Khayyam is known first of all andforemost as a mathematician. Among his meny mathematical works, his book «Risola fi barohialomanoili-l-jabrval-l-muqobala» takes a special place.
Umar Khayyam's contribution to the science of astronomy is to such an extent that his calendar is more accurate than the current world calendar.
In short, acquaintance with the scientific works of Umar Khayyam shows, that he along with being a great poet, and also hi was one of the most powerful encyclopedic scholars and gained worldwide fame by creating valuable works in various fields of science, especially mathematics it is the pride of every self-aware Tajik.
Keywords: Umar Khayyam, science,mathematics, ninth, history, calendar, Navruz, worldfame.
Сведение об авторе:
Рахимзода Курбонали Назар - старщий перепадаватель кафедры Государственное управление и всеобщая история Дангаринского государственного университета Тел: (+992) 904434214
About the autors:
Rakhimzoda Kurbonali Nazar - Senior Head of the Department of State Administration and General History of Dangarin State University Tel: (+992) 904434214
УДК 792 (091), (575,3)
САНЪАТИ СИНАМОИ ТО^ИК ДАР СОЛ^ОИ ИСТЩЛОЛИЯТ ВА ТАМОЮЛИ РУШДИ ОН
Якубшоев А.Х.
Донишкадаи давлатии забощои Тоцикитсон ба номи С. Улугзода
Дар фарханги муосир санъати синамо макоми хоса дорад. Ин соха дар тарбияи маънавй ва ташаккули хаёти фархангии чомеа таъсири амик мегузорад, зеро ки он чун санъати муосир минбари ташвикот махсуб меёбад. Тавассути он акидахо ва назархои механпарастона, инсондустона таргиб карда мешаванд. Доир ба мавкеъ ва манзалати синамо Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар яке аз баромадхояшон кайд намудаанд: «Синамо чун чузъи асосии фарханги чомеа воситаи асосии таргиб ва пахнкунии идеологияи давлатй дар байни чомеа махсуб меёбад ва ягон намуди дигари санъат онро иваз карда наметавонад.»[1, с.8]
Аз ин ру, ба ин соха бояд хар чи бештар диккат дода, аз он ба таври зарурй истифода кардан лозим аст. Синамои миллии точик дар давраи Шуравй, соли 1929 ба вучуд омад. Х,амин сол бо саъю кушиши Василий Кузин, Артём Шевич, Николай Гезулин нахустин (кадр) кисмхои синамои точик бо унвони «Омадани аввалин поезд ба Душанбе» ба навор гирифта шуданд ва 16 октябр ба тамошобинон пешниход шуданд[2, с.143] Таъйиноти техникии синамо пуркувват ва замонавй буда, ба талабот чавобгу буд. Филмхои бадей, хуччатй, таърихй ва детективй ба навор гирифта шудаанд.
Филмхои дар замони шуравй ба навор гирифташуда имруз хам мавкеашонро аз даст надодаанд ва дар тарбияи механпарастии насли наврас сахми назаррасе доранд. Аксарияти филмхои офаридашуда, ки дар байни тамошобинон махбубият пайдо кардаанд ва ба тамошобин гизои маънавй медиханд. Дар замони шуравй Кумитаи киноматографияи назди Хукумати ЧШС Точикистон бо сохторхояш-киностудияхои «Точикфилм» «Точиккинотехника», «Точиккинопрокат» амал мекард. Тахкикотхо нишон доданд, ки солхои 1980-1990 -ум синамои точик ба мархалаи нави рушд ворид шуд ва мунаккиди синамо Р. Дорайсвами дар маколааш ин давраро «гулгулшукуфии синамои точикй»[3, с.10] номидааст.
Ба кишвари мо зарур омад, ки бозори синамои худро ташкил дихад, ки тамошобинро ба кинотеатр чалб кунад, то ки имконият пайдо кунад, ки гизои маънавй гирад. Барои истехсоли синамо зарур аст, ки харочотро бо даромади иловагй пушонда, филми навро истехсол кард. Чанги шахрвандй ба сохаи санъати синамо таъсири сахти маънавй расонид.
Дар дахсолаи аввали истиклолият ба баркароркунии киноматография аз чониби давлат маблаггузорй огоз мешавад ва устодону мутахассисони ин соха дубора ба кору фаъолияти худ машгул гардиданд. Аммо, мутаассифона, заминаи истехсолотй кариб вучуд надошт ва онхо асосан наворгиранда, камерахо ва дигар техникаю тачхизоти заруриро бо худ меоварданд.
Аз тахкикот бармеояд, ки пас аз сохибистиклол гардидани чумхурй синамои точик бо мушкилихои зиёде ру ба ру гардид, ки ба он чандин омилхо таъсир мерасонданд.
Ин, пеш аз хама катъ гардидани маблаггузории марказии Кумитаи киноматографияи ИЧШС ва иктидори заифи воситахои дохилии чойдошта, огози чанги шахрвандй дар мамлакат ва
окибатхои манфии он, суст шудани асосхои кувваи кории мутахассисони синамои точик, катъ гардидани муносибатхо бо чумхурихои собик Иттиходи Шуравй доир ба офаридани филмхо, воридоти мавод барои навори синамо аз корхонахои шахри ^азони ЧМШС Тотористон, корхонаи Шосткински ЧШС Украина, дигар мавод барои навори филмхо аз Москва ва дигар корхонахо махсуб меёбанд.
Ба сабаби чанги шахрвандй аксари мутахассисоне, ки дар киностудияхо кору фаъолият мекарданд, кишварро тарк намуда, дар мамлакатхои дигар фаъолияти касбии худро идома доданд. Бештари наворбардорон, коргардонхо, рассомон ва хунарпешагони «Точикфилм» касбу кори худро монда ба машгулиятхои дигар шугл меварзиданд. Як гурухи дигари хунарпешагон ба монанди Чамшед Усмонов, Бахтиёр Худойназаров, Валерий Ахадов, Рустам Ахадов, Марям Юсупова, Маргарита ^осимова аз худуди чумхурй баромада дар Украина, Фаронса ва Олмон фаъолияти кории худро идома медиханд.[4, с.1]
Ба хамаи мушкилоти дар солхои аввали истиклолияти давлатй чойдошта нигох накарда, коргардонхои точик бо имкониятхои мавчуда филмхои бадей ва хуччатиро ба навор гирифта ба тамошобинон пешниход намуданд. Вобаста ба мушкилоти иктисодии киноматографияи точик дар солхои 1991-2000 кормандони соха истифода кардани видеоформатро вусъат доданд. Аз сабаби кам маблаггузорй шудани соха ва бо максади сарфаи воситахои мавчуда наворгирии филмхои калонхачм дар киностудияи «Точикфилм» катъ мегардад. Ба кавли мутахассиси соха С. Азизова, дар солхои 1997-1998 карор кабул карда шуд, ки силсилафилмхои видеоии иборат аз 6-8 кисм ба навор гирифта шаванд. Хамин тарик, аз сабаби бухрони иктисодии солхои 1990-2000 ба навор гирифтани филмхои кутоххачм, ки сарфи камтари маблагро талаб мекарданд анъана шуда буд. Филмхое, ки дар Точикистон офарида шудаанд, бештар дар мавзуъхои чанги шахрвандй, мухочирати мехнатй, афзоиши чиноят ва чинояткорй эчод шудаанд. Сабаби дигар дар он аст, ки мутахассисони соха синамои точикро ба ду кисм чудо намуданд. Яъне филмхое, ки дар худуди Точикистон офарида мешуданд ва филмхое, ки хорич аз кишвар ба навор гирифта шудаанд. Дар кори ба навор гирифтани филмхо ба забохои точикй, узбекй, киргизй мутахассисон аз тамоми худудхои ИЧШС ширкат меварзиданд.
Вале баъди ташаккул ёфтани давлатхои нави сохибистицлол вазъи кори соха ба тамом тагйир ёфта буд. Доир ба муносибат ва мавкеи ин ё он асару сюжаи пешниходшуда ба синамои кишвархои мустакил бахсхо ба миён омаданд.
Кушишхои ба доираи манфиату мавкеи давлатй ворид намудани синамо норозигихо ва бахсхои зиёдеро ба бор меоварданд. Дар солхои сохибистиклолии кишвар синамогарони собик Иттиходи Шуравй масъаларо рочеъ ба мероси синамои шуравй халлу фасл мекарданд. Масалан, бойгонии умумииттифокии синамо «Госфилмофонд» - бойгонии калонтарини филмхо, ба шумор мерафт, ки дар хазинаи он филмхои дар тули зиёда аз ним асри аз чониби киностудияхои миллй офариашуда нигох дошта мешуданд. Баъди сохибистиклол шуданаш хар як давлат хукук дошт, ки бозгардонидани филмхои худро талаб намояд.
Масъалаи дигари мухиме, ки кинематографистони собик ИЧЩС халлу фасл мекарданд, хифзи хукуки муаллиф буд. ^айд шуда буд, ки хангоми ба маърази тамошо гузоштани ин ё он филм тавассути шабакаи телевизиони давлатй, шабакахои Россия ба муаллиф хакки муаллифй пардохт мекунанд.
21-уми сентябри соли 1993 бо максади хифзи хукуки муаллифй дар Иссиккул (^иргизистон) намояндагони 14 кишвар - Озарбойчон, Белоруссия, Гурчистон, ^азокистон, Латвия, Литва, Молдова, Россия, Точикистон, Узбекистан ва Украина чамъ омада буданд ва дар ин хамоиш Хуччати аудиовизуалии кишвархои Авруосиёро ба имзо расонданд.
Чанги шахрвандй, ки барои истехсоли филмхо ба киноматографистон чумхурй имконият надод, рушди синамои точик асосан аз фаъолияти Конфедратсияхои Иттифоки кинематографистони ИДМ ва ширкат дар барномахо, фестивалхои он вобастагй дошт. Намоиши расмхои бехтарини киностудияи «Точикфилм» дар доираи Рузхои фарханги Чумхурии Точикистон дар Москва аз 27-ум то 30-юми марти соли 1997 баргузор гардид.[5, с.83]
Барои ба низом даровардани ин соха барои тахия ва кабул кардани санадхои нави меъёрй -хукукй зарурат ба миён омад. Дар давраи истиклолият санадхои зерин кабул карда шуданд: ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фарханг»Донуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи синамои точик», ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон», ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хунархои бадеии мардумй», ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хукукхои муаллиф ва хифзи хукукхои он», Барномахои давлатй: «Барномаи рушди синамои Чумхурии Точикистон барои солхои 2006-2010», »Барномаи рушди фарханги Чумхурии Точикистон барои солхои 2008-2015,»Барномаи рушди синамои Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2015» ва гайрахо. Хамин тарик дар кишвар заминаи конунгузории сохаи синамо дар сатхи байналмилалй ба вучуд омад. [6,с. 335, 694]
Тадкикот нишон додаанд, ки ибтидо аз соли 2005 давра ба давра истехсоли филмхои бадей дар киностудияи «Точикфилм» эхё ва баркарор шуд. Дар ин давра кадамхои нахустини худро дар ин соха У. Мирзоширинов бо филми «Бути мухаббат» (соли 2004), Д. Рахматов бо филми «Овора» (соли 2005), С. ^одирй бо филми «Махдй» (соли 2006 ) ва дигарон гузошта будаанд.
Дар солхои истиклолият синамои точик ба инъикос намудани вокеахои руз, сабабхо ва асосхои ходисахои чанги шахрвандй диккат медоданд, ки бар сари миллати точик дар охири садаи ХХ омада буданд. Филмхои «Дар орзуи падар»,»Марги бегунох»,»Нишони зиндагй» аз руи асархои Нависандаи халкии Точикистон Кароматулло Мирзоев ба навор гирифта шуданд.
Сарфи назар аз баъзе дастовардхо, дар умум дар солхои истиклолият синамои точик назар ба синамои дигар кишвархои Осиёи Марказй кафо монд. Асосгузори сулху вахдати миллй, пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон дар Пайёми худ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2015 иброз намуд: «Дар ин росто синамои точик ба рушди чиддй ниёз дошта, филмхои хозиразамони мустанаду бадей, ки гузаштаву имрузаро вокеъбинона инъикос намоянд, масъалахои мухимми хаёти чомеаро тасвир созанд ва ахлоки хамидаву анъанахои неки халкамонро таргиб кунанд, кам ба назар мерасанд».[7]
Ба ин сохаи такдирсози фарханг дар чомеа бо назардошти тачрибаи чахони муосир бояд назар кард. На танхо доир ба эчоду наворгирии филм бояд андеша кунем, балки барои ба томошо пешниход кардани филмхо, сохтани кинотеатрхо, шароитхо мухайё сохтан зарур аст. Барои баррасии масъалаи рушди синамо ва дурнамои он зарур аст, ки аз неру ва кобилияту итеъдоди мутахассисони касбй ва чавон истифода намуд. Асархои барчастаи миллиро эчод ва навиштан зарур аст, ки хаёт ва арзиши маънавии мардумро нишон дода тавонанд ва чойи филмхои хоричиро ишгол кунанд. Дар чахони муосир, ки хар руз хатархои нав ба нав эчод мешаванд,барои таквият бахшидан ба муаррифии фарханги миллй, устувории сиёсии Чумхурии Точикистон ва муаррифй кардани худи мардуми точик синамо макоми арзандаеро ишгол карда метавонад.
Норасоии мутахассисони лаёкатманд як мушкилии дигари ин соха мебошад. Омода кардани мутахассисони соха барои Муассисаи давлатии синамо ва видео - «Точиккино» ва студияи давлатии «Точикфилм» дар «Барномаи рушди синамо дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2001-2015» пешбинй шуда буд. Барои ин зарур аст, ки чавонони лаёкатмандро ба бехтарин мактабхои хоричи кишвар ва аз лихози кинематография пешрафта бо шарти бозгашт ба ватан рахсипор кард. Ба мутахассисони оянда тахсил дар мактабхои олии кишвархои пешрафта дар сохаи синамо ба мисли Донишкадаи давлатии киноматографияи Федератсияи Россия (шахри Москва), Донишкадаи мухандисони синамои Федератсияи Россия (шахри Санкт - Птербург), донишкадахо ва академияхои Фаронса, Англия, Италия мувофики матлаб хохад буд.
Тайёр намудани мутахассисони сохаи синамо дар кишвархои номбаршуда аз он чихат хуб аст, ки дар онхо барои довталабони ин сохаи мухим хамаи шароитхоро мухайё мекунанд, то ки аз рузхои аввали таълим то хатми муассисаи таълимй пайваста дар наворгирии филмхо иштирок кунанд. Х,амчунин дар наворгирй ва ба маърази тамошо гузоштани филмхо дастгирй ва маблаггузории зиёде ба чашм мерасад.
Дар омода намудани кадрхо ва такмили ихтисоси онхо мушкилоти зерин чой доранд:
- норасоии микдори муайяни мутахассисон дар сохтори «Точикфилм», аз кабили филмноманавис, коргардон, садобардор, танзимгари синамо ва садо, наворбардор, пардозгар ва рассом;
- омода намудани кадрхо дар дохил ва хоричи кишвар;
- то хол омода кардани кадрхои баландихтисос ва истехсоли филмхои дар сатхи бозори синамо ракобатпазир ба рох монда нашудааст;
Тахкик ва тахлили маводи гуногуни хисоботй, матбуоти даврй, адабиёти илмй нишон медихад, ки дар сохаи синамои точик дар даврони солхои аввали сохибистиклолй мушкилихои зерин чой доштанд:
- норасоии техника ва технологияхои муосири истехсол ва ба наворгирии филмхо, яъне заминаи сусти моддй-техникй;
- кофй набудани маблаггузорй ва воситахои молиявй барои рушди сохаи синамо;
- дар сатхи минтакавй ва махаллй ба талаботи муосир чавобгу набудани зерсохтори саноати синамо;
- ракобатпазир набудани истехсоли филмхо ва ба талаботи стандартхои муосири чахонй мутобикат накардани онхо;
- хавасмандгардонии сусти моддй-маънавии мутахассисони соха ва нарасидани кадрхои баландихтисос дар саноати синамо ва гайра.
Х,амин тарик, бояд гуфт, ки санъати синамои точик дар давраи истиклолият ба мархилаи нави рушди худ ворид гардидааст. Дар ин росто мушкилихои зиёдеро паси сар намуда,
мутахассисони соха бо истифода аз имкониятхои мавчуда аз дахсолаи аввали сохибихтиёрй ба филмофарй пардохтанд. Аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бахри ба низом даровардани фаъолияти бомарому самараноки санъати синамои точик чанд санадхои меъёрй-хукукй кабул ва тасди; карда шудаанд. Хамчунин чорабинихои зарурии ташкилй - таргиботии синамо дар кишвар ба рох монда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки мутахасисони соха дар филмофарй бештар ба асархои миллй, таърихй ва тамоюлхои фарханги халкамон таваччух зохир менамоянд ва дар ин самт бисёр корхои начиб бахри ташвики арзишхои асосии миллй анчом дода мешаванд.
АДАБИЁТ
1. Воситзода М. Кинотеатрхо кай эхё мегарданд? / М. Воситзода. // Чумхурият. 2012, 3 мая.
2. Doraiswamy R. Tadjik dawn. / R. Doraiswamy. // Cinemaya. 1992, №13. 143.
3. Фарзонаи Ф. Синамо ба дастгирии чиддй ниёз дорад. /Ф. Фарзона. // Чумхурият. 2014, 3 янв.
4. Текущий архив СК РТ. Отчет о работе Конфедерации в 1999 г. Копия приглашения. - Л.1.
5. Текущий Архив СК РТ. Форум национальных кинематографий стран СНГ и Балтии. /Материалы о работе Конфедерации Союзов кинематографистов (1990-1997). - М.,1997. С. 2183.
6. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. Душанбе,1997. №23-24. С.352; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. Душанбе, 2004. №12. С.694; ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи «Барномаи рушди синамо барои солхои 2006-2010». Душанбе, 2005. №362, 4 -октябр;.
7. ^арори Хукумат Чумхурии Точикистон дар бораи «Барномаи рушди фарханги Чумхурии Точикистон барои солхои 2008-2015». Душанбе, 2007. №443, 23 октябр. ^арори Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи «Барномаи рушди синамо барои солхои 2011-2015 « Душанбе, 2010. № 572, 30- октябр.
8. Пайёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. // Садои мардум. 2015, 23 январ.
КИНЕМАТОГРАФИЯ ТАДЖИКИСТАНА И ТЕНДЕНЦИЯ ЕЁ РАЗВИТИЯ В ГОДЫ НЕЗАВИСИМОСТИ
В статье речь идёт об одной из важных отраслей культуры Таджикистана кинематографии. Исследование показывает, что данная отрасль имеет большое значение в развитии материальной и духовной жизни страны. Она оказывает большое влияние на размышления, поведения, духовность общества. В статье основное значение уделяется проблемам, трудностям, возрождению и новым тенденциям в области кинематографии в годы независимости. Внимание Правительства Республики Таджикистан, сотрудничество со странами дальнего и ближнего зарубежья в области кинематографии привели к появлению новых тенденции в развитии этой отрасли. Также автором предоставлены некоторые предложения и заключения по данной отрасли.
Ключевые слова: искусство, культура, кинематография, независимость, производство фильмов, кинотеатры, тенденция, развитие, исследование.
THE ART OF TAJIK CINEMA IN THE YEARS OF INDEPENDENCE AND ITS DEVELOPMENT TRENDS
The article examines one of the most important issues of Tajik culture - the field of cinema. Research shows that this area has a significant impact on the development of material and spiritual culture of society and is more influential in the mind, spirit and morals of society as a whole. The article discusses the challenges, shortcomings, revival and new trends in the field of Tajik cinema since independence. The contribution of the Government of the Republic of Tajikistan, the cooperation of cinematographers with countries near andfar for the development of the industry and the emergence of new trends in the development of the industry, which is discussed in this article. The author also provides analyzes, suggestions and key conclusions in this area.
Key words: art, cinema, culture, independence, filmmaking, cinemas, trends, development, research.
Сведения об авторах:
Якубшоев Афруз Хубоншоевич - старший преподаватель кафедры истории и межкультурний коммуникации Таджикского государственного института языков имени Сотима Улугзода, Адрес: Республика Таджикистан, 734019, г.Душанбе ул. Мухаммадиев, 17/6. Тел: (+992) 934523834. E-mail: [email protected]
About the author:
Yaqubshoev Afruz. Khubonshyevech - senior lecterer of History and Intercultural communication of the Tajik state institute of Languages name Sotim Ulughzoda. Address: Republic of Tajikistan, 734019 Dushanbe 17/6 Muhammadiev str., phone: (+992) 934523834, E-mail: afruz. [email protected].
«ШОХДОМА»-И ФИРДАВСЙ ИНЪИКОСКУНАНДАИ АНЪАЩОИ ДИПЛОМАТИЯИ ДАВЛАТЙ
Мамадкулова Р.О.
Донишкадаи кущ-металлургии Тоцикистон
Фирдавсй на танхо дар байни ахли илму адаб ва шогирдону ихлосмандони осораш, балки дар назди хокимону волиён ва давлатдорони давру замонаш низ шухрат ва эътибору обруи зиёд дошт.
Шоиру нависандагони маъруф ва алокамандони шеъру шоирй аз саросари Мовароуннахру Туркистон, Ироку Озарбойчон ва Эрону Туркия таълифоташонро ба Фирдавсй барои маслихат ба сухбаташ мешитофтанд ва аз у сабак мегирифтанд. Завки бадей, донишу тачриба ва хунару махорати Фирдавсй дар арзёбии осори адабй ва масъалахои илму ирфони гузаштаву муосир махаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин чост, ки уро бехтарин мутафаккири замонаш медонистанд.[1,2]
Дар шароити хозира, ки ба огози рохандозии муносибатхои дипломатии Чумхурии Точикистон бо кишвархои хоричй хамагй 20 сол пур мешавад, ривоч додани пажухишхо дар самти равшанй андохтан ба таърихи дипломатияи точик, муносибатхои давлатдорихои точикон бо олами беруна, роху равиш, усулу анъанахои дипломатии гузаштагон барои пешрафти сиёсати хоричии кишвар ва такмил додани пойгохи назариявии он аз ахамият холй нест. Яке аз сарчашмахои мухими омузиши таърихи дипломатияи точик асархои бадеие мебошанд, ки тайи солхои зиёд дар баробари дигар масъалахо ин мавзуъро низ дар бар гирифтаанд. Ин асархо пеш аз хама барои омузиши расму анъанахо ва тадбиру икдомхои дипломатй хизмати арзандае карда метавонанд. Дар миёни чунин сарчашмахо «Шохнома»-и Абулкосим Фирдавсй (934-1020) яке аз намунахои бехтарин аст. Дар ин асар, ки ба давлатдории чандин сулолаи ориёинажод (чи ривоятй ва чи таърихй) бахшида шудааст, муносибатхои байни кишвархо дар холатхои гуногун - хамкорй, сулх, чанг, чустани иттифокчй бар зидди давлати сеюм, мукотибаи давлатдорон, фиристодани сафир, пазироии мехмонони хоричй, оростани гуфтушунид ва дигар роху усулхои тадбирхои дипломатй кисми чудонопазири инъикоси вокеахоба шумор мераванд.[2, с.236]
Мазмуни «Шохкитоб»-и назм (ибораи И. Брагинский) шаходати равшани он аст, ки Фирдавсй донандаи хуби анъанахои дарбори шохон буд ва ин аз аввал то ба охири шохасар ба мушохида мерасад. Аз ин лихоз, ба пуррагй фаро гирифтани ин мавзуъ дар «Шохнома» эчоди асари алохидаеро такозо дорад.
Дар «Шохнома» ойинхои давлатдорй - тартиби кори даргохи шох, тахтнишинй, точгузорй, оростани лашкар, набардхо такрор ба такрор тасвир гардида, дар баробари ин муаллиф ё аз забони кахрамононаш ё дар сифати онхо давлатдории одилона ва бо-хирадонаро авло медонад. Масалан, дар гуфтушуниди Хусрави Парвиз бо Бахроми Чубина омадааст: Тавонгар кунам марди дарвешро, Парогандаву мардуми хешро. Х,ама хорсонхо кунам чун бихишт, Пур аз мардуму чорпоёну кишт. Дар достонхо гох-гох мавкеи худи муаллиф низ хеле равшану барчаста эхсос мешавад.