Научная статья на тему 'АРЗИШМЕҲВАРӢ ЧУН ЗАМИНАИ МУҲИММИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН'

АРЗИШМЕҲВАРӢ ЧУН ЗАМИНАИ МУҲИММИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
79
14
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
коррупция / ценностная ориентация / мораль / предотвращение коррупции / морально-духовные ценности / честность / воздержанность / ответственность / нетерпимость к коррупции / corruption / value orientation / morality / prevention of corruption / moral and spiritual values / honesty / abstinence / responsibility / intolerance to corruption

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Солиев Шарофиддин Холович

Муҳиммияти арзишмеҳварӣ дар самти муқовимат бо коррупсия дар шароити Тоҷикистони муосир мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст. Таҳкими рӯҳияи арзишмеҳварӣ дар ҷомеа яке аз механизмҳои муҳимми фарогир намудани муқовимат бо коррупсия дар шароити Тоҷикистон шинохта шудааст. Арзишмеҳварӣ ҳамчун шинохт, дарк намудан, қадр кардани арзишҳои муҳимми ахлоқию маънавӣ ва ба ҳисоб гирифтану амалӣ намудани онҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ арзёбӣ шудааст. Таваҷҷуҳ намудан ба арзишмеҳварӣ ва таҳкими мавқеи арзишҳои муҳимми ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия муҳим дониста шудааст. Изҳори ақида шудааст, ки арзишмеҳварӣ дар Тоҷикистон боиси такмили масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мегардад ва дар ин замина шаҳрвандон метавонанд бо навъҳои мухталифи амалҳои коррупсионӣ муқовимат намоянд. Омилҳои мухталифи таъсиргузор ба коҳиши нақш ва муҳиммияти арзишҳо дар як ҷомеа ошкор карда шудаанд. Зикр гардидааст, ки тарбияи рӯҳияи таҳаммулнопазирӣ бо коррупсия, амонатдорӣ, қаноатпешагӣ, эҳтиром ба қонун, ҳисси масъулият дар назди ҷомеа, эҳтиром ва иҷрои арзишҳои фарҳангиву маънавӣ метавонанд дар самти пешгирии коррупсия дар Тоҷикистон муҳим бошанд. Муҳиммияти арзишмеҳварӣ дар муқовимат бо коррупсия аз он иборат дониста шудааст, ки он метавонад ҳам дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва ҳам дар ҷалби аҳли ҷомеа дар ин самт короям бошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

VALUE-ORIENTED APPROACH AS AN IMPORTANT GROUND IN ANTI-CORRUPTION DRIVE IN THE CONDITIONS OF TAJIKISTAN

Рассматриваются значение и важность ценностной ориентации в борьбе с коррупцией в условиях современного Таджикистана. Укрепление ценностно ориентированного духа в обществе признано одним из важных общинных механизмов борьбы с коррупцией в условиях республики. Ценностно ориентированный подход оценивается как признание, понимание, оценка важных нравственных и духовных ценностей, их учет и реализация в общественных отношениях. В борьбе с коррупцией предполагается важным обращение внимания на ценностную ориентацию и укрепление позиции важных общественных ценностей в Таджикистане. Считается, что ценностно ориентационный подход способствует повышению гражданской ответственности и в этом контексте граждане могут противостоять различным видам коррупции. Выявлены различные факторы, влияющие на снижение роли и значения нравственных ценностей в обществе. Особо упоминается, что воспитание нетерпимости к коррупции, воздержанности, уважения к закону, ответственности перед обществом, уважения, а также реализация культурных и духовных ценностей могут иметь большое значение в предотвращении коррупции в Таджикистане. Признана важность ценностной ориентации в борьбе с коррупцией, потому что она может быть эффективной и на уровне органов государственной власти, и при вовлечении в неё общественности.

Текст научной работы на тему «АРЗИШМЕҲВАРӢ ЧУН ЗАМИНАИ МУҲИММИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН»

5.5(23.00.00) ПОЛИТОЛОГИЯ 5.5 СИЁСАТШИНОСЙ 5.5 POLITICS

5.5.2 (23.00.02)ПОЛИТИЧЕСКИЕ ИНСТИТУТЫ, ПРОЦЕССЫ,

ТЕХНОЛОГИИ 5.5.2 НЩОДВД РАВАНД^О ВА ТЕХНОЛОГИЯМИ СИЁСЙ 5.5.2 POLITICAL INSTITUTES, PROCESSES, TECHNOLOGIES

УДК: 32.001

DOI: 10.24412/2411-1945-2023-2-143-153

АРЗИШМЕХВАРИ ЧУН Солиев Шарофиддин Холович, н.и.с., ЗАМИНАИ МУХИММИ дотсенти кафедраи сиёсатшиносии МУЦОВИМАТБО КОРРУПСИЯ ДАР Донишгоци давлатии цуцуц, бизнес ва

ШАРОИТИ ТОЦИКИСТОН сиёсати Тоцикистон (Тоцикистон, Хуцанд)

ЦЕННОСТНО Солиев Шарофиддин Холович, канд. полит.

ОРИЕНТИРОВАННЫЙ ПОДХОД наук, доцент каф. политологии

КАК ВАЖНАЯ ПРЕДПОСЫЛКА Таджикского государственного

БОРЬБЫ С КОРРУПЦИЕЙ В университета права, бизнеса и политики

УСЛОВИЯХ ТАДЖИКИСТАНА (Таджикистан, Худжанд)

VALUE-ORIENTED APPROACH Soliev Sharofiddin Kholovich, candidate of AS AN IMPORTANT GROUND IN political sciences, Associate Professor of ANTI-CORRUPTION DRIVE IN THE political science department under the TSULBP CONDITIONS OF TAJIKISTAN (Khujand, Tajikistan)

e-mail: sharof55@yahoo.com

Муциммияти арзишмецвари дар самти муцовимат бо коррупсия дар шароити Тоцикистони муосир мавриди барраси ва тащил царор дода шудааст. Тацкими руцияи арзишмецвари дар цомеа яке аз механизмцои муцимми фарогир намудани муцовимат бо коррупсия дар шароити Тоцикистон шинохта шудааст. Арзишмецвари цамчун шинохт, дарк намудан, цадр кардани арзишцои муцимми ахлоцию маънави ва ба цисоб гирифтану амали намудани онцо дар муносибатцои цамъияти арзёби шудааст. Таваццуц намудан ба арзишмецвари ва тацкими мавцеи арзишцои муцимми цамъияти дар Тоцикистон дар самти муцовимат ба коррупсия муцим дониста шудааст. Изцори ацида шудааст, ки арзишмецвари дар Тоцикистон боиси такмили масъулиятшиносии шацрванди мегардад ва дар ин замина шацрвандон метавонанд бо навъцои мухталифи амалцои коррупсиони муцовимат намоянд. Омилцои мухталифи таъсиргузор ба коциши нацш ва муциммияти арзишцо дар як цомеа ошкор карда шудаанд. Зикр гардидааст, ки тарбияи руцияи тацаммулнопазири бо коррупсия, амонатдори, цаноатпешаги, эцтиром ба цонун, цисси масъулият дар назди цомеа, эцтиром ва ицрои арзишцои фарцангиву маънави метавонанд дар самти пешгирии коррупсия дар Тоцикистон муцим бошанд. Муциммияти арзишмецвари дар муцовимат бо коррупсия аз он иборат дониста шудааст, ки он метавонад цам дар сатци мацомоти давлати ва цам дар цалби ацли цомеа дар ин самт короям бошад.

Калидвожахр: коррупсия, арзишмецвари, ахлоц, пешгирии коррупсия, арзишцои ахлоцию

маънави, бовицдони, цаноатпешаги, масъулиятшиноси, тауаммулнопазири бо коррупсия

Рассматриваются значение и важность ценностной ориентации в борьбе с коррупцией в условиях современного Таджикистана. Укрепление ценностно ориентированного духа в обществе признано одним из важных общинных механизмов борьбы с коррупцией в условиях республики. Ценностно ориентированный подход оценивается как признание, понимание, оценка важных нравственных и духовных ценностей, их учет и реализация в общественных отношениях. В борьбе с коррупцией предполагается важным обращение внимания на ценностную ориентацию и укрепление позиции важных общественных ценностей в Таджикистане. Считается, что ценностно ориентационный подход способствует повышению гражданской ответственности и в этом контексте граждане могут противостоять различным видам коррупции. Выявлены различные факторы, влияющие на снижение роли и значения нравственных ценностей в обществе. Особо упоминается, что воспитание нетерпимости к коррупции, воздержанности, уважения к закону, ответственности перед обществом, уважения, а также реализация культурных и духовных ценностей могут иметь большое значение в предотвращении коррупции в Таджикистане. Признана важность ценностной ориентации в борьбе с коррупцией, потому что она может быть эффективной и на уровне органов государственной власти, и при вовлечении в неё общественности.

Ключевые слова: коррупция, ценностная ориентация, мораль, предотвращение коррупции, морально-духовные ценности, честность, воздержанность, ответственность, нетерпимость к коррупции

This article examines and analyzes the necesssity and importance of value orientation in the fight against corruption in the conditions of modern Tajikistan. Strengthening the value-oriented spirit in society is recognized as one of the important general mechanisms for combating corruption in the conditions of Tajikistan. The value-oriented approach is evaluated as recognition, understanding, evaluation of important moral and spiritual values, their consideration and implementation in public relations. In the fight against corruption, it is assumed that it is important to pay attention to the value orientation and strengthen the position of important social values in Tajikistan. It is believed that a value-oriented approach contributes to increased civic responsibility, and in this context, citizens can resist various types of corruption. Various factors influencing the decline in the role and importance of moral values in society have been identified. It is specifically mentioned that the education of intolerance to corruption, temperance, respect for the law, responsibility to society, respect, as well as the implementation of cultural and spiritual values can be of great importance in preventing corruption in Tajikistan. The importance of value orientation in the fight against corruption is recognized, because it can be effective both at the level of public authorities and with the involvement of the public.

Key words: corruption, value orientation, morality, prevention of corruption, moral and spiritual values, honesty, abstinence, responsibility, intolerance to corruption

Мушкилоти коррупсия дар Точикистони муосир ба яке аз масьала^ои ^алталаб ва доги руз табдил ёфтааст. Ин мушкилот яке аз нигароних,ои асосии ша^рвандони кишварро ташкил медихдд ва то як андоза рух,ияи нобоварй ва ноумедиро миёни онх,о та^вият бахшидааст. Аз ин ру, омузиши пах,лух,ои мухталифи ин масьала ва дарёфти механизмх,ои муассири х,али он дар шароити муосир яке аз мавзуьх,ои асосии бах,си илм^ои ичтимой ва, хусусан, коршиносони масьалах,ои сиёсй ва сиёсатшиносон шудааст. Дар ин навиштаи худ

мо тасмим гирифтем, ки накши арзишхои мухимми чамъиятиро дар муковимат бо зухуроти коррупсия ба риштаи тахлил бикашем. Ба андешаи мо таквияти арзишмехварй дар Точикистон тадричан метавонад заминаи пешгириву рафъи коррупсия ва паст намудани сатхи онро фарохам намояд.

Дар шароити имруза чалби васеи ахолй ва, хусусан, ниходхои чомеаи шахрвандй дар муковимат бо коррупсия мухим дониста мешавад.[2] Дар шароити имрузаи кишвар, ки коррупсия ба як мушкилии халталаб табдил шудааст, бетараф будан нисбати халли он метавонад ба пояхои давлатдории миллй ва, дар умум, ахлоки чомеа таъсири зиёди манфй ба бор оварад. Аз ин ру, хар як шахрванди кишварро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошад ва накши худро дар поксозии чомеа аз коррупия бигузорад. Чунин саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки мо хамчун шахрвандони кишвар чи гуна метавонем дар самти муковимат бо коррупсия ва паст намудани сатхи он сахми худро гузошта бошем? Албатта, механизмхои мухталифе мавчуданд, ки дар сахмгузории шахрвандони кишвар бар алайхи мушкилоти коррупсия метавонанд мухим бошанд. Хдр як амали муковимат метавонад заминаи коррупсияро дар чомеа аз миён барад ва сатхи онро тадричан паст гардонад. Таваччухи зарурй намудан ба пешгирии коррупсия такозо мегардад, то заминахои зухури ин падида дар чомеа рафъ гарданд.

Паёмадхои мушкилоти коррупияро ба пахлухои мухталифи рушди чомеа ба хисоб гирифта, моро зарур аст, ки механизмхои муассири муковимат ва мубориза бо ин зухуроти номатлубро дарёбем. Хусусан ба он чихати масъала таваччух намуда бошем, ки чи гуна хар як фарди чомеа дар раванди муковимат бо коррупсия накши худро гузошта метавонад. Чунин навъи муносибате зарур аст, ки фарогирии бештар дошта бошад ва тавонад тадричан сатхи мушкилоти коррупсияро дар кишвари мо паст намояд. Ба андешаи мо яке аз механизмхои муассир дар ин самт метавонад бархурди ахлокй бо мушкилоти коррупсия бошад. Бо тарбияи ахлоки наку ва арзишмехварй сатхи коррупсияро дар як чомеа метавон ба таври тадричй поён бурд.

Ба андешаи мо яке аз механизмхои мухимми фарогир намудани муковимат бо коррупсия дар шароити Точикистон метавонад тахкими рухияи арзишмехварй дар чомеа бошад. Барои баррасии накши арзишмехварй дар муковимат бо коррупсия сараввал ба мо зарур аст, ки мафхуми арзишмехвариро тахлил ва баррасй намоем. Дар баррасии худ мо арзишмехвариро танхо ба шинохт, дарк ва кадр намудани арзишхри мухимми ахлокию маънавй дар чомеа махдуд наменамоем. Албатта, барои арзишмехвар шудан шинохту дарки арзишхои ахлокию маънавй мухим мебошанд. Аммо аз дидгохи мо арзишмехварй танхо ба шинохт махдуд намегадад, балки чихатхои амалиро низ доро аст. Дар баррасии хеш мо арзишмехвариро хамчун шинохт, дарк намудан, кадр кардани арзишхои ахлокию маънавй ва бар замми ин ба хисоб гирифтану амалй намудани онхо дар муносибатхои чамъиятй ба кор мебарем, яъне чунин навъи фахмиши арзишмехварй, ки ба амалу фаъолият ва рафтори мо таъсиргузор бошад. Дар амалияи чамъиятй мо зиёд мушохида менамоем, ки нафарони бисёре аз мухиммияти арзишхои ахлокиву маънавй сухан меронанд, арзишхои ахлокию маънавиро мухим мехонанд, хатто аз арзишхои мухимми чамъиятй барои ба даст овардани боварии дигарон суиистифода мекунанд, аммо дар рафтору амали онхо чунин навъи «арзишмехварй» хеч таъсире намегузорад. Аз ин ру, хадафи мо аз истифодаи ин мафхум на танхо чихати шинохтй, балки пахлуи рафторию амалиро низ доро мебошад.

Дар мавриди бахамтаъсиргузории арзишхои ахлокиву маънавй ва коррупсия моро зарур аст, ба он чихат таваччух намуда бошем, ки то кадом андоза мушкилоти ахлокию маънавй боиси зухури амалхои коррупсионй ва дар навбати худ мавчуди коррупсия ба вайронии ахлокй ва маънавии чомеа боис мегардад. Ба андешаи мо миёни холати

аxлоrçию маънавии чомеа ва зуцури коррупсия пайванди дучониба ^арор дорад. Агар цолати аxлоrçивy маънавии мардум, аз як тараф, боиси пацнгашта шудани амалцои коррупсионй гардад пас дар навбати xyд сатци баланди коррупсия дар як чомеа боиси коциши аxлоrçy маънавиёти мардуми он низ мешавад. Мушкилоти пацнгашта будани амалцои коррупсионй дар як чомеа эцтимолан нафарони аxлоrçмецварро низ ба вартаи xyд мекашад. То як андоза як занчираи бацамтаъcирбаxшии миёни аxлоrç ва мушкилоти коррупсия ба назар мерасад. Чунин цолат дар як чомеа метавонад зери таъсири омилцои мyxталифи и^тисодиву ичтимой ва сиёсй дигаргун шавад ва дар цеч сурат xоcияти мутла^ ва тагйирнаёбандаро социб нест.

Дар тац^и^от перомуни муцовимат бо коррупсия ба масъалаи муциммияти меxанизмцои аxлоrçй ва арзишмецварй таваччуци xоccа дода шудааст. Муцавдщон ба пацлуцои алоцидаи ин масъала таваччуци xоcа зоцир намудаанд. Чанде аз ин дидгоццоро мавриди баррасй ^арор медицем. Барои мисол муцавдщ Свенссон Ч. коррупсияро цамчун паёмади дигар мушкилоти мавчуда медонад. Ба андешаи y коррупсия табиат ва сифати ницодцои ^онунгузорй, и^тисодй, фарцангй ва сиёсиро инъикос мекунад. Зиёда аз ин коррупсия сифати аxлоrçии мардум ва арзишцову бартариятцои цукмрон дар чомеаро инъикос менамояд.[12, с.19-42] Аз баёни муцавдщ чунин бармеояд, ки ба зуцур ва та^вияти коррупсия дар як чомеа чицатцо ва арзишцои аxлоrçии цукмрон дар он таъсиргузор цастанд. Яъне он чицати масъала муцим аст, ки дар як чомеа то кадом андоза арзишцои аxлоrçй ба мушкилоти коррупсия мусоидат ва ё мyxолифат карда метавонанд.

Муцавдщон Снетков В.Н. ва Савелева А.П. дар шароити тацким пайдо намудани коррупсия дар сатци чацонй яке аз вазифацои муцимми давлати муосирро дар цифз ва дастгирии низоми арзишцои анъанавй медонанд.[1, с.234-237] Муцавдщ Роден Ч,. бошад чунин меандешад, ки мушкилоти коррупсия аз як масъалаи и^тисодй ба як мушкилоти аxлоrçй мубаддал гаштааст.[10, с. 15]

Муцавдщ Семпсон С. то як андозае тамоми кушишцои зиддикоррупсиониро чун ташаббуси аxлоrçй медонад ва фаъолиятцои муцовимат бо коррупсияро цамчун «неруи аxлоrçй» ва цамчун «^исми тамоюли умумии а^ло^и глобалй ва асосноксозии аxлоrçии муносибатцои инсонй» бацогузорй менамояд.[11]

Ба масъалаи арзишмецварй чун василаи муцовимат ва мубориза бо коррупсия созмонцои байналxалrçии тамоюлдошта ба цалли ин мушкилот низ таваччуци xоcа додаанд. Барои мисол аз чониби Созмони цамкории и^тисодй ва рушд (OECD) дастури Маърифати бовичдонй (Education for Integrity) ба нашр расидааст.[7]

Созмони шаффофияти байналxалrçй дар самти муцовимат бо коррупсия дар бовичдонй намуна будани xизматчиёни давлатиро та^озо менамояд. Аз он чумла «ба намоиш гузоштани бовичдонй» ва «меъёри баланди аxлоrçй»-ро аз чониби намояндагони мардум дар парлумон, агентицои зиддикоррупсионй, муфаттишон, прокурорцо, судяцо ва асосцои мустацками аxлоrçиро барои xизматчиёни давлатй та^озо менамояд, то «цокимияти боадолат ва бовичдон дар кулли чацон» бунёд гузошта шавад.[5, с.114] Хдмчунин дар як маводи xеш Созмони Шаффофияти байналxалrçй низ зарурати арзишмецвариро цамчун усули муцимми бецтар намудани муцовимат бо коррупсия баррасй намудааст.[13]

Пацлуцои гуногуни таъсири андешацои фарцангй ва динй дар муцовимат ва ё мусоидат ба коррупсия аз чониби муцавдщони мyxталиф мавриди омузиш ^арор дода шудаанд. Барои мисол муцавдщон Марианна Фотакй, Файсал Алшецрй ва Салима Каузер масъалаи ало^амандии аxлоrçи динй ва зуцури коррупсияро дар шароити Арабистони Саудй мавриди омузиш ^арор додаанд. Онцо ошкор кардаанд, ки чигунагии пайванди аxлоrçи динй ва мушкилоти коррупсия аз шеваи xyдошиноcии респондентон бармеояд. Хусусан боварцои динй ва ^абули фардии Худованд дар се усули бунёдй мавриди тацлил ^арор гирифтааст:

(1) мучозоткунанда, (2) бахшанда ва мехрубон, (3) бахаморй ва тавозуни дидгоххои зикршуда. Бо овардани 24 хикояти кутох бо холатхое, ки хакамии ахлокии респондентхоро талаб менамуд, чунин холат ошкор карда шудааст. Нафароне, ки бештар ба дарки бахшандагии Худованд пайванд доштанд ба таври назаррас холатхои ахлокан бахсбарангезро кабул менамуданд. Нафароне ки баёнгари дидгохи тавозунй буданд бештар ба холатхои ахлокан бахсбарангез мухолифат доштанд. Ахиран нафарони баёнгари дидгохи якум холатхои ахлокан бахсбарангезро хеле кам кабул менамуданд.[9]

Тахлили таъсиргузории барномахои маърифати шахрвандй ба донишчуён дар кишвархои Осиёи укёнусй ва Америкаи Лотинй ошкор сохтааст, ки чунин барномахои омузишй барои инкори коррупсия ва пастравии конуншиканй мусоидат намудаанд.[8] Хдмчунин арзишмехварй хамчун заминаи мухимми тахкими тахаммулнопазирй ба коррупсия шинохта шудааст. Дар самти тарбияи хисси тахаммулнопазирй ба коррупсия ва худдорй кардан аз он накши омилхои фархангиву маънавй мухим дониста мешавад.[3,4]

Чуноне ки тахкикоти анчомшуда нишон додаанд, меъёрхои ахлокй ва арзишй дар шароити имруза хамчун механизми паст намудани таъсири мушкилоти коррупсия шинохта шудаанд. Ба андешаи мо низ таваччух намудан ба арзишмехварй ва тахкими мавкеи арзишхои мухимми чамъиятй дар Точикистон метавонад дар самти муковимат ба коррупсия мусоидат дошта бошад.

Ба андешаи мо низ хама гуна зухуроти коррупсионй барои ахлоки як чомеа хатар эчод мекунанд, зеро онхо боварии мардумро ба макомоти хокимияти давлатй мекохонанд ва монеаи бароварда шудани мунтазирихои конунии чомеа ва шахрвандон мегарданд.

Дар шароити имруза дар мавриди муковимат бо коррупсия бовичдонй яке аз заминахои мухимми пешгирии ин мушкилот дониста мешавад. Мавкеъгирии ахлокй перомуни муносибатхои чамъиятй инсонро ба он водор менамояд, ки дар мавриди хуб ва ё бад будани рафтори худ биандешад. Fолибан ин мавкеъгирй ба шинохти арзишхо ва принсипхои мухимми ахлокй аз чониби инсон вобастагй дорад.

Аз ин ру, дар шароити Точикистон зарур мешуморем, ки маърифати чавонони мо бо ба хисоб гирифтани арзишхои мухимми ахлокие чун амонатдорй, конунмехварй, каноатпешагй, халолкориву покизагй, масъулиятшиносй ва г. тахким бахшида шавад. Хусусан дар муассисахои таълимии сатхи гуногун таваччухи хоса намудан ба арзишхои амонатдорй, каноатпешагй, конунмехварй, халолкориву покизагй ва г. тавсия карда мешавад, то заминае барои тахкими тафаккури тахаммулнопазирй бо коррупсия гардад ва тадаббури ахлокии мардумро дар муносибатхои чамъиятй рушд бахшад.

Ба андешаи мо рушди арзишмехварй дар Точикистон боиси такмили масъулиятшиносии шахрвандй мегардад, ки дар ин замина мо метавонем на танхо бо навъхои мухталифи амали коррупсионй муковимат намоем, балки масъалахои дигари рушди кишварро низ хал созем. Маърифати ахлокй шахрвандони моро аз паёмадхои хатарзои амалхои коррупсионй огох месозад.

Лозим ба ёдоварист, ки мухиммияти арзишмехварй дар муковимат бо мушкилоти коррупсия дар як чомеа масъалаи серпахлу ва фарогир мебошад. Зарур аст, ки чихатхои мухталифи он, аз чумлаи пахлухои иктисодиву ичтимой ва сиёсию равонии он мавриди пажухиш карор дода шавад. Дар баррасии хеш мо танхо ба бархе чихатхои мавзуъ таваччух менамоем.

Дар хама давраи рушди инсоният арзишхои мухимми чамъиятй хамчун унсури муттахидкунанда ва танзими муносибатхои миёни мардум баромад намудаанд. Аммо холатхое низ метавонанд ба миён оянд, ки таъсири арзишхо дар чомеа кохиш пайдо намоянд. Дар ин маврид саволе метавонад ба миён оянд, ки дар кадом холатхо таъсири арзишхо дар як чомеа метавонад кохиш пайдо намояд? Ба андешаи мо омилхои мухталифе метавонанд боиси кохиши накш ва мухиммияти арзишхо дар як чомеа гарданд. Аввалан

омил аз тарбияи сацец надоштан дар руцияи арзишцои муцимми чамъиятй бармеояд. Ба андешаи мо омили тарбияи арзишмецварй на^ши муцим дорад. Парваридани руцияи муциммияти арзишцои чамъиятй дар инсонцо цануз аз давраи кудакй шуруъ гардида, то ба давраи ворид шудани ба муносибатцои чамъиятй ва пас аз он низ идома пайдо мекунад. Омили дигари таъсиррасон метавонад рафтори чомеа ва хосиятцои муносибатцои мавчуда дар миёни мардум бошад. Албатта таъсири ин омил метавонад хеле назаррас гардад, зеро мушоцидаи во^еиятцо метавонад рафтори инсонцои алоцидаро дар муносибатцои чамъиятй шакл дицанд. Омили дигари таъсиррасон ба коциши на^ши арзишцо дар чомеа метавонад суиистифодаи арзишцои муцимми чамъиятй аз чониби неруцои сиёсй ва гуруццои алоцидаи манфиатцо бошад. Суиистифода гардидани арзишцо дар чомеа боиси гурези боварии мардум ба муциммияти онцо мегардад. Мутаассифона дар шароити имрузаи Точикистон низ суиистифодаи арзишцо аз чониби неруцои мухталифи сиёсй ба назар мерасад, ки бовариии мардумро ба муциммияти онцо мекоцонад ва тафаккури арзишмецвариро халалдор месозад. Хусусан дар шароити имрузаи кишвар мо суиистифода гардидани арзишцои динй ва арзишцои муцимми сиёсй чун манфиатцои миллй ва демократияро мушоцида менамоем. Омили дигари таъсиррасон, ба андешаи мо, метавонад тарчец додани ^исме аз арзишцо нисбат ба арзишцои дигар гардад. Хусусан бартарй бахшидан ба арзишцои шахсию гуруцй ва хонаводагй нисбати арзишцои чамъиятй метавонад боиси коциши на^ши дуюмй гардад. Албатта бартарй додан ба арзишцои шахсию гуруцй дар чомеа зери таъсири омилцои муайяни и^тисодй ва ичтимой ба миён меоянд. Дар шароити имрузаи Точикистон низ бинобар омилцои и^тисодиву ичтимой дар бисёр мавридцо бартарй додан ба арзишцои шахсию гуруцй дар нисбати арзишцои муцимми чамъиятй мушоцида мегардад, ки албатта чунин цолат ба коциши на^ш ва мав^еи дуюмй боис мегардад.

Саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки дар кадом сурат арзишмецварй метавонад цамчун заминаи муцовимат ба коррупсия хизмат расонад? Ба андешаи мо яке аз шартцои муцимми таъсиргузории арзишцои чамъй ба цаёти инсонцо ин риоя гардидани тавозуни онцо бо арзишцои фардй ва хонаводагй мебошад. Танцо дар сурати мавчуд будани тавозун миёни ин ду навъи арзишцо дар чомеа эцтиром ва риояи арзишцои чамъй тацким пайдо мекунад. Дар сурати боло гузоштани арзишцои хонаводагиву фардй ва бартарй додан ба онцо цолатцое зуцур намуданашон эцтимол дорад, ки арзишцои чамъй осеб бинанд ва назари мардум ба онцо коцида бошад. Дар навбати худ арзишцои чамъй дар сурате аз чониби фардиятцо эцтиром ва амалй карда мешаванд, ки барои арзишцои фардй ва хонаводагй мусоидаткунанда бошанд. Аз ин ру, барои тацкими арзишмецварй дар чомеа зарур мешуморем, ки заминаи муцим барои таъмини тавозун миёни арзишцои чамъй ва фардиву гуруцй фароцам оварда шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки танцо огоции ахло^й аз паёмадцои коррупсия ва шинохти коррупсия цамчун зуцуроти манфй ба андешаи мо дар самти муцовимат бо коррупсия кофй нест. Зарур медонем, ки шинохти гайриахло^й будани амалцои коррупсионй бо тацаммулнопазирй нисбати он дар пайванди амалй ^арор дошта бошад. Танцо дар ин сурат мо метавонем, короямй ва самарабахшии арзишмецвариро дар муцовимат бо коррупсия мушоцида намоем.

Бидуни тадаббури ахло^й ва арзишй рафтор намудани мардум ва, хусусан, чавонон барои чомеа эцтимоли та^вияти цар гуна хатарро ба миён меорад. Дар сурати тадаббури ахло^й надоштан дар муносибатцои чамъиятй ва рафтори чамъиятй барои зуцуроти худхоцй ва гайриахло^она замина фароцам мешавад, ки инсонро ба доми амалцои коррупсионй тела медицад.

Яке аз чицатцои муцимми муцовимат бо коррупсияро шевацои мухталифи чалби омма

дар ин самт ташкил медихад. Мухиммияти арзишмехварй дар самти муковимат бо коррупсия аз он иборат аст, ки он метавонад хам дар сатхи макомоти давлатй ва хам дар сатхи чалби ахли чомеа дар ин самт мухим бошад.

Дар мавриди мухиммияти арзишмехварй дар муковимат бо коррупсия дар шароити Точикистон зарур аст, ки баъзе аз арзишхои мухимми чамъиятй миёни мардуми кишвар ва, хусусан, кишри чавон ва навраси кишвар таргиб ва таквият дода шавад. Дар ин маврид саволе ба миён омаданаш мумкин аст, ки тахким ва омузиши кадом арзишхо ба навли наврас ва чавонон метавонад барои пешгирии минбаъдаи амалхои коррупсионй мухим бошад? Ба андешаи мо тарбияи рухияи амонатдорй, каноатпешагй, конунмехварй, масъулиятшиносй ва халолу покизакорй метавонад барои пешгирии амалхои коррупсионй дар оянда накши мухим дошта бошанд. Мухиммияти хар яке аз ин арзишхоро барои пешгирй аз мушкилоти коррупсия мавриди тахлил ва баррасй карор медихем.

Ба андешаи мо тарбияи рухияи тахаммулнопазирй бо коррупсия, амонатдорй, каноатпешагй, эхтиром ба конун, хисси масъулият дар назди чомеа, эхтиром ва ичрои арзишхои фархангиву маънавй метавонанд дар самти пешгирии коррупсия мухим бошанд. Мо чунин мепиндорем, ки шахрванди дорои хусусиятхои зикршуда дар хеч холат ворид шудан ба амалхои коррупсиониро ба худ ичозат намедихад. Чунин хосиятхо метавонанд худдории уро дар муносибат бо коррупсия фарохам намоянд. Хдмаи хосиятхои зикршуда омилхои дарунй ва равоние мебошанд, ки шахрвандонро аз ворид шудан ба амалхои коррупсионй боз медоранд. Зарурати хар яке аз ин хосиятхоро дар алохидагй баррасй менамоем.

Ба андешаи мо яке аз роххои мухим дар пешгирии коррупсия ва муковимат бо он тарбияти рухияи тахаммулнопазирй бо ин падида аст. Зарур мешуморем, ки шахрвандони кишвар бо ин падида муносибати тахаммулнопазир дошта бошанд. Дар шароити мо яке аз сабабхои рушди коррупсия дар Точикистон махз дар бетарафии мардум ба ин падида ва навъхои мухталифи зухури он нухуфтааст. Аз сабаби бетарафй ва тахаммулпазирии мо ба коррупсия сатхи он дар кишвар баланд шуда истодааст. Бо рухияи тахаммулнопазирй шахрвандон метавонанд худро аз ворид шудан ба муносибатхои хосияти коррупсионй дошта боздоранд ва бо ин амал зухури ин падидаро пешгирй намоянд.

Тахаммулнопазирй ба коррупсия метавонад худназоратии шахрвандонро таъмин намояд, ки дар заминаи он шахс эхтиёткорона ва бо бахогузорй ба хуб ва ё бад будани рафтори худ фаъолият мебарад. Бо боварй гуфта метавонем, ки тарбияи рухияи тахаммулнопазирй ба коррупсия кадами хеле мухим дар самти пешгирй ва муковимат бо коррупсия аст. Бо худдории хар як нафар аз коррупсия имкони зухури он дар чомеа паст мегардад ва тадричан муносибатхои солим дар чомеа мавкеи худро мустахкам менамоянд.

Дар чомеаи мо амонатдорй як арзиши мухим шинохта шудааст. Аммо аз чй сабаб бошад, ки солхои охир мавкеи ин арзиш коста гардидааст ё фахмиши махдуд аз он миёни мардуми мо шакл гирифтааст. Дар шароити имруза мардуми мо аксаран амонатдориро танхо дар нигох доштани чизе назди худ ва ё маблаги ба касе супоридашуда мефахманд, ки ба андешаи мо чунин фахмиш махдуд мебошад.

Мафхуми амонат ба мандати (ваколати) боваринамуда ба чизе аст. Амонат чунин маънй дорад, ки чизе ба чониби дигар бо боварй дода мешавад ва эътимод бар он намуда мешавад, ки он чиз бехатар ва бо хубй нигохдорй мегардад.[6, с.159] Албатта чизе ки ба амонат гузошта мешавад, метавонад гуногун бошад ва ба он масъулият ва боварй дар хизмати давлатй ва чамъиятй низ вуруд мегардад. Мутаассифона дар чомеаи мо чунин мушохида мегардад, ки холатхои дигаре чун нигох доштани боварии мардум, ичрои масъулиятхои ба ухда дошта, хифзи моликияти давлативу чамъиятй, сарфакорй намудан дар харчхои давлативу чамъиятй, дуруст ба рох мондани харчхои чамъиятй чун амонатдорй дарк намуда намешавад, ки албатта ин боиси нигаронй аст. Аз ин ру, зарур

мешуморем, ки дар миёни мардуми мо фацми васеъ ва фарогир аз амонатдорй новобаста аз мав^еъ ва вазифаи шацрвандон та^вият бахшида шавад. Як нафар мансабдори давлатй, як нафар табиб, як нафар омузгор, як нафар точир, як нафар социбкор, як нафар кишоварз ва дар умум цамаи мардуми кишвар бояд дарк намоянд, ки дар назди чамъият амонатдоранд ва дар ичрои вазифаи худ масъулиятшиносона муносибат намоянд. Яъне, дар чомеа цар нафаре дар ичрои вазифаи ба у вогузошта ва боваринамуда амонатдор аст ва уро зарур аст, ки ба амонати ба у супурда хиёнат накунад.

Яке аз фацмишцои муосири коррупсия низ ин шикастани амонатцои супурдашуда аз чониби шахси масъул мебошад, ки аз боварии мардум ва салоциятцои ба у вогузоршуда суистеъмол менамояд. Дар чунин цолат салоциятцои вогузоршуда барои манфиатцои шахсиву гуруцй истифода мегарданд. Албатта ин цолат ба он монандй дорад, ки касе назди шумо маблаге гузошта бошад ва шумо аз он барои амалй сохтани ниёзцои худ истифода баред. Чунин ба назар мерасад, ки масъалацои амонатдорй бештар вобастаи муносибатцои шахсии шацрвандон гардидааст. Амонатцои чамъиятй аксари маврид ношинохта мемонанд ва ё цамчун амонати муцим дарк карда намешаванд.

Дар шароити имруза зарур мешуморем, ки ба тарбияи руцияи амонатдорй миёни чавонону наврасон ва дар умум шацрвандони кишвар эътибори чиддй дода шавад. Танцо бо нафарони амонатдор мо метавонем ояндаи бецтареро барои мардуми кишвар бунёд гузорем ва рушди давлатдории миллиямонро та^вият бахшем.

Дар шароити Точикистон тарбияи руцияи ^аноатпешагй метавонад заминаи муцими пешгирй аз амалцои коррупсионй гардад. Аксари цолат ба мушоцида мерасад, ки нафаре дорои сарвати зиёде аст, зиндагии хубу осудае дорад, тамоми шароитцои рузгораш таъмин аст, аммо новобаста аз ин даст ба амали коррупсионй мезанад. Ба андешаи мо он хислат ва хусусияте, ки ба чунин инсонцо намерасад ин ^аноатпешагй аст. Дар зиндагии цамаруза мо мушоцида менамоем, ки як ^исми одамон зиндагии одие доранд ва цамеша кушиш бар он мекунанд то аз роци цалолу дуруст рузй ба даст оваранд. Аммо дар натори чунин инсонцо боз нафаронеро цам мушоцида мекунем, ки дорои сарвати зиёданд, аммо ба ин кифоят накарда даст ба порахурй ва аз худ намудани сарватцои давлативу чамъиятй мезананд. Аз ин ру, тарбияи руцияи ^аноатпешагй барои чомеаи мо метавонад муцим бошад. Албатта, агар инсон бо роци дуруст ва покиза ба дороии зиёде мушарраф гардад цеч боке надорад ва сарвати у натичаи кушишу гайратцояш мебошанд. Аммо дар шароити имруза мо нафаронеро мебинем, ки бо расидан ба ма^омцои муцимми давлативу чамъиятй пеш аз цама барои бунёди зиндагии бодабдаба барои худ шуруъ мекунанд. Бо даст задан ба амалцои коррупсионй ва суистифода аз ма^ом онцо барои худ шароитцои бодабдабаи зиндагиро бунёд мегузоранд. Ба назар чунин мерасад, ки чунин мардум ^аноатпешагиро тамоман фаромуш намудаанд ва ё дар мавриди он цатто наандешидаанд. Дар шароити Точикистон зиндагии ичтимой тадричан бецтар мешавад ва музди мецнат зина ба зина боло рафта истодааст. Агар мо ^аноатро пеша намоем ва бацри рушди соцацои мухталифи цаёти кишварамон камари циммат бандем, албатта рузе мерасад, ки бо цалолкории худ ба зиндагии осудае мерасем.

Ба андешаи мо яке аз заминацои муцим ва дигари пешгирй ва рафъи коррупсия дар Точикистон ин бедор намудани цисси ^онунмецварй миёни мардуми кишвар аст. Чунин ба назар мерасад, ки дар чомеаи мо беэътиной ба ^онун ва нигилизми цу^у^й афзоиш ёфтааст. Мушоцида мегардад, ки шацрвандони кишвари мо зиёд ба ^онуншиканй роц медицанд. Шикастани ^онун ва беэцтироми нисбати он ба як амри маъмулии зиндагии ^исме аз шацрвандон табдил ёфтааст. Ин цолатро мо на танцо миёни омма, балки цамчунин миёни хизматчиёни давлатй ва мансабдорони зинацои болоии цокимияти давлатй низ мушоцида менамоем, ки хостацои худ, манфиатцои шахсй ва гуруцияшонро аз

ичрои конун ва мукаррароти конунй боло мегузоранд. Хдтто дар шароити Точикистон чунин андешае миёни мардум роич шудааст, ки «конун танхо барои камбагалон аст». Албатта, чунин ранг гирифтани масъала зери таъсири амалхои коррупсионй ба вучуд омадааст ва он ноумедии мардумро нисбати ичроиши конунхо ба миён овардааст.

Беэътиноии кисме аз мардум ва хусусан хизматчиёни давлатй ба конунхо боиси он мегардад, ки конун мавкеи худро дар танзими муносибатхои чамъиятй аз даст дихад. Дар навбати худ чунин холат механизмхои дигари танзими муносибатхо аз он чумла амалхои коррупсиониро рушд мебахшад. Барои хамин хам зарур мешуморем, ки дар чомеаи мо тафаккури конунмехварй таквият бахшида шавад. Пеш аз хама зарур аст, ки дар самти ичроиши конунхо ва эхтиром ба конун мансабдорони зинахои мухталиф ва хизматчиёни давлатй чун намуна бошанд, то умеди мардум нисбат ба конунмехварй дар кишвар зиёд гардад. Бо таквият ёфтани тафаккури конунмехварй заминаи зухури хар гуна амалхои коррупсионй дар чомеа аз байн меравад ва тадричан сатхи коррупсия дар кишвар паст мегардад.

Дар хама давру замон боло бурдани хисси масъулияти шахрвандон дар назди чомеа яке аз заминахои мухимми пешгирй ва рафъи амалхои коррупсионй шинохта шудааст. Рушди коррупсия дар чомеаи мо ва сатхи баланди он албатта натичаи амали шахрвандони кишварамон аст. Яъне сатхи коррупсия баёнгари он аст, ки то кадом андоза шахрвандони кишвар, хусусан хизматчиёни давлатй дар назди чомеа ва миллату давлат масъулияти худро эхсос менамоянд. Албатта, рушди ин давлату миллат ва инкишофи ояндаи хаёти чомеа аз амал ва фаъолияти худи мо вобаста аст. Агар мо дар назди чомеа масъулияти хешро хис намоем, барои хар амал ва фаъолиятамон чавобгар бошем, манфиатхои миллат ва давлатро аз манфиатхои шахсиву гурухиямон боло гузорем, вазифахои хешро содикона ва софдилона ба ичро расонем, мушкилоти чомеаро дар якчоягй халлу фасл созем, пас бо итминон гуфта метавонем, ки сатхи коррупсия дар кишвар комилан паст мегардад. Аз ин ру, зарур мешуморем, ки насли наврас ва чавонон дар рухияи масъулиятшиносй дар назди чомеа ва давлату миллат тарбия намуда шаванд.

Дар самти пешгирй ва муковимат бо коррупсия дар шароити Точикистон накши арзишхои фархангиву маънавй низ метавонад бузург бошад. Дар фарханги миллии мо ба масъалаи ризки халол хурдан ва халолкориву покизагй таваччухи хосса зохир шудааст. Садсолахост, ки ин арзишхои фархангй ва маънавии мо кисми зиёди одамонро аз гирифтор шудан ба амалхои коррупсионй боздошта омадаанд ва бо боварй гуфта метавонем, ки дар оянда низ метавонанд чунин вазифаро ба хубй ичро намоянд. Моро зарур аст, ки аз арзишхои фархангй ва маънавй дар самти пешгирии коррупсия васеъ истифода намоем. Хусусан ба самъи мардум расонидани ин арзишхо аз ахамият холй нест.

Дар умум метавонем чунин иддао намуд, ки эхтиром ва ичрои арзишхои фархангиву маънавй метавонанд омили боздорандаи зухури хар гуна падидахои номатлуб дар чомеа, аз он чумла коррупсия гарданд. Дарки дурусти арзишхои фархангиву маънавй ва риояи онхо дар хаёти чамъиятй метавонанд аз зухури коррупсия пешгирй ва тадричан сатхи ин зухуроти номатлубро дар чомеаи мо кохиш диханд. Дар оянда тахкики равоншинохтй ва чомеашинохтии ин масъала барои дарки пурраи алокамандии миёни арзишмехварй ва пешгирй аз мушкилоти коррупсия такозо мегардад.

ПАЙНАВИШТ:

1. Снетков В.Н., Савельева А.П., Правовые ценности как проекция морально-этического императива в сфере регулирования общественных отношений [Текст] // Правотворчество как индикатор правовых ценностей: внутригосударственное, наднациональное и международное измерения: Коллектив. моногр. / Под ред. И.Л. Честнова. - СПб.: Астерион, 2018. - 532 с.

2. Солиев Ш.Х. Накши цомеаи шаурвандй дар сиёсати зиддикоррупсионии Тоцикистон: уолат ва дурнамо [Матн] Ш.Х.Солиев // Ахбори ДДХБСТ. Силсилаи илмуои цомеашиносй. -Хуцанд, 2017. - №3 (72). - С. 130-140.

3. Солиев Ш.Х. Роууои таукими тауаммулнопазирй ба коррупсия дар шароити Тоцикистони имруза [Матн] / Ш.Х.Солиев // Ахбори ДДХБСТ. Силсилаи илмуои цомеашиносй. - Хуцанд. - 2022. - № 2 (91). - С. 136-145.

4. Солиев Ш.Х. Мушкилоти мубориза бо коррупсия дар Тоцикистони муосир [Матн] / Ш.Х. Солиев. - Хуцанд: Ношир, 2021. - 204 с.

5. Anja C. Gebel. Human nature and morality in the anti-corruption discourse of Transparency International // Public administration and development, 32, 2012, - P. 109-128

6. Arif Supriono, (ed). Seratus Cerita Tentang Akhlak, Republika, Jakarta, 2006, P. 159

7. Education for Integrity. Teaching on Anti-Corruption, Values and the Rule of Law, OECD, матни электронй, https://www.oecd.org/governance/ethics/education-for-integrity-web.pdf санаи дастрасй 20.01.2023

8. Schulz, W., Ainley, J., Friedman T., Lietz P., ICCS 2009 Latin American Report: Civic knowledge and attitudes among lower-secondary students in six Latin American counrties. Amsterdam: International Association for the Evaluation of Education Achievements (IEA). Electronic resource, https://research. acer. edu. au/cgi/viewcontent. cgi ?article=1012&context=civics, санаи дастрасй 16.01.2023

9. Marianna Fotaki, Faisal Alshehri and Saleema Kauser. Can Religion Help in the fight against Corruption? Evidence from Marketing and Management in Saudi Arabia: A Behavioral Ethics Perspectives // ethics.harvard.edu/blog/can-religion-help-fight-against-corrption (electronic resource)

10.Roden J. The international anti-corruption crusade: neo-liberal institutional structures, moralization, and social capital. Undercurrent Journal VII (I), 2010, P. 12-22.

11.Sampson S. Integrity warriors: global morality and the anticorruption movement in the Balkans, 2004, Available online at

http://lup.lub.lu.se/luur/download?func =downloadFile&recordOId=1145727&fileOId=1145 729 (permission to cite as paper). [Accessed on 29 September 2011].

12.Svensson, J. Eight Questions about Corruption // Journal of Economic Perspectives, 2005, 19 (3), P. 19-42.

13. Values Added, How Companies can Use Values to enhance their Anti-corruption Approach. Transparency International UK, electronic resource.

https://www.transparency.org.uk/sites/default/files/pdf/publications/Values%20Added%20-%20Transparency%20International%20UK_0.pdf

REFERENCES:

1. Snetkov V.N., Savelyeva A.P., Legal Values as a Projection of the Moral and Ethical Imperative in the Sphere of Regulation of Public Relations. [Text] // Law-making as an indicator of legal values: domestic, supranational and international dimensions: Collective. monograph. /Ed. I.L. Chestnova. St.Ptb., Asterion, 2018. - 532pp.

2. Soliev Sh.Kh. The Role of Civil Society in the Anti-Corruption Policy of Tajikistan: situation and perspective [Text] Sh.Kh. Soliev // Bulletin of TSULBP, Series of social sciences, No. 3 (72), 2017. - Khujand. - PP. 130-140.

3. Soliev Sh.Kh. Ways to Strengthen Intolerance to Corruption in the Conditions of Modern Tajikistan [Text] / Sh.Kh. Soliev // Bulletin of TSULBP, Series of social sciences, No. 2 (91), 2022, - PP. 136-145.

4. Soliev Sh.Kh. Problems of Anti-Corruption Drive in Modern Tajikistan [Text] / Sh.Kh. Soliev. - Khujand: Publisher, 2021. - 204 pp.

5. Anja C. Gebel. Human Nature and Morality in the Anti-Corruption Discourse of Transparency International //Public administration and development, 32, 2012, - PP. 109-128

6. Arif Supriono, (ed). Seratus Cerita Tentang Akhlak, Republika, Jakarta, 2006, PP. 159

7. Education for Integrity. Teaching on Anti-Corruption, Values and the Rule of Law, OECD, [electronic resource], https://www.oecd.org/governance/ethics/education-for-integrity-web.pdf (Date of appeal: 20.01.2023)

8. Schulz, W., Ainley, J., Friedman T., Lietz P., ICCS 2009 Latin American Report: Civic Knowledge and Attitudes among Lower-Secondary Students in Six Latin American Counrties. Amsterdam: International Association for the Evaluation of Education Achievements (IEA). [Electronic resource], https://research.acer.edu. au/cgi/viewcontent. cgi ?article=1012&context=civics, Date of appeal: 16.01.2023

9. Marianna Fotaki, Faisal Alshehri and Saleema Kauser. Can Religion Help in the Fight Against Corruption? Evidence from Marketing and Management in Saudi Arabia: A Behavioral Ethics Perspectives // ethics.harvard.edu/blog/can-religion-help-fight-against-corrption (electronic resource)

10.Roden J. The International Anti-Corruption Crusade: neo-liberal institutional structures, moralization, and social capital. Undercurrent Journal VII (I), 2010, PP. 12-22.

11.Sampson S. Integrity Warriors: Global Morality and the Anticorruption Movement in the Balkans, 2004, Available online at

http://lup.lub.lu.se/luur/download?func =downloadFile&recordOId=1145727&fileOId=1145 729 (permission to cite as paper). [Accessed on 29 September 2011].

12.Svensson, J. Eight Questions about Corruption // Journal of Economic Perspectives, 2005, 19 (3), PP. 19-42.

13. Values Added, How Companies can Use Values to enhance their Anti-corruption Approach. Transparency International UK, [electronic resource].

https://www.transparency.org.uk/sites/default/files/pdf/publications/Values%20Added%20-%20Transparency%20International%20UK_0.pdf

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.