Научная статья на тему 'НАҚШИ УСТОД АЙНӢ ДАР ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОН'

НАҚШИ УСТОД АЙНӢ ДАР ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОН Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
54
3
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
Айнӣ / мактаби илмии Айнӣ / адабиѐтшиносон / забоншиносон / таърихшинсон / олимони ҷавон / Айни / научная школа Айни / литературоведы / лингвисты / историки / молодые учѐные

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ

Мақола ба баррасии нақши устод С.Айнӣ дар тарбияи олимони ҷавон ва раҳнамоии онҳо барои таҳқиқи масъалаҳои илмӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки устод Айнӣ дар баробари як адиби забардаст буданаш, ҳамчун яке аз саромадони илму таҳқиқи тоҷик соҳиби мактаби хоси илмиву адабӣ буда, дар тарбияи адибону нависандагон, рӯзноманигорон ва умуман аҳли илму пажӯҳиш саҳми бузург гузоштааст.Тазаккур меравад, ки тамоми рӯзгор ва осори устод Айнӣ барои шоирону нависандагон, адабиѐтшиносону забоншиносон, таърихшинсон ва олимони ҷавон дар роҳи илм мактаби бузурги омӯзиш ва таҷриба маҳсуб меѐбад.Ишора мешавад, ки дар солҳои 30-50-уми асри ХХ унвонҷӯѐну аспирантони зиѐде, монанди Н.Раҳимов,С.Табаров, М.Шукуров, Р.Ҳодизода, ба устод Айнӣ, доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъҳои илмию тадқиқотии худ, бевосита ва ѐ тавассути мактуб муроҷиат намуда, маслиҳату машваратҳои судманд гирифтаанд. Ҳамчунин устод Айнӣ бо тақризҳои илмиаш ба диссертатсияҳои олимони ҷавон дар тайѐр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ хидмат намудааст. Хулоса мешавад, ки аз мактаби илмӣ ва таҷрибаи пажӯҳишгарии устод Айнӣ дар солҳои 30-50-уми асри гузашта даҳҳо нафар олими ҷавони тоҷик сабақ бардошта, бо роҳнамоиву машваратҳои мустақими устод ба роҳи илм қадам ниҳодаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF PRECEPTOR AYNI IN PREPARING YOUNG SCHOLARS

Статья посвящена рассмотрению роли С. Айни в воспитании молодых ученых. Отмечается, что Айни, помимо того, что великий писатель, один из пионеров таджикской науки, создатель специальной научно-литературной школы, внес большой вклад в воспитание поэтов, писателей, журналистов и деятелей науки и исследований в целом. Отмечается, что вся жизнь и творчество Айни считаются великой школой обучения и опыта для поэтов и писателей, литературоведов и лингвистов, историков и молодых ученых, стоящих на пути науки. Указывается, что в 30-50-е годы ХХ века многие соискатели и аспиранты, такие как Н. Рахимов, С. Табаров, М. Шукуров, Р. Хадизода, обращались к Айни напрямую или через письма по различным аспектам своей научно-исследовательской тематики и получали полезные советы и консультации. Также своими научными рецензиями на диссертации молодых ученых Айни внес значительный вклад в подготовку молодых научных кадров. Делается вывод, что десятки молодых таджикских ученых переняли научную школу и исследовательский опыт Айни в 30-50-е годы прошлого века и под его непосредственным руководством ступили на путь науки.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ УСТОД АЙНӢ ДАР ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОН»

5.6. [07.00.00] ИЛМХ,ОИ ТАЪРИХ 5.6. [07.00.00] ИСТОРИЧЕСКИЕ НАУКИ 5.6. [07.00.00] HISTORICAL SCIENCES

5.6.1. [07.00.02] ТАЪРИХИ ВАТАН

5.6.1. [07.00.02] ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ИСТОРИЯ

5.6.1. [07.00.02] HOME HISTORY

ТДУ327с.

D0I:10.51844-2077-4990-2023-3-11-17

НАКТТТИУСТОД Розщзода Абдущаким Шералй, доктори АЙНЙ ДАР ТАРБИЯИ илщои таърих, профессор, раиси МД "КОА-и ОЛИМОНИ ЦАВОН назди Президенти Цущурии Тоцикистон"

(Тоцикистон, Душанбе) РОЛЬ УСТОДА АЙНИ Розикзода Абдулхаким Шерали, доктор В ВОСПИТАНИИ МОЛОДЫХ исторических наук, профессор, председатель

УЧЕНЫХ ГУ "ВАК при Президенте Республики Таджикистан" (Таджикистан, Душанбе)

THEROLE OF Rozikzoda Abdulhakim Sherali, Doctor of PRECEPTOR AYNI IN Historical sciences, professor, chairman of the SI PREPARING YOUNGSCHOLARS HAC under the aegis of Tajikistan Republic

President" (Tajikistan, Dushanbe), E-mail:rozikzoda@vak. tj Вожа^ои калидй: Айни, мактаби илмии Айни, адабиётшиносон, забоншиносон, таърихшинсон, олимоницавон

Макола ба баррасии накши устод С.Айни дар тарбияи олимони цавон ва рахнамоии ощо барои тахкщи масъалахои илми бахшида шудааст. Цайд мешавад, ки устод Айни дар баробари як адиби забардаст буданаш, хамчун яке аз саромадони илму тахкщи тоцик сохиби мактаби хоси илмиву адаби буда, дар тарбияи адибону нависандагон, рузноманигорон ва умуман ахли илму пажухиш сщми бузург гузоштааст. Тазаккур меравад, ки тамоми рузгор ва осори устод Айни барои шоирону нависандагон, адабиётшиносону забоншиносон, таърихшинсон ва олимони цавон дар рохи илм мактаби бузурги омузиш ва тацриба махсуб меёбад.Ишора мешавад, ки дар солхои 30-50-уми асри ХХ унвонцуёну аспирантони зиёде, монанди Н.Рахимов,С.Табаров, М.Шукуров, Р.Ходизода, ба устод Айни, доир ба пахлухои гуногуни мавзуъхои илмию тащщотии худ, бевосита ва ё тавассути мактуб муроциат намуда, маслщату машваратхои судманд гирифтаанд. Х^амчунин устод Айни бо тацризхои илмиаш ба диссертатсияхои олимони цавон дар тайёр намудани кадрхои цавони илми хидмат намудааст. Хулоса мешавад, ки аз мактаби илми ва тацрибаи пажухишгарии устод Айни дар солхои 30-50-уми асри гузашта даххо нафар олими цавони тоцик сабак, бардошта, бо рохнамоиву машваратхои мустакимиустод ба рохи илм кадам нщодаанд.

Ключевые слова: Айни, научная школа Айни, литературоведы, лингвисты, историки, молодые учёные

Статья посвящена рассмотрению роли С. Айни в воспитании молодых ученых. Отмечается, что Айни, помимо того, что великий писатель, один из пионеров таджикской науки, создатель специальной научно-литературной школы, внес большой вклад в воспитание поэтов, писателей, журналистов и деятелей науки и исследований в целом. Отмечается, что вся жизнь и творчество Айни считаются великой школой обучения и опыта для поэтов и писателей, литературоведов и лингвистов, историков и молодых ученых, стоящих на пути науки. Указывается, что в 30-50-е годы ХХ века многие соискатели и аспиранты, такие как Н. Рахимов, С. Табаров, М. Шукуров, Р. Хадизода, обращались к Айни напрямую или через письма по различным аспектам своей научно-исследовательской тематики и получали полезные советы и консультации. Также своими научными рецензиями на диссертации молодых ученых Айни внес значительный вклад в подготовку молодых научных кадров. Делается вывод, что десятки молодых таджикских ученых переняли научную школу и исследовательский опыт Айни в 30-50-е годы прошлого века и под его непосредственным руководством ступили на путь науки.

Key words: Ayni, Ayni s scientific school, literary scholars, linguists, historians, young scientists

The article is devoted to the analysis of preceptor S.Ayni's contribution in the formation of young scientists. It is noted that while being a great writer, Ayni, as one of the famous Tajik researcher, owned a special scientific and literary school, and had made a great contribution to the education of writers, poets, journalists and scientific researchers and investigators in general Preceptor Ayni s life and creations are considered to be a great school of learning and experience for poets and writers, literary experts and linguists, historians and young scientists. It is pointed out that in the 30s-50s of the 20th century, many research workers and graduate students, such as N. Rahimov, S. Tabarov, M. Shukurov, R. Hodizoda sent letters to Ayni, in which they asked directly about different aspects of their research works and received useful advice and consultations. Also, preceptor Ayni helped to young scientists by presenting his scientific reviews to their dissertations and served in the sphere of preparing young scientific personnel It is concluded that tens of young Tajik scientists have learned from the scientific school and research experience of preceptor Ayni in the 30-50s of the last century, and with his direct guidance and advice they stepped on the path of science.

Мактаби илмию адабии устоди забардаст Садриддин Айнй, тачрибаи тахкикоти илмй, муносибати хайрхохона ва дар айни замон сахтгиронаи ин саромади илму адаби точик барои чавонони имруза дар рохи душвору захматталаби илм вокеан, намунаи ибрат, рохнамои муфид ва дастурамали муассир мебошад. Дар муддати умри мубораки худ ин марди закй ба даххо шоирону нависандагон, олимону пажухишгарон бо маслихату рохнамой дасти мадад дароз кард, ки аксари онхо дар оянда чун олимони забардаст, чехрахои шинохтаи адабу фарханги кишвар ба камол расида, муаррифгари миллати точик гардиданд. Хдк ба чониби шогирд ва хамкори устод Айнй Рахим Хршим аст, ки гуфта:"...Айнй на фа;ат ба воситаи осори бокигузоштааш ба мо бисёр чизхо омухтааст ва меомузад, балки ба воситаи хаёти шахсии худаш тарзи зиндагии худ, муносибаташ ба кор бо вазифашиносиаш, бо риояташ ба интизом низ барои мо, хусусан барои чавонон аз бисёр чихатхо намунаи ибрат шуда метавонад" [6,с.15].

Доир ба на;ши бузурги мактаби илмии устод Айнй дар тарбияи адибону нависандагон, рузноманигорон ва умуман ахли каламу эчоди нимаи аввали асри XX, пажухишгарону айнишиносон чандин китоби бунёдй, ёддошт, монография, диссертатсия ва асару ма;олахо ба табъ расониданд. Ин чо мо зарур донистем, ки бо зикри мисолхои во;ей аз рузгор ва тачрибаи амалии устод Айнй дар чигунагии муносибат бо олимони чавон, бо иборахои пурхикмати устод ба ";ахрамонони ба суроги илм рафта" устодону шогирдони имрузаро дар рохи тахкикоти илмиашон ба да;и;корй ва навиштани рисолахои арзишманд даъват намоем. Зеро имруз дар ин раванд баъзе тамоюлхои номатлуб ба чашм мерасанд, ки харгиз ба фоидаи илми ватанй нахоханд буд. Дар ин робита Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти кишвар мухтарам Эмомалй Рахмон дар яке аз суханронихои хеш чунин иброз намудаанд: " ... таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба микдор, балки бештар ба сифати рисолахои илмии анчомёфта таваччух зохир гардад. Рисолахои донишмандон ва муха;;и;ону унвончуён бояд дар сатхи баланди илмии чавобгуй ба талаботи стандартхои байналмилалй таълиф шаванд ..."[2].Бинобар ин, бори дигар ба фидокорй, захмати халол, анчоми тахкиоти бунёдию арзишманд, кашфиёту ихтироъкорй ва дар ин замина пайвастани итехсолот ба илм даъвату хидоят кардани устодону шогирдон хеле бамаврид ва сарива;тй мебошад.

Маълум аст, ки устод Айнй аз овони хурдсоли сохибистеъдоду мушохидакор, дорои хотираи ;авй ва хисси баланди кунчковй буд ва ин хислатхояш бо мурури замон инкишоф ёфта, талаботи харрузаи зиндагиаш гардиданд. Чунонки худи устод Айнй мегуяд: "... ин кунчковии ;обилияти одамон аз хурдсолй ба ман одат шуда, бо тачрибаи бисёр рафта-рафта ба камол расидааст"[1,с.389]. Айнии чавону ташнаи илму дониш хангоми тахсил дар мадрасахои Бухоро ба хулку атвор, тарзи либоспушй, ;иёфа, гуфтору кирдори афрод, руйдоду хаводиси замонаш таваччухи хос зохир менамуд. Ба харфзании сокинони минта;ахои гуногуни аморат диктат медод, хар як калима ё ибораи нави гуфториро пайдо мекард, бо як завку хирси зиёди кунчковй ба лугатхои гуногун киёс ва маъною мафхуми онхоро чустучу менамуд. Ба хондани китоб нихоят таваччух дошт, дар омузиш аз мушкилот ва захмати сангин намехаросид. Хдмаи ин нисбат ба афрод дар рохи илму эчод сахтгиру серталаб буд ва хислатхо ба у имкон доданд, ки бисёр сохахои илму дониши замонаш, аз чумла манти;, таъриху таърихнигорй, сарчашмашиносй, забон (грамматика, лугатшиносию лугатнигорй), адабиёт (назму наср, фолклор, матншиносй, тан;иди адабй), санъат, этнография (киёфашиносию чехрашиносй, урфу одати мардум), шариати ислом, педагогика (таълиму тарбия), психологияро аз бар намуда,

хамчун як донишманди бузург ба камол расад ва аз худ барои наслхои оянда осори мондагор ба мерос гузорад.

Тамоми рузгор ва осори устод Айнй барои шоирону нависандагон, адабиётшиносону забоншиносон, таърихшинсон ва олимони чавон дар шохрохи илм мактаби бузурги омузиш ва тачриба махсуб меёбад. Зиёда аз ин, устод Айнй борхо ба адибону нависандагони чавон рохнамой намудааст, ки ин мавзуи сухбати дигар аст. Танхо дар ин навишта ёдоварй аз баъзе лахзахои муносибати устод Айнй ба шогирдонаш кифоя аст.

Бояд гуфт, ки устод Айнй барои дарёфти дарачаи илмй диссертатсияи алохида нанавишт, вале бар асоси таълифоту нигоштахо таълифот ва хидматхои арзандааш дар рушди илму адаби точик аз тарафи Донишгохи давлатии Ленинград (холо Донишгохи давлатии Санкт-Петербург) ба у дарачаи илмии доктори илмхои филология, хамзамон аз руйи пажухдш ва тахкикоти асилу бунёдй ва фаъолияти омузгориаш дар Донишгохи давлатии Самарканд ба унвони профессор сазовор дониста шуд.

Ин донишманди бузург хангоми тавсияи машварат кобилият, хусну кубх ва камбуду норасоии осорашонро ба хотири пешрафти илм ба таври комил ошкор мекард.

Имруз олимони мо, бахусус олимони чавон, накду машваратро хуш намепазиранд ва кабул хам надоранд. Аз ин чост, ки тахкикоти диссертатсионии довталабони дарачахои илмй дар кафедраю шуъбахо, муассисахои пешбар ва чаласахои пешдифоъ чиддй мухокима намешаванд. Аксар мухокимахо дар шурои диссертатсионй бисёр вакт ба тахсину офарини диссертант сипарй мешаванд. Такризи мукарризони расмй аксаран такрори якдигаранд ва баъзан, 99 дарсад бо хам монанд мебошанд. Ин шаходати он аст, ки такризхоро рохбар ва унвончу худашон пешакй омода месозанд. Дар ин хол омузиши тачрибаи мактаби илмию адабии устод Айнй барои чавонон бисёр муассиру созанда аст, ки дар анчоми рисолахои илмй чиддй ва мусъул бошанд.

Аз ин чихат мулохизахо, андешаю маслихатхои устод Айнй нисбат ба нависанда Чалол Икромй, дар мукотибааш ба Абдусалом Дехотй (23 октябри соли 1946) чолиб аст: "... ман барои дуруст шудани кори хеч нависандаи чавон, садяки он дарачае, ки барои дуруст шудани кори Чалол Икромй азоб кашидаам, накашидаам" [1,с.363].

Вакте ки кисми якуми романи "Шодй"-ро Чалол Икромй ба итмом расонид, ду сол боз мавриди накди ахли калам карор гирифт ва нихоят нашриёт онро барои тахрир ба С. Айнй мефиристад. Устод Айнй дар ин бора чунин менависад: "Дастнавис (кисми якуми романи "Шодй" дар назар аст - Р.А.) дар як дафтари калони муковадор сахифа дар миён навишта шуда буд. Ман дар болои кори ин китоб, ба мукобили хар сахифа як сахифа дар бораи хатохои он сахифа навиштам ва дар охир хамин мулохизаро кайд кардам, ки "агар муаллиф хамаи он хатохоеро, ки дар ин чо нишон дода шудааст, ислох намояд, кобили табъ аст" [1,с.363].

Аз ин навиштахои устод Айнй чунин бармеояд, ки Ч. Икромй китобро бидуни ислохи баъзе хатохои ишоракардаи устод чоп намудааст. "Охир, ба кадом рохе, ки бошад - мегуяд Айнй, -кисми якум (яъне кисми якуми романи "Шодй" - Р.А.) чоп шуд ва хамаи он фикрхои танкидии ман аз забони ом ба майдон баромад. Аммо он нусхае, ки ман кор кардам, ба майдон набаромад" [1,с.363].

Устод Айнй таъкид мекунад, ки агар Чалол Икромй хатохоро ислох мекард, "ин кадар шатта намехурд ..." ва у "... бояд магрурй ва худнамоиро як су монда, ба маслихатхои одамони тачрибакор ва ба танкидхои хакконй гуш андозад ва ба амал орад ... Чалол, бешубха кувваи нависандагии калон дорад. Бояд у бар болои асархои худ фикри коллективро гирифта, гашта баргашта кор кунад. Ягона ва охирин маслахати ман ба у хамин аст" [1,с.364].

Аз ин навиштахо бармеояд, ки устод Айнй истеъдоди нависандагии Чалол Икромиро дар холи шухраташ эътироф мекунад, вале дар баробари ин, камбудихои романи "Шодй"-ро хеле муфассал ошкор менамояд, ки ин барои пешрафти адабиёти точик ва рушди инфиродии адиб заминаи мусоид мегузорад.

Аз солхои 40-уми асри гузашта таваччухи аспирантону мухаккикон ба осори гаронбахои устод Айнй зиёд шудан гирифтааст. 18 ноябри соли 1949 Набичон Рахимов - аспиранти Институти шаркшиносии Академияи илмхои Чумхурии Шуравии Узбекистон ба устод Айнй мактуб навишт, ки "... мехохам мавзуи диссертотсияи худро аз эчоди пурхосили он чониб бигирам. Бад - ин сабаб багоят хохишмандам, мавзуъхои рафикони дигар, ки онро аз эчоди шумо диссертатсияи худ гирифтанд, бо василаи хат маълум намоед"[1,с.475]. Дар мактуби

чавобй устод Айнй ба Набичон Рахимов навишт, ки "... ман намедонам, ки кй ба болои кадом асари ман кор карда истодааст?. Хамин цадар медонам, ки Сохиб Табаруф ном аспиранти филиоли точикистонии Академияи фанхои иттифоц ду сол боз бар болои румони 'Туломон" кор мекард. Соли гузашта (яъне, соли 1948 - Р. А.) диссертатсияи худро дар Ленингрод - дар Институти шарцшиносии Акодемияи фанхои Иттифоц химоя карда, номи кондидотиро гирифт. Дигар аз касе хабар надорам. Бо хамаи ин ман тавсия мекунам, ки шумо бар болои румони "Дохунда" кор кунед" [1,с.476].

Дар баробари ин, устод Айнй ба хотири пешгирй аз хат ва галаткорй ба аспиранти узбекистонй Набичон Рахимов тавсия медихад, ки: "... лекин на бар болои чопи узбекии вай (яъне, "Дохунда" - Р.А.). Чунки вай тарчума буда, сар то по вайрон аст. Шумо бояд бар болои нусхаи точикиаш, ки хамин сол ба муносибати Декадаи адабиёти точик дар Истолинобод чоп шуд, кор кунед" [1,с.476].

Дар иртибот бо муносибати гарму хайрхохонаи устод ба мухаццицони чавон мукотиботи Мухаммадчон Шукуров бо устод Айнй хеле чолибу омузанда мебошад. Аз мактуби Мухаммадчон Шукуров маълум мегардад, ки у бори аввал 17 январи соли 1950 ба устод мурочиат карда буд, ки "Ман писари хурдии Садри Зиё Мухаммад мебошам, ки аз Сталинобод хат карда истодаам ... Ман аспирант хастам ва мавзуи диссертатсияам эчодиёти Ачзй мебошад" [1,с.480]. Дар идомаи мактуби худ аспиранти чавон вобаста ба шахсият ва эчодиёти Ачзй ба устод Айнй бо шаш савол мурочиат менамояд, ки "Равшан шудани ин масъалахо барои пеш рафтани кори ман ахамияти калон дорад. Агар дар ин соха аз Шумо, устод, ёрй мегирифтам, то абад миннатдор мемондам" [1,с.479-481].

Устод Айнй новобаста аз беморй ва серкорй дар мактуби чавобиаш ба М. Шукуров бо арзи мухаббату самимият машварат дод, ки "Ачзиро ман дар соли 1909 аввалин бор дар Самарканд дида будам ... у одами цашшоци камзамин буд, ки дахлаш ба харчи фациронааш намерасид ... Ба фахми ман, фазилати бисёр мухимми Ачзй ин аст, ки у аз байни зиёиёни кухна дар замони кухна аввалин касест, ки забони русиро омухтааст ва ба омухтани забон ва маданияти рус мардумро чиддиёна ва гарму чушон ташвиц кардааст" [1,с.482-483]. Дар баробари ин, устод Айнй ба М. Шукуров ишорат кард, ки: "Дар Самарцанд писари Ачзй хаст, ки Аъзамхон ном дорад. Ман шунидам, ки у дар бораи падари худ мацолаи муфассале навишта, ба идораи журноли "Шарци сурх" фиристодааст. Шумо метавонед аз хамон мацола (агар чоп нашавад, аз дастнависаш) дар бораи тарчумаи холи Ачзй фоида баред" [1,с.483].

Устод С. Айнй дар робита ба он мухаццицону пажухишгароне, ки хохиши тахцици осору зиндагонии худи уро доштанд, ба як мухаббату самимият аз руйи одобу ахлоци инсонй рафтор мекард, ки холо хам ин тачриба барои рохбарони илмии имруза омузанда ва муфид аст.

Таваччух менамоем ба мактубхои устод Айнй ба донишчу ва мухаццици чавон Расул Ходизода. Хангоми тахсили мактаби олй дар Тошканд Расул Ходизода 2 январи соли 1950 ба номи С. Айнй мактуб навишт, ки аз чониби факултет якчанд мавзуъро ба сифати кори дипломй пешниход кардаанд, вале ба у бештар итихоби мавзуи "Тадцицоти илмии Садриддин Айнй оид ба таърихи адабиёти точик" писанду чолиб мебошад. Инчунин, Расул Ходизодаи имлдуст дар мактубаш меафзояд, ки "Ин кори аввалини чиддии илмии ман аст ва мехохам цадами нахустини ман бемуваффацият набарояд. Аз ин сабаб, бо изхори хохиши зерин мурочиат намудам. Агар вацт дошта бошед ва ба корхои дигари Шумо халал нарасад, ба кори диплумии ман рохбарй намуданро цабул мекардед, хеле хуб мешуд"[1,с.485].

Устод Айнй дар мактуби чавобй (аз 27 феврали соли 1950) ба Р. Ходизода навишт, ки "Бо афсус мачбурам ба Шумо маълум кунам, ки ман дар бораи дипломни работетон ба Шумо рохбарй карда наметавонам"[1,с.485]. Аввалан, устод бо узри серкорй, этикаи илмй ва хоксорй аз рахбарй даст кашид. Дувум, навиштааст ин марди хирадманд: "Модом, ки кори шумо тадцици асархои илмии ман аст, худи ман рохбарй карданам, он цадар муносиб нест"[1,с.486]. Хамзамон, ин олими барчаста барои дилсард нашудани як мухаццици чавон узр пеш овард, ки "Ман умедворам ва боварй дорам, ки шумо ин узрхои маро мефахмед ва барои рад кардани коратон аз ман намеранчед ... ман маслихат медихам, ки профессор Семёнов (А. А. Семёнов -Р.А.)-ро ба худ рахбар царор дихед" [1,с.486].

Муносибати хайрхохона ба мухаццицони чавони эчодкору дацицназар ва дастгиру мададгор будани устод Айниро аз чанд мукотибааш бо нависанда ва публитсист Точй Усмон хам эхсос кардан мумкин аст. Аз як мактуби Точй Усмон ба номи С. Айнй (аз 11 марти соли 1950) чунин

бармеояд, ки завчаи у доир ба таърихи хонии Бухоро аз замони инцилоби феврал то инцилоби октябр диссертатсия менависад ва дар ин хусус аз устод Айнй рочеъ ба чанд масъала машварат мехохад.

Азбаски устод Айнй рафти воцеахои таърихии ин давраро ба унвони шохиди замон хуб медонист, дар мактуби чавобиаш (аз 15 марти хамон сол) ба номи Точй Усмон навишт, ки "Хозир хамин цадарро маслихат медихам, ки "Бухоро инцилоби таърихнинг маторёллари" ном асари маро хонда бароянд. Зеро хар чизе, ки ман дар ин бора донам, дар хамон китоб хаст"[1,с.488]. Аз навиштахои баъдии Точй Усмон маълум мегардад, ки ба диссертатсияи завчааш Бобочон Fафуров низ хамчуни мухацциц бахои хуб додааст. Баъдан, устод Айнй 4 ноябри соли 1950 ба ин диссертатсия тацризе навишт, ки "Ман ба сифати як шохиди зиндаи ахволи байни феудол (ин калима шояд "феврол" бошад - Р.А.) ва уктабри Бухоро ва монанди як иштироккунандаи он воцеахо масъалахои дар он асар хал кардашударо мувофици фактхои таърихй медонам ва ин диссертатсияро барои химоя кардан сазовор мешуморам"[1,с.502].

Акнун чанд сухан атрофи муносибати устод Айнй бо фарзандонаш Холида ва Камол, ки рохи илмро пеша карда буданд. С. Айнй фарзандонашро ба мисли худаш дар рухияи илмдустй ба камол расонид. У дар хеч сурат ба фарзандонаш имкон надод, ки аз ном ва шухрати падарашон истифода намоянд, балки хамеша барои тахсили фарзандонаш аз чихати моддиву маънавй шароити зарурий фарохам овард ва аз хар пешравй ва муваффацияти фарзандонаш хурсанду болидарух буд. Дар як мактубаш устод Айнй ба академик Султон Умаров менависад, ки "... бародарзодаатон Холида Айнй имсол УзГу-ро дар группаи русии фокултаи адабиёт бо бахои аъло - 5 тамом кард. Дар диплумни работ "Шохнома"-и Фирдавсиро дар забони русй кор карда баромад. Ба ин кори у професур Бертелс (Е.Э. Бертелс (1890-1957) - Р.А.) бахои бисёр хуб дода, дар як чойи тацризи худ гуфтааст: "Агар бар болои ин маторёл боз андак кор кунед, барои диссертатсияи номзадии илмй меарзад"[1, с.568].

Устод Айнй андаке дертар дар як мактуби дигараш (аз 23 январи соли 1952) ба Юлдошев -корманди маъмурии Академияи илмхо хушнудии худро изхор медорад. ки "... духтари ман Холида диссертатсияи кондидотии худро бомуваффацият химоя карда, бо як овози совети илмй унвони кондидотй додан ба у царор дода шудааст"[1,с.518]. Ва аз ин муваффацияти илмии фарзандаш хушхолиашро пинхон накардааст, зеро хуб медонист, ки Холида дар ин чода хуб захмат кашидаву арзанда буд.

Вале дар як мактуби дигараш (санаи 25 июли соли 1953) ба Саидчон Алиев - корманди Институти педагогии Бухоро аз муносибати рохбарони институт ва кормандони он ба набераи бародараш Юсуфчон Иброхимзода изхори норизой менамояд. Азбаски навиштахои ин олими забардаст ва марди хирад имруз хам барои олимону эчодкорони чавон дарси ибрат ва хеле муфид аст, зикри баъзе нуктахои онро бамаврид медонем. "Рафиц Саидчон Алиев! ... Як мактубатон дар хусуси баёни цобилияти набераи ман Юсуфчон Иброхимзода буд. Дар он мактуб ба у ёрмандй карданатонро ва шеърхои уро ба газета чоп кунонданатонро изхор карда будед. Аз худи талабаи мазкур низ 2-3 мактуб гирифтам, ки хеле аз шоир шудани худ фахр мекунад...

... Ба фахми ман ва аз руйи тачрибаи ман, ба чавонон ин гуна рохбарй кардан зарарнок аст. Онхоро хамеша ба хондани адабиёт ва ба фахмида хондани он ташвиц кардан лозим аст, аммо дар хурдсолй ва камтачрибагй асарнависиро дар онхо манъ кардан бехтар аст. Агар ахёнан чизе нависанд, асари онхоро аз тахсин зиёдтар танцид кардан зарур аст, то ки онхо ба дарди магрурй гирифтор нашаванд. Бо тачриба собит гардид, ки хар чавоне, ки дар хурдсолй магрур шавад, аз камол дур мемонад, он низоъхое, ки дар байни баъзе нависандагони Узбекистон хаст, натичаи дар хурдсолй магрур шудани онхост ... Дар ин хусус гап бисёр аст, мисол фаровон" [1, с.532].

Мазмуну мухтаво ва андешахои устод Айнй дар як мактуби дигараш ба номи олими чавон Расул Ходизода (аз 27 феврали соли 1954) рочеъ ба масъалахои мавриди назар аз гамхории устод ба илми Точикистон дарак медихад, ки то имруз арзиши худро нигох медорад. Расул Ходизода дар шуъбаи аспирантураи Москва тахсил мекард ва доимо ба устод Айнй робита дошт.

Мухаццици чавону ояндадор хамеша аз мехрубонию гамхории устод бархурдор буду дастгирй меёфт. Аз чумла, С. Айнй уро ба аспирантура фиристода ва мухлати тахсилашро низ дароз намуд. Р. Ходизода дар яке аз мактубхояш аз устод Айнй хохиш менамояд, ки ба у ичозат

дихад, то дар Москва бимонад. Вале ин марди фозилу дурандеш масъаларо дар сатхи сиёсию давлатй бо дарназардошти манфиату шароити онрузаи Точикистон чунин ба миён мегузорад: "Ман дар бораи пурсиши шумо (яъне, дар Москва мондани Р. Ходизода - Р.А.) сатрхои зеринро менависам. Хар кас, ки дар як замони маълум ва ва;ти муайян барои тахсили илм дар Москва истода бошад, ва хакикатан у толиби хохиши пеш рафтан дошта бошад, албатта, дар он чо монданро хохиш мекунад. Аммо ман дар шароити хозираи беодамй ва ;ахтурричоли Точикистон ин фикри шуморо кабул карда наметавонам. Ман хам аз нуктаи назари он, ки яке аз коркунони чавобгари Академияи Точикистон мебошам, хам ба сифати он, ки шуморо "кадри тайёр" гуфта "хой-хойю бай-бай гуён" ба аспирантураи он чо такдим кардаам, хам аз чихати он ки дар ва;ти пур шудани муддати аспирантураатон шахсан кушиши фавкулода карда, мухлатро шаш мох дароз кунонидаам, ин фикри шуморо катъиян кабул карда наметавонам. Зеро дар он сурат, хам худам дар миёни касони ба ин кор дахлдор ва рохбарони боло расво ва хандахариш мешавам, хам дар холати хозираи Точикистон вичдонам дар азоб мемонад. Бояд шумо хам дар ин кор на аз нуктаи назари манфиати шахсии худ, ки дар Москва зудтар пеш меравед ва хам зиндагонии он чо нисбат ба Сталинобод маданй ва осуда аст, катъи назар карда, факат чихати кахтурричолии (кахтии одам) Точикистонро ба назар гирифта зуд биёед ... Хозира дониши русиатон барои дар Точикистон кор кардан, муваккатан кифоя кунад хам, барои коркуни ха^щатан илмии адабиёти точик шудан, забони точикиатон кифоя намекунад ..." [1, c.549-550]. Вобаста ба муносибати самимонаи устод Айнй нисбат ба олимону мухавдщон боз аз як мактуби табрикотии дигари у ёдовар мешавем, ки 30 сентябри соли 1953 ба муносибати 60-солагии фаъолияти илмии профессор А. А. Семёнов ирсол шудааст. Дар ин нома С. Айнй дар радифи ситоиши хидматхои шоёну арзандаи А. А. Семёнов ба пахлухои нозуки фаъолияти ин донандаи забардасти таъриху фарханги халки точик ишора менамояд. "Як хусусияти Шумо ин аст, ки - мегуяд устод Айнй, - дар мустамликаи подшохй - дар Туркистони пештара нишаста, ба омухтани забон, хат, адабиёт, санъат ва тарзи меъмории ахолии мазлуми мустамлика кушиш намуда, онхоро сазовори хурмат ва шараф донистед ва хол он ки амалдорони мустамликачй он ахолиро хор мешумориданд ва лоики хар гуна тахкир медонистанд"[ 1,c.536-537].

Хамзамон, устод Айнй ба захматхои профессор А. А. Семенов дар тарбияи як зумра олимони точик ишора ва изхори миннатдорй изхор намуда, уро ифтихори точикон медонад. "Мо, точикон, - менависад устод Айнй,- бо шумо фахр мекунем, ки бештарин хидматхои илмии шумо ба омухтан ва эълон кардани мероси маданй ва таърихии гузаштагони мо бахшида шудааст ва дар ин рох на танхо хидмати илмии худро дарег надошта кор кардед, балки дар бобати расонидани кадрхои пуристеъдод низ кушишхои пурсамар ба амал овардед".

Хамин тарик, бо такя аз вижагихои мактаби илмй, ки сахтгирию мехнати халолро такозо дошт, тачрибаи амалй ва хидматхои устоди зиндаёд С. Айнй гуфтан мумкин аст, ки дар чодаи илму эчод рохи осону сода нест ва ин пайроха аз хар нафар захмату бедорхобй, матонат, садокат ва сабуриро такозо дорад. Агарчанде ин рох тахту хамвор нест, вале дар нихояти кор дарахти пурборест, ки мевахои шахдбору шакаринаш касро ба куллахои мурод мерасонад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй, С. Мактубхо (Тахия, тахрир, тасхех ва тавзехот аз Анзурати Маликзод ва Гулбахор Усмонова)/С.Айнй. -Душанбе: Мехроч граф, 2023.- 664 с.

2. Рахмон, Эмомалй. Суханронй дар Донишкадаи давлатии забонхои Точикистон ба номи Сотим Улугзода http://prezident.tj/node/29174 (Санаи мурочиат: 04.11.2022)

3. Самадов, А.Садриддин Айнй ва ахли илму адаби Самарканд//https://ovozi.uz/51812/

4. Сафарзода, Э.Устод Айнй - асосгузори илми Точикшиносй// https://pressa.tj/ustod-ajn% D3%A3-asosguzori-ilmi-to%D2%B7ikshinos%D3%A3/

5. Темиров, Ф. Роль научного наследия Садриддина Айни в развитии мировой науки. Центр научных публикаций (buxdu.Uz), 1(1). -2021// journal. buxdu. uz/index. php/ journals_ buxdu /article/view/1937

6. Хошим, Рахим. Дар коргохи эчодии Айнй /Р.Хошим// Сухан аз устодон ва дустон. Душанбе: Ирфон, 1983. - С. 15.

REFERENCES:

1. Aini, S. Letters (drafted, edited, corrected and explained by Anzurati Malikzod and Gulbahar Usmonova). - Dushanbe: Mehroj graf, 2023.-664 p.

2. Rahmon, Emomali. Speech at the Tajik State Institute of Languages named after Sotim Ulughzoda. Electronic source: http://prezident.tj/node/29174 (Date of application: 04.11.2022)

3.Samadov, A. Sadriddin Ayni and the people of science and literature of Samarkand //https: //ovozi. uz/51812/

4. Safarzoda E. Ustod Ayni - the founder of Tajik science// https://pressa.tj/ustod-ajn%D3%A3-asosguzori-ilmi-to%D2%B7ikshinos%D3%A3/

5. Temirov, F. The role of the scientific heritage of Sadriddin Ayni in the development of world science. Center for Scientific Publications (buxdu.Uz),1(1).-2021//journal.buxdu.uz/index.php/journals_buxdu/article/view/1937

6. Hashim, Rahim. At the creative workplace of Ainy // Memories from teachers and friends. Dushanbe: Irfan, 1983. - P. 15.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.