низ дар факултет ривоч ёфт. Махз дар хамин солхо омузгорони чавон имконият пайдо намуданд, ки корхои илмй - тахкикотии худро дифоъ намуда, сохиби дарачаи илмй гарданд.
Садорати факултет ва кафедра баргузории конференсияхои илмиро низ дар сатхи зарурй ба рох монданд. Аз чумла, 30 декабри соли 2004 бо ташаббуси кафедра ва садорати факултет (Н. Давлатбеков) ва дастгирии раёсати Донишгох ба муносибати 80-солагии дастпарвари факултети таърих, муаррихе, ки дар сатхи чахонй эътироф гардидааст, академик Ахрор Мухторов конференсияи илмй-амалии чумхуриявй доир шуд, ки дар ин конференсия донишчуён маърузахои илмии академик Ахрор Мухторов ва профессори факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй, директори Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии Академияи миллии илмхои Чумхурии Точикистон, академик Рахим Масовро бори нахуст аз наздик шуниданд, ки ин ду олими варзида, яке дастпарвари факултет (Ахрор Мухторов), дигаре профессори факултет (Рахим Масов) то охирин лахзаи хаёташон робитаи доимии худро бо факултет хифз карда, дар корхои илмии он ва хангоми таълифу дифоъ намудани диссертатсияхо ба омузгорони насли чавони факултети таърих ёрии бегаразонаи худро дарег надоштанд. Албатта, дар ташкил ва гузарондани конференсияи мазкур ва ба рох мондани робитаю хамкорихои факултет бо олимони мазкур низ накши мудири кафедра, профессор Хайдаршо Пирумшоев асосй буд.
Муддате дар ташкили конференсияхои илмй накши махфили илмию мубохисавии «Истиклолият ва рушди илми таърих» хеле назаррас буд, ки он дар заминаи кафедра ташкил шуда, зери рохбарии профессор Хайдаршо Пирумшоев аз мохи апрели соли 2008 то соли 2015, яъне давраи мудири кафедра будани устод амал намуд. Дар ин муддат махфили мазкур бо дастгирии садорати факултет (Н. Убайдуллоев) ва Раёсати Донишгох чандин конференсия ва семинархои илмиву назариявии байналхалкй, чумхуриявй ва донишгохиро бо чалби мутахассисони варзидаи соха доир намуд [26, с. 84 - 85].
Хамин тавр, масъалаи мазкурро чамъбаст намуда, ба хулоса меоем, ки:
- дар рушди илми таърихи ватанй ва дастовардхои назарраси факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй, накши доктори илмхои таърих, профессор Х. Пирумшоев нихоят муассир буда, олим бархе санахои мухими таърихи халки точик, аз он чумла санаи ошзи Шуриши Восеъро дакик муайян намудааст;
- дар муддати фаъолияти педагогй ва илмй-тахкикотии худ профессор Хайдаршо Пирумшоев бо дониш ва махорати кордонию ташкилотчигиаш сохиби мартабаву манзалати хос гардид. Устод соли 1979 бомуваффакият рисолаи номзадй худро дифоъ намуда, ба шохрохи илм ворид гардида, имруз хамчун олими дакиксанч, таърихнигори чиддй ва сохибмактаб эътироф шудааст;
- профессор Хайдаршо Пирумшоев дар баробари корхои илмй-тахкикотй ва таълимй дар корхои маъмурии Донишгохи омузгорй низ фаъолона иштирок намуда, кобилияти ташкилотчигиашро ба назар гирифта, уро соли 1985 ба вазифаи декани факултети таърихи Донишгохи мазкур таъйин намуданд, ки то соли 1995 дар ин маком фаъолият намуд. Ин даврае буд, ки нихоят мушкил ва пур аз дигаргунсозихои куллй, яъне аз бозсозии горбачёвй ибтидо гирифтаву бо ба даст овардани истиклоли комили давлатй анчом ёфт. Махз дар хамин давраи такдирсоз устод вазифаи мазкурро сарбаландона ичро намуд. Дар баробари вазифаи рохбарй ва маъмурй Хайдаршо Пирумшоев мувозй ба пажухишу тахкикот машгул шуда, аксари омузгорони факултетро ба корхои тахкикотй сафарбар намуд. Робитахои илмй бо Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Донишро боз хам кавитар намуда, як зумра мухаккикони забардасти ин муассисаи илмй барои тадрис ба факултет чалб шуданд, ки дар катори онхо академик Рахим Масов ( ки хануз аз соли 1982 барои хамкорй бо факултет чалб гардид) низ буд. Махз дар давраи декании профессор Хайдаршо Пирумшоев КОА-и ИЧЩС ба Рахим Масов унвони профессори кафедраи
таърихи Точикистон ва методикаи таълими они факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айниро сазовор донист;
- устод Х. Пирумшоев баробари ичрои вазифадои масъули мудири кафедраи таърихи халки точики факултет ва мудири Шуъбаи таърихи кадим, асрдои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониши Академияи миллии илмдои Чумдурии Точикистон, дамчунон идомаи пешаи омузгорИ умри бобаракати хешро ба тадкики масъаладои далталаби таърихи точикон ва тарбияи мутахассисони содаи илм ва омузгорИ бахшидааст;
- диссертатсияи доктории вай на тандо дар таърихнигории ватанИ, балки дар адабиёти русзабон ва умумичадонИ низ аввалин тадкикот оид ба масъалаи мазкур ба дисоб меравад;
- устод Хайдаршо Пирумшоев барои фаъолияти пурсамари педагогИ ва илмИ-тадкикотиаш соли 1998 аз чониби КОА-и Федератсияи Россия бо унвони профессорИ сазовор гардид;
- ибтидои асри нав ягона олиме, ки дар факултети таърихи ДДОТ ба номи С. АйнИ фаъолият намуда, ба тарбияи омузгорони дарачаи илмИ машгул буд, ин профессор Хайдаршо Пирумшоев мебошад ва бо дамин мактаби махсуси худро дар таърихнигории точик асос гузошт. Профессор Хайдаршо Пирумшоев дорои мактаби хоси таърихии худ буда, тадти родбарии у то имруз зиёда аз 50 нафар аспирантон, унвончуён ва докторантон рисоладои номзадию доктории худро дифоъ кардаанд;
- профессор Хайдаршо Пирумшоев муаллифи беш аз 300 таълифот, аз чумла зиёда аз 30 монография мебошад, ки ондо масъаладои умда ва мубрами таъриху таърихнигории халки точик, Россия ва Осиёи Миёнаро фаро мегиранд ва бо чиддияту даккикнигорИ миёни олимони ватаниву хоричИ пазируфта шудаанд. Махсусан, асардои бунёдии «Мудаккикони тоининкилобии рус оид ба шадрдои Бухорои Шаркии охири асри XIX - ибтидои асри XX», «Таърихи омузиши шуриши Восеъ», «Мудаккикони тоинкилобии рус оид ба сиёсати Россия дар Осиёи Миёна дар асри XVШ», «Равобити мутакобили Россия ва Осиёи Миёна аз асри XVI - миёнаи асри XIX ва инъикоси он дар таърихнигории рус», «Ванчи ману ганчи ман», «Таърихи Дарвоз», «БозсозИ: сохтем ё бохтем?», «Россия - Точикистон: таърихи равобити мутакобил», «Табли озодИ дар адди бедодИ», «Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорИ» ва гайра аз доираи нидоят васеи тадкикоти илмии олим ва масъалагузории у дарак медиданд. Садми устод Х. Пирумшоев дар таълифи асари бунёдии шашчилдаи «Таърихи халки точик» низ калон аст;
- Истиклоли давлатИ зарурати ба род мондани тадкикоти дамачонибаи таърихи чанддазорсолаи точиконро аз нигоди нав ва берун аз таъсири чадорчубаи дамагуна гоя ва чун чузъи таркибии таърихи умумибашарИ такозо менамояд ва барои амалИ шудани ин накша консепсияи муайян зарур мебошад ва дар ин самт низ профессор Хайдаршо Пирумшоев аз миёни таърихшиносони Точикистон аз аввалиндо шуда Консепсияи мукаммали тадкики таърихи халки точикро пешнидод намудааст, ки он дар заминаи дастоварддои илми таърихи ватанИ ва чадонИ мураттаб шудааст;
- профессор Хайдаршо Пирумшоев солдои дароз узви Шуродои дифои рисоладои номзадИ ва доктории КОА-и Федератсияи Россияи назди Институти таърих, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониши Академияи миллии илмдои Точикистон (илмдои таърих) ва Донишгоди давлатии омузгории Точикистон ба номи С. АйнИ (илмдои сиёсИ) буда, дар чандин димоядои рисоладои номзадИ ва докторИ ба сифати мукарризи расмИ ва гайрирасмИ баромад намуда, айни замон бошад узви Шурои дифои рисоладои номзадИ ва доктории КОА-и Федератсияи Россияи назди Донишгоди миллии Точикистон (илмдои таърих, аз руи ихтисосдои таърихи умумИ, таърихи муносибатдои байналхалкИ ва сиёсати хоричИ), узви Шуродои дифои рисоладои номзадИ ва доктории КОА-и назди Президента Чумдурии Точикистони назди Институти таърих, бостоншиносИ ва мардумшиносии ба номи Адмади Дониши Академияи миллии илмдои Точикистон (илмдои таърих) ва Донишгоди давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (таърихи илм) мебошад;
- профессор Хайдаршо Пирумшоев инчунин дар байни муаррихон аввалин шуда, ба масъалаи дарёфт ва тадкики инъикоси дакикат ва вокеияти таърихИ дар ашъори шоирони точик таваччуд кардааст;
- хулас, профессор Хайдаршо Пирумшоев дар радифи он таърихнигороне шомил мешавад, ки дар инкишофи илми бунёдии таърихи халки точик ва Точикистони сохибистиклол, тарбияи мутахассисони баландпояи сохаи илми таърих накши калидй доранд.
АДАБИЁТ
1. Искандаров Б. И. Трудный путь к знанию. М., 1999. - 160 с.
2. История Горно-Бадахшанской автономной области. С древнейших времен до новейшего периода. Т. 1. Душанбе, 2005 - 494 с.
3. История города Душанбе (с древнейших времен до наших дней). Душанбе, 2004. - 296 с.
4. История таджикского народа Т. Ш. (XI в. - XV века). Душанбе, 2013. - 580 с.
5. История таджикского народа Т. IV. Позднее средневековье и новое время (XVI в. - 1917 г.). Душанбе, 2010. - 1124 с.
6. Китобномаи шархолй. Мураттиб Сулаймоншо Гуломшоев. - Душанбе, 2015. - 88 с.
7. Маликов М. Призвание: историк. Душанбе, 2014. - 212 с.
8. Масов Р., Пирумшоев Х. Файзи истиклол дар «Боми Ч,ахон». Душанбе, 2011. - 412 с.
9. Неъматов Н. Н., Нурмухаммади А., Мирбобоев А. К., Пирумшоев Х. Таърихи халки точик. Китоби дуввум. Мучизаи классикии точикон. Китоби дарсй барои донишчуёни мактабхои олии Чумхурии Точикистон. Душанбе, 2008. - 815 с.
10.Пирумшоев Х. В памяти народной. К 100 летию востания Восе // Агитатор Таджикистана. № 9. Душанбе, 1988. С. 7 - 10.
11.Пирумшоев Х. Русские дореволюционные исследователи о городах Восточной Бухары конца XIX- начала XX вв. Душанбе, 1992. - 130 с.
12.Пирумшоев Х. Таърихи омузиши шуриши Восеъ. Душанбе, 1992. - 80 с.
13.Пирумшоев Х. Русские дореволюционные исследователи о политике России в Средней азии в XVIII в. Душанбе, 1996. - 110 с.
14.Пирумшоев Х. Российско-среднеазиатские отношение в XVI - середине XIX веков в русской историографии. Автореферат диссертации на соискание ученой степени доктора наук. Душанбе, 1996. - 53 с.
15. Пирумшоев Х. История изучения востания Восе. Душанбе, 1998. - 140 с.
16.Пирумшоев Х. Российско-среднеазиатские отношение в XVI - середине XIX веков в русской историографии. Душанбе, 2000. - 338 с.
17.Пирумшоев Х. Замини мардхез. Душанбе, 2000.
18.Пирумшоев Х. Чрвидони дар ёдхо. Душанбе, 2000. - 164 с.
19.Пирумшоев Х. Ванч (очерки илмй-оммавй). М., 2002 - 610 с.
20.Пирумшоев Х. Кашшофи накди таърих. Душанбе, 2004. - 160 с.
21.Пирумшоев Х. Таърихи Дарвоз (аз кадим то замони муосир). - Душанбе, 2008. - 704 с.
22.Пирумшоев Х. Бозсозй: сохтем ё бохтем? Душанбе, 2008. - 112 с.
23.Пирумшоев Х., Маликов М. Россия-Таджикистан: история взаимоотношений. Душанбе, 2009. - 688 с.
24.Пирумшоев Х. Барнома аз фанни таърихнигории таърихи халки точик барои донишчуёни бахшхои таърихи макотиби олй. Душанбе, 2009. - 60 с.
25.Пирумшоев Х., Убайдуллоев Н., Маликов М., Худойдодов А. Донишгохи омузгорй дар масири таърихи миллат. Душанбе, 2011. - 488 с.
26.Пирумшоев Х , Убайдуллоев Н., Муродов А. Нахустин маркази илму таълими таърих. Душанбе, 2013. - 304 с.
27.Пирумшоев Х. Ванчи ману ганчи ман. - Душанбе, 2013. - 608 с.
28.Пирумшоев Х. Концептуальные вопросы истории и историографии таджикского народа. Сборник избранных статей. - Часть 1. Душанбе, 2014. - 528 с.
29.Пирумшоев Х. Таърихи халки точик дар тарозуи таърихнигорй. - Хучанд, 2014. - 370 с.
30.Растагоре дар масири омузиши таърих. Мачмуа бахшида ба 70-солагии доктори илмхои таърих, профессор Х. Пирумшоев. Душанбе, 2014.
31.Пирумшоев X., Убайдуллоев Н. К. Биступанч нахли пурсамар. Душанбе: Ирфон, 2016. - 290
с.
32.Пирумшо X., Курбонидин А. Шириншох Шохтемур. Душанбе: ДДОТ, 2018. - 214 с.
33.Пирумшо X.. Бобочон Гафуров. Душанбе: ДДОТ, 2018. - 251 с.
34.Пирумшо X.. Ахтари илму сиёсат. Хучанд: Нури маърифат, 2019. - 384 с.
35.Пирумшоев X. Човидони дар ёдхо. Ба ифтихори 110 солагии академик Мулло Эркаев (Нашри дуввум). Душанбе, 2020. - 188 с.
36.Пирумшо X. Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорй. Душанбе, 2020. - 425 с.
37.Пирумшо X. Табли озодй дар ахди бедодй. Душанбе, 2018. - 353 с.
38.Пирумшо X. Помиру Бадахшон: назаре ба чугрофиё ва таърихи сиёсй (ахди кадим, асрхои миёна ва давраи нав). Душанбе: Ганчи хирад, 2021. - 64 с.
39.Пирумшо X. Консепсияи тахкики таърихи халки точик. Душанбе: Ганчи хирад, 2021. - 34 с.
40.Пирумшо X. Консепсияи тахкики таърихи халки точик // Муаррих (Мачаллаи илмй-назариявй). № 1 (25). Душанбе, 2021. С. 152 - 171.
41. Таджикистан в трудах русских дореволюционных исследователей (вторая половина XIX -начало XX в.). Душанбе, 1990. - 304 с.
42.Таърихнигор. Мачмуа бахшида ба 60 - солагии доктори илмхои таърих, профессор X. Пирумшоев. Душанбе, 2004. - 155 с.
НАУЧНО - ИССЛЕДОВАТЕЛСКАЯ И ПЕДАГОГИЧЕСКАЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ПРОФЕССОРА ХАЙДАРШО ПИРУМШОЕВА
В статье рассматриваются научно-исследователская и педагогическая деятельность доктора исторических наук, профессор, член-корреспондент Национальной Академии наук Республики Таджикистан Хайдаршо Пирумшоева. Авторы статьи анализируя его научная деятельность приходят к выводу, что в настоящий момент профессор Хайдаршо Пирумшоев входить в числе тех историков, которые внесут в развитии фундаментальной исторической науки таджикского народа и независимости Таджикистан, а также в воспитание специалистов историков особенный вклад.
Ключевые слова: Хайдаршо Пирумшоев, жизнь, научная деятельность, история, исследования.
SCIENTIFIC - RESEARCH AND PEDAGOGICAL ACTIVITY OF PROFESSOR
HAYDARSHO PIRUMSHOYEV
The article deals with the research and teaching activities of the doctor of historical sciences, professor, corresponding member of the National Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan, Haydarsho Pirumshoeva. The authors of the article, analyzing his scientific activities, come to the conclusion that at the moment Professor Haydarsho Pirumshoev is one of those historians who will make a special contribution to the development of the ^ fundamental historical science of the Tajik people and the independence of Tajikistan, as well as to the education of historians.
Key words: Haydarsho Pirumshoev, life, scientific activity, history, research.
Сведения об авторах:
Сайнаков Сайнак Парпишоевич — кандидат исторических наук, доцент, заведующий кафедрой всеобщей истории и международных отношений Таджикского государственного педагогического университета им. Садриддина Айни, тел: (+ 992934162099), e-mail: saynakov2012@mail. ru; saynak. rushon. saynakov@mail. ru
Одинаев Абдумавлон Назирович, старший преподаватель кафедры история таджикского народа Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни, тел: +992927648787 (моб.) E-mail: [email protected]
About the authors:
Saynakov Saynak Parpishoevich - Candidate of Historical Sciences, Associate Professor, Head of the Department of General History and International Relations of the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, phone: (+992934162099); E-mail: [email protected]; saynak. rushon. savnakov@mail. ru
Odinaev Abdumavlon Nazirovich, Senior Lecturer of the Department of History of the Tajik People, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, E-mail: abdumavlon1987@gmail. com