ТДУ 57.026.1
DOI:10.51844-2077-4990-2023-2-98-103
НАКЩИМАЪРИФАТИ Хайдарова Мавзуна Мацмудцоновна, саромузгори ЭКОЛОГИ ДАР ТАШАККУЛИ кафедраи экология ва цифзи табиати факултети ХИССИМЕХАНПАРАС ТИИ геоэкология туризми МДТ "ДДХ
ДОНИШЦУЁНИ ИХТИСОСХОИ ба номи акад. Б.Гафуров(Тоцикистон, Хуцанд) ТАБИАТШИНОСИ
РОЛЬ ЭКОЛОГИЧЕСКОГО Хайдарова Мавзуна Махмуджоновна, старший ОБРАЗОВАНИЯ В преподаватель кафедры экологии и охраны
ФОРМИРОВАНИИ ЧУВСТВА природы факультета геоэкологии и туризма ГОУ ПАТРИОТИЗМА У СТУДЕНТОВ "ХГУ имени акад. Б. Гафурова (Таджикистан, ЕСТЕСТВЕННОНАУЧНЫХ Худжанд) СПЕЦИАЛЬНОСТЕЙ THE ROLE OF ENVIRONMENTA L Haidarova Mavzuna Mahmudgonovna, senior lecturer of
EDUCATION IN FORMING A SENSE the department of the ecology and nature conservation OF PATRIOTISM IN STUDENTS OF of the Faculty of Geoecology and tourism, SEI "KSU NATURAL SCIENCES named after acad. B. Gafurov" (Tajikistan, Khujand)
E-mail: uchzaphgu@mail.ru,
Вожацои калидй: маърифати экологи, тарбияи ватандустй, муцити зист, мактаби олй, донишцу
Мацола ба масъалаи ташаккули цисси ватандустй ба арзишцои миллй дар донишцуёни муассисацои тацсилоти олии касбй тавассути машгулиятцои таълимй аз фанцои экология бахшида шудааст. муаллиф дар мацола раванди ташаккули цисси ватандустй ва эцтиром ба арзишцои миллиро дар доничуён тавассути машгулиятцои таълимй, корцои беруназсинфй, беруназмуассисавй, ки дар цамъи алоцацои дохили ва берунаи нишондицандацои меёрии цузъцои он: маърифатй (дарки мафцуми Ватан, донистани география, таърих, анъанацои, муцаддасот); циссиёти (дарацаи шинохти худ цамчун шацрванд ва шахси ватандуст) зоцир мегардад, инъикос намудааст.Масъалацои баланд бардоштани гуруру худогоции миллии донишцу ён дар заминаи тарбияи экологй, ки ба такомули тафаккур ва цацонбинй мусоидат менамояд , баррасй карда мешаванд. Цараёни муттасили ташаккули цисси мецанпарастии донишцуён дар алоцамандй бо сатци маърифати экологй тацлил карда шудааст. Аниц гардидааст, ки омузиши пайваста ва дониши чуцур дар бораи захирацои табиии кишар барои ташаккулу такомули цисси ватандустиву мецанпарастии донишцуён мавцеи цалкунанда мебозад.
Ключевые слова: экологическое образование, воспитание патриотизма, окружающая среда, вуз, студент
Статья посвящена вопросу формирования чувства патриотизма, почитания национальных ценностей у студентов высших профессиональных учебных заведений посредством образовательной деятельности в области экологии. В статье автор описывает процесс формирования чувства патриотизма и уважения к национальным ценностям у студентов через образовательную деятельность, внеклассную деятельность, внеучебную деятельность, которая включает в себя внутренние и внешние коммуникативные показатели ее компонентов: познавательный (понимание понятие о Родине, знание географии, истории, традиций, святыни); отражаются чувства (уровень признания себя гражданином и патриотической личностью). Вопросы повышения национальной гордости и самоуважения студентов обсуждаются в контексте экологического воспитания, что способствует совершенствованию мышления и мировоззрения. Анализируется непрерывный процесс формирования у студентов чувства патриотизма в зависимости от уровня экологического образования. Понятно, что постоянное обучение и глубокие знания о природных богатствах страны играют решающую роль в формировании и совершенствовании чувства патриотизма у студентов.
Key words: environmental education, patriotism education, environment, university, student.
The article is devoted to the formation of a sense ofpatriotism towards national values among students of higher professional educational institutions through educational activities in the field of ecology. In the article, the author describes the process of forming a sense of patriotism and respect for national values among students through educational activities, extracurricular activities, extracurricular activities, which includes internal and external communicative indicators of its components: cognitive (understanding the concept of the Motherland, knowledge of geography, history, traditions , shrines); feelings are reflected (the level of recognition of oneself as a citizen and a patriotic personality) Issues of increasing national
pride and self-respect of students are discussed in the context of environmental education, which contributes to the improvement of thinking and worldview. The continuous process offormation of a sense ofpatriotism among students is analyzed depending on the level of environmental education. It is clear that constant learning and in-depth knowledge of the country's natural resources play a decisive role in the formation and improvement of a sense ofpatriotism and patriotism among students.
Истиклоли миллй барои ташаккули насли ояндасози дорои донишхои муосир ва технологиями пешрафта мусоидат намудааст. Насли чавон дар мухити ошкорбаёнй, фикрронии мустакил, чахонбинии васеъ, фазову имкониятхои бемахдуди иттилоотй ва моддию техникй ба камол расида истода, заминаи пойдори рушди босуботи кишвар мебошад. Вале, равандхои глобалии сатхи сайёравй ба монанди тагйирёбии иклим, мусаллахшавии давлатхои абаркудрат бо навъхои гуногуни ярокхои катли ом, норасоии оби тозаи ошомиданй, гизои солим, афзоиши теъдоди ахолй ва гайра дар тафаккури насли имруза мавкеи на он кадар мухимро касб кардааст. Аксари чавонон бештар барои халли масъалахои вобаста ба фаъолияти мехнатии худ машгул мебошанду нисбати мушкилоти мавчудаи атроф бетарафй зохир мекунанд. Сабаби зухур гардидани чунин муносибатхоро мухаккикон аксаран ба сатхи гайриканоатбахши маърифати экологии ахолй, аз чумла насли чавон нисбат медиханду таъкид менамоянд, ки чунин холат ба ташаккул ва рушди хисси механпарастй, ватандустй, худогохй, худшиносии ва чавонон таъсири мутакобилаи назаррас мерасонад.
Бобати ин масъала олимону мутахассисони сершумор кайд менамоянд, ки сатхи маърифати экологии ахолй метавонад боиси такони чиддй дар ташаккули механпарастии насли чавон гардад. Зеро, донистани хусусиятхо ва захирахои табиии махалли зист дар насли чавон, аз чумла мухассилини ихтисосхои равияи табиатшиносй баробари хиссиёти зебоипарастиро пайдо намудан, хисси ифтихору гурури миллиро ташаккул медихад. Корхои тадкикотии олимони ватаниву хоричй Г.В.Сталинский, М.И.Родионов, К.Ф.Виноградова, И.О.Обидов, К.Б. ^одиров, Б.Мачидова, Н.Fуломова, Э.Разменов, А.И.Рахимов, С.С. Мирзоев, Н.Н.Дадобоева ва дигарон бештар диккати моро чалб намудаанд, зеро бевосита ба самтхои афзалиятноки рушди мунтазами тарбия ва маърифати экологй, бахусус дар шароити имруза бахшида шудаанд.
Шиносой бо сарватхои табий ва усулхои самаранок истифодабарй хисси масъулиятшиносиро дар хифзи онхо бедор намуда, барои рушди хисси механпарастй заминаи мусоид фарохам меоварад. Бояд кайд кард, ки дар ин маврид ташаккули хиссиёти механпарастй дар заминаи хисси ватандорй, хештаншиносй, сохибмулк будан ва хоказо низ чараён мегирад. Зеро, нигохи сохибият ба сарватхои бойи кишвар, донишхо оид ба истифодаи самараноку окилонаи онхо, дарки масъулият дар назди наслхои оянда, зарурияти хифзи онхо ва гайра чузъи механпарастии фардро дар бар гирифта, бо сатху чараёни ташаккули маърифати экологй алокаманд мебошад. Дар ин васила маврид ба кайд аст, ки чараёни ташаккули хисси механпарастй ва маърифати экологии чомеа халкахои алохидаи занчири ягона мебошанд, ки алокаи бевоситаи ногусастанй доранд.
Добили тазаккур аст, ки таваччухи хосаи давлат ба мушкилоти экологии сатххои гуногун, ки дар сиёсати экологии Хукумати Чумхурии Точикистон инъикос ёфтааст, мебояд ба тарбияи насли наврас дар рухияи муносибатхои гуманистй ба табиат, софу покиза нигох доштани обу хаво, истифодаи окилонаи сарватхои табиии мавчуда ва амсоли онхо асос ёбад. Ноил гардидан ба ин максад масъулияти баланди омузгориро дар хама зинахои тахсилот такозо ва талаб менамояд. Зеро, алхол дар назди башарият, аз чумла чомеаи кишвар масъалахои багоят душвор - истифодаи окилона ва хифзи захирахои табий гузошта шудааст. Дар халли ин масъала роху воситахои самарабахшро чустучу ва истифода кардан зарур аст, ки табиат хаёти солими наслхои ояндаи инсониятро таъмин намояд [2,с. 179].
Дар барномаи давлатии экологии Чумхурии Точикистон барои солхои 2009-2019 самтхои асосии рушди устувори чомеа, мувозинати захирахои табий ва истифодабарандагони он, ташкил ва хамохангсозии муносибати истифодабарандагони захирахои табий ва худи табиат, рушди солими чомеа, истифодаи окилонаи захирахои табий, инчунин роххои баркароркунии фазои экологии вайроншуда муайян шудааст. Ичрои тадбирхои пешбинигардидаи Барнома имкон медиханд, ки дар чумхурй оид ба истифодаи самараноки сарватхои табий ва бехтар
намудани мухити зист корхои муайян ба сомон расонида шавад, зеро дар чомеа холо хам проблемахои экологии халношуда боцй мондаанд.
Амали Барнома барои ба давраи рушди устувор гузаштани мамлакат, бахри баланд бардоштани сатхи ичтимоию ицтисодй хангоми ба гардиш даровардани захирахои нав ва хачман калони табий (замин, об, хаво, наботот, чангал, сарватхои зеризаминй) пешбинй шудааст. Бинобар ин бахисобгирии цатъии цонуниятхои экологй дар чунин холатхо зарур аст: -афзоиши шумораи ахолй ва ба он мувофицат накардани сатхи тарацциёти истехсолот; -проблемахои гунчоиши экологй (фазо, худуд, акватория), хамчунин минтацаи чойгиршавии объектхои алохидаи нодири табий ва дигар равандхои экологй хангоми банацшагирии чойгир намудани воситахои истехсолот ва цуввахои истехсолкунанда; -ба муносибатхои ицтисодии бозаргонй гузаштани чумхурй.
Бояд цайд кард, ки гайр аз омилхои ичтимоию ицтисодй ва сиёсй, Чумхурии Точикистон дар минтацаи чараёнхои фаъоли геодинамикй, геофизикй, биосферй чойгир шудааст, ки онхо дар навбати худ ба холатхои экологии махаллй, минтацавй ва глобалй таъсир мерасонанд.
Ба туфайли ин омилхо чумхурй ба яке аз марказхои чахонии яхбандии кухй (мавчуд будани мицдори зиёди пиряххои бузурги системахои Зарафшон, Олой ва Помир) манбаи бойтарини оби нушокй ва яке аз цадимтарин марказхои чахонии кишоварзй ва гуногунии биологй табдил ёфтааст.
Системахои нодири экологии кухии Точикистон бо биёбон ва нимбиёбонхои бузурги минтаца, аз цабили Токла-макон, Ёркенд, ^изилцум пайваст гардида, дар ташаккули ицлими минтаца мацоми хосаро сохиб шуда, олами бойтарини набототу хайвоноти мохияти глобалй доштаро ба вучуд овардааст.
Дар барномаи давлатии экологии Чумхурии Точикистон барои солхои 2009-2019 аз ичрои тадбирхои зерин ба назар гирифта шудааст:
-чалб намудани ташкилотхои давлатй, чамъиятй ва хусусй чихати бехтар намудани вазъи экологии мамлакат;
-тарбия намудани табацахои чамъиятй, сарфи назар аз ацоиди сиёсй ва динй бахри солимгардонии вазъи экологии мамлакат ва истифодаи оцилонаи сарватхои табий;
-гузаронидани чорабинихо оид ба пешгирй намудани равандхои бодхурдашавии (эрозия) замин;
-пешгирй намудани истифодаи замин бо мацсади кишти зироатхои каммахсул; -васеъ намудани майдони чангалзорхо, богхо, минтацахои сабз ва таблиготи истифодаи мацсадноки онхо;
-ташкил ва васеъ намудани масохати минтацахои махсус мухофизатшаванда; -чорй намудани кишти навъхои зироатхои сермахсул ва ба касалихо тобовар дар хочагихо; -таъмин намудани тозагии хавои атмосфера, об ва истифодаи самараноки сарватхои табий; -ба истифодаи ашёи хоми махаллии аз чихати экологй бехавф ва аз чихати ицтисодй камхарч гузаронидани саноат;
-мусоидат намудан ба истифода ва рушди технологияи кампартов;
-пурзур намудани назорат чихати кам намудани партовхо то сатхи меъёрй ва аз меъёр кам; -чалби вазорату идорахо, истифодабарандагони табиат ва ташкилотхои байналмилалй чихати маблаггузорй намудани барномахои экологй;
-бунёди фазои аз чихати экологй тоза чихати бехтар намудани солимии ахолй. Бояд цайд кард, ки маърифати экологй яке аз чузъи чудонашавандаи барномаи давлатии экологй буда, рушди устувори кишварро аз чихати ицтисодй ва экологй, нигох доштани мувозинати табиат ва чомеа, ки ба омилхои экологй (нарасидани замин, ифлосшавии мухити зист, таьминот бо захирахои об, тацсимот ва нигох доштани холати хосилнокии чарогох ва чангалзорхо, тозагии хавои атмосфера, истифодаи оцилонаи сарватхои табий, бехдошти саломатии ахолй, хифзи гуногунии биологй, бахусус навъхои нодири аз байн рафтаистодаи наботот ва хайвонот) вобаста аст, таъмин менамояд.
Аз мулохизахои болой бармеояд, ки масъалаи маърифати экологй яке аз масъалахои мубрам ба хисоб рафта, пахлухои зиёди он хануз бапуррагй омухта нашудааст ва хостам ин масъаларо мацолаи илмй мавриди омузиш ва тахлил царор дихам.
Муцаррар карда шудааст, ки баланд бардоштани сатхи маърифати экологии ахолй тавассути тарбияи экологй дар чараёни машгулиятхо ва хам дар корхои беруназсинфй ва беруназмуассисавй низ мувофици мацсад аст. Зеро, имруз яке аз вазифахои мухими таъмини
100
рушди чомеаи башарй нигохдории мувозинаи муайян дар низоми "мухити табий - чомеаи инсонй" мебошад. Хусусияти замони муосир дар таваччух ва эътибори хоса ба таркиби экологии чараёни таълим зухур ёфтааст. Дар ин чода, гайр аз донишу маълумот ва махорати Чавонон доштани мавцеи фаъоли ичтимой, оштинопазирй ба зухуротхои манфй ва гайра гарави нигохдошту хифзи мухити табий ва захирахои он шуда метавонад.
Адабиёти сершумори илмии педагогй солхои охир истифодаи мафхумхои гуногунро, аз цабили "экологикунонии шуур", "экологикунонии илм","экологикунонии истехсолот", "экологикунонии тафаккур", "экологикунонии маълумот" - ро тахлил ва зарур мешуморанд. Дар хамаи холатхо зери мафхумхои зикрёфта экологикунонии чараёнхое фахмида мешавад, ки ба муътадилгардонй ва хамохангсозии муносибатхо байни чомеаи инсонй ва табиат такя менамояд. Мафхумхои "экологикунонии тафаккур", "экологикунонии талаботхо", "экологикунонии ахлоц" ва амсоли онхо бо мафхуми "экологикунонии шуури инфиродй" иртиботи цавй доранд. Чунки, муайян гардидааст, ки дар хар давраи таърихии рушди чомеа чахонбинии муайяни экологй ташаккул меёбад.
Алхол, мафхумхои "мехрубонй", "гамхорй", "хамдардй","хамзистй", "хамдигарфахмй", "мухаббат" ва хоказо нисбат ба табиат маънии навро касб намудаанд. Давоми машгулиятхои мухталифи чараёни таълими фанхои тахассусй бедор кардани хиссиётхои номбурда дар донишчуёни равияи табиатшиносй вазифаи аввалиндарачаи омузгорони фаннй мебошад, ки мебояд мехвари фаъолияти онхоро ташкил намояд.
Олимони сохаи табиатшиносй таъкид менамоянд, ки дар инсон муносибати маъулиятнок ба мухити зист хамон вацт ташаккул меёбад, ки дар раванди тарбияи экологй маълумоту далелхои илмй бо иштироки шахс дар тадбирхои хифзи мухити зист ва таргиби гояхои муосир чихати муътадилгардонии муносибати байни чомеа ва мухити табий алоцаманд бошанд. Дар ин чараён ташкил ва гузаронидани тачрибаомузихои таълимии сахрой, истехсолй ва гайра бевосита дар махалли зист, муассисахои илмии равияи табиатшиносй, богхои ботаникй, миллй, худудхои махсус мухофизатшаванда ва хоказо мавцеи мухимро доро мебошад. Хусусан, гузаронидани машгулиятхои амалию лабораторй аз фанхои мухталиф тавассути ченкунии сатхи махал, таркиби химиявии хаво, об, хок, растанй ва дигар омузишхо бо истифодаи тачхизоти техникй хеле мухим аст.
Мувофици ацидаи баъзе олимони сохаи табиатшиносй мавчудияти баъзе унсурхо барои таъмини тарбия ва маърифати экологй дар сохтори омодасозии мутахассисони оянда хатмй мебошад. Масалан, А.И. Рахимов (11) хулоса менамояд, ки чунин унсурхо дар ин замина муассир мебошанд:
- маърифати экологии донишчуи равияи омузгории муассисахои тахсилоти олии касбй чун чузъи таркибии пайваста ва маданияти умумии он;
- ташаккули мухити мусоиди гуманистй дар муассисахои таълимй бо шароити рушди маърифати экологй ва омодасозии амалии мутахассиси оянда бо фахмишхои муосири тарбия ва маърифати экологй;
- дар дарачаи махорати касбй омода намудани омузгорони фанни "Экология" барои муассисахои тахсилоти миёнаи умумй ва олии касбй, инчунин сохторхои давлатй, корхонаву ташкилотхо ва гайра.
^айд карда мешавад, ки дар асоси ин унсурхо ангораи пайдархамии маърифати экологй дар донишгоххои омузгорй ба вучуд оварда мешавад, ки асосан чор мархилаи ногусастанй, вале зина ба зинаро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки тачрибаомузихои таълимии сахрой чузъи чудонашавандаи раванди таълим дар ихтисосхои равияи табиатшиносй башумор рафта, фаъолияти амалии аслй, воцей, коммуникативй ва маърифатй мебошад. "Табиат дар канори мухити таълимй воситаи самараноки таълим ва тарбия ба махсуб ёфта, имкониятхои пурицтидори педагогии ташаккули майл ба арзишхои ватандустии донишчуёнро дорост"[9,с.208]. фабулу татбици Барномахои давлатии тарбия ва маърифати экологии ахолии Чумхурии Точикистон ва санадхои дигари меъёрию хуцуцй дар самти экологикунонии чомеа барои омузгорони фаннии ихтисосхои равияи табиатшиносй рахнамои асосй мебошад. Зеро, таъмини ичрои босифату мунтазам, муттасили меъёру талаботи муцарраргардида тавассути коркарди мазмуни тарбияи экологй
вазифаи бевоситаи омузгорон мебошад. Хусусан, овардани маълумоти да;ик; оид ба зухуроти беморихои гуногун ба мисли камхунии кудакон, аллергия, тавлиди кудакони ну;сондор ва гайра барои тарбияи экологии донишчуён мусоидат ва аз чониби дигар таваччухи онхоро ба мушкилоти чомеа бештар менамояд. Дар натичаи му;оисаи далелхои ани; байни давлатхои олам, му;оисаи вазъи экологй ва нишондихандахои дигар дар донишчу хисси механпарастй устувортар мегардад. Fайр аз он, дар холати ошкор гардидани баъзе ну;сону норасоихо дар чараёни истифодаи о;илона ва хифзи мухити зист донишчу - омузгор ё мутахассиси оянда мав;еи фаъоли ичтимоиро бахри ислохи сарива;тии онхо ишгол менамояд. Дар хама холатхои номбурда тафаккури шахс тагйир ёфта, чанбаи экологй ва хам механдустй пайдо мекунад.
Тавассути донишхои экологй донишчу - мутахассиси оянда барои нигохдорй ва хифзи табиати солиму тоза, рушду дигаргунсозии он, парвариши набототу хайвонот, танзими муносибатхо байни чомеа ва чузъхои таркибии мухити табий, истифодаи о;илона ва хифзи сарватхои табий, аз чумла канданихои фоиданок омода мегардад ва дар у мафкураи во;еии зарурати хифзи мухити зисти кишвар, хамчун чузъи механпарастй ташаккул меёбад, ки аввало муносибати худ, баъдан муносибати чомеаро ба мухити зист тагйир ва инкишоф дихад. Тал;ин намояд, ки хифзу истифодаи о;илонаи сарватхои табий - гамхорй ва нишонаи мухаббат ба Ватан мебошад.
Мебояд зикр кард, ки тарбия ва маърифати экологй методологияи махсуси педагогиро та;озо менамояд, ки метавон бо истилохи педагогикаи экологй чудо намуд. Самти асосии методологияи тад;и;от муайян намудани ;онуниятхои чараёни ташаккули инсони баркамоли фарханги экологидошта бо воситаи тарбия ва маърифати экологй мебошад. Асоси илмии педагогикаи экологиро таълимоти фалсафавии такя ба комёбихои миллй ва башарй ташкил медиханд, ки чузъхои мухими онхо ташаккули хисси механпарастй дар тафаккури донишчуи равияи табиатшиносй мебошад. Дар ин самт тах;и;у ани;созии зиддиятхои дохилии чараёнхои тарбия ва маърифати экологй вазифаи асосии педагогикаи экологй махсуб меёбад. Хусусан, тах;и;и роху усул ва воситахои мухталифи ташаккули мафкураи экологй дар донишчу -мутахассиси оянда хеле мухим мебошад. Зеро, мувофи;и мушохидаю тачрибахои гузаронидашуда хануз хам таълими аксарияти фанхои тахассусй бевосита ба донишу маълумоти сохавй асос меёбад. Омузгори фаннй чихати тах;и;и мавзуъ ба дастовардхо аз чониби олимони ватанй, дастовардхо ё худ сатхи тад;и;оти илмй, мав;еи олимони ватанй дар илми чахонй ва хоказо эътибор надода, мавзуи дарсиро дар асоси маълумоти мавчуда таълим медихад ё мефахмонад. Донишчу, ки давоми машгулиятхо сохиби дониши муайян гашт, чихати ахамияти мавзуъ ва ало;амандии он ба хаёти чомеаи ватанй фикру андеша намекунад. Чунин холат аз чониби аввал боиси кохиши хисси механпарастии у шуда бошад, аз тарафи дигар барои бедор намудани торхои нави хиссиёти мехр ба Ватан мусоидат менамояд. Дар ин радиф омузгори фанниро бояд водор сохт, ки тавассути маводи таълимй ва баёни мавзуъ масъалаи зикрёфтаро мавриди эътибори хатмй ;арор дихад. Умуман, тах;и;и масоили марбут ба ало;амандии тарбия ва маърифати экологии донишчуёни ихтисосхои равияи табиатшиносй давоми машгулиятхо аз фанхои тахассусй бо ташаккули рухияи механпарастии онхо ха;и;ати бебахс аст. Сатхи ичроиши чараён аз як чониб ба донишу малака ва савияи касбии омузгори фаннй ало;аманд бошад, аз тарафи дигар ба сатхи шуур, чахонбинй тасаввуроти донишчу вобаста аст, ки то давраи тахсилот дар муассисаи олй мавчуд будааст. Чанбаи дигари ташаккули мафкураи механпарастй дар заминаи маърифати экологй таъмини иштироки донишчу дар аксияхои экологй, аз ;абили "Тозагии махал", "Тозагии сохил","Дарахти сабзи Ватан","Тухфаи ман ба насли оянда",шанбегихои кабудизоркунию ободонй ва гайра мебошад. Инчунин, тахия ва пахн намудани вара;ахои иттилоотй, буклету плакатхо бо иштироки донишчу, васеъ намудани чахонбинй ва таъсир ба шуури донишчу тавассути пешниходи донишу маълумоти да;и; оид ба захирахои табиии махалли зисти донишчу ва хоказо метавонад заминаи боэътимоди ташаккули тафаккури механпарастй дар доншчуи ихтисосхои равияи табиатшиносй бошад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Авазов, Ш.Экологик педагоглари методологик муаммолари /Ш.Авазов// Экологик таълим
ва тарбиянинг педагогик муаммолари.-Тошкент, 1999.- С. 13-17.
2. Акрамов,С.Методикаи таълими табиатшиносй /С.Акрамов. - Душанбе: Маориф, 1987- 200 с.
3. Асоев, Х. Масъалахои мухимтарини экологияи муосир / Х.Асоев.-Душанбе:1977. -С.55.
4. Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии ахолии Чумхурии Точикистон дар давраи солхои 2021-2025. -Хучанд: 2021.-С. 37.
5. Барномаи давлатии экологии ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2009-2019. Бо царори Хукумати Чумхурии Точикистон аз "27" феврали соли 2009 № 123 тасдиц шудааст.
6. Вербицкий, А.А. Основы концепции развития непрерывного экологического образования/ А.А.Вербицкий// Педагогика.- 1997.-№6.-С.31-36.
7. Вершинин, Н.А. Воспитание у младших школьников любви к природе родного края, интереса к природоведческих занятиям/ Н.А. Вершинин // НШ. 1998.-№10.-С.9-14.
8. Воспитание и развитие детей в процессе обучения природоведению: Из опыта работы. Пособие для учителя. /Составитель Мельчаков Л.Ф.// - М.: Просвещение, 1981.
9. Дадобоева,Н.Н.Нацши тачрибаомузихои таълимй-сахрой ва комплексии географй дар ташаккули хисси ватандустии донишчуён/Н.Н.Дадобоева,М.М.Х,айдарова//"Номаи донишгох"(силсилаи илмхои гуманитарй ва чомеашиносй),№1 (66)-Хучанд:2021.-С.203 - 210.
10.Мирочев,С.Тарбияи экологй/ С.Мирочев, Х. Шарифзода// Наврузи Ватан, 1999, С.7-9.
11.Рахимов, А.И. Подготовка будущих учителей к организации экологического воспитания школьников / А.И.Рахимов. Автореф. дисс. к.п.н.//-Душанбе: 2000.-22с.
12.Толибов, Ю.Р. Маърифат ва тарбияи экологй/ Ю.Р. Толибов.- Хучанд: Нури маърифат, 2019-224 с.
13.Толибов,Ю.Р.Стратегияи инкишофи маданияти экологии донишчуён дар мактаби олии Чумхурии Точикистон/Ю.Р.Толибов,Б.А.Тошматов,З.Амонова// Номаи донишгох. Силсилаи илмхои табиатшиносй ва ицтисодй. - 2016.-№2
14.Шаронова,Е.Подготовка студентов к экологическому воспитанию школьников/Е. Шаронова // Педагогика. - 2005.-№8.-С.122-124.
REFERENCES:
1. Avazov Sh. Methodological problems of ecological pedagogues /Sh.Avazov// Pedagogical problems of ecological education.-Tashkent, 1999.- P. 13-17.
2. Akramov S .Methods of teaching natural sciences/S.Akramov. - Dushanbe: Education, 1987- 200 p.
3. Asoev Kh. The most important issues of modern ecology / Kh. Asoev - Dushanbe: 1977. - P.55.
4. The State program of complex development of ecological education and enlightenment of the population of the Republic of Tajikistan for the period of 2021-2025. -Khujand: 2021. P. 37.
5. The state ecological program of the population of the Republic of Tajikistan for 2009-2019. Approved by the Resolution of the Government of the Republic of Tajikistan from February 27, 2009. - No 123.
6. Verbitsky A.A. Fundamentals of the concept of development of continuous environmental education / A.A. Verbitsky // Pedagogy. 1997.-No 6.-P.31-36
7. Vershinin N.A. Raising in junior schoolchildren love for the nature of their native land, interest in natural studies / N.A. Vershinin // NSh. 1998.-No 10.-P.9-14.
8. Upbringing and development of children in the process of teaching natural history: From work experience. A guide for the teacher. /Compiled by Melchakov L.F.// - M.: Enlightenment, 1981.
9. Dadoboeva N.N, Haidarova M. M. The role of field experiments and geographical complexes in the formation of a sense of patriotism of students / N.N. Dadoboeva, M.M. Haidarova // "Scientific Notes" (series of humanities and sociology), No 1 (66) - Khujand: 2021. - P. 203 - 210.
10.Mirojev S.Ecological education/S.Mirojev, Kh. Sharifzoda//Navruz of the Motherland, 1999, P.7-9.
11.Rakhimov A.I. Preparation of future teachers for the organization of ecological education of schoolchildren/A.I.Rakhimov.Abstract of cand.diss. of pedagogical sciences//-Dushanbe: 2000, -22p.
12.Tolibov Y.R. Environmental education and training/Y.R.Tolibov.-Khujand:Nuri Marifat,2019-224p.
13.Tolibov Y.R. Strategy for the development of environmental culture of students in higher education in the Republic of Tajikistan / B.A. Toshmatov, З. Amonova // "Scientific Notes" of KSU named after academician Bobojon Ghafurov. -No 2, 2016
14.Sharonova E. Preparation of students for the environmental education of schoolchildren / E. Sharonova // Pedagogy. - 2005.-No 8.- P.122-124