Научная статья на тему 'НАҚШИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ –ЗЕБОИПАРАСТИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН'

НАҚШИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ –ЗЕБОИПАРАСТИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН Текст научной статьи по специальности «Науки об образовании»

CC BY
103
36
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Журнал
Endless light in science
Область наук
Ключевые слова
Изобразительное искусство / народные промыслы / культура / цивилизация / дети / подростки / мировоззрение / мышление / теория / практика.

Аннотация научной статьи по наукам об образовании, автор научной работы — Назиров Алишер Имомсоҳибович, Турахонов Салоҳиддин Абдураҳмонович, Сайдамиров Сорбон Давлатович, Иззатуллоева Холида Исматуллоевна

В статье авторы исследовали и рассмотрели теоретическое и практическое влияние материалов изобразительного искусства на познание, мировоззрение и сознание общества, используя книги и трактаты исследователей в данной области. Этот вид искусства имеет очень древнюю историю, и наши предки внесли немалый вклад в его развитие. По мнению авторов, изобразительное искусство хорошо воспринималось народом как лучшее произведение искусства во все времена. Люди общества познают мир через изобразительное искусство.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по наукам об образовании , автор научной работы — Назиров Алишер Имомсоҳибович, Турахонов Салоҳиддин Абдураҳмонович, Сайдамиров Сорбон Давлатович, Иззатуллоева Холида Исматуллоевна

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ –ЗЕБОИПАРАСТИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН»

НАКШИ САНЪАТИ ТАСВИРЙ ДАР ТАРБИЯИ АХЛОЦЙ -ЗЕБОИПАРАСТИИ

НАВРАСОНУ Ч.АВОНОН

НАЗИРОВ АЛИШЕР ИМОМСОХИБОВИЧ

ТУРАХОНОВ САЛОХИДДИН АБДУРАХМОНОВИЧ

САЙДАМИРОВ СОРБОН ДАВЛАТОВИЧ

ИЗЗАТУЛЛОЕВА ХОЛИДА ИСМАТУЛЛОЕВНА

кафедра методики начального образования факультета педагогики и спорта «Бохтарский государственный университет имени Насыра Хусрава»

Аннотация В статье авторы исследовали и рассмотрели теоретическое и практическое влияние материалов изобразительного искусства на познание, мировоззрение и сознание общества, используя книги и трактаты исследователей в данной области. Этот вид искусства имеет очень древнюю историю, и наши предки внесли немалый вклад в его развитие. По мнению авторов, изобразительное искусство хорошо воспринималось народом как лучшее произведение искусства во все времена. Люди общества познают мир через изобразительное искусство.

Ключевое слово. Изобразительное искусство, народные промыслы, культура, цивилизация, дети, подростки, мировоззрение, мышление, теория, практика._

Хеч ганче нест аз фарханг бех, То тавонй руй бар ин ганч нех

Абуабдуллохи Рудакй Санъату адаб хамчун василаи тахкимбахши маърифату тарбия ва рушддихандаи донишу чахонбинй пазируфта шудааст. Илму фарханг ва адабиёт омили миллату давлат буда, рушду ба;ои хар халку кишвар ба ин мукаддасот ва арзиши миллй вобастагии амик; дорад. Фархангу адаби миллати точик бошад таърихи беш шаш хазорсола дошта, ба бунёду рушди дигар санъату хунархои ;авму миллатхо асос гузоштааст. Холо дар худуди Чумхурии Точикистони азизамон садхо ёдгорихои таърихиву фархангй ва адабию меъморй мавчуд аст, ки онхо бозгуйи таърихи пургановати миллати точик мебошанд. Хушбахтона, баъд аз сохибисти;лолии кишвар таваччухи давлату хукумат, ба хусус Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рах,мон ба эхёи хофизаи таърихй ва баркарор намудани ёдгорихои фархангиву меъморй бештар гардида, ба шинохти арзишхои милливу адабй замина гузоштанд. Хангоми тах;и;оти бостоншиносй дар гори Шахтаи вилояти Кухистони Бадахшон (Помир) тасвирхои руйи сангиеро дарёфт намуданд, ки дар онхо аксхои гуногун аз лахзахои зиндагии мардуми индавра инъикос ёфтаанд. Бино ба тах;и;и академик Бобочон F афуров намунахои санъати тасвирй ба даврахои неолиту энеолит рафта мерасанд. "Чунин ба назар мерасад, ки кадимтарин тасвири руи санг дар Осиёи Миёна суратхои магораи Шахта мебошад, ки дар Помир кашф шудааст. Дар девори магораи начандон калоне, ки дар баландии 4200 м аз сатхи бахр во;еъ гардидааст, суратхои ба ду ранг кашидашуда махфуз мондаанд. Суратхое, ки аз ду махалли дигари кухистони Осиёи Миёна - дар нахри Саричас ва Куртикисои наздики магораи Шахта ёфта шудаанд, ба даврахои баъдтар, ба ахди охири неолит ё биринчй тааллу; доранд" [5, с. 38-39]. Чунин бозёфтхо гувохи онанд, ки миллати точик ба хунари санъати тасвирй дар руйи сангу чуп ва дигар олот тачрибаи бойу ганй дорад.

Таърихи санъати тасвирй мархалахои зиёдеро аз сар гузаронида, махз дар натичаи омезиши фархангу тамаддунхои минта;ахо шакл гирифтаву рушд ёфтааст. Ба таъкиди муха;;и;они соха санъати тасвирй дар асрхои XIX ва ХХ дар ду аломат: модернизм ва

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

постмодернизм зухур ёфтанд, ки онхо дорои вижагихои махсуси худ мебошанд. "Раванди бухронй, ки ба мухити атроф ва зиндагии маънавии чомеа таъсир мерасониданд, дар чараёнхои мухталифи санъати тасвирй тачасум ёфтаанд. Баъд аз чанги дуюми чахон дар санати тасвири мархалаи нав огоз гардид. Ин мархала бо номи постмодернизм (баъд аз модернизм) маълум аст" [9, с. 73]. Санъати тасвирй низ чун дигар навъи хунару эчод дорои жанру услуби хоси худ мебошад. Рассомон зимни тасвири манзарахои гуногун аз махсусияти жанрии соха истифода менамоянд. "Санъати тасвирй сохахои ба хам хеле наздик - рассомй, графика, хайкалтарошй, суратгирии бадеиро муттахид мекунад" [4, с. 18]. Имруз дар худуди чумхуриамон барои рушди санъати тасвирй ва дизайн шароиту имконияти мусоид фарохам оварда шудааст. Дар як цатор муассисахои таълимй, коллечу литсейхо ва донишгоху донишкадахо мутахассисони сохаи мазкур омода карда мешаванд. Дар ин миён сахми Донишкадаи санъати тасвирй ва дизайни Точикистон дар тайёр кардани мутахассисони соха хеле назаррас мебошад. Хдмасола ин муассисаи олии касбиро даххо нафар чавонони сохибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти гуногуни эчодиву фархангй машгул мегарданд. Имруз хатмкунандагони ин муассиса натанхо дар дохили кишвар, балки дар хорича бо асархои бадей ва санъати тасвирй шухрату мацоми шоитсаро касб намудаанд. Кдйд намудан зарур аст, ки хайати устодону донишчуёни муассиса олию касбии зикршуда дар озмуну чорабинихои сатхи чумхуриявй, минтацавй ва байналмилалй фаъолона ширкат варзида, бо санъату хунари волои худ ба гирифтани чойхои намоён шарафёб мегарданд.

Бо мацсади сохибмаърифату сохибкасб намудани цишрхои гуногуни чомеа ва дар ин замина тахким бахшидани завцу эхсоси эчодй, мехру садоцат доштан ба хунархои мардумй ва омузонидани нозукихои онхо ба насли наврасу чавони кишвар аз масъалахои мухиммест, ки тахти таваччухи пайвастаи рохбарияти Олии кишвар царор дорад. Дар шароити имрузаи бархурди фархангу тамаддунхо тахцицу баррасии масъалаи мазкур боз хам ахамияти бештар касб мекунад. Хамин аст, ки Хукумати Чумхурии Точикистон, ба хусус Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба рушду густариши хунаромузии насли наврасу чавони кишвар таваччухи зиёд доранд. Махз дар доираи эълони солхои 2018 хамчун соли "Рушди сайёхй ва хунархои мардумй" ва солхои 2019-2021 "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" ицдомхои назаррасе амалй гардиданд, ки онхо ба эхё ва рушди хунархои зиёде мусоидат намуданд. Дар ин самт чихати тарбияи насли наврасу чавони кишвар дар рухияи хунаромузй ва зарурати эхёи онхо дар шароити мураккаби чомеаи муосир санадхои меъёриву хуцуцй, Барномаву Конспесияхои давлатй цабул гардида, дар амалишавии хадафхои пешгузоштаи давлату хукумат таъсири мусбат расониданд. Дар доираи ицдомхои начиби пешгузошта дар дехаву нохия ва шахрхои кишварамон садхо марказхои касбу хунаромузй таъсис ёфтанд, ки дар онхо хазорон нафар сокинони кишвар ба омузиши нозукихои касбхои гуногун машгул шуда, ба ин васила рузгори худро имруз пеш мебаранд.

Дар мархалаи чахонишавй бисёре аз касбу хунархои мардумй, ки аз цаъри таърих ва ниёгони хунармандамон ба мерос монда буд, бо сабабу омилхои гуногун аз байн рафтанд. Ба хамагон маълум аст, ки имрузхо душман барои аз байн бурдани миллату давлат кушиши махв намудани фархангу забонро мекунад, ки ин бесабаб нест. Масъалаи мазкурро Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон дар бештари баромадхои худ, аз чумла дар Паёми солонаашон ба Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар соли 2021 чунин зикр доштанд: "Фарханг хамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоции чомеа ва муаррифгари таърих хамеша тахти таваччухи Хукумати мамлакат царор дорад.

Бояд тазаккур дод, ки аз чониби Хукумати Точикистон вобаста ба таъриху фарханг ва тамаддуни миллати куханбунёди точик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалй ицдомоти зиёде амалй гардида истодаанд" [8]. Кайд намудан зарур аст, ки хифзи

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

фархангу оини миллй ба тахкими пояхои давлатдорй, эхсоси худшиносиву худогохии миллй, тарбияи дурусти насли наврасу чавони кишвар дар рухияи ватандустй ва таъмини зиндагии шоиста замина мегузорад. "Хифзи мероси фарханги моддиву гайримоддии миллати бостониамон, ки гувохи зиндаи таърихи шашхазорсолаи хал;амон мебошад, вазифаи мухимтарини мо - ворисони ин мероси бузург ба хисоб меравад. Эхёи арзишхои миллй ва хифзу таргиби ёдгорихои таърихиву фархангй барои баланд бардоштани рухияи ватандустиву ватанпарастй ва худогохиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону чавонон бисёр мухим мебошад" [9], - ;айд доштаанд Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон.

Тавре ба хамагон маълум аст, дар маъхазу сарчашмахои таърихию адабй мардуми точик хамчун миллати хунарманду шахрофар ва бунёдкору созанда зикр ёфтаанд, ки махз бо донишу чахонбинии васеъ тавонистаанд, ки ба таъриху фарханги чахонй таъсири амик; гузоранд. Барои комил гардидани тамаддуни башарй мардуми точик хизматхои арзишманд кардаанд.

Зикр намудан зарур аст, ки ташаккули инсон хамчун чузъи фаъоли табий махз дар натичаи мехнат ташаккул меёбад. То ба шакли имруз комил гардидани инсон ба фаъолияту мехнати эчодкоронаи у вобастагии амик; дорад. "Инсон бо он зинда аст, ки кор мекунад, эхтиёчашро конеъ менамояд, боз талаботи гуногуне пайдо мешаванд, хамин тари;, сифатхои мухталифи шахсият ташаккул меёбанд. Минбаъд барои мактаббачагони хурдсол на танхо мехнат кардан, натича, махсули моддй ба даст овардан, балки инкишофи равонй, аз чумла, пайдо шудану тарбия ёфтани зав;и эстетикй, хисси зебопарастй дастоварди хеле мухим ба шумор меравад. Яъне, онхо мехнат мекунанд ва хам зебой меофаранд" [1, с. 6]. Дар во;еъ, барои инкишофи хамачонибаи кудакону наврасон ва дар умум инсоният омилхои гуногуне, амсоли мушохидаву омузиш ва мехнату эчод мухиманд, ки ба шакл гирфитани шахсият замина фарохам меоваранд.

Боиси зикр аст, ки имрузхо бахри омухтани нозукихои хунархои мардумй, аз чумла санъати тасвирй, кандакорй, мисгарй, охангарй, кулолгарй, на;;ошй, зардузиву гулдузй, меъморй, хайкалтарошй ва гайра аз чониби давлат ва хукумат шароити мусоид фарохам оварда шуда, сокинони зиёде ин хунархоро омухтаву дар рузгор васеъ истифода мекунанд. Хунархои зикршуда таърихи хеле кадима дошта, ниёгонамон бо офаридани намунахои бехтарин дар таърихи инсоният худро хамчун миллати хунарманд муаррифй кардаанд. Яке аз хунархои кадимаи миллй, ки хал;и точик ба он таваччух дошту дорад, санати тасвирй ба хисоб меравад. Бехтарин намунахои санъати тасвирриро ниёгонамон, аз чумла Абуляхё Чунайди Султонй, Султонмухаммади Табрезй, Сайидгиёси Самаркандй, Мираки На;;ош, Камолиддини Бехзод, Абдуллохи Мусаввир, Ризо Аббосй ва чанде дигарон офаридаанд. Замони мавчудияти давлати абаркудрати Шуравй ва баъди сохибистиклолии кишвар хунари рассомию тасвиргарой низ ба таври бесобика рушду инкишофи хамачониба ёфта, бехтарин хунармандони точик, бахусус А. Умаров, В. Назаров, П. Гулов, М. Бекназаров, Т. Самандаров, С. Шарипов, А. Миршакар, А. Хошмухаммадов, X. Хушвахтов ва чанде дигарон ба майдони хунар омаданд, ки намунахои олии санъати тасвирй офариданд, ки онхо аз чониби мухаккикону мутахассисон бахои баланд гирифтаанд. Дар маркази таваччухи хар эчодкор, ба хусус рассомону тасвиргароёни касбй мухити атрофи ихоташуда ва чузъхои хаёти инсонй, ки ба чашми дигарон ноайё аст, карор дорад. Дар ин маврид мухаккики соха Б. Бойназаров зикр доштаанд: "Дар асар инсон дар маркази диктат меистад. У ба тамоми хастии деха таваччух дорад ва ин макон ба зебоияш ба инсон тааллук дорад. Ин зиндагониро бо чилои рангхо таровати зиндагии хакикиро падидор мекунад. Рассом як гушаи диёр, манзарахои такрорнашавандаи онро тавре бо калам додааст, ки ба кас бештар азизу муътабар мешавад" [2, с. 6]. Фарханг, ба хусус санъати тасвирй дирузро бо имруз ва

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

имрузро бо фардо пайванд мекунад. Махз тавассути осори санъату хунар ба хар давраи таърихй, вазъи сиёсиву ицтисодй ва ичтимоиву фархангй бахо дода мешавад.

Омузиши нозукихои касбу хунархои мардумй омили мухимми мусоидаткунандаи рушди чомеа махсуб ёфта, дар назди цишрхои чомеа вазифаи мухимро мегузорад, ки ичрои онхо дар рушди ицтисодиёту ичтимоиёти кишвар мусоидат менамоянд. Аз ин ру, Хукумати Чумхурии Точикистон дар сиёсати хеш фархангу санъатро пеш гузошта, инъикоси воцеии пешрафту шукуфоии Точикистони махбуб ва идомаи кори бунёдкориву созандагиро чихати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат анчом дода истодааст.

Зикр намудан зарур аст, ки санъати тасвирй олитарин навъи хунар буда, ба бинанда дар баробари фарогат чахони маънавиашро бой мегардонад. Рассом бо диду тахайюли бойу рангини худ розхоеро ифшо мекунад, ки ба дарки онхо расидан махорату чахонбинии хоссаеро тацозо мекунад. Метавон гуфт, ки махз тавассути махсули мехнати рассом мо ба пахлухои зиёди масъалаи мавриди назарру тасвир сарфахм меравем. Санъати тасвирй чун дигар хунархои мардумй методу усулхои хоси худро дорад, ки риояи онхо аз эчодкор тацозо карда мешавад. Донишхои назариву амалии хосилшуда тавассути амали рассом руйи асари офаридааш тасвир меёбанд, ки он ба чигунагии муносибати муаллифи он вобастагй дорад. "... методикаи таълими санъати тасвирй хамчун илм, тачрибахои амалию назариявиро чамъбаст менамояд, усулхои таълимиро пешниход мекунад, ки худро муътамаддин сохта, натичахои бехтарро нишон медиханд. Методика дар заминаи маълумоти педагогй, психологй, эстетикй ва табиатшиносй асос меёбад. Он цонуну цоидахои омузиши санъати тасвириро тавсия (формулировка) намуда, усулхои муосири тарбияи насли наврасро нишон медихад" [3, с. 5].

Тазаккур бояд дод, ки хамаи инсонхо дорои цобилияту донишу чахонбинии хоссае хастанд. Аммо бо мурури замон ва таъсирпазирии биологй ва мухити атроф ба ин ё он касбу хунаре майлу хохиш пайдо мешавад. Хамин дилбастагй ба касб моро дар давоми умр хамрохй мекунанд. Махз тавасути ин хунар мо ба комёбихо ноил гардида, дар чомеа сохибэхтиром мегардем. Санъати тасвирй низ дорои чунин чозибаест, ки бисёр нафаронро ба худ чалб мекунад. Дар давраи кудакй ва наврасй бештар мехри санъати тасвирй дар цалби хар фард чой мегирад, ки ин албатта сабабу омилхои зиёде доранд. Яке аз омилхои асосии ин мехр шинохту фахми худро нисбати мухити атроф баён кардан мебошад. Дар аввал зиёд кудакон ба ашёхои атроф, ки онхоро бисёр мебинанду дар зехнашон сабт ёфтааст, тасвир менамоянд. "... дар рафти ичрои корхои амалй ба тарзхои конструктивй, фарци шакли маводи таълимй, тасвир аз асл, тарзи чобачогузории тасвир дар руйи когаз, фарци дурахонии тобиш ва силсилаи рангхо, тарзи дурнамои мавод дар тасвирро аз худ мекунед" [2, с. 3].

Дар нихоят метавон гуфт, ки тахким бахшидани махорату малакаи санъати тасвирй дар замири кудакону наврасон ва умуман сокинон василаест, ки ба рушди донишу чахонбинй ва дарки мухити атроф ба дигарон мусоидат мекунад.

Impact Factor: SJIF 2020 - 5.497 ПЕДАГОГИЧЕСКИЕ НАУКИ

2021 - 5.81

РУЙХАТИ АДАБИЁТ

1. Барномаи таълими "Санъат ва мехнат" дар синфхои ибтидой (Мураттибон: Бойназаров Б., Мирзоматов Н., Рачабалиева Г., Турсунов Ш.). - Душанбе: Офсет, 2008. - 59 сах.

2. Бойназаров Б. Санъати тасвирй / Б. Бойназров. - Душанбе: Маориф, 2016. -144 сах.

3. Бойназаров Б. ва дигарон Санъат ва мехнат / Б. Бойназров., Д. Халимзода., Г. Рачабалиева. - Душанбе: Офсет, 2000. - 96 сах.

4. Бойназаров Б. ва дигарон Санъати тасвирй ва методикаи таълими он (Дастури таълимй барои донишчуёни коллеч ва донишгоххои омузгорй) / Б. Бойназров., Д. Халимзода., Г. Рачабалиева. - Душанбе: Офсет, 2017. - 96 сах.

5. Гафуров Б. Точикон (Таърихи цадимтарин, цадим, асри миёна ва давраи нав). -Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. - 976 сах.

6. Донишномаи кудакон ва наврсаон (Мухаррири масъул Б. Абдуррахмонов). -Душанбе: ЭР-граф, 2013. - 564 сах.

7. Лутфуллоев М. Осор. Инсон ва тарбия (Чилди 5). - Душанбе: «Собириён», 2013.462 сах.

8. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй. - Душанбе, 26.01.2021.

9. Саидов А.С. ва дигарон Фархангшиносй (Дастури таълимй барои донишчуён, аспирантон, омузгорон ва дигар табацахои ичтимой). - Душанбе, 2020. - 195 сах.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.