Научная статья на тему 'ТЕМУРМАЛИК АЗ ДИДГОҲИ Б.Ғ.ҒАФУРОВ (НАЦДЕ БА ПАЖӯҲИШҲОИ Б.Ғ.ҒАФУРОВ ДАР БОРАИ ТЕМУРМАЛИК ВА ҲОДИСАИ ХУЦАНД)'

ТЕМУРМАЛИК АЗ ДИДГОҲИ Б.Ғ.ҒАФУРОВ (НАЦДЕ БА ПАЖӯҲИШҲОИ Б.Ғ.ҒАФУРОВ ДАР БОРАИ ТЕМУРМАЛИК ВА ҲОДИСАИ ХУЦАНД) Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
120
16
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТЕМУРМАЛИК / ТАЪРИХИ ХУҷАНД / ТАЪРИХИ ИСТИЛОИ МУГУЛ / ТАЪРИХИ ХОРАЗМШОҲОН / БОБОҷОН ҒАФУРОВ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Бойматов Луқмон Дадобоевич

Дар ин навиштор шаклгирӣ ва таҳаввули андешаҳои таърихии академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи ҷойгоҳи Темурмалик мавриди нацд ва баррасӣ царор гирифтааст. Қайд шудааст, ки мавзӯи таърихи дифои Хуҷанд аз лашкари мугул ва таъйини нақши таърихии Темурмалик дар ин мубориза аз ҷониби академик Б.Гафуров бори нахуст бо ҳамкории А. Прохоров дар китоби «Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей родины» ироа гардида буд. Баъди ин дар тӯли беш аз 30 сол дидгоҳи Б. Г. Гафуров дар цазияи ҷойгоҳи таърихии Темурмалик дар осори илмии минбаъдаи эшон - «Таърихи цадимтарин, цадим ва асрҳои миёна», «Тоҷикон» ва г.ифода ёфтаанд. Собит мешавад, ки дидгоҳи цатъӣ ва ниҳоии Б. Г. Гафуров пиромуни ҷойгоҳи таърихии Темурмалик дар китоби «Тоҷикон» баён шудааст, ки мардуми Хуҷандро омили аслии созмондиҳандаи ин мубориза дониста, ҳамзамон Темурмаликро, сарфи назар аз хостаҳои гоявии ҳокими вацт, ба унвони цаҳрамони беназари таърихи миллӣ муаррифӣ намудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

TIMURMALIK IN B.G. GAFUROV'S RESEARCHES

The article analyzes the place and role of Timurmalik in the research of the academician of the USSR Academy of Sciences B.G. Gafurov. The author tries to show the formation and development of the views of this scientist on the history of the conquest of Khujand by the Mongols in 1219-1220. At the same time, special attention is paid to the analysis of the definition of the place and role of Timurmalik in national history. It is noted that the theme of the history of the defense of Khujand from the Mongol army and the definition of the historical role of Timurmalik in this struggle were first discussed by academician B. Gafurov in cooperation with A. Prokhorov in the book "Tajik people in the struggle for freedom and independence of their homeland." It is emphasized that after the publication of this book for more than 30 years B. Gafurov's vision of the historical place of Timurmalik was reflected in his subsequent scientific works - "The most ancient, ancient and medieval history", "Tajiks", etc. It is proved that the firm and final view of B. Gafurov to the historical place of Timurmalik is expressed in the book "Tajiks", in which the people of Khujand are regarded as the main organizers of this struggle, and Timurmalik, in spite of the onesidedness of Soviet ideology, as a unique hero of national history.

Текст научной работы на тему «ТЕМУРМАЛИК АЗ ДИДГОҲИ Б.Ғ.ҒАФУРОВ (НАЦДЕ БА ПАЖӯҲИШҲОИ Б.Ғ.ҒАФУРОВ ДАР БОРАИ ТЕМУРМАЛИК ВА ҲОДИСАИ ХУЦАНД)»

Т АЦРИЗ.КИТОБИЁТ

ОБЗОРЫ.РЕЦЕНЗИИ

SURVEYS.REVIEWS

ТДУ 8Т1 ТКБ 83,3Т

ТЕМУРМАЛИК АЗДИДГО^ИБ. F. ГАФУРОВ (Накде ба пажу%иш%ои Б. F. Гафуров дар бораи Темурмалик ва %одисаи

Хуцанд)

ТИМУР МАЛИК В ИССЛЕДОВАНИЯХ АКАДЕМИКА Б. Г. ГАФУРОВА

TIMURMA LIK INB.G. GAFUROVS RESEARCHES

Бойматов Лукмон Дадобоевич, номзади илмуои таърих, дотсент, директори Институти байналмиллалии тауцицоти тоцикпажууй (Шветсия )

Бойматов Лукман Дадабаевич, к.и.н., доцент, директор «Международного научно-исследовательского института

таджиковедения " (Швеция)

Boymatov Lukman Dadabaevich, candidate of historical sciences, director of "International Research Institute for Tajik Studies" (Sweden), E-mail: LukmanL43@mail.ru

Вожа%ои калиди: Темурмалик, таърихи Хуцанд, таърихи истилои мугул, таърихи Хоразмшоуон, Бобоцон Fафуров

Дар ин навиштор шаклгири ва тауаввули андешауои таърихии академик Бобоцон Fафуров дар бораи цойгоуи Темурмалик мавриди нацд ва барраси царор гирифтааст. Цайд шудааст, ки мавзуи таърихи дифои Хуцанд аз лашкари мугул ва таъйини нацши таърихии Темурмалик дар ин мубориза аз цониби академик Б.Гафуров бори нахуст бо щмкории А. Прохоров дар китоби ««Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей родины» ироа гардида буд. Баъди ин дар тули беш аз 30 сол дидгоуи Б. F. Гафуров дар цазияи цойгоуи таърихии Темурмалик дар осори илмии минбаъдаи эшон - ««Таърихи цадимтарин, цадим ва асруои миёна», «Тоцикон» ва г.ифода ёфтаанд. Собит мешавад, ки дидгоуи цатъи ва ниуоии Б. F. Гафуров пиромуни цойгоуи таърихии Темурмалик дар китоби ««Тоцикон» баён шудааст, ки мардуми Хуцандро омили аслии созмондщандаи ин мубориза дониста, уамзамон Темурмаликро, сарфи назар аз хостауои гоявии уокими вацт, ба унвони цаурамони беназари таърихи милли муаррифи намудааст.

Ключевые слова: Тимур Малик, история Худжанда, история монгольского нашествия, история Хорезмшахов, Бободжон Гафуров

В статье анализируется место и роль Тимурмалика в исследованиях академика АН СССР Б. Г. Гафурова. Автор пытается показать формирование и развитие взглядов этого ученого по вопросам истории завоевания Худжанда монголами в 1219-1220 гг. При этом особое внимание уделяется анализу определения места и роли Тимурмалика в национальной истории. Отмечается, что тема истории защиты Худжанда от монгольского войска и определение исторической роли Тимурмалика в этой борьбе впервые обсуждались академиком Б. Гафуровым в сотрудничестве с А. Прохоровым в книге «Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей родины». Подчеркивается, что после публикации этой книги более 30 лет видение Б. Гафурова относительно исторического места Тимурмалика отразились в его последующих научных трудах - ««Древнейшая, древняя и средневековая история», ««Таджики» и др. Доказывается, что твердый и окончательный взгляд Б. Гафурова на историческое место Тимурмалика выражен в книге «Таджики», в которой народ Худжанда рассматривается как главный организатор этой борьбы, а Тимурмалик, вопреки односторонности советской идеологии, как уникальный герой отечественной истории.

Key words: Timur Malik, history of Khujand, history of the Mongol invasion, history of Khorezmshahs, Bobojon Gafurov

The article analyzes the place and role of Timurmalik in the research of the academician of the USSR Academy of Sciences B.G. Gafurov. The author tries to show the formation and development of the views of this scientist on the history of the conquest of Khujand by the Mongols in 1219-1220. At the same time,

special attention is paid to the analysis of the definition of the place and role of Timurmalik in national history. It is noted that the theme of the history of the defense of Khujand from the Mongol army and the definition of the historical role of Timurmalik in this struggle were first discussed by academician B. Gafurov in cooperation with A. Prokhorov in the book "Tajik people in the struggle for freedom and independence of their homeland." It is emphasized that after the publication of this book for more than 30 years B. Gafurov's vision of the historical place of Timurmalik was reflected in his subsequent scientific works - "The most ancient, ancient and medieval history", "Tajiks", etc. It is proved that the firm and final view of B. Gafurov to the historical place of Timurmalik is expressed in the book "Tajiks", in which the people of Khujand are regarded as the main organizers of this struggle, and Timurmalik, in spite of the one-sidedness of Soviet ideology, as a unique hero of national history.

Профессор Н.Турсунов, шояд аз нахустин мухаккиконе бошад, ки таваччухе бар осори Б. F. Fафуров дар чихати тахкики таърихи дифои Хучанд дар баробари хамлаи мугул карда бошад. Чунончй, эшон дар бахши марбут ба таърихнигории мавзуи таърихи дифои Хучанд ва чойгохи Темурмалик, ки «Темурмалик дар асархои илмй, адабй ва хунарй» ном дорад, зимни овардани номх,ои чанде аз пажухишгарон, аз кабили: де Оссон, Г. Вамберй, Ш. Шефер, В. В. Бартолд, А. А. Семенов, З. Ш. Рачабов, А. Ю. Якубовский, И. П. Петрушевский, С. Айнй, ишорае бар тахкикоти Б. F. Fафуров кардааст [19, с. 20-36; 174-180].

Нигорандаи ин сатрхо низ дар чанде аз пажухишхои худ, зикре аз захамоти илмии Б. F. Fафуров дар тахкик ва баррасии таърихи ходисаи забти Хучанд тавассути мугул ва чойгохи Темурмалик намуда[4]. Агарчй, икдомоти хар ду муаллифи фавк, аз диди илми историографияи мавзуъ усулианд, вале хеч кадоме аз онон касди тахлили вежаи илмй дар чихати таъйини шаклгирй ва тахаввули фикрии академик Б. Fафуров дар робита бо таърихи ходисаи Хучанд ва чойгохи Темурмаликро надоштаанд.

Дар ин навиштор, нигоранда накд ва баррасии тахаввули фикрии Б. F. Fафуровро дар мавзуи таърихи дифои Хучанд дар чанги зидди мугул аз аслитарин хадафи тахкики хеш карор дода, саъй кардааст то сахми Б. F. Fафуровро дар чихати таъйини накши таърихии Темурмалик дар таърихи хамлаи мугул ба сарзамини ниёкон ба гунаи вузух нишон бидихад.

Барои дарки диди катъй ва нихоии академик Б. F. Fафуров, дар мавриди ходисаи Хучанд ва шахсияти таърихии Темурмалик, мусаллам аст, дар сафахоти китоби гаронмояи «Точикон» баён гардидааст, ташхиси сарчашмаи аслй ва бунёдии дидгохи эшон, мухим ба назар мерасад [7,с.15.].

Баъйид нест, бархе хам хадс ва тахмин бар он дошта бошанд, ки решахои дидгохи илмй ва таърихии Б. F. Fафуров, на танхо дар бахси мавриди назар, балки дар бахсхои дигари марбут ба таърихи муборизоти мардуми точик, махз дар китоби «Точикон ва талошхоии таърихии онхо барои озодии ватан. (Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон)», карор дорад. Аммо кабл аз ин ки дар бахси тахаввули афкору андешаи сохиби китоби «Точикон» нисбат ба казияи чойгохи Темур малик дар таърихи муборизоти милли-озодихохии мардуми точик рушанй андохта шавад, бехтар ва муфидтар аст, ба накди тарчумаи точикии ин китоби арзишманди устод Б. F. Fафуров пардохта шавад, то возех дида гардад, мо ахли илму тахкик, нисбат ба чойгохи осори гаронмояи устодон ва дар дарки андешахои илмии бузургони илм то чй андоза бетаваччухй ва ё ба чй хадде кутохандешихо рох медихем.

Тарцума ва тафсири нокцс. Боиси хушхолист, ки соли 2012 китоби Б. F. Fафуров ва Н. Прохоров зери унвони «Точикон ва талошхоии таърихии онхо барои озодии ватан. (Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон») бо тарчума, тавзех ва тахрири Зиё Абудулло ва Истад ^осимзода дар интишороти «Адиб» дар 256 сафха аз чоп баромад. Мухаррири масъул шодравон Фарходи Карим аст.

Дар китоби марвиди накд низ омадааст: «Асар ки замони хассос ва даргири чанг бо рухияи муборизаю пайкор бахри озодиву истиклолият аз фашизм руйи кор омадааст ва ахамияти таърихияш харгиз зудуда намегардад, нашриёти «Адиб» лозим донист, онро аз русй тарчума ва ба хонандаи имрузй пешкаш намояд» [16].

Ишораи мутарчимони китоб дар мавриди тагйири унвони аслии он дар тарчума, мабнй бар ин ки: "Точикон ва талошхоии таърихи онхо барои озодии ватан. («Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон») кардаанд, шояд аз диди санъати китобфурушй дуруст бошад, вале аз диди ахлоки илмй, хамчунин икдоми мутарчимонро, бахусус пас аз гузашти даххо сол аз фавти муаллифин, чандон муносиб ва усулй ва набояд донист.

Бо хар сурат, эроди аслии мо аз тарчумаи унвони китоб, на дар мавриди тагйири унвони аслии китоб, балки адами дарки маонии таърих ва тахрифи ноамдии мухтавои навиштахои муаллифи он аз суйи мутарчимин аст.

Нахуст, мутав аччех бояд шуд, дар унвони русии китоби мавриди назар, на таърихи кулли миллати точик, балки чузъи мухимми он, яъне: тавсифи нацши муборизоти озоди^о^ии тоцикон дар тули таърих аст.

Дувум, ин китоб на «очеркхо», балки «очерк» ё «баён»-е аз баёноти таърихи куллии точикон ва Точикистон аст.

Таъкиди мутарчимoн бар ин ки мухтавои ин китоб, мохиятан дуруст мебошад, дар вокеъ, он як бардошти мутлако галат аз тахаввулоти андешахои илми таърихнигорй ва аз мухтавои аслии китоби мавриди назар аст.

Зимнан, решахои шаклгирии дидгоххои илмии Б. Г. Гафуровро дар мавриди бахсхои таърихи миллй, набояд дар хамин китобе, ки бо хамуаллифй дар замони хосе навишта шудааст, чуст, балки мебояст бар х,ар як суханх,ои муаллифи китоби «Таърихи мухтасари халки точик», ки нахуст ба забони точикй [14] ва сипас солхои 1952 [10]ва1955 (11) ва нихоят дар китоби «Точикон» (соли 1972, ба русй) ба чоп расидaаст [12], мукоиса намуд.

Ва аммо ин хол, ошной ва баррасии тарчумаи як бахши кучак аз китоби куллй, ки марбут ба таърихчаи муковимати хучандиён алайхи мугул бо сарварии Темурмалик (солхои 1219-1220) аст, нишон медихад, ки алоррагми талошхои зиёди мутарчимoн дар чихати интиколи мухтаво ва андешахои илмии муаллифони китоб ба забони точикй, бо камоли таассуф, дар тарчумаи онон мавориде пеш омада, ки аз диди илми таърихнигорй ва равишхои тарчумаи мутуни таърихй дар кулл наметавон мусбат арзёбй кард.

Саъй мекунам, дар зер бо овардани мисолхое аз матни точикй, дурустии бардошти хешро нисбат ба шеваи тарчумаи точикии он иброз намоям.

Чунончй, чумалот, иборот ва каламоти зиёдеро факат аз зикри таъричаи вокеаи забти Хучанд тавассути мугул метавон мушохида намуд, ки чй аз диди меъёрхои тарчума ва чй аз назари шарх,ои илми таърихнигорй, дучори навокисе шудаанд: Аз чумла, дар тарчумахо ибороти зайл ин гуна омадаанд:

«После захвата Бухары и Самарканда» - «Баъд аз Бухоро ва Самарканд»; «в их осаде» -«истилои он шахрхо»; «обрушились на этот древний таджикский город» - «ба сари ин шахри кадими точикон чун муру малах рехтанд»; «смелый таджикский воин» - «сарбози часури точик»; «оставил Ходжент» - «Хучандро вогузошт», «ибо защита его была безнадежной» - «зеро химояи он бефоида буд»; «в километре ниже Ходжента» - «як километр дуртар аз Хучанд»; «камнеметные орудия» - «силохи сангандоз», «монголы решили» - «мугулон хостанд»; «покрытых сырым войлоком» - «намади тар» ва ибораи «по ночам и рано утром» - «шабхангом ё вакти сахар» тарчума шудаанд (16, С. 130), ки чандон мутобик бо маъний ва мазомини матни таърихй нестанд. Тарчумаи сахех ва илмии ибороти фавк, аз назари нигорандаи сутур бояд ба гунаи зайл мешуданд:

«Баъд аз тасарруфи Бухоро ва Самарканд»; «дар мухосираи он шахрхо»; «ба сари ин шахри кухани точикон фуру рехтанд»; «чанговари шучои точик»; «ба фосилаи як километр пойинтар аз Хучанд»; «манчаникхо»; «мугулон тасмим гирифтанд», «бо намади тар пушида», «шабонгах ва бомдод» ва г. Зимнан, дар матни точикии китоби Б. Г. Гафуров ибораи «як километр поёнтар аз Хучанд» истифода шудааст [14,а240].

Ё ки: тарчумаи чумлаи зайл: «Используя труд многочисленных пленных, они привозили с гор камни и бросали их в реку» низ чандон дар китоби мавриди назар чандон сахех нест, зеро дар он ибораи «хазорон асир» дуруст тарчума, ба кулл нашудааст. Ибороте, чун: «поплыл вниз по реке» - «ба равиши оби руд суйи чануб», «голодные собаки» - «саги гурусна», «ускакали далеко вперед» - «пеш давида» - «перешиб цеп» - «канда партофт» [16, а131]низ маънии тафосири хаводисро тахриф намудаанд ва ибороти фавк мебояст ба гунаи зайл тарчума мешуданд: «ба руйи об равон шуданд», «сагони гурусна», «чилав гирифтанд» ва г.

Ч,умалот ва ибороти дигаре, чун: «Темурмалик встретил» - «Темурмалик дид», «мост из судов» - «мисли купрук» - «вступать в бой» - «ба набард дароянд», «рассказывает упомянутое письмо» - «хотирнишон шудааст» (16, С. 131) низ дучори мушкилоти нахвй шудаанд. Бехтар мебуд, агар ибороти фавкуззикр дар ин шакл баргардон мешуданд: «Темурмалик ру ба ру шуд», «завракпул», «шуруъ ба набард карданд»; «дар номаи фавк омадааст» ва г.

Тарчумаи бахше, ки хикоят аз чангхои хучандиён дар сахрои Борчалигкант ва аз хаводиси Хоразм мекунад, низ дорои мушкилотест. Чунончй, ибороти русй, аз кабили: «все до одного

сложили свои головы» - «хдма якчоя ба халокат расиданд», «где сосредоточились уцелевшие от разгрома силы хорезмшаха» - «дар он чо куввахои чангии зиндамондаи Хоразмшохро ба хам овард»; «выжидательная позиция - «фурсатёоб», «в Иран» - «суйи Эрон», «в полной нишите» -«ба камбагаливу хорию зорй», «ряд чувствительные удары» - «зарбахои халокатовар», «не был в состоянии...» - «имкони мувофик» - «тюркские военачальники хорезмшаха» - «сарлашкархои туркначод»(!), «необходимые контакты» - «алокаи зарурй», «главным городом его удела» -«мулки асосии у», «оружие и припасы» - «силох ва захирахои хурок» [16, с. 132] тарчума шудаанд, ки бо камоли таассуф, маънии аслии итилох кохиш ёфтааанд.

Хдмчунин, ибороте, ба монанди: «значительное войско» - «сарбозони хангуфт», «тюркские элементы» - «дар пахлуи туркначодон», «выступил навстречу монголам»), - «ба пешвози мугулхо бархоста» - «занял позицию» - «истехком гирифтанд», «действуя отсюда» - «ин чо у ба амал даромада» тарчума шудаанд. [16, с. 133].

Ибороти точикии корбурдшудаи мазбур дар тарчумаи мутарчимон аз дид ва меъёри илми таърихнигорй сахех нестанд, бад-ин далел, мутарчимон ва мухаррони китоби мавриди назар, ба тамомии талошхояшон натавониста мохияти вокеоти марбут ба таърихи мавриди назарро барои хонандагон ва хаводорони таърихи миллй ба дурустй интикол бидиханд.

Чунин менамояд, адами ногохй аз таърихи сиёсй ва низомии асри мугул ва ошно набудани мутарчимон ва мухаррирони китоби мазбур бо мутуни таърихии асри кухан ва истилохои вежаи ахди мугул, боис шуда, то тарчума ва тафсири матни илмии марбут ба таърихи дифои шахри Хучанд бо мушкилоте, ки зикраш омад, ру ба ру шаванд.

Зимнан, бояд мутаваччех шуд, дар фазои илмии кишвар бори аввал нест, ки ба далели адами масъулияти илмии тарчумонон ва мухаррирон, мохияти илмии осори устоди таърих Бобочон Гафуров, албатта, нохоста, ба дарачаи ношинохтанй тахрибу тахриф карда ва доранд мекунанд

[3].

Факат донистани забони русй ва ё ошно будани афроде бо забон ва хатти форсй набояд далоиле шаванд, ки ноогохона ва аз рохи хавас масъулияти вокеъан, сахтеро дар чихати анчоми корхои илмй бар ухда дошта бошанд. Сарехан, метавон гуфт, ки хамчунин мантик ва амали бархурдро бо илми таърих ва чойгохи он дар хеч кишваре, ки донишро пос медорад, надоранд.

Ба далели вучуди масъулият аст, ки осори таърихии ниёкони моро дар донишгоххо ва марокизи илмй-фархангии кишвархои пешрафтаи дунёи Гарб, факат ва факат, мутахассисон ва коршиносони дарачаи аввал ва барчастатарин ховаршиносон анчом медиханд.

Агар хостори эхтиром бошем, пас бояд нахуст суннатхои номатлубро бишканем. Сарехан, бояд пеши рохи хавастозихо дар фазои илм гирифта шавад. Нигорандаи навиштор борхо таъкид варзида, ки мутуни илмй-таърихиро бояд хатман мутахассис ва донандаи манобеи таърихй тарчума ва тасхех намояд, дар гайри сурат, кореро анчом хохем дод, ки барои чомеа чандон судманд нахохад буд.

Нацди дидго%. Он гуна, ки зикр шуд, китоби мавриди накд ба забони русй навишта шудааст. Чунин ба назар мерасад, пас, аз гузашти камтар аз хафтод соли чопи ин китоб, чойгохии илмии он боз хам аз суйи мухаккикон ба чиддият таъйин нашудааст. Вале он чй, маълуму машхур аст, ин аст, ин тахкики арзишманд дар он рузгори пас аз Ч,анги дувуми чахонй накши бисёр муассире ба чахонбинии мардумони собик шуравй доштааст.

Гуфтанист, ки байни таърихи дифои шахри Хучанд дар баробари хучуми мугул аз ду вижагй бархурдор аст: Нахуст, ин аст, ки манобеи аслии баёни таърихи дифои шахр ва тавсифи муковимати мардуми Хучанд тахти рахбарии Темурмалик дар ин китоб дакикан маълум нест. Дувум, муаллифон ишорае бар осори илмй ва ё манобеъи аслй надодаанд. Ин амр бар он дорад, ки мухотабони аслии китоб на доирахои илмй, балки доираи васеи хонандагон ва хаводорони таърихи халкхои Осиёи Марказй будааст.

Ба эхтимоли кавй, баёни таърихи истилои шахри Хучанд бар пояи навиштахои В. В. Бартолд сурат гирифта ва дур хам нест, аз суйи муаллифон истифодаи фаровон шуда бошад. Вале он чй, ки баёни муаллифони китоби мавриди назарро аз навиштахои В. В. Бартолд ва низ аз накли бадеи устод Садриддин Айнй мутаммойиз менамояд, кушиши систембандии дидгохи илмист (агарчй, дар шакли номуназзаму пароканда баён гардидааст) пиромуни чойгохи Темурмалик дар таърихи муборизоти миллиро озодихохии мардуми точик дар тули таърихи беш аз духазорсолаест.

Аз назари илмй, баёни таърихи дифои Хучанд дар баробари хамлаи мугулро, метавон яке аз муваффактарин бахшхои китоби мазбур муаррифй кард. Муаллифон тавонистаанд бо як

махорати вежаи нависандагй муборизот ва аз худгузаштагихои мардуми Хучанди асри XIII-ро бип ардозанд.

Аз диди фалсафаи таърих баёни таърихи дифои Хучанд тахти рахбарии Темурмалик низ ко били в асф аст , зеро ки ин бахш аз китоб, дар вокеъ, яке аз чаззобтарин бахшхо дар силсилаи андешахои илмиву идеологии муаллифон махсуб мешавад. Вале аз назари мухтавои таърихй, хикояти таърихи дифои Хучанд дар ин китоб бар се мехвар бунёд шуда ва он иборат аз мавориди зайл аст:

1. Хучанд шахри кухани точикон ва Темурмалик - марди шучоъ ва кахрамони миллии точикон дар таърих аст. Аз чумла, омада, ки: «Мудофиаи шахрро чанговари шучои точик Темурмалик рохбарй мекард... (ва) точикон номи кахрамони миллии худ Темурмалики пахлавони хучандиро хамеша бо ифтихор ба ёд меоваранд» [16, c. 130, 134].

2. Таъкиди вежа ба хамкории Темурмалик бо султон Чдлолуддин. Муаллифон муътакиданд, ки Темурмалик то охирин лахазот бо султон Чдолуддин хамрох буд ва алайхи мугул набард мекард. Чунончй: «Дар сафи чанговарони аз халокат рахоёфтаи Ч,алолуддин кахрамони номдори мудофиаи Хучанд - Темурмалик низ буд, ки то охири хаёти Ч,алолиддин хамкисматаш буд» [16, С. 134].

3. Зарурати пос доштани номи кахрамонони миллй. Чунончй: «Номи Мухаммад Хоразмшхро туркманхову узбекхои замони мо хам фаромуш кардаанд, ки дар рагхояшон хуни чанговарони туркй бо рахбарии Ч,алолиддин барои истиклоляти механашон чангидаанд, метапад, факат номи Ч,алолиддинро то имруз дар хотир нигах медоранд» [16, с. 134].

Бояд гуфт, ки хамчунин дидгохи муъчазу муфиди илмй дар мавриди кахрамони таърих дар як китоби мухимму муфиди муштарак, ки ба забони русй дар замони чанг чоп шудааст, далел наметавонад бар он шавад, ки гуем, ки Б. F. Гафуров таъсирпазир аз дидгоххои таърихии А. Прохоров шуда бошад. Баръакс, дидгохи Б. F. Гафуровро дар казияи таърихи дифои механ ва таъйини накши Темурмалик бояд дар рисолаи илмии эшон, ки пас аз се соли чопи китоби мавриди назар ба забони точикй таълиф шудааст, ба чиддй чуст.

Баёни равшани таърихи дифои Хучандро, ки дар сафахоти нахустин китоби чомеи илмй-паухишии Б. F. Гафуров, ки соли 1947 [14] ба забони точикй дар Сталинобод ба чоп расид, метавон аз сарчашмаи дидгохи илмии муаллиф дар мавриди Темурмалик ва ходисаи Хучанд номид.

Илова бар се мавориде, ки зикраш батафсил омад, Б. F. Гафуров дар нахустин китоби чомеи таърихи миллй, барои аввалин бор ба хайси як муаррихи миллй казияи таърихиро мавриди баррасии хеш карор дода ва аз ин тарик номи яке аз кахрамонони таърихи миллиро ба чомеаи собик шуравй муаррифй намудааст.

Тафовути чузъие, ки дар матни точикй ба чашм мехуранд, бештар марбут сабки нигоришанд. Чунончй, ба чойи ибораи «сагони гурусна» «каргасхои гурусна» истифода шудааст. (Мукоиса шавад: [9-134; с.14-241]. Дар матни точикй, ибораи «кахрамонони точик» омадааст[14, с.241]. Ва низ омадааст: «Дар байни сарбозони аз дасти мугулхо саломатмондаи Ч,алолиддин кахрамони мудофиаи шахри Хучанд Темурмалик низ буд» [14, с.244].

Муаллифи китоби мазбур таваччухи вежае дар тавсифи сифоти Темурмалик дошта, аз чумла, зимни накли вокеаи Хучанд, мушаххасан ин гуна омадааст: «марди далер» ва «кахрамони бошарафи мудофиаи шахри Хучанд» [14, с. 240 -244].

Ч,ойгохи таърихии дифои Хучанд дар баробари хучуми мугул, ба унвони натичагирй, хеле возех арзёбй шудааст. Чунончй: «Умуман, кахрамонии мудофиакунандагони Хучанд ва корнамоии сардори онхо Темурмалик яке аз бехтарин намунахои диловарии халки точик буд» [14, c.241].

Дар нашрхои баъдии китоби мазбур, ки ба забони русй, ду бор, яъне солхои 1952 ва 1955 ба чоп расидаанд, тагйироти чузъй, ки асосан ба сохтор ва таксимбандии матлаб марбутанд, кобили мушохидаанд. Зимнан, бозбинии назарот ва бо иловахои кобили таваччух дар бахшхои дигари китоб бештар ба назар мерaсанд, то бахши мавриди назар.

Баёни таърихи дифои Хучанд ва корномаи Темурмалику хучандиён дар чанги зидди мугул бисёр муъчаз аст. Он чй, добили таваччух аст, ба бахши махсус чудо кардани таърихи ходисаи Хучанд мебошад, ки «Тимур Малик и героическая оборона Ходжента», ном дорад. (Р. к. ба: [10, С. 270-271;11, Т. 1, С. 298-299]. Дигар аз вижагии матни чадид, таъкиди махсус бар тули замони мухосира аст, ки аз чумла, омада: «монгольские войска. безуспешно осаждали этот древний таджикский город» [10, С. 270; 11, Т. 1, С. 298]. Сифоти рахбари дифоъ, бо истифодаи ибораи «отважный воин» чамъбаст шудааст [10, С. 271; 11, Т. 1, С. 299].

Азрёбии нихоии муаллиф аз чойгохи вокеъаи Хучанд, дакикан такрори дидгохи каблист, ки зикраш батафсил омад. Чунончй: «Героизм защитников Ходжента составляет одну из замечательных страниц в истории таджикского народа. Несмотря на огромное превосходство сил протиника, осажденные не прекращали своей борьбы» [10, С. 271; 11, Т. 1, С. 298].

Назари муаллиф дар мавриди хамкории Темурмалик бо султон Чдлолуддин, тагйир наёфта ва боз хдм муътакид аст, ки: «Упорное сопротивление войскам Чингис-хана оказал также сын хорезмшаха Мухаммада - Джалолиддин. Вместе с присоединившимся к нему Тимур Маликом Джалолиддин нанес монгольским войскам ряд крупных поражении» [10, С. 272: 11, Т. 1, С. 299].

Дидгохи Б. F. Гафуров дар мавриди вокеаи дифои Хучанд, дар китоби мондагори «Точикон», албатта, пас аз тааммул ва тафаккури амик, муъчазу пухта ироа гардидааст. Мухиммтарин вежагии матни охир вучуди ирчои илмист, ки муаллиф зимни баёни ходисаи таърихй суд чуста ва ба вузух вокеаи Хучандро «Мудофиаи кахрамононаи Хучанд» номидааст. Ошкор аст, ин бор мардуми Хучанд дар мадди аввал ва сипас номи амири он, ба унвони «марди часури чангй» карор дода шудааст[15,с.449].

Арзёбии нихоии таърихи дифои Хучанд дар баробари хучуми муглон, аз диди илмй, бисёр арзишманд ба назар менамояд. Чунончй, дар ин китоб омадааст:

«^ахрамононии мудофиакунандагони Хучанд яке аз дурахшонтарин сахифахои таърихии халки точик мебошад. Онхо бо вучуди хеле кам будани кувваи худ муборизаро ба мукобили кушуни пуршумори душман катъ накарданд» [15, с. 449].

Бори дигар таъкиди сохиби китоби «Точикон» бар накши мардуми Хучанд дар дифои ватанашон ишораи мустаким бар арчгузории муаллифи китоб бар арзишхои неки инсонй дорад. Дигар аз мухимтарин тазаккуроти ин устоди бузурги илми таърих дар робита мавзуи чойгохи таърихии ходисаи Хучанд, таъйин ва арзёбии корнамоии Темурмалик ва шахсияти у дар чангхои зидди истилогарони хунхори ачнабист. Аз диди Б. F. Гафуров, хокими Хучанд сарбози часур ва механпарасти точик буда, ки дар дифои ватан чонбозихо кардааст [12, с.450-451].

Дигар аз мавзуоте, ки дар китоби «Точикон» махсус зикр шудааст, масъалаи такдири султон Ч,алолиддин, ки аз хамрохони Темурмалик мебошад. Б. F. Гафуров бар ин назар аст, ки «писари Мухаммади Хоразмшох - султон Ч,алолиддин хам ба мукобили кушуни Чингизхон муковимати чиддй намуда, бо хамрохии Темурмалик ба истилогарони мугул чандин зарбаи шадид расонид. Вале саранчом худи у низ дар мохирибаи наздикии Х,инд дучори шикаст гардида, аз сахнаи мубориза бурун рафт»[15, с. 450].

Дар зимн мутаваччех бояд шуд, назари муаллифи китоби «Точикон» нисбат ба чойгохи султон Ч,алолиддин дар таърихи муборизаи мардумони Моваруннахру Хуросон алайхи истилогарони мугул, дар вокеъ, яке аз мудаллалтарин дидгоххои илмй дар илми таърихнигории собик шуравй махсуб мебошад.

Аз тахлили мукоисай ва накди тахассусии мухтавои матни кутуби мавриди назар ошкор мешавад, ки Б. F. Гафуров, бо вучуди набудани тахкикоти комилан тахассусй ва академикй дар мавзуи таърихи ходисаи Хучанд ва шахсияти таърихии Темурмалик, боз хам барои ироаи дидгохи катъии хеш тааммули бисёр амику боназокат аз худ зухур намуда, дар нихоят аз ироаи назари хеш мабнй бар асл ва насаби рахбари дифои Хучанд, сарфи назар менамояд. Барои муаллиф, ин бор мавзуи нажоди рахбари дифой мухим нест, балки ин мухим аст, ки мардуми Хучанд тавонистанд аслитарин омилони рашодатхо ва кахрамонихои беназири таърих шаванд.

Дур нест, ки иртиботи корй, маслихатхо ва машваратхои шахсии Б. F. Гафуров ба унвони директори Институти ховаршиносии Академияи улуми собик шуравй бо мутахассисони дарачаи аввали таърихи асри мугули он рузгор, аз кабили: А. Ю. Якубовский, И. П. Петрушевский, З. М. Буниятов ва дигарон боис шуда, то зарурати анчоми тахкикот ва пажухишхои амику сангини илмй дар таърихи истилои мугул ва аз чумла, дар казияи шахсияти Темурмалик ва ходисаи шахри Хучандро яке аз вазоифи мухаккикин барои оянда вогузоштааст.

Бесабаб нест, барои нахустин бор пажухиши гаронарзиши илмй дар робита бо таърихи истилои мугул, дакикан, пас аз панч соли нашри китоби «Точикон», яъне соли 1977, ки аз суи чанд тан аз маъруфтарин мутахассини таърихи асри мугул анчом гирифта буд, дар Маскав зери назари академисиан С. Л. Тихвинский ба чоп расид. Ин мачмуаи илмии арзишманд, то кунун ду маротиба ба чоп расида ва бешакк, аз зумраи пажухишхои сангин илмии даврони шуравй махсуб мешавад [18].

Метавон хадс зад, профессор И. П. Петрушевский, нахустин мухаккике буд, ки пажухиши вижаеро пиромуни таърихи дифои Хучанд дар баробари хамлаи мугулро махз дар хамин

мачмуаи илмй ироа дод, ки шакк нест, бо таъйид ва тасдики Б. F. Гафуров сурат гирифтааст ва накду баррасии он навиштори арзишманди илмй дар чойи дигаре хохад омад [17, c.127-128].

Натицагирй: Моя ва пояи аслии дидгохи Б. F. Гафуров пиромуни мавзуи таърихи дифои Хучанд дар чанги зидди мугул ва таъйини накши таърихии Темурмалик дар таърихи мо2оризоти озодихохонаи мардуми точик хамеша мавриди таваччухи муаллиф карор дошта, вале дидгохи барои нахустин бор ба забони русй дар китоби «Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей родины», бо хамкории А. Прохоров чихати таблиги васеъ аз корномахои таърихии миллати точик ва низ барои таквияти идеологияи болшевикии замони шуравй ироа гардидааст.

Агарчй, дидгохи илмии Б. F. Гафуров дар мавзуоти марбут ба таърихи муборизоти мардуми точик алайхи истилогарони бегона, тибки суннати замони шуравй ба забони русй баён шудаанд, вале вокеъият ин аст, ки маншаи назароти эшонро дар казияи фавкуззикр дар рисолахои илмии эшон, ки дар дахахои 50-70 асри гузашта таълиф шудаанд, ба гунаи возех метавон ошкор намуд.

Дар тули беш аз 30 сол, яъне аз замони таълифи китоби «Таърихи кадимтарин, кадим ва асрхои миёна» то чопи китоби «Точикон» (с.1972, ба забони русй), дидгохи Б. F. Гафуров дар казияи чойгохи таърихии Темурмалик бисёр андак тагйир ёфта ва агар, ахёнан, тахаввулоти чузъй дар бахси таърихи мавриди назар ба миён омада бошад, бидуни шакк, натичаи саъйи муаллиф дар чихати тасхехи назар бар пояи додахои навини илмй ва ношй аз тааммулхо ва тафаккурхои амику мукаррар будааст.

Агар нависандаи шахири точик С. Айнй нахустин накколи баёни ходисаи таърихй ва суратгари мохири симои Темурмалик дар адабиёти бадеии замони шуравии собик бошад, пас муаррихи муаррихон Б. F. Гафуровро меъмори аслии дидгохи мактаби илмии таърихнигории миллй дар ин казия баршумурд.

Пушида нест, дидгохи катъй ва нихоии Б. F. Гафуров пиромуни чойгохи таърихии Темурмалик, ки дар китоби «Точикон» баён шудааст.Чрни навиштахои ин устоди устодони таърихнигори миллй ин аст, ки дар нихоят мардуми Хучандро омили аслй чихати созмон додани дифои машхур дар таърих дониста ва хамзамон малики ин шахри таърихиро, сарфи назар аз хостахои идеологии хокими вакт, ба унвони кахрамони беназари таърихи миллй муаррифй намудааст, ки ин худ факат як намунае аз хадамоти таърихии муаллифи китоби човидонаи «Точикон» барои точикон мебошад, ки бояд ба шоистагй арчгузорй кард.

ПАЙНАВИШТ:

1. Айнй,С.^ахрамони халки точик Темурмалик/ С.Айнй.- Душанбе, 1973.-168 с.

2. Бартольд, В. В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия/В.В.Бартолд // Сочинения.Т. I. М., 1963.-763 с.

3. Бойматов, Л. Д. Накде бар китоби «Точикон»/Л.Д.Бойматов// Китоби мох. Таърих ва чугрофиё, 1382 х./2003, Фарвардин ва Урдубихишт - Апрел - Май, № 67.- С. 85-88.

4. Бойматов, Л. Д. Аз Темурмалик чй медонем? - Душанбе, 2006, - 142 с.

5. Бойматов,Л.Д.Завоевание Худжанда монголами// Иран-наме.-2015.- № 3-4 (35-36).-С. 201-247.

6. Бойматов, Л.Д.Тимур Малик: Первоисточники и научная литература. Сборник статей. Отв. и научн. ред. д. и. н., профессор А.Ш.КадырбаевХАР-Lambert Academic PuMishing.2019.- 113.c.

7. Бойматов, Л. Д. Газофкорон. Шинохти осори таърихии тарфандин. Виростор: Мазхариидин Гозиев. "G^eEdit". 2019.- 296 с.

8. Бойматов,Л.Д.Худкомагон дар ойинаи таърих."GlobeEdit",Beau Bassin(Mauritius),2020.-156 с.

9. Гафуров, Б. Г. Прохоров Н. Таджикский народ в борьбе за свободу и независимость своей родины. Очерк из истории таджиков и Таджикистана. Госиздат при СНК Таджикской ССР. Сталинабад, 1944.-212 с.

10. Гафуров, Б. Г. История таджикского народа. В кратком изложении. С древнейших времён до Великой Октябрьской Социалистической Революции 1917 года. Изд. 2-е, исправленное и дополненное. Под ред. чл.-корр. АН Таджикской ССР С. Брагинского. Изд-во Политической литературы. М.: 1952.- 503 с.

11.Гафуров, Б. Г. История таджикского народа в кратком изложении. Т. 1: С древнейших времён до Великой Октябрьской Социалистической Революции 1917 года. Изд. 3-е, исправленное и дополненное. Под ред. чл.-корр. АН Таджикской ССР С. Брагинского. Изд-во Политической литературы/Б.Гафуров.- М.:1955.- 544 с.

12.Гафуров Б. Г. Таджики: Древнейшая, древняя и средневековая история. Отв. Ред. Б. А. Литвинский/Б.Г.Гафуров.- М.: Наука. 1972.- 425 с.

13.Гафуров, Б. Г. Таджики: Древнейшая, древняя и средневековая история. Отв. Ред. Б. А. Литвинский. Книга первая. Изд. 2-е. Душанбе, Ирфон, 1989.-384 с.

14. Гафуров Б. Г. Таърихи мухтасари халки точик. Ч,илди I. Нашриёти Давлатии Точикистон. Сталинобод. 1947. -140 с.

15. Гафуров,Б^.Точикон.Таърихи кадимтарин, кадим ва асрхои миёна.Ч,.1.Душанбе,1983.-700 с.

16.Гафуров, Б. Прохоров Н. Точикон ва талошхоии таърихии онхо барои озодии ватан(Очеркхо аз таърихи точикон ва Точикистон). Мухаррири масъул Фарходи Карим. Тарчума, тавзех ва тахрири Зиё Абудулло ва Истад ^осимзода. - Душанбе, Адиб,2012.-256 с.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

17.Петрушевский, И. П. Поход монгольских войск в Среднюю Азию в 1219 - 1224 гг. и его последствия. // Татаро-монголы в Азии и Европе. Отв.ред. С.Л. Тихвинский. Изд. 2-е, переработанное и дополненное. М.: 1977, С. 107-139.

18.Татаро-монголы в Азии и Европе. Отв.ред. С. Л. Тихвинский. Изд. 2-е, переработанное и дополненное. М.: 1977.-504 с.

19.Турсунов, Н. Хдфтхони Темурмалик.Тадкикоти илмй/Н.Турсунов.- Хучанд, 2003.-404 с.

REFERENCES:

1. Ayni, S. A Hero of Tajik People Temurmalik. - Dushanbe, 1973.-168 р.

2. Bartold V. V. Turkestan in the Era of the Mongol Invasion // Compositions, -V. I. - M., 1963.-763 р.

3. Baimatov L.D. A Review on the Book of Tajiks // Monthly. History and Geography, 138 Strategies. / 2003, Farvaddin and Urdibihisht - April - May, No. 67. - P. 85 - 88.

4. Baimatov, L. D. From What we Know Temurmalik? - Dushanbe, 2006. - 142 p.

5. Baimatov, L. D. The Conquest of Khujand by Mongols // Iran-name.-2015.- № 3-4 (35-36). - P. 201247.

6. Boymatov, L.D, Timur Malik: Primary Sources and Scientific Literature. Digest of articles. Resp. and scientific. ed. etc. and. Sci., Professor A. Sh. Kadyrbaev. LAP - Lambert Academic Publishing-House. 2019. - 113 p.

7. Baimatov L.D. Gazofkoron. Recognition of Historical Monuments Tarfandin. Editor: Mazhariidin Ghoziev. "GloieEdit". 2019. - 296 p.

8. Baimatov L.D. Khudkomagon in the Mirror of History. "GlobeEdit", Beau Bassin (Mauritius), 2020, - 156 p.

9. Gafurov BG and Prokhorov N. Tajik People in the Struggle for Freedom and Independence of their Homeland. Essay on the history of Tajiks and Tajikistan. State Publishing House under the Council of People's Commissars of the Tajik SSR. Stalinabad, 1944.-212 р.

10. Gafurov BG History of the Tajik people. In summary. From ancient times to the Great October Socialist Revolution of 1917. The 2-nd edition, revised and supplemented. Ed. Corresponding Member Academy of Sciences of the Tajik SSR S. Braginsky. Publishing House of Political Literature. - Moscow: 1952.-503 р

11. Gafurov, B.G. The History of the Tajik People in a Summary. -V.1: From ancient times to the Great October Socialist Revolution of 1917. The 3rd edition, revised and supplemented. Ed. Corresponding Member of the Academy of Sciences of the Tajik SSR S. Braginsky. Publishing House of Political Literature. - M.: 1955.-544 р.

12. Gafurov B.G. Tajiks: The most ancient, ancient and medieval history. Resp. Ed. B. A. Litvinsky. -M.: Science. 1972.-425 р.

13. Gafurov, B.G. Tajiks: The most ancient, ancient and medieval history. Resp. Ed. B. A. Litvinsky. Book one. The 2nd edition. - Dushanbe: Cognition, 1989.14. B. Gafurov D. Brief history of the Tajik people. - V.I. The State Publishing. Stalinabad. 1947.-384 р.

15. Gafurov B.G. Tajiks. The most ancient history, ancient and medieval history. - V.1. Dushanbe, 1983.-700 р.

16. Gafurov B.G. Prokhorov, N. Tajiks and their Historical Strikes for Freedom of their Homeland. Under the editorship of Karim Farhodi. Explain, translation and edition of Zia Abudullo and released Kosimzoda. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2012.

17. Petrushevsky I.P. The Campaign of the Mongol Troops in Central Asia in 1219 - 1224 and its Consequences. // Tatar-Mongols in Asia and Europe. Editor-in-chief S.L. Tikhvinsky. The 2nd edition, revised and enlarged. - M.: 1977. - P. 107-139.

18. Tatar-Mongols in Asia and Europe. Editor-in-chief S.L. Tikhvinsky. The 2nd edition, revised and enlarged. - M., 1977.-504 р.

19. Tursunov N. Temurmalik's Haftkhon. Explorations. - Khujand, 2003.-404 р.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.