Научная статья на тему 'ПЕРСПЕКТИВЫ РАЗВИТИЯ ТУРИЗМА НА ТЕРРИТОРИИ БАЛДЖУВАНА ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ'

ПЕРСПЕКТИВЫ РАЗВИТИЯ ТУРИЗМА НА ТЕРРИТОРИИ БАЛДЖУВАНА ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ Текст научной статьи по специальности «Прочие социальные науки»

CC BY
24
2
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТУРИЗМ / РЕКРЕАЦИЯ / ЭКОСИСТЕМА / ФЛОРА / ФАУНА / ЭКОТУРИЗМ / ЗАПОВЕДНИК / ОСОБО ОХРАНЯЕМЫХ ПРИРОДНЫХ ТЕРРИТОРИЙ / ЭНДЕМИКИ

Аннотация научной статьи по прочим социальным наукам, автор научной работы — Амирхони Шарифхон

В статье дается характеристика важнейших туристических ресурсов природы Балджуванского района и рассматриваются вопросы, связанные с эффективным их использования для организации и устойчивого развития туристско-рекреационной деятельности на её территории. На основании данных результатов исследование и анализа проблемы приводятся важнейшие направление туристско-рекреационный региона, а также факторы, препятствующие развитию отрасли в регионе

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

PROSPECTS FOR THE DEVELOPMENT OF TOURISM IN THE TERRITORY OF BALJUVAN DISTRICT OF KHATLON REGION

The article describes the characteristic of the most important tourist resources of nature in Baldzhuvan district and discusses issues related to their effective use for the organization and sustainable development of tourist and recreational activities on its territory. Based on the results of the research and analysis of the problem, the most important directions of the tourist and recreational region, as well as factors hindering the development of the industry in the region, are provided in the article.

Текст научной работы на тему «ПЕРСПЕКТИВЫ РАЗВИТИЯ ТУРИЗМА НА ТЕРРИТОРИИ БАЛДЖУВАНА ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ»

Мукаддима. туризм падидаи муосири иктисодию ичтимой ва фархангию фарогатиест, ки дар заминаи ташакули бахшхои табий, иктисодию ичтимой, фархангию таърихй ба миён омада, ба яке аз сохахои даромадноки кишвархо табдил ёфтааст. Мувофики маълумотхои байналмилалии оморй айни хол 1/3 хисаи ахолии чахон майли сайру сайёхатро доранд.

Дар ин радиф Чумхурии Точикистон низ дорои захирахои бузурги туристию рекреатсионй буда, имконияти васеъи барои рушду густариши бахшхои гуногуни сайёхиро дорост. Дарки амик ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон буд, ки сохаи сайёхй зери таваччухи махсуси Хукумати мамлакат карор шрифта, дар солхои охир як катор имтиёзхо барои рушду нумуи соха мавриди амал карор гирифтанд.

^исми асосй, Максади асосии сиёсати давлатии Чумхурии Точикистон низ дар сохди сайёхй ин таъмин намудани шароитхои мусоиди хукуки барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектхои фаъолияти сайёхй ва дар ин замина таъсиси бозори самаранок ва ракобатпазири сайёхй дар Чумхурии Точикистон мебошад, ки имконотро барои конеъгардонии талаботи шахрвандони дохилй ва хоричй ба хизматрасонихои мухталиф ва сифатноки соха, таъмин намояд.[1]

Боиси хушнудист, ки солхои 2019-21-ро Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалй Рахмон "Соли рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй" эълон намуданд, ки ин икдоми нек барои рушди сохаи мазкур ва бахри баланд бардоштани сатхи зиндагонии мардум имконияти мусоидро фарохам меоварад.

Дар ин радиф Хукумати Махаллии нохияи Рашт бетарафи накарда бахри рушди ин сохаи даромаднок хамасола барномахо, намоишгоххо, конференсияхо ва карорхои гуногуни ба сохаи марбут кабул ва гузаронида мешавад.

Бо максади рушду нумуи сохаи туризм дар нохияи Рашт ва истифодаи самараноки захирахои сайёхй як катор чорабинихо ташкилу барох монда шудааст. Бо максади рушди сохаи сайёхй бо карори раиси нохия аз 1 июни 2018 «Барномаи рушди сайёхй дар нохияи Рашт барои солхои 20182021» кабул шуда, аз мохи декабри соли 2018 сар карда сомонаи сайёхй кушода гардид, ки дар он иттилооти зарурй оид ба ин соха пайваста нашр мешавад. Инчунин дар асоси накшачорабинихо бахшида ба солхои 2019- 2021 «солхои рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй» харитаи сайёхии нохия сохта шуда, шаш хатсайри сайёхй барои сайёхон мукарар гардидааст.

Мувофики хисоботхои бахши сайёхии нохия дар соли 2021 бо максади муаррифии имкониятхои сайёхии нохия дар хамкорй бо шабакахои телевизионии кишвар 6 барномаи махсус ва 7 адад ролику лавхахои таблиготй омода гардида намоиши онхо пайваста ба рох монда мешаванд. Инчунин, дар давоми сол аз чониби бахш зиёда аз 17 роликхои таблиготй тахия гардида, тавассути сомонаи сайёхии нохия (www.rashttravel.ti) ва шабакахои ичтимоии интернетй (facebook, YouTube ва instagram) мунтазам ворид карда мешаванд. [2]

Нохияи Рашт яке аз нохияхои кухсори кишварамон башумор рафта, дар водии дарёи Сурхоб чойгир шудааст. Шароит ва захирахои табии нохия барои рушди бахшхои гуногуни сайёхи заминаи мусоид фарохам овардаанд. Дар ин нохия имкониятхои васеъ барои рушди туризми рекреатсионй, сайёхй, ва дигар шаклхои туризм мвчуд аст.

Вобаста ба хусусият, характер, шаклу намудхои гуногуни туризмро чудо намудаанд. Яке аз намудхои фаъоли ин соха туризми кухсор мебошад, ки дар заминаи релефи мураккаб ташаккул меёбад. Туризми кухй ин сайёхати гайриоддй ба минтакахои кухистон хангоми гузаштан аз худудхои душворгузар мебошад.

Куххо танхо махали аслии табиат нестанд, балки мавзеи фарогату истирохатй барои одамон аз замонхои кадим ба шумор мераванд. Тамоми тамаддунхои кадимй дар замонхои гузашта ба минтакахои кухй алокаи зич доштанд. Аз каламрави онхо шохроххои бузурги тичоратй мегузаштанд, ин шохроххо кишвархои мухталифро бохам пайваст намуда пайвандгари халку миллатхои гуногун шуда, алокахои тичоратиро густариш мебахшиданд. Ёдгорихои бостонию фархангии мавзеъхои кухй ки таърихи онхо то ба асри санг мерасанд шаходати гуфтахои болост.

Иклими кухсор ва манзарахои табии он ба кас халоват бахшида барои дур кардани хастагй инчунин баркарор намудани саломатй дар умум заминаи муфид барои рушди туризми рекреатсионй ба шумор меравад.

Аз маълумотхои оморй бар меояд, ки холо дар минтакаи курсор хиссаи сайёхон дар бозихои варзишй кариб 30% , дар хатсайрхои кухй 19%, дар сайёхати пиёдагардй 30% ва дар лижаронй 10%-иро ташкил медихад.

Туризми курсор дар мукоиса ба дигар сохахои фаъолияти туризм яке аз сохаи афзалиятнок ба шумор меравад. Чунки сайёхон аксаран намуди туризми фаъолро аз кабили: туризми пурмочаро, трекинг, хайкинг, алпинизм, туризми кухй, рафтингро интихоб менамоянд.

Дар нохияи Рашт низ барои ташкилу барох мондани ин намуди туризм шароитхои мусоид фарохам мебошад. Аз соли 2010 сар карда дар минтакаи Рашт барои фатхи куллаи Исмоили Сомонй хатсайри махсус ташкил шудааст, ки ин хатсайр сайёхонро ба майдончаи "Москвина" мерасонад.

Яке аз бехтарин роххои бурдани сайёхон ба ин минтака ин парвози 30-40 дакикагй тавассути чархбол аз фурудгохи нохияи Лахш мебошад. Айни хол дар ин чо базаи лагери ширкати "Алп-Навруз" вокеъ аст.

Лагер дар минтакаи субалпй дар баландии 4200м аз сатхи бахр, дар чои якчояшавии пиряхи Волтер ва Москвина (шохоби шаркии пиряхи Фортамбек) вокеъ буда яке аз базахои нисбатан бехатар сафарбаркунй барои фатхи куллаи Сомонй ва Коржневский, тавассути рохи кутохтарин ба хисоб меравад. ^ароргохи назди пиряхи Москвина 10 га масохат дошта, чои комилан бехатар хангоми фаромадани тарма ва сангфарой (камнепад) мебошад. Барои сайёхону кухнавардон дар ин чо 4-то хаймахои ду нафараи гарми пахтагй, 11-то хоначахои чубй ва алюминй, инчунин ошхона, хамом, сауна ва гайра сохта шудаанд, ки дар чунин шароити душвори иклимй талаботи онхоро конеъ месозад.

Дар айни хол мавсими фаъолияти лагери кароргохи Москвина аз ду-се мох (июл-сентябр) зиёд нест. Дар дигар фаслхои сол ин мавзеъ аз сабаби душвории рох ва иклими кахратуну сард (харорати пасти хаво,барфу бод) барои сайёхону кухнавардон ва хавасмандони алохида дастнорас аст[3]

То имруз дар худухи Рашт 6 хатсайри сайёхи «Душанбе -Рашт дарахои Чафр-Камароб», «Душанбе- Рашт дарахои Чафр- Хоит», «Рашт- дарахои Камароб - Тагоба», «Рашт-дараи Чафр», «Рашт-Хоит» ва «Рашт-Шамар» дар минтакахои кухи мукарар шудааст.

Мавриди зикр аст, ки чихати дастрасии сайёхони дохилию хоричй ба маводхои иттилоотй дар хамкорй бо Ташкилоти чамъиятии "Маркази рушди туризм" "Рохнамо - Guidtbook"-и сайёхии нохия бо забони англисй тахия гардид, ки ба он хатсайрхои сайёхй ворид гардиданд. Инчунин, дар хамкорй бо Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон маълумотнома оид ба имкониятхои сайёхии нохия дар шакли буклет бо забонхои точикй ва англисй омода карда шуда, дар чорабинихои гуногун пешкаши сайёхону мехмонон гардонида мешаванд.[2]

Бо вучуди чорахои андешидашудаи Хукумати махаллй то хол норасогихои зиёде чихати таъмини инфрасохтори зарурй, норасогии кадрхои зарурии соха барои рушди туризми куххй ба назар мерасанд. Ба назари ман барои бартараф намудани норасогихои мавчудаи соха чалби сармояи дохили махсусан сохибкорони нохия аз манфиат холи нест.

Дар худуди нохия гайр аз сайёхати алпинистй ва пиёдагардии куххй инчунин заминаи мусоид барои рушди туризми лижаронй дар дараи Камароб ва мавзеи Шамар мавчуд мебошанд, ки ин захирахо омузиш ва тадкикотхои махсусро талаб менамоянд. Захирахои сайёхии Рашт барои инкишофи намудхои гуногуни сайёхати пурмочаро аз кабили рафтинг (шиноварй дар дарёчахои тезчараён), Туризми кухии аспсаворй ва велосипедронии кухй низ мусоид мебошад.

Намуди дигари туризм ки дар шароити кухистон имкони ба рох монданаш васъ аст туризми рекреатсионй дар минтакахои куххй мебошад, он ба инсонхо кумак мерасонад, ки то он нерую куввае, ки дар раванди фаъолиятхои фикриву чисмонй сарф кардаанд, баркарор намоянд. Ба воситаи таботати захирахои рекреатсионй, ё ин ки тамошои хатсайрхои куххй, истифодаи растанихои шифобахш ва гайра саломатияшонро баркарор намоянд. Дар хакикат чашмахои минералии дорои хосиятхои шифобахшй дошта, дар мавзеъхои кухй чойгир мебошанд, чунки куххо дорои захирахои бузурги минералй буда, шароитх,ои мусоид барои сохтани курортхои кухирро дар худ доранд. Флораи кухй дар худ намудхои камёфти дорухои растанигиро парвариш мекунад.

Мавзехои кухии Рашт олами рустаниёти бой дошта, дар дараи Камароб растанихои шифобахш мавкеи махсусро ишгол мекунанд. Аз руи маълумоти мутахасисон дар парваришгохи Камароб беш аз 50 намуди рустаниёти шифобахш ба кайд гирифта шудааст. Парваришгохи Камароб дар хакикат яке аз бехтарин экосистемахои мавзеъхои кухии кишварамон башумор рафта, дар сохили чапи

дарёи Камароб вокеъ шуда, ин митакаи дикатчалбкунанда барои рушди ояндаи сайёхати экологй заминаи муфид шуда метавонад.[4]

Дар нохияи Рашт инчунин барои рушди туризми экологй низ шароитхои мусоид фарохам мебошад. Туризми экологй нисбат ба дигар сохахои мавчудбуда мавкеи хоса дошта, солхои охир ру ба таракки ниходааст. Туризми экологй яке аз шаклхои маъмули туризм ба хисоб меравад, ки бо максади баланд бардоштани маърифати экологй, шиносой бо тарзи хает, урфу одат ва анъанахои мардуми махалй ба рох монда мешавад. Нохияи Рашт бо куххои сарбафалаккашида, намудхои гуногуни набототу хайвонот, руду чашмахои шифобахш, ландшафтхои кухй ва кухию чангалй, худудхои махсусмухофизатшавандаи табий-кухй барои рушди ин навъи сайёхй имконоти зиёд дорад. Тачрибахои пешкадами чахонй нишон медиханд, ки барои рушди самараноки туризми экологй асосан 4 заминаи асосй лозим аст:

- ^обилияти таваччух будани нуктахо ва хатсайрхо;

- Шароити пазироии сайёхон, чобачокунй ва сифати хизматрасонй;

- Дастрас будани минтакахо барои ташрифи сайёхон;

- Муносибати ахолии махаллй бо сайёхон. [5]

Дар худуди нохияи Рашт аз заминахои дар боло зикршуда факат вазъи инфрасохтори хизматрасони коста буда, заминахои табий ва муносибати ахолй бо сайёхон дар сатхи аъло мебошанд. Умедворем, ки дар ояндаи наздик инфрасохтори зарурй таъмин гардида, сатхи хизматрасонй баланд бардошта мешавад. Барох монндани туризми экологй дар дарахои мухталифи нохия имконпазир мебошад.

Рушди туризми экологй дар нохияи Рашт дар заминаи парваришгохи Камароб фаунаю флораи гуногун ва манзарахои дилфиреби дараи Камароб ба максад мувофик мебошад. Хамасола аз дараи овозадори Камароб сайёхону мехмонони хоричу дохилии кишварамон дидан менамоянд. Манзарахои дилфиреб, чашмахои шифобахш, обхои мусафои кулу дарёхо, шикор дар кухи Зугол, ин чунин гулмохии дарёи Камароб, олами хайвоноту рустаниёти нотакрор ва амсоли он садхо чойхои диданию шавковар дикати сайёхонро ба худ чалб менамояд.

Мавзеъи дигари тамошобоб ва дорои захирахои бузурги туризми экологй дар нохияи Рашт дараи Хоит аст. Дар ин мавзеъ дарахои Ёсуман, Шавр ва Назарайлок чойхои тамошобоб ва барои шикор мувофик мебошанд. Дараи Шавр ки аз саргах то охираш 21 км- ро ташкил медихад бо анвои растанию дарахтони мевадихандаю бесамар ва Оби Сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад макони гулмохии зебои Рашт мебошад.[2]

Дарахои Тагоба, ^алъанак, Навдех, мавзеи атрофи кулй Шамар ва амсоли он даххо мавзеъхои хушманзару тамошобоб, ки табиати беназир доранд ба кас руху равони тоза бахшида, дар худ табиати асрорангезеро нихон сохтаанд. Кули Шамар дар сохили чапи дарёи Сурхоб дар баландии 2000м аз сатхи бахр чойгир шудааст. Ин кул аз маркази нохия дар масофаи 25км вокеъ шуда барои истирохати тобистона ва каикронй мусоид мебошад.

Дар баробари захирахои табии туристй барои сайёхон мавзеъхои таърихи ва хунархои мардуми чолиби диккат мебошанд. Раштонзамин дар баробари табиати зебою нотакрор доштанаш ин чунин мардумаш мехмоннавозу мехнатдуст дорад, ки дар тули таърихи дурудароз хунархои миллии худро хифз то ба насли имруза бокй гузоштаанд.

Холо дар микёси нохия бештар хунархои охангарй, дуредгарй, заргарй, гулдузй, чакандузй ва гайра баназар мерасанд. Вале мутасифона баъзе аз хунархои миллй, ба монанди заргарй, кулолгарй, пойафзолдузй, коркарди пусту пашм ва колинбофй кариб ки аз миён рафтаанд.

Мувофик ба маълумотхои бахши сайёхии нохия Айни хол дар Рашт 115 нафар хунармандон, аз чумла 57 нафар мардон ва 48 нафар занон фаъолият дошта зиёда аз 12 намуди махсулотро тайёр мекунанд. Махсулоти тайёрнамуда натанхо дар бозори дохилй балки берун аз нохия ва чумхурй ба фуруш гузошта мешаванд. Дар айни хол дар нохия 1 адад нуктаи фуруши армукугонхои миллй фаъолият дошта, дар накшааст, ки дар истгохои навбунёдии шохрохи Душанде- Рашт-Лахш вокеъ дар нохияи Рашт чунин магозахои фуруши армугонхои миллй сохта шавад.

Айни хол дар нохия 2 осорхона, 2 боги фархангй-фарогатй 1 боги ботаникй, 3 мехмонхона, 1 мехмонхонаи хурд, 15 хомстей, 3 тарабхона 22 ошхона, 1 маркази хунарманди ва фуруши армугонхои миллй, 1 маркази иттилоотии сайёхй ва 1 ширкати сайёхй фаъолият мекунад.[2]

Хулоса, аз тахлилхо маълум мегардад, ки сохаи сайёхй дар тули се соли охир яъне солхои 20192021 бо эълон гардидани «Соли рушди дехот, сайёхй ва хунархои мардумй» дар нохияи Рашт то

андозае шумораи сайёхон зиёд гардидааст. Масалан агар дар соли 2019 ба нохия 2465 нафар сайёхон аз чумла, 2195 нафар сайёхони дохилй ва 270 нафар сайёхони хоричй ворид гардидаанд, ки нисбат ба соли 2018 шумораи сайёхон 1004 нафар зиёд буд. Дар давоми соли 2020 ба нохия 1689 нафар сайёхон аз чумла, 1651 нафар сайёхони дохилй ва 38 нафар сайёхони хоричй ворид гардидаанд. Ин нишондиханда дар соли 2021 ба 2334 нафар сайёхон аз чумла, 2232 нафар сайёхони дохилй ва 102 нафар сайёхони хоричй ворид гардидаанд.

2500

2000

1500

1000

500

0

соли 2018 соли 2019 соли 2020 соли 2021

Ташрифи сайёх,он дар чор соли охир ба нох,ияи Рашт

Солхои 2020 ва 2021 дар микёси чахон бо сабаби пахншавии бемории «Ковид-19»рушди сохаи сайёхй то андозае кохиш ёфтааст. Ин беморй ба ташрифи сайёхон ба нохияи Рашт низ бе таъсир набуда, дар нишондодхои боло ба таври возех инъикос гардидааст.

Нохияи Рашт яе аз нохияи кухии кишварамон буда, 97% онро куххо ишгол намудаанд. Аз сабаби кам будани заминхои киштшаванда ва суст рушт ёфтани сохаи саноат дар худуди нохия як кисми зиёди ахолй шароити дар нохия кору фаъолияти доимиро надошта, ба Федератсияи Руссия ба мухочирати мехнатй мераванд. Дар сурати рушт бахшидани сохаи сайёхй мо имкон дорем, ки шумораи чойхои кориро афзуда, ахолии ин нохияи кухистонро ба чои кори доимй таъмин намоем. Даромад аз сохаи туризм дар оянда метавонад рушди дехотро дар ин минтакаи дурдаст таъмитн намуда сатхи некуахолии мардумро баланд бардорад.

Дар охир гуфтаниам, ки сиёсати пешгирифтаи Хукумати Мамлакат чихати рушду инкишофи сохаи сайёхй рохи ояндаи чомеаи навини моро барои зиндагии арзанда равшан намуда, дар мухлати кутох мамлакатамонро ба яке аз кишвархои пешрафта табдил хохад дод.

АДАБИЁТ

1. Консепсияи рушди туризм дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2009-2019. Душанбе - 02 апрели соли 2009, тахти № 202.

2. Бахши сайёхиии Хукумати нохияи Рашт.

3. www.https://hhdt-sugd.ti/archives/12307.

4. Мухабатов Х.М., Аброров ХА. Табиат ва сарватхои табии минтакаи Рашт / Х.М. Мухабатов, Х А. Аброров // Душанбе «Дониш» 2021.

5. Азимова М.А, Кщирова М.И. Географияи Туризм. / М.А. Азимова, М.И. Кщирова // Душанбе- 2012

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ФОНДИ ЗАМИНИ МИНТАЦА^ОИ ДОМАНАКУХДИ ТОЧИКИСТОН (ДАР МИСОЛИ НОХИЯИ ИЦТИСОДИИ КУЛОБ)

АБДУЛЛОЕВА РОЗИЯМО ХОЛЩОВНА,

ассистенти кафедраи географияи щтисодй - ичтимоии Донишгоуи давлатии омузгории Тоцикистон ба номи Садриддин Айни, E-mail: Roza_ 01_02@ mail.ru. Тел: (+992) 937123452;

Дар мацолаи мазкур масъалаи самаранок истифода бурдани заминхои хоцагии цишлоци нохияи ицтисодии Кулоб дида шудааст.

Мацсади мацола: Дар мацола масъала^ои заминдори, хоцагидории нощя ва аз як замини оби ду %осил гирифтан мумкин аст, инчунин дар нохияи ицтисодии Кулоб чори намудани шаклдои нави хоцагидорй нишон дода шудааст.

11В

Шумораи сайёхон сайёхони дохили сайёхони беруни

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.