УДК 7.(075.3) ББК 85
МАЦОМИКАНДАКОРИИ Масолиев Абдулло Садриддинович, муаллими кафедраи
ЧУБ ДАР ИНКИШОФИ санъати тасвири ва уунаруои халци; Азизов Абдулатиф
ЦОБИЛИЯТИЭЦОДИИ Абду^алимович, доктори илмуои педагогика, профессори
ХОНАНДАГОНИ кафедраи технология ва методикаи таълими они МДТ
СИНФХ.ОИПАНЦУМ "ДДХ ба номи акад. Б. Гафуров"(Тоцикистон, Хуцанд)
РЕЗЬБА ПО ДЕРЕВУ КАК Масолиев Абдулло Садриддинович, преподаватель
СПОСОБ ФОРМИРОВАНИЯ кафедры изоброзительного искусства и народных
ТВОРЧЕСКИХ промыслов; Азизов Абдулатиф Абдухалимович,
СПОСОБНОСТЕЙ д.п.н., профессор кафедры технологии и
УЧАЩИХСЯ ПЯТЫХ методики её преподавания ГОУ «ХГУ имени
КЛАССОВ акад. Б. Гафурова»(Таджикистан, Худжанд)
CARVING ON WOOD AS A Masoliev Abdullo Sadriddinovich, the геаЛег of the faculty of METHOD FOR FORMING art and technology; Azizov Abdulatif Abduhalimovich Dr.of CREATIVE ABILITIES OF Pedagogy, Professor of the department of technology and STUDENTS OF FIFTH methods of its teaching attached to the faculty offine arts and CLASSES technology under SEIKSU named after acad.B.Gafurov.
(Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]
Вожа^ои калиди: уунарманди, кандакори, таълим, технология, таълими меунат, санъат, адабиёт, фаруанг
Дар мацола кандакории чуб дар дарсуои технология (таълими меунат )-и муассисауои таусилоти миёна ва нацши он дар эуёи уунаруои мардуми ва цобилияти эцодии мактаббачагон барраси шудааст. Зикр шудааст, ки санъати амалии мардуми ва навъуои гуногуни он дар уаёти инсон цойгоуи хоса дошта, як падидаи мууими фаруанги миллии тоцикон мебошад. Гуфта мешавад, ки уунару уунарманди алалхусус кандакори, дар асоси анъанауои миллии мардуми, ташаккул ва равнац ёфтаанд. Тазаккур меравад, ки дар мисоли як зумра сохтмонуои боуашамати шаури Хуцанд ва атрофи он, ба монанди: шипангуои боги фаруангию фарогатии «Камоли Хуцанди», чойхонаи «Боги милли», чойхонаи «Цасри Арбоб», чойхонаи «Азизон», масчиди «Шайх Маслиуатдин», «Чойхонаи милли» - воцеъ дар Хистеварз ва гайра, ки бо уунаруои миллии мардуми цомат афрохта, имруз чун маркази уунардустону сайёуон гардидаанд, суннатуои хоси уунари миллиро дидан мумкин аст. Муаллифон цайд менамоянд, ки тацассуми уунари кандакорону чубтарошонро дар сохтани маснуоти армугонй, косаву табац, гаувора, сандуц ва тахтакатуои милли, айвон ва гайра мушоуида кардан мумкин аст, ки уамаи ин барои тарбияи эстетики варушди цобилияти эцодии хонандагон таъсири зиёд мерасонад.
Ключевые слова: мастерство, резьба по дереву, столярничество, лепка, профессия резчика по дереву, искусство, литература, культура.
В статье уделено особое внимание национальной культуре в особенности мастерству и истории его развития, также национальному народному прикладному искусству. Подробным образом приводятся сведения о роли резьба по дереву в возрождении народных промыслов. Отмечено, что народное прикладное искусство и различные его виды занимают особое положение в жизни человека и являются важным явлением в национальной культуре таджикского народа. Ознакомление с исследованиями видных мастеров, историков, искусствоведов, известных учёных, таких как М.С. Андреев, М.Е. Масон, В.Л. Воронин, Б. Гафуров, А.Н. Белинская, Н. Неъматов, А. Мухторов, М. Рузиев, и других видных деятелей приводит к следующему выводу, что мастерство и ремесло получили свое формирование и развитие на основе национальных ремёсел, мастерства, о чем свидетельствуют строительство создающих особую красоту величественных роскошных сооружений, таких как деревянный навес в парке культуры «Камоли Худжанди», чайхана «Боги милли» (Национальный парк), чайхана "К,асри Арбоб"(Дворец Арбоба), чайхана "Азизон", мечеть «Шейх Муслихитдин», «Национальная чайхана», находящаяся в регионе Хистеварза, и другие сооружения, которые возникли благодаря национальному народному промыслу и стали местом посещения туристов и любителей великого ремесла. Приводя эти примеры авторы отмечают, что воплощение ремесла резьбы по дереву можно узнать в созданных сувенирах ручной работы: в деревянных чашах и деревянных блюдах(посуда), детских деревянных колыбелях, национальных кроватях и
красивых изящных сундуках, в роскошных беседках и многих других рукотворных сооружениях.
Key words: skill, wood carving, handicraft, modeling, the profession of woodcarver, apse, art, literature, culture.
In this article, special attention is given to the national culture, especially the skill and history of its development, as well as national folk arts and crafts. In such way are given some examples about the role of wood carving in the revival offolk crafts. It should be noted that practical folk art and various kinds of them occupy a special position in human life and they are important phenomenon in the national culture of the Tajiks. Acquaintance with the studies of prominent masters, historians, art critics, well-known scientists like M.S. Andreev, M.E. Mason, V.L. Voronin, B. Gafurov, A.N. Belinsky, N. Nematov, A. Mukhtorov, M. Ruziev and other well-known personalities brings to the following conclusion that handicraft and craft have received their formation and development on the basis of national handicraft and craftsmanship. One could see them in the majestic magnificent buildings such as the wooden canopy in the culture park of "Kamoli Khijandi", choikhana (tearoom) of "Boghi Milli(National park)", choikhana of "Arbob palace", choikhana of "Azizon", in the Sheikh Muslihtidin Mosque, "Choyhonai Milli" which is situated in Khistevarz and others that are created by traditional crafts. These works of art have become a center of tourists and lovers of great crafts. Citing these examples of authors note that the embodiment of the craft of carving on wood can be found in handmade souvenirs created in wooden bowls and wooden dishes (a plate), in wooden wooden cradles, in national beds and beautiful elegant chests, in luxurious gazebos and in many other man-made structures.
Хунархои миллй тачассумгари фархангу тамаддуни миллй буда, чихати рушди онхо аз чониби Хукумати Точикистон пайваста тадбирхои мушаххас андешида мешавад. Хунархои мардумй дар кишвари мо баёнгари миллати мехнатдусту хунарвари точик буда, пайвандгари насли имруза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Имруз бо дарки ин мухиммият дар баромадхои худ Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон нисбат ба интихоби касбу хунари чавонон ва эхёи хунархои мардумй, инчунин бунёдкориву созандагии кишварамон Точикистон таваччухи зиёд зохир намуда, таъкид менамоянд, ки "Писарону духтароне, ки одобу ахлок ва дониши кофй доранд ва ба илова касбу зунаре меомузанд аз чумлаи бе^тарищоянд" (13).
Президенти кишвар кайд мекунанд, ки "Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштанд, ки инсон падидаи тарбиятй мебошад. Ташаккул ва такомули ха;и;ии инсон раванди пайгир ва огохонаи рушди маънавй ва ахлоки у дар робита бо такмили мазмуни инсонгарии низоми ичтимоист. Хаёт такозо мекунад, ки мо имруз кудрати шинохти мазмуни асили равандхо ва тахаввулоти ичтимоиро доро ва ба кушодани гиреххои печида, мушкилоти руз ва ба равшансозии рохи ояндаи худ кодир бошем. Бинобар ин, зарур аст, ки дар зехну шуури афроди чомеа сатхи мувофи; ва муассири масъулияти ичтимой тарбия карда шавад, то хар фард дар назди ватан ва сарнавишти он, хифзи арзишхои милливу фархангй масъулияти хоса эхсос намуда, барои ичрои карзи фарзандии худ хамеша омода бошад"(12).
Аз ин ру, давлату хукумати Ч,умхурии Точикистон аз солхои аввали сохибистиклолй ба пешрафти илму маориф ва фарханги миллй хамчун пойдевори рушду тараккиёти тамоми сохахои хаёти чомеа диккати махсус зохир намуда, ин равандро муттасил идома медиханд. Махз дар хамин давра барнома ва консепсияхои мухими давлатй кабул гардиданд, ки барои амалй намудани ислохоти сохаи илму маориф ва дар ин замина бехтар намудани шароити кори олимону омузгорон ва сатхи таълиму тарбия дар хамаи зинахои тахсилот такони чиддй бахшидааст.
Илму фарханг дар чомеаи башарй яке аз воситахои мухими тарбия ва баланд бардоштани сатхи маърифати мардум, бахусус, чавонон ба хисоб рафта, метавонад дар ташаккули арзишхои ахлокиву маънавии чомеа на;ши калидй дошта бошад. Солхои охир дар ин соха як катор тадбири судманд амалй гардиданд, ки барои густариши фаъолияти муассисахои илмиву фархангй дар шахру дехоти мамлакат ва хамзамон бо ин шиносонидани кишвари сохибистиклоли мо дар сатхи чахонй сахми арзанда дорад. Добили зикр аст, ки имруз ахли илму фарханги точик чй дар офариниши асархои сахнавй таълими он дар омузиши хувияти миллй, инчунин дар офаридани асархои мардумии миллй аз он чумла кандакорй бо чоизахои бонуфузи байналмиллалй ;адр гардида, фархангу хунари миллии моро ба чахониён муаррифй менамоянд.
Хунару хунармандй махсули кори дастй ва захматхои худи инсон буда, муаррифкунандаи миллат, фархангу таърих, зебоипарастй, хастии табиати вокей ва шинохти давлат дар арсаи чахонй мебошад. Хунархои мардумй дар натичаи эхтиёчоти ашхос дар чамъият аз чониби устохои чехрадаст ичро гардида, лавозимоти асосй ба шумор меравад.
Бахри инкишоф додани хунар ва хунармандй хукумати кишвар таваччухи махсус зохир намуда истодааст, ки аз чониби Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ч,умхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон дар кишвар эълон гардидани солхои 2019-2021 "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" мебошад(12). Ч,ихати эхё ва рушди анъанахои ;адимаи миллиро такони чиддй дода, хунармандони касбу кори гуногун, хаводорони санъати ороишию амалиро рухбаланд намуд.
Таърихи инкишофи санъати ороиши амалии Точикистонро олимону таърихнигорон ва санъатшиносон ба монанди М.Е. Массон (9), В.Л. Воронина (6), Б. Fафуров (7), Н. Неъматов (11), М. Рузиев (8), А.Н. Беленская (5) ва амсоли инхо тадкик ва тахлил намуда, ба хулоса омадаанд, ки хар як хунари мардумй унсурхои ба худ хосро дорост.
Хамчун пойдории анъанахои чахонбинии бадеии кадима санъати ороиши амалй дар тули карнхо унсурхои санъати миллиро гирифта, онхо дар замони муосир низ баръало зохир шуда истодаанд. Хунархои бадеии халкй санъати вокеии имрузхо рушдкунандаро ташкил карда, кисми чудонопазири маданияти муосирро ифода менамоянд.
Бахри эхё намудани хунари ачдодй ва равнак додани он мо бояд ба фардои хеш низ назар афканем. Чаро ки кам нестанд хунархои мардумие, ки ба хадди нестй расидаанд, аммо дар маданияти бадей осори назаррас гузоштаанд. Замоне як катор хунари мардумй, минчумла кандакорй бинобар сабаби кам будани талабот, кадр нашудани мехнат ва дигар омилхо аз мадди назар дур монда буд. Имрузхо баръало мушохида мешавад, муносибат ба санъати ороишию амалй аз чумла хунари кандакорй, тагйир ёфтааст. Ба он на чун зухуроти алохидаи фаромушёфта, балки аз нуктаи назари чун зухуроти бо хаёти замони муосир алокаманд таваччух зохир мегардад ва мафхуми "арч гузоштан", "эхё намудан"-и анъанахои хунархои мардумй ба мисоли хунари кандакорй раванди васеи муайянро фаро мегирад. Дар ин раванд чустучуи хунармандон, ашё ва асбобу анчом, технологияи истехсолот, омузиши он фаро гирифта шуда, хамзамон мушкилоти аз насл ба насл мерос гузоштани хунархои мардумиро дар назар дорад, ки ин омили мухими хастии миллати фархангй ба хисоб меравад(З).
Яке аз василахои нигах доштану эхёи хунари кандакорй ин таълими он ба насли оянда мебошад, ки яке аз масъалахои доги руз аст. Имкониятхои зиёде мавчуданд, ки насли чавони муосирро хунар омузонем. Усулхои самарабахше, ки он дар амалияи таълиму тадрис ба кор бурда мешавад ва то андозае мавкеи худро дар чомеа дарёфтааст, ин дар доираи мактаби анъанавии устоду шогирд омузонидани хунари кандакорй дар хошияи дарсхои фанни технология (таълими мехнат) дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй аст.
Аз ин ру дар ин навиштор, шароити омузиши хунари кандакориро дар дарсхои технология (таълими мехнат) тахлил намуда, асосхои зиёд кардани соатхои кандакориро дар раванди таълим баррасй менамоем. "Дар раванди тахсил бояд хар як фанни таълимй ба хонандагон дониш ва хунари анику муайянро омузонад. Машгулиятхои таълими технология имкониятеро дорост, ки ин салохиятхоро наметавон аз омузиши дигар фанхо ба даст овард. Чун дигар сохаи таълим дар машгулиятхои омузиши технология низ бояд салохиятхое омузонида шавад, ки хам барои бехбудии хаёти шахсй ва хам барои пешрафти чомеаи муосир судманд бошад"(4).
Собит гардидааст, ки бояд ба фарзандон аз хурдсолй мехнат карданро одат кунонидан лозим аст. Чаро ки мехнат сабаби инкишоф мебошад(3, 247).
Фанни технология (таълими мехнат) дар муассисахои тахсилоти миёна дар синфхои 5-10 таълим дода мешавад. Дар барномаи таълими фанни технология омузиши хунархои мардумй низ пешбинй шудааст. Омузиши хунари кандакорй тибки барномаи таълим дар синфи 5 чой дода шудааст. (Ниг.ба чадвали №1) Таълими хунари кандакорй дар муассисахои тахсилоти миёна барои аз синни мактабй бедор намудани эхсосоти ифтихори миллй, хисси ватандустй, мехнатдустй ва зебоипарастии насли наврас аз овони хурдиаш мусоидат менамояд.
Вале муаммои асосии таълими хунархои мардумй, дар он зохир мегардад, ки дар барномаи таълими фанни технология (таълими мехнат) дар хама синфхои муассисахои таълимии миёна хамагй хафтае як соат дарс дода мешавад, ки аз он чумла барои таълими хунари кандакорй барои хонандагони синфи 5-ум хамагй 16 соат чудо карда шудааст(2, 51-52). Ин барои мувофики талабот ичро гардидани корхои амалй ва пурра аз худ намудани барномаи таълим
имкон намедихад. Дар ин муддати кутох хонандагон барои омухтани нозукихои хунари миллии кандакорй имкон надоранд. Чунки дар ин маврид оид ба хунари кандакорй хонандагон танхо маълумоти назариявй мегиранд ва бо масолехот, асбобу лавозимот, инчунин бо технологияи кандакории чуб шинос мешаванд, ки бо хамин соатхои чудогардида ба охир мерасанд.
Цадвали 1. Нацшаи мавзущои касбу хунари милли (кандакорй дар чуб) синфи 5
№ Фасл ва мавзуъ^о Микдори соат^о
1. Маълумоти мухтасар оид ба таърихи кандакории чуб. 4
2. Масолеххо, абобу лавозимот. 4
3. Технологияи кандакории чуб. 4
4. Коидахои бехатарии мехнат. 4
Барои мувофики максад рохандозй гардидани омузиши хунари кандакории чуб дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумй метавонем се рохи халли онро пешниход менамоем:
1. Зиёд намудани соатхои дарсии фанни технология (таълими мехнат), мисли пеш, ки хафтае дусоатй, таълим дода мешуд;
2. Зиёд намудани соати хунари миллии кандакории чуб, ки бояд такрибан 32 соати дарсиро дарбар гирад;
3. Услуби нав дар раванди таълим барои боз хам баланд бардоштани махорати эчодии мухассилин истифода карда шавад; (сохтани тахтача бо истифодаи пластилин ва кандакорй дар он)
Дар муассисахои таълимй фаъолияти мехнатии хонандагон дар асоси барномаи таълимии технология, инчунин хунари кандакорй амалй мегардад. Бинобар ин хатман зиёд намудани соатхои дарсй дар раванди таълими фанни технология (таълими мехнат) барои омузиши хунари кандакорй барои синфхои 5-ум пешниход карда мешавад. Барои ин мархилахои ичрои корхои сода, ки ба синфхои 5 дар ичрои хунари кандакорй мувофик мебошад, бо тарзу услубхои нав тавсия дода мешавад, ки онхо дар муассисахо озмуда шудаанд.
Аслан, бояд бигуем, ки кандакорй дар чуб барои синфхои 5 - уми муассисахои миёна каме мушкилтар аст. Барои бартараф намудани халли мушкилот мо услуби нав, яъне бо пластилинхо сохтани тахтачахоро, ки дар он кандакорй хеле содаву равон мебошад пешниход менамоем. Дар ин услуб хатто хонанда вакте корро вайрон мекунад, пластилинро ки мулоим мебошад боз ба мисли пештарааш хамвор намуда, аз нав бегалат хатои кардаашро ислох намуда корашро идома медихад. Баръакси хол агар якбора дар тахтачаи табий кандакориро огоз намояд, вакте корро вайрон месозад он гох баркарор кардани он гайриимкон аст. Бинобар хамин мухассилин бояд аввал тахтачаи сунъиро бо воситаи пластилинхо сохта, дар он услуби кандакориро хуб омузанд, сипас дар сохтани тахтачаи табиии сабзавотмайдакунй бо услуби кандакорй муваффак хохад гашт. Тартиби ичрои корро мувофики тадкикоти гузаронидашуда дар чадвал дидан мумкин аст. (Ниг.ба чадвали №°2.)
Цадвали 2. Тацсими соати дарсии таълими хунари кандакорй дар фанни технология _(таълими мехнат)._
Т/р Номгуи мавзуъ^о Микдори соат
1. Маълумоти мухтасар оид ба таърих ва навъу усулх,ои санъати кандакории чуб. 4
2. Масолех барои кандакории чуб. 2
3. Технология ва усулхои кандакорй дар руи чуб. 2
4. Коидахои бехатарии мехнат ва истифодаи асбобхо барои кандакорй дар руи чуб. 2
Сохтани тахтача аз пластилин барои ичрои кандакорй
5. Ба шакли тахтачаи сабзавотмайдакунй сохтани пластилин, хамвор намудани сатхи кандакоришаванда. Тартиб додани ангора ва кандакорй намудани он. 6
Сохтани тахтачаи сабзавотмайдакунй (аз масоле^оти табии) барои ичрои кандакорй
6. Сохтани тахтачаи сабзавотмайдакунй. Интихоби масолех ва омода намудани он барои ичрои кандакорй. 2
7. Тартиб додани накши хандасавии содда барои тахтачаи сабзавотмайдакуни. 2
8. Сохтани колиб. Гузаронидани накш ба сатхи кори. 2
9. Огоз намудани кандакори дар руйи тахтачаи сабзавотмайдакуни. (барои дар як андозаи муайян, босифат ичро гардидани супориши амали мувофики нишондод, кандакори идома меёбад...) 2
10. Идомаи кандакори дар руйи тахтачаи сабзавотмайдакуни. 6
11. Бартараф намудани камбудихо, суфтакуни, молидани равган. 2
Х,амагй: 32
Дар раванди таълими хунари кандакори зимни омузиши таълими технология (таълими мехнат) вазифахои зерин гузошта мешаванд:
1. 2.
3.
4.
5.
6.
корхои амали.
1. Ч,алб намудани хонандагон ба фаъолияти эчоди дар пояи ичрои Омодагии хамачониба барои ичрои супориши амали. Ташаккул додани муносибати хонандагон ба мехнат. МасъулиятнокИ дар раванди таълими хунари кандакори.
Такмили кобилияти эчодии мухассилин хангоми омузиши хунари кандакори. 6. Мустахкам кардани махорату малака ва татбики он дар раванди таълими кандакори.
7. Арч гузоштан ба фарханг ва хунару хунарманди.
Аз ин нуктаи назар бомуваффакият гузаронидани омузиши хунари кандакори ин дуруст ба рох мондани дарсхои амали дар раванди таълим мебошад:
- Таъмини коидахои бехатари хангоми кор.
- Тачхизонидани устохонаи таълими бо маводи лозими ва аёният.
- Истифодаи окилонаи асбобхои лозими хангоми кандакори.
- Тартиби чойи кори.
Вазифаи асосии таълими хунари кандакори бедор намудани хисси эчодкори, эхёи хунархои мардуми дар мисоли хунари кандакори, донишхои махсус оид ба санъати ороиши амали, пайдо намудани махорату малака ва истеъдоди хунари, инчунин муайян намудани кобилияти эчодии хонандагон оид ба ичрои хунари кандакори дар руи чуб мебошад.
Вазифаи асосии низоми таълим ва тарбия хамачониба таракки додани кобилияти мухассилин мебошад.
Ин вазифахои асосиро ба эътибор гирифта, барои баланд бардоштани кобилияти эчодии хонандагон хангоми таълими кандакори бояд ба рох монда шавад.
Барои хонандагони синфи 5 дар кандакори танхо истифодаи накшхои хандаси тавсия дода мешавад, ки он аз шаклхои секунча, чоркунча, росткунча, доира ва гайра иборат мебошад.
Агар хонандагон бо худи як секунча кандакори намоянд, вазифаашон дар раванди таълими кандакори ичро мегардад (ниг. ба расми 1.). Аммо барои баланд бардоштани кобилияти эчодии онхо мо секунчаро дар бандубасти накш чунин чой дихем: як секунча ба "чамъи секунчахо" табдил дода шавад. Дар ин маврид кандакори бо такрорёбии як шакли секунча идома ёфта, хамчоя намудани секунчахо дар бандубасти накш кори эчодиро дигаргун сохта, барои баланд бардоштани кобилияти эчодии хонандагон имконпазир мегардад, ки ин натичаи хуби нишондоди тадкикот буда, аз лахзаи ичрои он дар расм оварда шудааст (ниг. ба расми 2.).
Расми 1. Намунаи ичрои кандакори дар як секунча.
Намунаи 1, марх. 1-2.
Намунаи 2, марх. 1-2.
Расми 2. Намунаи ичрои кандакорй бо истифодаи 1-секунча сохтани бандубасти на;ш (бо чамъи секунчахо).
Дар натича хонандагон чунин ;обилиятхоро ба даст оварданд:
• доштани тасаввуроти фазой оиди тартиб додани на;шхои хандасавй;
• тартиб дода тавонистани на;ш (аз содда ба мураккаб гузаштан);
• ичрои амали кандакорй дар пластилин;
• ичрои амали кандакорй дар сатхи чуб;
• ичрои корхои амалии эчодй;
• бедоршавии хисси зебоипарастй нисбат ба фархангу хунари ниёгон.
Бояд зикр намуд, ки масъалахое ки дар боло зикр шуданд хеле мухим мебошад ва мархила ба мархила халлу фасли худро дарёфт менамоянд. Ахли чомеаи имруза бояд дар ин раванд масъулияти баланд хис намуда, барои пурра аз байн рафтани муаммо шав;у хаваси беандоза ва кордониро оид ба омузиши хунару хунармандй ба хонандагон дар таълиму тарбия та;озо намоянд. Дар хама муассисахои таълимии шахру нохияхои кишвар айни хол толибилмон ба омузиши хунархои мардумй, хоса хунари миллии кандакорй дар руи чуб ва ба ин васила чихати эхё намудани мероси ниёгон чиддй машгул хастанд. Ба боварии комил гуфта метавонем, ки ин амал хавфи аз байн рафтани фарханг ва санъати ниёгонро кохиш дода,боиси эхёву идомоти хунари мардумй мегардад. Аз ин ру зарур аст, ки дар раванди таълими фанни технология на фа;ат кандакорй, инчунин на;;ошй, гачкорй, кундалрезй, кулолгарй, кашидадузй, гулдузй, ;урокдузй, сабадбофй, армугонсозй, ва гайра низ барои рушди анъанахои миллии хал;амон самаранок истифода шаванд. Инъикоси хунархои миллй дар офаридани осори хунархои мардумй ба инкишофи хисси худшиносй, ватандориву ифтихори миллй ва инчунин барои такмили махорати мухассилин мусоидат менамояд. Аз хурдй водор намудани насли наврас барои омузиши хунару фарханги мардумй ба он натича хохад овард, ки санъати халкй аз як ба насли дигар инти;ол ёфта, дар баробари ин хисси зебоипарастй ва ;обилияти эчодиву бадеии хонандагон такмил дода шавад. Ин кор дар замони хозира, ки давраи чахонишавй номида мешавад, хело зарур аст. Зеро насли наврас дар баробари он ки техникаву фановарихои навини муосирро донанд, аз санъату хунари мардумй низ бархурдор бошанд, ки ин бахри худшиносиву ифтихори миллии онхо бетаъсир нахохад монд.
ПАЙНАВИШТ:
1. Азизов, А.А. Методикаи таълими технология (таълими мехнат) дар низоми муносибати босалохият (китоби дарсй)/А.А. Азизов, М.Сайфиддинов, М. Ч,ураев, Ф.Муминов. -Хучанд: Нури маърифат. 2018.- 506 с.
2. Азизов, А.А. Барномаи касбу хунар барои синфхои 5-11/А.А.Азизов, С.Рахимов, С.Исломов.- Душанбе: Матбуот, 2003.- 228 с.
3. Азизов, А.А. Анъанахои хунармандй хамчун омили тарбия дар педагогикаи хал;й/, Ш.Ю. Азизов//Номаи донишгох. Силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй.-2016.-№4(49)-С.245-251.
4. Барномаи таълимии фанни технология (таълими мехнат) барои синфхои 5-9./ А.А. Азизов ва диг. - Душанбе, 2013. - 89 с.
5. Белинская, Н.А. Декоративное искусство горного Таджикистана (текстиль)/ Н.А. Белинская. Душанбе: Дониш, 1965. - 90с.
6. Воронина, В.Л. Архитектурный орнамент древнего Пенджикента/ В.Л. Воронина. -М.:Гос. изд. лит-ры по строительству, архитектуре и строительным материалам. 1961.-С. 98-99.
7. Fафуров, Б. Точикон. чилди I/Б. Fафуров. - Душанбе: Ирфон, 1989.- 384 с.
8. Рузиев, М. Ёдгории кандакории Чоркух/М. Рузиев.- Душанбе: Дониш, 1974.- 63 с.
9. Массон, М.Е. Из воспоминаний среднеазиатского археолога; Обществво охраны памятников истории и культуры Узбекистана/ М.Е. Массон. - Ташкент: Литература. и искусства, 1976.- 176 с.
10.Методхои назариявй ва муаммохои омузгори оянда дар худомузй ва худтарбиякунй.https://durahshon.tj/fan/view_post.php?id=581.(санаи истифодабарй: 30.10.2019)
11.Негматов, Н.Н. История таджикского народа/ Н.Н. Негматов.- Худжанд: Ношир. 2009. -814с.
12.Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон. 26.12.2018 с. шахри Душанбе //http://majmilli.tj/payom/ (охирин бознигарй 28.10.2019)
13.Рахмон, Эмомалй. Суханронй дар вохурй бахшида ба мухокимаи лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", ш. Душанбе, 8-апрели 2011//www.jumhuriyat.tj /index.php?art_id=6998(охирин бознигарй.-29.10.2019)
REFERENCES:
1. Azizov, A.A. Method of Teaching Technology (labour tuition) in the Credit System (manual) / A.A. Azizov, M. Sayfiddinov, M. Juraev, F. Muminov. - Khujand: Light of Enlightenment, 2018. - 506 p.
2. Azizov, A.A. The Programmer of Labour Tution for 5-11 Grades/A.A. Azizov, S. Rahimov, S. Islomov. - Dushanbe: Press, 2003. - 228 p.
3. Azizov, A.A. Traditional Craft as factor of edication in National Pedagogy / A.A. Azizov, Sh.Yu. Azizov // Scientific Notes. Series of Humanities and Social Sciences. - 2016. - # 4(49). - P. 245-251.
4. Educational Programmer of Technology Subject (labour tuition) for 5-9 Grades / A.A. Aziziv and other. - Dushanbe, 2013. - 89 p.
5. Belinskaya, N.A. Decorative Arts in Tajikistan (textile) / N.A. Belinskaya. - Dushanbe: Knowledge, 1965. - 90 p.
6. Voronina, W.L. Architectural Decoration of the Ancient Panjakent / V.L. Voronina. - M.: State litters on stainless steel, architectures and stainless materials. 1961. - P. 98-99.
7. Gafurov, B. The Tajiks. V.1/B. Gafurov. - Dushanbe: Cognition, 1989. - 384 p.
8. Ruziyev, M. Sculptural Monuments in Chorkuh / M. Ruziyev. - Dushanbe: Science, 1974. - 63 p.
9. Masson, M.E. From the Ancient Archeology of the Middle Asia / M.E. Masson; History of culture and culture of Uzbekistan. - Tashkent: Literature and art, 1976. - 176 p.
10. Theoretical Methods and Issues Concerned with the Future Teacher in Self-Study and Self-upbring https://durahshon.tj/fan/view_post.php?id=581. (date of request: 30.10.2019)
11.Negmatov, N.N. History of Tajik Nation / N.N. Negmatov. - Khujand: Publisher, 2009. - 814 p.
12. //http://majmilli.tj/payom/ (date of request: 28.10.2019) The Message of Tajikistan Republic President, the Leader of Nation, Honorable Emomali Rahmon to Majlisi Oli of Tajikistan Republic. 26.12.2018, in Dushanbe-city
13.Rahmon, Emomali. Speech in the Meeting Devoted to Discussion of the Project of Tajikistan Republic Law "On Parents" Responsibility for Children Eduction and Upbringing" Dushanbe, April 8 2011. //www.jumhuriyat.tj /index.php?art_id=6998(date of request: 29.10.2019)