Научная статья на тему 'ПЕРВАЯ ПУБЛИЧНАЯ БИБЛИОТЕКА ТАДЖИКИСТАНА'

ПЕРВАЯ ПУБЛИЧНАЯ БИБЛИОТЕКА ТАДЖИКИСТАНА Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
121
19
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ПУБЛИЧНЫЙ / БИБЛИОТЕКА / УЕЗД / ОБЛАСТЬ / ХОДЖЕНТ / КНИЖНЫЙ ФОНД / ВЕЛИКАЯ ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ВОЙНА / РУКОВОДИТЕЛИ / БИБЛИОТЕЧНАЯ СИСТЕМА / СЕВЕРНЫЙ ТАДЖИКИСТАН

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Акбари Махиноз

В статье говорится об истории создания одной из публичных библиотек- областной публичной библиотеки им. Т. Асирӣ. Это библиотека имеет долгую историю существования. После ликвидации Ходжентского уезда и создания Ходжентского округа это библиотека получила статус межобластной библиотеки и оказывала методическую помощь другим библиотекам области. Ее книжный фонд ежегодна пополнялся. Деятелность библиотеки не прекращалась и в годы Великой Оттечественной войны. В статье упоминаются и руководители библиотеки. Данная библиотека сыграла большую роль в деле развития библиотечней системы Северного Таджикистана.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE FIRST PUBLIC LIBRARY OF TAJIKISTAN

The article tells about history of foundation one of the public libraries- Regional public library named after T. Asiri. This library has long history of existence. After abolition of Khodjent uyezd and foundation of Khodjent region this library got status of the inter-regional library and it helped other libraries of region with methodological assistance. Every year its book collection increased. The activity of the library did not stop even during Great Patriotic War. The article mentions the directors of the library. This library played a big role in the developvent of the library system of the Northen Tajikistan.

Текст научной работы на тему «ПЕРВАЯ ПУБЛИЧНАЯ БИБЛИОТЕКА ТАДЖИКИСТАНА»

НАХУСТКИТОБХОНАИ ОММАВИИ ТОЧИКИСТОН

Акбарй М.

Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номы Садриддин Айни

Шя^и Хучанд, ки тaъpиxи бeш as 2500- coлa дopaд, дap тули ин мyддaт садхо нaфap бyзypгoни илму aдaбpo дap домяни xyд пapвapиш намуда,ки capчaшмaи дониши хамаи онхо китоб мeбoшaд. Яъте ин мapкaзи тамаддун ва илму фapxaнги точикон дap мacиpи бeш аз 2500 - солаи xyд дopoи китoбxoнaxoи зиСди xycycй ва оммавй будааст.

Дap ин макола мо танхо до^ ба якe аз китoбxoнaxoи оммавии ин ша^, яънe Kитoбxoнaи оммавии вилоятии ба номи Тoшxyчaи Ас^й бap асоси маводи бойгонй, oмopй ва адабиети илмию оммавй pox^ 70- соли тайнамудаи oнpo дap ахди шypaвй мaвpиди омузиш ва тахкику бappacй Kapop дoдaeм.

Бояд гуфт, ки хануз дap соли 1879 дap шaxpи Хучанд бapoи xoнaндaгoни Омузишгоххи пpaвocлaвй китoбxoнa таъсис дода шуд, ки он дopoи 763 чилд китоб буд. Баъдан соли 1895 дap шaxpxoи Хучанд ва Уpoтeппa (Иcтapaвшaн) таъсис дода шуданд. [2, с.1б]. Някустин ки^^оши умумй дap шaxpи Хучанд бо ташаббуси capдopи уэзди Хучанд С. Ликошин ифтитох ëфт [7, с.102]. Kитoбxoнa дap пахлуи кapopгoxи capдopи уэзд, дap махаллаи X,aBpam Бобо чой дошт. Хазинаи ин ки^^она асосан аз хисоби чaмьoвapии китоб аз ахолии шaxp бякусус pycзaбoнoн nyppa мeгapдид. Някустин фexpиcти ни^коши мaзкyp аз чониби шякси китобдуст Б.В. Чepнoвcкий тapтиб дода шуда буд.

Някутин китoбxoнaи дaвpaи ш^авй дap худуди Точикистони имpyзa китoбxoнaи гapнизoни артиши cypx воксь дap шaxpи Хучанд мeбoшaд, ки он бо ташаббуси Шypoи кopгapoн ва capбoзoни шaxpи Хучанд таьсис дода шуда буд.

Дap мохи мapти соли 1917 дap чаласаи Шypoи кopгapoн ва capбoзoни шaxpи Хучанд Kapop кабул гapдид, ки дap Хучанд китoбxoнaи оммавии шaxpй таъсис дода шавад. Бояд гуфт, ки Kитoбxoнaи вилоятии ба номи Тошкучаи Acиpй аз он capчaшмa мeгиpaд ва ин макола низ ба фаъолияти ин китoбxoнa дap ахди ш^авй иxтиcoc дopaд. ^apopи таъсиси китoбxoнaи оммавии шaxpй дap cypaтчaлacaи мачлиси Шypoи намояндагони capбoзoни гapнизoни шaxpи Хучанд аз тaьpиxи 12 марти соли 1917 дap филиалии Хучандии Бойгонии давлатии Чyмxypии Точикитсон махфуз аст[6, с.29]. Kитoбxoнaи оммавии шaxpи Хучанд, ки дap Хонаи озодии шaxp чoйгиp буд, дap хаети фapxaнгии мapдyм накши мухим мeбoзид. Ба xoтиpи хифзи зaxиpaи китoбxoнa мохи нoябpи соли 1918 кoмиccapи xaлкии мaopифи уэзди Хучанд А. Волошин эъломия ба тасвиб pacoнид бо чунин мазмун:

«Бо максади хифз намудан ва ташг^и кapдaни ходисахои дуздию Fopaти capвaти мapдyм китобхо танхо дap мaвpиди гapaв мондан ба мaблaFи панч сум бapoи xap як чилди он дода мeшaвaнд»[1, с.8].

Маводи бойгонй шаходат мeдиxaнд, ки китoбxoнaxo дap иxтиëpи Koмиccapиaти (Baзopaти) мaopифи xaлк буданд. Дap cyxaнpoнии муд^и шуъбаи мaopифи уэзди Хучанд М. Хoчaвeв дap анчумани ceвyми Шypoxoи шaxpи Хучанд, ки мохи августи соли 1920 дoиp гapдидa буд, гуфта шуда, ки дap шaxp ду китoбxoнa :якe aвpyпoй во^ь дap кисмати чядиди шaxp ва дигape китoбxoнaи миллй ва ë мусулмонй дap шaxpи кухня фаъолият мeнaмoянд[6, с.29]. Хуччатхои тaъpиxй шаходат мeдиxaнд, ки соли 1924 муд^и Kитoбxoнaи оммавии шaxpи Хучанд бap души В. Гepacимoнкo ном шaxc будаяст[6, с.32].

Бap acapи бapxaм xypдaни уэзди Хучанд ва таьсис СФтяни oкpyги (хавзви) Хучанд ин китoбxoнa макоми китoбxoнaи бaйнинoxиявиpo г^ифта ва ба китoбxoнaxoи навохии Хучанд, Нов (Спитaмeн), Ашт, Конибодом ва Иcфapa ëpии методй мepacoнид, ки зaxиpaи умумии ин китoбxoнaxo 2790 Чилдpo ташкил дода, тсвдоди xoнaндaгoнaшoн 189 нaфap будаяст[6, с.32].

Зaxиpaи умумии маводи чопии Kитoбxoнaи оммавии шaxpи Хучанд дap соли 1934 2685 ^cxa китоб, 85 ^cxa мачалла ва 62 бастаи pyзнoмaxopo ташкил мeдoд.

Бояд изxop намуд, ки тибки маводи махфуз дap бойгонихо ва шаходати матбуоти он солхо Kитoбxoнaи оммавии шaxpи Хучанд ва дap мачмуь кулли китoбxoнaxoи вилояти Лeнинoбoд (СyFд) дap солхои мушкили Чанги Бyзypги Ватании солхои 1941-1945 фаьолияти xyдpo идома дода, бо бapгyзopии чopaбиниxoи гуногун дap aмpи п^узии xaлки ш^авй бap Олмони фашистй накши нeк бозидаанд.

Дap ибтидои соли 1947 Kитoбxoнaи оммавии шaxpи Лeнинoбoд (Хучанд) аз тoбeияти мaopифи xaлк бapoвapдa шуда ва ба иxтиëpи муассисахои маданй- paвшaннaмoй дода шуд. Тибки ^apopи Шypoи Koмиccapoни Халки Чyмxypии Шypaвии Сотсиалистии Точикистон ва КМХК (б)

Точикитон аз 11 марти соли 1947, №244 Китобхонаи оммавии шахри Хучанд ба китобхонаи вилоятй табдил дода шуд.

Дар полати то 1- уми январи 1948 китобхонаи мазкур дорои 15206 чилд китоб, аз чумла 1811чилд китоб ба забони точикй, 522 чилд китоб ба забони узбекй ва бокимонда ба забони русй буд. Теъдоди умумии кормандони китобхона 8 нафарро ташкил намуда, ба китобхона А. И. Чекунова ном шахс сарварй менамуд[6, с. 34].

Дар соли 1954 Китобхонаи вилоятии шахри Ленинобод (Хучанд) дар 57608 чилд китоб ва 1069 хонандаи доимй буда, хонандагон 44871 маротиба аз китобхои он истифода намудаанд. Соли 1959 китобхонаи мазкур дорои 2522 хонанадаи доимй буда, ки дар тули сол онхо аз 69505 китоб истифода намуда. Захираи умумии ин китобхона 123 хазор чилд китоб буда ва хамзамон аз 15 китобхонаи сайёри тобеъи он 800 нафар хонанда истифода менамуданд[6, с.52].

Дар байни солхои 1947-1962 ба китобхона А.И.Чекунова, З.Чёрных, А. Алёщенко,Бахлулзода, Н. Сангинов ва А. Махмудов сарварй менамуданд. Дар соли 1960 хайати кормандони онро А.Махкамов,О.Додохочаева, М.Умарова, Е.Е.Визнер, Ш. Азизова, М. Ковгун, Ю.Л. Верховник, А.Б. Гончаренко, М. Ортикбоева, Г. Алимова, О. Неьматова, Л. А. Ремизова ташкил медоданд. Дар соли 1962 бо бархам дода шудани вилояти Ленинобод китобхонаи оммавии вилоятй ба китобхонаи байнинохиявй табдил дода шуд. Соли 1964 ба муносибати 100- солагии Тошхучаи Асирй китобхона ба номи шоири маорифпарвари точик номгузорй шуд. Дар соли 1967 китобхона дорои 171011 чилд китоб ва 6300 нафар хонандаи доимй буд[6, с. 52].

23 декабри соли 1970 вилояти Ленинобод аз нав баркарор гардида ва Китобхонаи оммавии ба номи Тошхучаи Асирй аз нав макоми китобхонаи вилоятиро касб намуд. Дар ин давра китобхона ба маркази бузурги нигахдории китоб дар Шимоли Точикистон, маркази миллй- маводй ва иттилоотиву фехристнигорй, техникиву иттилоотй табдил ёфт[4, с. 186].

Дар соли 1977, яъне дар соли 60-и камолоташ ин махзани илму дониш дорои шуъбахои кабул ва коркарди китоб, фехрисГбандй, мубодилаи захираи китобхо, амонат нигох доштани китобхо, китобхои нодир ва дастхатхо, фехрасти маълумотномахо, нигахдории захирахои асосй, адабиёти техникй ва кишоварзй, толори хониш, илмй- техникй, захирахои махсусва хизматрасонй ба хонандагон[абонемент]буд. Дар соли 1989, яъне дар синни 70- солагии Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхучаи Асирии шахри Хучанд дар худ 330745нусха китобхои гуногунмавзуъро ба забонхои точикй, русй, узбекй, арабй англисй, олмонй, хамчунин як теъдод дастхатхои нодир ва китобхои электрониро хифз намуда, ки аз онхо 9459 нафар хонандагонистифода менамуданд. Дар тули соли 1989 хонандагон 560027 маротиба аз захирахои китобхои он истифода намудаанд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи пурбаракати ин китобхона солхои 70-80- уми асри 20 давраи авчи кудрат ва шукуфой махсуб меёфт. Дар ин давра захираи китобхона хамасола ба беш аз 13 хазор чилд китоб, 416 номгуй мачаллаву рузнома пурра гардида, ки аз онхобеш аз 10 хазор нафар хонанда истифода менамуданд[5, с.52].

Китобхона дар ин давра хамчунин чандин маълумотнома ва фехристхоро аз кабили «Рахим Чалил дар сахифахои матбуоти Ленинобод» дар тахияи А. З. Дун ва Л. А. Ромизова дар соли 1969, «Тошхучаи Асирй шоир ва маорифпарвари халки точик» дар тахияи Л. А. Рамизова ва Ш. Мирзоева дар соли 1982 ва гайраро табъу нашр намуд.

Дар мачмуъ дар тули ин солхо Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхучаи Асирии шахри Хучанд хамеша маркази мухими методй барои дигар китобхонахои тамоми нохияхо ва марказхои таълимии вилояти Ленинобод (Сугд) будааст. Чунончй, дар мохи сентябри соли 1978 китобхона дар хамдастй бо шуъбаи фарханги вилоят дар шахру нохияхои Исфара, Пролетар (Чаббор Расулов), Зафаробод ва Айнй семинари тачрибавии панчруза доир намуд, ки дар онхо беш аз 200 нафар кормандони китобхонахои шахру навохии мазкур иштирок намуданд[5, с.3].

Х,амчунин бояд таъкид намуд, ки Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхучаи Асирии шахри Хучанд барои дигар китобхонахои тозатаъсиси ин шахр накши модарро мемонад. Тибки маълумоти оморй то 1- уми январи соли 1976 дар шахри Ленинобод (Хучанд) панч китобхонаи оммавии давлатй фаъолият менамуд, ки хамаи онхо аз Китобхонаи оммавии ба номи Тошхучаи Асирии шахри Ленинобод (Хучанд) сарчашма мегиранд. Инхо Китобхонаи шахри раками 1-ум, ки дар соли 1946 таъсис ёфтааст, Китобхонаи шахрии раками 2-юм, ки дар соли 1961 таъсис ёфтааст, Китобхонаи шахрии раками 3-юм, ки дар соли 1973 таъсис ёфтааст, Китобхонаи шахрии бачагонаи раками 1-ум, ки дар соли 1930 таъсис ёфтааст ва Китобхонаи шахрии бачагонаи раками 2-юм, ки дар соли 1976 таъсис ёфтааст, мебошанд.

Хулоса, китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхучаи Асирии шахри Хучанд, ки яке аз нахустин китобхонахо дар худуди Точикистон мебошад, дар тули фаъолияти пурбарори худ дар таъсису ташаккули на танхо китобхонахои шахри Хучанд, балки дар кори равнак бахшидани системаи китобдорй дар Шимоли Точикистон накши мухим доштааст.

АДАБИЁТ

1. Ахмедов Б. Дом, в котором живут книги. - Душанбе, 1974.

2. Бандриков К. Е. Очерки по истории народного образования в Туркестане. - М, 1960.

3. История культурного строительства в Таджикистане. 1917-1977 гг. Т. 1. - Душанбе,1983.

4. Ленинабадская область в центрах в 1978 году: статический сборник. - Ленинабад, 1979.

5. Маориф ва маданият. 7 сентябри 1978.

6. Морозов Д., Дун А. Из истории библиотеки // Ифтихори мо. - Хучанд,1997.

7. Сулаймони С, Нуралиев А. Аз таърихи китобдории точик. - Душанбе,1998.

8. Шукуров М. Культурная жизнь в Таджикистане в период развитого социализма. - Душанбе, 1980.

ПЕРВАЯ ПУБЛИЧНАЯ БИБЛИОТЕКА ТАДЖИКИСТАНА

В статье говорится об истории создания одной из публичных библиотек- областной публичной библиотеки им. Т. Асирй. Это библиотека имеет долгую историю существования. После ликвидации Ходжентского уезда и создания Ходжентского округа это библиотека получила статус межобластной библиотеки и оказывала методическую помощь другим библиотекам области. Ее книжный фонд ежегодна пополнялся. Деятелность библиотеки не прекращалась и в годы Великой Оттечественной войны. В статье упоминаются и руководители библиотеки. Данная библиотека сыграла большую роль в деле развития библиотечней системы Северного Таджикистана.

Ключевые слова: публичный, библиотека, уезд, область, Ходжент, книжный фонд, Великая Отечественная война, руководители, библиотечная система, Северный Таджикистан.

THE FIRST PUBLIC LIBRARY OF TAJIKISTAN

The article tells about history of foundation one of the public libraries- Regional public library named after T. Asiri. This library has long history of existence. After abolition of Khodjent uyezd andfoundation of Khodjent region this library got status of the inter-regional library and it helped other libraries of region with methodological assistance. Every year its book collection increased. The activity of the library did not stop even during Great Patriotic War. The article mentions the directors of the library. This library played a big role in the developvent of the library system of the Northen Tajikistan.

Key words: public library uyezd region Khodjent book collection Great Patriotic War directors library system Northen Tajikistan.

Сведения об авторе.

Акбари Махиноз - ассистент кафедры история таджикского народа, факультет история Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни,

About the author.

Akbari Makhinoz - is the assistant to department history of the Tajik people; faculty history Tajik state pedagogical university named after S. Ayni,

НАЗАРЕ БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНЙ

Шарифова Ш.

Донишгощ давлатии омузгории Тоцикистон ба номи С. Айнй

Яке аз бузургтарин дастовардхои илмию фархангии точикон дар замони Шуравй бешубха ташкил ёфтани нахустин мактаби олй - Донишкадаи омузгорй (феълан Донишгохи давлатии омузгории Точикистон ба номи С.Айнй) ва дар заминаи он рушди низоми нави тахсилоти олии миллй дар Чумхурии Точикистон мебошад. Нахуст мактаби олии Точикистон ДДОТ ба номи Садриддин Айнй, 18-уми июли соли 1931 дар асоси шуъбахои таъриху иктисодиёт ва адабиёту забоншиносии факултети педагогикаи Донишгохи давлатии Осиёи Миёна таъсис ёфт, ки дар рушди илму фарханги мамлакат хиссаи босазое дорад. Факултети таърих аввал хамчун шуъбаи таъриху адабиёт соли 1934 ташкил шуда, 22 феврали соли 1935 ба факултети мастакил табдил ёфт, ки то имруз дастпарварони факултети таърих дар хама сохахои чамъиятии Чумхурй ичрои вазифа доранд[2, с.24]. Муайян аст, ки звенои асосии факултетхоро кафедрахои тахассусй ташкил менамоянд, ки сифати таълим низ аз фаъолияти дурусти онхо вобастагй дорад. Айни хол дар факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнй чор кафедраи тахассусй - таърихи халки точик, таърихи умумй, хукук, методикаи таълими таърих ва хукук амал менамоянд. Дар кафедрахои факултет зиёда за 70 нафар омузгорон (доимй ва хамкор) машгули фаъолият мебошанд, ки 30 нафари онхо сохибунвонанд[3, с.3].

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.