Научная статья на тему 'МУНОСИБАТИ ПУБЛИТСИСТ БА ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ КОРУ ПАЙКОР'

МУНОСИБАТИ ПУБЛИТСИСТ БА ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ КОРУ ПАЙКОР Текст научной статьи по специальности «Философия, этика, религиоведение»

CC BY
43
6
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
симо / кору пайкор / очерк / адабиёт / публитсистика / журналистика / адиб / публитсист / журналист / тасвир / образ / бадеият / воқеият / хислат / меҳнат

Аннотация научной статьи по философии, этике, религиоведению, автор научной работы — Шарипов Сангимурод Исматуллоевич, Қурбонв Акмал Акрамович

Дар мақолаи мазкур муаллифон муносибати публитсистро зимни тасвири симои инсони кору пайкор таҳқиқу баррасӣ намудаанд. Ба таъкиди муаллифон омили аз ҳама муҳимми шаклгирии шахсият дар баробари донишу ҷаҳонбинӣ, меҳнату заҳмати фидокоронааш, ҳавасмандгардонӣ ва муаррифии кору фаъолияташ мебошад. Публитсистика дар ин ҷода ҳамчун соҳаи муассир дар тасвири симои инсони кор дар муқоиса ба дигар соҳаҳои эҷод нақши хосса дорад. Бозтоби симои инсони кору меҳнат, шахси созандаву заҳматкаш ва далеру ватандӯст дар публитсистика солҳост, ки таваҷҷуҳи пажӯҳишгаронро ба худ ҷалб карда, дар ин самт асарҳои арзишманде ба вуҷуд омадаанд, ки боиси зикр мебошанд. Қайд намудан зарур аст, ки таҳқиқи масъалаи симои инсони кору пайкор дар шароити имрӯза муҳимму рӯзмарра буда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ роҳнамоӣ ва ба камол мерасонад. Ба касе пушида нест, ки инсон маҳз дар натиҷаи меҳнати суботкорона ҳамаҷониба ташаккул ёфта, хислату ҷаҳонбинӣ ва фитрати азалиаш зуҳур ёфтаву шакл мегирад. Аз ин рӯ, инъикоси меҳнатдӯстӣ ва тасвири симои кор дар публитсистика имкон фароҳам меоварад, ки ба самтҳои фаъолияти шахсиятҳои алоҳида таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

Текст научной работы на тему «МУНОСИБАТИ ПУБЛИТСИСТ БА ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ КОРУ ПАЙКОР»

МУНОСИБАТИ ПУБЛИТСИСТ БА ТАСВИРИ СИМОИ ИНСОНИ КОРУ ПАЙКОР

ШАРИПОВ САНГИМУРОД ИСМАТУЛЛОЕВИЧ

номзади илмх,ои филология, дотсент, мудири кафедраи рузноманигории факултети филологияи точики Муассисаи давлатии таълимии "Донишгох,и давлатии Бохтар ба номи

Носири Хусрав".

ЦУРБОНВ АКМАЛ АКРАМОВИЧ

магистранти кафедраи рузноманигории факултети филологияи точики Муассисаи давлатии таълимии "Донишгох,и давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав".

Аннотатсия: Дар мацолаи мазкур муаллифон муносибати публитсистро зимни тасвири симои инсони кору пайкор тауцицу барраси намудаанд. Ба таъкиди муаллифон омили аз уама мууимми шаклгирии шахсият дар баробари донишу цауонбини, меунату заумати фидокоронааш, уавасмандгардони ва муаррифии кору фаъолияташ мебошад. Публитсистика дар ин цода уамчун соуаи муассир дар тасвири симои инсони кор дар муцоиса ба дигар соуауои эцод нацши хосса дорад. Бозтоби симои инсони кору меунат, шахси созандаву зауматкаш ва далеру ватандуст дар публитсистика солуост, ки таваццууи пажууишгаронро ба худ цалб карда, дар ин самт асаруои арзишманде ба вуцуд омадаанд, ки боиси зикр мебошанд.

Кайд намудан зарур аст, ки тауцици масъалаи симои инсони кору пайкор дар шароити имруза мууимму рузмарра буда, насли наврасу цавонро дар рууияи меунатдусти роунамои ва ба камол мерасонад. Ба касе пушида нест, ки инсон мауз дар натицаи меунати суботкорона уамацониба ташаккул ёфта, хислату цауонбини ва фитрати азалиаш зууур ёфтаву шакл мегирад. Аз ин ру, инъикоси меунатдусти ва тасвири симои кор дар публитсистика имкон фароуам меоварад, ки ба самтуои фаъолияти шахсиятуои алоуида таваццуу зоуир карда шавад.

Калидвожахр: симо, кору пайкор, очерк, адабиёт, публитсистика, журналистика, адиб, публитсист, журналист, тасвир, образ, бадеият, воцеият, хислат, меунат.

ОТНОШЕНИЕ ПУБЛИСИСТА К ОБРАЗУ ТРУДЯЩЕГОСЯ

ШАРИПОВ С.И.

н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи рузноманигории Донишгохи давлатии Бохтар ба номи

Носири Хусрав

БУРБОНОВ А.А.

магистранти кафедраи рузноманигории Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Аннотация: В данной статье авторы исследовали и обсудили отношение публициста к изображению образа трудолюбивого человека. По мнению авторов, важнейшим фактором формирования личности, наряду со знаниями и мировоззрением, является самоотверженный труд, мотивация и представление своего труда. Публиистика играет особую роль в этой области как эффективное поле изображения человеческого образа труда в сравнении с другими областями творчества. Отражение образа трудолюбивого, творческого, трудолюбивого и мужественно-патриотического человека в публицистике на протяжении многих лет привлекает внимание исследователей, и в этом направлении созданы ценные работы, заслуживающие упоминания.

Важно отметить, что исследование образа трудолюбивого человека актуально и повседневно в современных условиях, оно направляет и взращивает молодое поколение в духе трудолюбия. Ни для кого не секрет, что человек полностью формируется в результате

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

упорного труда, проявляются и формируются его характер, мировоззрение и вечная природа. Поэтому отражение трудолюбия и образ труда в публицистике дает возможность обратить внимание на сферы деятельности отдельных личностей.

Ключевые слова: образ, произведение, очерк, литература, публицистика, писатель, публицист, журналист, образ, образ, вымысел, реальность, персонаж, произведение.

THE ATTITUDE OF THE PUBLICIST TO THE IMAGE OF THE WORKER

Annotation: In this article, the authors explored and discussed the publicist's attitude to depicting the image of a hardworking person. According to the authors, the most important factor in the formation of personality, along with knowledge and worldview, is selfless work, motivation and presentation of one's work. Journalism plays a special role in this area as an effective field for depicting the human image of labor in comparison with other areas of creativity. The reflection of the image of a hardworking, creative, hardworking and courageously patriotic person in journalism has attracted the attention of researchers for many years, and valuable works worthy of mention have been created in this direction.

It is important to note that the study of the image of a hardworking person is relevant and every day in modern conditions, it guides and nurtures the younger generation in the spirit of hard work. It's no secret that a person is completely formed as a result of hard work, his character, worldview and eternal nature are manifested andformed. Therefore, the reflection of hard work and the image of work in journalism makes it possible to pay attention to the areas of activity of individuals.

Key words: image, work, essay, literature, journalism, writer, publicist, journalist, image, image, fiction, reality, character, work.

Дар охири асри XIX хамчун бахши алохидаи илм ва равияи махсуси эчод эътироф шудани публитсистика ва журналистика таваччухи мухаккиконро ба ин соха бештар чалб намуд. "Публитсистикаи толик, аз лумла насри мустанад чун адабиёти пургановату оламгирамон таърихи беш аз аазорсола дошта, то ин давра мараилааои гуногуни инкишофро аз сар гузарондааст. Дар ин замина, халки толик бо осори ауллатии худ ифтихор намуда, дар рушди бахшаои мухталифи ломеа, сиёсату иктисод, фараангу илтимоиёт таъсири хоса расонид. Ин навъи элод новобаста аз монеаао дар инъикоси вокеияти илтимо! мавкеи муайян доштаву дорад. Дар кори ба вулуд овардани таърихи воке! ва нисбатан мукаммали давру замони муайян саами публитсистони алоаида кам нест" [10, с. 163].

Тазаккур бояд дод, ки намунаи бехтарини осори публитсистй ва ё насри мустанадро метавон дар эчодиёти адибони классики точику форс, ба хусус Абулкосим Фирдавсй, Носири Хусрави ^убодиёнй, Убайди Зоконй, Зайниддин Махмуди Восифй ва чанде дигарон пайдо кард. Адибони мазкур дар эчодашон ба вокеият ва тасвири он таваччух намуда, симою характерхои мусбату манфии одамонро офарида, тавассути он ба дарку маърифат ва рушди чахонбинии омма мусоидат намудаанд.

Баъдан, тасвири симои инсони кор дар маркази таваччухи адибони сохибистеъдод ва публитсистони вокеънигор, ба хусус устод С. Айнй, Т. Усмон, М. Начмиддинов, Ф. Мухаммаддиев, А. Сидкй, И. Файзуллоев, Ш. Х,аниф, X. Шарифов, Б. Муртазо, Р. Мардон, У. Кухзод, А. Самад, йамдам, Ш. Мусо, Р. Аамад ва чанде дигарон карор дошту дорад. Дар лавхаю очерк ва киссахои хуччатии адибону публитсистони мазкур симои инсони кору мехнат бо аносири бадей хеле муассир тасвир шудаанд, ки ба рухияи хонанда таъсирбахш мебошанд. Публитсистика аз замони пайдоиш то ба имруз, дар раванди ягонашавии маданият, муносибатаои байнидавлат!, татбики бисёрсамтаи барномааои аукумат! ва инъикоси чунин масъалаао макоми бештар касб намуда, рисолати худро сарбаландона илро карда меояд.

Махз бо шарофати Истиклолияти давлатй доманаи омузишу тахкик ва баррасии масъалахои публитсистикаву журналистика густарда гардида, дар ин замина китобу

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

рисолахои арзишманди илмиву назариявии зиёде ба вучуд омаданд, ки имруз мавриди истифодаи натанхо шахрвандони кишварамон, балки хоричиён низ карор доранд. Таваччуху дастгирии давлату Хукумат ба ин сохахои эчод боиси рушду густариши бесобикаи он гаштааст. Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон пайваста дар сухбату вохурихояшон бо ахли илму адаб ва зиёиён таъкид менамоянд, ки сармоягузори ба неруи инсонй кафили рушди босуботи чомеа мебошад. Яке аз вазифааои асосии адибону публитсистон ин лустану ёфтани каарамонаои зинда ва тасвири кору фаъолияти назарраси онао мебошад. Ин гуна ашхосро метавон дар майдони сохтмони иншооти азими аср, ки дар кишвар бо суръати баланд идома ёфта истодааст, пайдо кард. Хушбахтона, адибону публитсистон дар ин замина ба офаридани асархои бадеиву публитсистии ба талаботи чомеа чавобгу машгуланд, ки ба дуруст камол ёфтани наврасону чавонон мусоидат мекунад. Ба тасвири симои инсони кор бештар публитсистон Бахтиёр Муртазо ва Шералй Мусо таваччух зохир кардаанд. Ч,авхари осори публитсистони мазкурро очерк ва киссахои хуччатй ташкил медихад, ки дар мехвари он симои инсонхои кору пайкор ташкил медихад. Шеваи тасвири инсони кор аз чониби публитсистони зикршуда тавассути мушохидаву омузишхои зиёд ва сухбат бо кахрамону наздикони у ба вучуд меояд.

Дар шароити чахонишавии фархангу тамаддунхо, рушди босуръати ихтирои технологияхои муосир, кохиш ёфтани одобу ахлок, муборизахои шаддиди геопалитикй ва дигар паёмадхо моро зарур аст, ки насли наврасу чавони кишварамонро дар рухияи худшиносиву худогохии миллй ва мехнатдустиву рафокат ба камол расонем. Яке аз омилхои асосии ба хадаф ноил гаштан, тасвири симои инсони кор дар публитсистика ва журналистика мебошад. Таъсирнокии асархои публитсистй ва маводи журналистй имкон дорад, ки ба тафаккури миллионхо одамон таъсири амик расонида, онхоро барои ичрои корхои созандагиву бунёдкорй тахрик дихад.

Муносибат ба тасвири симои инсони кор аз хар адиб ва публитсист малакаи баланди касбй ва эчодиро такозо мекунад. Махз бо туфайли тасвири симои инсони кор арзиши асари эчодй ва махорати нигоранда бахогузорй карда мешавад. Инъикоси симои инсони кору мехнат, шахси созандаву захматкаш ва далеру ватандуст дар адабиёту публитсистика солхост, ки таваччухи адибону публитсистонро ба худ чалб намудааст. "Таъбир ё мафхуми "симои кору пайкор" нав нест ва он марбут ба замон ё идеологияи даврони шуравист. Дар бораи ин таъиноту мазмун имруз сухан гуфтан як навъ тамасхуру бегонанамоиро нисбати "симои кору пайкор" эхсос мекунем. Яъне онро хамчун як чизи фарсуда кабул намуда, аз он андеша меронем, ки акнун замона дигар гаштаву пеш рафтаем" [2, с. 46]. Аммо чунин нест. Х,арчанд бахшу сохахо рушд ёфтаву муносибат ба кору мехнат дигаргун гашта бошад хам, таваччух ба шахси фаъолу созанда ва навчуву захматталаб зиёд аст. Махз хамин тоифа бо захмати маънавию чисмонй мушкилоти рузгори моро то андозае осон мекунанду дар пешрафти чомеа сахм мегузоранд. Аз ин лихоз хар эчодкор хадаф дорад, ки тавассути тасвири симои кору мехнат бехтарин арзишхои инсониро таргибу ташвик кунад ва ба ин васила таргиби ахлоки хамида, вусъати корхои созандагиву бунёдкорй ва амсоли ин мусоидат кунад. Публитсист ва ё "Журналист сарнавишти инсонро тахкик мекунад. Дар ин рох мушохида, чустучу, дидан, мулокот кардан ва ботини кахрамонро омухтан чузъиёти бунёдии жанр ба хисоб меравад. Бояд кайд намуд, ки хангоми офаридани чехраи инсони кору мехнат илму маърифат, кобилияту истеъдод ва тачрибаву чахонбинии адиб ва публитсист накши муайян дорад" [2, с. 47]. Махз бо туфайли он публитсист метавонад ба сохтани симои инсони муваффаки кору мехнат даст ёбад. Симое, ки бо донишу чахонбинй ва ахлоку мехнатдустиаш сохиби эхтироми хамагон гаштааст. Ин образ ва муносибати кахрамон боис ба пайравии дигарон аз кору фаъолияти у мешавад. Ба таъбири, профессор А. Саъдуллоев "Нависандаи асилу соаибталриба тамоми лиаоти моаияти як шахс, аодиса, муаммо ё чизи дигарро дар як асар тарзе ло медиаад, ки маънии мавриди назарро басо нозукона ифода менамояд" [6, с. 169]. Публитсист барои

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсИвББ Ь^М 1п 8с1епсе"

муассирии матлаб аз роху василахои гуногун истифода менамояд, ки он махз тавассути образно амалй мегарданд. Офаридани образно бошад тавассути мушохидаву омузишхои пайваста амалй мегарданд. Публитсист ва "санъаткор фикрашро бо образ баён мекунад. Публитсист афкори худро тарики хулосаи мантий' изшор медорад" [8, с. 98], - зикр доштаанд мухаккики рус Г.В. Тихонов. Максади хама гуна эчод, ба хусус эчоди асархои публитсистй дарку маърифати ходисаву вокеахо, падидаву зухурот, олами ихоташуда ва фаъолияти самарабахши инсонхои дорои касбу кори гуногун мебошад. Дар маркази таваччухи публитсистон асосан мушкилоту муаммои чомеа ва роххои халли онхо меистад, ки махз бо кушишу талошхои пайвастаи инсонхои мехнатдуст бартараф карда мешаванд. Ба таъкиди профессор М. Муродов "Элодкор бояд проблемашое, ки дигарон дида наметавонанд, бубинад, аз мушкилот ва чизшои фавкулодда нашаросад. Лараёни кори элод! колаб'1 нест. Аммо дар ташкили он се лишат: интуитсияву хошиш, донишу лашонбиш ва машорат накши мушим мебозад. Хошиш ниятро ба вулуд меорад, донишу лашонбиш тарш ва ё накшаи элодро ташакул медишанд, машорат дар амал! гаштани накша мусоидат мекунад" [3, с. 9]. Зикр намудан зарур аст, ки муносибат ба тасвири симои инсони кору пайкор аз хар эчодкор дар баробари майорату чахонбинии фаррох масъулияти баландро такозо менамояд. Интихоби кахрамони арсаи мехнат махз дар натичаи мушохидахои тулонй ва муносибаташ ба касб зохир мегардад. Публитсист асосан кахрамонхояшро дар макони корзори мехнат дармеёбад ва бо онхо аз наздик шинос мегардад.

Мутолиаи амики асаршои адабиву публитсистй дар баробари дарки вокеияти ичтимой, огох гаштан аз вазъи сохахои алохида, беихтиёр дар замиру зехни мо хисоили неку хамида, мехнатдустиву рафокат ва мехру садокатро чойгузину тахким мебахшанд. Дар чунин шолат "... бо мурури вакту тагйири психологияи хонанда ё тамошобин шамвора бо дигаргунишои бемисли техникию равош ва умуман коммуникатсияи муосир завку талаби инсон шам тагйир меёбад, шини хондан ё дидан вай на тасвиршои мушташам, балки аслан ба муштавои умум!, тарзи таквияти фикр ва баррасии муаммо эътибори бештар медишад" [6, с. 170]. Х,амагон хуб медонем, ки пешрафти чомеа аз фаъолияти самарабахши афроди мехнаткаш вобастагии калон дорад. Кашрамони асархо публитсист!' чун ашхоси фидо'1, лоннисору зашматкаш, сошибмаърифату дурандеш ба калам дода мешаванд, ки ин тасвир ашамияти бузурги илтимоиро касб мекунад. Инсоншои поктинат, закию хештаншинос ва кобилу кордон дар шама даврашои таърихи зиндагонии инсоният будаанд ва амалу кирдори оншо боиси омузишу ташсин ва пайравии дигарон гардидааст.

Яке аз вижагихои таъсирбахшии симои инсони кор дар асархои публитсистй ба маърифати дурусти касбу кори кахрамон алокаманд мебошад. Адиб ва публитсист бо тасвири лахзахои муассир аз раванди кори кахрамон ба рухияи инсонхо таъсири амик мегузорад. Хонанда аз тасвирхои муассири эчодкор мехру мухаббаташ ба касбу хунар ва муносибаташ ба мехнат бештар мегардад.

Бояд зикр намуд, ки тасвири симои инсони кор аз чумлаи масъалахои мухиммест, ки солхои охир диккати адибону публитсистон ва журналистонро ба худ чалб намуда, дар ин замина асархои зиёде ба вучуд омадаанд, ки фаъолияти шахсони мехнатдустро бозгуйй мекунанд. Ба касе пушида нест, ки пешрафти бесобикаи чомеаи муосир моро ба масъалахои гуногуни рузмарра ру ба ру менамояд, ки дар маркази он рушд бахшидани фаъолияти пурсамари инсонхои созандаву бунёдкор меистанд. Х,амин аст, ки адибону публитсистон дар асархои худ кушиш менамоянд, ки симои инсони корро бо бузургиву шахомати хоссааш тачассум намуда, ба ин васила дар тахрику тахкими донишу чахонбинии ахли чомеа ва вусъати ободкорихо мусоидат намоянд. Омузишу тахлили симои инсони кор дар шароити имрузаи бархурдхои шаддиди сиёсиву иктисодй, ичтимоиву фархангй ва адабй ахамияти бештар касб менамояд. Зеро барои насли наврасу чавони кишварамон шинохту арзёбии чехрахои муваффаку комёб ва хамчун идеалу намунаи ибрату пайравй карор гирифтанашон ба манфиати давлату миллат мебошад. Аслан тасвири симои инсони кору мехнат дар колаби

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "ЕпсИвББ Ь^М ш 8с1епсе"

жанрхои эссею лавха ва очерк амалй мегардад. Ч,авхари очеркро инсони бунёдкор ва мехнатдуст ташкил медихад. Публитсист бо интихоби чунин афрод хадаф дорад, ки ба рушди бахшу сохахои алохида таъсиргузор бошад. Инсонхоро дар рухияи мехнатдустй ба камол расонад. Образи публитситй аз образи адабй бо баъзе махсусиятхо фарк мекунад. Дар робита ба ин мухаккикон А. Саъдуллоев ва П. Гулмуродзода дар рисолаи худ "Х,аммосаи инсони кор" ба маврид ёдовар шудаанд, ки: "Очерк дорои конунмандии хос ва дорои хислати вижае мебошад. Дар очерк хислати - иртиботи чихатхои адабй ва журналистй бо хамдигар созгор шуда, очеркнависро дар он водор месозад, ки байни чехраи адабй ва авзои журналистй" [7, с. 35] тафовут гузошта, чихатхои асосии онро интихобу истифода намуда тавонад. Симои инсони кор хам дар адабиёт ва хам дар публитсистика бо максади таргиби мехнатдустй офарида мешавад. Дар чомеае, ки инсонхо мехнатдусту масъулиятшинос мебошанд, он чомеа хамеша дар холи рушду пешрафт карор мегирад.

Тасвиру арзёбии симои кор асосан хосси жанрхои публитсистиву бадей, аз чумла эссе ва лавхаю очерк мебошад. Очерк, ба хусус очерки портретй асосан хамчун жанри "кашшоф" ва "одамшиносй" ба публитсист имкон медихад, ки симои зохириву ботинии инсонхои мехнатдустро интихобу тачассум намояд. То ба имруз рочеъ ба вижагихои жанри очерк, забон ва услуби баёну тасвир тахкикоти зиёде аз чониби мухаккикони ватаниву хоричй ба анчом расидаанд, ки дар шинохти жанри мазкур ва унсурхои он маълумоти фаровон медихад. Дар мехвари жанри лавхаю очерк масъалахои мухимми ичтимой ва фаъолияти шахсони мехнатдусту созанда бозтобу баррасй мешаванд. Публитсистика ба вокеияти ичтимой махдуд гардида, танхо аз унсурхои чолибсозй истифода мебарад. Яъне симои касеро тасвир менамояд, ки он барои дигарон маълум аст. Ба тахкики Ч,. Рахмонова "Публитсист бо вокеият махдуд аст. Вай шахси дар хаёл бофтаро не, балки одамро ба тасвир мегирад ва ба кору пайкори у чавобгар аст. Эътимоди мавчудияти образ арзиши вайро муайян мекунад, симои шахсе, ки дар ичтимоъ вокеан вучуд дорад, ахлоку маърифати хаётии он, ки тавассути ВАО ба мардум аллакай маълум аст, ба хонанда таъсир мегузорад. Неруи бузурги кахрамони публитсистй дар он ифода меёбад, ки у тахайюли одами зинда аст" [5, с. 58]. Имруз адибону публитситон барои интихоби кахрамони арсаи мехнат ба макони сохтмонхои азим рафта, аз наздик бо чигунагии муносибати инсонхо ба кор шинос мешаванд. ^ахрамонхояшонро аз ин макон пайдо мекунанд ва бо раванди кору фаъолият ва масъулияташон аз наздик ошно мегарданд. Умуман, муносибат ба тасвири симои инсони кор аз чониби адибону публитсистон якранг набуда, бо шаклу шеваи гуногун баёну баррасй мешаванд.

РУЙХАТИ АДАБИЁТ ВА САРЧАШМА^О

1. Азимов А. Вокеияти зиндаг! дар матбуоти толик / А. Азимов. - Душанбе, 2000.

2. ^утбиддин Б. Вокеияти тасвир / Б. ^удтбиддин. - Душанбе, 2014.

3. Муродов М. Асосхои фаъолияти эчоди журналистй (Лексияи мухтасар. ^исми 1 / М. Муродов. - Душанбе, 2007.

4. Паёми Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат мухтарам Эмомалй Рахмон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилй ва хоричии чумхурй». - Душанбе, 2022.

5. Рахмонова Ч. Вокеият ва публитсистикаи Мутеулло Начмиддинов / Ч. Рахмонова. -Душанбе: Ирфон, 2010.

6. Саъдуллоев А. Хосияти адабиёт / А. Саъдуллоев. - Душанбе: Адиб, 2000.

7. Саъдуллоев А. ва дигарон Х,аммосаи инсони кор / А. Саъдуллоев., П. Гулмуродзода. - Душанбе, 1994.

8. Тихонов Г. В. Искусство в литературе / Г.В. Тихонов. - М., 1976.

9. Усмонов И. Жанраои публитсистика / И. Усмонов. - Душанбе, 2009.

10. Шарифов С.И. Место очерка в публицистике Бахтиёра Муртазо / С.И. Шарифов. -Бохтар, 2021.

ОФ "Международный научно-исследовательский центр "Endless Light in Science"

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.