Научная статья на тему 'СОЗМОНҳОИ БАЙНАЛХАЛЦИ ВА ИСТИЦЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЙ ДАР ШАРОИТИ ҷАҳОНИШАВИ'

СОЗМОНҳОИ БАЙНАЛХАЛЦИ ВА ИСТИЦЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЙ ДАР ШАРОИТИ ҷАҳОНИШАВИ Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
647
55
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОРГАНИЗАЦИИ / ГОСУДАРСТВО / ГОСУДАРСТВЕННАЯ НЕЗАВИСИМОСТЬ / ГЛОБАЛИЗАЦИЯ / ВНЕШНЯЯ ПОЛИТИКА / МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОТНОШЕНИЯ / МЕЖДУНАРОДНОЕ СОТРУДНИЧЕСТВО / МИРОВАЯ ПОЛИТИКА / INTERNATIONAL ORGANIZATIONS / STATE / STATE INDEPENDENCE / GLOBALIZATION / FOREIGN POLICY / INTERNATIONAL RELATIONS / INTERNATIONAL COOPERATION / WORLD POLITICS / СОЗМОНҳОИ БАЙНАЛХАЛқӣ / ДАВЛАТ / ИСТИқЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӣ / ҷАҳОНИШАВЫ / СИЁСАТИ ХОРИҷӣ / МУНОСИБАТҳОИ БАЙНАЛХАЛқӣ / ҳАМКОРИҳОИ БАЙНАЛХАЛқӣ / СИЁСАТИ ҷАҳОНӣ

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Рустамзода Завқиддин Рустам

Нақши созмонҳои байналхалқй дар муносибатҳои байналхалқии муосир ва таъсиргузории онҳо ба истиқлолияти давлатй мавриди баррасй ва таҳлил қарор дода шудаанд. Зикр карда шудааст, ки масъалаи фаъолияти созмонҳои байналхалцй ва ҳифзи истиқлолияти давлатй барои давлатҳои дорои сатҳи мухталифи рушд хосияти якранг надорад. Хусусан барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи истицлолият дар шароити рушди созмонҳои байналхалқй ва раванди бебозгашти ҷаҳонишавй муҳим талаққй шудааст. Дар мақола дидгоҳҳои мухталиф перомуни таъсиррасонии фаъолияти созмонҳои байналхалқй ба истиқлолияти давлатй мавриди таҳлил ва баррасй қарор гирифтаанд. Ошкор карда шудааст, ки дар мавриди фаъолияти созмонҳои байналхалқй ва таъсиргузории онҳо ба истиқлолияти давлатй ҳам ақидаҳои мусбат ва ҳам манфй ҷой доранд. Муаллиф зикр намудааст, ки дар аксари мавридҳо фаъолияти созмонҳои байналхалқй истиқлолияти кишварҳои аъзоро маҳдуд намесозад, зеро давлатҳо бо хости худ ва барои амалй намудани ҳадафҳои миллии хеш ба созмонҳои байналхалқй ворид мешаванд. Ба андешаи муаллиф зарур аст, ки ҳангоми баррасии масъалаи таъсиррасонии созмонҳои байналхалқй ба истиқлолияти давлатҳо ба шароитҳои амали давлатҳо дар доираи созмонҳои байналхалқй ва раванди ҷаҳонишавй таваҷҷуҳ карда шавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

INTERNATIONAL ORGANIZATIONS AND STATE INDEPENDENCE UNDER THE CONDITIONS OF GLOBALIZATION

The role of international organizations in modern international relations and their influence on state independence is considered and analyzed. The author noted that the issue of the activities of international organizations and the protection of state independence is not one and the same for countries with different levels of development. Especially for the Republic of Tajikistan it is very important to protect independence in the context of the development of international organizations and the irreversible process of globalization. The article analyzes and discusses various points of view on the impact of the activities of international organizations on state independence. It was revealed that there are positive and negative views on the impact of the activities of international organizations on state independence. The author notes that in most cases the activities of international organizations do not limit the independence of the participating countries, since states voluntarily join international organizations to achieve their national goals. According to the author, in order to consider the influence of international organizations on independence of states it is necessary to pay attention to the conditions for the actions of states within the frameworks of international organizations and in the processes of globalization.

Текст научной работы на тему «СОЗМОНҳОИ БАЙНАЛХАЛЦИ ВА ИСТИЦЛОЛИЯТИ ДАВЛАТЙ ДАР ШАРОИТИ ҷАҳОНИШАВИ»

23 00 00 СИЁСАТШИНОСЙ 23 00 00 ПОЛИТИЧЕСКИЕ НАУКИ 23.00.02 ПОЛИТИЧЕСКИЕ ИНСТИТУТЫ, ПРОЦЕССЫ И

ТЕХНОЛОГИИ

УДК 327 ББК66.4 (5)6

СОЗМОЩОИ БАЙНАЛХАЛЩ ВА Рустамзода Завциддин Рустам, ИСТЩЛОЛИЯТИДАВЛАТЙДАР омузгори кафедраи

ШАРОИТИ ЦАХОНИШАВИ забощои хориции ДД^БСТ

МЕЖДУНАРОДНЫЕ ОРГАНИЗАЦИИ Рустамзода Завкиддин Рустам,

И ГОСУДАРСТВЕННАЯ преподаватель кафедры

НЕЗАВИСИМОСТЬ В УСЛОВИЯХ иностранных языков ТГУПБП

ГЛОБАЛИЗАЦИИ (Худжанд, Таджикистан)

INTERNATIONAL ORGANIZATIONS Rustamzoda Zavqiddin Rustam

AND STATE INDEPENDENCE lecturer of foreign languages

UNDER THE CONDITIONS department under TSULBP

OF GLOBALIZA TION E-MAIL: mr.zavqiddin@mail.ru

Калидвожахо: созмонуои байналхалцй, давлат, истицлолияти давлатй, цауонишавй, сиёсати хорици, муносибатуои байналхалцй, уамкориуои байналхалцй, сиёсати цауонй

Нацши созмощои байналхалцй дар муносибатуои байналхалции муосир ва таъсиргузории ощо ба истицлолияти давлатй мавриди баррасй ва таулил царор дода шудаанд. Зикр карда шудааст, ки масъалаи фаъолияти созмощои байналхалцй ва уифзи истицлолияти давлатй барои давлатуои дорои сатуи мухталифи рушд хосияти якранг надорад. Хусусан барои Чумуурии Тоцикистон масъалаи уифзи истицлолият дар шароити рушди созмонуои байналхалцй ва раванди бебозгашти цауонишавй мууим талаццй шудааст. Дар мацола дидгоууои мухталиф перомуни таъсиррасонии фаъолияти созмонуои байналхалцй ба истицлолияти давлатй мавриди таулил ва баррасй царор гирифтаанд. Ошкор карда шудааст, ки дар мавриди фаъолияти созмонуои байналхалцй ва таъсиргузории онуо ба истицлолияти давлатй уам ацидауои мусбат ва уам манфй цой доранд. Муаллиф зикр намудааст, ки дар аксари мавридуо фаъолияти созмонуои байналхалцй истицлолияти кишваруои аъзоро маудуд намесозад, зеро давлатуо бо хости худ ва барои амалй намудани уадафуои миллии хеш ба созмонуои байналхалцй ворид мешаванд. Ба андешаи муаллиф зарур аст, ки уангоми баррасии масъалаи таъсиррасонии созмонуои байналхалцй ба истицлолияти давлатуо ба шароитуои амали давлатуо дар доираи созмонуои байналхалцй ва раванди цауонишавй таваццуу карда шавад.

Ключевые слова: международные организации, государство, государственная независимость, глобализация, внешняя политика, международные отношения, международное сотрудничество, мировая политика

Рассматривается роль международных организаций в современных международных отношениях и их влияние на государственную независимость. Отмечено, что вопрос о деятельности международных организаций и защите государственной независимости является неодинаковым для стран с разным уровнем развития. Для Республики Таджикистан особенно важна защита независимости в

контексте активности международных организаций и необратимости процесса глобализации. Обсуждаются различные точки зрения о влиянии деятельности международных организаций на государственную независимость. Выявлено, что существуют положительные и отрицательные взгляды на влияние деятельности международных организаций на государственный суверенитет. Отмечено, что в большинстве случаев деятельность международных организаций не ограничивает независимости страны, входящей в них, поскольку государства добровольно присоединяются к ним для достижения национальных целей. Обосновывается мнение, что при рассмотрении влияния международных организаций на независимость государств необходимо обратить внимание на условия, в которых действуют государства в рамках международных организаций и в процессе глобализации.

Key-words: international organizations, state, state independence, globalization, foreign

policy, international relations, international cooperation, world politics

The role of international organizations in modern international relations and their influence on state independence is considered and analyzed. The author noted that the issue of the activities of international organizations and the protection of state independence is not one and the same for countries with different levels of development. Especially for the Republic of Tajikistan it is very important to protect independence in the context of the development of international organizations and the irreversible process of globalization. The article analyzes and discusses various points of view on the impact of the activities of international organizations on state independence. It was revealed that there are positive and negative views on the impact of the activities of international organizations on state independence. The author notes that in most cases the activities of international organizations do not limit the independence of the participating countries, since states voluntarily join international organizations to achieve their national goals. According to the author, in order to consider the influence of international organizations on independence of states it is necessary to pay attention to the conditions for the actions of states within the frameworks of international organizations and in the processes of globalization.

Дар шароити инкишофи низоми нави чахонй созмонхои байналхалци механизми рушдкардаи танзими масъалахои сатхд чахонй мебошанд. Фаъол гардидани созмонхои байналхалкй дар ду садаи охир, зиёд гардидани мивдори умумии онхо яке аз хусусиятх,ои мухдмми рушди чахонй ва низоми муносибатх,ои байналхалкй хисобида мешавад. Созмонхои байналхалкй на танхо муносибатхои байнидавлатиро танзим менамоянд, балки фаъолона дар халли масъалахои мухталифи глобаливу минтакавй иштирок менамоянд. Накши рузафзуни созмонх,ои байналхалкй дар шароити кунунии рушди низоми муносибатх,ои байналхалкй шакку тардидеро ба миён намеорад.

Масъалаи фаъолияти созмонхои байналхалкй дар низоми муносибатх,ои байналхалкй муаммо^ои зиёдеро тавлид менамояд. Яке аз ин муаммо^о хдфзи истиклолияти давлатй дар шароити ча^онишавй ва рушди мавкеи созмонхои байналхалкй мебошад. Саволи мухдмме, ки дар ин маврид метавонад зухур намояд, он аст, ки таквияти рузафзуни созмонх,ои байналхалкй ва раванди ча^онишавй ба истиклолияти кишвар^ои ало^ида чи паёмад^ое дошта метавонад? Албатта ин масъала барои давлат^ои дорои сатхд мухталифи рушд метавонад ба таври гуногун зохдр гардад. Хусусан, барои Точикистон, ки дар минтакаи хдссоси геополиткй чойгир шудааст ва тачрибаи тулонии давлатдории мустакилро доро нест, масъалаи хдфзи истиклолият дар шароити рушди созмонхои байналхалкй ва раванди бебозгашти глобализатсионй мухдм мегардад.

Созмонхои байналхалкй, ки хамчун созмонхои байнихукуматии фарогир тавсиф карда мешаванд, дар муносибатхои байналхалкй падидаи нисбатан нав ба хисоб мераванд. Аввалин маротиба созмонхои байналхалкй дар низоми муносибатхои байналхалкй дар садаи гузашта зухур намудаанд. Албатта то пайдоиши созмонхои байналхалкии фарогир ва иттифокхои харбй, навъе аз созмонхои байнихукуматй дар Аврупо мавчуд буданд. То ташаккул ёфтани низоми муосири байналхалкй, субъектхои мухимми гайридавлатии байналхалкй, ба монанди Калисои католикй ва Империяи мукаддаси Рим арзи хдстй намуданд. Лекин ин субъектхо аз тарафи давлатхо бунёд нагардида, балки мустакилона аз давлат фаъолият менамуданд. Аввалин созмонхо дар охири асри XIX дар асоси шартномаи байни давлатхо, махсусан барои халли масъалахои дар байни кишвархо ба миёномада бунёд шуданд [7, с.597]. Зикр намудан бамаврид аст, ки субъектхои номбурда аксаран истиклолияти давлатхои зертобеи худро зери суол мегузоштанд. Аввалин харакатхои истикдолиятхохд махз барои озод шудан аз зери тобеъияти субъектхои номбурда зухур намуда буданд. Аммо масъалаи созмонхои муосири байналхалкй ва хифзи истиклолияти давлатхо дар доираи онхо тамоман хусусиятхои дигарро доро аст, зеро давлатхо мувофики принсипхои муносибатхои байналхалкии имруза ба таври озодона метавонанд ба ин ва ё он созмони байналхалкй ворид шаванд ва ё бароянд.

Давлатхо ба созмонхои байналхалкии байнихукуматй пеш аз хама ба хотири амалй намудани шартномахое, ки манфиати онхо ва чомеаро инъикос мекунанд ворид мешаванд. Яке аз хадафхои асосии воридшавиро ба созмонхои байналхалкй таъмини механизми халли бахсхо ва истифода аз созмони марказонидашуда барои амалй намудани вазифахои дастачамьй ташкил медихад. Бо ширкати худ дар ин созмонхо давлатхо ризоият медиханд, ки бахсхои байналхалкй оид ба масъалахои мухим шакл гиранд ва меъёри муайяни рафтор тахия карда шавад. Аз ин гуфтахо бармеояд, ки яке аз хадафхои аслии таъсиси созмонхои байналхалкиро халли масъалахои мавчудаи сатхи байналхалкй ва минтакавй ташкил медихад. Яъне созмонхои байналхалкй дар заминаи мушкилоти мавчуда ба хотири халлу баррасии он зухур мекунанд.

Созмонхои байналхалкй ба андешаи намояндагони мактаби неолибарелй Р.Кеохан ва Л.Мартин механизми хуби хамохангсозй мебошанд, зеро онхо иттилоотеро таъмин мекунанд, ки барои кабули карор зарур буда, харчи ба мувофика расидани шумораи зиёди давлатхоро кам месозад [6, с. 39].

Оид ба таъсиргузории фаъолияти созмонхои байналхалкй ба истиклолияти давлатхо андешахои мухталиф баён шудаанд. Мухаккикон вобаста ба ин мавзуъ дидгоххои мухталиферо ироа доштаанд. Дар дахсолахои охир консепсияи чахонишавй пайдо гардид, ки мувофики он давлат мустакилии худро хамчун маркази кабули карор дар муносибатхои байналхалкй, аз даст медихад. Дар ин самт масъалае пайдо мешавад, ки то кадом андоза пахншавии созмонхои байналхалкй ва тамоюли чахонишавй ба тарзи амалигардии сиёсати чахонй таъсир мерасонад ва онро дигаргун менамояд? Мухаккики точик А.Ч,ураев дар маколаи худ тахти унвони "Фарханги миллй ва давлати сохдбистиклол дар шароити чахонишавй" чунин зикр менамояд, ки солхои охир дар адабиёти илмии сиёсй тамоюли паст гардидани макоми давлат дар муносибатхои байналхалкй зиёд ёдоварй мегардад. Сабаби асосии ин тамоюл ба созмонхои байналхалкй, корпоратсияхои фаромиллй ва созмонхои байналхалкии гайридавлатй дода шудани баъзе аз хукукхои давлат арзёбй мегардад [1, с.18].

Пажухишгари чинй Тзу Чунминг пайдоиши назарияи кохиш ёфтани истиклолияти кишвархоро зикр намуда, хусусияти ин тамоюлро чунин шарх медихад: "Агарчанде, ки муносибатхои гуногуни танзимкунанда, ба монанди хукумат, бозор, чомеа ва, хатто, шахс дигар шуда бошанд хам, мо намегуем, ки минбаъд давлат дар

кабули карордо накш надорад, балки мо мегуем, ки ондо низ дар идоракунии масъаладои чамъиятй иштирок мекунанд" [4, с.252].

Мудаккики дигар Эрнест Удалла зикр менамояд, ки «Созмонуои байналхалкй аз тарафи давлатдои абаркудрат барои дар зери таъсири худ нигод доштани давлатдои миёна ва хурд ва пайдо намудани тарафдорони зиёд оид ба далли ин ва ё он масъалаи байналхалкй ташкил карда мешаванд. Вале дар шароити имрузаи муносибатдои байналхалкй давлати содибихтиёр дангоми шомил шудан ба ин ё он созмон истиклолияти худро аз даст надода, балки онро таквият медидад ва содадоеро, ки дар ондо давлат иктидори рушд карданро надорад, якчоя бо давлатдои аъзо рушд мебахшад, ки ин принсип низ яке аз принсипдои медварии дар як созмони байналхалкй ба дисоб меравад» [5. с.6]. Масалан, Ч,умдурии Точикистон низ барои далли ин ва ё он мушкилоти мавчуда аз зарфиятдои созмондои байналхалкй истифода менамояд.

Дар шароити муосир дар раванди таснифи принсипи истиклолият диккати асосй ба он чанбахои мундаричавй равона карда мешавад, ки дар асоси онхо давлат муколамаи байналхалкии худро инкишоф медихад. Зери таъсири равандхои чахонишавй, давлат ба додани хукукхои алохидаи худ ба ваколати созмонуои байналхалкй розй мегардад. Мудаккик В.Н.Федоров накш ва мавкеи созмонуои байналхалкиро дар низоми муносибатдои байналхалкии муосир баррасй карда, зикр менамояд, ки онхо як навъ марказхои хамохангсозандаи манфиатхои давлатдо ва мутобиксозандаи саъю кушиши миёни давлатдо мебошанд [3, с.53]. Чунин созмонхо давлатро фуру намебаранд, хукмфармои онхо намегарданд. Онхо як навъ сохторхои фаромиллй ба хисоб мераванд. Метавон ин акидаро дастгирй намуд, лекин бояд ба инобат гирифт, ки ба салохияти аксарияти созмонуои байналхалкй бунёди меъёрхои хукукй дар сохахои мухталифи муносибатдои байналхалкй дохил мешавад, ки то андозае ба махдуд гардидани озодии давлат оварда мерасонад.

Барои мисол дар шароити имруза Созмони Милали Муттадид дамчун созмони умумчадонй дар далли масъаладои мухталифи сатди байналхалкй ва бунёди режимдои далли мушкилоти глобаливу минтакавй садми назаррас дорад. Ин созмон фазо ва шароитеро фародам меорад, ки дар он давлатдо ба таври озодона метавонанд фаъолият баранд. Хусусан дар Оинномаи ин созмон принсипдои мудимми муносибатдои байналхалкй инъикос шудаанд, ки баробарии дамаи давлатдо, эдтироми истиклолият ва дахолат накардан ба умури дамдигарро кафолат медиданд. Мудиммияти созмондои байналхалкиро мо инчунин метавонем аз руи инкишофи шумораи ондо муайян намоем. Ба назари мо иштироки Точикистон дар ин созмони бонуфузи байналмилалй ба манфиати худи кишвар дар чодаи расидан ба максаддои олии худ, яъне татбики Стратегияи миллии рушд то соли 2030 мебошад. Точикистон, ки дар арсаи байналхалкй дамчун давлати хурд шинохта мешавад, аз иктидори ин созмон истифода бурда, содадои афзалиятноки хешро рушд мебахшад ва худро ба чадониён дамчун давлати ташаббускор ва дорои захирадои бойи обй дар минтакаи Осиёи Марказй муаррифй мекунад. Як чидати масъаларо зикр намудан бамаврид аст, ки давлатдои хурде чун Точикистон дар шароити кудратмедварии муносибатдои байналхалкии муосир тандо дар зери чатри созмондои байналхалкй метавонанд ташаббус ва мавкеъгирии хешро вобаста ба далли ин ва ё он мушкилоти сатди чадонй ва минтакавй баён дошта бошанд. Албатта дар дигар долатдо мавкеъи давлатдои хурд чандон назаррас ба назар намерасад. Аз ин ру, созмондои байналхалкй барои давлатдои тозаистиклоле чун Точикистон метавонанд дамчун майдони баёни мавкеъ, дифзи манфиатдои мухталифи давлатй, панодчуй аз таъсироти манфии давлатдои дигар, дифзу димояти амнияти миллй ва далли мушкилотдои мухталифи иктисодиву ичтимой баромад намоянд.

Ба андешаи мо агарчанде накши созмонхои байналхалкй руз аз руз меафзояд ва тамоюли чахонишавй идома меёбад, аммо давлат ба таври анъанавй, хамчун институти марказии сиёсати чахонй ва муносибатхои байналхалкй бокй мемонад. Албатта як чихатро ба инобат гирифтан зарур аст, ки давлатхо вобаста ба хусусияти рушд ва инкишофи худ ба муносибатхои байналхалкй ва тамоюли чахонишавй таъсири мухталиф дошта метавонанд. Хусусан таъсири давлатхои абаркудрат, бузургдавлатхои минтакавй ва давлатхои кучак ба муносибатхои байналхалкии муосир ва равандхои чахонишавй якранг намебошад.

Муносибатхои байналхалкй дар хеч холат аз фаъолияти давлатхои мустакили миллй чудо буда наметавонад. Мохиятан истиклолияти давлатхо хосияти нисбй дорад ва дар хеч сурат як давлат дорои истиклолияти пурра ва комил нест. Х,атто давлатхои абаркудрат ва рушдёфта низ дар муносибатхои иктисодии худ ба субъектхои дигари муносибатхои байналхалкй ниёз пайдо менамоянд. Давлатхои содиркунандаи молу коло бе давлатхои кабулкунандаи ин молу коло ва хизматрасонй дар хеч сурат рушду инкишоф ёфта наметавонанд.

Зикр намудан зарур аст, ки "истиклолияти давлатй" ин як мафхуми шахшуда ва бетагйир нест, баръакс, он якчоя бо рушди муносибатхои байналхалкй ва дигаргун шудани шароити таърихй, мувофики раъйи худи давлатхо, ки дар шакли маъёрхои хукукии байналхалкй амалй мегардад, тагйир меёбад [2, с.220].

Истиклолияти давлатиро мутлак гардонидан нодуруст аст. Муколамаи байнидавлатй ба фаъолгардии алокахо ва бахамоии мавкеи давлатхои гуногун оварда мерасонад, ки боиси кувват гирифтани хамкорй ва вобастагии онхо мегардад. Дар асоси муколамаи байнидавлатй чустучуи роххо ва воситахои ризоият ва мутобик намудани манфиатхои миллй амалй мегардад, ки дар холатхои алохида ба хотири бадастории сулх ва рушди ичтимой гузаштнамоиро мукаррар намудааст. Дар ин замина давлатхои миллй барои халли мушкилотхои умумии хеш ва бунёди фазои мувофики хамкорй созмонхои байналхалкиро ташаккул мебахшанд.

Илова бар ин, зикр намудан зарур аст, ки на танхо кишвархои хурд, балки давлатхои бузург низ мачбуранд меъёр ва принсипхои хукуки байналхалкй, инчунин шартномахои байнидавлатиро риоя намоянд. Дар натича, давлат тадричан дар масъалаи амалй намудани хукукхои худ ба худмахдуднамой руй меорад, лекин чунин холат ба аздастдихии истиклолият оварда намерасонад. Масалан, Чумхурии Точикистон, дар фаъолияти худ мачбур аст, ки хукуки байналхалкй ва шартномахои байнидавлатиро риоя намояд, ин албатта ба махдуд гардидани хукукхои кишвар ва азбайнравии истиклолият оварда намерасонад. Махз ба чунин тарз баррасй намудани масъала имконият медихад, ки рушди хамкорихои байналхалкй тарики созмонхои байналхалкй шарх дода шавад.

Аз тарафи дигар саволе пайдо мешавад, ки оё пайдоиши созмонхои байналхалкй танхо бо тагйир ёфтани хусусиятхои истиклолияти давлатй алокаманд аст? Нисбати ин масъала як катор далелхо пешниход карда мешаванд, ки бо муносибати чахонишавй алокаманд аст. Дар доираи чахонишавй зикр карда мешавад, ки мачмуи нерухои фаромиллй кобилияти давлатро дар пешбурди сиёсати мустакил махдуд менамояд. Дар ин муносибат ду чанбаро метавон чудо намуд: самти афзояндаи амалхои гуногунчониба, яъне бунёди созмонхои байналхалкй ва фаъолият дар доираи онхо; ташаккули сиёсат мувофики талаботи нерухои байналхалкии иктисодй.

Бояд зикр кард, ки чахонишавй хам истиклолияти дохилй ва хам истиклолияти берунаро махдуд менамояд. Хдр чи кадаре, ки кабули карор аз хукуматхо ба созмонхои байналхалкй гузарад, то хамон андоза имконияти дохилии кабули карорхои сиёсй кам

гардида, мустакилияти давлат махдуд мегардад. Чахонишавй метавонад индисори истицлолияти давлатиро дар фаъолияти сиёсии байналхалкй заиф гардонад. Масалан, дар шароити имруза, барои таъмини рушди иктисоди миллй хар як давлатро зарур аст, ки тавсия ва пешниходи сохторхои байналхалкиро ичро намояд. Дар ин самт метавон тавсия ва пешниходхои Бонки чахонй, Созмони байналхалкии савдо, Созмони байналхалкии асъорро махсусан зикр намуд, ки аксари маврид хосияти муайянкунандагй дорад ва давлатдои миллиро ба кабулу амалигардонй водор месозад.

Хдмин тарик, метавонем зикр намоем, ки хар чи кадаре, ки созмонхои байналхалкй дар кабули карор мустакилият пайдо намоянд, то хамон андоза низоми анъанавии давлатмедварй дар муносибатдои байналхалкй заиф мегардад. Аз тарафи дигар, хар чи кадаре, ки созмонхои байналхалкй хамчун доварони танзими хаёти байналхалкй баромад намоянд, хамон андоза ширкатхои фаромиллй метавонанд аз тобеъият ба меъёрхои миллй дурй чуянд, ки таъсири нуфузи давлати миллиро боз хам махдудтар менамояд.

Тадкими истиклолияти давлатй дар шароити равандхои чахонишавй ахамияти махсусро касб менамояд. Баробархукукии давлатхо иштироки фаъоли онхоро дар муошират бо якдигар, инчунин бо созмонхои байналхалкии молиявй ва гайрихукуматй ва дигар сохторхои фаромиллй, ки стандартхои рафтори худро бунёд намудаанд, талаб менамояд.

Дар раванди чадонишавй сиёсати дар як давлат дар навбати аввал ба таъмини амнияти шадрвандон, чомеа ва давлат аз дар гуна таддиддои дохилй ва берунй нигаронида шудааст. Ч,умдурии Точикистон низ дар навбати худ барои таъмини амнияти дохиливу хоричии кишвар чорадои мушаххас меандешад. Ч,умдурии Точикистон дар сиёсати хоричии худ бадри таъмини амният бо созмондои сиёсй-дарбй чун Созмони аддномаи амнияти дастачамъй ва сиёсй-иктисодй чун Иттидоди Давлатдои Мустакил дамкорй менамояд. Дар ин чо суоле ба миён меояд, ки оё иштироки Точикистон дар созмондои зикршуда ба истиклолияти он таъсир намерасонад? Албатта, иштироки Точикистон дар ин гуна созмондо ба манфиати худи давлат мебошад, зеро ин гуна созмондо дар асоси принсипи "таддид ба як давлат - таддид ба тамоми давлатдои аъзо" фаъолият мебаранд, яъне дангоми пайдо шудани таддиди берунй ё ин ки дохилй ба истиклолияти давлати аъзо дар асоси оинномаи созмон давлатдои аъзо ба ин давлат кумак мерасонанд.

Созмонхои байналхалкй, чун коида, дар асоси принсипи баробарии кишвархои аъзо бунёд мегарданд, ки мукаррарот оид ба намояндагии "як давлат - як овоз" ва хукуки ихтиёрии хорич шудан аз созмон шаходати он аст. Лекин холатхои истисной аз ин коида вучуд доранд. Созмонхои байналхалкй дар асоси ризоияти давлатхо метавонанд воситахоеро истифода намоянд, ки истиклолияти давлатиро махдуд менамоянд. Масалан, нисбати масъалахои муайян карорхое кабул карда мешаванд, ки ичрои ондо, новобаста аз мавкеи давлат, хатмй аст; нисбати давлатхои аъзо чорахои мачбурнамой (мучозот) истифода карда мешавад; пешниходи маълумот оид ба хаёти дохилии давлати алохида талаб карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки давлат ба таври ихтиёрй истиклолияти худро кисман махдуд намуда, як кисми салохиятхои худро ба созмони байналхалкй медихад, яъне хукуки амалй намудани чорабинихоро, ки салохияти созмони байналхалкй аст, аз даст медихад. Лекин, дар чунин холат ивазкунии хукукхои сохибистиклолии давлат бо салохиятхои созмони байналхалкй ба миён намеояд, яъне созмони байналхалкй истиклолияти давлатро махдуд намекунад. Махдудияти истиклолияти давлатй бештар аз хукуки байналхалкй бармеояд, ки ба ризоияти давлатхо асос ёфтааст.

Хдмин тариц, ошкор карда шуд, ки фаъолияти созмощои байналхалцй дар шароити имр7за ба истицлолияти дaвлaтxо таъсири якранг надорад. Фаъолияти созмощои байналхалцй агар аз як тараф истицлолияти дaвлaтxоро мaxдyд гардонад, пас аз тарафи дигар боиси тaxким ëфтaни мавцеи давлат мегардад. Дар xaр сyрaт xaнгоми баррасии масъалаи тaъсиргyзории фаъолияти созмощои байналхалцй ва раванди чaxонишaвй ба истицлолияти дaвлaтxо ба мо зaрyр аст, ки ба xолaти рушди дaвлaтxо, xaдaфxои онxо дар доираи созмощои байналхалцй, барх7рди сyбъектxои м^талифи байналхалцй ба раванди чaxонишaвй ва дигар пaxлyxои ин мушкилот тaвaччyx намоем.

Пайнавишт:

1. Джураев А.Х. Национальная культура и суверенное государство в условuяx глобализации //Паёми ДMТ. - Душанбе, 2020. - С.18-22.

2. Пасmуxова Н.Б. Государственный суверенитет: история и современность / Н.Б. Пасmуxова. -M.: Аспект Пресс, 2013. - 366 с.

3. Федоров В. Н. Организация Объединенные Наций, другие международные организации и ux роль в XXI веке /В.Н. Федоров. -M.: 2005. - 944 с.

4. Чуньмин Цзу. Навстречу 13-й пятилетке: совершенствование системы госужарственного управления культурой: "Культура в условuяx глобализации. Взгляд из России". -M.: КНОРУС, 2017. - С. 8-32.

5. Ernest Arinze Udalla. International organizations and state sovereignty: implifications for public policy making and implementation in Nigeria. 2015. - Р.6-15.

6. Keohane, Robert O., Lisa L. Martin, "The Promise of Institutional Theory" // International Security Vol. 20, No.1, 1995. - Р. 39-51.

7. Harold Jacobson and Jeffrey Kaplan. Inertia and Change in the Constellation of International Governmental Organizations, 1981-1992 // International Organization (1996) №50. - Р. 593-628.

8. Samuel Barkin. The Evolution of the Constitution of Sovereignty and the Emergence of Human Rights Norms//Millennium. 1998. № 27. - Р.229-252.

References literature:

1. Juraev A.Kh. National Culture and Sovereign State under the Conditions of Globalization. - Dushanbe: Bulletin of TNU, 2020. - pp. 18 - 22.

2. Pastukhova N.B. State Sovereignty: History and Modernity / N.B. Pastukhov. - M.: Aspect Press, 2006. - 366pp.

3. Fyodorov V.N. United Nations Organization, other International Organizations and their Role Referring to the XXI-th Century /V.N. Fyodorov - M., 2005. - 944pp.

4. Chunming Zu. Towards the 13-th Five-Year Plan: Improving the System of State Management with Culture. "Culture in the Context of Globalization. View from Russia"/ Zu Chunming. - M.: KNORUS, 2017. - pp. 8 - 32.

5. Ernest Arinze Udalla. International Organizations and State Sovereignty: Implifications for Public Policy Making and Implementation in Nigeria. 2015. - pp. 6 -15.

6. Keohane, Robert O., Lisa L. Martin, "The Promise of Institutional Theory" // International Security. Vol. 20, No.1, 1995. - pp. 39 - 51.

7. Harold Jacobson and Jeffrey Kaplan. Inertia and Change in the Constellation of International Governmental Organizations, 1981-1992 // International Organization (1996) №50. - pp. 593 - 628.

8. Samuel Barkin. Evolution of the Constitution of Sovereignty and Emergence of Human Rights Norms // Millennium. 1998. № 27. - pp. 229 - 252.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.