Научная статья на тему 'ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ БАРОИ ГУМ КАРДАНИ АСНОДИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТЇ МУТОБИЌИ ЌОНУНГУЗОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН'

ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ БАРОИ ГУМ КАРДАНИ АСНОДИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТЇ МУТОБИЌИ ЌОНУНГУЗОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
кодекси љиноятї / љавобгарии љиноятї / асноди сирри давлатї / гум кардани маълумоти сирри давлатї / предмет / объект / тарафи объективї / субъект / тарафи субъективї. / уголовный кодекс / уголовная ответственность / документы / содержащие государственную тайну / утеря сведений / составляющих государственную тайну / предмет / объект / объективная сторона / субъект / субъективная сторона.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Њайдарзода М.П., Акрамзода Ш.М.

Дар маќола љавобгарии љиноятї барои гум кардани асноди дорои сирри давлатї, ки дар моддаи 312 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, мавриди омўзиш ќарор дода шуда, диспозитсияи он бо пайдарњамии хосса тањлил карда шудааст. Муаллифон мафњумњои «асноди сирри давлатидошта» ва «гум кардани маълумотњои дорои сирри давлатї»-ро баррасї карда, андешањои асосноки худро манзур сохтаанд. Њамзамон, аломатњои таркиби љинояти мазкур тањлил шуда, андешањои судманд оид ба предмети содиршавї ва фаро расидани оќибатњои дигари вазнин манзур карда шудааст. Ба ќавли муаллифон, шарти асосї барои ба љавобгарии љиноятї кашидани шахс бо м. 312 КЉ ЉТ ин аз беэњтиётї боиси гум шудани маълумоти дорои сирри давлатидошта ё фаро расидани оќибатњои дигари вазнин мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

CRIMINAL LIABILITY FOR THE LOSS OF DOCUMENTS CONTAINING STATE SECRETS UNDER THE LEGISLATION OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

В статье рассматриваются вопросы, связанные с уголовной ответственностью за утрату документов, содержащих государственную тайну, предусмотренную статьей 312 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, представляется последовательный анализ ее диспозиии. Авторами рассмотрены понятия “документы, содержиащие государственную тайну” и “утеря сведений, составляющих государственную тайну” и на этой основе представлено собственное обоснованное мнение. Проанализированы признаки состава этого преступления, дано авторское заключение о предмете преступления и наступлении других тяжких последствий. По мнению авторов, основным условием привлечения к уголовной ответственности по ст. 312 УК РТ является утеря сведений, составляющих государственную тайну по неосторожности, повлекшее за собой наступление тяжких последствий.

Текст научной работы на тему «ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ БАРОИ ГУМ КАРДАНИ АСНОДИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТЇ МУТОБИЌИ ЌОНУНГУЗОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН»

ТДУ 343.34

ЧДВОБГАРИИ ЧИНОЯТЙ БАРОИ ГУМ КАРДАНИ АСНОДИ ДОРОИ СИРРИ ДАВЛАТИ МУТОБИЦИ ЦОНУНГУЗОРИИ ^УМ^УРИИ ТОЧИКИСТОН

УГОЛОВНАЯ ОТВЕТСТВЕННОСТЬ ЗА УТРАТУ ДОКУМЕНТОВ, СОДЕРЖАЩИХ ГОСУДАРСТВЕННУЮ ТАЙНУ ПО ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВУ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

CRIMINAL LIABILITY FOR THE LOSS OF DOCUMENTS CONTAINING STATE SECRETS UNDER THE LEGISLATION OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

Дайдарзода М.П. Haydarzoda M.P. Дотсенти кафедраи %уцуци маъмури ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй, майори милитсия Доцент кафедры административного права и административной деятельности факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук,

майор милиции

Associate рrofessor of the department of аdministrative law and аdministrative аctivities of the faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tatarstan, Candidate of Legal Sciences,

the major of militia

Акрамзода Ш.М. Akramzoda Sh.M. Омузгори калони кафедраи %уцуци маъмури ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии

Тоцикистон, майори милитсия Старший преподаватель кафедры административного права и административной деятельности факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, майор милиции Senior lecturerof the department of аdministrative law and аdministrative аctivities of the faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tatarstan, Candidate of Legal Sciences,

the major of militia

Ихтисоси илми: 12.00.08 - Дукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй.

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право.

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law.

Такриздщанда: Сафарзода Д.С. - профессори кафедраи пешгирии чиноятх,ои террориста ва таъмини бехатарии чамъиятии факултети № 6-уми Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмх,ои хукукшиносй, дотсент, полковники милитсия.

Рецензент: Сафарзода Х.С. - профессор кафедры предупреждения террористических преступлений и обеспечения общественной безопасности факультета № 6 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, полковник милиции.

e-mail:

murod.23.09.1990@mail.ru

» —« i

e-mail:

murod.23.09.1990@mail.ru

Reviewer: Safarzoda H.S. - Professor of the Department of Prevention of Terrorist Crimes and Public Security of the Faculty No. 6 of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan, candidate of legal sciences, Associate Professor, Colonel of militia.

Аннотатсия: Дар макрла чавобгарии чиноятй барои гум кардани асноди дорои сирри давлатй, ки дар моддаи 312 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пешбинй шудааст, мавриди омузиш кдрор дода шуда, диспозитсияи он бо пайдархамии хосса тахлил карда шудааст. Муаллифон мафхумхои «асноди сирри давлатидошта» ва «гум кардани маълумотхои дорои сирри давлатй»-ро баррасй карда, андешахои асосноки худро манзур сохтаанд. Хдмзамон, аломатхои таркиби чинояти мазкур тахлил шуда, андешахои судманд оид ба предмети содиршавй ва фаро расидани ок;ибатхои дигари вазнин манзур карда шудааст. Ба кдвли муаллифон, шарти асосй барои ба чавобгарии чиноятй кашидани шахс бо м. 312 КЧ, ЧТ ин аз беэхтиётй боиси гум шудани маълумоти дорои сирри давлатидошта ё фаро расидани ок;ибатхои дигари вазнин мебошад.

Вожауои калиди: кодекси чиноятй, чавобгарии чиноятй, асноди сирри давлатй, гум кардани маълумоти сирри давлатй, предмет, объект, тарафи объективй, субъект, тарафи субъективй.

Аннотация. В статье рассматриваются вопросы, связанные с уголовной ответственностью за утрату документов, содержащих государственную тайну, предусмотренную статьей 312 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, представляется последовательный анализ ее диспозиии. Авторами рассмотрены понятия "документы, содержиащие государственную тайну" и "утеря сведений, составляющих государственную тайну" и на этой основе представлено собственное обоснованное мнение. Проанализированы признаки состава этого преступления, дано авторское заключение о предмете преступления и наступлении других тяжких последствий. По мнению авторов, основным условием привлечения к уголовной ответственности по ст. 312 УК РТ является утеря сведений, составляющих государственную тайну по неосторожности, повлекшее за собой наступление тяжких последствий.

Ключевые слова: уголовный кодекс, уголовная ответственность, документы, содержащие государственную тайну, утеря сведений, составляющих государственную тайну, предмет, объект, объективная сторона, субъект, субъективная сторона.

Annotation: The article deals with issues related to liability for the loss of documents containing state secrets, provided for in article 312 of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan, and presents a consistent analysis of its disposition. The authors considered the concepts of "document constituting a state secret" and "loss of information constituting a state secret" and on this basis presented their own reasonable opinion. The signs of the composition of this crime are analyzed, the authors opinion on the subject of the crime and the onset of other grave consequences is given/ according to the authors, the main condition for bringing to criminal liability under article 312 of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan is the loss of information constituting a state secret by negligence, which entailed the onset of grave consequences.

Key words: Criminal Code, criminal responsibility, document constituting a state secret, loss of information constituting a state secret element, object, objective side, subject, subjective side.

Гум кардани асноди дорои сирри давлатй хамчун чиноят дар моддаи 312 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ ЧТ) пешбинй шуда, аз як к;исм иборат мебошад.

Дар диспозитсияи он омадааст, ки аз чониби шахси ба сирри давлатй ичозатдошта, вайрон кардани к;оидахои

мукдрраргардидаи муносибат бо асноди дорои сирри давлатидошта, хамчунин, бо предметхое, ки маълумот дар бораи онхо сирри давлатй мебошанд, агар ин кирдор аз беэхтиётй боиси гум шудани онхо ё фаро расидани ок;ибатхои вазнин гардад [1], чиноят мебошад.

Аз мазмуни мукаррароти зикршуда бармеояд, ки шарти асосй барои бо ин модда бандубаст кардани кирдори шахс ин аз бэхтиётй боиси гум шудани маълумоти дорои сирри давлатидошта ё фаро расидани окибатхои дигари вазнин мебошад.

Гум кардани маълумоти дорои сирри давлатидошта ин аз сохибй ё истифодабарии конунй баромадани маълумоти дорои сирри давлатй, аз чумла, муваккатан баромадани онхо дар натичаи гум кардан ва ё тасарруф шуданашон мебошанд [2].

Фаро расидани окибатхои дигари вазнин бошад, дар ба миён омадани зарари калон ба иктидори мудофиавй, иктисодй, сиёсй ва амнияти берунии давлат (мисол, гум кардани асноди дорои сирри давлатй, ки дар натича он дастраси хизмати махсуси хоричй мегардад ва давлат мачбур мешавад, ки бо сарфи маблагхои калон объектхои махфиро ба дигар чой кучонад), ошкор шудани шахсоне, ки чорабинии оперативй-чустутчуиро мегузаронанд ё дар доираи чорабинихои оперативй-чстучуй ба гурухи муташаккили чиноятй ворид шудаанд, расонидани зарар ба саломатии онхо, ба катл расонидани шахсони ба таври пинхонй ба макомоти хифзи хукук мусоидаткунанда ва ё хешу табори наздики онхо ифода ёфтанаш мумкин аст.

Объекти бевоситаи ин чиноят муносибатхои чамъиятие мебошад, ки манфиатхои хаётан мухимми Чумхурии Точикистонро дар сохахои харбй, вазъияти фавкулодда ва мудофиаи гражданй, иктисодй, молия, саноат, илм ва техника, фаъолияти разведкавй, зиддиразведкавй, оперативй-чустучуй ва гайра, ки ба сирри давлатй мансубанд ва дар умум ифшо намудани онхо ба амнияти давлат зарар мерасонанд ё тахдиди расонидани чунин зарарро ба миён меоранд, мебошад.

Предмети чинояти мазкурро асноди дорои сирри давлатидошта ё предметхое, ки маълумот дар бораи онхо сирри давлатй мебошанд, ташкил медиханд.

Асноди дорои сирри давлатидошта гуфта, мачмуи манбахои иттилоотиеро

меноманд ки дар онхо маълумоти махсус бо мухри махфият ва навиштачоти муайян дарч гардидааст. Асноди дорои сирри давлатидошта метавонанд чопй, дастнавис, графикй ва г. бошанд.

Предметхое, ки маълумот дар бораи онхо сирри давлатиро ташкил медиханд, чунин ашёе мебошанд, ки дорои хусусияти физикй буда, хамеша моддиянд ва онхо аз чизхои муайяни олами хастй иборат мебошанд. Масалан, макетхои силох, лавозимоти чангй, техникаи харбй ва г. [3, с. 690; 4, с. 671].

Ёдовар мешавем, ки дар моддаи 1 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» мафхуми «предметхои дорои сирри давлатидошта» мавчуд набуда, ба чойи он мафхуми «хомилхои маълумоти дорои сирри давлатидошта» истифода карда шудааст [2]. Домилхои маълумоти дорои сирри давлатй ин объектхои моддй, аз чумла, майдонхои физикй, ки дар онхо маълумоти дорои сирри давлатй дар шакли рамзхо, накшхо, аломатхо, кашфиёт ва равандхои техникй инъикоси худро меёбанд.

Тарафи объективии чинояти мазкур аз аломатхои хатмии зерин иборат мебошад:

а) кирдори ба чамъият хавфнок дар намуди вайрон кардани коидахои мукарраргардидаи муносибат бо асноди дорои сирри давлатй ё бо предметхое, ки маълумот дар бораи онхо сирри давлатиро ташкил медиханд;

б) окибати ба чамъият хавфнок дар намуди гум шудани асноди дорои сирри давлатй ё предмедхое, ки маълумот дар бораи онхо сирри давлатй мебошанд ё дар фарорасии окибатхои вазнин ифода меёбанд [3, с. 690].

Ёдовар мешавем, ки талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан, хифз кардан, додан, хамлу накл ва бахисобгирии хомилхои маълумоти дорои сирри давлатй ва нигохдории онхо аз тарафи Дукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда

мешаванд. Дамзамон, низоми махсуси фаъолияти макомоти давлатй ва ташкилотхо, инчунин вохидхои сохтории

онхо, ки бо сирри давлатй вобаста аст (низоми махфият), бо тартиби мукаррарнамудаи Дукумати Чумхурии Точикистон чорй карда мешавад [2].

Дар баробари ин, тибки мукаррароти банди 1 м. 40 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» шахрванде, ки ба сирри давлатй рухсат дорад, ухдадор аст сирри давлатиро, ки ба у бовар карда мешавад ё вобаста ба ичрои ухдадорихои хизматй аз он хабардор мегардад, ба хеч вачх фош насозад. Бо максади риояи талаботхои дар боло зикршуда ва назорати шахрвандони ба сирри давлатй рухсатдошта, рохбарони ташкилотхо ухдадор мебошанд, ки назоратбарии доимии таъмини хифзи сирри давлатиро амалй намоянд. Инчунин, макомоти давлатие, ки ба онхо хукуки халли масъала оид ба пешниход кардани дастрасй ба маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатй дода шудааст, ухдадоранд холати хифзи сирри давлатиро дар ташкилотхое, ки корхо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлатй ё нигохдории хомилхои онхо амалй мегарданд, назоратбарй намоянд [2].

Еайр аз ин, мутобики к. 4 м. 50 конуни мазкур, макоми ваколатдори давлатй ва макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон хукук доранд, холати хифзи сирри давлатиро дар хамаи макомоти давлатй ва ташкилотхо тахти назоратбарй карор диханд. Хулосахои макомоти ваколатдори давлатй ва макомоти амнияти миллии Чумхурии Точикистон, ки дар санадхои санчишхои расмй аз руйи натичахои назоратбарии холати хифзи сирри давлатй баён гардидаанд, барои шахсони мансабдор чихати ичро хатмй мебошанд. Дамзамон, онхо назоратбарии дуруст додан ва тагйири мухри махфият, мухлати махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатй, нигохдорй ва кор бо хуччатхои махфиро амалй менамоянд [2].

Назорати риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлатй бошад, ба салохияти Прокурори генералии Чумхурии Точикистон, прокуророни тобеи он ва прокуророни аз

тарафи у ваколатдоршуда гузошта шудааст. Барои шахсоне, ки назорати прокурориро амалй менамоянд, дастрасй ба маълумоти дорои сирри давлатй мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» хал карда мешавад (моддаи 52 конуни мазкур).

Шахсоне, ки ба назоратбарии конунгузории Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» ва тафтиши чиноятхое, ки ба сирри давлатй мутаалликанд, бояд донанд, ки дар байни вайрон кардани коидахои

мукарраргардида ва гум шудани аснод ё предмет ва ё фаро расидани окибатхои вазнин робитаи сабабй мавчуд бошад. Яъне, хатман бояд муайян карда шавад, ки гум шудани асноду предметхо ва ё фаро расидани окибатхои вазнин оид ба сирри давлатй натичаи бевоситаи вайрон кардани коидахои бо санадхои меъёрии хукукй мукарраргардида мебошанд.

Аз ин лихоз, агар шахс коидахои мукарраргардидаи конунгузориро оид ба хифзи сирри давлатй риоя накунад, вале ин боиси гум шудани аснод ё предметхои дорои сирри давлатидошта нагардад ва ё онхо дар натичаи офатхои табиий ё чамъиятй тасарруф, гум ва ё дастраси шахсони сеюм гарданд, пас, дар кирдори шахс аломатхои таркиби чиноятй дар м. 312 КЧ ЧТ пешбинишуда мавчуд нест. Мисол, шахси масъул сейфи оханинро, ки дар он аснод ва ё предмети дорои сирри давлатй чойгир шудааст, куфл (махкам) мекунад, вале онро мухр намезанад. Дар ин чо, агар худи сейф ва ё аснод ё предмети дорои сирри давлатй тасарруф карда шавад, гузоштан ё нагузоштани мухр пеши рохи гумшавии онхо шуда наметавонад ва нагузоштани мухр ба гумшавии чунин асноду предметхо дар робитаи сабабй намебошад [3, с. 691].

Таркиби ин чиноят моддй буда, кирдори шахс дар сурате чиноят дониста мешавад, ки он агар аз беэхтиётй боиси гум шудан ё фаро расидани окибатхои вазнин гашта бошад. Тарафи субъективии ин чиноят гунох дар шакли беэхтиётй (худбоварй ё бепарвой) мебошад. Субъекти ин чиноят махсус яъне шахсе,

ки ба сирри давлатй ичозат дорад, мебошад.

Ичозат ба сирри давлатй - ин тартиби ба расмият даровардани хукуки

шадрвандон оид ба ичозат доштан ба истифодаи маълумотдои дорои сирри давлатидошта мебошад [3, с. 691].

Адабиёти истифодашуда

1. Кодекси чиноятии Чумдурии Точикистон аз 21-уми майи соли 1998, № 574 // Ахбори Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон с. 1998, № 9, м. 68, м. 69, № 22, м. 306; (Донуни ЧТ аз 23.12.2021 с., № 1809).

2. Донуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» аз 26-уми июли соли 2014, № 1095 // Ахбори Мачлиси Олии Чумдурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 1, мод. 392; (Донуни ЧТ аз 02.01.2020 с., № 1664).

3. Тафсир ба Кодекси чиноятии Чумдурии Точикистон / Мударрири масъул Х,.Х,. Шарипов. -Душанбе: «Глобус». - 2006. - 884 с.

4. Уголовное право. Общая и Особенная части: Учебник для вузов / Под общ. ред. д.ю.н. М.П. Журавлева и к.ю.н. С.И. Никулина. - М.: Норма, 2004. - 783 с.

References

1. Criminal Code of the Republic of Tajikistan dated May 21, 1998, No. 574 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan p. 1998, No. 9, p. 68, m. 69, No. 22, Art. 306; (Law of the Republic of Tajikistan dated 23.12.2021 p. No. 1809).

2. The Law of the Republic of Tajikistan "On State Secrets" dated July 26, 2014, No. 1095 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 2014, No. 7, p. 1, art. 392; (Law of RT dated 02.01.2020 p. No. 1664).

3. Commentary on the Criminal Code of the Republic of Tajikistan / Responsible editor H.H. Sharipov. - Dushanbe: "Globus". - 2006. - 884 p.

4. Criminal law. General and Special Parts: A Textbook for High Schools / Ed. ed. Doctor of Law M.P. Zhuravlev and Ph.D. S.I. Nikulin. - M.: Norma, 2014. - 783 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.