Научная статья на тему 'ТАБИАТИ ЊУЌУЌЇ-ЉИНОЯТИИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТЇ'

ТАБИАТИ ЊУЌУЌЇ-ЉИНОЯТИИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТЇ Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
табиати њуќуќї-љиноятї / махфигардонї / дараљаи махфият / муњри махфият / сирри давлатї / ифшо / номгўйи маълумот / љиноят / объект / тарафи объективї / субъект / тарафи субъективї. / уголовно-правовая природа / засекречивание / степень секретности / гриф секретности / государственная тайна / разглашение / перечень сведений / преступление / объект / объективная сторона / субъект / субъективная сторона.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Њайдарзода М.П.

Дар маќола табиати њуќуќї-љиноятии ифшои сирри давлатї, ки дар м. 311 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудааст, мавриди омўзиш ќарор дода шуда, диспозитсияи он тањлил карда шудааст. Муаллиф мафњуми «сирри давлатї»-ро, инчунин дигар мафњумњое, ки ба ин масъала тааллуќ доранд, баррасї карда, андешањои асосноки худро манзур сохт. Њамзамон, аломатњои таркиби љинояти мазкур дар асоси андешањои олимони соња тањлил намуда, андешањои судманд оид ба предмети содиршавї ва дараљаи махфияти маълумот манзур карда, нуќтаи назари худро оид ба шарти асосї барои ба љавобгарии љиноятї кашидани шахс бо м. 311 КЉ ЉТ бо мисолњо шарњ дода шудаанд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE CRIMINAL LAW NATURE OF THE DISCLOSURE OF STATE SECRETS

В статье раскрывается уголовно-правовая природа разглашения государственной тайны, предусмотренная в ст. 311 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, представлен анализ ее диспозиции. Автором рассмотрено понятие «государственная тайна», а также другие понятия, связанные с данным вопросом, представлено собственное обоснованное мнение. При этом, на основе мнений ученых в этой области, автором проанализированы признаки данного преступления, дано авторское заключение о предмете преступления и степени секретности информации, а также высказал свою точку зрения об основных условиях привлечения лица к уголовной ответственности по ст. 311 УК РТ, которые поясняются примерами.

Текст научной работы на тему «ТАБИАТИ ЊУЌУЌЇ-ЉИНОЯТИИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТЇ»

ТДУ 343.32

ТАБИАТИ ^УКУКЙ-ЧИНОЯТИИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТЙ

УГОЛОВНО-ПРАВОВАЯ ПРИРОДА РАЗГЛАШЕНИЯ ГОСУДАРСТВЕННОЙ ТАЙНЫ

THE CRIMINAL LAW NATURE OF THE DISCLOSURE OF STATE SECRETS

ХДЙДАРЗОДА М.П.

HAYDARZODA M.P.

Дотсенти кафедраи %уцуци маъмури ва фаъолияти маъмурии

факултети № 2-юми Академияи ВКД Чумхурии Тоцикистон, номзади илмуои ^уцуцшиносй,

майори милитсия

Доцент кафедры административного права и административной деятельности факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук,

майор милиции

Associate рrofessor of the department of аdministrative law and аdministrative аctivities of the faculty No. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tatarstan, Candidate of Legal Sciences,

the major of militia

Ихтисоси илми: 12.00.08 - хукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй.

Научная специальность: 12.00.08 - уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право.

Scientific specialty: 12.00.08 - criminal law and criminology; penal law.

Такриздщанда: ^УДРАТОВ Н.А - мудири кафедраи хукуки иктисодии Донишгохи давлатии тичорати Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, дотсент.

Рецензент: Кудратов Н.А. - заведующий кафедрой экономического права Таджикского государственного университета коммерции, доктор юридических наук, доцент.

Reviewer: Kudratov N.A. - Head of the Department of economic law of the Tajik state University of Commerce, Doctor of legal Sciences, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар макола табиати хукукй-чиноятии ифшои сирри давлатй, ки дар м. 311 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пешбинй шудааст, мавриди омузиш карор дода шуда, диспозитсияи он тахлил карда шудааст. Муаллиф мафхуми «сирри давлатй»-ро, инчунин дигар мафхумхое, ки ба ин масъала тааллук доранд, баррасй карда, андешахои асосноки худро манзур сохт. Дамзамон, аломатхои таркиби чинояти мазкур дар асоси андешахои олимони соха тахлил намуда, андешахои судманд оид ба предмети содиршавй ва дарачаи махфияти маълумот манзур карда, нуктаи назари худро оид ба шарти асосй барои ба чавобгарии чиноятй кашидани шахс бо м. 311 КЧ, Ч,Т бо мисолхо шарх дода шудаанд.

Вожауои калиди: табиати хукукй-чиноятй, махфигардонй, дарачаи махфият, мухри махфият, сирри давлатй, ифшо, номгуйи маълумот, чиноят, объект, тарафи объективй, субъект, тарафи субъективй.

Аннотация: В статье раскрывается уголовно-правовая природа разглашения государственной тайны, предусмотренная в ст. 311 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, представлен анализ ее диспозиции. Автором рассмотрено понятие «государственная тайна», а также другие понятия, связанные с данным вопросом,

e-mail:

murod.23.09.1990@mail.ru

представлено собственное обоснованное мнение. При этом, на основе мнений ученых в этой области, автором проанализированы признаки данного преступления, дано авторское заключение о предмете преступления и степени секретности информации, а также высказал свою точку зрения об основных условиях привлечения лица к уголовной ответственности по ст. 311 УК РТ, которые поясняются примерами.

Ключевые слова: уголовно-правовая природа, засекречивание, степень секретности, гриф секретности, государственная тайна, разглашение, перечень сведений, преступление, объект, объективная сторона, субъект, субъективная сторона.

Annotation: The article reveals the criminal law nature of the disclosure of state secrets, provided for in Art. 311 of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan, an analysis of its disposition is presented. The author considered the concept of "state secret", as well as other concepts related to this issue, presented his own informed opinion. At the same time, based on the opinions of leading scientists in this field, the author analyzed the signs of this crime, gave the author's opinion on the subject of the crime and the degree of secrecy of information, and also expressed his point of view on the main conditions for bringing a person to criminal liability under Art. 311 of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan, which are explained by examples.

Key words: criminal law nature, classification, degree of secrecy, secrecy stamp, state secret, disclosure, list of information, crime, object, objective side, subject, subjective side.

Сирри давлатй хамчун маълумоте, ки ифшои он ба амнияти давлат тахдид мекунад, яке аз чузъхои таркибии сохибихтиёрии кишвар ба хисоб меравад. Дар партави вокеахои сиёсй ва байналмилалии вактхои охир омузиши масъалахои ба сирри давлатй дохил намудани ин ё он маълумот, инчунин, масъалахои чавобгарй барои ифшои он мазмуни нав пайдо мекунанд. Масъалаи химоя намудани сирри давлатй хама вакту замон мубрам буда, аз нуктаи назари олимон, "Вазифаи давлат дар ташкил намудани тартиботи оптималии батанзимдарории нигох доштани баланси манфиатхои чамъиятй ва шахсй, таъмини речаи сахех ва боэътимоди хифзи иттилооти муайян дар якчоягй бо дахлнопазирии хукук ва манфиатхои конунии шахрвандон мебошад" [1, с. 14].

Зарурати хифзи хукукй-чиноятии иттилоот аз он иборат мебошад, ки вайрон намудани коидахои

мукарраршудаи рафтор дар фазои иттилоотй метавонад боиси ифшои сирри бо конун хифзшаванда, зарари моддй ё маънавй, инчунин хукуки шахрвандон ва дигар субъектхо барои дастрас намудани захирахои иттилоотй, расонад.

Моддаи 311 Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (минбаъд - КЧ, ЧТ), ки «Ифшои сирри давлатй» ном

дорад, вориси моддаи 72-и Кодекси чиноятии Чумхурии Шуравии

Сотсиалистии Точикистон (нашри соли 1961) мебошад. Моддаи мазкур аз ду кисм иборат буда, мувофики мазмуни кисми якум шахсе барои ифшои маълумоти сирри давлатидошта ба чавобгарии чиноятй кашида мешавад, ки агар маълумоти мазкур ба у бовар кардашуда бошад ё вобаста ба хизмат ё кор ба у маълум гаштааст ва агар ин маълумотхо дастраси дигарон шуда, дар ин кирдори у нишонахои хиёнат ба давлат мавчуд набошад [2].

Аз сабаби он ки диспозитсияи ин модда хусусияти бланкетй дорад, хукуктадбиккунандаро лозим меояд, ки барои муайян намудани мазмуни аломатхои он ба Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» назар кунад. Мувофики банди якуми моддаи 1 -и конуни мазкур сирри давлатй ин маълумоти аз тарафи давлат хифзшаванда, ки ифшо ё гум кардани он ба амнияти миллй ва иктидори мудофиавии Чумхурии Точикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад [3].

Ёдовар мешавем, ки конунгузор аз моддаи 13 то моддаи 18 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» номгуйи маълумотхоро дар сохаи харбй, вазъияти фавкулодда ва

мудофиаи гражданй, омодагй ба сафарбарй ва сафарбарй, иктисодй, молия, саноат, илм ва техника, дар сохаи сиёсии хоричй ва иктисодии хоричй, фаъолияти разведкавй, зиддиразведкавй, оперативй-чустучуй ва гайра, ки ба сирри давлатй мансубанд, мукаррар кардааст, ки ифшо намудани онхо чавобгарии чиноятиро ба миён меорад.

Ифшо намудани сирри давлатй ин хабар, тахвил, пешниход, ирсол, нашр ё бо тарзи дигар расонидани сирри давлатй ба маълумоти шахсони вокей ва хукукй, ки хукуки бо онхо шинос шуданро надоранд, мебошад [3]. Агар ифшои сирри давлатй аз чониби шахсони хукукй амалй карда шавад, пас, намояндаи шахси хукукие, ки бевосита ба ин кор даст задааст, ба чавобгарии чиноятй кашида мешавад.

Объекти бевоситаи ин чиноят муносибатхои чамъиятие мебошад, ки манфиатхои хаётан мухимми Чумхурии Точикистонро дар сохахои харбй, вазъияти фавкулодда ва мудофиаи гражданй, иктисодй, молия, саноат, илм ва техника, фаъолияти разведкавй, зиддиразведкавй, оперативй-чустучуй ва гайра, ки ба сирри давлатй мансубанд ва дар умум ифшо намудани онхо ба амнияти давлат зарар мерасонанд ё тахдиди расонидани чунин зарарро ба миён меоранд, мебошад.

Предмети чинояти мазкурро маълумоти сирри давлатидошта ташкил медиханд [4, с. 687]. Маълумоти сирри давлатидошта дорои дарачаи

махфиятанд. Дарачаи махфият ин дарачае мебошад, ки мухиммияти маълумоти махфй, махдудияти дастрасй ва сатхи хифзи он аз тарафи давлат мукаррар шудааст. Ногуфта намонад, ки маълумотхои дорои сирри давлатидошта вобаста ба дарачаи махфияташон ба се гурух: «фавкулодда мухим», «комилан махфй» ва «махфй» чудо мешаванд, ки дар онхо мухри махфият бо зикри мухлати махфияташон гузошта мешавад

[3].

Бояд гуфт, ки мухри махфият ин навиштачоте мебошад, ки дарачаи махфияти маълумоти дар хомилхои онхо

бударо шаходат дода, дар худи хомил ва (ё) дар хуччатхои ба он хамрохкунанда гузошта мешавад. Домилхои маълумоти дорои сирри давлатидошта бошад, ин объектхои моддй, аз чумла, майдонхои физикй, ки дар онхо маълумоти дорои сирри давлатй дар шакли рамзхо, накшхо, аломатхо, кашфиёт ва равандхои техникй инъикоси худро меёбанд. Дар навбати худ махфигардонии маълумот ва хомилхои онхо ин мачмуи чорабинихо оид ба махдудсозии пахн намудани маълумоти дорои сирри давлатй ва дастрасй ба хомилхои онхо ба манфиати таъмини амнияти миллии Чумхурии Точикистон мебошад.

Номгуйи маълумоти махфигардони-дашаванда бошад, ин мачмуи дарачахои маълумот, ки мувофики онхо маълумот ба сирри давлатй мансуб дониста шуда, бо тартиби мукаррарнамудаи конун-гузории Чумхурии Точикистон махфй гардонида мешавад, мебошад.

Дарачаи махфияти маълумоти дорои сирри давлатй бояд ба дарачаи вазнинии зараре, ки ба амнияти миллии Чумхурии Точикистон ва шахрвандон ё манфиатхои макомоти давлатй ва ташкилотхо дар натичаи пахн намудани маълумоти зикршуда расонида шудааст ё расонида шуда метавонад, мувофикат намояд [3].

Мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй», маълумот дар бораи куввахо, воситахо, манбаъхо, усулхо ва накшахои хангоми гузаронидани чорабинихои оперативй-чустучуии гайриошкоро

истифодашаванда ё истифодашуда ва натичахои фаъолияти оперативй-чустучуй, маълумот дар бораи шахсони ба гуруххои муташаккили чиноятй воридкардашуда, дар бораи кормандони штатии гайриошкорои макомоти амаликунандаи фаъолияти оперативй-чустучуй ва дар бораи шахсони ба онхо ба таври махфй мусоидаткунанда, хамчунин маълумот дар бораи ташкил ва тактикаи гузаронидани чорабинихои

оперативй-чустучуй сирри давлатй махсуб меёбад [5].

Дар баробари ин, Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» натанхо шахсони ба мухити чиноятй воридшуда ё шахсони штатии гайри-ошкорои макомоти амаликунандаи фаъолияти разведкавй, зиддиразведкавй ва фаъолияти оперативй-чустучуиро, балки хешовандони наздики онхоро агар нисбати чунин хешовандон тахдид ба хаёт, саломатй ва молу мулкашон чой дошта бошад, сирри давлатй мехисобад [3]. Аз ин лихоз, ифшо намудани маълумоти номбаршуда низ таркиби чинояти м. 311 КЧ ЧТ-ро ташкил медихад.

Бояд кайд намоем, ки фош намудани маълумоти тахкики ибтидой ё тафтиши пешакй, сирри тичоратй, бонкй, оилавй (писархондй-духтархондй), тиббй ва вайрон кардани махрамияти мукотиба сухбатхои телефонй, муросилоту мухобироти телеграфй ва г. сирри давлатиро ташкил надода, ифшои онхо таркиби чиноятхои дигари дар КЧ ЧТ пешбинишударо ташкил медиханд.

Тарафи объективии ин чиноят хам дар шакли харакат ва хам дар бехаракатй ифода ёфта, аз ифшои сирри давлатй иборат мебошад, ки он дар ошкор ё пахн намудани маълумоти сирри давлатй бар хилофи коидахои муайяншуда аз тарафи шахсе, ки ин маълумот ба у бовар карда дода шудааст ва ё дар вакти хизмат ё кор ба у маълум гаштааст, ки дар натича он дастраси дигарон мегардад, ба хисоб меравад.

Аз ин чо маълум мегардад, ки шарти асосй барои ба чавобгарии чиноятй кашидани шахс бо м. 311 КЧ ЧТ ин дастраси дигарон гардидани маълумоти дорои сирри давлатидошта мебошад, ки исбот намудани он хатмист.

Ифшо намудани маълумоти дорои сирри давлатидошта бо роххои гуногун аз чумла, шифохй, хаттй ва ё бо истифода аз воситахои ахбори омма ба рох монда мешавад.

Ба тарзи шифохй дастраси дигарон намудани маълумоти дорои сирри давлатидошта чунин маъно дорад, ки

шахс хангоми гуфтугу бо шахсони дигар, баромадхои оммавй ва г. чунин маълумотро ба дигарон ошкор месозад.

Ба тарики хаттй ошкор намудани маълумотхои дорои сирри давлатидошта чунин маъно дорад, ки шахс тавассути навиштани мактуб дар варакхои алохида, рузномаю мачаллахо ва г. маълумоти мазкурро дастраси дигарон мекунад.

Тавассути воситахои ахбори омма ифшо намудани маълумоти дорои сирри давлатидошта хам шифохй (масалан, дар телевизён, радио ва ё шабакахои интернетй баромад кардан) ва хам хаттй (масалан, дар рузномаю мачаллахо ва ё дар шабакахои ичтимоии интернетй навиштани маълумоти дорои сирри давлатидошта) ба амал бароварда мешавад.

Аз бехаракатй содир намудани чинояти дар м. 311 КЧ ЧТ пешбинишуда чунин маъно дорад, ки он асосан дар ичро накардани вазифахои касбй, ки барои таъмин намудани имкониятхо оид ба махдуд намудани дастрасии маълумотхои сирри давлатидошта ба шахсони сеюм равона карда шудаанд, ифода мегардад. Масалан, беназорат гузоштани хуччатхо, сахифахои алохидаи хуччатхо, варакаи руйбардори хуччатхо, ки маълумоти сирри давлатй доранд ва онхо дастраси дигарон мегарданд [4, с. 688]. __

Ёдовар мешавем, ки аломати асосии тарафи объективии ин чиноятро дастраси дигарон (шахсони бегона) шудани маълумотхои дорои сирри давлатидошта ташкил медихад. Дар инчо "дигар шахсон" чунин маъно дорад, ки онхо вобаста ба вазифаи ишголкардаашон ва ё кори ичромекардаашон тамоман хукуки шинос шудан ва ё дастраси пайдо намудани маълумоти дорои сирри давлатидоштаро надоранд.

Кайд карадан ба маврид аст, ки конунгузор мафхумхои "рухсат ба сирри давлатй" ва "дастрасй ба маълумоти дорои сирри давлатидошта"-ро дар конуни амалкунандаи хифзи сирри давлатй манзур намуда, иброз доштааст, ки рухсат ба сирри давлатй ин тартиби ба расмият даровардани хукуки шахрвандон

ба дастрасй ба маълумоти дорои сирри давлатй ва корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукукии онхо барои гузаронидани корхо бо истифодаи чунин маълумот мебошад. Дастрасй ба маълумоти дорои сирри давлатидошта бошад, ин шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлатй бо ичозати шахси мансабдори ваколатдор аст.

Шарти дигаре, ки дар тарафи объективии (диспозитсияи) м. 311 КЧ ЧТ пешбинй шудааст, ин алокаманд набудани кирдори содиршудаи шахс ба аломатхои чинояти хиёнат ба давлат м. 305 КЧ ЧТ пешбинишуда мебошад. Яъне, барои бо м. 311 КЧ ЧТ бандубаст кардани кирдори шахс маълумоти дорои сирри давлатидошта бояд бе максади расонидани зарар ба истиклолияти ЧТ иктидори мудофиавй ва амнияти берунии ЧТ ифшо карда шавад. Масалан, аз хиссиёти худписандй, лофзанй, хавобаландй, худтаърифкунй ва г.

Таркиби чинояти мазкур расмй буда, он аз лахзаи дастраси шахсони бегона шудани маълумоти дорои сирри давлатидошта, хотимаёфта хисобида мешавад.

Тарафи субъективии ин чиноят хам дар касд ва хам дар беэхтиётй ифода мегардад. Хднгоми касдан содир намудани чинояти мазкур шахс хусусияти хавфи чамъиятй доштани харакат ё бехаракатияшро дарк менамояд, яъне медонад, ки у конунан дорандаи маълумоти дорои сирри давлатидошта мебошад ва мефахмад, ки чунин маълумотро ба шахси дигар дастрас карда истодааст ва хохиши амалй намудани онхоро дорад ва ё дидаю

дониста ба фош шудани сирри давлатй рох медихад, хамчунин шахс худбоварона хисоб мекунад, ки он маълумоте, ки у ба онхо сару кор дорад, дастраси шахсони дигар намешаванд ва ё нафахмида онхоро ба шахси дигар дастрас менамояд [4, с. 688-689].

Субъекти ин чиноят махсус мебошад, яъне шахсе, ки аз руйи вазифаи ишголкардааш ба у чунин маълумот бовар карда дода шудааст ё вобаста ба кораш чунин маълумот дастрас шудааст [6, с. 670].

Ёдовар мешавем, ки тартиби гирифтани рухсат (ичозат) барои доро шудан ба сирри давлатй, мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» ва дигар санадхои меъёрии хукукии идоравй, муайян карда шудааст.

Барои хамин шахсе, ки бо дигар роххо ба маълумоти дорои сирри давлатидошта дастрасй пайдо мекунад (масалан, аз хуччати ногахон гумшуда ё аз сухбати хамкоронаш ва г.) бо м. 311 КЧ ЧТ ба чавобгарй кашида намешавад.

Дар баробари ин, шахсе, ки дар вакти содир намудани кирдорхои дар к. 1 м. 311 КЧ ЧТ пешбинишуда аз беэхтиётй ба окибатхои вазнин рох медихад, масалан, дар натичаи ошкор шудани маълумоти сирри давлатидошта аз чониби шахсони сеюм ба саломатии ин ё он шахс зарар мерасад ё шахсоне, ки дар доираи чорабинихои оперативй-чстучуй ба гурухи муташаккили чиноятй ворид шудаанд ошкор ва ё ба катл расонида мешаванд, инчунин ба иктидори мудофиавй ва амнияти берунии давлат зарари калон мерасад, пас, кирдорхои мазкур бо к. 2 м. 311 КЧ ЧТ бандубаст карда мешавад.

Адабиёти истифодашуда

1. Соколова, О.С. Институт государственной тайны в российском законодательстве / О.С. Соколова // Современное право. - 2003. - № 11. - С. 14-17.

2. Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аз 21-уми майи соли 1998, № 574 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с. 1998, № 9, м. 68, м. 69, № 22, м. 306; (Конуни ЧТ аз 23.12.2021 с., № 1809).

3. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» аз 26 -уми июли соли 2014, № 1095 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, № 7, к;. 1, мод. 392; (Конуни ЧТ аз 02.01.2020 с., № 1664).

4. Тафсир ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон / Мухдррири масъул Х,.Х,. Шарипов. -Душанбе: «Глобус». - 2006. - 884 с.

5. ^онуни Чумдурии Точикистон «Дар бораи фаъолияти оперативй-чустучуй» аз 25-уми марти соли 2011, № 687 // Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2011, № 3, мод. 155; с. 2014, № 7, к. 1, мод. 387; (^онуни ЧТ аз 18.07.2017 с., № 1447).

6. Уголовное право. Общая и Особенная части: Учебник для вузов / Под общ. ред. д.ю.н. М.П. Журавлева и к.ю.н. С.И. Никулина. - М.: Норма, 2014. - 783 с.

References

1. Sokolova, O.S. The Institute of State Secrets in Russian Legislation / O.S. Sokolova // Modern Law. - 2003. - No. 11. - Р. 14-17.

2. Criminal Code of the Republic of Tajikistan dated May 21, 1998, No. 574 // News of the Supreme Council of the Republic of Tajikistan p. 1998, No. 9, p. 68, m. 69, No. 22, Art. 306; (Law of the Republic of Tajikistan dated 23.12.2021 p. No. 1809).

3. The Law of the Republic of Tajikistan "On State Secrets" dated July 26, 2014, No. 1095 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 2014, No. 7, p. 1, art. 392; (Law of RT dated 02.01.2020 p. No. 1664).

4. Commentary on the Criminal Code of the Republic of Tajikistan / Responsible editor H.H. Sharipov. - Dushanbe: "Globus". - 2006. - 884 p.

5. Law of the Republic of Tajikistan "On operative-search activities" dated March 25, 2011, No. 687 // News of the Supreme Assembly of the Republic of Tajikistan, p. 2011, No. 3, art. 155; s. 2014, No. 7, p. 1, art. 387; (Law of the Republic of Tajikistan dated 18.07.2017, No. 1447).

6. Criminal law. General and Special Parts: A Textbook for High Schools / Ed. ed. Doctor of Law M.P. Zhuravlev and Ph.D. S.I. Nikulin. - M.: Norma, 2014. - 783 p.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.