Научная статья на тему 'АЗ ТАЪРИХИ РОБИТАҲОИ ИҷТИМОӢ-ИқТИСОДИИ ТОҷИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 20-90-ДУМИ АСРИ ХХ'

АЗ ТАЪРИХИ РОБИТАҲОИ ИҷТИМОӢ-ИқТИСОДИИ ТОҷИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 20-90-ДУМИ АСРИ ХХ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
297
22
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТОҷИКИСТОН / ӮЗБЕКИСТОН / СОХМОНИ ИНШООТҲОИ ХОҷАГӢ / МУСОБИқАИ СОТСИАЛИ / РОБИТАҲОИ ДӯСТӢ / МУНОСИБАТИ БАЙНИДАВЛАТӢ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Мамадкулова Раъно Олимовна

Дар мақола марҳилаҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар даврони Шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳо баррасӣ мешавад. Фосилаи замони таҳқиқ аз ибтидои солҳои 20-ум то охири солҳои 90-уми асри ХХ маҳдуд карда мешавад, ки дар ин давра, Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон қарор дошт (солҳои 1924-1929), сипас ба ҳайси ҷумҳурии соҳибихтиёр дар ҳайати ИҶШС арзи ҳастӣ намуд ва робитаҳои густурдаи иқтисодиву фарҳангиро бо собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла бо Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Дар пажӯҳиш моҳияти робитаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо назардошти анъанаҳои дӯстиву ҳамсоядорӣ, чӣ дар давраи Шӯравӣ ва чӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳо таҳлил гаштаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

FROM THE HISTORY OF SOCIO-ECONOMIC RELATIONS OF TAJIKISTAN AND UZBEKISTAN IN THE 20-90 XX CENTURY

This article discusses the main stages of cooperation between Tajikistan and Uzbekistan in the Soviet era and the early years of their independence. The time period is limited to the period from the beginning of the 20s to the end of the 90s of the twentieth century; the periods when Tajikistan was an autonomous republic within the Uzbek SSR (1924-1929), and then when Tajikistan was as a sovereign republic within USSR developing it’s socio-economic ties with Uzbekistan. The study analyzes the essence of socioeconomic relations between Tajikistan and Uzbekistan, taking into account the traditions of friendship and good neighborhoodness, both in the Soviet period and in the first years of independence of the republics.

Текст научной работы на тему «АЗ ТАЪРИХИ РОБИТАҲОИ ИҷТИМОӢ-ИқТИСОДИИ ТОҷИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 20-90-ДУМИ АСРИ ХХ»

5.6.7.[07.00.15]ТАЪРИХИ МУНОСИБАТЩИ БАЙНАЛХАЛЦИ

ВА СИЁСАТИ ХОРИЧИ 5.6.7.[07.00.15] ИСТОРИЯ МЕЖДУНАРОДНЫХ ОТНОШЕНИИ

И ВНЕШНЕЙ ПОЛИТИКИ 5.6.7.[07.00.15] HISTORY OF INTERNATIONAL RELATIONSAND FOREIGN POLICY

ТКБ 327

АЗ ТАЪРИХИ РОБИТАХОИЩТИМОЙ-ЩТИСОДИИ ТОЦИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН ДАР ДАР СОЩОИ20-90- МИАСРИХХ Мамадулова Раъно Олимовна, омузгори калони Донишкадаи кууию металлургии Тоцикистон (Тоцикистон, Бустон)

ИЗ ИСТОРИИ СОЦИАЛЬНО-ЭКОНОМИЧЕСКИХ ОТНОШЕНИЙ ТАДЖИКИСТАНА И УЗБЕКИСТАНА В 20-90-Е ГГ. ХХ ВЕКА Мамадкулова Раъно Олимовна, старший преподаватель Горно-металлургического института Таджикистана (Таджикистан, Бустон)

FROM THE HISTORY OF SOCIOECONOMIC RELATIONS OF TAJIKISTAN AND UZBEKISTAN IN THE20-90XX CENTURY Mamadkulova Rano Olimovna, Senior Lecturer, Mining-metallurgical institute of Tajikistan (Tajikistan,Buston),[email protected]

Вожал;ои калиди: Тоцикистон, Узбекистон, робитщои дуст, муносибати байнидавлати, сохмонииншоотуоихоцагй, мусобщаи сотсиалисти

Дар мак,ола маруилауои асосии уамкориуои Тоцикистону Узбекистон дар даврони Шурави ва сощои аввали соуибистицлолии цумууриуо барраси мешавад. Фосилаи замони тауциц аз ибтидои сощои 20-ум то охири сощои 90-уми асриХХмщдуд карда мешавад, кидар индавра, Тоцикистон уамчун цумуурии мухтор дар уайати Узбекистон царор дошт (сощои 1924-1929), сипас ба уайси цумуурии соуибихтиёр дар уайати ИЦШС арзи уасти намуд ва робитщои густурдаи щтисодиву фаруангиро бо собиц цумууриуои шурави, аз цумла бо Узбекистон ба роу мондааст. Дар пажууиш моуиятиробитщои щтимоиву щтисодии Тоцикистону Узбекистон бо назардошти анъанауои дустиву уамсоядори, чи дар давраи Шурави ва чи дар сощои аввали соуибистицлолии цумууриуо таулилгаштаанд.

Ключевые слова: Таджикистан, Узбекистан, дружественные отношения, межгосударственные связи, хозяйственное строительство, социалистическое соревнование

В статье рассматриваются основные этапы сотрудничества Таджикистана и Узбекистана в советское время и первые годы государственной независимости. Временной отрезок ограничивается периодом с начала 20-х до конца 90-х годов ХХ века, включающий в себя время пребывания Таджикистана в качестве автономной республики в составе Узбекской ССР (1924-1929 гг.), затем, когда Таджикистан был уже суверенной республикой в составе СССР, и отражены вопросы социально-экономических связей с Узбекистаном. В исследовании проанализирована сущность социально-экономических отношений между Таджикистаном и Узбекистаном с учетом традиций дружбы и добрососедства, как в советский период, так и в первые годы независимости республик.

Key words: Tajikistan, Uzbekistan, friendly relations, interstate relations, economic construction, socialist competition

This article discusses the main stages of cooperation between Tajikistan and Uzbekistan in the Soviet era and the first years of state independence. The time period is limited to the period from the beginning of the 20s to the end of the 90s of the twentieth century, which includes Tajikistan as an autonomous republic within the Uzbek SSR (1924-1929), then when Tajikistan was as a sovereign republic within USSR and reflects the issues of socio-economic ties with Uzbekistan. The study analyzes the essence of socio-economic relations between Tajikistan and Uzbekistan, taking into account the traditions of friendship and good neighborliness, both in the Soviet period and in the first years of independence of the republics.

Масъалаи муносибатхои байнидавлатй дар даврони мо ба яке аз масоили мубрами замон табдил ёфтааст ва он таърихан ба хамзистии хал^хои маскуни он кишвархо равобити кавй дорад. Ба мубрамияти масъалаи мазкур, Асосгузори сулху вахдати миллй-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоцикистон Эмомалй Рахмон дикдати циддй дода дар му^аддимаи асари

худ "Точикон дар оинаи таърих" чунини зикр кардаанд: "Тачрибаи таърихй нишон медихад, ки хеч як миллат наметавонад, бидуни бахравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатхову ;авмхои хамчавор бо сари танхои худ миллати тавонову бофарханг гардад ва дар тули хазорсолахо боба;ову поянда монда тавонад"[13, с.14]

Mинта;аи Oсиëи Mарказй, ки аз OFOз манзили зисти хал;хои хамчавор будааст, аз азал макони бархурди манфиатхои ;авмии хал;хои гуногун буду хаст. Дар ин замина миллати точик низ дар маскани муштараки чyFрофию таърихй бо ;авму хал;хои дигар пахлу ба пахлу рузгор ба сар бурда, мархилахои мухими рушди давлатдорй, ичтимоию фархангиро аз сар гузарондааст.

Ин нуктаро аллома Бобочон Fафyров дар асари безаволи худ "Точикон" ба риштаи тах;и; кашида, зарурати муносибати боэхтиромона ва эхтиëткоронаро ба дустиву бародарии анъанавии хал;хои Oсиëи Mиëна, хосатан точикону узбекон таъкид намудааст ва решахои басо ;адим, гусехтанашавандаи равобити судманди мардуми ин сарзаминро чунин хотирнишон сохтааст: "Хусусан точикон ва узбекон, ки ташаккули хал;ияти онхо дар асоси умумияти нажодй ;арор гирифтааст, бо хамдигар робитаи хеле наздик доранд. Чуноне ки узбекон аз сарватхои мадании хал;и точик бахраманд мегарданд, хамин тари;а точикон низ аз комëбихои маданияти хал;и узбек файзëб буданд; хусусияти маданияти моддй, урфу одат, санъат ва хунархои хал;ии точикон ва узбекон чунон наздиканд, ки гохо дар байни онхо фар; гузоштан мумкин нест. Таърихи даврахои ;адимтарин, ;адим ва хамчунин асримиëнагии ин хал;хо хеле шабех ва аксаран яксон буда, илова бар ин сайри инкишофи он дар як сарзамин ба ву;уъ пайвастааст" [2, с.?].

Дарха;и;ат, маълум аст, ки хал;хои точик ва узбек умумияти таърихиву маданй ва маънавии чандинасра доранд. Урфу одат, анъана, маросимхо, ;адриятхо, эъти;одии динии ин ду хал; он ;адар ба хам наздиканд,ки чудо кардани онхо аз хамдигар ;ариб Fайриимкон аст.

Дар асоси ин гуфтахо ва тах;и;оти олимони бузурги шар;шиносу муаррих, чyFрофидонy мардумшинос му;аррар кардан мумкин аст, ки дар маскани таърихии ин хал;хо дар тули ;арнхо даххо давлатхои хурду бузург арзи хастй кардаанд, ки ба онхо намояндагони ин ду хал; сарварй доштанд ва ин давлатхо аз руи шакли сиëсию ичтимоии худ аксаран ба хам наздик буданд.

Ба а;идаи олимон, наздикии хал;хои узбек ва точик аз асри VI мелодй OFOЗ шуда, онхо дар тули чанд аср дар як кишвар пахлу ба хам зиндагй мекарданд ва робитахои густурдаи и;тисодиву фархангй доштанд. Бояд зикр намоем, ки ба наздикии асосхои мухими рузгордорй, расму оин ва анъанахои хал;хои точику узбек баробари хамзистии тулонй пеш аз хама ягона будани дин ва оини мазхабй таъсири ами; гузоштаанд.

Ч,оизи кайд аст, ки дар тули беш аз хазор сол нуфузи забони точикй дар минта;аи бузурги Oсиëи Mарказй бехамто будааст ва дар интишору равна;и дини мубини ислом ва сдасати давлатдории намояндагони гуногуни ;авму хал;хо ма;оми баланди давлатиро доштааст.

Ва;те,ки сухан дар бораи риштахои мустахками дустии байни хал;хоямон меравад пеш аз хама дустии ду шахси бузург — намояндагони бузурги адабдати Шар; Mавлоно Aбдyррахмони Ч,омй ва Mир Aлишери Навой пеши назар меояд. Ч,омй барои Aлишер Навой хамаср, муаллими адабдат, наздиктарин дусти зиндагй буд. Навой бо эхтироми бепоëн нисбат ба ин бузургвор гуфтааст: «^уршиду устоду пир манга» (Барои ман y муршиду устоду пир аст)[12,с.335].

Aнъанахои дустии ду хал;и бародарро минбаъд Aбдyлло Кодирй ва Садриддин Aйнй, Fафyр Fyлом ва Mирзо Турсунзода, Зулфия ва Mирсаид Mиршакар, Эркин Вохидов ва Лойи; Шералй ва дигарон бо намунахои эчоддати худ идома даодаанд, дустии ха;и;й ва самимиро тараннум намудаанд. Mахз дустии хал;хоямон ба эчодиëти онхо илхом бахшидаанд.

Тахлилхо нишон медиханд, ки аз замони империяи бузурги Сомондан то ба заволи сулолаи маотитдани Бухоро (дар ибтидои асри ХХ) ва су;ути хонигарии Ху;анд (ин хам дар охири асри Х1Х ва OFOЗи асри ХХ) забони точикй дар байни мардуми махал хамчун забони давлатй ва адабй роич будааст. Дар даврони шуравй, ки аз солхои бистум сар карда, то ба ибтидои солхои навадуми асри ХХ идома ëфтааст, муносибатхои байни мардуми точику узбек мутоби;и рухияи замон сурат гирифтаанд. Соли 1924 точикон асосан дар Ч,умхурии Aвтономии Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар хайати Ч,умхурии Шуравии Сотсиалистии Узбекистон муттахид гардиданд. Ин хол то ба соли 1929, яъне то ба муста;ил эълон гардидани Ч,умхурии Шуравии

Сотсиалистии Точикистон идома ёфт, ки як намуди заминаи сиёсии хамзистй ва инкишофу тара;;ии хал;хои точику узбек ба шумор меояд.

Аз соли 1924 баъди чумхурии автономй шудан ва минбаъд асосан аз соли 1929 пас аз чумхурии муста;или Точикистон эълон гардидани ;аламрави хозираи кишвари мо хамкорихои баробари ду давлати муста;или Точикистону Узбекистон дар хайати Чдмохири Иттифо;и Шуравии Сотсиалистй ба рох монда шуда он рукни навинро гирифт. Хануз дар ибтидои даврони шуравй-солхои 20-ум мардумони ;аламрави Точикистону Узбекистон асосан дар иншооти бузургу михими хочагии хал;, ки асосан ирригатсионию гидротехникй буданд, як;оя мехнат карда, дар сохтмони хаёти нави шуравй китф ба китф будаанд. Дар солхои аввали замони шуравй дар натичаи нооромию тохтутози дастахои босмачй ва антиин;илобчиён хочагии хал;и хам Точикистон ва Узбекистон хароб гардид ва зарурати бемайлон тара;;й додани сохаи кишоварзй ва бо озу;аворй таъмин намудани хал; ба миён омад. Хангоми мураттаб кардани на;шахои панчсолахои нахустин хукуматхои харду чумхурй хам ба бехтар кардани системаи амалкунандаи ирригатсионй бахри баланд бардоштани боздехи замин ди;;ати махсус доданд.

Аз сабаби он ки чумхурихои мазкур асосан аграрй буданд, масъалаи бехдошти замин ва шабакахои обёрй дар мадди назар буд. Аз хамин сабаб мохи декабри соли 1922 ;арори махсус ;абул карда шуд, ки дар он бар;арор кардани системаи обёрии тамоми Туркистон хамчун масъалаи мухимтарини давлатй зикр гардид. Хамчунин Хукумати мамлакати шуравй мохи феврали соли 1923 "Дар бораи бар;арор кардани системаи ирригатсионии Чумхурии Туркистон" декрет интишор кард, ки барои солхои минбаъда чун арномаи амал хизмат мекард ва барои оянда равна; ёфтани кишоварзй дар ду чумхурии зикршуда шароит фарохам меовард [10, с.48].

Солхои 30-юми асри ХХ дар тамоми ;аламрави давлати бузурги СССР харакати даст ёфтан ба исти;лолияти пахта доман пахн карда буд ва ин омил таконе гардид ба инкишофи сохаи пахтакорй дар Чумхурии чавони Точикистон. Бахри равна;у ривоч додани пахтакорй дар Осиёи Миёна хукумати мамлакати шуравй ди;;ати асосй дод ва Кумитаи Марказии Хизби Коммунисти (болшевикии) Ч,ШС Точикистон мохи фекврали соли 1931 "Дар бораи сохтмони Вахш" ;арор ;абул кард ва ин минта;аи калони аграриро пойгохи сохтмони умумииттифо;й эълон намуд. Дар асоси ин ;арор дар водии Вахш системаи бузурги ирригатсионию гидротехникй сохта, барои пешбурди сохаи пахтакорй омода карда мешуд.

Дар ин водй солхои 1931-1934 аз 12 то 20 хазор кас ва зиёда аз 500 адад мошину трактор ва 24 адад экскаватор кор карданд. Азбаски нохияхои вилояти Сурхондарёи Узбекистон ва навохии дигари он бо чумхурии Точикистон хамсархад буданд, аз чумхурии Узбекистон хазорхо нафар сохтмончиёну заминкушоён дар сохтмони водии Вахш иштирок карда, абадан та;дири худро бо ин хоку об пайвастанд, ки асосан чавонони ихтиёрй буданд... [10, с.14].

Чунин хамкории хамачонибаи бехамто байни мардуми ин ду чумхурй хангоми сохтмони Канали Калони Фаргона, Канали Шимоли Фаргона ва Канали Калони Хисор равшан зухур кардааст. Сохтмони иншоотхои бузурги ирригатсионй бо ташаббуси мардумони ду кишвар-Точикистону Узбекистон огоз ёфта, ба хашаргохи умумихал;й табдил ёфт.

Рохбарияти ЧШС Точикистон ташаббуси мардуми нохияхои шимоли мамлакатро оид ба хашари умумихал;ии сохтмони Канали Калони Фаргона чонибдорй карда, дар Пленуми июлии КМ ХК(б) Точикистон соли 1939 хам Бюрои КМ ХК (б) ва хам Шурои Комиссарони Хал;иро вазифадор кард, ки дар мухлатхои кутохтарин корхои амалй ва таргиботиро дар кофтани ;исми точикистонии Канали Калони Фаргона ба рох монда, мардумро сафарбар намоянд. 5 июни соли 1939 ШКХ Ч,ШС Точикистон "Дар бораи сохтмони Канали Калони Фаргона" ;арор ;абул карда, мухим будани сохтмонро дар худуди Точикистон махсус зикр намуд ва Точикводхоз вазифадор карда шуд, ки барои ин сохтмон 300 хазор сум маблаг чудо намояд. Хамчунин КМ хизб ва Хукумати мамлакат аз 14 июни соли 1939 ;арори якчоя ;абул карданд, ки ташаббуси идомаи сохтмони Канали Калони Фаргона аз нохияи Кирови вилояти Фаргонаи Узбекистон то нохияи Конибодоми Точикистон дастгирй карда шавад [10, с.14].

Умуман дар сохтмони навбати якум ва навбати дуюми Канали калони Фаргона, ки дарозиаш 125 километрро ташкил медихад, зиёда аз 50 хазор мехнаткаши Узбекистон ва Точикистон иштирок карданд. Ин иншооти ирригатсионй минбаъд хазорхо гектар заминхои ташналаби харду чумхуриро шодоб гардонид ва масъалаи камобиро дар минта;ахои атрофи худ аз байн бурд.

Пас аз Канали Калони Фаргона барои обёрии нохияи Ашти вилояти Ленинобод (холо вилояти Сугд) Канали Шимоли Фаргона сохта, ба истифода дода шуд, ки дарозии он 60 км буда, бо истифодаи техникаи хамон замон дар муддати 15 рузи корй аз чониби 18 хазор хашарчй бунёд гардид ааст. Дар чорабинихои сохтмонхои бузурги хамон давр хазорон нафар мехнаткашон пахлуи хам истода, нишони олии дустии хал;хоро намоиш доданд ва даххо хазор гектар заминро шодоб гардониданд. Хамон ва;т номхои садхо нафар ;ахрамонони мехнат вирди забони хал;хои бародар гаштанд.

Баъди анчоми сохтмонхои бузург рохбарияти хар ду чумхурй бахри амалй кардани на;шахои калони тара;;ии сохаи кишоварзй камар бастанд, ки яке сохтмони иншооти бузурги ирригатсионй дар водии Хисор буд. Азбаски усули хашари умумихал;й дар сохтмонхои каналхо дар водии Фаргона натичахои дилхох дод, мехнаткашони водии Хисор ва вилояти Сурхондарёи Ч,ШС Узбекистон тирамохи соли 1940 бунёди Канали Калони Хисорро аз Душанберуд то нахри Кдротог ба дарозии 50 км огоз намуданд. Зиёда аз ду хазор сокинони нохияхои атрофи Душанбе барои бунёди даргот (плотина-обта;симкунак) ахлона мехнат карданд. Минбаъд аз руд корез канда шуд, ки тавассути он об шабакахои мавчударо вайрон накарда, ба даштхои ташнаи чониби Узбекистон чорй мегардид [10, с.14]

Пас аз тайёрии комил соли 1941 хам аз чониби Ч,ШС Узбекистон ва хам аз чониби Ч,ШС Точикистон корхо сар шуда, мохи июни хамон сол даври аввали сохтмони канал ба анчом расид. Харчанд саршавии Ч,анги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 ба рафти сохтмон халал расонда бошад хам, тирамохи соли 1941 сохтмони даври дуюми канал сар шуда, зиёда аз як сол давом кард. Дар ин давр хайати коргароне, ки канал мекофтанду иншооти онро бунёд мекарданд, тагъир ёфта, бори кор асосан ба зиммаи наврасону занон ва пиронсолон афтод. Вале мардуми точику узбек тавонистанд, дар хамин даврони душвор хам аз ухдаи анчоми хама гуна вазифахои душвор бароянд.

Хамин тавр хамкорихои хукуматхо ва хал;хои Точикистону Узбекистон бо чунин амалхои хайру хашархои калон анчом наёфтаанд. Баъдтар дар азхудкунии даштхои бузурги Дилварзин, Мирзочул, Каршй, Кизилй, Ашти калон, водии Косон ва г. акнун ташкилотхои калони чумхуриявй ва трестхои бузурги минта;авй фаъолият бурда, хазорон хазор коргарону кишоварзон, заминкушоёну механизаторон ва мутахассисони сохаи обу заминро муттахид карданд, ки ному пайкорашон дар солномаи таърихи хал;хо човидона сабт гардидаанд.

Рамзи дустии бародаронаи хал;хои СССР ташкили мусоби;аи анъанавии сотсиалистии пахтакорони Узбекистон, Туркманистон, Точикистон ва Озарбойчон буд. Воситаи мухими ноил шудан ба нишондихандахои баланди кори бригадахои чумхурихои пахтакор тафтиши байнихамдигарй ба шумор мерафтанд.

Чунончй, бригадахои пахтакори чумхурихои Озарбойчон, Точикистон ва Туркманистон, дар мохи июли соли 1976 ба тамоми вилоятхои Узбекистон сафар карданд. Онхо бо вазъияти пахтакорй ва дигар зироатхои хочагии ;ишло; шинос шуданд. Бригадахо тачрибаи мусбатро ;айд намуда, камбудихои чойдоштаро муайян карданд, сардорони бригадахо дар бораи натичаи тафтиш ба КМ хисобот доданд. Хизби Коммунистии Узбекистон, дар асоси он ;арори махсус "Дар бораи чамъбасти тафтиши байнихамдигарии ичрои ухдадорихои сотсиалистии колхозу совхозхои ;умхурй" ;абул кард [5].

Соли 1980 бригадаи тафтиши байнихамдигарии ;умхурихои пахтакор ба Точикистон сафар кард. Коркунони хочагии ;ишло;и Точикистон, хосатан пахтакорон ба шарофати рохандозй гаштани васеи мусоби;аи сотсиалистй байни ;умхурихои пахтакор, дар асоси базаи пури;тидори техникй, истифодаи самараноки агротехника ва усулхои парвариши пахта натичахои баланд ба даст оварданд. Пахтакорони точик дар соли 1980 бори аввал хосили рекордии пахтаи хом чамъоварй намуда, ба давлат 1010,7 хазор тонна пахта фурухтанд. Хосили пахта дар соли 1980 аз хар гектар 32,8 сентнерро ташкил дод [4,а235].

Тибкд маълумоти солх,ои 70-80-уми асри ХХ дар хочагии халки Узбекистон мах,сулоти 58 сохди истех,солоти Точикистон истифода мегашт, айни замон дар Точикистон мах,сулоти 78 сохди истех,солоти Узбекистон истифода мегардид. 13 дар сади мах,сулоти воридотии Точикистонро мах,сулотх,ои Узбекистон ташкил медод [3,с.15]. 98 дар сади _махсулоти аз Узбекистон ба Точикистон воридшаванда мах,сулотх,ои саноатй буданд. Аз Узбекистон ба чумх,урии мо мах,сулоти металлургияи сиёх, ва ранга, комбайнх,ои пахтачинй, мах,сулоти кимиёвй, ресмони пахтагй ва дигар мах,сулоти саноати сабук ворид мегардид. Аз Точикистон ба Узбекистон бошад, мах,сулоти саноати сабук, мошинх,ои бофандагй, яхдон, масолехд сохтмон фиристода мешуданд [11, с.713].

Хамкорихои ду чумхурй баъдан дар сохтмонхои шохроххои калони байниминтакавию байнидавлатй, сохтмони рохи охан, наклиёти хавой вусъат гирифта, дар сохаи саноати сабук идома ёфт. Дар солхои барои хар ду кишвар душвор рохбарияти чумхурихо ба анъанахои ёрии байнихамдигарй эътибори махсус дода, бахри пойдории бинои мухташами дустй тамоми имкониятхоро истифода мебурданд.

Халки узбек дар хотир дорад, ки дар ходисаи фочиабори заминларзаи Тошканд нахустин шуда, гуруххо ва дастахои бинокорони точик ба мадад рафта буданд. Хамин гуна дар вакти заминларзаи Кайроккум соли 1985 шахрвандони Узбекистон аввалин буданд, ки бо озукаю масолехи сохтмон ба ёрй омаданд ва дар бартараф кардани окибатхои вазнини ходисаи табий сахми босазои худро гузоштанд.

Солхои шастум ва хафтодуми асри ХХ сохтмонхои НБО-и ^айроккум дар Точикистон, НБО-и Фарход дар Узбекистон, НБО-и Норак дар Точикистону неругоххои баркии аловй дар худуди Узбекистон аз майдонхои бузурги бинокорй махсуб мешуданд, ки на танхо намояндагони ду халки бародар, балки дар онхо фиристодагони чандин халку миллатхои шуравй ширкат варзиданд.

Хуллас то ба даврони Истиклолият хамкорихои ЧШС Точикистон ва ЧШС Узбекистон дар доираи накшахо ва барномахои умумидавлатии мамлакати бузурги шуравй сурат мегирифтанд.

Ба истиклолияти давлатй сохиб гаштани Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекистон мархалаи сифатан нав дар равобити хамдигарии ин ду кишвар гардида, хар ду давлат истиклолияти якдигарро аз огози ин тагйирот ва тахаввулоти бузурги сиёсй эътироф намуданд.

Инкишофи минбаъдаи муносибатхои байни давлатхои мустакили минтака, аз чумла Точикистону Узбекистон яке аз вазифахои таъхирнопазири даврони сохибистиклолии мамлакатхо гардид.

Муносибатхои дучониба ва бисёрчониба байни чумхурихои Узбекистон ва Точикистон, мисли тамоми кишвархо дар солхои истиклолият баркарор ва инкишоф ёфтанд.

Миёни ду кишвар беш аз 20 санад дар бахши иктисод, аз чумла 4 санад дар сохаи хамкорихои башардустона ва илмию техникй, 5 санад дар сохаи наклиёт, 15 санад дар бораи конунгузории андоз, муносибатхои хукукй ва хамкорихои макомоти хифзи хукук ва бисёр дигар санадхо ба имзо расид[9,с.209, 214].

Муносибатхои расмии дипломатй байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекистон 22-юми октябри соли 1992 баркарор гашта, дар пойтахтхои хар ду давлат - Душанбе ва Тошканд сафоратхонахо ба фаъолият шуруъ намуданд [7, с.43].

Огози муносибатхои байнихамдигарии Чумхурихои Точикистон ва Узбекистон дар мархалаи нав бо давраи барои Точикистон хеле мушкил - муковимати шадиди сиёсй ва чанги шахрвандй рост омад. Хукумати Узбекистон барои халли мусолихатомези низои дохилии точикон таваччух зохир менамуд. Иштироки чониби Узбекистон дар музокироти байни точикон хамчун кафил дар катори дигар кишвархо ва созмонхои байналмилалй ва расидан ба сулху оштй назаррас мебошад.

Мардуми точик ёрии бегаразонаи давлати хамсояро дар рузхои мушкили чанги шахрвандии солхои 1992-1997 эхсос намуда буд. Чунончй, мохи январи соли 1993 Департамент оид ба масоли гуманитарии Котиботи СММ ба чомеаи чахонй доир ба расонидани ёрии гуманитарй ба Точикистон мурочиат намуд. Ба ин мурочиат нахустин шуда Узбекистон таваччух, намуда, ба Точикистон маводи сузишворй (бензин, корсин, равган) фиристод. Танхо ба ^ургонтеппа 1300 тонна бензин ва 1400 тонна солярка ворид гашт. Санаи 3 декабри соли 1993 ахолии вилояти Сурхондарё ба Душанбе чор вагон бор - либосхои бачагона, 126 тонна орд, 10 тонна равгани рустанй фиристоданд [1,с.33].

Чоруми январи соли 1993 дар чараёни сафари расмии Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба шахри Тошканд байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекистон Шартномаи дустй, хамкорй ва якдигарфахмй ба имзо расид, ки он дар муносибатхои байни ду давлати сохибистиклол дар рохи баркарор намудани равобити дустиву бародарй ва хамкорихо кадами нахустин ва устувор махсуб меёбад.

10-11 октябри соли 1995 дар Тошканд Ёддошти тафохум дар бораи тавсеаи равобити Узбекистон ва Чумхурии Точикистон[8.с.253], Созишномаи байнихукуматй дар бораи хамкорй дар сохаи маориф аз 10 январи соли 1997[9,с.211], дар бораи хамкорй дар сохаи фарханг ва инсонпарварии байни Хукумати Чумхурии Узбекистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4 январи соли 1998 ва Созишномаи дустии абадй, ки 15 июни соли 2000 ба тасвиб расида буд, асоси хукукии муносибатхои фархангии ду кишвар мебошанд.

58

Ало;аю хамкории чумхурихои Узбекистон ва Точикистон дар сохаи тахсилоти олй дар мархилаи аввали сохибисти;лолии кишвархо самаранок ба рох монда шуданд. Дар ин росто Созишномаи байнихукуматй, ки 10 январи соли 1997 миёни ду чумхурй дар сохаи маориф дар чараёни муло ;оти Сарвазири Чумхурии Узбекистон бо Сарвазири Чумхурии Точикистон ба имзо расида буд, ба тахкими минбаъдаи хамкорихои байни ду кишвар мусоидат намуд.

Соли 1998 робитахои байнидавлатии Точикистону Узбекистон то андозае густариш ёфтанд, вохурихои сатхи олй баргузор гаштанд. Чунончй, санаи 4 январи соли 1998 (рузи 5 солагии ба имзо расидани Шартномаи дустй байни ду давлат) бо даъвати Президенти Узбекистон Ислом Каримов сарвари давлатамон, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Тошканд ташрифи расмй анчом дод. Дар доираи сафар аз чумла, Шартномахои байнихукуматй дар бораи хисоббаробаркунии интиколи борхо ва газ барои соли 1997 ва карзхои давлатии Чумхурии Точикистон, доир ба хамкорихо дар сохахои тандурустй, илм, техника, иттилоот, фарханг ва сохаи гуманитарй ба имзо расиданд. Сарварон давлат карор карданд, ки Рузхои фарханги Чумхурихои Точикистону Узбекистон гузаронида шаванд. Хамаи ин аз фаъол гаштани хамкорихо далолат медоданд[6,с.44].

Сохаи илм ва пажухишхои илмй яке аз самтхои мухими иртибот ва хамкории кишвархо ва мардумони чахон, аз чумла кишвархои Осиёи Марказй, бахусус, Узбекистон ва Точикистон мебошад, ки аз замонхои ;адим то имруз идома дорад. Аз ин ру, равобит ва хамкорихои олимону эчодкорони илмии Узбекистону Точикистон хатто дар даврони сохибисти;лолй идома ёфта, тачдид ва мустахкам мегардад.

Дар давраи тад;и;от дар самтхои гуногун конференсияхои илмй, илмию амалии чумхуриявй ва байналхал;й, симпозиумхо ташкил карда шуда, дар инкишофи илму техника, маориф, маданият, нигахдории тандурустй ва хаёти ичтимой-и;тисодии чумхурихо на;ши мусбат бозиданд.

23 майи соли 1994 дар Тошканд нахустин чаласаи шурои машваратии сарони созмонхои давлатй оид ба идоракунии илм ва технологияи панч кишвари Осиёи Марказй баргузор шуд. Дар меморандуми кабулкардаи Шуро муаммохои актуалии хамкорй дар сохаи илм ва техника муайян карда шуданд[8,с.179].

Ба таври умум, имруз Чумхурихои Точикистон ва Узбекистон хамкадами чомеаи чахонй гашта, тиб;и анъана ба мустахкам намудани робитахои дучонибаи дустй, хамкорй ва шарикии мутакобилан судманд бо хамсояхои дуру наздик эътибори мухим медиханд. Дар ин радиф Точикистон ба хамкорй бо кишвари хамсоя - Узбекистон ахамияти аввалиндарача зохир менамояд. Харду давлат бо назардошти ахамияти геополитикй ва иктисодй дар минтакаи Осиёи Марказй хамкории стратегиро ба рох монданд. Худи вакт собит намуд, ки баркарор намудани робитаи байнидавлатии точику узбек ногузир буда, ин хамкорй бахри нигох доштани суботу рушди устувор дар минтака накши мухим мебозад.

Дустии точикону узбекон ба манфиати харду ин хал;хои хамсоя, рушди устувор, тахкими исти;лолияти во;еии Точикистон ва Узбекистон, сулху субот, оромй ва амният дар минта;а хизмат хохад кард.

ПАЙНАВИШТ:

1. Бобозода, Ф.Т. Научно-культурное и социально-гуманитарное сотрудничество между Таджикистаном и Узбекистаном в 1991-1997 гг./Ф.Т.Бобозода// Паёми донишгохи миллии Точикистон (мачаллаи илмй).-2016.- №3/1(194).- С.31-35.

2. Fафуров, А. Точикистон дар рохи хифзи истиклолият/А.Fафуров//Очеркхои таърихи Точикистони сохибисти;лол—Душанбе: Дониш, 2016.-С. 7- 47.

3. Зунунова, Г.Ш. Экономическое и культурное сотрудничество Узбекистанаи Таджикистана (1976-1935 гг.). Автореф. канд. ист. Наук/Г.Ш.Зунунова.-Ташкент, 1991.-26 с.

4. Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана - Т. 2 - Душанбе: Ирфон, 1984.-С.235.-310

5. Правда Востока.-1976.-36 июля

6. Саидов,З.Ш.Основные внешнеполитические интересы Таджикистана на рубеже веков. -Четвертое,дополненное издание (новая редакция)/ З.Ш.Саидов.-Душанбе: ООО « Контраст», 2011. -624 с.

7. Сиёсати хоричии Точикистон дар масири истиклолият // Зери назари Хамрохон Зарифй. -Душанбе: Ирфон, 2011.- 340 с.

8. Тюриков В.По пути независимости. Республика Узбекистан. Люди, события, даты. 1991-2000/В.Тюриков, Р.Шогулямов. - Ташкент: Шарк, 2000. - 477 с.

9. Узбекистан ва жахон хамжамияти: хал;аро муносабатлар ва таш;и ало;аларни ташкил ;илиш. - Тошкент, 2008. -213 б.

10.Хамидов,С. Народное скоростное ирригационное строительство в Таджикистане в 19391942 гг. / С.Хамидов //Известия АН Тадж.ССР : Отд. обществ. наук. 1962.- №4.-С.48

11.Чуразода Ч,Д., Исомитдинов Ч,.Б. Аз таърихи хамкорихои и;тисодии Точикистон ва Узбекистон/ Ч,Д.Чуразода,Ч,.Б.Исомитдинов // Маводи конференсияи байналмилалии илмй-амалии «Хдмкории и;тисодй-ичтимой ва фархангии Точикистону Узбекистон: таърих ва замони муосир» (Хучанд, 21-22-юми июни соли 2019).-Хучанд: Нури маърифат, 2019. -С.712-716.

12.Шавкат Мирзиёев. Мумтоз шеъриятнинг порло; юлдузи/Ш.Мирзиёев// Хал;имизнинг розилиги бизнинг фаолиятимизга берилган энг олий баходир. -Тошкент, 2018. С. 335. 512 с.

13.Эмомалй Рахмон Точикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён. - Душанбе, Ирфон, 2009. - 704 с.

REFERENCES:

1. Bobozoda, F.T. Scientific-cultural and social-humanitarian cooperation between Tajikistan and Uzbekistan in 1991-1997//Bulletin of the Tajik National University -2016.- № 3/1(194).- P.31-35.

2. Gafurov, A.Tajikistan on the road to preserving independence/A. Gafurov//Essays on the history of independent Tajikistan—Dushanbe: Donish, 2016.-P.7-47.

3. Zununova, G.Sh.Economic and cultural cooperation between Uzbekistan and Tajikistan(1976-1935).Abstract for the competition of the scientific candidate of historical sciences.- Tashkent, 1991.-26 p.

4. Essays on the history of the Communist Party of Tajikistan - V. 2 - Dushanbe: Irfon, 1984. - P.235.-310 p.

5. Truth of the East.-1976.-July 36

6. Saidov, Z.Sh. Main foreign policy interests of Tajikistan at the turn of the century. - Fourth, revised edition (new edition). - Dushanbe: LLC "Contrast", 2011. - 624 p.

7. The foreign policy of Tajikistan is the path to independence // Under the eyes of Hamrokhan Zarifi. -Dushanbe: Irfon, 2011.- 340 p.

8. Tyurikov, V., Shogulyamov R. On the path of independence. The Republic of Uzbekistan. People, events, dates. 1991-2000. - Tashkent: Shark, 2000. - 477 p.

9. Uzbekistan and the world community: organization of international relations and foreign relations. - Tashkent, 2008. -213 p.

10.Khamidov, S. People's high-speed irrigation construction in Tajikistan in 1939-1942. / S.Khamidov //Bulletin of the Academy of Sciences of the Taj.SSR: Series of social sciences. -1962.- № 4.-P.48

11.Jurazoda, J.H., Isomitdinov J.B. From the history of economic cooperation between Tajikistan and Uzbekistan // Materials of the international scientific-practical conference "Economic-social and cultural cooperation between Tajikistan and Uzbekistan: history and modern times" (Khujand, June 21-22, 2019). - Khujand: Light of Enlightenment, 2019. - P.712-716.

12.Shavkat Mirziyoev. Shining star of classical poetry// The approval of our people is the highest evaluation of our work. -Tashkent, 2018. P.335.- 512 p.

13.Emomali Rahmon Tajiks in the mirror of history. From the Aryans to the Samonians. - Dushanbe, Irfan, 2009. - 704 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.