Научная статья на тему 'НАТИЉАЊОИ ТАЪРИХИИ МУЊОЉИРКУНЇ БА НОҲИЯҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН (солҳои 20-30-юми асри ХХ)'

НАТИЉАЊОИ ТАЪРИХИИ МУЊОЉИРКУНЇ БА НОҲИЯҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН (солҳои 20-30-юми асри ХХ) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
7
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
Ҳукумати Шуравӣ / њаёти иљтимої – иќтисодӣ / муносибати заминдорӣ / муҳоҷират / муҳоҷирон / муҳоҷирати маҷбурӣ / ноҳияҳои куҳӣ / ноҳияҳои навтаъсиси / иқтисодиёт.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Садбарги Исо, Ирматова Шоира

Дар мақолаи худ муаллифон кӯшиш намудаанд, оиди натиљањои таърихии муњољиркунї ба ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 20-30-юми асри ХХ таҳқиқоти илмӣ баранд. Бояд гуфт, ки масъалаи муњољират ва сокиншавии ањолии эњтиёљманди замин чорабинии мавсимии аграрї ва иљтимої не, балки сиёсати перспективї буд, ки дар тўли солњои Њокимияти Шуравї мувофиќи талаботи њаёт тадриљан амалї карда мешуд. Муаллифон қайд менамоянд, ки муњољирати дохилиљумњурї ва дохиливилоятиву ноњиявї ба шароити хоси Тољикистон дар ин солњо, ба масълаи барќарор намудани соњањои кишоварзї ва инкишофи минбаъдаи он сахт алоќаманд буд. Дар навбати худ ин масъалањо ба масоили барќарор ва минбаъд инкишоф додани системањои хурду калон ва муњими обёрикунї низ робитаи зич доштанд. Муаллифон ба чунин хулоса омаданд, ки дар тўли солњои 30-юм дар ноњияҳои ҷануби Тоҷикистон се масъалаи муњим барќарор кардани хољагии кишоварзї, системањои обёрикунї ва муњољир намудани ањолии ноњияњои серодам ба ин ноњияҳо, њамчун ќувваи корї дар як ваќт амалї гардонда мешуданд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «НАТИЉАЊОИ ТАЪРИХИИ МУЊОЉИРКУНЇ БА НОҲИЯҲОИ ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН (солҳои 20-30-юми асри ХХ)»

17 О

УДК Тадж631.6+ 551.49 + 9Тадж +338:6с

НАТИЧМОИ ТАЪРИХИИ МУХ,ОЧ,ИРКУНИ БА НО ^ИЯ^ОИ ЧАНУБИ ТОЧИКИСТОН (сол^ои 20-30-юми асри ХХ)

САДБАРГИ ИСО

омузгори кафедраи таърихи халки точики ДДБ ба номи Носири Хусрав, ш.

Бохтар, Точикистон

ИРМАТОВА ШОИРА

магистри соли дуюми ихтисоси таърих ва х,укук;и ДДБ ба номи Носири Хусрав, ш.

Бохтар, Точикистон

Дар мацолаи худ муаллифон кушиш намудаанд, оиди натичах,ои таърихии му^очиркунй ба но;ищои цануби Тоцикистон дар сощои 20-30-юми асри ХХ та;цицоти илмй баранд. Бояд гуфт, ки масъалаи мух,очират в а сокиншавии ахолии эх,тиёчманди замин чорабинии мавсимии аграрй ва ичтимой не, балки сиёсати перспективй буд, ки дар тули сол^ои Хокимияти Шуравй мувофици талаботи х,аёт тадричан амалй карда мешуд.

Муаллифон цайд менамоянд, ки му^очирати дохиличум^урй ва дохиливилоятиву но^иявй б а шароити хоси Точикистон дар ин сол^о, б а масълаи барцарор намудани со^а^ои кишоварзй ва инкишофи минбаъдаи он сахт алоцаманд буд. Дар навбати худ ин масъала^о б а масоили барцарор ва минбаъд инкишоф до дани системами хурду калон ва мух,ими обёрикунй низ робитаи зич доштанд.

Муаллифон б а чунин хул оса ома данд, ки дар тули сол^ои 30-юм дар но^ищои цануби Тоцикистон - се масъалаи му^им - барцарор кардани хочагии кишоварзй, системами обёрикунй ва му^очир намудани ахолии нох,иях,ои серо дам ба ин нориях; о, ^амчун цувваи корй дар як вацт амалй гардонда мешуданд.

Калидвожа^о: Дукумати Шуравй, х,аёти ичтимой - ицтисодй, муносибати заминдорй, му;оцират, му;оцирон, му;оцирати мацбурй, но;ищои куй, но;ищои навтаъсиси, ицтисодиёт.

Аннотация. В своей статье авторы пытаются исследовать результаты исторического переселение в южные районы Таджикистана (20-30-е годы ХХ в.). Надо отметить, что проблема переселение и поселение население нуждающихся на землю, было не только сезонное аграрное и социальное мероприятие, но и перспектиная политика, где в годы Советской власти согласно требование жизни были претворены в действие.

Авторы отмечают, что внутриреспубликансие, внутиобластные, также районные переселение в эти годы были выгодны в условиях Таджикистана, была крепко связана с проблемами восстановление и дальнейшего развития сельскохозяйственной отрасли. В свою очередь эта проблема была связана с восстановлением и дальнейшее развитие крупных и мелких оросительных систем.

Авторы пришли к такому выводу, что в течении 30-х годов в южных районов Таджикистана состояло решение трех основных проблем - восстановление сельскохозяйственных объектов, оросительных систем и переселение граждан с горных и густонаселенных районов в вновь освоенные районы с целью использование рабочей силы.

Ключевые слова: Советская власть, социально-экономическая жизнь, земельное отношение, миграция, мигранты, вынужденные мигранты, горные районы, новообразованные районы, экономика.

Таърихи давраи шуравии халки точик аз даврахои пешина бо чандин омилхои объективию субъективй ва хусусиятхои хоси худ фарк мекунад. Ин пеш аз хама, ба хаёти чамъиятй - сиёсй ва вазифаву барномахои Дизби коммунист ва собик давлати шуравй зич алокаманд аст. Зеро ки дар замони ба рох мондани муттамарказияти инкишофи тамоми чабхахои хаёти чамъиятй як конунияти умумй хукмфармо буд. Вале дар асоси конунияти умумии инкишофи чамъиятй, худи сохти сиёсй ва иктисодии Дукумати Шуравй такозо мекард, дар махалхо хусусиятхои махсуси инкишофи дохилй вучуд доштанд. Аммо тачрибаи таърихй нишон дод, ки солхои Дукумати Шуравй бар асари системаи мутамарказияти сохти давлатдорй на хама вакт хусусиятхои махсуси инкишофи иктисодй-ичтимой ва илмию фархангии чумхурихои алохида ба эътибор гирифта мешуданд.

Яке аз хусусиятхои махсуси инкишофи чамъиятии Чумхурии Точикистон аз он иборат буд, ки пеш аз инкилоби Октябр сохти капиталистиро аз cap нагузаронида, дар пояи фарматсияи феодалй ва хатто дар баъзе нохияхо дар пояи аз он хам поёнтар карор дошт. Дукумати подшохй ва махсусан аморати Бухоро ба халки точик мероси нихоят гарони хаёти ичтимоию - иктисодй бокй гузошта буданд. На хамаи накшаву барномахои сохтмони сотсиалистии Дукумати Шуравй дар шароити Точикистон ичрошаванда ва вокей буданд. Бинобар хам дар рохи баркарор ва навсозии сотсиалистии хочагии кишоварзй душворй ва качравию нофахмихои зиёде омаданд.

Дар тули солхои Докимияти Шуравй кулли карору нишондодхо оиди хаёти ичтимой - иктисодии чамъиятй, аз чумла кишоварзй аз марказ иншо мегардиданд ва баъд чун хуччати конунй барои амалй гардонидан ба Точикистон фиристода мешуданд. Макомоти хизбию давлатии Точикистон ин хуччатхоро бо баъзе тагйиротхое, ки ба шароити хоси махалхо мувофикат мекарданд, ба хаёт татбик менамуданд. Дар Точикистон масъалаи ба низом овардани замину муносибатхои заминдорй ва ба дехконони камзамину безамин додани воситахои истехсолот яке аз масъалахои мухими хаёти чамъиятй ба хисоб мерафт. Далли ин масъала хам ба сохти чамъиятй ва накшаву барномахои сохтмони сотсиалистии Докимияти Шуравй алокаи зич ва бевосита дошт. Асоси ин сиёсатро бархам додани моликияти хусусй ва чорй кардани моликияти умумидавлатй ба воситахои истехсолот ташкил мекард. Давлати Шуравй бо сарварии Дизби коммунист аз рузхои аввали инкилоби Октябр сиёсати милликунонии воситахои истехсолот, аз чумла замину обро амалй мегардонд. Ин сиёсат ва сиёсати мухочиркунй, ки кисми таркибии сиёсати аграрй буд, дар катори дигар масъалахои кишоварзй дар «Декрет оиди замин» тачассум ёфтанд. Дукумати Шуравй бо максади дар дехот пайдо кардани такягохи ичтимой, инкишофи минбаъдаи хочагии кишоварзй ва амалй гардондани барномахои аграрй роху сиёсати ба заминхои бекорхобидаву навкораме, ки кувваи кофии корй надоштанд, кучонидани дехконони камзамину безаминро пеш гирифт [5, с.21].

Дар «Декрет оиди замин», аз чумла чунин гуфта мешавад: «Агар дар баъзе чойхо захираи замин барои хамаи ахолии махаллй кифоя накунад, дар он холат кисми зиёдатии ахолй мухочир карда хохад шуд» [8, с.32]. Дар ин хуччат махсус кайд шуда буд, ки хукуки мухочират пеш аз хама ба дехконони безамин ва баъд ба дигар аъзоёни чамъият дода мешавад.

Масъалаи мухочират ва сокиншавии ахолии эхтиёчманди замин чорабинии мавсимии аграрй ва ичтимой не, балки сиёсати перспективй буд, ки дар тули солхои Докимияти Шуравй мувофики талаботи хаёт тадричан амалй карда мешуд. Ин сиёсат аз инкишофи барномавии иктисодиёти сотсиалистй бармеомад. Дар барномаи сохтмони сотсиалистй принсипи ба накша гирифтани инкишофи хочагии халк, ки дар

он мебоист захирахои мехнатй самаранок истифода бурда шаванд, ба асос гирифта шуда буд. Аз ин лихоз дар чамъияти сотсиалистй аз ибтидои барпо шудани давлати шуравй яке аз роху воситахои самаранок истифода бурдани захирахои мехнатй дар дехот ташкил намудани мухочирати сохаи кишоварзй хисобида мешуд.

Тайи солхои 20-ум дар каламрави Иттиходи Шуравй ба гайр аз мафхуми мухочират, инчунин мафхуми сокиншави (расселения) бо хусусиятхои махсуси худ ба лугот даромада буд. Агар мафхуми мухочират мавкеи доимй ба худ касб карда бошад, мафхуми сокиншавй дар муддати муайян аз байн меравад, ки ин ба вазифахои инкишофи чамъияти сотсиалистй алокаманд буд. Ин масъала дар адабиёти таърихй ва хукукии умумииттифокй, аз чумла Точикистон шарху эзохи худро ёфтааст. Оиди мафхуми сокиншавй ва охири солхои 20-ум аз байн рафтани он аз асархои олимон И.В. Павлов, Д.И. Шинджикашвили ва дигарон маълумот пайдо кардан мумкин аст [7, с.36].

Дар «Декрет оиди замин» мафхуми мухочирати сохаи кишоварзй аз он шаходат медод, ки дар вазъияти нарасидани заминхои корам дехконон аз чову макони доимиашон ба мавзеъхои серзамин кучонида мешуданд. Дар ин хуччат мафхуми сокиншавй дучор намеояд. Аммо 19 феврали соли 1918 конуни Ч,ШСФР «Оиди сотсиалистикунонии замин» кабул карда мешавад, ки дар он баробари мафхуми мухочират сокиншавй низ во мехурад. Мувофики ин хуччат тамоми каламрави мамлакат ба минтакахои шартй (хочагии секитъагй, хашкитъагй, бисёркитъагй ва гайра) шуда буд. Дар холати нарасидани замин дехконон аз як китъа ба китъаи дигар мухочир карда мешуданд. Чунин чойивазкуниро конун чорабинии ичтимоии мухочиркунй мехисобанд [1, с.22].

Бинобар хамин хам ин тарзи мухочиратро бечунучаро ба шакли мухочирати пешакй банакшагирифташуда дохил намудан ба хакикат мувофик меояд.

Дуруст аст, ки дар рафти сохтмони сотсиалистй мухочирати мачбурй хам амри вокей гардида буд ва он пеш аз хама сабабхои объективй дошт. Ба чунин шакл мухочират заминларзахои сахт, обхезиву кухфарой ва дигар вокеахои табий сабаб мешуданд. Дар шароити Точикистон, махсусан чунин ходисахои табий тез - тез рух дода, боиси мухочирати мачбурй мегардиданд. Принсипи аз хама мухими мухочирати сохаи кишоварзй дар каламрави собик Иттиходи Шуравй аз он иборат буд, ки вай чорабинии ичтимой - иктисодии давлатй махсуб мегашт ва барои таъмини дехконони безамину камзамин ба воситахои истехсолот хусусан то давраи сохти кооперативию колхозй мусоидат мекард ва ба инкишофи минбаъдаи сохахои кишоварзй равона карда шуда буд. Ногуфта намонад, ки дар солхои Докимияти Шуравй дар каламрави собик Иттифок, аз чумла Точикистон шакли гайридавлатии банакшагирифташудаи мухочират, яъне тарзи номуташаккилона сурат гирифтани он низ дучор меомад.

Докимияти Шуравй ба масъалаи мухочирати сохаи кишоварзй хусусан баъди анчоми интервенсияи харбй - хоричй ва чанги гражданй дар давраи азнавсозии сотсиалистии хочагии халк диккати чиддй медод. 17 мохи октябри соли 1924 - ум Шурои мехнат ва мудофиаи Иттиходи Шуравй «Дар бораи вазифахои наздиктарини чомеаи Шуравй ва мухочират» карори махсус кабул намуд. Дар ин хуччат зарурати аз мавзеъхои сернуфуси аграрй ба чойхои захираи зиёди заминхои холии каламрави хамаи чумхурихои иттифокй мухочир намудани кувваи озоди корй таъкид карда шуда буд [9, с.31].

Еайр аз ин дар анчумани сеюми шурохои ИЧ,ШС мохи майи соли 1925 ба масъалаи мухочирати сохаи кишоварзй низ ахамияти зиёд дода шуд. Дар анчуман изхор гардид, ки мухочират яке аз воситахои баланд бардоштан ва мустахкам намудани хочагихои дехконон ба хисоб меравад. Бо карори ин анчуман хамон сол дар назди КИМ ва ШКХ-и Иттиходи Шуравй Кумитаи умумииттифокии мухочиркунй

таъсис дода шуд. Дар дастури ин кумита кайд гардид, ки «рохбарии умумй аз болои ичрои сиёсати мухочиркунй дар ИЧ,ШС, таъмини якдиливу муттахидии хамаи чумхурихои иттифокй оиди амалй кардани чунин чорабинй ба зиммаи макомоти мазкур гузошта шудааст» [5, с.22].

Ба ухдаи Кумитаи номбурда инчунин вазифахои зерин гузошта шуда буданд: тартиб додани накшахои перспективй ва солонаи ИЧ,ШС дар асоси гуфтушунид бо чумхурихои иттифокй; дар нохияхои алохидаи Иттифок бо навбат кор бурдан; тартиб додани сметаи умумй оиди корхои мухочиркунй ва пулдихй; тартиби бо воситахои моддиву техникй таъмин кардани мухочирон.

Мохи ноябри соли 1925 - ум пленуми Кумитаи умумииттифокии мухочиркунй накшаи пешакй тайёркардаи мухочирати перспективиро хаматарафа мухокима намуд. Накшае, ки дар Пленум кабул карда шуда буд, чорабинихои дахсолаи (с.1926 - 1936) умумииттифокии мухочиркуниро дар бар мегирифт [4, с.15]. Дар хамин давра инчунин дастури тартиб додани накшахои минбаъдаи мухочиркунй дар чумхурихои иттифокй ва худмухтор кор карда баромада шуд. Тавре ки бисёр хуччатхои эътимоднок шаходат медиханд ва тачрибаи таърихии солхои мавчудияти Докимияти Шуравй собит менамояд, накши умумии мухочирати сохаи кишоварзй хамеша аз як марказ кашида ва назорат карда мешуд.

Ба хайати Кумитаи умумииттифокии мухочиркунй намояндагони чумхурихо ва вазорату идорахои дахлдор дохил мегардиданд. Ба Кумита барои робита бо муассисахои ИЧ,ШС ва чумхурихои иттифокие, ки ба масъалахои мухочиркунй алока доштанд, хукуки васеъ дода шуда буд.

Дар чумхурихои алохидаи иттифокй чорабинихои мухочиркунй аз тарафи макомоти дахлдор бо назардошти фикри Кумитаи умумииттифокй амалй карда мешуданд. Масъалаи мухочирати сохаи кишоварзй дар Точикистон дар тули солхои пурошуби 20 - ум ва минбаъда яке аз масоили мухими ичтимой - иктисодй ва сиёсй ба шумор мерафт [6, с.184].

Мухочирати дохиличумхурй ва дохиливилоятиву нохиявй ба шароити хоси Точикистон дар ин солхо, ба масълаи баркарор намудани сохахои кишоварзй ва инкишофи минбаъдаи он сахт алокаманд буд. Дар навбати худ ин масъалахо ба масоили баркарор ва минбаъд инкишоф додани системахои хурду калон ва мухими обёрикунй низ робитаи зич доштанд. Аз ин ру, дар тули солхои 20-ум ин масъалахо алокамандона халлу фасл карда мешуданд.

Тахлилу тахкики чукур ва хаматарафаи таърихи муносибатхои замину оби Точикистон дар ин давра баръало нишон доданд, ки бе ташкили мухочирати дохиличумхурй ба вилояту нохияхо баркарор намудан ва минбаъд инкишоф додани сохахои кишоварзй, иншоотхои азими обёрикунй, барпо кардани хочагихои нав, тагйир додани хаёти иктисодй - ичтимой ва маданй-маърифатии дехотиён имконнопазир буд [2, с.41].

Ба гайр аз ин, дар солхои задухурдхои шадиду харобиовари зидди дастахои босмачиён чараёни чойгиршавй ва демографии халки точик як дарача вайрон карда шуд ва аз ин чо хатто хавфи аз байн рафтани нохияхои точикнишин, хусусан дар водихои серзамину зархез ба назар мерасид. Зеро ки дар рафти задухурдхои шадиди дастахои босмачиён ва отрядхои Артиши Сурх заминхои кишт, богу рог, иншоотхои обёрикунанда вайрон карда шуда буданд. Ин задухурдхо ба хароб шудани кулли хочагихои дехконй дар туманхои ^Ургонтеппа (80%), Саройкамар (63%), Арал (45%), Ч,илликул (25%), Ворошиловобод (14%) ва ^убодиён (12%) оварда расонд. Кишти зироатхои гуногуни кишоварзй нихоят кам ва коста шуданд. Масалан, агар хачми умумии кишти зироатхои хочагии кишоварзии Точикистонро (бе округи Хучанд) дар

солхои 1924-1925 нисбат ба соли 1914 мукоиса намоем, баръало дида мешавад, ки он дар натичаи даргирихои солхои пурошуб хеле ру ба таназзул ниходааст [3, с.23].

Агар соли 1914 майдони умумии кишт 648,6 хазор гектарро ташкил карда бошад, вай солхои 1924-1925 то ба 302,5 хазор гектар кам мешавад, ё худ 42,12% он давраро ташкил медихаду халос. Дар ин давра хусусан пахта, ки дар водило парвариш карда мешуд, дар натичаи аз он чойххо фирор намудани дехконон зарари калон дид. Масалан, агар соли 1914 кишти пахта 34,8 хазор гектарро ташкил карда бошад, солхои 1924-1925 ба 1,8 хазор гектар паст фуромад. Ё худ ба таври дигар гуем 5,02 % соли 1914-ро ташкил мекарду халос [9, с.68].

Гайр аз ин системахои обёрикунии чумхурй харобу абгор гардида буданд. Бинобар хамин хам баркарор намудани хочагии кишоварзй бо баркарор ва минбаъд инкишоф додани системахои обёрикунй сахт алокаманд буд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи баркарорсозии системахои обёрикунии Чумхурихои Осиёи Миёна хусусиятхои махсуси худро дошт. Ин хусусият пеш аз хама аз он иборат буд, ки дар Точикистон, махсусан дар нохияхои чанубу шаркй ва марказии он ва минбаъд инкишоф додани ирригатсия ва мелиоратсия нисбат ба дигар чумхурихо дертар огоз гардид. Сабаби асосии он махсуб мегашт, ки дар ин чо вазъияти харбй - сиёсй тезу тунд буда, дастахои горатгаронаи босмачиён дуру дароз амал мекарданд. Faйp аз ин чумхурй аз лихози ицтисодй нихоят суст буд ва барои харчи тезтар баркарор кардани системахои обёрикунй маблаги кирой чудо карда наметавонист. Бинобар хамин хам баркарор кардании системахои обёрй бо чараёни баркарор намудани хочагии кишоварзй кариб, ки баробар сурат мегирифт.

Баркарории ин системахо аз соли 1923 (дар нохияхои чанубу шаркй ва марказии Точикистон) огоз ёфта, то ибтидои солхои 30-юм идома меёбад. Махсусан дар нохияи Ворошиловобод (холо нохияи Ч,алолиддини Балхй). Аз ин ру дар тули солхои 30-юм дар нохияи Ч,алолиддини Балхй - се масъалаи мухим - баркарор кардани хочагии кишоварзй, системахои обёрикунй ва мухочир намудани ахолии нохияхои серодам ба ин нохия, хамчун кувваи корй дар як вакт амалй гардонда мешуданд.

АДАБИЁТ

1. Абулхаев Р. Таърихи мухочиркунй дар Точикистон (1924-1941). - Душанбе: Ирфон, 2003. - С.22.

2. Абулхаев Р. А. Таърихи мухочиркунй дар Точикистон (1917-2000). - Душанбе, 2012. - 492 с.

3.Абулхаев Р. А. Вклад трудящихся советских республик в водохозяйственном строительстве и освоение новых земель в Таджикистане. - Душанбе, 2006. - 185 с.

4. Абулхаев Р.А. Вопросы новейшей истории таджикского народа. - Душанбе, 2015. -340 с.

5. Антоненко Б. А. Аграрные преобразования в доколхозном таджикском кишлаке (1917-1929 гг.). - Душанбе: Дониш, 1987. - С.21.

6. Алимов Д. Х. К вопросу о роли борьбы таджикского народа за освоение целинных земель Вахшской долины в 1930-е годы / Д.Х. Алимов // Наука и школа. - 2013. - №6. -С.184-188.

7. Алимов Д.Х. Водохозяйственное строительство южных районов Таджикистана (1924-1990 гг.). - Душанбе: Ирфон, 2020. - 201 с.

8. Алимов Д.Х. Вопросы новейшей истории таджикского народа (Сборник избранных научных статей и публикаций). Ч.4. - Душанбе: Ирфон, 2022. - 210 с.

9. Эркаев М. Дехконони колхозй - бинокорони фаъоли сотсиализм. - Душанбе: Ирфон, 1986. - С.68.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.