Научная статья на тему 'НАҚШИ СОЗМОНҲОИ СИЁСИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР РУШДИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН'

НАҚШИ СОЗМОНҲОИ СИЁСИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР РУШДИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
24
1
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
созмонҳои сиёсии байналхалқӣ / рушди сиёсӣ / сиёсати хориҷӣ / манфиатҳои миллӣ / таъмини амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ / ҳамкориҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ / international political organizations / political development / foreign policy / national interests / ensuring regional and international security / socio-political cooperation

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Рустамзода Завқиддин Рустам

Нақши созмонҳои сиёсии байналхалқӣ дар рушди сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Заминаҳо ва ангезаҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкории кишвар бо созмонҳои сиёсии байналхалқӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Ошкор карда шудааст, ки созмонҳои сиёсии байналхалқӣ дар самтҳои мухталиф дар рушди сиёсии Тоҷикистон нақши муҳим гузоштаанд. Созмонҳои байналхалқӣ ҳамчун майдони муҳим барои худмуаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналхалқӣ дониста шудаанд. Нақши меъёрофарии созмонҳои байналхалқӣ дар таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон муҳим баҳогузорӣ шудааст. Ҳамчунин нақши созмонҳои сиёсии байналхалқӣ дар раванди демократикунонӣ ва таҳкими унсурони он дар Тоҷикистон, раванди сулҳофаринӣ, барқарорсозии пас аз низоъ, машруиятбахшии ҳокимияти сиёсӣ, таҳким ва тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, таъмини суботу оромӣ ва бароҳмонии ислоҳоти сиёсӣ ва ниҳодӣ муҳим арзёбӣ гардидааст. Зикр карда шудааст, ки зери таъсири омилҳои мухталифи замонӣ сиғаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои сиёсии байналхалқӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тағйир пазируфтааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF INTERNATIONAL POLITICAL ORGANIZATIONS IN THE POLITICAL DEVELOPMENT OF TAJIKISTAN REPUBLIC

The article dwells on the role of international political organizations in the political development of the Republic of Tajikistan. The prerequisites and motives of Tajikistan’s activities in the areas of its cooperation with international political organizations are analyzed. It was revealed that international political organizations played an important role in the political development of Tajikistan in various directions. International organizations are recognized as an important platform for self-presentation of Tajikistan at the international level. The normative role of international organizations is assessed as important in the political development of Tajikistan. The role of international political organizations in the process of democratization and strengthening its elements in Tajikistan, as well as in the process of peacemaking, post-conflict reconstruction, legitimization of political power, strengthening and development of civil society, ensuring stability, political and institutional reforms was also highly appreciated. It is noted that during the period of independence, Tajikistan’s cooperation with international political organizations changed under the influence of various temporary factors.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ СОЗМОНҲОИ СИЁСИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР РУШДИ СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

УДК 327

DOI 10.24412/2411-1945-2023-4-133-140

НАКЩИ СОЗМОНХОИ СИЁСИИ Рустамзода Завциддин Рустам, муаллими

БАЙНАЛХАЛЦЙДАР РУШДИ СИЁСИИ калони кафедраи забонуои хориции

ЦУМХУРИИ ТОЦИКИСТОН ДМБСТ (Хуцанд, Тоцикистон)

РОЛЬ МЕЖДУНАРОДНЫХ Рустамзода Завкиддин Рустам,

ПОЛИТИЧЕСКИХ ОРГАНИЗАЦИЙ В ст. преподаватель кафедры иностранных

ПОЛИТИЧЕСКОМ РАЗВИТИИ языков ТГУПБП (Худжанд, Таджикистан) РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

THE ROLE OF INTERNA TIONAL Rustamzoda Zavqiddin Rustam, Senior

POLITICAL ORGANIZATIONS IN THE lecturer of foreign languages department

POLITICAL DEVELOPMENT OF under TSULBP (Khujand, Tajikistan)

TAJIKISTAN REPUBLIC e-mail: mr.zavqiddin@mail.ru

Нацши созмощои сиёсии байналхалци дар рушди сиёсии Цумуурии Тоцикистон мавриди тауциц царор дода шудааст. Заминало ва ангезауои Тоцикистон дар самти уамкории кишвар бо созмощои сиёсии байналхалци ба риштаи тащил кашида шудаанд. Ошкор карда шудааст, ки созмощои сиёсии байналхалци дар самтуои мухталиф дар рушди сиёсии Тоцикистон нацши мууим гузоштаанд. Созмонуои байналхалци уамчун майдони мууим барои худмуаррифии Тоцикистон дар сатуи байналхалци дониста шудаанд. Нацши меъёрофарии созмощои байналхалци дар тауаввулоти сиёсии Тоцикистон мууим бауогузори шудааст. Цамчунин нацши созмощои сиёсии байналхалци дар раванди демократикунони ва таукими унсурони он дар Тоцикистон, раванди сулуофарини, барцарорсозии пас аз низоъ, машруиятбахшии уокимияти сиёси, тауким ва тацвияти цомеаи шаурванди дар Тоцикистон, таъмини суботу ороми ва бароумонии ислоуоти сиёси ва ниуоди мууим арзёби гардидааст. Зикр карда шудааст, ки зери таъсири омилуои мухталифи замони сигаи уамкориуои Тоцикистон бо созмонуои сиёсии байналхалци дар замони соуибистицлоли тагйир пазируфтааст.

Калидвожа^о: созмонуои сиёсии байналхалци, рушди сиёси, сиёсати хорици, манфиатуои милли, таъмини амнияти минтацави ва байналхалци, уамкориуои ицтимой-сиёсй

Исследована роль международных политических организаций в политическом развитии Республики Таджикистан. Анализируются предпосылки и мотивы деятельности Таджикистана в векторах его сотрудничества с международными политическими организациями. Выявлено, что международные политические организации сыграли важную роль в политическом развитии Таджикистана в различных направлениях. Международные организации признаны важной площадкой для самопрезентации Таджикистана на международном уровне. Нормативная роль международных организаций в политическом развитии Таджикистана оценена как важная. Также высоко оценена роль международных политических организаций в процессе демократизации и укрепления ее элементов в Таджикистане, а также в процессе миротворчества, постконфликтного восстановления, легитимизации политической власти, укрепления и развитии гражданского общества, обеспечения стабильности, политических и институциональных реформ. Отмечено, что в период независимости сотрудничество Таджикистана с международными политическими организациями изменилось под влиянием различных временных факторов.

Ключевые слова: международные политические организации, политическое развитие, внешняя политика, национальные интересы, обеспечение региональной и

- 133 -

международной безопасности, общественно-политическое сотрудничество

The article dwells on the role of international political organizations in the political development of the Republic of Tajikistan. The prerequisites and motives of Tajikistan's activities in the areas of its cooperation with international political organizations are analyzed. It was revealed that international political organizations played an important role in the political development of Tajikistan in various directions. International organizations are recognized as an important platform for self-presentation of Tajikistan at the international level. The normative role of international organizations is assessed as important in the political development of Tajikistan. The role of international political organizations in the process of democratization and strengthening its elements in Tajikistan, as well as in the process of peacemaking, post-conflict reconstruction, legitimization of political power, strengthening and development of civil society, ensuring stability, political and institutional reforms was also highly appreciated. It is noted that during the period of independence, Tajikistan's cooperation with international political organizations changed under the influence of various temporary factors.

Key-words: international political organizations, political development, foreign policy, national

interests, ensuring regional and international security, socio-political cooperation

Дар шароити муосири рушди сиёсии худ Чумхурии Точикистон иштирокчии фаъоли низоми муносибатхои байналхал^й гардида, дар мархилаи чустучуи тархи мувофщи муносибатхои дучониба ва бисёрчониба бо дигар субъектхои низоми муносибатхои байналмилалй ^арор дорад. Ворид шудани Точикистон ба низоми сиёсии байналхал^й ва хифзи хамачонибаи манфиатхои хеш хадафи мухимми рушди давлатдории миллй ва таъмини рушди минбаъдаи кишвар ба хисоб меравад, зеро махз дар доираи низоми сиёсии байналхал^й захира ва имкониятхои зарурии хамкорихои дучониба ва бисёрчониба фарохам мегардад.

Яке аз пахлухои мухимми сиёсати хоричии Чумхурии Точикистонро рушди муносибатхои бисёрчониба ва хамкорй бо созмонхои мухталифи сиёсии байналхал^й ташкил медихад. Ин нукта дар хуччатхои мухимми ху^у^ии Чумхурии Точикистон ба таври равшан баён карда шудааст. Аз чумла, дар Конститутсияи Чумхурии Точикистон чунин омадааст, ки Точикистон вобаста ба манфиатхои олии хал^ метавонад ба иттиходияхо ва ташкилотхои байналмилалй дохил шавад ва аз онхо барояд [1].

Дар самти рушди хамкорихо бо созмонхои байналхал^й Чумхурии Точикистон ба созмонхои сиёсии байналхал^й таваччухи хоса додааст. Аз чумла, то ба имруз мо шохиди он хастем, ки кишвари мо бо созмонхои сиёсии байналхал^ие аз забили СММ, САХА, ИДМ, СХШ, СААД, СХИ, СХИР, СХИ (Созмони хамкории и^тисодй), Муколамаи хамкории Осиё, Машварати хамкорй ва тадбирхои боварй дар Осиё ва гайра хамкорихои судмандро густариш бахшидааст. Хамкорй бо ин созмонхо аз бисёр чихат барои кишвари мо мухим мебошад ва то ба имруз Точикистон дар доираи онхо тавонистааст бисёре аз масъалахои сиёсию и^тисодй ва амниятии худро халлу фасл намояд. Кишвари моро ангезахои мухталифе барои хамкорй намудан бо созмонхои гуногуни сиёсии байналхал^й водор менамоянд. Дар зер мо кушиш менамоем, ки чанде аз онхоро мавриди баррасй ^арор дода бошем.

Ба андешаи мо Чумхурии Точикистонро барои хамкорй бо созмонхои сиёсии байналхал^й чунин ангезахое тахрик мебахшанд: нуфуз ва таъсиргузории созмони байналхал^й; сахми назарраси онхо дар халли мушкилоти сиёсй; тачрибаи фаъолияти созмонхои байналхал^й; омили тамаддунй ва геополитикй; платформаи мусоид барои хамкорй бо кишвархои аъзо; мувофи^ати хадафхои кишвар бо ма^садхои барномавии созмонхо; манфиатхои и^тисодию ичтимой ва сиёсй; имкони муаррифии хеш дар доираи

созмонхо; самарабахшии фаъолияти созмон; мавчудияти заминаву шароитхо ва гайра.

Чумхурии Точикистон хамкории хешро бо СММ ва САХА пеш аз хама аз он хотир ба рох монд, ки онхо дар шароити нав ба истщлол расидани кишвари мо аз созмонхои бонуфузи байналхал^й ва минта^авй буданд. Тавассути узвият дар ин созмонхо кишвари мо тавонист худро хамчун узви комилху^у^и муносибатхои байналхал^й муаррифй намояд. Хоссатан ангезаи сиёсй ва халли мушкилоти сиёсй барои кишвари мо дар самти узвият дар ин созмонхои бонуфузи байналхал^й мухим буд. Албатта, аксари ангезахои зикршуда дар самти хамкории Точикистон бо СММ ва САХА мувофи^ меоянд. Ба андешаи мо барои хамкории Точикистон бо ИДМ чунин ангезахое чун тачрибаи хамкорй бо аъзоён, омили геополитикй, инфрасохтори мавчуда, омили харбй, халли мушкилоти сиёсй, шароитхои сиёсй ва гайра бештар таъсиргузор буданд. Барои узвият дар СХШ бештар таъсири ангезахои сиёсй, и^тисодию ичтимой, мушкилоти амниятй, геополитикй ва гайра ба мушохида мерасиданд. Узвият ба СААД ба андешаи мо бештар ангезаи амниятй, сиёсй, харбй ва геополитикй дорад. Зери таъсири ангезаи тамаддунй кишвари мо хамчун бахши олами ислом бо СХИ хамкорихои мута^обиларо ба рох мондааст, то дар платформаи он бо кишвархои мусулмонй муносибатхои хасана ва манфиатбахшро ба рох монда бошад.

Лозим ба ёдоварист, ки созмонхои сиёсии байналхал^й дар рушди сиёсии Чумхурии Точикистон на^ши муассир гузоштаанд. Дар заминаи хамкорй бо онхо дар замони сохибисти^лолй кишвари мо тавонистааст, дар самти ислохоти сиёсй корхои назаррасеро ба анчом расонад.

Аввалан, мо метавонем на^ши меъёрофарии созмонхои байналхал^иро зикр намоем, ки ба тахаввулоти сиёсии кишвари мо таъсири ами^ гузоштаанд. Бо аъзо шудан ба созмонхои байналхал^й Чумхурии Точикистон ухдадор гардид, ки оинномаи онхо ва баъзе аз конвенсияхои байналхал^иро таъйид ва ^абул намояд. Аз он чумла, пас аз аъзо шудан ба САХА ва СММ Точикистон водор ба он гардид, ки баъзе аз конвенсияхои байналхал^иро, ки дорои характери сиёсй низ буданд, ^абул намояд. Барои мисол кишвари мо соли 1992 Эъломияи умумии ху^у^и башар, Санади хотимавии Хелсинки ва Баёнияи Париж, соли 1993 Паймони байналмилалй доир ба ху^у^хои фитрй ва сиёсй, соли 1996 Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатй ва Конвенсияи Вена дар бораи ху^у^и шартномахои байналмилалиро таъйид намуда буд.

Зикр намудан зарур аст, ки Оинномахои созмонхои байналхащй ва Конвенсияхои байналхал^й дар шаклгирии низоми ху^у^ии Точикистон таъсири назаррас расонидаанд. Хусусан, дар тахияи Конститутсияи Точикистон ва ^абули ^онунхои чорй меъёрхои байналхал^й ба эътибор гирифта мешаванд, ки худ баёнгари на^шгузории созмонхои сиёсии байналхал^й дар шаклгирии низоми нави сиёсй дар кишвари мо мебошад. Зиёда аз ин санадхои ху^у^ии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, ^исми таркибии низоми ху^у^ии чумхуриро ташкил медиханд ва дар сурати мутоби^ат накардани ^онунхои амалкунанда бо онхо, меъёрхои санадхои байналмилалй амал мекунанд [1].

Пас аз бадастории исти^лолияти давлатй Чумхурии Точикистон рохи инкишофи демократиро пеша намуд. Албатта, дар раванди демократикунонй ва тахкими унсурони он дар кишвар на^ши созмонхои байналхал^ии сиёсй назаррас мебошад. Дар аксари маврид он унсурони демократие, ки дар Конститутсияи Точикистон ва ^онунгузории кишвар инъикос шудаанд, дар санадхои ху^у^и байналмилалй ва Оинномахои созмонхои сиёсии байналхал^й ифода ёфтаанд. Хусусан меъёрхое, ки ба ху^у^хои сиёсии инсон, ташкили хокимияти мардумй, таъмини волоияти ^онун, ташкили интихоботи шаффофу демократй, плюрализми сиёсй, фаъолияти озоди ВАО ва гайра дахл доранд, аз ху^у^и байналхал^й сарчашма мегиранд. Дар шароити имруза ба инобат гирифтан ва амалй намудани онхо хамчун масъулияти мухимми Точикистон дар назди созмонхои сиёсии байналхал^й мансуб

меёбад.

Дар ин маврид зарур мешуморем, ки бархе аз меьёрхои худуди байналхалдиро, ки ба ташаккули унсурони низоми демократй дар кишвари мо заминасоз шудаанд, баррасй намоем. Барои мисол, дар моддаи 21-уми Эъломияи умумии худуди башар чунин омадааст «Хдр як инсон хад дорад, бевосита ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шуданд, дар идораи корхои кишвари худ ширкат намояд. Иродаи халд бояд асоси хокимияти хукумат бошад. Ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорй, ки дар сурати мавчудияти хадди интихоботи умумй ва баробар бо рохи овоздихии пинхонй ё тавассути шаклхои дигари баробар, ки овоздихии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад» [2]. Дар заминаи ин меъёри байналхалдй дар Точикистони имруза ташкил ва баргузории маьракахои интихоботй мударрар намуда шудааст, ки барои тахкими низоми демократй мухим мебошад.

Санади хотимавии Х^елсинкй низ меьёрхои зиёди демократиро барои давлатхои аьзои САХД мударрар намудааст. Аз он чумла, дар банди 7-уми ин Санад чунин омадааст: «Давлатхои аьзо худудхои инсон ва озодихои асосиро бо шумули озодии андеша, вичдон, дин ва адида барои хама бе гузоштани тафовут дар нажод, чинс, забон ва дин эхтиром мекунанд. Онхо амалисозии самарабахши худуд ва озодихои шахрвандй, сиёсй, идтисодй, ичтимой, фархангй ва дигареро, ки аз шарафи шахсияти инсон падид меоянд ва барои пешравии озод ва комили у мухим мебошанд, ташвид мекунанд ва инкишоф медиханд» [3, с.198]. Меьёрхои худуди байналхалдиро баррасй намуда, он холатро ошкор кардан мумкин аст, ки таьсири онхо дар тахияи меьёрхои худудй ва сиёсии кишвари мо назаррас мебошад.

Чумхурии Точикистон аз рузхои аввали сохибистидлолй кушиш бар он намуда истодааст, ки аз имкони созмонхои сиёсии байналхалдй барои рушди сиёсии хеш истифода намояд. Яке аз хадафхои мухимми кишвари моро дар ин самт истифодаи фазои созмонхои сиёсии байналхалдй барои худмуаррифй ташкил медихад. Албатта, ин механизм барои як кишвари чавон, ки нав ба арсаи муносибатхои байналхалдй дадам гузоштааст, мухим таладдй мегардад. Вобаста ба холатхои мухталифи рушд дар замони сохибистидлолй кишвари мо кушиш бар он намудааст, ки аз имкониятхои созмонхои сиёсии байналхалдй истифода намояд. Шароитхо ва холати рушди кишвар чигунагии хузур ва фаьолияти Точикистонро дар фазои созмонхои сиёсии байналхалдй муайян намудаанд. Зери таьсири омилхои замонй ва холатй Точикистон муносибатхо ва афзалиятхои хешро дар хайати созмонхои сиёсии байналхалдй мударрар намудааст.

Солхои аввали сохибистидлолй кишвари мо бештар кушиш менамуд, ки аз имкониятхои созмонхои сиёсии байналхалдй чун СММ ва САХД барои муаррифии хеш хамчун давлати нав мустадилшуда истифода намояд ва хамкорихои судмандро барои рушди ояндаи хеш ба рох бимонад. Аммо бинобар тагйири вазьи сиёсй ва дучор шудани кишвар ба низои дохилй сигаи хамкории мо бо ин ду созмон тагйир пазируфт. Пас аз шуруи низои дохилй ва дучор шудани кишвар ба бухрони хамачониба Точикистон ба созмонхои сиёсии байналхалдй хамчун василаи мухимми халли мунодишаи сиёсй ва ба эьтидол овардани вазьяти сиёсии хеш мурочиат намудааст. Лозим ба ёдоварист, ки надши созмонхои сиёсии байналхалдй дар халли низои сиёсй ва бардарорсозии пас аз чангй низ хеле назаррас буд.

СММ дар фаьолияти сулхчуёнаи худ дар Точикистон чунин корхои мухиммеро ба анчом расонидааст, ки заминаи зарурй барои рушди минбаьдаи кишвар шудааст: бунёд ва бардарорнамоии пас аз низоь; чалби созмонхои мухталиф дар бартараф намудани одибатхо ва паёмадхои асосии сиёсй, идтисодй, ичтимоии низоь; бартараф намудани заминахои аз нав сар задани низоь; бардарор намудани унсурхои мухимми инфрасохтор ва ниходхои шахрвандии давлат ва гайра.

Идораи СММ оид ба мусоидат ба сулхофаринй дар Точикистон хамчун механизми асосй

ва калидии сиёсй дар мустахкам намудани ниходхои демократй, нигохдории унсурхои плюрализми сиёсй ва пешбурди тахаммулпазирй дар кишвар амал менамуд. Лоихахои бунёди сулх, ки аз тарафи Идораи СММ оид ба мусоидатнамой ба сулхофаринй дар Точикистон пешниход мегардиданд, дар муттахидшавй ва баратараф намудани ноустуворй ва низоъ дар кишвар мухим дониста мешаванд [4, с.4].

Созмонхои сиёсии байналхалкй дар амалй намудани принсипхои демократй дар Точикистон низ сахми назаррас доштанд. Барои мисол дар асоси кумаки машваратй ва дастгирии молиявии Маркази СММ оид ба хукуки инсон, Идораи САХА оид ба ниходхои демократй ва хукуки инсон Точикистон кушиш менамуд, ки хукук ва озодихои шахрвандонро дар чумхурй таъмин намояд. Дар китоби худ Президенти Чумхурии Точикистон, Эмомалй Рахмон тахти унвони "Истиклолияти Точикистон ва эхёи миллат" зикр шудааст, ки дар самти демократикунонй Хукумати Чумхурии Точикистон вазифахои зерини аввалиндарачаро чудо намуда буд:

- баркарор намудани макомоти конунгузор ва идоракунй, сохторхои макомоти хифзи хукук барои ичрои вазифахо, татбики тадбирхои хифзи шаъну шараф ва амнияти ахолии чумхурй;

- риояи хукуку озодии шахрвандон мувофики принсипхо, ки дар Хуччати хотимавии Мачлиси машваратй оид ба амният ва хамкорй дар Аврупо, Баёнияи Париж ва дигар шартномахои байналхалкй муайян карда шудаанд; [5, с.110].

Ба андешаи мо яке аз накшхои мухимми созмонхои сиёсии байналхалкй дар халли бухрони сиёсии Точикистон аз он иборат буд, ки онхо бо эътирофи хеш ва ба рох мондани хамкорй дар машруиятбахшии (легитиматсия) хокимияти сиёсй дар Точикистон дар солхои аввали сохибистиклолй сахми бориз гузоштанд. Хусусан, эътирофи хукумати конститутсионй пас аз Ичлосияи 16-уми Шурои Олй аз машруиятбахшии онхо ба хокимияти сиёсй дар Точикистон дарак медихад. Дар ин замон пеш аз хама ИДМ хамчун созмони сиёсии навтаъсиси минтакавй Хукумати конститутсионии Точикистонро эътироф ва дастгирй намуд. Хусусан фиристодани Куввахои муштараки хомии сулхи ИДМ ва накшгузорй дар халли низои сиёсй аз он дарак медихад. Дар он давра эътирофи хокимияти сиёсй барои халли минбаъдаи низоъ ва таваччух намудан ба масъалахои рушди сиёсй хеле мухим буд. Албатта, баркарории сулху вахдат дар кишвари мо як заминаи мухим барои рушди сиёсй ва тадричан мустахкам шудани низоми демократй гардид.

Хамчунин, созмонхои сиёсии байналхалкй бо маблаггузории лоихахои мухталифи ниходхои чомеаи шахрвандй, хусусан созмонхои гайрихукуматй заминаи мухиммеро барои тахким ва таквияти чомеаи шахрвандй дар Точикистон фарохам оварданд. Ба андешаи мо, дар ташаккул ва рушди ниходхои чомеаи шахрвандй дар Точикистон накши созмонхои сиёсии байналхалкй чун СММ, САХА, ЮСАИД, БРСММ, ЮНЕСКО ва СХИР назаррас мебошад. Зери таъсири созмонхои сиёсии байналхалкй тагйироти чиддй дар низоми сиёсии кишвари мо ба вучуд омад. Аз он чумла, таквияти низоми интихоботй, фаъол гардидани ВАО, тагйирот дар низоми судии кишвар, кабули мораторияи хукми катл, фарохам намудани имкониятхо бахри тахкими ниходхои чомеаи шахрвандй, боз намудани институти Ваколатдор оид ба хукуки инсон, рушди худидоракунии махаллй ва дигар механизмхои демократй дар Точикистон дар хамкорй бо созмонхои сиёсии байналхалкй имконпазир гардиданд.

Дар китоби "25 - кадам дар пахнои олам", ки зери рохбарии вазири корхои хоричй Сирочиддин Мухриддин чоп шудааст, кайд карда мешавад, ки истифодаи тачриба, нуфуз ва неруи САХА дар чараёни демократикунонии чомеа, тахкими амнияти миллй ва танзими масъалахои акалиятхои миллй, воридшавии Точикистонро ба ин созмон вочиб гардонидааст. Ин созмон дар ченаки харбй-сиёсй барои мубориза бо терроризм, чиноятхои

муташаккилона, ислохоти милитсия, поксозии минахо, тахкими сархад ва хифзи он, тадвият додани малакаи сархадбонон лоихахои зиёдеро амалй сохтааст [6, с.161].

Собид вазири корхои хоричии Тоцикистон Дамрохон Зарифй дар китоби худ тахти унвони "Точикистон-САДА: муколама ва хамкорй"чунин зикр менамояд, ки дар Тоцикистон тавассути кумаки САДА донунгузории кишвар мувофиди стандартхои аврупой, доидахои байналмилалй ва тачрибаи худуди инсон танзим карда шуданд. Дар мавриди тахкими низоми судии мустадил низ САДА ба кишвари мо кумакхои амалй намудааст. Аз чумла, дар ин самт бо созмонхои гайрихукуматй, ки мониторинга тачрибаи судиро дар кишвар ба хотири бахогузории мувофидати дарорхои он бо стандартхои байналхалдй амалй менамуданд, хамкорй менамуд. Дамчунин Дафтари САДА соли 2008 дар гузаронидани тахдидоти "Индекси ислохоти судй дар Точикистон" мусоидат кардааст [7, с.55].

Мухиммияти амният ва тавозуни сиёсии дохилиро дар чумхурй ба инобат гирифта, Чумхурии Точикистон самти васеъгардии хамгироиро дар доираи ИДМ ва СААД пеша намудааст. Чумхурии Точикистон аз рузи аввали бунёди Иттиходи давлатхои мустадил узви комилхудуди он буда, принсипхо ва хуччатхои заминавии онро эътироф менамояд ва иштирокчии фаъоли равандхои хамгирой ба хисоб меравад. Дар фаъолияти сиёсии хоричии Чумхурии Точикистон ба рушд ва тадвияти алодахои дучониба ва бисёрчониба бо кишвархои аъзои ИДМ диддати махсус равона карда шудааст. Надши ИДМ низ дар тахкими системаи сиёсии Точикистон назаррас мебошад. Ин созмон низ дар таъмини сулху субот ва бардарории пас аз низой дар Точикистон корхои назаррасеро ба анчом расонидааст.

Дар самти таъмини рушди сиёсй ва устувории Точикистон пайвастани кишвар ба СААД низ дорои ахамияти вижа мебошад. Хусусан надши ин созмон дар таъмини фазои суботу оромй дар минтада назаррас аст. Аз чумла, барои Точикистон, ки хамсархад бо Афгонистон аст ва марзи тулоние бо ин кишвар дорад, масъалаи амниятй ва таъмини суботу оромй дар афзалиятхои доимй дарор мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки танхо дар мухити суботу оромй ва амнияти комил системаи сиёсии Точикистон метавонад дар дигар самтхои рушди сиёсй муваффад гардад. Дар хама сурат фазои амнияту субот барои рушду тахкими системаи сиёсии як чомеа хамчун замонати мухим баромад мекунад.

Ба назари мо танхо фазои амнияту суботи комил метавонад заминагузори фаъолияти системаи сиёсии як кишвар дар фазои муносибатхои байналхалдии муосир гардад. Дар Точикистони имруза амнияту суботи комил як шароити мухимми фаъолият ва тахкими системаи сиёсии кишвар эътироф шудааст. Дар ин самт хамкорй бо СААД мувофиди мадсад аст.

Мухаддиди точик Шарипов С.И. чунин ибрози назар менамояд, ки Чумхурии Точикистон СААД-ро хамчун кафили амният, тавозуни нерухо дар худуди кишвархои аъзо мешуморад. Диддати асосй ба васеъгардии хамкорихо бо СААД дар шакли меъёрхои заминавии баимзорасида, ки ба таври пурра манфиатхои миллии Точикистонро тачассум менамоянд, равона карда шудааст [8, с.15].

Чихати дигари сахмгузории созмонхои байналхалдй дар тахкими низоми сиёсии Точикистон ин ироаи тавсияхои мухталиф барои ислохоти сиёсй дар кишвари мо мебошад. Созмонхои байналхалдии сиёсй бо ироаи тавсияхо боиси тагйироти куллй дар низоми сиёсии Точикистон дар замони сохибистидлолй гардиданд. Ба андешаи мо бо баргузории мониторинги барнома ва стратегияхои мухталиф созмонхои сиёсии байналхалдй тавсияхои заруриро ба кишвари мо чихати тахкими идоракунй ироа намудаанд. Дар ин маврид метавонем мониторинги Сратегияи мудовимат бо коррупсияро аз чониби СДИР мисол оварем. То ба имруз чор давраи мониторинги Стратегияи мудовимат бо коррупсия аз чониби ин созмони байналхалдй амалй карда шуд, ки дар заминаи онхо тавсияхои мухим барои ислохоти сиёсй ва ниходй барои кишвари мо ироа карда шуданд. Албатта, тавсияхои

ироашуда масъулиятшиносии кишвари моро дар ичроиши онхо боло бурд [9].

Дар шароити имруза хамкорихои Точикистон ва СХШ тамоюл ба рушд дорад. Аз рузхои аввали таъсиси ин созмон Точикистон хамчун аъзои фаъол дар он хузур дорад. Албатта, аз чихати чойгиршавии чугрофй ва халли масъалахои хаётан мухимми кишвар аъзогй дар ин созмон барои Точикистон мухим буд. Мухаккик Х.Холикназар таърихи ташаккули СХШ ва гузариши "Панчгонаи Шанхай"-ро ба Созмони хамкорихои Шанхай тахлил намуда, чунин зикр менамояд, ки амалй намудани лоихахо дар доираи СХШ ба халли вазифахои мухимми стратегй, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон борхо таъкид гардидаанд, мусоидат намудааст [10, с.158-159]. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи СХШ Точикистон то як андоза ба он мушарраф гардид, ки сармояи зиёдеро барои ичроиши лоихахои мухталифи кишвар аз чониби Чин дарёфт намояд. Албатта, рушду таквияти кишвар ва хусусан системаи сиёсии он дар дурнамои кутохмухлат ва дарозмухлат метавонад аз рушди иктисодй ва таъмини рифохи ичтимой дар он пайванд дошта бошад.

Дар доираи СХШ хамчунин кишвари мо бахсхои сархадиро бо Чумхурии мардумии Чин хал намуд. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар доираи СХШ ин масъала миёни Точикистон ва Чин халли худро пайдо намуд. Дар заминаи халли ин мушкилот боварии байнихамдигарии кишвархо боло рафта, сатхи хамкорй низ густариш ёфт. Пас аз халли ин мушкил чалби сармояи Чин ба иктисоди Точикистон низ густариш пайдо кард.

Хамин тарик, метавон зикр намуд, ки Чумхурии Точикистон пас аз сохибистиклол гардидан бахри таъмини рушди сиёсй бо созмонхои байналхалкии сиёсй хамкорихои худро ба рох мондааст. Густариши ин хамкорихо барои халли мушкилоти мухталифи сиёсии кишвар ва тахкими системаи сиёсии он мухим арзёбй мегардад. Дар заминаи хамкорихо бо созмонхои сиёсии байналхалкй Чумхурии Точикистон тавонист аз вартаи низои дохилй ва бухрони сиёсй рахой ёбад, ба сулху субот расад, баркарорсозии баъдинизоиро аз сар гузаронад ва заминаи рушди иктисодй ва ичтимоиро фарохам оварад. Бар замми ин, дар заминаи ин хамкорихо унсурхо, ниходхо ва арзишхои демократй дар Точикистон тадричан мустахкам гардиданд, ки заминаи тахким ёфтани системаи сиёсй дар кишвар шуданд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Конститутсияи Цумуурии Тоцикистон. Моддаи 10 [Матн]. [Манбаи электроны]. URL: http://www.mmk.tj (санаимуроциат 20.04.2021).

2. Эъломияи умумии ууцуци башар [Матн]. [Манбаи электроны]. URL: https://mfa.tj/uploads/main/2020/12/1-E-lomiyai-umumii-huquqi-bashar.pdf (санаи муроциат 04.07.2022).

3. Зарифй X Тоцикистон - САХА: муколама ва уамкорй. [Матн] /X.. Зарифй. - Душанбе: Ирфон, 2009. - 352 с.

4. Assisting nations to cultivate peace after conflict. The work of the United Nations peace-building support offices. [Text] New-York, 2002. 15p.

5. Рахмон Э. Независимость Таджикистана и возрождение нации. Т.1. [Текст] / Э. Рахмон. - Душанбе: Ирфон, 2006. - 480 с.

6. 25 цадам дар паунои олам. (зери назари Сироциддин Аслов). [Матн] - Душанбе: Ирфон, 2016. - 220 с.

7. Зарифй X. Тоцикистон - САХА: муколама ва уамкорй. [Матн] /X. Зарифй. - Душанбе: Ирфон, 2009. - 352 с.

8. Шарипов С. И. Стратегия развития Республики Таджикистан в новых геополитических реалиях. Проблемы модернизации и безопасности государств Центральной Азии и России в новых геополитических реалиях: Материалы международной научной конференции [Текст] / С. Шарипов. - Душанбе, 2011. - С.12-27.

9. Антикоррупционные реформы в Таджикистане. 4-й раунд мониторинга в рамках Стамбульского плана действий по борьбе с коррупцией. [Текст] - OECD, 2017. - 138 с.

10. Холикназар Х. Деятельность Республики Таджикистан в процессе становления и развития ШОС. [Текст] /Х. Холикназар. - Душанбе: Ирфон, 2014. - 384 с.

REFERENCES:

1. Constitution of the Republic of Tajikistan, Article 10 [Text]. - Dushanbe, 2016. [Electronic resource]. URL: http://www.mmk.tj (date of appeal 20.04.2021).

2. Universal Declaration of Human Rights [Text]. [Electronic resource]. https://mfa.tj/uploads/main/2020/12/1-E-lomiyai-umumii-huquqi-bashar.pdf_(date of appeal 04.07.2022).

3. Zarifi Kh. Tajikistan - OSCE: dialogue and cooperation. [Text] /Kh. Zarifi. - Dushanbe: Irfon, 2009. - 352 pp.

4. Assisting nations to cultivate peace after conflict. The work of the United Nations peace-building support offices. [Text] New-York, 2002. - 15pp.

5. Rahmon E. Independence of Tajikistan and the Revival of the Nation. [Text] E. Rahmon. -Dushanbe, Irfon, V.1. 2006. - 480 pp.

6. 25 Steps across the World. (under the supervision of Sirojiddin Aslov). [Text] - Dushanbe: Irfan, 2016. - 220 pp.

7. Zarifi Kh. Tajikistan - OSCE: dialogue and cooperation. [Text] /Kh. Zarifi. - Dushanbe: Irfon, 2009. - 352 pp.

8. Sharipov S.I. Development Strategy of the Republic of Tajikistan in New Geopolitical Realities. Problems of Modernization and Security of the States of Central Asia and Russia in the New Geopolitical Realities: Materials of the International Scientific Conference. [Text] /S. Sharipov - Dushanbe, 2011. PP. -12-27.

9. Anti-corruption Reforms in Tajikistan. 4th round of monitoring under the Istanbul AntiCorruption Action Plan. [Text] - OECD, 2017. 138pp.

10. Kholiknazar H. Activities of the Republic of Tajikistan in the Process of Formation and Development of the SCO. [Text] / H. Kholiknazar. - Dushanbe: Irfon, 2014. - 384 pp.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.