Научная статья на тему 'НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ДОҲИЛИЮ ХОРИҶӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ'

НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ДОҲИЛИЮ ХОРИҶӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
234
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
САЙЁҲ / АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ / ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ / ИНФРАСОХТОР / ХАТСАЙРИ САЙЁҲӢ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Саъдиев Муҳаммаддовуд Муҳмадкаримович

Дар мақолаи мзкур оид ба заминаҳои рушди соҳаи сайёҳи дар минтақаи Рашт, нақши анъанаҳои милли ва ҳунарҳои мардуми дар рушду инкишофи соҳаи сайёҳии минтақа, камбудию норасоги ва роҳои бартараф намудани онҳо ҷиҳати таъмини инфрасохтори зарурии соҳа маълумотҳо гирд оварда шудааст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE ROLE OF NATIONAL TRADITIONS AND CRAFTS OF THE PEOPLE IN ATTRACTING DOMESTIC AND FOREIGN TOURISTS TO THE RASHT REGION

This article collects information on the basis of the development of the tourism sector of the Rasht region, the role of national traditions and crafts of the people in the development of the tourism sector of the region, their shortcomings and ways to overcome them. in terms of providing the necessary infrastructure for the industry.

Текст научной работы на тему «НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҶАЛБИ САЙЁҲОНИ ДОҲИЛИЮ ХОРИҶӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ»

НАЦШИ АНЪАНА^ОИ МИЛЛЙ ВА Х,УНАРХ,ОИ МАРДУМЙ ДАР ^АЛБИ САЙЁ^ОНИ ДО^ИЛИЮ ХОРИ^Й БА МИНТАЦАИ РАШТ

САЪДИЕВ МУХ^АММАДДОВУДМУХ^МАДКАРИМОВИЧ,

Ассистенти кафедраи география ва %ифзи табиат факултети география ва %ифзи табиати Донишкадаи омузгории Тоцикистон дар но^ияи Рашт.

E-mail: mahmadovudsaditv@gmail.com, Тел: (+992) 918780624;

Дар мацолаи мзкур оид ба замина^ои рушди сощи сайёщ дар минтацаи Рашт, нацши анъана^ои милли ва цунарцои мардуми дар рушду инкишофи сощи сайё^ии минтаца, камбудию норасоги ва ро^ои бартараф намудани ощо цщати таъмини инфрасохтори зарурии соуа маълумот^о гирд оварда шудааст.

Калидвожах;о:сайё% анъана^ои милли, цунарцои мардуми, инфрасохтор, хатсайри сайёхй.

РОЛЬ НАЦИОНАЛЬНЫХ ТРАДИЦИЙ И РЕМЕСЕЛ НАРОДА В ПРИВЛЕЧЕНИИ ОТЕЧЕСТВЕННЫХ И ИНОСТРАННЫХ ТУРИСТОВ В РАШТСКИЙ РАЙОН

САЪДИЕВ МУХАММАДДОВУДМАХМАДКАРИМОВИЧ

ассистент кафедры географии и охраны природы факультета географии и охраны природы Педагогическогого института Таджикистана в Раштском районе

E-mail: mahmadovudsaditv@gma.il.com Тел: (+992) 918780624;

В данной статье собрана информация на основе развития сферы туризма Раштского района, роли национальных традиций и ремесел народа в развитии сферы туризма региона, их недостатков и путей их преодоления. с точки зрения обеспечения необходимой инфраструктурой отрасли.

Ключевые слова: туризм, национальные традиции, народные промыслы, инфраструктура, туристический маршрут.

THE ROLE OF NATIONAL TRADITIONS AND CRAFTS OF THE PEOPLE IN ATTRACTING DOMESTIC AND FOREIGN TOURISTS TO THE RASHT REGION.

SADIYEVMUHAMMADDOVUD MAKHMADKARIMOVICH

Assistant of the Department of Geography and Nature Conservation Faculty of Geography and Nature Conservation Pedagogical Institute of Tajikistan in the Rasht region

E-mail: mahmadovudsaditv@gmail.com Phone: (+992) 918780624;

This article collects information on the basis of the development of the tourism sector of the Rasht region, the role of national traditions and crafts of the people in the development of the tourism sector of the region, their shortcomings and ways to overcome them. in terms of providing the necessary infrastructure for the industry.

Key words: tourism, national traditions, folk crafts, infrastructure, tourist route.

Мушохида мешавад, ки дар шароити муосири иктисодй бозорй дар аксари мамлакатхои чахон ба рушду тараккии сохаи сайёхй хамчун яке аз сохахои пешрафти иктисоди миллй ва чахон диккати калон дода мешавад.

Танзими хукукии ин соха дар системаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар мисоли Конситутсия зохир мешавад. Аз мукаррароти моддаи 38- и Конситутсияи Чумхурии Точикистон бармеояд, ки давлат барои солимгардонии мухити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи чисмонй ва сайёхй тадбирхо меандешад. Гайр аз ин, аз 3- юми сентябри соли 1999 тахти №824 ^онуни ЧТ "Дар бораи туризм", бо карори Хукумати ЧТ аз 03.05.2014, тахти №301 "Накша чорабинихо оид ба бехтар намудани фазои сармоягузорй дар бахши туризм дар ЧТ", "Соли рушди сайёхй ва хунархои мардумй" эълон намудани соли 2018 аз 29 декабри соли 2017, №977, дар паёми рохбари кишвар аз 26 декабри соли 2018 пешниход шудани солхои 2019-21 "Солхои рушди

дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" ва гайра аз чумлаи тадбирхои андешидашудаи Хукумати мамлакат мебошад.

Арзишхои милли сарвати бебахои миллатанд, зеро хеч миллат бе арзишхои милли вучуд дошта наметавонад. Махс ин арзишхо хастии миллатро нигох дошта онро ба чахониён муарифи менамояд. Анъанахои миллй ва хунархои мардуми чузъи арзишхои миллй буда, дар муарифии миллат накши мухим дорад.

Замони чахонишави ва бархурди тамадунхо моро водор месозад, ки нисбат ба арзишхои миллй худ бетараф набошем чунки ин бетарафи сарнавишти ояндаи миллатро бахатар меандозат.

Анъанахои миллй ва хунархои мардумии точикон таърихи кадима дошта дар тули мавчудияти ин миллат пайваста рушду такомул ёфтаанд. Ин арзишхо гарчанде чун сарзаминхои пахнорави ин миллат боорхо зери истилохи ачнабиён, зулму бедодгарии халкиятхои бегона кароргирифта бошадхам аммо дар хеч давру замон кимати худро аз даст надодаанд. Чунки ин арзишхо хикмати воло арзиши бебахо дошта, баёнгари таърихи кадимаи ин миллат мебошанд.

Раштонзамин як гушаи ободу зебо, пурнакхату бо тароват, файзхезу файзрези Точикистон аст. Ин мавзеъи кишвар бо боду хавои тоза кулу дарёхои мусафо манзарахои дилфиреб дар дили куххо бихиштеро мемонад, ки назираш дар микёси олам камаст. Дар баробари ин хама боигарихои табиат мардуми захматкашу мехнатдусти ин води дорои анъанахо ва хунархои хосе мебошанд, ки барои чалби саёхони хоричиву дохилй ба ин минтака метавонад накши мухим дошта бошанд.

Дар Раштонзамин хануз хам бисёре аз маросимхои миллй ва макали, ки муталлик ба гузаштаи дури ин миллатанд то ба имруз шаклу мазмун ва ахамияти худро аз даст надодаанд ва мутобики ин замон анчом мешаванд. Вале новобаста ба ин шумораи зиёди анъанаю маросимхои миллй, ки асрхои пеш ба ачдоди мо таллук доштанд то ба имруз мохияти худро аз даст додаанд. [1]

Доир ба чашнхо, хунархои мардумй, урфу одати сокинони ^аротегин дар якчанд сарчашмахои илмй ва бозёфтхои таърихии ин минтака маълумотхои арзишманде мавчуданд. Аз чумла, дар асари " Таджики" А.Шишов, "Точикони ^аротегин ва Дарвоз" дар зери тахрири Н.А.Кисляков ва А.К. Пирсарчик, "Досуги в Туркестан" Г.А. Арандаренко, " Горные таджики Каратегина в Ферганской долине (конец XIX — начало XX в.)"С. С. Губаева ва гайра мисол шуда метавонад. [2]

Хамчунин накши олими рус А.А Семёнов дар омузиишу тахкики анъанахои милии точикони кухистон махсусан ^аротегин назаррас аст. Семёнов дар асари худ "Очеркхои этнографии кухистони Зарафшон, ^аротегин ва Дарвоз"(М., 1903) Маълумоти чугрофй, таърихи ва мардумшиносй додааст.

Хочат ба ёдоварист, ки дар замони истиклолияти кишвар эхёи анъанахои милй, хунархои мардуми ва мухофизат аз мавзеъхои таърихй зери тавачухи махсуси хукумат алалхусус Пешвои миллат асосгузори сулху вахдати милли мухтарам Эмомали Рахмон карор гирифтааст. Солхои 2019-21 эълон шудани "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" яке аз кадамхои мухим дар ин самт буд, ки бори дигар имконият фарохам овард то хунархои мардумии мо дар сатхи чахони муарифи гарданд. Максад аз ин пешниход амалигардонии талошхои хукумати мамлакат бахотири боз хам обод кардани Точикистон вахали масъалахои ичтимои ахоли борохи бехтар намудани инфрасохтор, пеш аз хама, дар сохаи маорифу тандурустй, таъсиси чойхои корй, таъмин кардани ахоли бо оби босифати ошомиданй, бунёду тачдиди роххои махалй, рушди инфрасохтори сайёхй ва инкишофи хунархои мардумй, ба талаботи муосир мутобик сохтани сатхи хизматрасонй ва баланд бардоштани некуахолии мардум дар хар як деха ва махали ахолинишин мебошад. [3]

Хунару хунармандй яке аз фазилатхои халкие мебошанд, ки хар халку миллатро дар низоми тамаддунофарй чойгузин менамояд. Водии ^аротегин дар гузашта ва имруза низ чойгохи волоеро дар ин чода касб кардааст. Дар гузашта хар сарзамин бо хунархои гахворатарошй, табактарошй, охангарй, токидузй, пешсузанй ва дигар хунархо дар байни минтакахои дигар фарккунанда буд.Гайр аз ин, хар усто як рамз ё н ишонахои хоссе дошт, ки он амали дастии хамон усторо муайян мекард.

Бахшида ба "Солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" дар нохияхои минтакаи Рашт аз чониби хукуматхои махали як катор чорабинихо ба накша гирифта шуда амали гардидаанд. Дар санаи 20-уми марти соли равон дар нохияхои Точикобод, Нуробод, Лахшу Сангвор ва хамчунин рузи 22-юми март дар нохияи Рашт чашни байналмилалии Навруз тачлил шуд. Дар ин намоиш хунархои табактарошй, охангарй, дуредгарй, гулдузй, курамадузй ва дигар хунархои хоси мардуми пешкаши мехмонон гардиданд.

Санаи 23 майи соли равон бо ташабуси бахши саёчи Хукумати нохия бахшида ба "Соли рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардуми" ва рузи Ч,авоони Точикистон дар нохия Рашт аваллин озмуни "Мисгарию охангарй" баргузор гардид. Голибони озмун дар даври чумхуриви иштирок намуда, ба сипосномаи Кумитаи сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точкистон кадрдони гардиданд.

Бо максади муарифи шоистаи таърихи минтака махсусан анъанахои милли ва хунархои мардумй аз чониби сохибкори махалй Акобиров Мирзошо дар дехаи Ч,афри нохияи Рашт осорхонаи хусуси "Кухсори Ачам" сохта бахшида ба чашни 30 солагии истиклолият мавриди бахрабардори карор гирифт.

Хамасола дар нохияхои минтакаи Рашт чашнхои миллй амсоли чашни Навруз, Мехргон, Садда дар стхи баланд тчлил мешаванд, ки ин чорабинихои чашни дар чалби сайёхони дохилию хоричй накши мухим дошта дар муарифии фарханги ниёгонамон ахамияти багхят калон доранд.

То имруз дар худухи Рашт 6 хатсайри сайёхи «Душанбе -Рашт дарахои Чафр-Камароб», «Душанбе- Рашт дарахои Ч,афр- Хоит», «Рашт- дарахои Камароб - Тагоба», «Рашт-дараи Ч,афр», «Рашт-Хоит» ва «Рашт-Шамар» дар минтакахои кухи мукарар шудааст. [4]

Мавриди зикр аст, ки чихати дастрасии сайёхони дохилию хоричй ба маводхои иттилоотй дар хамкорй бо Ташкилоти чамъиятии "Маркази рушди туризм" "Рохнамо -Guidtbook"-и сайёхии нохия бо забони англисй тахия гардид, ки ба он хатсайрхои сайёхй ворид гардиданд. Инчунин, дар хамкорй бо Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон маълумотнома оид ба имкониятхои сайёхии нохия дар шакли буклет бо забонхои точикй ва англисй омода карда шуда, дар чорабинихои гуногун пешкаши сайёхону мехмонон гардонида мешаванд. Ин тадбирхои андешидашудаи хукумати махали барои муарифии анъанахои милй ва хунархои мардуми, чалби сайёхони хоричию дохили ба минтакаи Рашт метавонад такони чиди бахшад.

То имруз дар нохияи Рашт инфрасохтори зарури барои рушти сохаи сайёхи аз кабили 2 осорхона, 2 боги фархангй-фарогатй 1 боги ботаникй, 3 мехмонхона, 1 мехмонхонаи хурд, 15 хомстей, 3 тарабхона 22 ошхона, 1 маркази хунарманди ва фуруши армугонхои миллй, 1 маркази иттилоотии сайёхй ва 1 ширкати сайёхй ташкилу барох монда шудаст. [4]

Мушохидахои хамасола нишон медиханд, ки сайёхони хоричй нисбат ба чашнхои миллии мо таваччухи хоса дошта, иштироки бевоситаи онхо дар тачлили ин чашнхо гувохи гуфтахои болост. Аммо бо вучуди ин аксари сайёхони хоричй хангоми ташриф ба минтакахои дурдаст аз норасогии рохбаладон ва паст будани сатхи хизматрасонихо ба мушкилотхо дучор мешаванд. Норасогии дигаре, ки ба сатхи хизматрасонй дар сохаи сайёхи таъсири манфи мерасонад ин маълумоти нокифоя доштани мутахасисони соха махсусан рохбаладон нисбат ба таъриху фарханги ниёгон ва мавкеи чугрофию шароитхои табии минтака мебошад. Рохбаладоне, ки сайёхонро ба мавзеъхои табиию таърихии минтака рохнамои менамоянд, дар баробари забондонй бояд инчунин аз таъриху фарханг, шароитхои табии ва мавкеи чугрофии хар мавзеи минтака огохи дошта бошанд.

Хамчунин шумораи магозахои армугонхои милли ва растахои фуруши хунархои мардумй дар нохияхои минтака кам бачашм мерасанд. Бояд кайд намуд, ки ба махсулотхои хунархои мардумй натанхо сайёхон балки ахолии махали низ эхтиёч

доранд. Хднгоми мушохидахои бозорхои минтака, ба махсулотхои пастсифате, ки аз хоричи кишвар ворид мешаванд во мехурем, дар байни онхо олотхои рузгор махсусан асбобхое, ки дар сохахои хочагии кишлок истифода мешаванд кам нестанд. Дар холе, ки ин ашёхо аз тарафи хунармандони шахраку дехотхои хамин минтака ба сифати баланд истехсол мешаванд. Чунин устохои мохир кариб дар хамаи дехкадахои минтака бачашм мерасад, ки хунари дастии онхо сифати аъло дорад. Яке аз дехохое, ки бохунармандонаш дар микёси води машхур мебошад Навдех буда, дар ин деха асосан хунари дуредгари, охангари ва аз хунархои кадбонувон нонпазй, тарзи пухтани таъомхои миллй, дузнандаги боиси тахсин аст. Дар минтакаи Раштонзамин дар гузашта ва имруза хунари охангарй дар байни чамъият чойгохи махсусеро ишгол мекард. Аз чумла, дар дехахои ^азнок, Шул, Навдех, Камароб, ^алъанак, Ч,афр, Нимич ва дигархо ин хунар хело тараккй карда буд.

Яке аз устохои охангар, ки имруз хам сокинони Навдех аз он ёдовар мешаванд ин Усто Толиб Содиков мебошад, ки дар асари "Точикони ^аротегин ва Дарвоз" дар зери тахрири Н.А.Кисляков ва А.К. Пирсарчик,дар бораи У чунин кайд шудааст: (ба таври муфассал) " Асбобхои тайёр кардаи Усто Толиб Содиков ба монанди асбобхои тайёр кардаи заводхо мебошанд.Тамоми асбобхои у барои кор дар колхозхо ва хочагихо истифода мешаванд...". Гайр аз Н.А.Кисляков менависад, ки " дар дехаи Навдех зиёда аз 8- нафар охангар кор мекунад" [5]

Аз гуфтаи таърихнигорон ва пирони рузгордидаи ин ин деха бар меояд, ки дар гузашта махсусан дар охири асри XIX- ибтидои асри XX хунари охангарй дар ин деха хело рушд намуда буд. Бинобар гуфтаи усно Махмадилёс дар дехаи Навдех 12 охангар буд, ки махсули дасти онхо дар микёси води ба таври васеъ истифода мешуданд.

Имрузхо дар деха факат як устои охангар усто Давлатов Махмадилёс кору фаъолият дорад. Усто ин хунари ачдодии худро тули 40 сол шуд, ки зинда нигох дошта ба писарон ва шогирдонаш меомузонад.

Намунае аз асбобхои сохтаи Давлатов Махмадилёс.

Махсули дасранчи он хамасола дар намоишгохо ва озмунхои минтакавию чумхуриявй бахои баланд мегиранд, ки ин чихати муарифии хунархои мардуми ва чалби сайёхони хоричи ба ин минтак накши босазо дорад.

Дар байни устохои дуредгари деха усто Эшончон хунарманди мохир буда махсули дасранчи он барои хар бинанда чолиби дикат мебошад. Махсулотхои таёрнамудаи он бо касбияти том сохта шуда дар минтака маълуму машхур гардидаанд. Усто дар махсули дастранчи худ як катор навгонихо чой намуда махсулотро дикатчалбкунанда сохтааст, ки хамчун армугони мили ба сайёхон пешниход намудани онхо аз фоида холи нест.

Нам^ае аз дастранчи усто Эшончон

1 у *

Дар минтакаи Рашт хунархои дастии занон низ дастикам нестан дар ин диёри кухсор хунархои гулдузй, бофандагй ва кадбонуй шухрат доранд. Имруз дар баробари таъмини бозорхои дохилй мхсулоти худро ба маърази сайёхони минтакаи Рашт мегузоранд. Касбу хунари мардуми аз чумла токидузй, кулохдузй, камзулч, челак, куртаи чакани раштй, гулдузихо, пурпаю курпача, болихт ва умуман тамоми навъхои хунархои мардумй дузандагии мардуми точикро ривоч бояд дод. Дар хакикат сайёхони хоричи нисбат ба хунархои дузандаги мардумии мо тавачухи хоса дошта борхо ман шохиди бабар намудани либосхои миллй аз чониби сайёхони хоричй будам.

Яке аз ханархои кадимтарини мардуми Раштонзамин ин гудузй ва токидузй аст.Дар гузаштаи онкадар дури таърих токии каротегинй бо накшу нигорй хеш зеб дихандаи сари мардони бонангу номуси ин сарзамин буд, ки аз дигар минтакахо бо накшхои худ фаркунанда буд.

Таъомхои милии мо намунае аз хунархои даспухти кадбонувони хунарманд буда дар мзаю лазат ва тарзи хосаи пухт шухрати чахони пайдо намудаанд. Бо ташабуси сарвари мамлакат асосгузори сулху вахдати мили мухтарам Эмомалии Рахмон оши палав ба фехристи ЮНЕСКО дохил шуда ба тамоми чахониён муарифи шуд. дар баробари таъомхои милли боз таъомхое дида мешаванд ки хоси ин минтака мебошанд, аз он чумла Талкон, далда, умоч бо дуг, умоч бо шир, умоч бо ров, кочй, кашки сабз, кашки бо сару поча, моделоба, ордбод ва гайра аз чумлаи гизохое мебошад, ки тули садсолахо занони ин минтака омода менамоянд. Сайёхон нисбат ба таъомхои милию махалии мо тавачухи хоса доранд. [5]

Ба назари ман афзудани шумораи магоза ва рафхои фруши махсулотхои истехсолнамудаи хунармандон талаботро нисбат ба махсулотхои воридоти кам намуда, чихати муарифии хунархои мардумй накши босазо мегузорад.

АДАБИЁТ

1. Мухабатов Холназар Маъсумаи Муминй / Х. Мухабатов - Душанбе 2012. - С40-41.

2. Паёми президенти ЧТ дар бораи самтхои дохилию хоричии Чумхурии Точикистон аз 26.12.2018

3. Бахши сайёхии хукумати нохияи Рашт

4. "Точикони Кдротегин ва Дарвоз" дар зери тахрири Н.А.Кисляков ва А.К. Пирсарчик.

5. Пайёми ДОТ дар нохияи Рашт №1 (1) 2019 - С 76-173.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.