Научная статья на тему 'ИЗ ИСТОРИИ КАФЕДРЫ ВСЕОБЩЕЙ ИСТОРИИ ТГПУ ИМЕНИ С. АЙНИ'

ИЗ ИСТОРИИ КАФЕДРЫ ВСЕОБЩЕЙ ИСТОРИИ ТГПУ ИМЕНИ С. АЙНИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
131
12
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТГПУ ИМ. С.АЙНИ / ВУЗ / ИСТОРИЧЕСКИЙ ФАКУЛЬТЕТ / КАФЕДРА / ИСТОРИЯ / ВСЕОБШАЯ ИСТОРИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Шахлои Шариф

В статье отражена истории кафедры всеобщей истории ТГПУ им С. Айни. В ней сперва коротко освещается создание исторического факультета ТГПУ имени Садриддина Айни и далее рассмотрено предпосилки и создании кафедры всеобщей истории названного вуза. Особое внимание уделено роль кафедры в учебном процессе и подготовки кадров, а ткаже в научно-исследовательских работ в период независимости Республики Таджикистан. Таким образом, автор впервые среди иследователей в таком объеме рассматривает истории одного из первых кафедр ТГПУ им. С. Айни.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF THE WORLD HISTORY DEPARTMENT OF TSPU NAMED AFTER S. AYNI

In this article, the history of Words history Department of TSPU named after S. Aini, reflected. Firstly, the article shortly covers the creation of historical faculty of TSPU named after S. Aini, and further examines prerequisites and creation of World history Department of the named about institute Special attention is paid to the educational process and personnel training, and also research work in the period of Inclependence of the Republic of Tajikistan. In His way, author for the first time among other researchers in such volume analyzes the history of one of the first departments of TSPU named after S. Aini.

Текст научной работы на тему «ИЗ ИСТОРИИ КАФЕДРЫ ВСЕОБЩЕЙ ИСТОРИИ ТГПУ ИМЕНИ С. АЙНИ»

Ключевые слова: И. И. Зарубин, деятельность, Иран, Бартанг, Шугнан, Рушан, Вахан, Средняя Азия, этнограф, специалист, Душанбе, Памир, языковедение.

LIFE AND SCIENTIFIC ACTIVITY OF I. I. ZARUBIN

This article addresses life and scientifical activity of 1.1. Zarubin 1.1. Zarubin was second researcher after A. E. Snesareva who gave information about wanjian language. His labors are on bartang rushan and vakhan languages, The author writes that today Zarubins labors did not lose their value. In 191411 Zarubin together with French scientist F. R Gotho went to the Middle Asia. F.R Gotho was one of the famous specialists who knew Eastern languages well. According to archival materials, during this trip. 11 Zarubin collected more than 450 exhibits such as fabrics, pictures, shoes, house wear and other things for the museum of Ethnography and Anthropology. Some of the collected materials of the scientist were not published, and they are still kept in Central Archives of Russia.

Keywords: 1.1. Zarubin activities, Iran, Bartang language, Rushan language, Shugnan language, Vakhan language, Middle Asi, Ethnographer, Specialist, Dushanbe, Pamir, linguistics.

Сведения об авторе:

Дарвозиева Ханифа - ассистент кафедры всеобщая история исторического факультета Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, тел.:(+992) 93806199; E-mail:hanifa.93@mail.ru

About the author:

Darvozieva Hanifa - Assistatant, of faculty of the Deportment history nation in the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, phone: (+992) 938061993; E-mail: hanifa.93@mail.ru

АЗ ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ УМУМИИ ДОНИШГОЩ ДАВЛАТИИ ОМУЗГОРИИ ТОЧИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНИ

Шахлои Ш.

Донишго^и давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айни

Таърихи маорифи Точикистон яке аз равияхои асосии таърихнигории ватанй ба хисоб рафта, дар ин самт аз чониби як катор муаррихони варзида фаъолияти макотиби олии чумхурй омухта шудааст. Аммо дар баробари ин, боз хастанд тарафхои масъалае, ки холо хам пурра омухта нашудаанд. Масъалан, дар аксарияти тахкикоти анчомдодашуда, таърихи таъсисёбй ва рушди звенои асосии донишгоху донишкадахо, яъне кафедрахо чиддй омухта нашудааст. Аз ин ру, дар маколаи мазкур таърихи кафедраи таърихи умумии ДДОТ ба номи С.Айнй мавриди пажухиш карор дода шудааст.

Факултети таърихи ДДОТ ба номи С.Айнй ва аввалин кафедраи он дар баробари таъсисёбии Донишгохи мазкур ба фаъолият, огоз намуданд. Аз рузхои аввалини фаъолияти факултет дар ин даргох олимони номй ба таълим чалб гардиданд, ки дар тарбия ва тайёр намудани хазорхо мутахассисони сохаи таърих сахми худро гузоштанд. Зарур аст кайд намоем, ки то таъсисёбии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва Донишгохи давлатии Точикистон мутахассисони сохаи таърихро асосан дар хамин даргох омода мекарданд. Аз ин лихоз, сахм ва хизмати хатмкардагони факултети таърихи ДДОТ дар рушди илми таърихи ватанй калон мебошад.

Дар поягузорй ва рушди факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй ва кафедрахои он олимон-муаррихони варзида, устодони аввалини факултет Константин Николаевич Гаврилкин, С. Володарский, Аббос Алиев, Бобочон Гафуров, Баходур Искандаров, А. Баховиддинов, Александр Александрович Семёнов, Зариф Рачабов, П. Евсеев, В. Скорман, Н. Хижняк, А. Аксенов, К. Астафев, Эмма Абрамовна Зилберова, Х,отам Назарзода, Усмон Мухторов ва дигарон сахми калон гузоштаанд[15, с. 14].

Бешубха дар ташкили кор ва равнак додани таълиму тахкики таърих хайати кафедрахои факултет макоми махсусро ишгол менамоянд. Яке аз кафедрахои аввалини ДДОТ баноми С. Айнй кафедраи таърихи умумй мебошад, ки аз соли 1931 дар доираи кафедраи таърих фаъолият намуда, соли 1938 ба кафедраи мустакил табдил дода мешавад. Яъне аз соли 1931 то соли 1937 дар байни панч кафедраи донишкада кафедраи муштараки фанхои таърихй низ амал намуда, яке аз мудирони аввалини он С. Д. Володарский ва аз 3-юми сентябри соли 1937 ин вазифаро дотсент К. Н. Гаврилкин ичро намудааст. Тибки маълумоти хуччати бойгонй "Руйхати профессорону омузгорони донишкада аз 21-уми феврали соли 1938", кафедраи таърихи умумй

дар хайати ичрокунандаи вазифаи профессорй П. Г. Евсеев, дотсентхо Константин Николаевич Гаврилкин ва С. Д. Володарский, ассистентхо Баходур Искандаров, Усмон Мухторов, Эмма Абрамовна Зилберова фаъолият дорад. Ва хамин тавр, муаллифони китоби мукаммали ба таърихи факултети таърих тааллук дошта, ба хулосае меоянд, ки соли тахсили 1937/1938 кафедраи таърих ба ду кафедраи мустакил - таърихи ИЧШС (хозира таърихи халки точик) ва кафедраи таърихи умумй чудо мешавад [13, с.18 - 19]. Дамин тавр, метавон гуфт, ки кафедрахои имрузаи таърихи халки точик ва таърихи умумй аз соли 1931 фаъолият доранд.

Аз тахкику тахдили асару маколахои нашршудаи ба таърихи факултет ва Донишгох бахшида шуда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки айни замон фаъолияти кафедраи таърихи умумй пурра омухта нашудааст.

Аксари муаллифони тахкикоти анчомдода ба чунин хулосае омаданд, ки мудири аввалини кафедраи мустакили таърихи умумй мувофики як манбаъ Володарский С. Д. ва тибки дигар сарчашма В. Э. Скорман будаанд. Дар баробари ин дотсент М. ШерFOзиев ягона нафарест, ки кайд менамояд, ки баъди онхо яке аз мудирони аввалини кафедра, нахустин вазири маорифи Точикистон, декани факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй (1942 - 1945), профессор Аббос Алиев будааст[22, с.3]. Устод М. Шергозиев аз дастпарварони факултети таърих буда, рочеъ ба хаёт ва фаъолияти омузгорони Донишгох тахкикоти чолиберо анчом додааст.

Дамин тавр, устодони нахустини кафедра Володарский С. Д., Астафева А., Зилберова Э. А., Скорман В. Э., Аббос Алиев, Баходур Искандаров, Хотам Назарзода, Мухторов Усмон, Хижняк Н. Г., Аксеев, Евсеев П. Г., Разумович, Сирочиддинов (Сиразетдинов), Тохмасов ва дигарон буданд. Мавриди зикр намудан аст, ки бархе аз ин устодони зиндаёд дар тули фаъолияти омузгорию илмй-тадкикотиашон хам дар кафедраи таърихи ИЧШС ва хам таърихи умумй ба тадрис машFул будаанд. Шахсиятхои мазкур дар тахкики масъалахои мубрами таърихи ватанй ва умумй сахми худро гузоштаанд.

Дар миёни ин шахсиятхо Аббос Алиев хамчун яке аз аввалин мутахассисони таърихи умумй дар байни точикон шинохта шуда, у соли 1899 дар шахри Бухоро таваллуд шуда, солхои 1924 -1927 хамчун аввалин комиссари маорифи халки ЧМШС Точикистон фаъолият намуда, Мактаби олии хизбй ва сиёсии профессураи сурхи назди КМ ВКП (Б)-ро дар Москва хатм намудааст. Аббос Алиев хамчун олим-таърихшиноси мамлакатхои Шарк хануз дар солхои сиюми асри гузашта ном бароварда буд. У дар солхои ЧрВ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар Донишкадаи омузгории Душанбе накши нихоят калон гузоштааст [22,3], дар баробари ин, нахустин шуда, аз байни точикон соли 1946 дарачаи илмии докториро ба даст овардааст. Аббос Алиев - хамчун яке аз поягузорони Точикистон ва маорифи навини халки точик абадан дар таърихи миллат бокй хохад монд. Мазкур муаллифи як катор асархои илмй оид ба таърихи точикон ва дигар халкхои Шарк мебошад [13, с. 109].

Олими дигаре, ки тамоми зинахои илмиро тай намудааст академик Баходур Искандаров буда, Донишкадаи таърих, фалсафа ва забоншиносии шахри Ленинград (Санкт-Петербург) -ро хатм кардааст ва солхои 1936 - 1940 ба хайси муаллими факултети таърих фаъолият намуда, ба тадкикоти идмии худ махз дар хамин даргох хусни OFOЗ бахшидааст. У муаллифи бештар аз 200 корхои чопй аз чумла, кариб 20 рисолахои илмист [13, с.110].

Дар солхои минбаъда бо таFЙир ёфтани сохтори факултет, кафедрахо низ борхо табодули ном ё муттахид гардида, фанхои кафедра ба хисоби кафедраи таърихи ИЧШС гузаронда шуданд. Аз соли 1974 кафедра боз мустакил шуда, то имруз бо номи таърихи умумй фаъолият дорад. Дар солхои минбаъда сарварии кафедраи мазкурро дотсент Сангинов Н. (1974 - 1986), профессор Тухтаметов Т. Г. (1986 - 1991), дотсентон Исмоилов Ш. (1991 - 1992), Рахматов И. (1993 - 1996), Давронов Х. (1996 - 2005), Муродов А. (2005 - 2007, 2008 - 2015), Ашрафова С. (2007), доктори илм А. Хакназаров (2007 - 2008) ба ухда доштанд. Дар баробари номбурдагон дар кафедра дотсентон Бенедиктов А.А., Туманов А.И., Сирочиддинов С., Нарзуллоев С.,Шарипов Ш., ^аландарова М. Г., Бедилов Х., муаллимони калон Намакшинос М. А., Собиров К., Бердиев Ё., Меликмуродов Ф., Саъдуллоева Г.А., Старкова Л., Любавина Т., Бекметова Ш., ассистентон Давлатова М., Зарипов Н., Шарипов З., Тошмуродов А., Пиров Ш.,Мусоева М., Даминова С. ва дигарон машFули таълиму тадрис буданд. Дар рафти сухбат бо муаллифони маколаи ба таърихи кафедра бахшида шуда, муайян гардид, ки дар инъикос намудани давраи мудирии дотсент С. Ашрафова хатогии техникй содир шуда, дар хакикат бошад мазкура танхо чанд мохи соли 2007 ин вазифаро ба душ доштааст [15, с.14].

Солхои даргирихои сиёсй ва чанги шахрвандии солхои 90-уми асри XX боиси гусаста гардидани робитахои чомеа гардид, ки дар ин асно баъзе аз омузгорони кафедра, аз чумла профессор Т. Г. Тухтаметов, дотсент М. Г. ^аландарова, тарки чои кор намуданд. Нооромихои сиёсй, душворихои иктисодию ичтимой сабаби он шуд ки муаллимони варзида аз донишгох баромада рафтанд [13, с.85].

Айни замон дар кафедра 23 нафар устодон - докторони илмхои таърих Искандаров, Сайидзода Зафар Шералй, номзадони илмхои таърих, дотсентон Валиев А., С.П. Сайнаков., М. Шарофова., Ад. Хусайнов., С.М. Рачабов, А. Валиев, Д. Н. Негматов, А.Мамадазимов, А. Сабуров, К. Кудратов, муаллимони калон Буриев М., Мирзоев Ф., Начмуддинов Т., Бадавлатова Р., Чонмуродов Ш., Рахимзода Дилноза, ассистентон Мирзоев М., Дарвозиева Х., Шахлои Шариф, Ализода Довуд Алй, Одинаев Д., Абдусамадов Б. фаъолият менамоянд.

Яке аз самтхои асосии фаъолияти кафедрахо ин корхои илмй -тадкикотй ва омодасозии кадрхои илмй-омузгорй мебошад. То солхои наздик яке аз роххои омода намудани мутахассисони унвондор ин тахсил дар аспирантура буд. Хануз соли 1936 дар назди Донишкадаи педагогии Сталинобод шуъбаи аспирантура ташкил мешавад, ки дар баробари равияхои забон ва адабиёти точик бо методикаи таълими онхо, таърихи Точикистон, чуFрофия ва педагогика, тибки равияи таърихи умумй низ тахсил ба рох монда шудааст. Аспирантхои аввалини таърихи умумй ва таърихи Точикистон Хотам Назаров, Усмон Мухторов ва Разумович буданд, ки рохбарии онхоро мудири кафедраи таърих, дотсент С. Д. Володарский ба зимма дошт. Дар солхои минбаъда ба аспирантони факултет як зумра муаррихони варзидаи чумхурй, аз чумла академик А. А. Семёнов низ рохбарй ва дарс медоданд [13, с.16-17].

Дар замони истиклолият низ яке аз вазифахои мухими кафедрахои факултет тайёр намудани кадрхои илмй-омузгорй ва ба корхои илмй-тадкикоти чалб намудани омузгорон мебошад. Ин вазифа баъди баркарор шудани сулху субот дар чумхурй ба мадди аввал баромад, зеро солхои даргирихои сиёсй бо сабабхои гуногун теъдоди омузгорони унвондор дар факултет ва умуман дар Донишгох нихоят кам гардида буданд. Дар кафедрахои таърихи умумй хам масъалаи мазкур дар мадди аввал гузошта шуд. Агар фаъолияти илмии факултет ва кафедрахои онро тахлил намоем, асосан ибтидои солхои 2000-ум раванди корхои илмй-тадкикотй ва тайёр намудани корхои илмй-омузгорй ба мачрои аввалаи худ баргашт. Махз, дар ин солхо баъзе аз омузгорони чавон имконият пайдо намуданд, ки корхои илмй- тадкикотии худро химоя намуда, сохиби дарачаи илмй гардиданд.

Дар натичаи дуруст ба рох мондани фаъолияти илмй дар факултет, дар кафедраи таърихи умумй низ мувафаккиятх,ои назаррас ба даст омада, чанд нафар аз устодони кафедра рисолахои худро химоя карданд. Минчумла, А Муродов [5], А. Дусайнов [10], С. Раджабов [14] М Шарофова [20], С Рачабов [14], Д. Негматов [6], Дусайнов А[10], А.Мамадазимов[3]. Дар соли 2019 бошад дотсенти кафедра А. Дусайнов рисолаи доктории худро дифоъ намуд[10].

Баъди муддати тулонй дар давраи истиклолият соли 2017 аз сари нав аз руи ихтисоси таърихи умумй як аспирант ба тахсил фаро гирифта шуд. Дар баробари ин, дар соли тахсили 2018/2019 дар назди кафедра бори нахуст аз руи ихтисоси таърихи умумй магистрон кабул карда шуда, аз чониби Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон накшаи таълимии дарачаи доктор аз руи ихтисоси таърихи умумй низ тасдик гардид ва соли тахсили 2019-2020 ду докторант ба тахсил фаро гирифта шуданд [9].

Яке аз фаъолиятхои кафедра тахкики илмии масъалахои мухими таърихи ватанй ва умумй мебошад. Тибки равияи кафедра устодон баробари корхои таълимй - методй ба корхои илмию тадкикотй диккати чиддй медиханд. Онхо ба пажухиши масъалахои таърихнигорию маъхазшиносии таърихи умумй, таърихи муносибатх,ои Точикистон бо кишвархои чахон, таърихи мамлакатх,ои Осиёи Марказй ва форсизабон машFул буда, оид ба равобити иктисодиву фархангии халки точик бо дигар халкхои чахон тадкикоти илмй мебаранд. Хамин тавр, устодони кафедра дар раванди таълифи монографияхо ва маколахои илмй -тадкикотию илмй -публитсистй фаъолона ширкат менамоянд. Аз чумла, солхои охир монографиях,ои А. Муродов[5], М. Шарофова[20], А. Дусайнов[10], Д. Негматов[6], А.Дусайнов ва Т. Начмуддинов[12] аз нашр баромаданд, ки аз чониби доирахои илмй ва мутахассисони соха бахои мусбй гирифтанд.

Дар кафедра донишчуёни фаъол низ ба корхои илмй чалб шудаанд. Асосан фаъолияти илмии донишчуёни кафедра дар раванди фаъолияти махфилх,ои илмй зохир мегардад. Дар назди кафедра хануз аз замони ИЧЩС махфили донишчуён амал намуда, дар он мавзуъхои мухими таърихи умумй баррасй мегардиданд. Дар давраи истиклолият бошад фаъолияти махфили донишчуёни кафедра низ бо такозои замон мутобик гардонда шуда, он бо рохбарии муаллими калони кафедра Кароматулло Орипович Собиров бо номи рамзии "Ховаршинос" азнавсозй карда шуд. Махфили мазкур тибки низомнома ва накшаи тасдикшуда фаъолият намуда, дар хайати он донишчуёни фаъол шомил мебошанд. Бехтарин маърузахои донишчуён пас аз мухокима ва тахрири кафедра ба нашр пешниход мегарданд [9,]. Хамин тарик, баъди устоди зиндаёд К. О. Собиров рохбарии махфилро ассистентони кафедра Насимчон Зарифов (2010 - 2014) ва Шамшод Чонмуродов (2014 - 2018) ба ухда доштанд. Аз сентябри соли 2018 рохбари махфилро муаллими калони кафедра Толибшох Начмуддинов ба ухда дорад.

Аз шли 2012 инчониб дap назди кaфeдpa шyъбaи муношбатх,ои бaйнaлxaлкй. Tapчyмон peфepeнт aмaд нaмyдa, ин боиш он гapдид, ки дap шли тахшли 2018/2019 as хдооби дониш^ни фaъоди шyъбaи мaзкyp махфили илмии донишчyëн "Дипломатони чавон" тaъcиc додa шyдa, pоx,бapии он бa зиммаи accиcтeнти кaфeдpa Бeкбобо Aбдycaмaдов гyзоштa шуд. Бa хдйати он донишчyëни фaъоди иxтиcоcи муношбатх,ои бaйнaдxaлкй шомил мeбошaнд. Дap фaъодияти xyд махфили мaзкyp ма^алах^ acоcии тaъpиxи димломaтия, муношбатх,ои бaйнaлxaлкиpо мух,окима менамояд [15, c.14].

Дap нaзди кaфeдpa ceминapи илмии ycтодон аз p^ paвияx,ои тaъpиxи умумй, тaъpиxнигоpй, мaъxaзшиноcй вa yc^nx^ тахкики тaъpиx, тaъpиxи муношбатх,ои бaйнaдxaлкй фaъодият мeнaмояд, ки тибки накшаи он мохе ду мapотибa нишacти илмй доиp мeгapдaд. Дap чамомадхои ceминapи илмй acоcaн мaеъaлax,ои мyбpaми тaъpиxи умумй, тaъpиxнигоpй вa мaъxaзшиноcии тaъpиxи умумй вa муношбатх,ои бaйнaлxaлк;й бappacй мeгapдaнд [8, c. 14].

Бaъди cоxибиcтикдод гapдидaни Чумами Tочикиcтон бapои ycтодони кaфeдpa имконият фapоx,aм омaд, ки мутобик бa шapоити тaдaботи вокеии pyз китобх,ои дapcй, бapномaю дacгypx,ои тaъдимй бa зaбони дaвдaтй тахдя cозaнд [8].

Кaфeдpa дap caмти тaйëp вa бa нaшp pacондaни мaводй тaълимй низ ^px^ нaзappacpо анчом додa, год^ои оxиp бо кушиши омyзгоpони кaфeдpa мачмуах,ои тaъдимй-мeтодй, инчунин китобу дигap нaмyд дacгypx,ои тaъдимй p^ чопpо дидaнд. Аз чумла, маводхои тaъдимии «Taъpиxи Роееия^>[16], «Taъpиxнигоpии дaвpaи нaви мамдакатх,ои Евpопa вa Aмepикa»[17], «Taъpиxи acpx^ мдена»^], «Taъpиxи нaвтapини мамдакатх,ои Aвpyпо вa Aмpико» [21], «Taъpиxи дипломaтия» [11], «Taъpиxи Шapк;и ^адим»[2], «Maмлaкaтx,ои кaдонтapин дap тaъpиx»[4], «Taъpиxи Хитой (чоpяки оxиpи acpи XX - ибтидои acpи XXI)>> [1], «Иегилох,оти тaъpиxй» [19] вa Faйpa аз чумлаи онх,о мeбошaнд.

Дap татбики cиëcaти дaвдaт вa Хукумати Чyмxypии ^чик^гон дap тохди мaоpиф низ хдйати кaфeдpa фaъолонa иштиpок нaмyдa, хдйати он дap тaмоми чоpaбиниx,ои cиëcию фapx,aнгй вa чамъиятии caгx,и чyмxypиявию донишгохи вa фaкyдтeтй ca^^ xyдpо мeгyзоpaнд [8].

Дамин тaвp, кaфeдpaи тaъpиxи умумии AAOT дap ми^ш чумодм aввaлин кaфeдpa оид бa тaъpиxи чах,онй бyдa, гуди фaъодияти xyд тaвониcтaacт, ки бa як rçarop дacтовapдx,ои нaзappac ноил гapдaд.

ЛДЛБИЁТ

1. Бaдaвлaтовa Р., Mиpзоeв Ф., Ёpов M., Шapипов H. Taъpиxи Хитой ^pasa оxиpи acpи XX - ибтидои acpи XXI). Душанбе. 2018 - 112 c.

2. Валиев А., Бачмуддинов T., №ropM дpeвного Воcгокa. Дyшaнбe, 2018. - 238 c.

3. Maмaдaзимов А. Стaновлeниe и paзвитиe тaджикcкого-aмepикaнcкиx взaимоотношeний в пepиод нeзaвиcимоcти (1991- 2016 гг.). Aвтоpeфepaт диcepтaтции не cоиcкaниe yчeной cгeпeни кандидата иcгоpичecкиx неук. Душанбе, 2019. - 22 c.

4. Mиpзоeв Ф., Рахимзода Д., Бадавлатова Р., Дapвозиeвa X,. ^малЕкат^и кaлонтapин дap тaъpиx. Дyшaнбe. 2018 - 119 c.

5. Mypодов A. Oraettierne политичecкой cитyaции Taджикиcтaнa 1989 - 1997 гг. в пepиодичecкой пeчaти. Aвтоpeфepaт диcepгaтции на cоиcкaниe yчeной cгeпeни кандидата иcгоpичecкиx наук. Д., 2004 - 23 c.

6. Heгмaтов Д. Oтpaжeниe иcгоpии Бyxapы и Aфгaниcгaнa пфвой половинныж XIX в paботe Aлeкcaндpa Бëpнca «Пyтeшeегвиe в Бyxapy». Aвтоpeфepaт диcepгaтции на cоиcкaниe yчëной степени кандидата иcгоpичecкиx наук. Д., 2018 - 22 c.; Штатов Д. Oтpaжeниe иcгоpии Бyxapы и Афганистана пфвой половинньж XIX в paбогe Aлeкcaндpa Бëpнca «Пyтeшeегвиe в Бyxapy» Д., 2019 - 185c.

7. Штатов Д., ва дигapон. Taъpиxи афх,ои миëнa. Дyшaнбe, 2018 - 195 c.

S. Хиообоги кафед^и тaъpиxи умумй оид ба ичpои ^px^ таълимй-методй, илмй-тадкикогй ва тapбиявй ¿^p еолхои тахрили 2018/2019 // Бойгонии чоpии кaфeдpaи тaъpиxи умумии ,n,npT ба номи С. Айнй. Папкаи №18. -Хиеобоги еолонаи кaфeдpa. С. 14.

9. Хуччатхои махфилхои илмии донишчyëн // Бойгонии чоpии кaфeдpaи тaъpиxи умумии ,n,n,OT ба номи Сaдpиддин Айнй. Папка №24.

10. Хуеайнов А. Фоpмиpовaниe миpовоззpeниe молодëжи в ycловияx дeмокpaтизaции общecгво: опыг Taджикиcгaнa. Aвтоpeфepaт диcepгaтции на cоиcкaниe yчeной cгeпeни кандидата полигичecкиx наук Д. 2007 - 22 c-; Хуеайнов А. Фоpмиpовaниe и paзвигиe топливо - энepгeгичecкого комплeкca тaджикиcгaнa (1992-2016 гг). Aвтоpeфepaт диеepгaтции на еоиcкaниe yчeной степени доктоpa наук Д., 2019. - 50 c.

11. Хутайнов А., Mиpзоeв Ф., Ч,онмypодов Ш., Шахдои Ш. Taъpиxи дипломатия. Душанбе: ЭР-гpaф, 2019. - 368 c.

12. Хутайнов А., Иадмуддинов T. Иcгоpичecкиe acпeкты изучения и оcвоeния топливо-энepгeтичeекиx peеypcов Taджикиcгaнa (до пфиода нeзaвиеимоcги). Душанбе: Иpфон, 2013. - 200 c .

13. Пиpyмшоeв X,., Убайдулдоев H., Mypодов A. Hoyara маpкази илму таъдими тaъpиx. Душанбе, 2013. - 301 c.

14. Раджабов С. Борьба народов Мовераннахра и Хорасана за независимость (VII - первая половина VIII вв.). Автореферат дисертатции на соискание ученой степени кандидата исторических наук Д., 2010. - 24 с.

15. Сайнаков С. П., Мирзоев Ф., Начмуддинов Т. Нахустин кафедраи таърихи умумй дар чумхурй //Омузгори чавон. №14 (1001). 9.05.2019. - С. 14

16. Сайнаков С., Мирзоев Ф., Начмуддинов Т., Гадоев F., Исматов Ф. Таърихи Россия (охири асри XVIII - ибтидои асри XX). Курси лексия (бо тахриру иловахо). Душанбе, 2014. - 259 с.

17. Сайнаков С., Садиров Ш., Азизов С. Таърихнигории давраи нави мамлакатхои Европа ва Америка. Курси лексияхо. Душанбе, 2018 - 180 с.

18. Хакназаров А., Хусайнов А., Мусоев А. Вахшская долина жемчужина Советского союза (1924 - 1991). Душанбе. 2017. - 312 с.

19. Шарофова М. Истилохоти таърихи. Душанбе: Эр-граф, 2018. - 120 с.

20. Шарофова М. История развития професионально-технического образование в Таджикистане (вторая половина 40-х гг. XX в - начало XXI в). Автореферат дисертатции на соискание ученой степени кандидата исторических наук. Душанбе, 2010 - 24 с.; Шарофова М. История развития професионально-технического образование в Таджикистане (вторая половина 40-х гг. XX в - начало XXI в). Душанбе, 2019. - 162 с.

21. Шарофова М. Таърихи наву навтарини давлатхои чахон. Душанбе, Эр- граф, 2018. - 196 с.

22. Шергозиев М. Пайванди ачдодй. Фаъолияти омузгории зодагони шахрхои кадимаи точикон - Самарканду Бухоро дар Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айнй //Паёми Душанбе. № 47 (1697). 4 июли соли 2012. С. 3.

ИЗ ИСТОРИИ КАФЕДРЫ ВСЕОБЩЕЙ ИСТОРИИ ТГПУ ИМЕНИ С. АЙНИ

В статье отражена истории кафедры всеобщей истории ТГПУ им С. Айни. В ней сперва коротко освещается создание исторического факультета ТГПУ имени Садриддина Айни и далее рассмотрено предпосилки и создании кафедры всеобщей истории названного вуза. Особое внимание уделено роль кафедры в учебном процессе и подготовки кадров, а ткаже в научно-исследовательских работ в период независимости Республики Таджикистан.

Таким образом, автор впервые среди иследователей в таком объеме рассматривает истории одного из первых кафедр ТГПУ им. С. Айни.

Ключевые слова: ТГПУ им. САйни, вуз, исторический факультет, кафедра, история, всеобшая история.

FROM THE HISTORY OF THE WORLD HISTORY DEPARTMENT OF TSPU NAMED AFTER S. AYNI

In this article, the history of Words history Department of TSPU named after S. Aini, reflected. Firstly, the article shortly covers the creation of historical faculty of TSPU named after S. Aini, and further examines prerequisites and creation of World history Department of the named about institute Special attention is paid to the educational process and personnel training, and also research work in the period of Independence of the Republic of Tajikistan.

In His way, authorfor the first time among other researchers in such volume analyzes the history of one of the first departments of TSPU named after S. Aini.

Keywords: TSPU named after S. Aini, university, historical faculty, department, history, world history.

Сведения об авторе:

Шахлои Шариф - ассистент кафедры всеобщая история исторического факультета Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни, тел.: (+992) 981051455;

About the autor:

Shahloi Sharif-Assistatant, of faculty of the Deportment history nation in the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, phone: (+992) 981051455;

МАЪЛУМОТИ МАХМУД ИБНИ ВАЛЙ ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ АШТАРХОНИХО ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVII

Саидов Ф.А.

Институты таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ЦТ

Муаррихи ибтидои асри XVII Махмуд ибни Валй дар асари худ «Бахр ал асрор» доир ба вазъи сиёсии Мовароуннахр маълумоти зиёд ва нодир овардааст. Ахамияти маълумоти муаллиф доир ба ин давра пеш аз хама дар он аст, ки у хамзамони вокеахои тасвиршуда буда аз хаводиси он давр огохии хуб дошт ва худи у шохиди бевоситаи баъзе аз во^еоти дар асар

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.