Научная статья на тему 'БОБОҶОН ҒАФУРОВ – МУАРРИХ ВА ХОВАРШИНОСИ МАЪРУФ'

БОБОҶОН ҒАФУРОВ – МУАРРИХ ВА ХОВАРШИНОСИ МАЪРУФ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
16
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
академик / Бобоҷон Ғафуров / муаррих / олим / аллома / ховаршинос / нависанда / таърихнигор / тоҷикон / Иттиҳоди Шуравӣ / халқи тоҷик / омӯзиши таърих / Осиёи Миёна / таҳқиқот / миллат / давлат. / академик / Бободжон Гафуров / историк / ученый / журналист / писатель / таджики / Советский Союз / таджикский народ / изучение истории / Средняя Азия / исследование / нация / государство.

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Кенджаев Мухбир Джурабоевич, Афсахова Нодира Саидахмадовна

Академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи он олимони таърихшинос мебошанд, ки анъанаҳои устоди бузурги хеш Садриддин Айнӣ ва тоҷикшиносони асил В.В. Бартолд, М.С. Андреев, А.А. Семёновро давом дода, дар самти омӯхтани таърихи халқи тоҷик ҳиссаи ниҳоят калон гузоштаанд ва асарҳои мавсуф таҳқиқоти беҳтарин оид ба таърихи Тоҷикистон, инчунин дар омӯзиши халқҳои Осиёи Миёна ва таърихи мардуми Машриқзамин мебошанд. Бобоҷон Ғафуров ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи худ ҷиддан камари ҳиммат бастааст, ки ин амалкард дар натиҷа ба як қатор дастовардҳои бузургу беназир ва ба манфиати миллати барӯманди тоҷик мубаддал гардиданд. Лозим ба тазаккур аст, ки донишманди мумтози халқи тоҷик, нобиға ва фарзанди фарзонаи миллат, академики сатҳи ҷаҳонӣ, устод Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалин шахсиятҳое мебошанд, ки барои муаррифии миллати тоҷик умри пурбаракати худро сарф карда, ба омӯхтани таърихи халқи мутамаддини тоҷик шуруъ намудаанд. Ҷасорату мардонагӣ ва ватанпарастӣ ба мавсуф имконият фароҳам оварданд, ки дар ҷодаи пешгирифтаи худ муваффақ шавад ва бузургии халқи тоҷикро дар назди ҷумҳуриҳои гуногунмиллати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба таври басо ҳам шоиставу боиста нишон диҳад ва ҳамзамон исбот намояд, ки тоҷикон аз табори бузургоне маҳсуб меёбанд, ки дорои таърихи пурғановат ва соҳибтамаддуни олам мебошанд. Калидвожаҳо:

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

БОБОДЖОН ГАФУРОВ – ИСТОРИК И ИЗВЕСТНЫЙ ВОСТОКОВЕД

Академик Бободжон Гафуров заслуживает внимания в качестве выдающегося ученого-историка, продолжающего традиции своего знаменитого учителя Садриддина Айни, а также выдающихся историков, таких как В.В. Бартольд, М.С. Андреев и А.А. Семенов. В своей научной деятельности он внес значительный вклад в изучение истории таджикского народа, а его труды являются выдающимися исследованиями по истории Таджикистана, а также по народам Средней Азии и истории народов Ближнего Востока. Несмотря на многочисленные трудности, Бободжон Гафуров посвятил себя всестороннему изучению истории своего народа, что привело к созданию значительных и уникальных трудов, внесших вклад в благосостояние таджикского народа. Следует подчеркнуть, что академик Бободжон Гафуров, выдающийся ученый таджикского народа и мирового уровня, был одним из первых, кто посвятил свою жизнь и изучению истории цивилизованного таджикского общества. Его мужество и патриотизм позволили ему добиться успехов на выбранном пути и достойно представить величие таджикского народа перед многонациональными республиками бывшего Советского Союза. В своей деятельности он доказал, что таджики обладают богатой историей и внесли свой вклад в мировую цивилизацию.

Текст научной работы на тему «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – МУАРРИХ ВА ХОВАРШИНОСИ МАЪРУФ»

115 - УМИН СОЛГАРДИ ТАВАЛЛУДИ АКАДЕМИК Б. ГАФУРОВ 115 - ЛЕТ СО ДНЯ РОЖДЕНИЯ АКАДЕМИКА Б. ГАФУРОВА

115 - TH ANNIVERSARY OF THE BIRTH OF ACADEMICIAN B. GAFUROV ♦-♦

УДК 94 (575.22):929

БОБОЧ,ОН ГАФУРОВ - МУАРРИХ ВА ХОВАРШИНОСИ МАЪРУФ

КЕНЧДЕВ М.Ч., АФСАХ.ОВА Н. С.,

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши АМИТ

5 декабри соли равон дар толори Кохи Вахдати шахри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои муаззами миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон ба ифтихори 115-умин солгарди зодрузи академики маъруф Бобочон Гафуров Симпозиуми байналмилали тахти ун-вони «Бобочон Гафуров - бузургтарин мухакки; ва муаррифгари таърихи халк;и точик» баргузор гардид. Чунки Бобочон Гафуров пас аз устод Садриддин Айнй ба тах;и;и мукаммали таъриху тамаддуни точикон икдом намудааст.

«Таърих кам олим ва сиёсатмадореро медонад, ки ба андозаи Бобочон Гафуров чуръат ва матонат дошта бошад». Академик Бонгард - Левин Григорий Максимович.

Зимни суханронии пурмухтавои худ Рохбари давлат, Чдноби Олй мухтарам Эмомалй Рахмон аз чумла, чунин кайд карданд: «Бобочон Гафуров дар мархалаи нави рушди илму фарханги точик риштаи точикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эчоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари хал;и

точик» мебошад. Ин асар бори аввал соли 1947 дар шахри Душанбе ба забони точикй нашр гардид. Арзиши баланди илмии китоби мазкур хамчун дастоварди илми таърихшиносии точик дар он ифода меёбад, ки се маротиба - солхои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русй дар Москва ба нашр расидааст.

Х,адафи асосии Бобочон Гафуров аз нашри ин китоб ва асархои минбаъда ба чахониён собит намудани ин хацицати илмй буд, ки точикон яке аз цадимтарин миллатхои дунё махсуб ёфта, дар раванди рушди тамаддуни башарй нацши басо арзишманди таърихй бозидаанд. Лозим ба тазаккур аст, ки махз баъди нашри ин шохасар Бобочон Гафуров аз тарафи мутахассисони соха хамчун асосгузори илми таърихи точикон эътироф гардиданд.

Баъди чопи асари зикршуда, устод Бобочон Гафуров тахцицоти бунёдиро доир ба таърихи миллати точик идома дода, соли 1972 дар Москва асари безаволи худ «Точикон. Таърихи цадимтарин, цадим ва асрхои миёна»-ро, ки воцеан шиносно-маи миллати точик мебошад, ба чоп расониданд. Ин шохасари мондагор, ки сама-раи захмати сисолаи олим аст, аз чумлаи тахцицоти бунёдй ва фарогирандаи таърихи халци точик ва дигар халцхои Осиёи Марказй ба шумор меравад.

«Точикон» асарест, ки таърихи миллати точикро аз замонхои цадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносй, осори фаровони хаттии таърихиву адабй ва тахцицоти олимони маъруфи Шарцу Гарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асар чараёни ташаккулёбии миллати точик, рушди фарханги миллй ва хамзамон лахзахои фочиабори хаёти мардуми мо ва цахрамонихои таърихии фарзандони чоннисори он возеху равшан ва бо истифода аз сарчашмахои муътамади таърихй баён гардидаанд.

Ахаммияти ин асар имруз, яъне дар шароити вусъати рузафзун пайдо кардани пахлухои манфии раванди чахонишавй барои худшиносиву худогохии миллии мардум, хусусан, наврасону чавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онхо торафт меафзояд. «Точикон» холо китоби руйимизии хар як фарди сохибмаърифат ва бо-нангу номуси миллати точик мебошад» иброз доштанд, Президенти мамлакат» [1].

Интихои соли равон, аницаш 5 декабр ба зодрузи алломаи Машрицзамин, оли-ми маъруфи сатхи чахонй, ходими намоёни сиёсиву давлатй, муаррихи шинохта ва муаллифи асари безаволи «Точикон», академик Бобочон Гафуров расо 115 сол пур шуд. Мацоми ин шахсияти барчастаи миллати точик дар тахцици сарнавишти таърихии халци точик ва густаришу таблиги андешаи миллй хело хам бориз аст.

Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон хангоми сухан-ронии худ ва зимни мулоцот бо намояндагони чавонон рузи 23 майи соли 1997 аз чумла, чунин гуфта буданд: «Бояд донем, ки устодон Садриддин Айнй ва Бобочон Гафуров барин фарзандони сарсупурдаи миллатамон барои зинда кардани таъриху фарханги халци точик ба чй азобхо, тухматхо ва мушкилоти дигар ру ба ру нашуда

буданд. Вале онхо аз хеч чиз нахаросиданд, зеро нангу номуси ватандориашон аз манфиатхои шахсй ва махаллй хело болотар буд».

Хангоми пардабардорй аз руйи нимпайкараи Бобочон Гафуров дар шахри бо-стонии Хучанд, мохи сентябри соли 1996 Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон омилхои бузургии шахсияти Бобочон Гафуровро ба тари;и зайл иброз намуда буданд: «Дар макомоти олии давлатии Точикистон ва Иттиходи Шу-равй солхои тулонй кор кардааст. Бист сол раиси калонтарин Маркази илмии шаркшиносии Иттиходи Шуравй дар Маскав буд. У обруйи чахонй дошт, вале аз тамоми чоизахо, нишонхо ва ифтихороти дигари илмй барояш мукофоти бузургта-рин ин сарбаландии кишвару Ватан ва точику точикистониён буд.

Бобочон Гафуров пас аз Садриддин Айнй ягона шахсе буд, ки кувваи эчодии даххо шахсиятхои сиёсй ва фархангиро сарвару рахнамо шуда, барои бакои давла-ти мо, забону фарханги бостонии мо ва хамзамон шухрати чахонй пайдо кардани ин илму фарханг хидматхои бебахо кардааст.

...Бигзор фаъолият ва васиятхои ватандустонаи устод Бобочон Гафуров барои пайванди шикастанашавандаи миллати точик ва сокинони Точикистон хамчун рахнамои мо бошад» [2].

Хамин тарик, номи ин абармарди миллат дар сахифахои дурахшони таърихи зиндагй бо харфхои заррин накшбандй шудааст.

Соли 1953 гуруби Иосиф Виссарионович Сталин ва тулуи Никита Сергеевич Хрушёв буд. Бобочон Гафуров эхсос мекунад, ки кадрхои сталиниро кафш дар пе-ши пой аст. Харчанд Гафуров кайхо чомадони худро баста буд, вале хануз боло нисбати у хомушй ихтиёр мекард.

«Вакте ки академик Бобочон Гафуровро директори Институти ховаршиносии АИ СССР таъин карданд,- мегуяд,- Охун Исмоилов, аз ман хохиш намуд, ки китоб-хонаашро ба се кисм чудо кунам. Руйи яке «Фирдавсй», дигаре «Комитети Мар-казй», сеюмй «Москва» нависам. Чашмам ба дусияе афтод, ки руяш «Точикон» сабт ёфта буд». Зеро Бобочон Гафуров мехост таърихи вокеии мардуми точикро нависад. Аммо масъулияти рохбари чумхурй будан имкон намедод. Анчумани ХХ Хизби Коммунисти Иттифоки Советй ин имкониятро фарохам овард.

Дар Анчумани ХХ Хизби Коммунисти Иттифоки Советй Раиси Совети Вази-рони СССР Микоян дар маърузааш Институти ховаршиносии СССР-ро мавриди танкиди сахт карор медихад. У таъкид мекунад, ки Шарки бедоргашта институтро хуфта дарёфт. Масъалаи бастан ё тагйири куллии самти фаъолияти институт дар миён буд. Хама зери таъсири ин гуфтор буданд, ки Гафуров ба музокира баромад. У олимона вазъи институтро тахлил ва роххои пешбурди онро пешниход намуд.

Баъдтар сармухаррири мачаллаи «Огонёк» Сафронов дар бораи Бобочон Гафу-ров менависад: «Домони фарохи дониш, воридият дар масъалахои адабиёт, чуръат имкон медоданд, ки Бобочон Гафуров ба масъалахои мухталиф даст занад. Барома-

ди у дар съезди ХХ мухаццици шарцшинос ва адабиётшиносро мемонд, ки як чунбише дар толор ба амал овард». Шояд хамон соат дар сари Н.С. Хрушёв фикри сарвари ин институт таъйин кардани доктори илми таърих Бобочон Гафуров ба миён омада буд ва он ба хадафи Бобочон Гафуров дар навиштани таърихи мукам-мали халци точик мувофицат мекард [3].

Соли 1956 у директори институт таъйин шуд. Институт дар системаи Акаде-мияи илмхо мавцеъ надошт. Х,амагй 110 нафар корманд ва 8 шуъба дошт, ки масруфи тахцицоти сирф академикй буданд. Вазъият тарзе буд, ки дар съезди ХХ партия баён ёфт: Доираи назар, цобилияти ташкилотчигй ба Бобочон Гафуров им-кон дод самти тахцицот, сохтори институтро тагйир дихад, робитаро бо муас-сисахои илмй ва донишкадахои мамлакатхои хоричй барцарор созад.

Мухимтар аз хама, у мубориз буд. Х,арчанд муносибати у бо президенти АИ СССР Келдиш мураккаб буд, масъалахои чиддиро наздаш мегузошт ва хамзамон ба халлаш шарафёб мешуд.

Академик Евгений Примаков, ки солхои зиёд муовини Бобочон Гафуров буд, зимни сухбат бо рузноманигор Шарифи Х,амдампур чунин гуфтааст: «Бобочон Гафуров тавонист на танхо цувваи марказ, балки цувваи чумхурихои иттифоциро низ истифода барад. Тахцицоти у дар се самт сурат мегиранд: омухтани таърих ва вазъи чунбишхои миллй - озодихохии халцхои Шарц, назария ва амалияи сиёсати миллй, масоили таъриху фарханги халцхои Шарц дар замони бостон ва асри миёна.

Дар нахустин Конгресси ховаршиносии чумхурихои иттифоцй дастахои хуна-рии этнографй фиристоданд, ки барномахои конгрессро рангин намуд. Конгресси мазкур дар таърихи илми ховаршиносй абадан боцй монд». Дар ин конгресс Х,офи-зи халции Точикистон Х,икмат Ризо низ даъват шуда буд.

Бобочон Гафуров цобилияти бехамтои ташкилотчигй зохир намуд. Вусъати назар, цобилияти баланди корй, идроки сиёсй, фахми махсусияти инкишофи илм чихатхои фарцкунандаи устод Бобочон Гафуров буданд. Тахти рохбарии хирад-мандонаи Бобочон Гафуров Институти халцхои Осиё ба бузургтарин маркази илми ховаршиносй дар Иттифоци Советй ва арсаи байналхалцй табдил ёфт.

Соли 1973 дар Париж, дар Университети Сорбон Конгресси XXIX байнал-халции ховаршиносон доир гашт. Дар он тахти сарварии академики маъруф Бо-бочон Гафуров беш аз 40 нафар олимон аз Иттифоци Советй иштирок доштанд. «Дар толорхои институт садохо ба гуш мерасиданд, ки вакилони Франсия бо хам-касбони гарбии худ мехоханд шарцшиносиро хамчун илми мустацил бархам диханд ва вазифахои онро ба илмхои мустацили дигар: таърих, ицтисод, адабиёт ва гайра диханд.

Албатта, мухолифони ин назар низ буданд. Вакилони СССР низ зид буданд. Дар яке аз чаласахои хотимавии Конгресс дар Университети Сорбон баргузор гар-

дида, ки дар он беш аз 500 нафар вакилон иштирок доштанд, бахси шадиде атрофи ин мавзуъ сурат гирифт» [4].

Бобочон Гафуров дар байни олимон ва ходимони чамъиятии бисёр мамла-катхои Шарк, хусусан, Хиндустон, Покистон, Эрон, Афгонистон, мамолики араб сохиби обрую эътибори калон буданд. Ходимони машхури илм ва адабиёт бо олим муносибати дустона ва доимй зохир мекарданд. Месазад, ки номхои шоири машхури Покистон Файз Ахмади Файз, олими номй ва ходими намоёни чамъиятии Хиндустон Нурулхасан, файласуфи машхури Хинд Шаши Бушан, муаррихи фарангй Гиршман, муаррих ва ховаршиноси амрикой Ричард Фрайро ба забон орем. Зеро хар яки онхо нисбат ба академик Бобочон Гафуров эхтироми бузург доштанд ва устодро хамчун олими барчаста мешинохтанд. Профессори машхури Донишгохи Хорварди Амрико, чаноби Ричард Фрай дар симои устод Бобочон Гафуров шахси-яти бузургро кашф кардааст. Вай ба саволи мухбири рузномаи «Точикистони Советй» (х,оло «Чумхурият») Максуди Хусейн «Ба Шумо кадом хислатхои Бобочон Гафуров писанд буданд? Чунин посух додааст:

-Забони модариашро ба таври аъло дониста, миллаташро дуст медошт. Бо «Точикон» точиконро шухратмандтар гардонид. Марде буд зариф, шух, инсони хоксор. Борхо мегуфт, ки хар як миллати кучак бо забону фархангаш бузург шуда метавонад ва халке, ки лафзи модариашро фаромуш мекунад, ба мисли мурда аст. Гафуров хамеша хохони пешрафти миллати хеш буд» [5].

Бояд кайд кард, ки аллома Бобочон Гафуров бо таълифи китоби «Точикон» хайкали бузург ва таърихи миллати точикро бунёд ниход, ки имрузу фардо мояи ифтихори тамоми хамватанону хаммиллатони мо хохад гардид. Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон дар ин хусус басо хам воло гуфтаанд: «Вокеан яке аз дастовардхои пурарзиши Бобочон Гафуров, ки уро абадан дар радифи алло-махои бузурги миллат чой дод, шохасари безаволи у «Точикон» мебошад, ки соли 1972 дар шахри Москва ба табъ расид» [6].

Бобочон Гафуров дар давоми зиндагии пурбаракати хеш осори фархангиву таърихии зиёдеро ба ёдгор гузошт. Теъдоди онхо наздик ба 400 адад мебошад. Дар миёни ин осори гаронмоя шохасархои безаволеро аз кабили «Таърихи мухтасари халки точик», «Точикон», «Давраи кушониён ва тамаддуни чахонй», «Ал-Форобй дар таърихи тамаддун», «Искандари Макдунй ва Шарк» ва даххо китобхои дигарро бо камоли ифтихор метавон ном бурд.

Олими бузург барои таълифи асари «Точикон» зиёда аз 30-соли умри худро сарф кардааст. Дар он таърихи пайдоиш, рушду такомул ва талошу пайкорхои алайхи тудаи истисмор ва тачовузкор бурдаи халки точикро дар рафокату мутта-фикй ва равобити кавии он ба халкхои Осиёи Марказй: узбекхо, туркманхо, киргизхо ва казокхо равшану амик нишон додааст. Дар баробари ин, тараккиёти таърихи халки точик, куввахои маънавию моддие, ки асрхои аср миёни халк та-

шаккул ёфтаанд, аз чихати илмй хамачониба ва бар асоси далелу санадхои асосно-ки таърихй тахлил карда шудаанд.

Тахцици сарнавишти таърихии халци точик, ки дар заминаи таълифи китоби «Точикон» ба анчом расидааст, чихати маърифати таърихи на танхо мардуми точик, балки халцхои хамсояхои минтацаи Осиёи Марказй ва гурухи муайяни ахолии Машрицзамин низ мусоидат хохад намуд. Албатта, аз ин нуцтаи назар низ ки-тоби мазкур дорои ахаммияти барчастаи илмй - тахцицотй ва бунёдй мебошад.

Баъд аз вафоти Бобочон Гафуров якчанд асару мацолахои нотамоми ин дониш-манди сохибном аз чоп баромаданд. Дар байни онхо китоби бо хаммуаллифии муа-ррихи юнонй Д.И. Сибукидис навиштаи Бобочон Гафуров «Искандари Макдунй ва Шарц» чойи намоёнро ишгол мекунад, ки онро соли 1980 нашриёти «Наука»-и Маскав чоп кард. Боиси ифтихор аст, ки ин китоб хамон сол дар як вацт бо забони юнонй низ дар Афина чоп гардид, ки аз арзиш ва ахаммияти корномахои илмии академик Бобочон Гафуров дарак медихад [7].

Сарвари давлат мухтарам Эмомалй Рахмон зимни арчгузории хидматхои бена-зири алломаи миллат, хусусан таълифи китоби нодири «Точикон»-ро аз чониби академик Бобочон Гафуровро бо хидматхои хаким Абулцосими Фирдавсй баробар кардаву аз он чумла чунин нигоштаанд: «Агар Абулцосим Фирдавсй гузаштахои пурифтихори ватанашро дар «Шохнома»-и безаволи худ пеши назари наслхои нав ба нави инсонхо ба чилва оварда бошад, айнан хамин корро устод Бобочон Гафуров дар китоби безаволи худ «Точикон» бо далелу санадхои илмй анчом додааст» [8].

Лозим ба зикр аст, ки бинобар ин Пешвои муаззами миллат махз дар рузи бар-гузории чашни 115-солагии аллома Бобочон Гафуров ба Хукумати Чумхурии Точикистон дастур фармуданд, ки ба хотири огохии харчи бештари мардум аз таъриху фарханг ва тамаддуни ачдодони хеш «Шохнома»-и безаволи Абулцосими Фирдавсй низ чоп ва ба тамоми хонадони мардуми кишварамон хамчун асари «Точикон»-и Бобочон Гафуров ройгон тацдим карда шавад.

Ин таъкид ва арч гузоштани Рохбари давлат аз он шаходат медихад, ки хидмат ва корномахои академик Бобочон Гафуров дар айёми худ ба манзалати пайкорхои шахсиятхои барчастаи таърихи кухани мо баробар дониста шавад. Зеро ин бахои баланди таърихй ба мацоми академик Бобочон Гафуров пеш аз хама дар иртибот ба китоби бебах,ои «Точикон» дода шудааст, ки ба ифодаи шоири шахири точик Бо-зор Собир ифода намоем:

Токдони хонаи мо чойи дастурхони мо, Токдони чашми мо чойи китоби «Точикон».

Хулласи калом, бо дарки хацицати ин арчи маънавии китоби руйимизии хар кадоми мо «Точикон» метавонем ба ин назар бирасем, ки воцеан хидмати бузурги

аллома Бобочон Faфyров дар мyaррифии миллати баруманди точик дар сатхи чахонй ба тимсоли А6улкосими Фирдавсй басо хам бенaзирy хамзамон мондагор аст.

Яке аз омилхои дигари муассири китоби номбурда дар он аст, ки дар самти чахоншиносии мардуми точик ва хамзамон xyдшиносивy xyдогохии миллй, бар-расии мухити адабии хар давр ва чойгохи шеъру адабиёти точик дар густариши вазъи сиёсиву таквияти аркони давлатдорй махсуб мегардад, ки ин амр ба xид-матхои академики маъруф, аллома Бобочон Faфyров дар шиносонидани кудратхои зехнй ва аклонии мардуми точик ба чахониён ишороти равшан мекунад [9].

Бобочон Faфyров аз зумраи он олимони тaъриxшинос мебошанд, ки анъанахои устоди бузурги xеш Садриддин Айнй ва точикшиносони асил В.В. Бартолд, М.С. Андреев, A.A. Семёновро давом дода, дар омyxтaни тaъриxи xaлки точик хиссаи нихоят калон гузоштанд ва асархои устод тахкикоти бехтарин оид ба таьржи Точикистон, инчунин дар омузиши xaлкхои Осиёи Миёна ва тaъриxи Машрикзамин мебошанд [10,75].

Б. Faфyров он шaxсонеро, ки мероси ниёгони моро кадр мекарданду ба хифзи он хисса мегузоштанд, эхтиром мекард. Дар чилди якуми «Точикон» муаллиф бо як хисси ифтиxор номи собик xодими баруманди хизбй Aбдyхaмид Пулодиро зикр кардааст. 18-уми октябри соли 1933 дар рузномаи «Барои маданияти сотсиалистй» аз номи мухаккикони онвактаи рус маколаи «Барои кашф ва aзxyд кардани ме-росхои тaьриxй» чоп шуд, ки дар он аз чумла навишта шуда буд: «Ташаббуси шax-сии Пулодй дар райони Захматобод барои дигарон мисол шуда метавонад. Ба воси-таи шавк ва чиддияти рафик Пулодй дaстxaти тaьриxии асри VI-VII, ки ба забони сyFдй навишта шуда буд, хифз карда шуд. Ин як хуччати бисёр камёбу нодир аст, ки ахаммияти умумичахониро дорад.

Aхли дехаи Хайробод (имруза худуди нохияи Aйнй) аз даврахои кадим чойеро медонистаанд, ки онро «^альаи MyF» мегуфтанд. Инак, аз хамин мавзеь бахори соли 1932 Чуралй ном подабоне як сабад ва дар доxили он як коFaзи абрешимй ёфт, ки ба кадом як харфи ачоиби Faлaтй ким-чихо навишта шуда буд.

Ин xaбaр ба гуши котиби Комитети партиявии райони Захматобод Aбдyлхaмид Пулодй расид, ки ба тaьриxy маданияти кадим майлу рaFбaти зиёде дошт. Вай ба як дидан пай бурд, ки варак вараки одй не ва онро фавран ба шахри Сталинобод фи-ристод.

Хатро аз он чо ба шахри Ленинград ба эроншиноси советй A.A. Фрейман фи-ристоданд. Вай мукаррар кард, ки xaт ба забони сyFдй ва бо хуруфоти сyFдй навишта шудааст. Бозёфти подабон кашфиёти бузурги илмй гардид. Осори катибаи сyFдиён xеле пеш хам маьлум буд, аммо аз xyди сарзамини СyFд акнун ёфт шуд. Оре, xa™ сyFдй аз xyди СyFд баромад - аз ин xaбaр дили кадом олим ба таппиш намеомад?

А. Пулодй, - менависад Б. Faфyров,- дар чунин шароит тобистони соли 1933 ба кофтуков cap кард. Албатта, - гуфтан даркор, ки вай археолог набуд ва эхтимол, дар ин кор сахву Faлaт хам карда бошад, вале харчи хам набошад бо Faйрaтy чидду чахди вай коил шудан даркор».

Дар давоми ин чустучухо хуми калон, сабадча, порахои чарми сурх, хар гуна тангахо, навиштачоти сyFдивy арабиву хитоиву туркй ва дигар бокимондахои та-маддуни антика дарёфт шуданд, ки аз тарафи ахли илми советиву хоричй бахои баланд гирифтанд ва дар чодаи тахкики таърихи миллатамон накши калоне бози-данд. Донишмандони шинохтаи Иттиходи Шуравй Б. Faфyров, И.Ю. Крачковский, А.А. Фрейман, В.А. Лившитс, М.Н. Боголюбов, О.И. Смирнова ва дигарон аз ин хуччатхо фаровон истифода бурда, дар чараёни тахкики масъалахои таърихи та-маддуни Ховарзамин аз онхо санад оварда, номи Абдулхамид Пулодиро хам бо як чахон эхтиром ва сипосгузорй ба забон гирифтаанд.

Академик Бобочон Faфyров дар китоби худ «Точикон» ба бозёфтхои «^алъаи MyF» такя карда, ба хулосае меояд, ки бофандагй дар сарзамини СyFд ба дарачаи баланд расида буд. Аз даруни сабадча ёфт шудани чигити пахта далели он аст, ки пахта хануз дар асрхои якуми пеш аз мелод, яъне 2 хазор сол пештар ба кишвари мо гузашта, дар худи хамон замонхо кишти он ба хадди охирини худ - шимолтарин мавзеъхои ин сарзамин расида будааст. Бинобар он бозёфти сyFдй таърихи кухани моро боз хам нуран алонур кард. Ин хизмати кишваршиноси номй зиндаёд А. Пулодй дар таърихи халки мо хамеша кадр карда мешавад. Ин марди бофарханг ба пирии худ нигох накарда, соли 1986 хамрохи адабиётшинос Асрор Рахмонов (холо шодравон) мунтахаботи ашъори шоири анчуманоро ва ширинадои точик Накибхон ТyFрaли Ахрориро тахти унвони «Гиёхи мехр» ба табъ расонд, ки онро нашриёти «Ирфон» аз чоп баровард.

Пеш аз хама бозёфти сyFдй дар бораи хусусияти маданияти моддии сyFдиён бори аввал маълумоти муфассал дод ва кашфиёти хуччатхои хаттй, ки бозёфти беамсоли даврон хисоб мешуд, дарак медод, ки баъди кушодани рамзи он рочеъ ба таърих ва маданияти маънавй материалхои гаронбахо ба даст хохад омад.

Хануз мохи феврали соли 1934 дар шахри Ленинград, (холо Санкт-Петербург) дар рафти баргузории мачлиси Академияи илмхо, ки (ба экспедитсияи «^алъаи MyF» бахшида шуда буд натичаи он, аз чумла, аввалин кушиши кушодани рамзи дастнависхои сyFдй ва хондани хуччатхои арабй арз карда шуд. Олими бузург И.Ю. Крачковсий хеле дуруст гуфтааст: «Ин тантана буд, тантанаи экспедитсия буд, ки илмро бо маълумоти бесобика Faнй кард, назари хама дониши моро ба зи-наи баландтаре баровард» [11, 62-64].

Хамаи ин таваччухи олимонро ба хавзаи болооби Зарафшон чалб намуд. Он вактхо дар Точикистон муассисахои бостоншиносй вучуд надоштанд. Вале, тахкики илмии Панчакент ва болооби водии Зарафшон факат баъди 10 сол, яъне

баъди анчоми Чднги Бузурги Ватанй бо ташаббуси таърихнигори халк, котиби якуми КМ ПК (б) Точикистон Бобочон Гафуров огоз гардид.

Соли 1946 Хукумати Точикистон барои ташкили экспедитсияи археологии сугду точик маблаг чудо кард. Мохи июни соли 1946 хайати бостоншиносон тахти рохбарии аъзо - корреспонденти АФ СССР А.Ю. Якубовский ба шахри Сталинобод омаданд. Дар сухбат бо Бобочон Гафуров максади корхои ояндаро пурра муайян намуданд, ки аз чумла гузаронидани хафриёт дар баъзе мавзеъхои чумхурй буд.

Бахри ичрои ин максади начиб аввалин сарвари экспедитсияи калони илмии археологии точик А.Ю. Якубовский вазифаи се отряди археологиро муайян намуд. Аз руйи ин накша бояд отряди якум болооби Зарафшон - ёдгорихои таъриху маданияти нохияхои Кухистони Мастчох, Захматобод (Айнии хозира) ва шахри босто-нии Панчакентро меомухт, ки ба он А.Ю. Якубовский сардорй мекард, отряди дуюм ва сеюм бояд ёдгорихои водихои Хисору Вахшро меомухт. Ин кори пурма-шаккат, вале бошарафро А.Ю. Якубовский то вопасин дами худ (соли 1953) адо намуд. Баъди вай ба хафриёт М.М. Дяконов рохбар таъйин шуд (соли вафоташ соли 1954), аз соли 1954 рохбари хафриёт Александр Маркович Беленитский мебошад. Дар хамаи ин чустучухои бостоншиносон устод Бобочон Гафуров аз рафти он ха-бардор шуда меистод ва ёрии худро дарег намедошт, аз комёбихои экспедитсия хамеша хушнуд мешуд.

1 -уми октябри соли 1949 нашрияхои марказй ва чумхуриявй аз хусуси натичаи кори тобистонаи экспедитсияи археологии точику сугди Академияи илмхои СССР ва Эрмитажи давлатй чунин хабар чоп карда буданд: «Сардори экспедитсия А.Ю. Якубовский дар мусохиба ба мухбири ТАСС аз чумла чунин накл кард: -Имсол мо корхои кофтуковро, ки дар шахри кадими Панчакент cap шуда буд, давом додем. Ин шахрро хануз дар асри VIII арабхо хароб карда буданд. Дар ин шахр сугдихо -ачдодони точикони хозира зиндагй мекарданд. Порсол дар натичаи кофтукови ду ибодатхонаи асрхои VII-VIII навиштачоти зебое дар деворхои ин бино ёфта шу-данд... Санъати наккошии Панчакенти кадим услуби махсусе дошта, хеле ачиб аст. Вай аз чихати реалистй аз санъати наккошии асрхои миёна баландтар меистод.

Бобочон Гафуров ин хабарро аз рузнома хонда, он рузхо бо ифтихормандй гуфтаанд - «Ин бехтарин тухфа ба чашни 20 - солагии республикаи мост, ки имсол кайд мекунем».

Боре Бобочон Гафуров ба Панчакент меоянд ва дар як вакт хостаанд, ки бо рафти кори экспедитсияи археологии точику сугд шинос шаванд. Дар рафти сухбат бо рохбари экспедитсия А.Ю. Якубовский фахмиданд, ки дар тули 2-3 сол муваф-факиятхои калон ба даст оварда шудаанд ва ин бозёфтхо сахифахои таърихи ран-гини моро боз хам шукухтар мекунад. Бобочон Гафуров ба рохбари экспедитсия ру оварда, нисбати муваффакиятхои ба даст овардаи онхо арзи миннатдорй баён намуданд. Баъд бо бостоншиносони чавони точик Абдухамид Чдлилов ва Нуъмончон

Неъматов шинос шуда, аз онхо хохиш кардаанд, ки аз археологи номй А.Ю. Якубовский нозукихои ин касби пурифтихорро азхуд намоянд. Бобочон Гафуров дар охир ба рохбари экспедитсия бахри омода кардани кадрхои махаллй арзи миннат-дорй баён карданд.

А.Ю. Якубовский хам нагз медонист, ки Точикистон аз чихати ёдгорихои бо-стонй кишвари хеле бой аст ва барои васеъ ба рох мондани омузиши ин ёдгорихо барои чумхурй кадрхои махаллии бостоншиносон заруранд. Аз ин чост, ки махз дар тарбияи нахустбостоншиносони точик Нуъмон Неъматов ва Абдухамид Чали-лов хиссаи калон гузоштанд. Харду сипас рисолаи докториро яке дар мавзуи таърихи Сугду дигаре таърихи Истаравшан дифоъ карданд ва дар ин кори хайр маслихатчии асосии аллома Бобочон Гафуров буданд. Бесабаб нест, ки академики маъруф Нуъмон Неъматов яке аз рисолахои машхури худ «Давлати Сомониён»-ро махз ба хотираи академик Бобочон Гафуров бахшидааст.

Бобочон Гафуров дар давраи котиби якуми КМ ПК Точикистон будан аз ибти-дои фаъолияти худ хис карданд, ки чумхурй мухточи корхои зиёди сохаи илму фарханг аст. Бинобар он тавассути мавсуф гурухи олимон аз шахрхои Москва, Тошканд, Ленинград ва дигар чойхо даъват карда шуданд. Бо хидояти номбурда чунин олимони номй ба монанди М.С. Андреев, А.А. Семёнов, Б.А. Литвинский, 3. Ш. Рачабов, С.А. Рачабов, С. Умаров, Е.А. Давидович ва дигар олимону ходимони фарханг ба чумхурии мо омада, дар пешрафти хаёти фархангй хиссаи калони худро гузоштанд.

Академики Академияи илмхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точики-стон, доктори илмхои таърих, профессор Литвинский Борис Анатолевич хам бо хидояти аллома Бобочон Гафуров хаёти илмии худро бо чумхурии мо сахт пайваст. Дар ин хусус худи олими шинохта Б.А. Литвинский аз он чумла чунин ёдоварй ме-кунад:

- Солхои чилум, замоне, ки Бобочон Гафуров, котиби КМ ПК Точикистон буд, ман дар Тошканд аспирант будам. Дар хусуси у устодонамон А.А. Семёнов ва профессор М.Е. Массон бо самимият гап мезаданд. Хамон солхо китоби «Таърихи мухтасари халци точик» аз чоп баромад. Муаллифи он бо таърихшиносони зиёд, аз чумла бо А.А. Семёнов мукотиба дошт.

Дар шахри Душанбе соли 1951 бо ташаббуси Бобочон Гафуров Академияи илмхои Чумхурии Точикистон таъсис ёфт. А.А. Семёнов барои рохбарй ба Инсти-тути таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии АИ РСС Точикистон даъват гардид. Хангоми сухбат у ба ман нацл кард, ки дар Душанбе барои ахли цалам шароити му-соид мавчуд аст.

Чанде аз рафтани А.А. Семёнов нагузашта, Б. Гафуров тавассути телефон бо ман гап гад ва арз кард, ки цаблан мехохад бо ман хамсухбат шавад. Сухбати авва-линам бо Б. Гафуров чандон тул накашид. Вале донистам, ки у на танхо таърих, балки археологияро низ амиц мефахмад. Уро марди фидоии илм, худсузу худафруз, худгузару худшинос дарёфтам. Ман тирамохи соли 1952 бо хамсарам Елена Абрамовна (Е. А. Давидович холо доктори илмхои таърих) ба Душанбе куч бастем.

Муддати аввал чойи зист надоштем, чанде дар хонаи истирохатии Бобочон Гафу-ров зиндагй кардем.

Рузи дуюми ба Душанбе омадан ба ман хабар доданд, ки Бобочон Гафуров ме-хохад ёдгорихои таърихиро худаш ба мо нишон дихад. Устод Бобочон Гафуров, А.А. Семёнов, Елена Абрамовна ва ман нахуст Шодмонкалъаро дидем. Б. Гафуров сахт мелангид, зохиран пояш бо шиддат дард мекард. То чашмаи домани калъа омаду дигар тавони кадам задан накард. Ба мо дар кадом бахши калъа чй буданаш-ро муфассал шарх дод. Вакте ки ба калъа боло шудем, донистам, ки Бобочон Гафуров на як бору ду бор инчо омадааст. Аз он солхо ва баъд Точикистон хонаи дуюми ман шуд. Б. Гафуров бошад, соябони сари мо олимон гаштанд [11, 62 - 67].

Яке аз шахсиятхои бузург, донишманди нотакрор, сиёсатмадори барчаста, муа-ррихи варзида, ховаршиноси бузурги Машрикзамин, фарзанди фарзонаи миллати точик, академик Бобочон Гафуров мебошад. Ин абармарди миллат аз зумраи он ашхоси донишманди илму фарханги точикон аст, ки бо хизматхои волою шоёни худ накши некашро дар таърихи на танхо халки бузурги точик, балки дигар халки-ятхо низ гузоштааст.

Бехуда нест, ки ховаршиноси бузурги амрикой Ричард Фрай дар хакки у чунин суханони саршор аз мехру ихлосро иброз доштааст: «Одамон меоянду мераванд ва баъзехоро пас аз як сол фаромуш мекунанд, аммо одамеро ба мисли академик Бобочон Гафуров хеч аз хотир намебароранд. У умре ба халк хизмат карда, хамеша дар гами мардум зиндагиву эчод намуд».

Академик Бобочон Гафуров ба душворихои зиёд нигох накарда, ба омузиши хамачонибаи таърихи халки худ чиддан камари химмат мебандад. Бояд гуфт, ки донишманди точик Бобочон Гафуров яке аз аввалин шахсиятхое мебошад, ки барои муаррифии миллати точик умри пурбаракати худро сарф карда, ба омухтани таърихи халки мутамаддини точик шуруъ намуд. Чдсорату мардонагй ва ватанпа-растй ба у имконият медихад, ки дар ин чодаи пешгирифтааш муваффак шавад ва бузургии халки точикро дар назди чумхурихои гуногунмиллати собик Иттиходи Шуравй нишон дихад.

Солхои Чднги Бузурги Ватанй бо хамрохии олими намоёни рус Н.Н. Проноров китоби машхури худро тахти унвони «Халки точик дар мубориза барои озодй ва истиклолияти Ватан» ба хотири рухбаланд гардидани иштирокчиёни чанг бар мукобили фашистон менависад. Соли 1947 асари дигари худ: «Таърихи мухтасари халки точик»-ро навишта, пешкаши дустдорону хаводорони таърихи халки точик менамояд ва ин китоб обруву эътибори уро дар байни олимону донишмандони на танхо Точикистон, балки чахон низ афзун мегардонад.

Бобочон Гафуров соли 1956 директори Пажухишгохи ховаршиносии Акаде-мияи илмхои И^ШС таъин мегардад ва дар муддати кутох онро ба маркази бузург-тарини ховаршиносй табдил медихад.

Чунончй ховаршиноси олмонй Манфред Лоренс бо самимият дар хусуси ин чехраи тобони миллат мегуяд: «Ман дар табиат кахраборо дидаам, ки кахро ба худ мекашад, оханраборо дидаам, ки оханро ба худ мекашад, вале то хол одамраборо надида будам, ки ба атрофи худ одамро чалб кунад.

Хушнудам, ба ман мушарраф гардидааст, ки дар шахси Бобочон Гафуров ода-мраборо дидаам, ки тамоми ховаршиносони чахонро, цатъи назар аз руйи чахонби-ниашон дар атрофи худ муттахид кардааст».

Академики маъруфи точик Бобочон Гафуров асари мукаммали худро доир ба таърихи халци точик бо номи «Точикон» соли 1972 дар шахри Москва бо забони русй нашр намуд ва ба ин васила барои миллати худ цахрамонии бемисл анчом дод.

Бехуда нест, ки нависандаи маъруфи циргиз Чингиз Айматов чунин суханони ибратангезро дар хацци олим баён доштааст: «Бобочон Гафуров бузургтарин чехра дар олами илм буда, бо чустучуйи доманадор, бо гурури баланди худшиносй ва та-лошу орзухо тавонист миллати сохибфархангу сохибтамаддуни хеш - точиконро дар сахфахои таърихи чахониён муаррифй созад.

Дар солхои фаъолияти у навиштани китоби «Точикон», бешак цахрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба хама мухацциц таълифи чунин шохасар насиб мегар-дад». Дарвоцеъ, эчоди чунин асар, ки бештар ба як халц бахшида шудааст, дар за-мони Иттиходи Шуравй часорату далерй ва мардонагиро талаб менамояд».

Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон басо хам бамаврид таъ-кид кардаанд: «Бобочон Гафуров ицдоми ватандустонаи Садриддин Айниро идома дода, баробари фаъолияти хирадмандонаи давлатдорй таърихи цадимаи миллаташ-ро ба шакли як асари чомеъ аз замонхои цадимтарин то рузхои мо навишта, пойде-вори истицлолият ва худшиносии точиконро човидона сохт».

Дар хацицат, олими забардасти точик барои таълифи ин асар, ки саргузашти точиконро аз умци таърих то Инцилоби Октябри соли 1917 дар бар мегирад, цариб 2000 сарчашмаи илмиро мавриди тахцицу баррасй царор додааст.

Академики шинохтаи рус Б. Литвинский дар ситоиши бузургии ин асар мена-висад, ки «китоби «Точикон» дар миёни бахри азими консепсия ва назариёти гуно-гун хамчун чазираи зебои илм ва таърихнигории хацицй арзи хастй намуд. Бинобар ин, метавон уро бешубха, сипахсолори арсаи илм номид» [12,3].

Таърихи илму адаб шаходат медихад, ки шахсони сохибистеъдод метавонанд дар як вацт дар бахшхои гуногуни илм ба тахциц пардозанд. Б. Гафуров аз зумраи он шахсони заковатманде буд, ки дар баробари таърихшиноси барчаста, инчунин донандаи бехамтои адабиёти классикй ва муосири халци хеш буд. У бо як мухабба-ти оташин ба «Шохнома»-и безаволи Абулцосим Фирдавсй ру меовард. Мехри уро ба ин асар аз хурдй модари шеърдусту адабиётдусташ Розия Озод бедор намудааст.

Барои Бобочон Гафуров минбаъд ин асар аз он чихат азиз ва муътабар буд, ки он дар рухи баланди ватандустй навишта шудааст. Бинобар он у мехост, ки ин ки-тоби безаволи Абулцосим Фирдавсй дастраси хонандагони сершумори халцаш гар-дад. Нисбати хазорсолагии зодрузи шоири тавонои мо Абулцосим Фирдавсй бо ташаббуси шарцшиноси чавон Александр Николаевич Болдирев мачмуаи «Шохно-ма» (достонхои мунтахаб) тартиб дода шуд. Ин китоб соли 1936 ба нашр омода буд, аммо бо сабабхои номаълум чопи он таъхир меёфт. Хурсандиовар аст, ки бо царори Бюрои КМ ХК (б) Точикистон бригадаи махсусе бо сардории Бобочон Гафуров мохи октябри соли 1938 ба шахри Ленинград, ки китобхои точикй он чо чоп мегашт, фиристода шуд. Сипас «Шохнома»-и Абулцосим Фирдавсй охири соли

1938 тахти назари Е.Э. Бертелс бо хуруфоти лотинй баромад, ки дар он сахми Бобочон Гафуров бенихоят калон буд [10,134].

Бемухобот метавон кайд намуд, ки хидматхои мондагори аллома Бобочон Гафуров дар назди халки точик басо бузург аст. Аз ин ру, ин хидматхои олими маъруф аз чониби рохбарияти олии мамлакат ба таври пайваста кадр карда меша-вад. Зеро шахсияти Бобочон Гафуров яке аз он шахсутунхоест, ки бинои маънави-ёт, бинои хастии фарханги миллатро барои Точикистони навин нигах дошт.

Аз нигохи Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалй Рахмон алломаи замон Бобочон Гафуров аз шахсиятхои миллатсоз буда, дар рахоии миллат аз вартаи нестй накши басо хам боризу мондагори худро гузоштааст. Бобочон Гафуров бо олимону адибон хамеша дар иртиботи доимй карор доштанд ва хамзамон инки-шофи илми Точикистонро пайваста дастгирй, назорат ва рахнамой мекарданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз хизматхои мондагору шоистаи тахсини академики маъруф, инсони дарёдил ва алломаи замон, устод Бобочон Гафуров ин пеш аз хама таълифи асархои безаволи «Таърихи мухтасари халки точик» ва инчунин «Точикон» алайхи онхое, ки хастии миллати точикро инкор мекарданд, мебошад.

Хулласи калом, ба ифодаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалй Рахмон дар асари бунёдии худ «Чехрахои мондагор»: «Нашри ин асар дар хамон давра аз часорату матонат ва ватанпарварии Бобочон Гафуров шаходат медод. Асари мазкур шуълае буд, ки ба сахифахои торику фаромушгаштаи таърихи миллати точик рав-шанй андохт».

АДАБИЁТ

1.Аз суханронии Эмомалй Рахмон бахшида ба муносибати 115-солагии зодрузи Бобочон Гафуров. Манбаъ: http://www.president.tj/node/32063. Сомонаи расмии Президенти Чумхурии Точикистон.

2.Рахмонов Эмомалй. Точикистон: дах соли истиклолият, вахдати миллй ва бунёдкорй. -Душанбе: Ир-фон, 2001. -4,2. - С. 52-53.

3.Шариф Хамдампур. Сухбати Сталин бо Гафуров [Матн]: (Москва, Кремл, 23 январи соли 1948, соати 23: 35) / Хамдампур Ш.//Точикистон. - 2018. - 14 ноябр.

4.Хамдампур Ш. Гафуров ба Сталин руй меорад [Матн]/Х,амдампур Ш.//Точикистон. - 2018. - 7 ноябр.

5.Фрай Р. Эхтироми таърих - эхтироми ниёгон //Точикистони Советй. -1990. -1 январ.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

6.Эмомалй Рахмон. Чехрахои мондагор. - Душанбе: ЭР-граф, 2016. -С.337.

7.Усмончон Гаффоров, Аюбчон Усмонов. - Нобига (Дар бораи хаёт ва фаъолияти академик Бобочон Гафуров). - Хучанд: СИ Файзибоев М.М. «Меъроч», 2017. С-58-59. -140 с.

8.Эмомалй Рахмон. Чехрахои мондагор. - Душанбе: ЭР-граф, 2016. -С.337.

9.Гаффоров У., Усмонов А. - Нобига (Дар бораи хаёт ва фаъолияти академик Бобочон Гафуров). -Хучанд: «Меъроч», 2017. С-31. -140 с.

10.Усмончон Гаффоров. Алломаи замон. Хучанд, «Вароруд», 1998, -С.75. - 374 с.

11.У. Гаффоров. Равшангари таърих. Душанбе: «Ирфон», 1989, -С.62-67. - 208 с.

12.Бахтиёр Мунавваров, Мухаммад Саидзода. «4умхурият», № 108 (24719), 23 майи соли 2023, - сах.3.

13.Усмончон Гаффоров. Алломаи замон. Хучанд, «Вароруд», 1998, -С.134. - 374 с.

14.Нишони умр. Мухаррири масъул Ибод Файзуллоев. Душанбе: «Шарки озод». 1996. - 60 с.

БОБОЧ,ОН ГАФУРОВ - МУАРРИХ ВА ХОВАРШИНОСИ МАЪРУФ

Академик Бобочон Гафуров аз зумраи он олимони таърихшинос мебошанд, ки анъанахои устоди бузурги хеш Садриддин Айнй ва точикшиносони асил В.В. Бартолд, М.С. Андреев, А.А. Семёновро давом дода, дар самти омухтани

таърихи халци точик хиссаи нихоят калон гузоштаанд ва асархои мавсуф тахцицоти бехтарин оид ба таърихи Точикистон, инчунин дар омузиши халцхои Осиёи Миёна ва таърихи мардуми Машрицзамин мебошанд.

Бобочон Гафуров ба душворихои зиёд нигох накарда ба омузиши хамачонибаи таърихи халци худ чиддан камари химмат бастааст, ки ин амал-кард дар натича ба як цатор дастовардхои бузургу беназир ва ба манфиати мил-лати баруманди точик мубаддал гардиданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки донишманди мумтози халци точик, нобига ва фарзанди фарзонаи миллат, академики сатхи чахонй, устод Бобочон Гафуров яке аз аввалин шахсиятхое мебошанд, ки барои муаррифии миллати точик умри пурбаракати худро сарф карда, ба омухтани таърихи халци мутамаддини точик шуруъ намудаанд. Часорату мардонагй ва ватанпарастй ба мавсуф имконият фарохам оварданд, ки дар чодаи пешгирифтаи худ муваффац шавад ва бузургии халци точикро дар назди чумхурихои гуногунмиллати собиц Иттиходи Шуравй ба таври басо хам шоиставу боиста нишон дихад ва хамзамон исбот намояд, ки точикон аз табори бузургоне махсуб меёбанд, ки дорои таърихи иургановат ва сохибтамаддуни олам мебошанд.

Калидвожах,о: академик, Бобоцон Fафуров, муаррих, олим, аллома, ховар-шинос, нависанда, таърихнигор, тоцикон, Иттщоди Шуравй, халци тоцик, омузиши таърих, Осиёи Миёна, тащицот, миллат, давлат.

БОБОДЖОН ГАФУРОВ - ИСТОРИК И ИЗВЕСТНЫЙ ВОСТОКОВЕД

Академик Бободжон Гафуров заслуживает внимания в качестве выдающегося ученого-историка, продолжающего традиции своего знаменитого учителя Садриддина Айни, а также выдающихся историков, таких как В.В. Бартольд, М.С. Андреев и А.А. Семенов. В своей научной деятельности он внес значительный вклад в изучение истории таджикского народа, а его труды являются выдающимися исследованиями по истории Таджикистана, а также по народам Средней Азии и истории народов Ближнего Востока.

Несмотря на многочисленные трудности, Бободжон Гафуров посвятил себя всестороннему изучению истории своего народа, что привело к созданию значительных и уникальных трудов, внесших вклад в благосостояние таджикского народа.

Следует подчеркнуть, что академик Бободжон Гафуров, выдающийся ученый таджикского народа и мирового уровня, был одним из первых, кто посвятил свою жизнь и изучению истории цивилизованного таджикского общества. Его мужество и патриотизм позволили ему добиться успехов на выбранном пути и достойно представить величие таджикского народа перед многонациональными республиками бывшего Советского Союза. В своей деятельности он доказал, что таджики обладают богатой историей и внесли свой вклад в мировую цивилизацию.

Ключевые слова: академик, Бободжон Гафуров, историк, ученый, журналист, писатель, таджики, Советский Союз, таджикский народ, изучение истории, Средняя Азия, исследование, нация, государство.

BOBOJON GAFUROV - HISTORIAN AND FAMOUS ORIENTALIST

Academician Bobojon Gafurov stands out as a remarkable scholar-historian, carrying forward the legacy of his renowned teacher Sadriddin Aini and other eminent Tajik historians such as V.V. Bartold, M.S. Andreev, and A.A. Semyonov. In the realm of academic pursuits, Gafurov has made a substantial contribution to the study of Tajik history, leaving behind outstanding works that delve into the history of Tajikistan, the peoples of Central Asia, and the history of the Middle East.

Despite encountering numerous challenges, Bobojon Gafurov dedicated himself to the comprehensive exploration of the history of his people. This commitment resulted in the creation of significant and unique works that have greatly contributed to the enrichment of Tajik historical knowledge.

It is crucial to underscore that Academician Bobojon Gafurov, a distinguished scholar of the Tajik people and the world, was among the pioneers who devoted their lives to representing the Tajik nation and studying the history of civilized Tajik society. His courage and patriotism enabled him to excel in his chosen path and effectively showcase the greatness of the Tajik people to the multinational republics of the former Soviet Union. Through his endeavors, he demonstrated that Tajiks possess a rich history and have made substantial contributions to world civilization.

Key words: academician, Bоbоjon Gafurov, historian, scholar, journalist, writer, Tajiks, Soviet Union, Tajik people, study of history, Central Asia, research, nation, state.

Сведения об авторах: Кенджаев Мухбир Джурабоевич - главный специалист отдела издательства и печати Национальной академии наук Таджикистана, соискатель отдела новейшей истории Института истории, археологии и этнографии им. Ахмада Дониша НАНТ. Телефон: (+ 992) 93-440-28-86. E-mail: mukhbirjon.kendzhaev@mail.ru

Афсахова Нодира Саидахмадовна - соискатель Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша НАНТ. Телефон: 553-25-80-08.

Information about the authors: Kendzhaev Mukhbir Juraboevich - Chief Specialist of the Publishing Department of the National Academy of Sciences of Tajikistan, Candidate of the Department of Modern and Contemporary History of the Institute of History, Archeology and Ethnography. Ahmadi Donish NIAT. Phone: (+992) 93-440-28-86. E-mail: mukhbirjon.kendzhaev@mail.ru

Afsakhova Nodira Saidakhmadovna - applicant of the Institute of History, Archeology and Ethnology named after A. Donish of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Phone: 55-325-80-08.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.