Научная статья на тему 'НАРОДНОЕ ВОЛНЕНИЕ В ГИССАРЕ (НАЧАЛО XVIII В.)'

НАРОДНОЕ ВОЛНЕНИЕ В ГИССАРЕ (НАЧАЛО XVIII В.) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
33
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ГИССАР / БУХАРА / ВОССТАНИЕ / БАЛХ / УТКАН / ПОХОД / КРЕПОСТЬ / НАСЕЛЕНИЕ / ЭМИР / СТОЛКНОВЕНИЕ / ВОЙСКО

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саидов А.

В данной статье автор рассматривает вопрос крупного восстания, происходившего в начале XVIII в. в Гиссаре, толчком для которого послужили феодальные распри и бесконечный гнет населения. Наряду с ремесленниками и торговцами активное участие в этом восстании приняла и городская беднота. Об этом восстании приведены ценные сведения в трудах очевидцев событий Мухаммада Юсуфа Мунши и Мирмухаммада Амини Бухари.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CIVIL UPRISING IN HISSAR

The author in the article discusses a large public unrest occurring in the beginning of XVIII century in Hisar, caused by feudal conflicts and infinite oppression of the population. The City poor took active participation in the unrest along with handicraftsmen and traders. Valuable information about the unrest is provided in works of eyewitnesses of the events Muhammad Yusufa Munshi and Mirmuhammad Amini Buhari.

Текст научной работы на тему «НАРОДНОЕ ВОЛНЕНИЕ В ГИССАРЕ (НАЧАЛО XVIII В.)»

ШУРИШИ ХАЛЦЙ ДАР ^ИСОР (ИБТИДОИ АСРИ XVIII)

А. САИДОВ

доктори улуми таърих, сарходими шyъбаи таърихи кадим, асрхои миёна ва нави Института таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Точикистон хиёбони Рудакй, 33, 734025, Чумхурии Точикистон Тел. (+992) 919134184

Хонигарии Бухоро дар асри XVII - нимаи авали асри XVIII хамчун давлати мустакил яке аз даврахои мушкили такдирсозро аз сар мегу-заронид. Дар ин давра хокимони сулолаи Чонихо хукмронй мекар-данд. Пойтахти давлат Бухоро буд. Дуюумин шахри бузург Балх ба шумор мерафт, ки аслан дар он валиахди тахти Бухоро хукмронй ме-намуд.

Дар ибтидои асри XVIII хони Бухоро Субхонкулихон (1680-1702) аз олам даргузашт ва ба тахти Бухоро Убайдуллохон (1702-1711) ни-шаст. Тибки анъанаи вучуддошта баъди Субхонкулихон хокимияти Бухоро бояд ба ихтиёри набераи калонии y, хокими Балх Мухаммад-мукимхон (1697-1707) мегузашт, аммо бо дастгирии амирон ва аъёни Бухоро набераи хурдии Субхонкулихон - Убайдуллохон (1702-1711) ба тахти хонй нишаст.

Х,ангоми хукмронии ин сулола байни Бухоро ва Балх барои касби нуфуз ва хокимият муборизаи шадид мерафт, ки дар он табакахои кабилахои гуногуни мyFyл ва ширкат карда, ба талаву тороч ва Fорати ахолй даст мезаданд.

Бар асари тохту този кабилахои мухталифи турк ва мyFyл шахру дехот хароб гардида ба таназзули низоми иктисодй оварда расонд.

Истисмори сангин, зулми токатфарсо, чангхои беохир, мубори-захои дохилй ва Fоратгарию талаву торочи мардум сабаби муфлисию гуруснагй ва зиёд шудани андозхо гардид. Чунин вазъият норизоия-тии халкро таквият бахшид ва дар манотики мухталифи хонигарии Бухоро ошубу шуришхои мардумй OFOЗ ёфтанд. Дар аксари мавридхо низоъхои мардумй ба мукобили амирони тачзияталаб равона шуда буд, ки онхо бар зидди хокимияти марказй, ки дар таъмини амнияти мардум аз худ заъф нишон медод ва боиси чангхои дохилии феодалхо ва бадбахтии мардум мегашт, накшахо дар сар доштанд [1,45]. Х,оки-мони махаллй ба хукумати марказй итоат намекарданд ва аз худсарии онхо ахолии мукимй, яъне точикон, азият мекашиданд. Дар натича дар гушаву канори кишвар бар зидди хокимон шуришхои мардумй чараён мегирифт.

Шуриши аз хама назаррас дар ин замон киёми мардумии дар соли

17G3 дар Х,исор 6уд, ки сабаби он мухолифатх,ои дохилии ашрофон ва афзоиши зулми онх,о нисбат ба халк буд.

Инъикоси вокеах,ои шуриши халкии соли 1115\17G3-17G4, ки дар водии Х,исор ба амал омада буд, дар асарх,ои муаллифони он давр Мухдммадюсуфи Муншй «Тазкираи Мукимхонй» [2] ва Мирмухдм-мад Амини Бухорй «Убайдуллонома» [3] ба таври возех, инъикос гар-дидаанд. Дар китоби олими точик Fоибов Fолиб «Таърихи Х,исори шодмон, Чагониён ва Душанбе» [4, 87.] оид ба таърихи Х,исор, аз чумла вазъи он дар ибтидои асри XVIII, маводи чолибе чой дода шудааст.

Тибки маълумоти Мирмухдммад Амини Бухорй пешвои юзх,ои Самарканд Мух,аммадрах,имбий атолик бо сарони кабилах,ои юзи Х,исор, ки пешвои онх,о х,окими Х,исор Уткан, буд, муносибати душ-манона дошт. Х,исор дар он замон яке аз кишварх,ои калони минтака буда, дарозии он кариб 2GG км ва пах,нояш 4G-9G км-ро дар бар меги-рад [4, 87]. ^ароргох,и Уткан дар калъаи Мугулон, дар назди мазори мавлоно Яъкуби Чархй вокеъ буд, Уткан сиёсати истиклолиятчуиро пеша карда намехост ба х,окимияти марказй тобеъ бошад. Дар ин солх,о Х,исор тобеи Балх буд.

Мух,аммадрах,имбий дар яке аз чамъомадх,ои худ дар хузури ами-рон ва пешвоёнаш оид ба лашкаркашй ба Балх машварат намуд. Х,озирин фикри хонро маъкул дониста, акидаашонро доир ба ин мавзуъ баён намуданд. Мух,аммадрах,имбий, ки максади касосгирй аз Утканро дошт, дар суханронии худ кайд намуд, ки лашкаркашй ба суи Балх хдтмист, вале х,окими Х,исор, Уткан аз итоати онх,о саркашй намудааст. Х,исор бошад, мавкеи мух,им дошта, дарвозаи Мовароун-нах,р ба шумор меравад. Аз ин сабаб пеш аз хдма бояд масъалаи Х,исорро х,ал намуда, баъд ба суи Балх лашкар кашем. Хон ва амирони дигар суханони Мух,аммадрах,имбийро чонибдорй намуданд. ^арор шуд, ки лашкари Бухоро тах,ти сарварии Мух,аммадрах,имбий ба Х,исор фиристода шавад. Дар ин лашкаркашй ашхоси маъруфи он давр, ба мисли Маъсумбийи девонбегии сарой, Узтемурбийи катаган, Худоёрбийи мангит ва дигар номдорони Бухоро шомил гардиданд [3, 6G-62.].

Ба кавли Мирмухдммад Амини Бухорй сабаби адовати Мухдммад-рах,имбий бо Уткон дар он буд, ки Мух,аммадрах,имбий хднгоми х,окими Уротеппа буданаш, завчаи писари Утканро бо зурй ба акди никох,и худ даровард. Пас аз чанде писари Уткан бо рох,и фиреб ба касри Мух,аммадрах,имбий ворид шуда, арусашро дуздид ва аз тарики Кони Гили Самарканд ба Х,исор омад. Мух,аммадрах,имбий аз ин х,одиса хело хашмгин гардида буд [3, 36, 61-62.].

Х,ангоми ба суи Х,исор рах,сипор гардидани лашкари бухорих,о

чамоаи юзи Х,исор бо онхо хамрох шуданд. Лашкари Мухаммад-рахимбий дар лаби дарёи Чангоб (Хонакох), ки аз назди калъаи Уткан чорй мешуд, карор гирифт ва онхо ба хулосае омаданд, ки гирдогирди калъаро ихота намоянд. Пас табли чангро баланд карда, ба суи калъаи Уткан чамъ шуданд. Лашкари бухорихо аз як чониби калъа ва юзхои хисорй аз чониби дигари он карор гирифтанд.

Мувофики ахбори Мухаммадюсуфи Муншй хангоме ки Уткан аз рахсипории лашкари фаровони бухорихо бо сардории Мухаммад-рахимбий ба чониби Х,исор огох гардид, дархол ба хокими Балх Мухаммадмукимхон хабар дод. Мухаммадмукимхон ба атолики но-мии худ, Махмудбийро фармон дод, ки бо лашкари худ ба Х,исор раф-та, Утканро аз хучуми бухорихо начот дихад [2, 321.].

Лашкари бухорихо ба мазори мавлоно Яъкуби Чархй,1 ки дар пахлуи калъаи Уткан вокеъ буд, беэхтиромй зохир намуданд. Онхо кисмати болои мазорро хароб карда, гузару хонахои сокинони он ма-конро оташ заданд Илова бар ин, сарбанди обе, ки дар он чо чорй буд, вайрон карда, мачрои обро ба суи дигар гардониданд, ки дар натича киштзорхои ахолй хушк шуд. Ин рафтори бухороихо, ки бар хилофи эътикодоти динй буд, натичааш мувочех шудани онхо бо озору алам гардид [3, 62.].

На хамаи бухорихо пурра тарафдори Мухаммадрахимбий буданд. Баъзеи онхо, ки нисбат ба у хисси бадбинй дошта, аммо фатхи калъа ва асир гирифтани Утканро намехостанд, аз калъа ба масофаи кариб як фарсанг2 дур шуданд. Юзхои хисорй инро мушохида намуда, ба Мухаммадрахимбий хабар доданд. Мухаммадрахимбий, ки аз мухо-лифати лашкар нисбат ба худ огох буд, ба наздиконаш фармуд, ки бо бухорихои аз калъа дуршуда мухолифат накунанад ва онхо низ лашкари худро ба кафо баранд.

Мухаммадрахимбий ба мухосираи калъа омодагй мегирифт. У ба сарлашкарони худ фармон дод, ки калъаро ихота намуда, дар атрофи он садди баланд созанд. Пас аз он онхо ба суи калъа оташ кушоданд. Уткан низ ба онхо муковимати сахт нишон дод.

Х,ангоми ин задухурд дар байни лашкари бухорихо овозае пахн шуд, ки агар атолики Балх Махмудбий ба ёрии Уткан ояд, холи онхо бад мешавад. Дар ин асно бародарзодаи Махмудбий атолик Бурибийи катаFан, ки бо лашкари худ дар Кулоб буд ва манфиати Убайдуллохо-нро химоя менамуд, барои садокати худро ба хони Бухоро нишон додан, ба тарафи Х,исор характ намуд. Х,ангоми ба Х,исор наздик гар-дидани онхо, юзхои Х,исор пеши рохашонро гирифтанд ва онхо мачбур шуданд, ки акибнишинй кунанд [3, 63-64.].

^исме аз аскарони бухорой, ки ба чамъоварии чубу шох чихати сохтани сад ба чойхои дурдаст рафта буданд, аз дур мушохида наму-

данд, ки додхохи Балх Холмурод дурман аз ^убодиён бо лашкари зиёде барои дастгирии Уткан ба суи Х,исор харакат доранд ва дархол ба сардорони худ хабар доданд. Пас чамоае аз кунгуроту найман аз оби Кофарнихон гузашта, пеши рохи Холмуродро гирифтанд ва y мачбур шуд ру ба гурез оварад [3, 65.].

Уткан, ки аз болои калъа хамаи ин ходисаро мушохида менамуд, дарк кард, ки ин мардум бо осонй калъаро тарк намекунанд ва намо-ядаи худ Иброхимбердии эшикокбоширо бо мактуб ба назди амирони бухорй фиристод. Дар он мактуб кайд намуд, ки вай мехохад ба хони Бухоро содикона хизмат намояд, аммо аз рафтори фарзанди нохала-фаш мачбуран дар калъа панох бурда аст. Аз амирони бухорй хохиш кард, ки бахшидани гунохи y ва писарашро аз Мухаммадрахимбий дархост намоянд. Дар холати бахшиши гунох, y омода аст хамаи амри онхоро ичро намояд [3, 65-66].

Мухаммадрахимбий хохиши Утконро кабул кард. ^арор доданд, ки амирони бухорй зери калъа меоянд ва Уткан низ аз калъаи худ берун меояд ва онхо дар бораи шарти сулх гуфтушунид мегузаронанд. Дар гуфтушуниди рузи аввал ба кароре наомаданд ва онро ба рузи дигар мавкуф гузоштанд. Рузи дигар амирони бухорй барои идомаи гуфтушунид хозир шуданд, вале аз Уткан дарак нашуд. У дар ин вакт ба истехкоми калъа машгул шуда, онро аз пештара хам мустахкамтар намуд. Баъд аз он y ба назди амирони бухорй намояндаи худро фири-стода, арз намуд, ки онхо каме кафо раванд, пас y ба назди онхо мера-вад. Мухаммадрахимбий фахмид, ки дар ин чо найранге хаст ва дархол ба суи калъа аз тиру туфанг оташ кушод. Лашкари юзхои Х,исор низ ба мухориба дохил шуданд. Муносибати лашкари бухо-рихо бо юзхои хисорй тезу тунд гардид. Дар ин чо задухурди шадиде ба амал омад ва касони зиёд кушта шуданд. Мухаммадрахимбий дид, ки калъаро фатх, карда наметавонад ва барои ба кафо баргаштан фар-мон дод [3, 67].

Мухаммадрахимбий ба чунин карор омад, ки лашкари бухорихо ба калъаи Х,исор рафта, ба истехкоми он машгул шаванд ва y бо юзхои хисорй дар калъаи Душанбеи Тотор маскан мегиранд. Х,амин тарик, онхо ба ду гурух чудо шуданд ва лашкари бухорихо ба калъаи Х,исор омад. Мардуми Х,исор ба вазъи ногувор дучор гардида, чамъомад ташкил намуданд ва намояндагони худро ба назди амирони бухорй фиристода, арз карданд, ки то он дам, ки шумо дар Бухоро будед, мо бо Уткан мушкиле надоштем. Шумо, ки ба ин чо омада заъфи худро маълум кардед, y ба неруи худ мутмаин шуд ва холи мо мардум муш-кил гардид. Акнун ба шумо зарур аст, ки фикри моро кунед, дар акси хол мо даст аз домани шумо нахохем кашид.

Намояндагони хисорй ба назди амирони бухорй рафта, ичрои арзи

худро боисрор талаб карданд. Амирони бухорй бошанд, бо онхо даFалона муомила намуданд ва яке аз бародарони Худоёрбийи манFит, ки Назар тентак ном дошт, ба намояндагони халк бо шамшер тахдид намуд. Мардуми Х,исор инро чун ахдшикании бухорихо дони-ста, бо сангу калтак ва хар чи ки ба дасташон афтод, ба бухорихо хучум намуданд.

Мухаммадрахимбий эхсос кард, ки норизоиятии мардум ба у хата-ри азиме меорад, ки чилавгирй аз он мушкил хохад буд. Аз набудани неру барои хотима бахшидан ба ин низоъ, у ноилоч ба кароргохи худ баргашт. Амирони Бухоро саросемавор аз калъаи Х,исор берун шу-данд. Лашкари бухорихоро изтироб, тарс ва бим фаро гирифт ва онхо низ аз дунболи амирон равона шуданд. Он гох ахолии Х,исор ва юзхо даст ба Fорати хаймахои бухорихои фирорй заданд. Дар калъаи Х,исор чунон шуре ба амал омад, ки гуё киёмат буд.

Бухорихо бо душвории зиёд чони худро рахо намуда, чунон боши-тоб гурехтанд, ки хатто барои хурокхурй фурсат намеёфтанд. Юзхои хисорй бухорихоро таъкиб карда, ба торочи амволи онхо машFyл шуданд. Бухорихо ба Fазаб омада, ба юзхои хисорй муковимат нишон доданд. Байни онхо задухурди шадиде ба амал омад, ки дар натича касони зиёде кушта гардиданд. Он муомилаи дуруште, ки бухорихо нисбат ба мардуми дехахои атрофи мазори мавлоно Яъкуби Чархй раво диданд, кайфари онро аз дасти юзхои хисорй кашиданд [3, 6768.].

Мухаммадрахимбий аз лашкаркашии худ ба чониби Х,исор пушай-мон гардида аз тарсу вахм хатто ба Бухоро хозир нашуда, бо мушки-лоти зиёд ба воситаи куху дарахо худро ба Самарканд расонид [3, 69.].

Тибки маълумоти Мухаммадюсуфи Муншй, атолики Балх Махмудбий дар таърихи 8 мохи шавволи 1115 / 14 феврали соли 1704 бо лашкари зиёде ба суи Х,исор рахсипор гардид. Х,ангоми ба Х,исор наздик шудани онхо, амирони Бухоро ру ба гурез оварда, ба хар тараф пароканда шуданд. Уткан бо кисме аз чангиёни худ лашкари ру ба гурез овардаи бухорихоро таъкиб намуда, амволу ашёи онхоро сохиб шуданд ва аксари онхоро асир гирифтанд [2, 322-323.].

Х,амин тавр, лашкаркашии Мухаммадрахимбий ба чониби Х,исор бе натича анчом ёфт. Мардуми Х,исор ва нохияхои мучовири он бар зидди лашкарони бухорй муковимати шадид нишон доданд. Ин шуриш то андозае густурда буд, ки шуришгарон бо сангу чубдаст бар лашкари мусаллахи бухорихо пируз шуданд. Дар ин шуриш дар кано-ри хунармандон ва точирон ахолии бенавои шахр низ иштирок намуданд. Дар ин маврид манфиати ахолии мукимй ва аслии вилояти Х,исор, яъне точикон бо узбакхои кабилаи юз ба хам мувофик ома-

данд. Мардум барои катьи чангхои дохилй дар каламрави худ фаъолона ширкат намуда, кабилаи юз бо дарназардошти манфиатхои худ ин шуриши мардумиро бо хушй чонибдорй кард, ки он ба тору-мори бухорихо хотима ёфт [5, 321.].

Пас аз хорич кардани бухорихо, Х,исор дар муддати беш аз 50 сол хамчун мулки мустакил бокй монд, ки бар асари истиклолият хоки-мони он ба мулкхои хамсоя тохту тоз менамуданд [6, 33.].

АДАБИЁТ

1. История таджикского народа. Поздний феодализм (XVII в. - 1917 г.). Т. 2. Книга вторая. Москва: Наука, 1964.

2. Мухаммадюсуфи Муншй. Тазкираи Мукимхонй. Мукаддима, тасхех ва тахкики Фаришта Саррофон. Чопи аввал. Техрон: Мероси мактуб, 1380.

3. Мир Мухаммад Амини Бухори. Убайдуллонома / Перевод с таджикского с примечаниями член-корреспондента Академии наук Узбекской ССР профессора А. А. Семёнова. Ташкент, 1957.

4. Гоибов Голиб. Таьрихи Х,исори Шодмон, Чагониён ва Душанбе. Душанбе, 1999.

5. Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. Книга II. Душанбе, 1989.

6. Давидович Е.А., Мухтаров А.М. Страницы истории Хисара. Душанбе, 1969.

ПАЙНАВИШТХР

1. Яъкуби Чархй - яке аз намояндагони маьруфи силсилаи тасаввуфи «накшбандй» ба шумор меравад ва хамаср ва шогирди шайхи машхури силсилаи накшбандии асри XIV Бахоуддин буд. У устоди маьнавии Хоча Ахрор ба шумор мерафт. Соли 851 / 1447-1448 дар вилояти Х,исор аз олам гузаштааст. Мазори у дар чанубу шаркии шахри Душанбе вокеь аст.

2. Фарсанг - вохиди ченаки рох, ки ба 6 км баробар аст.

НАРОДНОЕ ВОЛНЕНИЕ В ГИССАРЕ (НАЧАЛО XVIII в.)

А.САИДОВ

Доктор исторических наук, главный научный сотрудник Отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша АН РТ Тел. (+992)919134184

В данной статье автор рассматривает вопрос крупного восстания, происходившего в начале XVIII в. в Гиссаре, толчком для которого послужили феодальные распри и бесконечный гнет населения. Наряду с ремесленниками и торговцами активное участие в этом восстании приняла и городская беднота. Об этом восстании приведены ценные сведения в трудах очевидцев событий Мухаммада Юсуфа Мунши и Мирмухаммада Амини Бухари.

Ключевые слова: Гиссар, Бухара, восстание, Балх, Уткан, поход, крепость, население, эмир, столкновение, войско.

CIVIL UPRISING IN HISSAR

SAIDOV ABDUKAQOR Doctor of History

The author in the article discusses a large public unrest occurring in the beginning of XVIII century in Hisar, caused by feudal conflicts and infinite oppression of the population. The City poor took active participation in the unrest along with handicraftsmen and traders. Valuable information about the unrest is provided in works of eyewitnesses of the events Muhammad Yusufa Munshi and Mirmuhammad Amini Buhari.

Keywords: Hisar, Bukhara, unrest, Balh, Utkan, a campaign, a fortress, the population, the Emir, collision, army.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.