Научная статья на тему 'НАҚШИ ФАРЗИЯ ДАР ИНКИШОФИ ДОНИШИ ИЛМӢ'

НАҚШИ ФАРЗИЯ ДАР ИНКИШОФИ ДОНИШИ ИЛМӢ Текст научной статьи по специальности «Языкознание и литературоведение»

CC BY
30
1
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
илм / илмӣ / фалсафа / фарзия / нақш / инкишоф / дониш / сохтор / навъ / самт / назария / вазифа / математика / тасвир / метод / пешбинӣ / маърифат / ҷомеа

Аннотация научной статьи по языкознанию и литературоведению, автор научной работы — Раҳмонова Б. Ҳ.

Дар мақолаи илмии зерин сухан дар бораи нақши фарзия дар инкишофи донишҳои илмӣ тавассути фалсафа меравад. Инчунин, дар мақолаи мазкур назарияи илмӣ, вазифаҳои асосии он ва методҳои дониш таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Фарзияи илмӣ аслан ин тахминест, ки ба ҳақиқат наздиктар мебошад. Он ба нерӯи психологӣ ва мантиқии саҳеҳаш такя менамояд. Фарзия дарсе самт рушд менамояд. Он аз нигоҳи илми фалсафа дорои се намуд мебошад. Назария қонунияти ҳодисаҳои соҳаи муайянро дар системаи рушдёбандаи донишҳои илмии, шарҳ медиҳад. Назарияи илмӣ дорои панҷ вазифаи асосӣ мебошад. Дар мақолаи , математикӣ ва ташреҳӣ баррасӣ шудааст. Дар илми фалсафа донишро чунин шарҳ медиҳанд: дониш яке аз омилҳои инкишофи ҷамъият ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки аз нигоҳи фалсафӣ дониш дорои намудҳо ва шаклҳои хеш мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Похожие темы научных работ по языкознанию и литературоведению , автор научной работы — Раҳмонова Б. Ҳ.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ ФАРЗИЯ ДАР ИНКИШОФИ ДОНИШИ ИЛМӢ»

УДК 1

Ра^монова Б.Х,.

омузгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгохи байналмилалии забонхои хоричии Точикистон ба номи Сотим Улугзода (Душанбе, Точикистон)

НАДШИ ФАРЗИЯ ДАР ИНКИШОФИ ДОНИШИ ИЛМЙ

Аннотатсия: Дар мацолаи илмии зерин сухан дар бораи нацши фарзия дар инкишофи донишуои илми тавассути фалсафа меравад. Инчунин, дар мацолаи мазкур назарияи илми, вазифауои асосии он ва методуои дониш таулилу барраси гардидаанд. Фарзияи илми аслан ин тахминест, ки ба уацицат наздиктар мебошад. Он ба неруи психологи ва мантиции сауеуаш такя менамояд. Фарзия дарсе самт рушд менамояд. Он аз нигоуи илми фалсафа дорои се намуд мебошад. Назария цонунияти уодисауои соуаи муайянро дар системаи рушдёбандаи донишуои илмии, шару медщад. Назарияи илми дорои пану вазифаи асоси мебошад. Дар мацолаи , математики ва ташреуи барраси шудааст. Дар илми фалсафа донишро чунин шару медщанд: дониш яке аз омилуои инкишофи цамъият ба уисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки аз нигоуи фалсафи дониш дорои намудуо ва шаклуои хеш мебошад.

Калидвожахр: илм, илми, фалсафа, фарзия, нацш, инкишоф, дониш, сохтор, навъ, самт, назария, вазифа, математика, тасвир, метод, пешбини, маърифат, уомеа.

Чуноне, ки маълум аст, вожаи фалсафа аз юнонй фило-дуст доштан ва софия-хикмат гирифта шудааст. Маънои он хикматродуст доштан аст. Бори нахуст ин истилох аз тарафи Пифагор дар Юнони Кадим истифода шудааст. У чунин акида дошт, ки инсон танхо хикматро дуст дошта метавонад, вале хикмати хоси худо мебошад.

Дар маколаи мазкур фарзия ва накши он дар донишгохи илмй аз нигохи фалсафй тахлилу барраси мегардад.

«Фарзия - шакли донишхои назариявй, ки дар рафти халли масъала пайдо мешавад ва дар худ тахминхои дар асоси фактхо ифодашударо дорад,ки хакконияти онхо маълум карда нашудааст ва ба исботу асоскунй ниёз доранд» [7,227].

Фарзияхои илмй метавонад дар се самт дар натичаи рушд ба вучуд ояд:

1) дар доираи худи фарзия маълум намудани он,

2) асоснок, пешниход ва инкоркунии худи фарзия,

3) мубаддал ёфтани фарзия ба назарияи илмй чун низоми донишхри эхтимолй.

Боиси зикр аст, дар хакикат дар шаклхои амалия санчидани фарзия ба вучуд меояд. Хднгоми исботи фарзия кисме аз онхо назарияи хакикй дигархояш ивазу мушаххас ва сеюмихояш ба хато мубаддал гардида, бартараф хоханд шуд.

Инчунин, фарзияхоро ба навъхои зерин тасниф менамоянд: «1)фарзияхое, ки бевосита барои шархдихии тачриба пайдо мешаванд, 2) фарзияхое, ки дар ташаккули онхо тачриба накши муайян доранд, аммо халкунанда не,3)фарзияхое, ки дар асоси чамъбасти назариёти мавчуда пайдо шудаанд»[7,228].

Дар фалсафа фарзияхои умумй, чузъй ва корй низ ба назар мерасанд.Тахминхо оид ба конуниятхои мухталифи миёни ходисахо фарзияхои умумй ба хисоб меравад. Фарзияхои умумй бунёди созмондихии асосхои донишхои илмй хисобида мешаванд. Тахминхо рочеъ ба пайдоиш ва вижагихои фактхои алохида, ходисахои мушаххас ва падидахои чудогона фарзияхои чузъй номида мешавад. Тахминхое, ки хамчунин коида дар мархилаи ибтидои тахкикот мавриди истифада карор мегирад ва ба сифати нуктаи аввали харакати минбаъдаи андешахои тахкикотй хидмат менамояд, фарзияхои корй мебошад[8,228].

Донишмандон ва мухаккикони сохаи фалсафа фарзияро шархдода чунин мегуянд:

Дар аввал фарзия гумони пешакй ва тахминест ,ки аз мушохидаи ходисахои нав ба вучуд меояд. Фарзия ин тахминест, ки ба хакикат наздиктар буда, ба кувваи эътимоди психологй ва мантикии сахехиаш такя мекунад.Он тахминест, ки аз далелхо пайдо мешавад. Он дар холати ба вучуд омадани масоиле зарур мешавад, ки далелхои нави маълумгардидаро тибки назарияи мавчудбуда шарху эзох кардан номумкин бошад.

Мисоли зерро фарзия шуморидан мумкин аст: Маърифат ба суйи хакикат гайр аз«пуле», ки аз фарзияхо дар болои чарии номаълумихо сохта шудааст, рохи дигар надорад.

Аз хамин сабаб олимон фарзияхои сершуморе пешниход мекунанд, ки онхо дар сари онхо ба мисли занбурони асал дар куттй давр зада, уро ором намегузоранд, то он вакте, ки яке аз фарзияхо бештар кобили кабул гарданд.

Мавриди таъкид аст, ки дар илм муборизаи акидахо давом дорад, ки аксар вакт ифодаи фарзияхои зиддихамдигар, ифодаи фарзияхои гуногун ба хисоб меравад. Дар илм фарзияхо пайдошуда, зуд аз байн намераванд, балки муддати каму беш зиёд «кор мекунанд». Инчунин, фарзияхое мавчуданд, ки дар ибтидо рад мешаванду баъдан (шояд баъд аз 5 сол) хатто ба назария табдил меёбанд. Фарзия барои кашфиёт намудан ахамияти ёрирасонй дорад. Яъне дар баъзе мавридхо кудрати кашфиёт намуданро пайдо менамояд. То хол ягон рохе пайдо нашудааст, ки аз фарзия пеш гузошта шавад. Фарзияро парвози хаёлот, самараи дарку идрок ва илхоми олимон хисобидан мумкин аст. Фарзияро нисбат ба назария камтар кадр карда намешавад. Чунончи, маълум аст,ки назария як унсури бештар сахех ва сазовори мартабаи бенукс мебошад, аммо ба таърихи илм нигарем назария баъзан нест мешавад. Фарзияхои нав дар харобахои он ба вучуд меоянд.

Х,оло дар зер назария хамчун шакли олии пурраи дониши илми ироа мегардад:

Назария гуфта, ба маънои васеи сухан системаи тасаввурхои сахех, идеяю принсипхое дар назар дошта мешавад, ки маънои танги сухан, назария системаи олии асосноку мантикан гайризиддиятноки дониши илмест, ки дар бораи хосиятхои мухим, конуният, робитахои сабабию окибати, детерминантхое, ки акидаи том мебахшад, ки характери амалу инкишофи сохаи муайяни вокеиятро муайян менамоянд. Назария конунияти ходисахои сохаи муайянро дар системаи рушдёбандаи донишхои илмии сахехи дар амалия санчидашуда, шарх дода метавонанд. Назарияи баркамол чунин шарх дода мешавад: он натанхо системаи донишхои карору ором ё тадбикшаванда мебошад, балки механизми муайяни тафаккурии он инкишофи донишро дар бар мегирад. Барномаи муайяни тахкикотро дар бар гирифта, вазифаи методологиро ичро менамояд. Боиси кайд аст, ки агар дар рафти тахкикот далелхое пеш оянд, ки онхоро дар доираи хамин назария шарх додан имконнопазир бошад, онро асоси иваз намудан ва аник кардани равияхо назария хисобида шавад. Х,олати хатарнок барои назария ин номувофикати ба фактхо мебошад, яъне дар холате назария хато хисобида мешавад, ки агар далелхо ба назария зид бошанд.

Назария дар илми фалсафа дорои вазифаи хеш мебошад.Дар зер вазифахои асосии назария тахлилу барраси мегарданд. Вазифахои асосии назария аз нигохи фалсафи инхо ба хисоб мераванд:

«1.Вазифаи синтетики-муттахидкунии донишхои алохидаи сахеху эътимодбахш ба системаи тому ягона.

2.Вазифаи ташрехи-ошкор сохтани робитахои сабаби ва дигар робитахо, гуногунии робитахои падидаи мавриди омузиш карорёфта, хусусиятхои мухим, конунхои пайдоиш ва инкишофи он.

3.Вазифаи методологи, ки истифодаи методхо, тарзхо ва роххои тахкик кардани назарияхои дигарро дарназарияи мазкур фаро мегирад.

4.Вазифаи пешгуйй, ки аз пешбинии илмии падидахо ва ходисахои минбаъда иборат аст.

5.Вазифаи амалй. Таъиноти нихоии хар як назария ин «дастурамал» шудани он барои тагйир додани хакикатхои вокей мебошад» [7,229].

Ч,ихатхои мухимро дар назария чунин шарх медиханд: асоси ибтидоии эмпирй (фактхои дар хамин сохаи дониш мукараршуда, маълумоти тачрибахо, ки шархи назариявиро талаб мекунад), тахмину фарзия, постулату аксиомахои гуногун, мантики назария коидаи хулосаю исботхои мантикие, ки дар доираи назария раво дониста мешавад, мачмуи факту хулосахои хосилшуда ва исботи онхо, ки арсаи асосии дониши назариявианд ва нихоят конунхои илм ва инчунин пешбинй.

Намудхои бештар ва шаклхои сершумори гурухбандии назария ба шаклхои сершумори дониши хозираи назариявй низ мувофикат менамиоянд. Х,оло якчанд намудхои зерини назарияро шахру эзох медихем:

Назарияхои тасвирй гуфта, назарияхоеро мегуянд, ки вазифаи танзими одатан бехад маводи мухталифу фаровонро ичро карда метавонанд.

Назарияхои математикй аппарат ва моделхои математикаро ба кор мебарад.

Назарияхои ташрехй бо масъалаи ташрехи тачриба алокаманд буда, системаи дедуктивии назариявиро, ки дар онхо хам коидахои ибтидой ва хам коидахои мантикии тахия ва вусъат зикр шудаанд, аз хамдигар фарк мекунонад.

Мавриди таъкид аст,ки дар навбати худ силсилахои мазкури назарияхоро ба як катор шохахо тасниф менамоянд. Аз нигохи фалсафии илм натанхо тавассути чамъ намудан ва зиёд гардидани донишхои нав рушду инкишоф меёбад. Нуктахои дигаргунии катъй нукоте мебошанд, ки инкилобхои илмии мутафаккирони зерин: Каперник, Нютон ва Эйнштейнро дар бар мегиранд. Ба мисли, инкилоби физика дар охири асри XIX аввали асри XX катъиян дар хам шикастани постулатхои асосии чахонбинонаи илми классикй ва тавлиди принсипхои нави маърифатй буд.

Дар аввал парадигмаи илмиро шарху эзох додан лозим аст. Асли сараввал маънои калима парадигма «намуна, шакл» мебошад. Вакте, ки парадигма мегуянд, меъёру намунахои тафаккури тачрибавию назарияви дар хамин чамоаи илми муайяну кабулшуда, ки характери эътикод пайдо намудаанд: тарзи интихоби объекти тадкикот ва шархи системаи муайяни фактхоро дар шакли принсипу конунхои ба кадри кифоя асоснокеро дар назар доранд, ки назарияи зиддиятнокеро ташкил мекарда бошанд. Х,ар системаи дониш парадигма , ки ин ё он чамоаи илми пазируфтааст, аз руи даврахои инкишофи илм пайи хам гузошта, киёс кардан ва принсипхои куллии онхоро ошкор намудан мумкин аст, ки дар асоси онхо карор гирифтаанд.

Боиси таъкид аст, ки парадигма як чизи хамеша мукаммал нест. Манзараи илми олами ганй мегардад ,ки ин дар нихояти кор боиси чойи як парадигмаро гирифтани парадигмаи дигари пурмазмуну мукаммал ва пурра мегардад. Аз руйи нишонахои хоси парадигма тарзу услуби тафаккури илмиро фарк мекунанд: услуби механистй, эхтимолй, кибернетики ва гайра.

Агар парадигмаро чамоаи илми ба миён мегузошта бошад, пас фикрхои навро одатан олимони чудогона пеш мегузоранд.

Методхои дониш ва пешрафти технологияи чомеа

Инсон дар олами кобили пешбини ва пешгуйи зиндаги менамояд. Дар сохаи эмпири ва дар сохаи назарияи тафаккур неруи пешгуйи намудани вокехоро доро мебошад. Вале пешгуйи дар чойе имконпазир аст, ки тартибот, мантики объективи пайбурдаи субъекти пешгуйи мукаррар бошад. Тахлили масъалаи пешбини баррасии масъалахои зеринро такозо менамояд: таносуби байни пешбини ва фарзия, конун, имконият ва вокеият чи гунааст, механизму воситахои психологи ва мантики кувваи пешгуйикунандаи хирад чи гунаанд, муносибати унсурони бошуурию бешуури дар рафти инъикоси пешакии он чи ки холо нест, вале он чи ки аз оянда ба сохили хастии накд ба хозира бармеояд. Дарвокеъ хам, худи имконияту механизмхои пешбини ба андозаи зиёд тагйир меёбад, калон мешаванд. Пешбини тарзхои гуногун дорад, масалан хисси пешакии ба мавчудоти зинда хос: агар мавчудоти зинда ояндаро хис накунад, аз

мачрои вокеахо сар ба саломат бурда наметавонад. Пешбинй илми тахминй аз чихати тачрибавй ва назариявй асоснокест, ки дар бораи вазъи ояндаи ходисахои табиат, чамъият ва равандхои маънавии холо номаълум, вале кобили ошкор мебошад. Дар фаъолияти амалй, пешбинй дар шакли пешгуйй сурат мегирад. Добили кайд аст, ки вакте пешгуйй мегуянд, он тахкикоти махсуси илмии пешомади ягон ходисаро дар назар дорад. Чунин пешбинй такозо менамояд, ки имконияти вокеии инкишофи система ошкор карда, тамоюлоти хозира, суръати харакати авчгиранда ва имконияти накшакашию идораи комплексй, ки таъсири мутакобили зиддиятноку мутаносиби хамаи халкахои мухими хаёти иктисодии чамъиятро ба хисоб мегирифта бошад, дар назар дошта шавад. Пешгуйй ин пешбинй дар замону макон махдуди мушаххас, масалан, пешгуии гирифтани Офтоб, пешгуии обу хавои фардо ё рафтори душман дар рафти амалиёти чанг, тадбирхои дипломатй ва гайра.

Одам дар асоси маърифати робитахои сабабию конунй фахмидани мохияти чизхо хар сари чанд вакт аз хади имконоти хозира берун баромада, ба ояндаи асрорангез назар меандозад ва мавчудияти чизхои хануз номаълумро пешбинй карда рафти эхтимолй ва зарурии вокеахоро пешгуйй карда метавонад. Пешбинй аломат буда, далели он аст, ки афкори илмй куввахои табиат ва куввахои харакатдихандаи хаёти чамъиятро ба вазифахои инсоният тобеъ мекунад. «Идора пешбинй кардан аст.»-мегуяд хикмати кадима.

Маърифати илмй имкон медихад на факат пешбинй кунем, балки ояндаро бошуурона муайян хам намоем. Маънои хаётии хар илмро ба тарзи зерин тавсиф намоем: донем, то ки пешбинй намоем, пешбинй намоем, то ки амал кунем. Инсоният аз рузи аввал орзу дорад, ки пешбинй кунад ва инкобилиятро ба кахрамонони афсонавй ва асотирй хос медонист. Дар ин росто мавриди зикр аст, ки хиради мо дар ин муддати тулонй рохгумнашуда, рохи дарозро тай карда наметавонист.

Хулоса аз нигохи фалсафй накши фарзия дар донишхои илмй басо мухим мебошад. Дар се самт: дар доираи худи фарзия маълум намудани он, асоснок, пешниход ва инкоркунии худи фарзия, мубаддал ёфтани фарзия ба

назарияи илми чун низоми донишхои эхтимоли, фарзияи илми метавонад дар натичаи рушд пайдо шавад. Он дорои се самт мебошад. Инчунин, боиси зикр аст, ки инсоният донишро дар муддати хаёташ доир ба вокеияти объективи бо роххои гуногун ба даст оварда метавонад. Дониши илмиро доимо тасдик хисоб намудан мумкин аст. Донишхо кабл аз мо хосил гардидаанд. Мо дар раванди муошират, инчунин мутолиа кардан онхоро аз бар менамоем.Донишхои илми дорои намудхо ва шаклхои асосии хеш мебошанд.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ:

1. Гаффорова М.К. Асосхоифалсафа(дастури таълими). Д., «Ирфон», 1999 184 с;

2. К.Маркс Экономическо-философское. 1844. 285с;

3. Конспекти лексияхо. Фалсафа (Дастур барои ёри ба имтихон), Д., «Ирфон», 2008. 65 с;

4. Спиркин А.Г. Философия. Учебник.1999. 732с;

5. Фалсафа, китоби дарси барои мактабхои олии Чумхурии Точикистон (иборат аз ду чилд) Мирзоев Х,омид, Наврузов С., Гаффорова М.К., Салимов Н., Арабзода Носирчон, Идибеков Н.И, Д., «Маориф», 1977, 327 с;

6. Фалсафа, китоби дарси барои донишчуёни тахсилоти муассисахои олии касби. Хдйати муаллифон,-Душанбе «Собириён», 2011, 528 с;

7. Фалсафаи илм. Рустам Комилов. «Ирфон», 2011, 270 с;

8. Фалсафа - Шарифов И.У (дастури таълими-методи дар низоми кредитии таълим), Душанбе, «Ирфон», 2010, 262с;

9. Фалсафа: китоби дарси барои донишчуёни макотиби тахсилоти олии касби. Г.Мирзоев.- Душанбе,2016, «Промэкспо» 480с;

10. Фалсафа. Дастури таълими (барои мактабхои олии тамоили иктисодидошта). Душанбе, 2020,Типографияи хурди «Файзи борон» н. Рудаки ч.д. Чуйбодом 292с

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.