ТДУ 930.85
ТКБ 63.3(5 Т)-75.723
НАЦШИДАВЛАЩОИ УЗВИ СОЗМОНИ ХАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР МУБОРИЗА БА МУЦОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ
РОЛЬ ГОСУДАРСТВ-ЧЛЕНОВ ШАНХАЙСКОЙ ОРГАНИЗАЦИИ СОТРУДНИЧЕСТВА В БОРЬБЕ ПРОТИВ
ТЕРРОРИЗМА
ROLE OF MEMBER STATES OF SHANGHAI ORGANIZA TION COOPERA TION IN COMBAT WITH TERRORISM
Назаров Алимардон Абдумансурович, унвонцуи кафедраи муносибатуои байналхалции ДД^БСТ (Тоцикистон, Хуцанд)
Назаров Алимардон Абдумансурович,
соискатель кафедры международных отношений ТГУПБП (Таджикистан, Худжанд)
Nazarov Alimardon Abdumansurovich, applicant of the department of international relations under TSULBP (Tajikistan, Khujand), E-mail: [email protected]
Вожщои калиди: Созмони уамкории Шанхай (С%Ш), Сохтори минтацавии зиддитеррористы (СМЗТ), терроризми байналмилалы, сепаратизм, экстремизм, бехатарии минтацавы
Мацола ба таулили таудидуое, ки аз цониби ташкилотуои террористы ба давлатуои аъзои СХ,Ш вуцуд дорад, бахшида шудааст. Сабабуои асосии пайдоиши ташкилотуои террористы ва мубориза бо ощо дар цаламрави СХ,Ш тауциц мегардад. Дар мацола асосан фаъолияти ташкилотуои террористы ба монанди Харакати исломии Узбекистон, Харакати исломии Туркистон, Xизб-ут-таурир ал-Исломы, Акрамия ва дигар ташкилотуои терроризми байналмилалы ва инчунин фаъолияти ощо дар истифодаи шабакаи интернет барои цалби цавонон бауогузори мегардад. Нацши СХ,Ш бар мубориза бо ташкилотуои террористы таулил гардид. Тазаккур меравад, ки айни замон СХ,Ш фаъолияти табиии рушди худро дар соуаи амнияти байналмилалы пеш гирифт, ки ин кафили сулуу субот, оромы на фацат дар минтаца, балки дар цауон ба уисоб меравад.
Ключевые слова: Шанхайская организация сотрудничества (ШОС), Региональная антитеррористическая структура (РАТС), международный терроризм, сепаратизм, экстремизм, региональная безопасность
В статье анализируются угрозы, исходящие от террористических организаций для государств-членов ШОС. Также исследованы основные причины возникновения террористических организаций и борьба с ними на пространстве ШОС. В статье в основном оценивается деятельность террористических организаций, таких как Исламское движение Узбекистана, Исламское движение Туркестана, Хизб ут-Тахрир аль-Ислами, Акрамия, и других международных террористических группировок, а также использование ими Интернета для привлечения молодежи. Определяется роль ШОС в борьбе с этими террористическими организациями, которая развернула свою деятельность в области международной безопасности и является гарантом мира, стабильности не только в регионе, но и во всем мире.
Key-words: Shanghai Organization Cooperation (ShOC), regional anti-terrorist structure (RATS), international terrorism, separatism, extremism, regional security
In his article the author analyzes the threats posed by terrorist organizations to ShOC member states. As well as, the principal reasons for terrorist organizations emergence and in combat with them in ShOC space are canvassed. Properly, the author assesses terrorist organizations activities, such as the Islamic Movement of Uzbekistan, Islamic Movement of Turkestan, Hizb ut-Tahrir al-Islami, Akramiya and other international terrorist organizations and their usage of the Internet to attract young people as well. The role of the SCO in the fight against these terrorist organizations has been analyzed again, and now the SCO has naturally launched its activities in the field of international security, which is the guarantor of peace and stability not only in the region, but throughout the world. The author of the article determines the role of ShOC in in combat with the relevant terrorist organizations, which has developed its activities in the field of international security and is considered to be as a guarantor of peace and stability, not only in the region, but throughout the world either.
Х,одисахои солхои охир равшан нишон медиханд, ки терроризм, экстремизм ва сепаратизм -куввахои ба ном «сегонаи бадй» - ба зухуроти дахшатноки замони мо мубадал гардида, ба яке аз тахдидхои асосии хаёти одамони муосир табдил ёфтаанд. Зеро солхои охир такрибан 200000 нафар одамон аз дасти террористон халок гардида, мутассифона шумораи онхо руз аз руз меафзояд.
Хусусиятхои фарккунандаи терроризми замони муосир ин пеш аз хама: чахонишавй, касбсозй, эътимод ба идеологияи экстремистй, истифодаи васеи аслиха ва технологияхои муосир, катли намоишй ва генотсид, истифодаи васоити ахбори омма ва интернет ва дигар холатхои ба ин монанд, ки терроризм ва экстремизмро падидаи хатарноки вокеияти муосир мегардонад. Имруз, шумораи афзояндаи коршиносон ва мухаккикон терроризми байналмилалиро як намуди нави мунокишаи глобалй мехисобанд, ки бори аввал дар миёнаи солхои 1970-ум мухокима шуда буд.
Терроризми байналмилалй бо сабаби он, ки он ба тартиботи хукукии байналмилалй ва муносибатхои байнидавлатй тахдид мекунад, хавфи махсус дорад. Х,ама гуна амали терроризми байналмилалй ба манфиатхои як катор давлат таъсир мерасонад ва барои пешгирии чунин амалхо хамкории васеи байнидавлатй зарур аст.
Бо ин максад Созмони хамкории Шанхай (СХ,Ш) ба фаъолият шуруъ кард ва Оинномаи СХ,Ш санади таъсисдихандаи ин иттиходия, муборизаи муштарак алайхи терроризм, сепаратизм ва экстремизмро дар хама зухуроти худ хамчун яке аз вазифахои калидии ин созмон муайян кардааст [2,с.17]. Инчунин СХ,Ш ягона ташкилоти байналмилалие мебошад, ки Осиёи Марказиро бо Хитой ва Русия муттахид месозад [9,с.24]. Солхои охир мо шохиди муттахидгардии Х,индустон ва Покистон ба СХ,Ш гардидем, ки ин муттахидгардии давлатхо роххои навро дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм мекушояд. Афзалиятхои ин иттиходия инчунин мубориза бар зидди гардиши гайриконунии маводи мухаддир, ярок, лавозимоти чангй ва маводи тарканда, маводи ядрой ва радиоактивй, чинояткории муташаккилонаи фаромарзй, хамкорй дар сохаи амнияти байналмилалии иттилоотй, тахкими амнияти сархад ва мубориза бо мухочирати гайриконуниро дар бар мегирад.
Дар шароити муосир, рушди устувор комилан аз таъминоти бехатари кишвархо вобастагии калон дорад. Бо пайдоиши давлатхои нави мустакил дар минтакаи Осиёи Марказй низоми нави муоширати байнидавлатй огоз ёфт. Зарурати таъчилии халли як катор масъалахои мураккаби ичтимоию сиёсиро бо шароити нав изхор кард, ки воридшавии ташкилотхои радикалй ба минтака, пахн ва таквияти нуфузи онхо дар заминаи институтхои заифи давлатй шиддат ёфт. Яке аз хадафхои асосии муколама ва хамкорихои кишвархои хамсоя ин дар минтака фарохам овардани шароити мусоид барои таъмини бехатари ва мухити ором буд [1, с. 42].
радами аввалин дар ташаккули низоми минтакавии амният созишномахое мебошад, ки дар доираи «Панчгонаи Шанхай» баста шудааст, ки минбаъд хамчун СХ,Ш барои таъмини бехатарй дар минтака фаъолияташро ба рох мондааст.
Аз чониби коршиносони хоричй ду холати пахншавй ва инкишофи чиноятхои террористй, яъне дохилй ва берунй муайян гардидааст. Х,олати аввал сатхи баланди камбизоатй, бекорй ва бетартибихои ичтимой ва паст будани сатхи саводнокии ахолй, нобаробарии назарраси ичтимой ва гайра мебошад. Х,олати дуввум ин пеш аз хама мавкеи геополитикии минтакахои СХ,Ш мебошад, ки бо чунин минтакахои ноустувор аниктараш хатарнок хох нохох пайваста хастанд, аз он чумла бо, Афгонистон, ^афкоз, Вилояти Худмухтори Синсзяни Хитой ва г.
Нисбати зиёд гардидани аъзоёни ташкилотхои террористи аз хисоби камбизоатй, бекорй ва дигар холатхои номбурда шояд нуктаи назари коршиносони хоричй дуруст бошад, аммо мо бо ин фикр бо пуррагй рози шуда наметавонем, зеро камбизоатй, бекорй ва дигар холатхо асос шуда наметавонад, ки террорист гардида худро тарконанд ё гурухи одамонро халок намоянд. Х,оло дар чомеаи мо ва умуман дар тамоми чахон терроризми Исломй бо хар гуна номхо хеле пахн гардидааст ва чавонон новобаста аз вазъи ичтимоиву иктисодии худ шомили ин ташкилотхои террористй гардида истодаанд.
Мутаассифона, террористони Исломй дар дохили давлатхои аъзои СХ,Ш низ зиёд гардида истодаанд, ки ин холат бояд бо кушиши Созмон халлй худро ёбад. Ба ин мисолхои зиёд овардан мумкин, аз чумла Х,аракати Исломии Узбекистан аз чониби Ч,умъа Намангонй ва Тохир Юлдошев соли 1996 дар заминаи якчанд хизбхо ва харакатхои сиёсии манъшуда бо максади ташкили давлати Исломй дар водии Фаргона кушиш намудааст. Инчунин ин харакат дар чанги шахрвандии Точикистон дар пахлуи мухолифин фаъолона ширкат варзидааст. Баъдтар ба як катор амалхои террористи дар каламрави Узбекистон асос гузоштааст, ки ба ин мисол шуда метавонад вокеаи 2 феврали соли 1999 дар Тошканд ба амал омада.
Соли 200 1 харак ати дар боло номбурда номашро бо номи «Хдракати Исломии Туркистон» (Х,ИТ) иваз намуд ва ин харакат сарчашмаашро аз гуруххои террористии Алкоида ва Толибон гирифтгааст.
Дар солхои охир маълумот оиди чалби чавонон ба сафъи Х,ИТ дастрас гардидааст ва сафи нав асосан аз катори мухочирони узбек дар Федератсияи Русия чалб гардида истодаанд [4]. Бо маълумоти коршинос-мутахассисонй Донишгохи тахкикоти байналмилалии МГИМО, Вазорати корхои хоричии Русия, Х,ИТ бо сурати тез сафи худро дар худуди ^иргизистон низ зиёд карда истодааст. Ногуфта намонд, ки соли 2013 макомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии ^иргизистон чанд нафар азоёни гурухи террористиро дастгир намуданд, ки онхо накшаи гузаронидани як катор амалхои террористиро дар вакти баргузории Саммити СХ,Ш дар шахрхои Бишкек ва Ош доштанд. Террористон дар Сурия тайёр гардида, барои амалхои террористиро ичро намудан фиристода шуда буданд. Мушкилии калон дар он аст, ки ташкилотхои террористй чавононро чалб намуда, барои содир намудани амалхои террористи тайёр мекунанд ва ба давлати худ мефиристонанд. Тайёрй асосан дар Сурия гузаронида мешавад, аз хама хатарнокаш дар он, ки дар Федератсияи Русия низ чавононе, ки ба мухочирати мехнати рафтаанд, ба сафъи дастахои террористй чалб намуда барои содир намудани чинояти террористй ё экстримистй тайёр мекунанд ва чавонони тайёргардида боз ба давлати худ баргашта ичроиши вазифаро аз рохбарияти ташкилоти террористй интизор мешаванд.
Дигар дастаи террористии хатарнок дар дохили давлатхои аъзои СХ,Ш ин Х,изб-ут-Тахрир ал-Исломй (Х,изби Нахзати Исломй) - як созмони байналмилалии мазхабй ва сиёсй, ки соли 1953 таъсис дода шудааст ва максади онро дорад, ки хукуматхои гайриисломиро аз байн бурда, мусулмононро ба хаёти пешина, вокеи, тарзи исломй баргардонад [3,с.131]. Х,изб-ут-Тахрир дар Русия аз соли 2003, дар ^азокистон барои экстремизм аз соли 2005, инчунин дар Точикистон ва Узбекистон хамчун созмони террористй эътироф карда шудааст. Х,изб-ут-Тахрир солхои охир корхои зиёдро ба амал бароварда, ба худ аъзохои навро чалб намудааст. Инчунин аз маълумотхои мавчуда дар солхои охир ин гурух кори худро дар давлатхои Узбекистон, ^азокистон ва ^иргизистон хуб ба рох мондааст, ки аъзоёни он кариб ба 20000 нафар расидааст. Аз хама минтакаи хатарнок дар инкишофи гурухи террористй ин вилоятхои Ош ва Чдлолободи ^иргизистон мебошад. Ногуфта намонд, ки аъзоёни гурухи террористии Х,изб-ут-Тахрир дар Федератсияи Русия низ кам нестанд, хамасола дар шахрхои калони Русия ба мисоли Санкт-Петербург, Челябинск, ^рим ва дигар шахрхо аъзоёни ин даста дастгир мегарданд.
Солхои 90-уми асри XX рохбари гурухи террористии Х,изб-ут-Тахрир Акрам Юлдошев дар Узбекистон гурухи экстримистиро бо номи «Акрамия» ташкил мекунад. Акрамия идеологияи худашро бо номи «Рох ба имони хакикй» муарифй менамояд. Максади асосии ин дастаи экстримистй сарнагун намудани хукумати амалкунандаи Узбекистон ва ташкил намудани давлати Исломй дар Узбекистон буд. Ин гурухи экстримистй якчанд амалхои чиноиро дар Узбекистон ба души худ гирифтааст, инчунин шурише, ки дар шахри Андичон мохи маи соли 2005 бо хунрезии зиёд гузаронида шудааст.
Аз руи баъзе маълумотхо, гурухи акрамистон аз катори мухочирони Осиёи Марказй таи чанд сол аст, ки дар Русия фаъолият дорад. Аз чумла, дар сайти «Антитеррор» дар соли 2014 кайд карда шуд: «Дар назари аввал, фаъолияти акрамистон дар Русия набояд боиси нигаронй шавад. Аммо пас аз шуриши Андичон дар бораи ваъдахои акрамистон, ки онхо танхо «усулхои гайри низомии мубориза»-ро истифода мебаранд боиси нигаронист. Шурише, ки дар Андичон гузаронида шуд, хеле хуб ба рох монда шуда, кисми ахоли ба митинги ором баромадаанд, аммо дар рафти митинг иштирокчихо номаълум аз кучо сохиби ярокхои оташфишон мегарданд. Баъд дар рафти тафтишот маълум мегардад, ки ташкилкунандахои митинг ба маблги 300 хазор долларй амрикои аз гуруххои чинояткоронй Ч,умхурии ^иргизистон ярок харидори намуда бо рохи пинхонй ба мамлакати худ ворид намудаанд.
Оид ба фаъолияти ин ташкилоти экстримистй дар Осиёи Марказй муборизаи чиддй огоз гардидааст, аз чумла суди ^иргизистон дар соли 2014 дар асоси мурофиаи якчояи Кумитаи амнияти миллй ва Прокуратураи генералии чумхурй гурухи исломии «Акрамия»-ро экстримисти эълон кард ва фаъолияти онро дар худуди мамлакат манъ намуд.
Дар байни тарафдорони «Акрамия» сохибкорон бисёранд, зеро идеологияи он ба даст овардани сарватро истисно намекунад. Айтмамат Тентибоев дар маколаи худ бо номи «Акрамистон Бишкекро азхуд карда истодаанд» навиштааст, ки новобаста аз эътирофи Акрамия, ки дар ^иргизистон гайриконунй аст, дар минтакахои чанубй намояндагони ин мазхаб фаъолияташро вусъат медиханд ва аъзохояшро аз хисоби чавонони Узбекистон зиёд
намуда истодааст. Рох барои фаъолияти «Акрамия» курской гуногун мебошанд, аз чумла тайёр кардани чавонон ба ихтисосхои корй (таъмири мошинхо, техникаи маишй, истехсоли махсулоти каннодй ва г.). Хатмкардагони чунин курсхо, ки кумаки моддй мегиранд, тичорати худро боз мекунанд [8].
Дар Точикистон бошад нисбат ба давлатхои аъзои СХ,Ш фаъолияти террористй солхои охир кохиш ёфтааст, аммо чалби чавонон ба ташкилотхои террористие, ки дар Сурия ва дигар давлатхо фаъолият мебаранд, идома дорад. Дар содир намудани чиноятхои террористй, экстримистй ва чалби чавонон ба ташкилотхои террористй сахми собик хизби сиёсии мухолифин Хизби нахзати Исломии Точикистон (ХНИТ) хеле калон аст. Аксарияти амалхои террористие, ки дар Точикистон содир шудааст ё дар вакти тайёри ба чинояти террористй ва экстримистй дастгир гардидаанд, аъзоёни ин хизби сиёсй мебошанд.
Хукумати Точикистон саривакт дарк намуда, барои катъ гардидани фаъолияти ин хизби сиёсй мусоидат кард. Аммо бо як катъ кардани фаолият кор набояд ба итмом расад, зеро нафароне, ки аъзои ин хизб буданд холо хам барои давлати Точикистон ва халки он хатари калон дорад. Точикистон нисбати экстримистон ва террористон дигар набояд принсипи инсондустиро истифода намояд. Холо хдм саривакт аст, ки Точикистон собик аъзои ХНИТ-ро экстремист эълон карда, нисбати чиноятхои экстремистй ва террористие, ки солхои 1991-1997 содир кардаанд ба чавобгарй кашад, зеро хаёти шахс арзиши олй мебошад ва барои огоз кардани парвандаи чиноятй нисбат ба чиноятхои бар зидди шахсият мухлат пешбинй нашудааст. Мисоли ин дар давлатхои Аврупо барои чиноятхои солхои 1941-1945 асри XX содир гардида, садхо парвандаи чиноятй огоз гардидааст ва аксарияти парвандахо пас аз 50-55 соли хотимаи чанг огоз гардидаанд.
Ба гуфтаи Е. Сисоев, безараргардонии фаъолияти экстремистй-террористии ХНИТ ба кохиши чалби шахрвандони Точикистон мусоидат кард [6, с. 6].
Дигар минтакаи хавфнок, ин нохияи худмухтори Уйгури (Синсзян) Хитой мебошад [3, с. 113]. Дар ин минтака милатхои гуногун ба монанди: уйгур, казок, киргиз, узбек, мугул, точик, тотор, даур, рус ва дигар миллатхо хеле зиёданд. ^исми ахолии ин минтака дар кашшокй зиндагй дорад ва байни ахолй доимо нофахмии зиёд мавчуданд, сабаби асоси махалчигй, милатгарой, гуногунии динхо, бар замми ин хар гуна гуруххои хурд-хурди чинояткорон фаъолият мебаранд, ки ин холат ташкилотхои террористиро дар хомушй ва бетараф истодан намемонад.
Дар тули фаъолияти худ СХШ якчанд хуччатхоро дар мубориза бар зиддй терроризм, экстремизм ва сепаратизм кабул кардааст. Барои дар амал тадбик намудани хуччатхо ва созишномахо барои мубориза бо чиноятхои махсусан вазнин зарур буд, ки макомоти махсус ташкил гардад ва соли 2002 барои ташкили макомоти нав бо номи Сохтори минтакавии зиддитеррористй (СМЗТ) бо сахми аъзохои СХШ кадамхои аввалин гузошта шуд ва ин ташкилот 17-уми июни соли 2004 расман кушода шудааст [7,с.9-10].
Ногуфта намонд, ки сахми СМЗТ СХШ дар пешгирии чиноятхои террористй, экстремистй ва сепаратистй дар Точикистон ва дигар давлатхои аъзо кам нест. СМЗТ макомоти доимамалкунандаи СХШ мебошад, ки барои мусоидат ва хамохангй байни макомоти салохиятдори давлатхои аъзои созмон дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, ки дар Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 пешбинй шудааст, фаъолият менамояд [1,с.48]. Айни замон рохбарии ин сохторро намояндаи Точикистон Чумъахон Гиёсов аз 1 январи соли 2019 ба ухда дорад. Созмон дар фаъолияти худ ба бисёр дастовардхо дар таъмини бехатарй ноил гардидааст.
Дар солхои охир истифодаи васеи технологияхои муосири иттилоотй аз чумла шабакаи интернет аз чониби ташкилотхои террористй ва экстремистй ба рох монда шудааст. Дар ин хусус густариши хамкорихои кишвархои узви СХШ дар сохаи таъмини амнияти иттилоотй ва пешгирии истифодаи технологияхои иттилоотй, ки максадхои харобкунанда доранд, ахамияти мухим пайдо кардааст [10,с.139-140]. Хуччати калидии СХШ дар ин соха Созишномаи хамкорй дар сохаи амнияти байналмилалии иттилоотй мебошад, ки рушди механизмхои мубориза бо кирдорхои гайриконунй ва пешгирии идеологияи терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар интернет мебошад [5,с.69].
Бо ин максад, яъне барои манъ кардани истифодаи интернет дар ташвики идеологияи терроризм, сепаратизм ва экстремизм корхои зиёд ба рох монда шудааст, аз чумла: зиёда аз 2300 сайти экстремистй ва террористй муайян карда шудаанд; такрибан 45000 маводи видеой, аудиой, фотоэлектронй ва харгуна адабиёти хусусияти даъват ба сафи гурухои террористй ва экстремистй дарёфт ва безарар гардонида шуд; парвандахои чиноятй ва маъмурй нисбат ба гунахкорон огоз гардида, нафарони гунахкор ба чавобгарй кашида шудаанд.
С оли 201 5 ав в алин машкхои муштараки зиддитеррористии макомоти салохиятдори давлатхои аъзои СХ,Ш оид ба муковимат ба истифодаи интернет бо максадхои террористй, чудоихохй ва экстремистй «Сямин-2015» дар Хитой баргузор гардид. Дар чараёни машкхо чорахои амалй оид ба хамкорй ва хамохангсозии фаъолияти макомоти салохиятдори давлатхои аъзои СХ,Ш дар ин соха тахия карда шуданд [7, с.14].
Бояд кайд намуд, ки машкхои мушараки зиддитеррористй на танхо дар доираи чиноятхои дар интернет содиршаванда, ба монанди даъват ба ташкилотхои террористй, инчунин барои дар амал пешгири кардани чиноятхои террористй аз соли 2002 то хол давом дорад. Машкхои то соли 2007 гузаронида шуда, «Хдмкорй» ном доштанд ва бо иштироки хайати махдуди куввахои мусаллахи давлатхои аъзои СХ,Ш баргузор шуданд. Аз соли 2007 бошад дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар доираи СХ,Ш машкхои муштараки зиддитеррористии куввахои мусаллахи давлатхои аъзои Созмон бо номи «Миссияи сулх» дар хар ду сол як маротиба гузаронида шуда истодааст.
Машкхои «Миссияи сулх» микёси васеъ ва хамачонибаро дар бар мегирад, ки дар пойгоххои таълимй-харбй, ки дар минтакахои дурдасти кухистон, минтакахои нохамвор, биёбон ва минтакахои шахрй дар каламрави як катор давлати аъзои СХ,Ш чойгиранд, гузаронида мешаванд. Дар ин чорабинихо хазорон контурхои вохидхои махсуси зиддитеррористии куввахои мусаллахи давлатхои аъзои СХ,Ш иштирок мекунанд. Дар машкхо нерухои хушкигард, гуруххои хавой, кисмхои эхтиётй ва дигар чузъу томхои чангй бо хавопаймо, наклиёти мучаххаз, чархболхо, танкхои навъхои гуногун, мошинхои чангии пиёда, мошинхои зирехпуш ва дигар силоххо иштирок мекунанд.
Дар охир бояд кайд намуд, ки давлатхои аъзо бо гуруххои террористй, сепаратистй ва экстремистй мубориза бурда, барои пешгирии онхо талош меварзад. СХ,Ш барои ба рох мондани хамкорй бо ташкилотхои дахлдори байналмилалй ва ташкилотхои минтакавй чихати муайян ва манъ кардани роххои харакати чинояткорон, ки барои иштирок дар мунокишахои мусаллахона дар каламрави давлати сеюм машкхои харбии террористй дар ташкилотхои байналмилалии террористй гузаштаанд, инчунин муайян намудани шахсоне, ки пас аз таълим ба каламрави давлатхои аъзои СХ,Ш бармегарданд, ки дар мунокишахои мусалахона дар ташкилотхои байналмилалии террористй ширкат варзидаанд. Инчунин накши фаъолияти СМЗТ СХ,Ш дар пешгирии чинояткороне, ки бо сахми собик хизби сиёсии мухолифин Х,изби нахзати Исломии Точикистон (Х,НИТ) ба ташкилоти террористй дохил шудаанд, кам нест.
ПАЙНАВИШТ:
1. Алимов, Р.К. Шанхайская организация сотрудничества: становление, развитие, перспективы/Р.К.Алимов.- М.: Весь Мир, 2017. - 336 с.
2. Алимов, Р.К. Шанхайская организация сотрудничества: глобальный профиль в международных отношениях/Р.К. Алимов.-М.: Весь Мир, 2018. - 400 с.
3. Васильев, Л.Е. Борьба с терроризмом на пространстве ШОС: монография / Л.Е. Васильев. -М.: ИДВ РАН, 2017. - 216 с.
4. В Узбекистане осудили четверых участников «Исламского движения Туркестана» // Интерфакс. 02.11.2015. Доступ: http://www.interfax.ru/world/476902
5. Кашин, В.Б. Перспективы сотрудничества в сфере международной безопасности в рамках Шанхайской организации сотрудничества/В.Б.Кашин// Проблемы обеспечения безопасности на пространстве ШОС. - М.: Весь мир, 2017. - С. 66-73.
6. РАТС ШОС открыта для сотрудничества ради консолидации усилий в борьбе c терроризмом // Народная газета.- № 51 (20125).-6 декабря 2017.
7. Сысоев, Е.С. РАТС ШОС. Опыт строительства региональной международной организации // Проблемы обеспечения безопасности на пространстве ШОС/Е.С.Сысоев.-М.: Весь мир, 2017. - С. 8-18.
8. Тентибаев, А. «Акрамисты» осваивают Бишкек/А.Тентибаев//ЦентрАзия. 29.04.2014. Доступ: http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1398789600
9. Холикназаров, Х. Таджикистан - ШОС: стабильность и процветание. Научно-публицистическое издание/Х.Холикназаров.-Душанбе:ЦСИ при Президенте РТ, 2013.- 248 с.
10.Шанхайская организация сотрудничества в сообщениях ТАСС / Под ред. Р.К. Алимова и С.В. Михайлова. - М.: Весь Мир, 2018. - 272 с.
№1(66) 2021
• HOMAH AOHHmrO^ • yHEHME 3AnHCKH • SCIENTIFIC NOTES
REFERENCES:
1. Alimov, R.K. Shanghai Organization Cooperation: Formation, Development, Prospects / R.K. Alimov. - Moscow: Throughout the World, 2017. - 336 p.
2. Alimov, R.K. Shanghai Organization Cooperation: a Global Profile in International Relations / R.K. Alimov. - M.: Throughout the World, 2018. - 400 p.
3. Vasylyev, L.Ye. In Combat with Terrorism in ShOC Space: monograph / L.E. Vasylyev. - Moscow: IDV RAN, 2017. - 216 p.
4. Four Participants of "Islamic Movement of Turkestan" Were Convicted in Uzbekistan // Interfax. 02.11.2015. Regime of availability: http://www.interfax.ru/world/476902
5. Kashin, V.B. Prospects for Cooperation in the Field of International Security within the Frameworks of Shanghai Organization Cooperation / V.B. Kashin // Problems Beset with Ensuring Security in ShOC Space. - M.: Throughout the World, 2017. - P. 66-73.
6. The ShOC RATS Is Open for Cooperation Targeted at Consolidation of Efforts in Combat wit Terrorism // The People's Newspaper, No.- 51 (20125).-December 6, 2017.
7. Sysoev, ye.S. The ShOC RATS. An Experience of Building a Regional International Organization // Problems Beset with Ensuring Security in ShOC Space / Ye.S Sysoev. - M.: Throughout the World, 2017. - P. 8-18.
8. Tentibayev, A. "Akramists" Are Mastering Bishkek / A.Tentibayev // Central Asia. 04/29/2014. Regime of availability: http://www.centrasia.ru/newsA.php?st=1398789600
9. Kholiknazarov, Kh. Tajikistan - ShOC: Stability and Prosperity. Scientifico-Publicistic Edition / Kh. Kholiknazarov. - Dushanbe: Agency on Statistics under the Auspices of the President of Tajikistan Republic, 2013. - 248 p.
10. Shanghai Organization Cooperation in TASS Reports / under the editorship of R.K. Alimov and S.V. Mikhailova. - - M.: Throughout the World, 2018. - 272 p.