Научная статья на тему 'АСОСЊОИ ЊУЌУЌИИ МУЌОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН'

АСОСЊОИ ЊУЌУЌИИ МУЌОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
истиќлолияти давлатї / парламент / вањдати миллї / асосњои њуќуќї / ќонунгузории миллї / амнияти давлатї / пешгирї / муќовимат / терроризм / экстремизм. / государственная независимость / парламент / национальное единство / правовые основы / национальное законодательство / национальная безопасность / предупреждение / противо-действие / терроризм / экстремизм.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Раљабзода Р.М.

Дар маќола сухан дар бораи асосњои њуќуќии муќовимат ба терроризм ва экстремизм дар Љумњурии Тољикистон меравад. Ќайд мегардад, ки таъмини сиёсати самарабахши давлатї оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм яке аз самтњои афзалиятноки амнияти давлатї ба њисоб меравад. Бинобар ин, солњои охир дар Тољикистон вобаста ба пешгирї ва муќовимат ба терроризм ва экстремизм дар сатњи ќонунгузории миллї корњои зиёд ба анљом расонида шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

LEGAL BASIS FOR COUNTERING TERRORISM AND EXTREMISM IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

В статье речь идет о правовых основах противодействия терроризму и экстремизму в Республике Таджикистан. Отмечается, что обеспечение эффективной государственной политики по предупреждению терроризма и экстремизма является одним из приоритет-ных направлений государственной безопасности. Поэтому за последние годы в Таджики-стане проделана большая работа по предупреждению и противодействию терроризму и экстремизму на уровне национального законодательства.

Текст научной работы на тему «АСОСЊОИ ЊУЌУЌИИ МУЌОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН»

ТДУ 342.76:343.341.1

АСОСХ,ОИ ^УЦУЦИИ МУКОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ПРАВОВЫЕ ОСНОВЫ ПРОТИВОДЕЙСТВИЯ ТЕРРОРИЗМУ И ЭКСТРЕМИЗМУ

В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

LEGAL BASIS FOR COUNTERING TERRORISM AND EXTREMISM IN THE

REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Ра4абзода Р.М. Rajabzoda R.M.

Раиси Кумитаи Мацлиси намояндагони Мацлиси Олии Цум^урии Тоцикистон оид ба цонунгузорй ва %уцуци инсон, доктори илмуои

^уцуцшиносй, дотсент Председатель Комитета Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по законодательству и правам человека,

доктор юридических наук, доцент Chairman of the Committee of the Majlisi Namoyandagon of the Majlisi Oli of the Republic of Tajikistan on Legislation and Human Rights,

Doctor of Law, Associate Professor

Ихтисоси илми: 12.00.01 - Назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот дар бораи хукук ва давлат (5.1.1. Илмхои хукукии назариявй-таърихй).

Научная специальность: 12.00.01 - Теория и история права и государства; история учений о праве и государстве (5.1.1. Теоретико-исторические правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.01 - Theory and history of law and state; history of the doctrines of law and the state (5.1.1. Theoretical and historical legal sciences).

Тацриздиуанда: Мансурзода А.М. - сардори факултети № 2-юми Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмхои хукукшиносй, дотсент, подполковники милитсия.

Рецезент: Мансурзода А. М. - начальник факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, подполковник милиции.

Reviwer: Mansurzoda A.M. - Head of the Faculty No. 2 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, associate professor, lieutenant colonel of the militia.

Аннотатсия: Дар макола сухан дар бораи асосхои хукукии муковимат ба терроризм ва экстремизм дар Чумхурии Точикистон меравад. Кдйд мегардад, ки таъмини сиёсати самарабахши давлатй оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм яке аз самтхои афзалиятноки амнияти давлатй ба хисоб меравад. Бинобар ин, солхои охир дар Точикистон вобаста ба пешгирй ва муковимат ба терроризм ва экстремизм дар сатхи конунгузории миллй корхои зиёд ба анчом расонида шудаанд.

Вожауои калиди: истиклолияти давлатй, парламент, вахдати миллй, асосхои хукукй, конунгузории миллй, амнияти давлатй, пешгирй, муковимат, терроризм, экстремизм.

Аннотация: В статье речь идет о правовых основах противодействия терроризму и экстремизму в Республике Таджикистан. Отмечается, что обеспечение эффективной государственной политики по предупреждению терроризма и экстремизма является одним из приоритетных

направлений государственной безопасности. Поэтому за последние годы в Таджикистане проделана большая работа по предупреждению и противодействию терроризму и экстремизму на уровне национального законодательства.

Ключевые слова: государственная независимость, парламент, национальное единство, правовые основы, национальное законодательство, национальная безопасность, предупреждение, противодействие, терроризм, экстремизм.

Annotation: The article deals with the legal framework for countering terrorism and extremism in the Republic of Tajikistan. It is noted that ensuring effective state policy to prevent terrorism and extremism is one of the priority areas of state security. Therefore, in recent years, a lot of work has been done in Tajikistan to prevent and combat terrorism and extremism at the level of national legislation.

Key words: state independence, parliament, national unity, legal framework, national legislation, national security, prevention, counteraction, terrorism, extremism.

умхурии Точикистон пас аз ба даст

-^овардани Истиклолияти давлатй ба мархилаи нави инкишофи таърихй, яъне бунёди давлати сохибихтиёр, демократй, хукукбунёд, дунявй, ягона ва ичтимой ворид гардида, бахри тахкими вавдати миллй ва сулху суботи комил дар кишвар тамоми сохахои фаъолияти хаёти давлатй ва чамъиятиро сафарбар менамояд.

Бунёди давлати навин, дар вокеъ, талошу захмати зиёдро такозо мекунад ва барои амалй сохтани раванди ислохоти сиёсиву иктисодй ва ичтимоиву фархангии кишвар ба вучуд овардани заминаи боэътимоди хукукд зарур аст. Бо назардошти ин, хануз аз огози даврони сохибистиклолй барои таъмини фаъолияти муътадили хокимияти конунгузор тамоми шароити мусоид фарохам оварда шудааст. Зеро танхо бо рох,и танзими конунии равандхои мухталифи хаёт ва муносибатхои ташаккулёбандаи чомеа, ки дар давраи гузариш карор дошт ва мардуми кишвар ба мархалаи созандагиву бунёдкорй кадамхои нахустин мегузоштанд, ноил шудан ба пешравихо, амалигардонии хадафхои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрую эътибори Точикистон дар арсаи байналмилалй имконпазир буд.

Дар чах,они муосир равандхо ва зухуроте мавчуданд, ки на танхо ба як кишвар ва ё минтака, балки ба тамоми кишвархои чахон ва дар мачмуъ ба аксарияти мардумони сайёра тавдид мекунанд. Яке аз чунин зухуроти номатлуб,

ки хатари минтакдвй ва байналмилалиро ба бор оварда, дар хама минтакдхои олам тамоюли пахншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваччухи хаматарафаи созмону ташкилотхои минтакдвй, байналмилалй ва давлатхои чахон гардидааст. Хдрчанд падидахои чойдошта мавчуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, мохияти онхо шакли муташаккилтар ва мураккаби

зохиршавиро пайдо кардааст. Имруз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм хамчун хавфноктарин тахдидхо барои инсоният ва чомеаи умумибашарй бок;й монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулхои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.

Чунончи Асосгузори сулху вахдати миллй - Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомалй Рахмон дар ифтитохи Конфронси байналмилалии сатхи баланд дар мавзуи «Мук;овимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» зикр намуданд,

«Точикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгарой, тундгарой ва дигар хатару тахдидхои замони муосир, аз кдбили гардиши гайрик;онунии маводи мухаддир ва силох, чинояткорихои муташаккили фаромиллй ва

киберчиноятхо шарики табиии хамаи давлатхои дунё ва созмонхои байналмилаливу минтакдвй мебошад» [1].

Дар ин чода раванди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм нишон

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 4 (6о). 2023

медихад, ки имруз пешгирй аз ин зухуроти номатлуб муттахидй ва хамохангии фаъолияти тамоми макомоти давлатй, иттиходияхои чамъиятй ва намояндагони гуногуни чомеаро такозо дорад.

Точикистон мисли давлатхое, ки чанги шахрвандиро аз сар гузаронидааст, аз окибатхои фочиабори фаъолияти ташкилотхои экстремистй-террористии байналмилалй хуб огах аст ва дар давоми солхои сохибистиклолй тарафдори муборизаи беамон ва муташаккилонаи зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Борхо таъкид гардид, ки муборизаи муташаккилонаи зидди экстремизм ва терроризм яке аз мушкилоти асосии чомеаи чахон, аз чумла Точикистони муосир ба хисоб меравад. Аз рузхои аввали ба даст овардани истиклолияти давлатй рохбарияти сиёсии Точикистон дар амалй сохтани сиёсати босамари давлатй оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм дар мамлакат иродаи кавии сиёсй нишон дода истодааст. Таъмини сиёсати самарабахши давлатй оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм яке аз самтхои афзалиятноки амнияти давлатй ба хисоб меравад. Дар давраи сохибистиклолй Точикистон вобаста ба пешгирй ва муковимат ба терроризм ва экстремизм дар сатхи конунгузории миллй корхои зиёдеро ба анчом расонидааст.

Кайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи 10 соли охир ба конунгузории ин самт зиёда аз 50 маротиба, аз чумла: 10 маротиба ба конуни сохавй, 47 маротиба ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон тагйироту иловахо ворид карда шудааст.

Бо ташаббуси Хукумати Чумхурии Точикистон бо Конуни Чумурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон» ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ ЧТ) моддахои алохида («Моддаи 307(1). Даъвати оммавй барои амалй намудани фаъолияти экстремиста (ифротгарой) ва сафедкунии оммавии экстремизм», «Моддаи 307(2). Ташкили иттиходи экстремиста (ифротгарой)» ва «Моддаи 307(3). Ташкили фаъолияти

ташкилоти экстремистй (ифротгарой)») вобаста ба фаъолияти террориста ва экстремистй ворид карда шуда, баъдан онхо вобаста ба тагйир ёфтани симои ин намуди чиноят боз хам такмил дода шуданд [2].

Инчунин, бо максади таквият бахшидани мубориза дар ин самт бо кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон» аз 2-юми августи соли 2011, № 750 ба КЧ ЧТ моддаи 307(4) - «Ташкили таълим ё гурухи таълимии хусусияти динии экстремистидошта» илова гардид [3].

Зарурати ичтимоии илова намудани моддаи мазкур дар он зохир мегардад, ки ташкилотхои экстремистй-террористй аз аввали солхои 90-уми асри гузашта то инчониб бо рохи таълимоти хонагй-динй тафаккури чавононро ифротй гардонида истодаанд.

Бо сабаби солхои охир зиёд гардидани иштироки гайриконунии шахрвандони Точикистон дар задухурдхои мусаллахона дар хоричи кишвар, бо кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон» аз 26-уми июли соли 2014, № 1088 ба КЧ ЧТ моддаи 401(1) - «Чалб ва иштироки гайриконунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони бешахрванд дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чангй дар каламрави дигар давлатхо» илова карда шуд [4].

Дар эзохи моддаи мазкур муайян гардидааст, ки «Шахсе, ки ихтиёрй аз иштироки гайриконунй дар вохиди мусаллах, задухурди мусаллахона ё амалиёти чангй дар худуди дигар давлатхо то катъ гардидани фаъолияти вохиди мусаллах, анчом ёфтани задухурди мусаллахона, ё амалиёти чангй даст мекашад, агар дар кирдори у аломатхои таркиби чинояти дигар мавчуд набошанд, аз чавобгарии чиноятй озод карда мешавад» [5].

Иловаи мазкур дар баробари пешгирии кирдорхои чиноятй, хамчунин характери тарбиявй дошта, ба шахсони

Осори Академияи ВКД Чумдурии Точикистон. № 4 (60). 2023

радгумзада, хусусан, чавононе, ки ба доми фиреби гуруддои манфиатчу афтидаанд, имкон медидад, ки хатои худро ислод намоянд ва ба даёти осуда баргарданд.

Дар натичаи чорадои максадноки андешидашуда, шумораи шахсоне, ки ихтиёрй аз иштирок дар водиддои мусаллад даст мекашанд, мунтазам зиёд мегардад. «То имруз кариб 200 нафар аз ин род бо ихтиёри худ баргаштаанд» [6]. Ин мукаррароти конунгузорй дар асоси принсипи инсондустй родандозй гардида, накши мудимми давлатро дар тарбия намудани инсони комил собит месозад.

Дар баробари такмили конунгузории содавй бо максади пешгирй кардани чунин амалдо, дигар конунгузории мамлакат низ мунтазам такмил дода мешаванд ва дар ин самт конундои Чумдурии Точикистон «Оид ба ворид намудани иловадо ба Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Оид ба ворид намудани иловадо ба Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи алокаи баркй» аз 13-уми марти соли 2016, №1294 ва №1301 ба имзо расида, пас аз интишори расмй мавриди амал карор дода шудаанд [7].

Дар асоси сархати сездадуми моддаи 8-и Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модарон уддадор карда мешаванд, ки аз тарафи фарзанд максаднок ва мувофик ба таълиму тарбияи у истифода шудани интернетро назорат намоянд.

Мутобики иловадое, ки ба моддадои 19 ва 20-и Конуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи алокаи баркй» ворид карда шуданд, ба падару модарон дукук дода шуд, ки аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алокаи баркй аз чониби фарзандашон маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд. Хамзамон, операторон ва провайдерон вазифадор шуданд, ки ба падару модарон маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алокаи баркй аз чониби фарзандашон ройгон пешнидод кунанд.

Иловадои зикргардида ба конундои Чумдурии Точикистон «Дар бораи

масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи алокаи баркй», дар вазъияти муташанничи авзои сиёсии чадон, саривактй ва зарурй буда, барои таквият бахшидан ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд кумак менамояд ва чидати пешгирй намудани пайвастшавии ноболигон ва чавонон ба дар гуна гуруддои террористиву экстремистй мусоидат мекунад.

Албатта ворид намудани тагйиру иловадо ба конунгузории содавй ин талаботи замон мебошад, чунки тарзу усул ва шаклдои ифодаёбии терроризм ва экстемизм низ доимо дар инкишоф мебошад.

Хамзамон бо пешнидоди Хукумати Чумдурии Точикистон таи се соли охир конундои содавии Чумдурии Точикистон ба монанди: «Дар бораи муковимат бо экстремизм аз 2-юми январи соли 2020 № 1655» [8], «Дар бораи муковимат ба терроризм аз 23-юми декабри соли 2021, № 1808» [9], «Дар бораи муковимат ба конунигардонии (расмикунонии)

даромаддои бо роди чиноят бадастоварда, маблаггузории терроризм ва

маблаггузории паднкунии силоди катли ом аз 15-уми марти соли 2023, № 1950» [10], низ бо назардошти талаботи муосир нисбат ба муковимат ба терроризм ва экстремизм дар тадрири нав аз тарафи парламенти кишвар кабул ва аз чониби Президенти мамлакат ба имзо расидааст, ки бадри мубориза ба мукобили ин зудуроти номатлуб мусоидат ходад кард.

Хуччати дигари мудимми муковимат бо терроризм ва экстремизм, ки дамчун асоси дукукии мубориза бар зидди ин зудуроти номатлуб ин Стратегияи муковимат ба экстремизм ва терроризм дар Чумдурии Точикистон мебошад.

Стратегияи муковимат ба экстремизм ва терроризм дар Чумдурии Точикистон барои солдои 2021-2025 чидати ичрои дастуру супоришдое, ки дар Паёми Президенти Чумдурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон аз 26-уми январи соли 2021 «Дар бораи самтдои асосии сиёсати дохилй ва хоричии Чумдурии Точикистон» зикр гардидаанд,

Осори Академияи ВКД Чумдурии Точикистон. № 4 (6о). 2023

мутобик ба икдомоти Точикистон доир ба амалисозии Страгеияи глобалии зиддитеррористии Созмони Миллали Муттадид ва катъномадои Шурои амнияти Созмони Миллали Муттадид кабул гардидааст.

Тибки Фармони Президенти Чумдурии Точикистон аз 1-уми июни соли 2021, № 187 «Дар бораи Стратегияи миллии Чумдурии Точикистон оид ба муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солдои 2021-2025» ва «Накшаи амал оид ба амалисозии он» ба вазорату идорадо, макомоти ичроияи докимияти давлатии Вилояти Мухтори Кудистони Бадахшон, вилоятдо, шадри Душанбе ва шадру нодиядо дастур дода шудааст, ки дар доираи маблагдои пешбинишудаи бучетй давлатй, маблагдои махсус ва маблагдои дигаре, ки конунгузории Чумдурии Точикистон манъ накардааст, чидати амалисозии Стратегияи мазкур чорачуй намуда, накшадои

дохилиидоравии худро тадия ва тасдик намоянд ва кордои фадмондадидиро дар байни чомеа ба род монанд.

Стратегияи мазкур максад, вазифадо ва самтдои асосии сиёсати давлатии Чумдурии Точикистонро дар содаи муковимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттадид намудани тадбирдои макомоти давлатй, макомоти худидоракунии шадрак ва дедот, нидоддои чомеаи шадрвандй ва созмондои байналмилалй дар ин самт равона шудааст.

Хдмодангсозии фаъолияти макомоти давлатй, нидоддои чомеаи шадрвандй ва созмондои байналмилалй оид ба ичрои Стратегияи мазкур, инчунин назорат ба рафти амалишавии он аз чониби Прокуратураи генералии Чумдурии Точикистон анчом дода мешавад.

Хдмзамон, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон дам

бахри ичрои дастуру супоришхои Рохбари давлат амал карда, дар асоси маълумоти дахлдор хамасола бо даъвати субъектони муковиматкунандаи самти мазкур соатхои парламентй ва мухокимахои парламентй доир намуда, хисоботи макомотро шунида, барои боз хам вусъат бахшидан ба фаъолияти онхо тавсияхои дахлдор медихад, ки тачрибаи бенихоят хуб ба шумор меравад.

Еайр аз ин, Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хамкориро дар сатхи байналмилалй дар ин самт бо Ассамблеяи байнипарламентии давлатхои иштирокчии Иттиходи Давлатхои Мустакил, Созмони хамкории Шанхай, Созмони Ахдномаи Амнияти Дастачамъй ва дигар ташкилотхои байналмилалй ба рох монда, солхои охир як катор Созишномахо ва Протоколхоро дар сатхи зарурй омода ва кабул (тасдик -ратификатсия) кардааст, ки бахри фаврй ба рох мондани муносибатхои дутарафа ва бисёртарафаи макомоти муборизабаранда ва муковиматкунандаи терроризм ва экстремизм мусоидат карда истодааст.

Дар охир кайд кардан ба маврид аст, ки вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар хамкорй барои пешгирй намудани шомилшавии шахрвандон ба

иттиходияхои ифротгаро, иштироки онхо дар задухурдхои мусаллахонаи дигар давлатхо фаъолиятро боз хам чоннок намуда, омилхои номатлуби терроризм ва экстремизм, ки барои амнияти давлат ва миллати мо ва умуман ба минтака ва чахон хавф эчод мекунанд, хамкории муштаракро бо чалби чомеаи шахрвандй ба рох монда, чун гуфтахои Пешвои Миллат, мухтарам Эмомалй Рахмон хушёрй ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, мубориза барем.

Адабиёти истифодашуда

1. Суханронй дар маросими ифтитоди Конфронси байналмилалии сатди баланд дар мавзуи «Муковимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», 4 майи соли 2018, шадри Душанбе // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: http://www.president.tj/node/17564 (санаи мурочиат: 24.08.2023).

2. Ахбори Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон (с. 2004, № 5, мод. 346).

3. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2011, № 6, мод. 510).

4. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2014, № 5, мод. 253).

5. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2014, № 12, мод. 863).

6. Сомонаи расмии Агентиии миллии иттилоотии Точикистон «Ховар» - Речаи воридшавй: https://khovar.tj (санаи мурочиат: 16.09.2019 с.).

7. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2016, № 3, мод. 147, 154).

8. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2020, № 1, мод. 2).

9. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2021, №12, кисми 2, мод. 682).

10. Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон (с. 2023, № 1-3, мод. 2).

References

1. Speech at the opening ceremony of the International High-Level Conference on "Combating Terrorism and Violent Extremism", May 4, 2018, Dushanbe city // [Electronic resource] - Access mode: http://www.president.tj/node/ 17564 (date of application: 24.08.2023).

2. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2004, No. 5, Article 346).

3. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2011, No. 6, Article 510).

4. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2014, No. 5, Article 253).

5. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2014, No. 12, Article 863).

6. The official website of the National Information Agency of Tajikistan "Khovar" - Login: https://khovar.tj (access date: 16.09.2019).

7. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2016, No. 3, Art. 147, 154).

8. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2020, No. 1, Article 2).

9. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2021, No. 12, Part 2, Article 682).

10. News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan (p. 2023, No. 1-3, Article 2).

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.