Научная статья на тему 'МУЌОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЇ ДАР ДОИРАИ ЊАМКОРИЊОИ СОЗМОНЊОИ МИНТАЌАВЇ'

МУЌОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЇ ДАР ДОИРАИ ЊАМКОРИЊОИ СОЗМОНЊОИ МИНТАЌАВЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
иттилоот / экстремизм / экстремизми иттилоотї / васоити ахбори омма / интернет / њамкорї / созмонњои минтаќавї / муќовимат / њуќуќ / ќонунгузорї. / информация / экстремизм / информационный экстремизм / Средства массовой информации / интернет / сотрудничество / ркгиональные организации / противодействие / право / законо-дательство.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ањёзода Ш.Т.

Дар маќола асосњои њуќуќии созмонњои минтаќавї дар мисоли Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Созмони њамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаљамъї дар самти муќовимат ба экстремизми иттиилоотї мавриди тањлилу баррасї ќарор дода шудаанд. Муаллиф муътаќид аст, ки пешнињодњои дар маќолаи мазкур дарљгардида бањри рушди ќонунгузории миллї ва дар ин замина бањри муќовимати босамар ба экстремизми иттиллотї мусоидат хоњанд кард.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

COUNTERING INFORMATION EXTREMISM WITHIN THE FRAMEWORK OF COOPERATION WITH REGIONAL ORGANIZATIONS

В статье проанализированы и рассмотрены правовые основы деятельности региональных организаций в области противодействия информационному экстремизму на примере Со-дружества Независимых Государств, Шанхайской организации сотрудничества и Органи-зации Договора о коллективной безопасности. Автор полагает, что представленные в статье предложения будут способствовать развитию национального законодательства и в этом контексте эффективному противодействию информационному экстремизму.

Текст научной работы на тему «МУЌОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЇ ДАР ДОИРАИ ЊАМКОРИЊОИ СОЗМОНЊОИ МИНТАЌАВЇ»

ТДУ 343.341.2

МУКОВИМАТ ба экстремизми иттилоотй дар доираи ^амкори^ои

СОЗМОНХОИ МИНТАЦАВИ

ПРОТИВОДЕЙСТВИЕ ИНФОРМАЦИОННОМУ ЭКСТРЕМИЗМУ В РАМКАХ СОТРУДНИЧЕСТВА С РЕГИОНАЛЬНЫМИ ОРГАНИЗАЦИЯМИ

COUNTERING INFORMATION EXTREMISM WITHIN THE FRAMEWORK OF COOPERATION WITH REGIONAL ORGANIZATIONS

Адёзода Ш.Т.

Ahyozada Sh.T.

Дотсенти кафедраи %уцуци циноятй, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, подполковники милитсия Доцент кафедры уголовного права, криминологии и психологии факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, подполковник милиции Associate Professor of the Department of Criminal Law, Criminology and Psychology, Faculty No. 2 of the Academy of the

Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, police

lieutenant colonel

Ихтисоси илми: 12.00.08 - Хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (5.1.4. Илмхои чиноятй-хукукй).

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law (5.1.4. Criminal law sciences).

Такриздщанда: ^УДРАТОВ Н.А - сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, профессор.

Рецензент: Кудратов Н.А. - начальник Управления науки и инноваций Таджикского государственного университета коммерции, доктор юридических наук, профессор.

Reviewer: Kudratov N.A. - Head of the Department of Science and Innovation of the Tajik State University of Commerce, Doctor of legal Sciences, Professor.

Аннотатсия: Дар макола асосхои хукукии созмонхои минтакавй дар мисоли Иттиходи Давлатхои Мустакил, Созмони хамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастачамъй дар самти муковимат ба экстремизми иттиилоотй мавриди тахлилу баррасй карор дода шудаанд. Муаллиф муътакид аст, ки пешниходхои дар маколаи мазкур дарчгардида бахри рушди конунгузории миллй ва дар ин замина бахри муковимати босамар ба экстремизми иттиллотй мусоидат хоханд кард.

Вожа^ои калиди: иттилоот, экстремизм, экстремизми иттилоотй, васоити ахбори омма, интернет, хамкорй, созмонхои минтакавй, муковимат, хукук, конунгузорй.

Аннотация: В статье проанализированы и рассмотрены правовые основы деятельности региональных организаций в области противодействия информационному экстремизму на примере Содружества Независимых Государств, Шанхайской организации сотрудничества и Организации Договора о коллективной безопасности. Автор полагает, что представленные в статье предложения будут способствовать развитию национального законодательства и в этом контексте эффективному противодействию информационному экстремизму.

e-mail:

Aheev89@mail.ru

Ключевые слова: информвция, экстремизм, информационный экстремизм, Средства массовой информации, интернет, сотрудничество, ркгиональные организации, противодействие, право, законодательство.

Annotation: The article analyzes and discusses the legal basis for the activities of regional organizations in the field of countering information extremism using the example of the Commonwealth of Independent States, the Shanghai Cooperation Organization and the Collective Security Treaty Organization. The author believes that the proposals presented in the article will contribute to the development of national legislation and, in this context, the effective counteraction to information extremism.

Key words: information, extremism, information extremism, Mass media, Internet, cooperation, regional organizations, counteraction, law, legislation

/%онунгузории зиддиэкстремистии давлатхои аъзои Иттиходи ^Давлатхои Мустакил (минбаъд -ИДМ) аз санадхои хукукии байналмилалй маншаъ гирифта, бунёди рушди низоми миллии хукукро дар бахши мубориза ба экстремизм ташкил медиханд [1, с. 106].

Мазмуну мухтавои санадхои хукукии байналмилалй марбут ба экстремизм дар ростои истилохоти табъиз, ксенофобия (бегонахаросй), нажодпарастй,

тахаммулнопазирй аз чониби

мухаккикони ватанй ва хоричй хеле хуб баррасй гардидаанд. Новобаста ба он ки дар хукуки байналмилалй мафхуми умумиэътирофшудаи экстремизм мавчуд нест, бо такя ба мавкеи мутахассисини соха гуфтан чоиз аст, ки дар доираи санадхои хукукии минтакавй аломатхои экстремизми муосир, мушаххастар чойгузин мебошанд.

Аз ин лихоз, мавриди тахлили хамачониба карор додани асосхои хукукии батанзимдарорандаи хамкории созмонхои байналмилалй-минтакавй дар доираи ИДМ, Созмони хамкории Шанхай (минбаъд - СДШ), Созмони паймони амнияти дастачамъй (минбаъд - СПАД) аз манфиат холй нест.

Дар самти муковимат ба экстремизми иттилоотй яке санадхои хукукие, ки дар фазои ИДМ хамто надорад, ин ^онуни амсолиявии (моделй) СПАД «Дар бораи муковимати иттилоотй ба терроризм ва экстремизм" мебошад, ки аз тарафи Ассамблеяи парлумонии СПАД аз 30 октябри соли 2018 кабул карда шудааст [4].

Моддаи 15-и ^онуни амсолиявии мазкур тадбирхо ва чорахои таъсиррасонй ба мухити экстремизм ва терроризми иттилоотиро пешбинй намуда,

андешидани чорахои махсус барои катъ кардан ё монеъ шудан ба фаъолияти системахои идоракунй, чорахо бахри пешгирии кабули карорхо ва маблаггузории фаъолияти террористй ва экстремистй, халалдор (номуташаккил ё дезорганизатсия) кардани онхо, истифодаи воситахои хучумкунандаи барномавй ва техникй нисбат ба инфрасохтори иттилоотии террористй ва экстремистй, нобудсозии чисмонии (физикии) объектхои инфрасохтори иттилоотии террористй ва экстремистй, густариши иттилооти зиддитеррористй дар бахшхои интернетй, ки бо максадхои террористй ва экстремистй истифода мешаванд, истифода аз усулхои дахлдори иттилоотй ва таъсири равонй хам ба истифодабарандагони бетараф ва хам рохбарони террористону ифротгароён ва чонибдорони онхо, амалй намудани таъсири иттилоотию равонй ба пешвоёни гуруххои террористй ва экстремистй (ифротгарой) инчунин, чонибдорони онхо бо максади хавасманд намудани онхо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, таблиги нокомии идеологияи террористй ва ифротгарой дар халли низоъхои ичтимой ва чалб намудани одамоне, ки хамчун иштирокчии пешина аз чунин фаъолиятхо даст кашидаанд ва дигар чорахои таблиготиро дар самти мазкур амри зарурй медонад.

Дар моддаи 20 ^онуни амсолиявии (моделй) СПАД «Дар бораи муковимати

иттилоотй ба терроризм ва экстремизм" шаклхои асосии хамкории байналмилалй дар сохаи муковимати иттилоотй ба терроризм ва экстремизм ба таври пурра ва дакик мукаррар карда шуда, чанбахои гуногуни муковимати иттилоотй ба экстремизм ва терроризм пешбинй карда шудаанд, ки дар сурати ба таври вокей амалй гардидани онхо барои пахншавии идеологияи экстремистй чойи холй бокй намемонад ва ба ин васила дар давлатхои аъзои СПАД фазои солими иттилоотй ба вучуд меояд. Хдмкорихои мазкур дар шакли расонидани ёрии хукукии мутакобила мутобики шартномахои байналмилалии давлатхо, такмили таъминоти хукукии муковимати иттилоотй бо терроризм ва экстремизм, мубодилаи иттилоот, мубодилаи натичахои тадкикоти илмй ва тачрибаи амалй дар ин соха, гузаронидани тадкикоти муштараки илмй ва илмию техникй, гузаронидани машваратхои якчоя оид ба масъалахои хамкории байналмилалй дар сохаи муковимати иттилоотй ба терроризм ва экстремизм, ташкили семинархои илмй ва дигар чорабинихои илмй дар сохаи муковимати иттилоотй бо терроризм ва экстремизм, гузаронидани чорабинихои иттилоотй-таблиготии муштарак, рафъи сабабу шароитхое, ки ба тачовузи (агрессияи) иттилоотии ташкилотхои террористй ва экстремистй мусоидат мекунанд ва дигар намуд хамкорихо пешбинй шудааст [4].

Конуни амсолиявии (моделй) СПАД «Дар бораи амнияти иттилоотй" низ яке аз конунхои амсолиявие (моделй) мебошад, ки барои танзими муносибатхое, ки ба тахдидхои асосии амнияти иттилоотй алокамандй доранд, самтхо ва чорахои таъмини он кабул карда шудаааст [5].

Боби 3-юми Конуни мазкур, ки таъмини амнияти иттилоотй дар сохаи химояи сохти конститутсионй ва амнияти давлатй-миллй ном дорад, пурра ба самти муковимат ба экстремизми иттилоотй нигаронида шудааст.

Моддаи 6 Конуни мазкур тахдиди асосии таъмини амнияти иттилоотй дар сохаи хифзи сохти конститутсионй ва

амнияти давлатй - миллиро ба таври зайл мукаррар намудааст:

- таъсири иттилоотие, ки ба ноором кардани вазъи дохилии сиёсию ичтимоии давлатхои аъзои СПАД, халалдор кардани истиклолияти миллй ва тамомияти арзии он нигаронида шудааст;

- истифодаи воситахои ахбори омма, интернет ва шабакахои алокаи мобилй барои аз байн бурдани арзишхои анъанавии маънавию ахлокй, таргиби терроризм ва экстремизм, аз чумла дар асоси ангезахои динй;

- истифодаи воситахои ахбори омма ва дигар захирахои иттилоотй барои барангехтани кинаю адоват байни гуруххои гуногуни ичтимой, этникй ва мазхабии шахрвандон дар давлати узви СПАД;

- истифодаи воситахои ахбори омма ва дигар захирахои иттилоотй барои ба чомеа бор кардани далелхои бардуруг ё дидаву дониста тахрифшуда, ки ба паст задани нуфузи хукумати конунй нигаронида шудаанд;

- кушиши расонидани таъсири харобиовари идеологй ва равонй ба ахолии кишвархои узви СПАД тавассути шабакахои иттилоотй ва захирахои ВАО;

- истифодаи технологияхои иттилоотию коммуникатсионй бо максади расонидани таъсири харобиовар ба вазъи ичтимоию сиёсй ва ичтимоию иктисодй, инчунин кушиши манипулятсия кардани шуури чамъиятй дар давлати аъзои СПАД;

- истифодаи технологияхои иттилоотию коммуникатсионй бо максадхои террористй, аз чумла таблиги терроризм ва чалби чонибдорони нав ба фаъолияти террористй;

- истифодаи технологияхои иттилоотию коммуникатсионй ба максадхои экстремистй, инчунин, барои дахолат ба корхои дохилии давлатхои сохибихтиёр;

- аз тарафи мамлакатхои хоричй истифода бурдани технологияи шаклхои якчояи таъсиррасонй ба давлатхои аъзои СПАД бо максади аз байн бурдани давлатдорй, ноором кардани вазъияти

сиёсии дохилй ё тагйир додани режими сиёсй.

Тахдидхои асосие, ки дар боло зикр шудаанд, дар хакикат чой доранд ё эхтимолияти ба вучуд омадани онхо хеле зиёд аст. Онхо метавонанд ба таъмини амнияти иттилоотй дар сохаи хифзи сохти конститутсионй ва амнияти Чумхурии Точикистон зарар расонанд. Аз ин лихоз, барои аз байн бурдан ё рафъ намудани эхтимолияти хавфхо дар катори дигар давлатхои аъзои СПАД Чумхурии Точикистонро зарур аст вобаста ба хар як банди алохидае, ки дар боло зикр шуданд, чорахои муассирро андешида, механизми дар амал чорй намудани онхоро муайян намояд.

Барои халли масъалаи зикршуда дар Конуни амсолиявии мазкур самтхои асосии таъмини амнияти иттилоотй дар сохаи хифзи сохти конститутсионй ва амнияти давлатй-миллй мукаррар шудаанд, ки инхоянд:

- бунёди низоми самарабахше, ки ба таъмини амнияти иттилоотй дар сурати таъсири фаъоли иттилоотии харобиовари як ё якчанд давлати хоричй, ки ба ноором кардани вазъи дохилии сиёсй ва ичтимоии давлати узви СПАД нигаронида шудааст;

- бунёди низоми пешгирии пахншавии иттилоот дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии Интернет, ки бо аз байн бурдани арзишхои анъанавии маънавию ахлокй, таблиги терроризму экстремизм, аз чумла дар заминаи ангезахои динй нигаронида шудааст, бо истифода аз меъёрхои ягонаи гайриконунй.

Яке аз санадхои хукукии минтакавие, ки аввалин маротиба мафхуми экстремизм дар он тачассум карда шуд, ин Конвенсияи каблии Шанхай «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм» мебошад [16].

Мутобики б. 3 к. 1 м. 1 ин Конвенсия, зери мафхуми «экстремизм» «хар кирдоре фахмида мешавад, ки ба зуроварона гасб намудани хокимият ё зуроварона нигох доштани он, инчунин ба зуроварона тагйир додани сохти конститутсионии давлат, хамчунин тачовузи зуроварона ба амнияти чамъиятй, аз чумла бо максадхои

зикршуда ташкил додани вохидхои гайриконунии мусаллах ё иштирок дар онхо, ки мутобики конунгузории миллии тарафхо мавриди пайгарди чиноятй карор мегиранд, равона шудааст» [16]. Аз мафхуми мазкур бар меояд, ки он танхо фарогири чанбаи зиддидавлатй ва зуроваронаи экстремизм буда, чанбахои гайризуроварона ва гоявии экстремизм, ба мисли ба таври оммавй барангехтани кинаю адоват аз руйи ангезахои миллатгарой, махалгарой ва динй (мазхабй) аз мадди назар дур мондаанд.

Мутобики б.2 к.1 м.1 Конвенсияи нави созмони хамкории Шанхай «Оид ба муковимат ба экстремизм (ифротгарой)» аз 9-уми июни соли 2017, ки он бо карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 21-уми феврали соли 2018, тахти № 1002 тасдик карда шудааст, мафхуми «экстремизм» фарохтар ифода ёфта, чавхари асосии экстремизми муосирро фарогир мебошад. Яъне, экстримизм хамчун «Мафкура ва амалия, ки барои халли мунокишахои сиёсй, ичтимой, нажодй, миллй ва мазхабй бо рохи зуроварй ва дигар амалхои зиддиконститутсионй равона карда шудааст», эътироф гардидааст [3].

Хатари ба чамъият хавфнокии экстремизми итилоотиро ба назар гирифта, Конвенсияи мазкур, дар моддаи 7, дар 3 банди он (бандхои 5, 6 ва 7) хар як Тарафро тавсия додааст, ки тибки принсипхои асосии низоми хукукии худ тадбирхоро дар сатхи миллй барои муковимат бо экстремизми иттилоотй тахия ва татбик намояд, ки метавонанд инхоро дар бар гиранд:

а) таквияти фаъолияти таблиготй оид ба пешгирии экстремизм ва икдомхо бар зидди пахншавии идеологияи экстремистй, аз чумла дар воситахои ахбори омма ва шабакаи "Интернет";

б) назорати (мониторинги) воси-тахои ахбори омма ва шабакаи "Интернет" бо максади саривакт ошкор ва пешгирй намудани пахншавии идеологияи экстремистй;

в) махдудкунии дастрасй ба маводи экстремистй, ки дар шабакахои иттилооо-тиву телекоммуникатсионй, аз чумла дар шабакаи "Интернет" чойгир шудаанд [3].

Бояд кайд кард, ки икдоми мухимме дар чодаи якранг намудани конунгузории кишвархои ИДМ ин Конуни моделй «Дар бораи муковимат ба экстремизм» аз 14-уми майи соли 2009 мебошад, ки дар ичлосияи сию дуюми пленарии Мачмааи байнипарлумонии давлатхои

ширкаткунандаи ИДМ кабул карда шуд. Дар ин Конуни амсолиявй (моделй) «мафхум, принсип ва асосхои ташкилии хукукии мубориза бо фаъолияти экстремистй, инчунин чавобгарй барои амалигардонии он муайян карда шудаанд» [6].

Вобаста ба мафхуми «экстремизм» (фаъолияти экстремистй), ки дар Конуни амсолиявии дар боло зикршуда пешбинй шудааст, олими рус С.В. Борисов комилан дуруст кайд мекунад, ки чунин камбудихо то имруз ба инобат гирифта нашудаанд:

1) набудани таксимот ё таносуби дигари мафхумхои хукукии «фаъолияти экстремистй» (экстремизм) ва «терроризм»;

2) набудани аломатхои меъёран муайяншуда барои ба фаъолияти экстремистй (эксремизм) мансуб донистани ин ё он кирдор, ба гайр аз номгуйи дахлдори кирдорхо;

3) ба номгуйи мазкур шомил намудани кирдорхои чиноятй ва хам конуншиканихои маъмурй [1, с. 119].

Дар баробари санадхои минтакавии дар боло зикршуда, дар Кодексхои чиноятии тамоми давлатхои ИДМ аломатхои экстремизм (дар баъзе аз онхо аломатхои экстремизми иттилоотй) дар моддахои гуногун пешбинй шудаанд. Новобаста ба он, ки чинояхои хусусияти экстремистие, ки дар онхо аломатхои экстремизми иттилоотй тачассум ёфтааст, аз чихати мазмуну мухтаво ба хамдигар хамшабеханд, лекин аломатхои фарккунанда низ чой доранд, ки ин холат зарурати тахлили мукоисавй - хукукии конунгузории зиддиэкстремистии

давлатхои аъзои ИДМ-ро такозо менамояд.

Яке аз кирдорхое, ки дар тамоми Кодексхои чиноятии давлатхои ИДМ барои он чавобгарй мукаррар шудааст, ин "даъватхои оммавй барои вайрон кардани тамомияти арзй" мебошад. Масалан, даъватхои оммавй барои амалисозии харакатхое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии Федератсияи Россия нигаронида шудаанд (м. 280(1) КЧ ФР) [12], (кирдорхои сепаратистй (чудоихохй) (м. 180 КЧ ЧК) [9], даъвати оммавй барои бо рохи зуроварй тагйир додани сохти конститутсионии Чумхурии Точикистон (м. 307 КЧ ЧТ) [2], ва г. Яке аз хусусиятхои фарккунандаи даъватхои оммавй барои амалисозии харакатхое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии Федератсияи Россия нигаронида шудаанд (м. 280(1) КЧ ФР,) дорои преюдитсияи маъмурй дошта мебошад, яъне чавобгарии чиноятй дар холате, ба миён меояд, ки агар шахс дар давоми сол баъди татбики чазои маъмурй чунин кирдорро содир намояд. Дар дигар Кодексхои чиноятии давлатхои ИДМ чунин холат чой надорад.

Дар баъзе аз Кодексхои чиноятии давлатхои ИДМ барои содир намудани "даъвати оммавй барои амалй намудани фаъолияти экстремистй" чавобгарии чиноятй пешбинй шудааст. Аз чумла, даъвати оммавй барои амалй намудани фаъолияти экстремистй (м. 280 КЧ ФР) [12], даъватхои ошкоро ба содир намудани кирдорхои экстремистй ё дигар амалхое, ки ба амнияти миллии Туркманистон зарар расонидаанд (м. 191 КЧ ЧТ) [13] ва даъвати оммавй барои амалй намудани фаъолияти экстремистй (ифротгарой) ва сафедкунии оммавии экстремизм м. 307(1) КЧ ЧТ) [2]. Дар Кодексхои чиноятии давлатхои Казокистон [9], Узбекистон [14], Озорбойчон [7], Молдова [11], Беларусь [8], Киргизистон [10], ва Украина [15], барои содир намудани "даъвати оммавй барои амалй намудани фаъолияти экстремистй" моддахои алохида чой надорад.

Яке аз хусусиятхои фарккунандаи Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз дигар Кодексхои чиноятии давлатхои ИДМ дар самти муковимат ба экстремизм дар истифодабарии мафхуми "сафедкунии

оммавии экстремизм" мебошад, ки тибки эзохи м. 307(1) КЧ Ч,Т зери мафхуми сафедкунии оммавии экстремизм таргибу ташвики оммавй дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва тачрибаи экстремизм, таклифи таклид ва дастгирии он фахмида мешавад. Дар мукоиса ба мафхуми "сафедкунии оммавии терроризм" мафхуми "сафедкунии оммавии экстремизм" дар Кодекси чиноятии давлатхои дигар истифода нашудааст.

Барангехтани кинаю адовати миллй, нажодй ё динй, ки дар боби 23 Кодекси моделии ИДМ, яъне чиноятхо ба мукобили амнияти чамъиятй пешбинй шудааст, дар мукоиса ба Кодексхои чиноятии давлатхои ИДМ дар бобхои гуногуни онхо мукаррар шудааст. Дар боби чиноятхо ба мукобили амнияти чамъиятй (КЧ Чумхурии Точикистон), боби чиноятхо ба мукобили асосхои сохти конститутсионй (КЧ Федератсияи Россия, КЧ Туркменистон, КЧ Озорбойчон) боби чиноятхо ба мукобили сулху амнияти башарият (КЧ Казокистон, КЧ Узбекистон ва КЧ Белорус) боби чиноятхо ба мукобили хукукхои интихоботй, мехнатй ва дигар хукук ва озодихои шахсии инсон ва шахрванд (КЧ Украина). Аз мукаррароти конунгузории чиноятии давлатхои дар боло зикршуда бармеояд, ки объекти барангехтани кинаю адовати миллй, нажодй ё динй гуногуну хархела мебошад, гарчанде чинояти мазкур дар аксарияти ин давлатхо яке аз аломатхои экстремизмро дар худ тачассум менамояд. Ба андешаи мо бинобар сабаби он ки чинояти номбурда хусусияти экстремистй дорад, содиршавии он гарчанде дар зиннаи аввал ба хукуку озодихои шахсии конститутсионии инсон ва шахрванд вобаста ба мансубияташон ба миллат, нажод, дин ва г. зарар расонад, лекин дар сурати хусусияти оммавй пайдо намудан он метавонад ба асосхои сохти конститутсионй ва амнияти давлат зарари вокей расонад ё тахдиди расонидани чунин зарарро ба миён оварад.

Тахкикоти мукоисавии меъёрхои конунгузории чиноятии давлатхои аъзои ИДМ, ки чавобгарии чиноятиро барои

барангехтани кинаю адовати миллй, нажодй ё динй пешбинй мекунанд, нишон медихад, ки хар як давлат дар асоси ба назар гирифтани анъанахои миллй, фарханги хукукй ва принсипхои сиёсати чиноятии худ бо баъзе аломатхои хос аз хамдигар фарк карда мешаванд. Дар баробари барангехтан бо ангезахои умумй (ичтимой, миллй, нажодй, динй) баъзе аломатхое низ дар Кодексхои давлатхои аъзои ИДМ чой доранд, ки хос ба ин ё он давлат мебошанд. Масалан, барангехтани кинаву адовати махалгарой ва байниминтакавй (Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон, Кодекси чиноятии Украина ва Кодекси чиноятии Чумхурии Киргизистон), барангехтани кинаву адоват вобаста ба аломати чинсй (Кодекси чиноятии ФР, Кодекси чиноятии Туркменистон) ва г.

Тахлили санадхои меъёрии хукукии конунгузории зиддиэкстремистй дар доираи хамкориии давлатхои аъзои ИДМ, Созмони хамкории Шанхай, Созмони паймони амнияти дастачамъй (СПАД), вобаста ба масъалаи мавриди тахлил кароргирифта, моро водор месозад, ки пешниходхои муфид барои рушди конунгузории зиддиэкстремистии

Чумхурии Точикистон манзур намуда, хулосахои зеринро пешкаш намоем:

1) Конуни амсолиявии (моделй) СПАД "Дар бораи муковимати иттилоотй ба терроризм ва экстремизм" хамчун санади хукукии махсусгардонидашуда дар фазои ИДМ буда, ба танзими хамачонибаи сохаи муковимати идеологй ба экстремизм ва терроризм бахшида шудааст. Гарчанде риояи меъёрхои Конуни амсолиявии мазкур аз чихати хукукй хатмй набошанд хам, тавсия ва пешниход карда мешавад, ки хамчун намуна ва асос хангоми тахияи конунгузории дахлдори миллй ва заминаи хукукии идоравй дар Чумхурии Точикистон мавриди истифодаи васеъ карор дода шавад.

2) Конуни амсолиявии (моделй) СПАД "Дар бораи муковимати иттилоотй ба терроризм ва экстремизм" чанбахои гуногуни муковимати иттилоотй ба экстремизм ва терроризмро пешбинй

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (60). 2023

кардааст, ки дар сурати ба таври вокей амалй гардидани онхо барои пахншавии идеологияи экстремистй чойи холй бокй намемонад ва ба ин васила дар давлатх,ои СПАД фазои солими иттилоотй ба вучуд меояд.

3) ^онуни амсолиявии (моделй) СПАД "Дар бораи амнияти иттилоотй" низ яке аз конунхои амсолиявие мебошад, ки барои танзими муносибатхое, ки ба тахдидхои асосии амнияти иттилоотй алокамандй доранд, самтхо ва чорахои таъмини он кабул карда шудаааст. ^онуни амсолиявии мазкур самтхои асосии таъмини амнияти иттилоотй дар сохаи хифзи сохти конститутсионй ва амнияти давлатй-миллиро, барои таъмини амнияти иттилотии давлати узви СПАД бо рохи бунёди низоми самарабахш ва бунёди низоми пешгирии пахншавии иттилоот дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии Интернет барои пешгирии таъсири фаъоли иттилоотии харобиовари як ё якчанд давлати хоричй ва аз байн бурдани арзишхои анъанавии маънавию ахлокй мукаррар намудаааст.

4) Конвенсияи созмони хамкории Шанхай "Оид ба муковимат ба экстремизм (ифротгарой)", гарчанде мафхуми экстремизми иттилоотиро мукаррар накарда бошад хам, лекин хатари ба чамъият хавфнокии онро ба назар гирифта, давлатхои узвро тавсия додааст, ки тибки принсипхои асосии низоми хукукии худ тадбирхоро дар сатхи миллй барои муковимат бо экстремизми иттилоотй тахия ва татбик намоянд (таквияти фаъолияти таблиготй оид ба пешгирии экстремизм ва икдомхо бар зидди пахншавии идеологияи экстремистй, аз чумла дар воситахои ахбори омма ва шабакаи "Интерне" ва f.

5) Конвенсияи созмони хамкории Шанхай "Оид ба муковимат ба

экстремизм (ифротгарой)" мукаррар намудаст, ки давлатхо бо дарназардошти принсипхои асосии низоми хукукии худ тадбирхои конунгузории заруриро чихати мукаррар кардани чавобгарии гражданию-хукукй, маъмурй ё чиноятй барои амалхои гуногун андешанд, ки яке аз ин амалхо ин ичро нагардидани талаботи макоми ваколатдор оид ба махдуд кардани дастрасй ба маводи экстремистй аз чониби шахсе, ки хизматрасонии дастрасиро ба шабакахои иттилоотй ва комуникатсионй, аз "Интернет" анчом медихад, мебошад.

6) Тахлили Кодексхои чиноятии давлатхои ИДМ моро ба чунин хулоса мувочех месозанд, ки новобоста аз он, ки ба таври умумй чиноятхои хусусияти экстремистй дар меъёрхои онхо мазмуни якхеларо доро мебошанд, фаркиятхо низ дар онхо дида мешаванд. Агар аз диди хамшабехй ба онхо назар андозем, чиноятхои хусусияти экстремистй дорои мазмуни якхела дошта, даъвати оммавй барои амалй намудани фаъолияти экстремистиро бо шаклхои гуногун аз кабили амалисозии харакатхое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзй, халалдор намудани амнияти давлат, дигаркунии сохти конститутсионй, бо зуроварй гасб ё нигох доштани хокимият, исте^сол, нигоудорй ё па^н намудани маводуои дорои чунин мазмунуо, барангехтани кинаю адовати миллй, махалгарой, нажодй ва динй ва гайра дар бар мегиранд. Фаркияти онхо бошад, дар мукаррар намудани чиноятхои хусусияти экстремистй дар фаслу боби гуногун, номгузории хархелаи чиноятхо, таъйини хархелаи чазо бо гуногунии намуд ва андозаи он, тачассум наёфтани аломатхои экстремизми иттилоотй на дар хамаи чиноятхо ва гайра ифода меёбад.

Адабиёти истифодашуда

экстремистской направленности: проблемы д-ра юрид. наук: 12.00.08 / Сергей Викторович

1. Борисов, С.В. Преступления законодательства и правоприменения: дис. Борисов. - М., 2012. - 484 с.

2. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз 21-уми майи соли 1998, № 574 // Махзани мутамаркази иттилоотй-хукукии Чумхурии Точикистон «Адлия». Шакли 7.0. // [Манбаи электронй]. - Речаи дастрасй: URL: http://www.adlia.tj (санаи мурочиат: 24.08.2023 с.).

3. Конвенсияи Созмони дамкорин Шанхай «Оид ба муковимат ба экстремизм (ифротгарой) аз 9-уми июни соли 2017 // Махзани мутамаркази иттилоотй-дукукии Чумдурии Точикистон «Адлия». Шакли 7.0. // [Манбаи электронй]. - Речаи дастрасй: http://www.adlia.tj/ (санаи мурочиат: 03.08.2023 с).

4. ^онуни амсолиявии (моделй) СПАД "Дар бораи муковимати иттилоотй ба терроризм ва экстремизм". ^арори Ассамблеяи парлумонии СПАД №11-3.3. аз 30 октябри соли 2018 // [Манбаи электронй]. - Речаи дастрасй: https://odkb-csto.org/

5. ^онуни амсолиявии (моделй) СПАД "Дар бораи амнияти иттилоотй" // [Манбаи электронй]. - Речаи дастрасй: https://paodkb.org/ (санаи мурочиат: 12.08.2023 с).

6. Модельный закон о противодействии экстремизму, принят Межпарламентской Ассамблеей государств-участников СНГ 14 мая 2009 года // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: http://docs. pravo.ru/document/ view/16872152/14355262/ (дата обращения: 04.08.2023 г.).

7. Уголовный кодекс Азербайджанской Республики (утвержден Законом Азербайджанской Республики от 30 декабря 1999 года № 787-IQ) (с изменениями и дополнениями по состоянию на 30.05.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30420353 (дата обращения: 04.08.2023 г.).

8. Уголовный кодекс Республики Беларусь от 9 июля 1999 года № 275-З (с изменениями и дополнениями по состоянию на 09.03.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30414984#pos=6;-142 (дата обращения: 04.08.2023 г.)

9. Уголовный Кодекс Республики Казахстан от 3 июля 2014 года № 226-V (с изменениями и дополнениями по состоянию на 12.09.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=31575252 (дата обращения: 04.08.2023 г.).

10. Уголовный Кодекс Кыргызской Республики от 28 октября 2021 года № 127 (с изменениями и дополнениями по состоянию на 25.07.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://online.zakon.kz/Document/?doc_id=36675065 (дата обращения: 04.08.2023 г.).

11. Уголовный кодекс Республики Молдова от 18 апреля 2002 года № 985-XV (с изменениями и дополнениями по состоянию на 31.07.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30394923 (дата обращения: 04.08.2023 г.).

12. Уголовный кодекс Российской Федерации от 13 июня 1996 года № 63-ФЗ (с изменениями и дополнениями по состоянию на 04.08.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30397073 (дата обращения: 01.08.2023 г.).

13. Уголовный кодекс Республики Туркменистан от 12 июня 1997 года № 222-I (с изменениями и дополнениями по состоянию на 17.04.2022 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=31295286 (дата обращения: 01.08.2023 г.).

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

14. Уголовный кодекс Республики Узбекистан (утвержден Законом Республики Узбекистан от 22 сентября 1994 года № 2012-XII) (с изменениями и дополнениями по состоянию на 12.08.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30421110 (дата обращения: 01.08.2023 г.).

15. Уголовный кодекс Украины от 5 апреля 2001 года № 2341-III (с изменениями и дополнениями по состоянию на 13.07.2023 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30418109 (дата обращения: 04.08.2023 г.).

16. Шанхайская Конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом (Шанхай, 15 июня 2001 г.) // [Электронный ресурс]. - Режим доступа: https://www.referent.ru/1Z10927 (дата обращения: 10.08.2023 г.).

References

1. Borisov, S.V. Crimes of an extremist nature: problems of legislation and law enforcement: dis. ... Doctor of Law. Sciences: 12.00.08 / Sergey Viktorovich Borisov. - M., 2012. - 484 p.

2. Criminal Code of the Republic of Tajikistan dated May 21, 1998, No. 574 // Centralized legal information database of the Republic of Tajikistan "Justice". Form 7.0. // [Electronic resource]. - Mode of access: URL: http://www.adlia.tj (date of application: 24.08.2023 p.).

3. Convention of the Shanghai Cooperation Organization "On countering extremism (extremism) of June 9, 2017 // Centralized information-legal database of the Republic of Tajikistan "Justice". Form 7.0. // [Electronic resource]. - Access mode: http://www.adlia.tj/ (date of application: 03.08.2023).

4. Similar (model) law of CSTO "On information resistance to terrorism and extremism". Decision of the SPAD Parliamentary Assembly No. 11-3.3. from October 30, 2018 // [Electronic source]. - Access mode: https://odkb-csto.org/

5. Model law of CSTO "On information security" // [Electronic resource]. - Mode of access: https://paodkb.org/ (date of application: 12.08.2023).

6. Model law on countering extremism, adopted by the Antiparliamentary Assembly of the CIS Member States on May 14, 2009 // [Electronic resource]. - Access mode: http://docs. pravo.ru/docu-ment/view/16872152/14355262/ (date of access: 08/04/2023).

7. Criminal Code of the Azerbaijan Republic (approved by the Law of the Azerbaijan Republic dated December 30, 1999 No. 787-IQ) (with amendments and additions as of May 30, 2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30420353 (access date: 08/04/2023).

8. Criminal Code of the Republic of Belarus of July 9, 1999 No. 275-Z (with amendments and additions as of March 9, 2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Docu-ment/?doc_id=30414984#pos=6;-142 (date of access: 08/04/2023)

9. Criminal Code of the Republic of Kazakhstan dated July 3, 2014 No. 226-V (with amendments and additions as of September 12, 2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Document/?doc_id=31575252 (date of access: 08/04/2023).

10. Criminal Code of the Kyrgyz Republic dated October 28, 2021 No. 127 (with amendments and additions as of July 25, 2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://online.zakon.kz/Docu-ment/?doc_id=36675065 (date of access: 08/04/2023).

11. Criminal Code of the Republic of Moldova of April 18, 2002 No. 985-XV (with amendments and additions as of July 31, 2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Doc-ument/?doc_id=30394923 (date of access: 08/04/2023).

12. Criminal Code of the Russian Federation of June 13, 1996 No. 63-FZ (with amendments and additions as of 08/04/2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Docu-ment/?doc_id=30397073 (access date: 08/01/2023).

13. Criminal Code of the Republic of Turkmenistan dated June 12, 1997 No. 222-I (with amendments and additions as of April 17, 2022) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Document/?doc_id=31295286 (access date: 08/01/2023).

14. Criminal Code of the Republic of Uzbekistan (approved by the Law of the Republic of Uzbekistan dated September 22, 1994 No. 2012-XII) (with amendments and additions as of 08/12/2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Document/?doc_id=30421110 (access date: 08/01/2023).

15. Criminal Code of Ukraine dated April 5, 2001 No. 2341-III (with amendments and additions as of July 13, 2023) // [Electronic resource]. - Access mode: https://continent-online.com/Docu-ment/?doc_id=30418109 (access date: 08/04/2023).

16. Shanghai Convention on Combating Terrorism, Separatism and Extremism (Shanghai, June 15, 2001) // [Electronic resource]. - Access mode: https://www.referent.ru/1Z10927 (date of access: 08/10/2023).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.