Научная статья на тему 'ХАВФИ ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЇ ВА АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ МУЌОВИМАТ БА ОН'

ХАВФИ ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЇ ВА АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ МУЌОВИМАТ БА ОН Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
иттилоот / иттилоотикунонї / экстремизм / эктремизми иттилоотї / шабакањои алоќаи барќї / интернет / манипулятсия. / информация / информатизация / экстремизм / информационный экстремизм / телекоммуникаци-онные сети / интернет / манипуляция.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Ањёзода Ш.Т.

Дар маќолаи мазкур асосњои назариявии муќовимат ба экстремизми иттиилоотї, мавриди тањлилу баррасї ќарор дода шуда, дар заминаи фикру аќидањои олимони соња якчанд пешнињодњои муаллиф дар самти муќовимат ба экстремизми иттилоотї баён гардидаанд. Муаллиф муътаќид аст, ки пешнињодњои дар маќолаи мазкур дарљгардида њамчун чорањои криминологї ва њуќуќї-љиноятї бањри кам намудани сатњи љиноякорї дар самти экстремизми иттилоотї мусоидат хоњанд кард.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

THE THREAT OF INFORMATION EXTREMISM AND THE THEORETICAL BASIS FOR RESISTING IT

В статье анализируются и исследуются теоретические основы борьбы с информационным экс-тремизмом, и на основе взглядов ученых в данной области представлен ряд предложений авто-ра в этом направлении. Автор считает, что изложенные в статье предложения в качестве кри-минологических и уголовно-правовых мер помогут снизить уровень преступности в сфере ин-формационного экстремизма.

Текст научной работы на тему «ХАВФИ ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЇ ВА АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ МУЌОВИМАТ БА ОН»

ТДУ 343.342.3

ХАВФИ ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТЙ ВА АСОС^ОИ НАЗАРИЯВИИ

МУЦОВИМАТ БА ОН

УГРОЗА ИНФОРМАЦИОННОГО ЭКСТРЕМИЗМА И ТЕОРЕТИЧЕСКИЕ ОСНОВЫ ПРОТИВОДЕЙСТВИЯ ЕМУ

THE THREAT OF INFORMATION EXTREMISM AND THE THEORETICAL

BASIS FOR RESISTING IT

Адёзода Ш.Т. Akhyzoda Sh.T.

Унвонцу, дотсенти кафедраи %уцуци циноятй, криминология ва психологияи факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии

Тоцикистон, майори милитсия

Соискатель, доцент кафедры уголовного права, криминологии и психологии факультета № 2 Академии МВД Республики

Таджикистан, майор милиции Applicant, Associate Professor of the Department of Criminal Law, Criminology and Psychology of Faculty No. 2 of the Academy of the MIA e-mail:

of the Republic of Tajikistan, Major of the militia Aheev89@mail.m

Тахассуси илми: 12.00.08 - Хукук;и чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй.

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право.

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law.

Такриздщанда: Сафарзода Х,.С. - сардори факултети № 2-юми Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, номзади илмх,ои хукукшиносй, дотсент, полковники милитсия (рох,бари илмй).

Рецензент: САФАРЗОДА Х.С. - начальник факультета № 2 Академии МВЛ Республики Таджикистан, кандидат юридических наук, доцент, полковник милиции (научный реководитель).

Reviewer: Safarzoda H.S. - Head of Faculty No. 2 of the Academy of International Affairs of the Republic of Tajikistan, Candidate of Legal Sciences, Associate Professor, Colonel of the militia (scientific adviser).

Аннотатсия: Дар мак;олаи мазкур асосх,ои назариявии мукрвимат ба экстремизми иттиилоотй, мавриди тах,лилу баррасй кдрор дода шуда, дар заминаи фикру ак;идах,ои олимони сох,а якчанд пешних,одх,ои муаллиф дар самти мук;овимат ба экстремизми иттилоотй баён гардидаанд. Муаллиф муьтакид аст, ки пешних,одх,ои дар мак;олаи мазкур дарчгардида хдмчун чорах,ои криминологй ва хукук;й-чиноятй бах,ри кам намудани сатх,и чиноякорй дар самти экстремизми иттилоотй мусоидат хохднд кард.

Вожа^ои калидй: иттилоот, иттилоотикунонй, экстремизм, эктремизми иттилоотй, шабаках,ои алокди барк;й, интернет, манипулятсия.

Аннотация: В статье анализируются и исследуются теоретические основы борьбы с информационным экстремизмом, и на основе взглядов ученых в данной области представлен ряд предложений автора в этом направлении. Автор считает, что изложенные в статье предложения в качестве криминологических и уголовно-правовых мер помогут снизить уровень преступности в сфере информационного экстремизма.

Осори Академияи ВКД Цумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

Ключевые слова: информация, информатизация, экстремизм, информационный экстремизм, телекоммуникационные сети, интернет, манипуляция.

Annotation: The article analyzes and explores the theoretical foundations of the fight against information extremism, and based on the views of scientists in this field, a number of the author's proposals in this direction are presented. The author believes that the proposals outlined in the article as criminological and criminal law measures will help reduce the level of crime in the field of information extremism.

Key words: information, informatization, extremism, information extremism, telecommunication networks, Internet, manipulation.

Пайдоиш ва рушди технологиями муосири иттилоотй ва комуникатсионй, аз чумла интернет (компютер, ноутбук, планшет ва телефонхои имконияташ васеъ, абзори интернет махсуб меёбанд) [1, с. 3-4] дар раванди иттилоотикунонии чомеаи чахонй мусоидат намуда, дар натичаи ба вучуд омадани имкониятхои сифатан нав вобаста ба коркард, нигохдорй ва интиколи ахборот мафхуми «иттилоотикунонй»-ро ба майдони илм ва сатхи конунгузорй ворид намудааст. Назарияи консепсияхои иттилоотй асосан ба компютеризатсияи чахон хамчун кувваи пешбарандаи прогрессивии илмию техникй ва ичтимой вобаста буда, «дарки илмии проблемаи

иттилоотикунонй ва ташаккули сохтори чомеаи иттилоотй дар миёнахои асри XX огоз ёфтааст. М. Маклюхан хануз дар солхои 50-ум ва 60-уми асри гузашта, асосхои консепсияи интиколи иттилоотро тавассути васоити электронй ба хар як шахс («дехаи чахонй») тахия намуда буд [2].

Баъдтар М. Кастеллс ба чунин хулоса меояд, ки инкишофи системахои алока дар асоси кудрати иттилоот ба таъсири чахонишавй оварда расонида, хар як монеаро дар фазо ва вакти кутохтарин рахна менамояд. Доло як зумра мухаккикон ба масъалахои омузиши чомеаи шабакавй, иктисодй ва фарханги глобалии интернетй машгуланд [2].

Ба сифати аломати асосии экстремизми муосир иттилоот баромад менамояд, ки омузиши мазмуну мохияти он бахри равшан намудани пахлухои эктремизми иттилоотй замина фарохам меоварад.

Вобаста ба масъалаи зикршуда олимони варзидаи сохаи хукуки чиноятй фикру акидахои хешро баён намудаанд. Аз чумла, В.З. Коган зери мафхуми "иттилооти ичтимой" маълумотеро мефахмад, ки аз олами беруна ба воситаи аъзохои хиссиётии инсон кабул карда мешавад» [3, с. 16]. Махз хамин намуди иттилооти ичтимой (объективй ва вокей) бояд мавриди танзими хукукй карор гирад.

Мутаассифона, дар сиёсат аксар вакт дидаю дониста ё нохоста бо ахбори объективй ва хакикй мубориза мебаранд, онро «такаллубкорй» - намуда, дар шакли тахрифшуда ва бардуруг пешниход менамоянд, ки акидахои сиёсии хаёлиро ба вучуд меоварад.

«Маълумоти системавии бардуруг» бошад, метавонанд бо таври гумрохкунанда ва нодуруст мавкеи чомеаро дар равандхои таърихй, иктисодй, муносибатхои байнидавлатй ва гайра дигаргун созад. Датто чунин маълумот метавонад идеяхои «хеле пурарзиши сиёсиро» ба вучуд оварад, ки бо таври объективй ба чунин таваччух сазовор нестанд ва аз чихати субъективй истинод карда мешаванд [4, с. 61].

Бо бехаёии хосса мавкеи ин гуна ташкилотхои экстремистй-террористиро бо воситаи ахбори омма сафед кардан мумкин нест, аммо, мутаассифона, имруз дар чунин вазъи мураккаби иттилоотй ва харбй-сиёсии чахон мавкеи харакати экстремистй-террористии «Толибон» бо хадафхои геополитикй ва геоиктисодии бархе абаркудратхои чахонй ва минтакавй мувофик омада, иттилооти вокей вобаста ба вазъи кунунии хукуки инсон дар Афгонистон дар бисёр

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

мавридхо аз чониби расонахои дохилй ва хоричии манфиатчуй тахрифшудаву бардуруг пешниход карда мешаванд.

Дар ин робита, аломатхои асосии иттилооти тачассумкунандаи кирдори чиноятиро Д.А. Ковлагина чунин пешниход менамояд:

- иттилоот ин маълумотест, ки арзиши лозимй дорад, яъне барои ноил шудан ба натичахои чиноятй ахамиятнок мебошад;

- иттилоот дар воситахои иттилоотии муайян мавчуд аст, ки метавонад онро худи шахс бо таври оммавй иброз дорад, аз к;огаз истифода кунад, ё аз аудио, видео ва гайра;

- истифодаи иттилоот ба сифати предмед ё воситаи («олот») чиноят барои ноил шудан ба мак;садхои чинояткорона нигаронида шудааст [5, с. 61].

Чунин мавк;еъро Г.И. Узумбаева низ дар рисолаи номзадии худ чилавгирй намуда, пешниход менамояд, ки шахс на танхо барои даъватхои оммавии хусусияти экстремистидошта бояд ба чавобгарии чиноятй кашида шавад, инчунин дар сатхи к;онунгузорй барои дар шабакахои иттилоотию

телекоммуникатсионй гузоштани

адабиёт, мак;олахои публисистй, филмхои бадей, мустанадй, аудио ва видеороликхо, ки хусусияти экстремистй доранд, пешбинй намудани чавобгарии чиноятиро так;озои замон медонад [6, с. 11].

Бинобар сабаби афзоиши хавфу хатархои муосир дар системахои алокди коммуникатсионии чомеа, муаллифони дигар низ пешниход менамоянд, ки истилохи "иттилооти зараровар"-ро бояд дар сатхи к;онунгузорй маънидод кард ва барои пешгирии он чораандешй намуд.

Аз чумла, В.Н. Лопатин зери ин истилохи "иттилооти зараровар" чунин маълумотхоро арзёбй менамояд:

- «барангезандаи кинаю адовати миллй ё динй ичтимой, нажодй;

- даъват ба чанг;

- таблиготи бартарият аз лихози миллат, нажод, дин, забон ва г.;

- пахнкунии маводи порнографй;

- паст задании шаъну шараф, номи нек ва обруи кории одамон;

- таблигот (беадолатона, беэътимод, гайриахлокд, дидаю дониста

бардуруг);

- маълумоте, ки ба холати рухй ва равонии шахс таъсири харобиовар мера-сонад» [7, с. 55].

Ба гуфтаи Т.А. Аристархова, «хусусиятхои асосии экстремизми замони хозира инхоянд: сатхи баланди муташаккилй ва муттахидии гуруххо, ташаккулёбии сохтори идеологй,

тахлилй, пинхонкорй ва чангй, пурзур намудани тадбирхои игвогарй, барои пахн кардани онхо истифода бурдани технологияхои иттилоотй ва

коммуникатсионии муосир [8, с. 55].

Афзоиши самаранокии иттилоот ва воситахои телекоммуникатсионии

таъсиррасонй ба дигар шахсон вазъияти хатарноки ичтимоиро вобаста ба мухайё кардани шароит барои таъсири манфй ба шуур ва рафтори одамон бо истифода аз воситаю технологияи муосири аудио-визуалй ба миён овардааст. Аз ин чост, ки мухак;к;ик;он вобаста ба ин масъала дуруст меафзоянд, ки «мархилаи хозираи инкишофи муносибатхои информатсионй (иттилоотй) аз он иборат аст, ки имконияти таъсири иттилоот ба шахс ва шуури чамъиятй, то тахдиди чангхои иттилоотй ногузир аст, ки ин проблемаи таъмини озодии иттилоот ва амнияти иттилоотиро ба бор меорад».

Дар хамин радиф к;айд кардан зарур аст, ки дар охири асри XX - ибтидои асри XXI комунникатсия (муошират) дар асоси иттилооти тахрифшуда, вобаста ба манфиатчуии баъзе абаркудратхои чахонй ва минтакдвй, хусусияти манипулятсионй гирифт. Яъне, бо ма^сади хифз намудани манфиатхои хеш (геополитикй, геоик;тисодй ва г.) бархе аз давлатхо ва ташкилотхои экстремистй-террористии фаромиллй бо воситаи иттиллоти тахрифшуда, барои монипулятсия кардани шуури инсон шароити мусоиди системанокй фарохам оварданд. Ин шакли муоширати оммавй ба аудитория таъсир расонида, на танхо рафтор ва шуури одамон, балки

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

муносибати ташкилоту муассиса, хатто давлатхои алохидаро зери таъсири худ гузошт.

Дак бар чониби А.В. Манойло аст, ки мегуяд, ки «манипулятсияи шуур ин тавассути гояхо, фармоишхо, ангезахо ба одамон бор кардани стереотипхои рафторй, ки ба субъекти таъсиргузор муфиданд фахмида мешавад» [9, с. 104].

Яке аз тарзу усулхои муосири моилкунии чавонон ба гуруххои экстремистй аз чониби идеологхои ташкилотхои экстремистй-террористй ин манипулятсияи шуури чавонон бо истифода аз гояхои тахрифшудаи динй-мазхабй мебошад, ки дар асоси онхо дар ботини чавонони гумрохшуда, тухми кинаву адоватро бо воситаи шабакахои ичтимоии интернетй ва воситахои телекоммуникатсионии муосир

барангехта, онхоро ба «чиходи мусаллахона» дар рохи ташкил кардани «хилофати исломй» даъват менамоянд.

Пеш аз он, ки ба идомаи мавзуи матрахгардида пардозем, назар андухтан ба мафхуми экстремизми иттилотй, ки имруз дар фазои илмй, сиёсй ва мачозй танинандоз аст, аз манфиат холй нест.

Аз лихози этимологй экстремизм аз калимаи лотинии «еxstremш» - маншаъ гирифта, маънои «пайравии акидаву чорахои катъй (нихой, шаддид, хадди охирон) (асосан дар сиёсат)-ро дорад» [10, с. 667]. Дар лугати энсиклопедии шуравй [11, с. 1552] ва энсиклопедияи хурди дониши муосир [12, с. 67] низ хамин мавкеъ чойгузин аст.

Олимони сохаи хукукшиносй В.В. Лунеев, И.И. Бражник, Э.Г. Филимонов, О.И. Аршба, Д.С. Сафаров ва дигарон ба он андешаанд, ки экстремизм на танхо дар сиёсат, балки дар тамоми сохахои хаёти чамъиятй (муносибатхои сиёсй, фархангй, динй, миллй ва г.) арзи вучуд дошта метавонад. Аз ин лихоз, экстремизми муосир дорои дарачаи хавфнокии гуногун буда, шаклхои зуроварона (даъватхои оммавй барои бо рохи зуроварй тагйир додани асосхои сохти конститутсионй) ва

гайризуроварона (бо таври оммавй паст задании обуру ва эътибори дигарон дар

асоси ангезахои динй, миллатгарой, нажодпарастй ва г.) мебошад.

Аз чумла, Д.С. Сафаров ва Т.Ш. Шарипов, «ба зухуроти зуроваронаи экстремизм харакатхои гурух, ташкилот ва иттиходияи экстремистиро, ки ба тахия, зиёдкунй ва интишори адабиёт, сабти овозу маводи видеоие, ки бо максади таблиги минбаъдаи

сафедкунандаи идеологияи истифодаи зурй пахн карда мешаванд ва ё даъват ба истифодаи зуроварй ё истифодаи бевоситаи зуроварии оммавй алайхи харифон равона шудааст, марбут медонанд» [13, с. 67].

Мохиятан О.С. Жукова дуруст дарч менамояд, ки дар ибтидои асри XXI шароити васеи нусхабардорй ва пахн кардани ахбороти зарарнок,

зиддичамъиятй барои мардуми авом фарохам мебошад. Шабакаи иттилоотй ва телекоммуникатсионй (аз чумла, Интернет) воситахои самараноктарини таргиби идеологияи ифротй махсуб ёфта, материалхо аз сабаби арзон будани технологияи эчод ва саривакт пахн кардани иттилоот яку якбора тафаккури теъдоди зиёди чавононро фарогир мебошад ва дар бисёр мавридхо ашхосси таргибкунандаи чунин иттилоот бе чазо мемонанд, зеро шартномахои

байналмилалй ва конунгузорй вобаста ба чавобгарии ашхоси таргибкунандаи маводи экстремистй дар шабакахои давлатхои хоричй номукаммал ва бенатича мебошанд [4, с. 62].

Долати кунунии технологияи мултимедиявй ва сатхи чалби чомеа ба равандхои иттилоотй замина фарохам овард, ки воситахои ахбори омма ва шабакахои иттилоотию

телекоммуникатсиониро экстремистон хамчун имкониятхои басо васеъ барои чамъоварй, нусхабардорй, истифодабарй ва пахнкунии маълумоти экстремистй ва содир намудани чиноятхои хусусияти экстремистидошта истифода баранд. Аз чумла, барои бо таври оммавй амалй гардондани тадбирхое, ки ба вайрон кардани тамомияти арзии давлат, барангехтани кинаю адовати миллй, динй, нажодй, инчунин, паст задани

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, даъват намоянд, ки чунин кирдорхо дарачаи баланди хавфнокй дошта, инсониятро ба хатари чиддие ру ба ру менамоянд.

Махз тагйир ёфтани тарзу усулхои фаъолияти ифротгароии «классикй» дар ибтидои асри XXI экстремизми иттилоотиро ба вучуд овард.

О.С. Жукова дар зери мафхуми «экстремизми иттилоотй» фаъолиятеро мефахмад, ки ба чунин амалхо алокаманд аст:

а) эчод кардан, нигохдорй ва (ё) пахн намудани маълумоти дорои аломатхои экстремистй, ки тибки конунгузорй кирдорхои экстремистй эътироф гардидаанд;

б) истифодаи иттилооте, ки тавассути компютер, системаи компютерй ва (ё) шабакаи компютерй коркард шудаанд ва бо максади таъсир расондан ба кабули карорхои дахлдори макомоти давлатй, хукумати махаллй ё созмонхои байналмиллалй пахн карда мешаванд ва дар худ тачассумгари шаклхои гуногуни таъсиррасонии чисмонй ё психологй (кибертерроризм) мебошанд;

в) истифодаи маълумоте, ки ба рухияи одамон таъсири харобиовар мерасонанд ва онхо чунин маълумотро дар хеч ягон шаклашон кобилияти эътироф ва дарк кардан надоранд.

Зикр кардан зарур аст, ки мафхуми пешниходкардаи О.С. Жукова на танхо фарогири аломатхои экстремизми иттилоотй мебошад, балки тачассумгари аломатхои мафхуми «терроризми иттилоотй» низ мебошад. Зеро дар доираи он чунин аломатхои хосси табиати хукукй-чиноятии терроризм -таъсиррасонии психологй ва чисмонй бо максади ба кабули карорхои дахлдор ба манфиати террористон мачбур сохтани макомоти давлатй, хукумати махаллй ё созмонхои байналмиллалй баръало намоён аст. Аммо тибки конунгузории амалкунандаи чиноятии Чумхурии Точикистон ва дигар давлатхои аъзои ИДМ ба аломатхои асосии экстремизм бо таври оммавй барангехтани кинаву адоват аз руи ангезахои динй-мазхабй,

миллатгарой, нажодпарастй, махалгарой ва ба амал овардани чунин даъватхо барои бо рохи зуроварй тагйир додани асосхои сохти конститутсионй, гасб намудани хокимияти давлатй ва вайрон намудани тамомияти арзии давлат хос мебошанд. Яъне, чиноятхои мазкур дар сатхи ба амал овардани даъватхои оммавй новобаста аз окибатхои онхо хотимаёфта махсуб меёбанд. Пешниход намудани талабот ба макомоти давлатй ва ташкилотхои байналмилалй чихати кабул намудани карор ба манфиати чинояткорон хосси кирдорхои

террористй мебошанд, ки аз нуктаи назари илми хукуки чиноятй бояд байни чунин чиноятхо тафрикагузории дакик мавчуд бошад.

Ба андешаи Р.В. Упорников «Экстремизми иттилоотй фаъолиятест, ки бо истифода аз технологияхои иттилоотй анчом дода мешавад ва бо шаклхои таъсири ичтимоию психологй ва гайримустакими чисмонии харобиовар алокаманд буда, натичаи он ноил шудан ба хадафхои оммавиии гайриконунй ва гайрирасмй мегардад. Аломати экстремизми иттилоотй расонидани зарари чисмонй, моддй, маънавй ва дигар зарар ба манфиатхои конунй, хамчунин ба хукук ва озодихои шахрвандон мебошад" [14, с. 10-11].

Инчунин, муаллифи мазкур хусусиятхои умумй ва махсуси экстремизми иттилоотиро чунин ташрех додаст:

1) амалхои радикалй (фавкулодда) дар ноил шудан ба хама гуна хадафхо ва амалй намудани манфиатхо;

2) зиддичамъиятй будани мафкураи экстремистй, зеро он шаклу моделхои таърихиву хукукии мусбати муносибатхои ичтимой ва мувозинати мавчудаи манфиатхоро вайрон мекунад байни онхо фазои мутакобила ва ихтилоф ба вучуд меорад;

3) бадахлокй, азбаски он хамеша мухолифи меъёрхои маънавию ахлокй буда, ба хароб кардани онхо нигаронида шуда, бухрони фазои маънавию ахлокй, барои вусъати пуршиддати фаъолияти ифротгарой фазо мекушояд;

Осори Академияи ВКД Ч,умхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

4) институтсионализатсия - он дар шароити сархадй ва фазохои манкуртй «пухта шуда» ва касбият пайдо менамояд;

5) тахрифи тафаккури сиёсию хукукй, чунки субъекти фаъолияти иф-ротгарой бештар тафаккури харобгар-дида, махдуд ва вайроншуда дошта, бего-нагии уро аз меъёру арзишхои ичтимоию фархангй ва сиёсию хукукй муайян меку-над».

^айд кардан зарур аст, ки шаба-кахои ичтимоии интернетй яке аз васи-лахои асосии талкини акоиди экстре-мистй махсуб меёбанд ва чуноне А.Х. Ва-леев меафзояд: «Интернет як майдони куллай барои фаъолиятхои ифротгарой ва хамчунин имкони пахн кардани маво-ди дорои мазмуни ифротгарой дар байни доираи васеи шахсон мебошад. Маълумо-ти интернетй на танхо дар шакли веб-сахифахои статикй дастрас аст - мубоди-лаи пуршиддати интерактивии он дар чатхо, блогхо ва форумхо вучуд дорад, ки тавассути онхо хама метавонанд бо иф-ротгароён дар саросари чахон муошират кунанд. Яке аз мушкилоти асосии мубо-риза бо зухуроти ифротгарой дар интернет, ба назари мо, мушкили танзими конунгузории муносибатхои вобаста ба истифодаи интернет» хам дар дохил хам дар хоричи кишвар мебошад [15, с. 125].

Бо назардошти тахдиду хатархои муосири экстремизми иттилоотй мухаккик А.А. Чеботарева мафхуми «Консепсияи таъмини амнияти иттилоотии шахсият»-ро пешниход карда, онро хамчун холати кам кардани хатархо барои инсон дар чомеаи чахонии иттилоотй аз чолишхо ва тахдидхои дохиливу хоричй дар сохаи иттилоот, кобилияти муковимат ба онхо дар асоси фарханги иттилоотиву амниятй, инчунин ташаккули сиёсати давлат вобаста ба мухайё кардани шароит барои амалй гардондани хукукхои иттилоотй ва озодихо, ки ба амнияти иттилоотй тааллук доранд, арзёбй менамояд.

Мухаккики мазкур Консепсияи таъмини хукукии амнияти иттилоотии шахсиятро пешниход намуда, меафзояд, ки танзими хукукии мукаммал ва якхела вобаста ба таъмини амнияти иттилоотии

шахс бо меъёрхои сохахои гуногуни хукук ба танзим дароварда мешавад (хукуки конститутсионй, шахрвандй, мехнатй, чиноятй, экологй, интихоботй, молиявй, мурофиавй чиноятй, хукуки иттилоотй ва г.). Аз ин лихоз, ташаккул додани институти байнисохавии таъмини амнияти иттилоотии шахсро бо воситаи низоми меъёрхои хукукии сохахои гуногун, ки муносибатхои чамъиятиро вобаста ба комёбихои моддиву маънавй, ичтимоиву сиёсй, экологй, иттилоотй ва гайра ба танзим медароранд, амри зарурй мешуморад.

Ба андешаи мо бо назардошти хусусияти минтакавй ва фаромиллй касб кардани тахдиду хатархои муосир таквият бахшидани заминахои ташкилй-хукукии фаъолияти макомоти хифзи хукукии кишвархои аъзои ИДМ (СНГ), СДШ (ШОС) ва СААД (ОДКБ) дар таъмини амнияти иттилоотии кишвархои минтака амри зарурист. Чунин хулосабандии мантикй моро ба тахлили асосхои хукукии муковимат ба экстремизми иттилоотй водор месозад ва пеш аз пардохтан ба идомаи мавзуъ, хулосаву пешниходоти зеринро манфиатпазир медонем:

1. «Экстремизми иттилотй -фаъолияти пардапушона ё ошкорои иттиходи (ташкилоти) экстремистй ва шахсони вокей бо истифода аз ВАО ва технологияхои муосири шабакахои алокаи баркй, аз чумла интернет пахн кардани маводи экстремистй (адабиёт, макола, сабти овозй, видеоролик ва г.), баркарор намудани муоширати дучониба ва ё бисёрчониба бо табакахои гуногуни чомеа бо максади ба таври оммавй барангехтани кинаю адовати миллй, нажодй, сиёсй, динй (мазхабй) ва махалгарой, паст задани обру ва эътибори шахс ва ё махдуд кардани хукук ва озодихои инсон дар асоси ангезахои номбурда ва ё ба амал овардани даъватхои оммавй барои бо рохи зуроварй тагйир додани асосхои сохти конститутсионй, гасб намудани хокимияти давлатй, тагйир додани тамомияти арзии Ч,умхурии Точикистон ва ё дигар кирдорхои гайриконунии

Осори Академияи ВКД Чумхурии Точикистон. № 1 (53)- 2022

дорои хусусиятхои экстремистй фахмида мешавад».

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

2. Экстремизми иттилоотии дорои хусусияти хукукии чиноятй фаъолияти пардапушона ё ошкорои иттиходи (ташкилоти) экстремистй ва шахсони вокей бо истифода аз ВАО ва технологияхои муосири шабакахои алокаи баркй, аз чумла интернет барои тайёрй ва содир кардани як ва ё якчанд кирдорхои хавфноки чамъиятие, ки дар доираи конунгузории чиноятии Чумхурии Точикистон хамчун чиноятхои хусусияти экстремистидошта эътироф гардидаанд, фахмида мешавад.

3. Экстремизми иттиллотй вобаста аз хавфи чамъиятии иттилоотй бо воситаи ахбори омма ва интернет пахнгардида, метавонад табиати хукукй-чиноятй, хукукй-маъмурй ва ё табиати сохахои дигари хукукро дар худ касб намояд. Масалан, паст задани обру ва эътибори шас аз руи ангезахои экстремистй дар давоми сол як маротиба метавонад табиати хукукй-маъмурй ва хукуки гражданй (талаби зарари маънавй) дошта бошад.

4. Бо воситаи ахбори омма ва интернет таргибот бурдан ва пахн намудани иттилоотеро, ки бо рохи зуроварй тагйир додани асосхои сохти конститутсионй, гасб намудани хокимияти давлатй ва тагйир додани тамомияти арзии Чумхурии Точикистонро чонибдорй ва сафед менамояд, назар ба дигар намудхои экстремизм (миллатпарастй, нажолпарастй, махалчигй ва г.) хавфноктар буда, дар хама мавридхо табиати хукукии чиноятй дорад ва экстремизми иттилоотии дорои шакли зуроваронаро фарогир мебошад.

5. Новобаста ба он ки табиати хукукй-чиноятии экстремизм ва терроризм аз нуктаи назари илми хукукй-чиноятй дорои аломатхои мушаххаси

фарккунанда мебошанд ва хавфи чамъиятии экстремизм дар зинахои аввал назар ба терроризм камтар аст, аммо аз мавкеи илми криминология тафаккури экстремистй чанбаи идеологии фаъолияти террористиро ташкил медихад ва онхоро барои содир намудани амалхои мудхиши террористй водор месозад. Аз ин чост, ки бо халномаи Суди Олии Точикистон фаъолияти 24 хизбу харакатхои экстремистй-террористй фаъолияташон дар худуди чумхурй манъ карда шудаанд ва онхо бо дастгирии бархе аз давлатхои ачнабии манфиатчу муборизаи иттилоотии худро бо истифода аз ВАО ва технологияхои муосири шабакахои алокаи баркй, аз чумла интернет, дар рохи ташкил кардани "хилофати исломй" дар минтакаи Осиёи Миёна равона сохтаанд, ки хамохангии бештари минакавй ва байналмилалиро дар самти таъмини хукукии амнияти иттилоотй ногузир мегардонад.

6. Хавфи калони чамъиятии экстремизми иттилоотй боз дар он зохир мегардад, ки бо истифода аз истифода аз ВАО ва технологияхои муосири шабакахои алокаи баркй, аз чумла интернет, экстремистон дар кутохтарин вакт бо камтарин масрафхои моливу пулй метавонанд тафаккури хазорхо нафарронро ифротй гардонанд, гуруххои муташаккили экстремистй созмон диханд, накшахои чиноятии худро аз дохил ва хоричи кишвар хамоханг созанд ва барои содир кардани садхо чиноятхои хусусияти экстремистидошта, камар банданд, ки чунин хавфу хатархо на танхо ба амнияти кишвархои алохида, балки минтака ва чахон бевосита тахдид менамоянд. Аз ин лихоз, мукаммал сохтани конунгузории чиноятй вобаста ба муковимат ба экстремизми иттилоотй дар сатхи чумхурй, минтака ва чахон такозои замон мебошад.

Адабиёти истифодашуда

1. Шонасурдинов, М., Халиков, М. Фарханги корбурди интернет. - Душанбе: Паёми ошно, 2021. - 130 с.

2. Информатизация общества. Проблемы и перспективы // [Манбаи электронй] - Речаи воридшавй: URL: http://en.coerat.comhttp://kak.znate.ru/docs/index-966.html?page=4 (санаи мурочиат: 14.01.2021).

3. Коган, В.З. Человек в потоке информации / В.З. Коган. - Новосибирск: Наука: Сибирское отделение, 1981. - 177 с.

4. Жукова, О.С. Правовые меры противодействия информационному экстремизму: дисс.... канд.юрид.наук: [05.13.19] / Ольга Степановна Жукова. - Воронеж, 2006. - 261 с.

5. Ковлагина, Д.А. Информационный терроризм: понятие, уголовно-правовые и иные меры противодействия: дисс. канд.юрид.наук: [12.00.08] / Дарья Александровна Ковлагина. -Саратов, 2016. - 270 с.

6. Узембаева, Г.И. Преступления экстремистской направленности, совершаемые с использованием средств массовой информации либо информационно-телекоммуникационных сетей: уголовно-правовая и криминологическая характеристика: дисс. канд.юрид.наук [12.00.08] / Узембаева Гульфия Ишбулдовна. - М., 2016. - 212 с.

7. Жукова, О.С., Иванченко, Р.Б., Трухачев, В.В. Информационный экстремизм как угроза безопасности Российской Федерации // Вестник Воронежского института МВД России. - Воронеж: Изд-во Воронеж. ин-та МВД России, 2007, № 1. - С. 53-55.

8. Аристархова, Т.А. Основные черты и особенности молодежного экстремизма // Известия Тульского государственного университета. - Тула, - 2014. - № 1-2. - С. 32-37.

9. Манойло, А.В. Государственная информационная политика в особых условиях: монография / А.В. Манойло. - М.: МИФИ, 2003. - 388 с.

10. Фарданги тафсири забони точикй. Иборат аз 2 чилд. Ч,. 2 / дар зери тадрири С. Назарзода [ва диг.]. - Машдад-Душанбе: ЧММ «Ксероксленд» бо дамкории интишороти «Сухангустар», 2008. - 944 с.

11. Советский энциклопедический словарь / гл. ред. А. М. Прохоров. - М.: Советская энциклопедия, 1981. - 1600 с.

12. Малая энциклопедия современных знаний: в 2 т. / сост. В.А. Менделев. - М.: АСТ, Торсинг. Серия Уходящее тысячелетие. Т. 1. - 2-е изд., перераб, 2000. - 359 с.

13. Шарипов, Т.Ш., Сафаров, Д.С. Баъзе андешадо перомуни таносуби мафдумдои «экстремизм», «фундаментализм», «радикализм», «натсионализм» ва «сепаратизм» // Осори Академия. - Душанбе: «Шарки озод», - 2015. - № 4 (28). - С. 46-53.

14. Упорников, Р.В. Политико-правовые технологии противодействия информационному экстремизму в России: автореф. дис. ... канд.юрид.наук: [23.00.02] / Упорников Роман Владимирович. - Ростов-на-Дону, 2007. - 25 с.

15. Валеев, А.Х. Борьба с проявлением экстремизма в сети Интернет // Бизнес в законе. -2011. - № 6. - С. 125-127.

References

1. Shonasurdinov, M., Khalikov, M. Internet usage culture. - Dushanbe: Famous message, 2021. -

130 p.

2. Informatization of society. Problems and prospects // [Electronic source] - Access schedule:: URL: http://en.coerat.comhttp://kak.znate.ru/docs/index-966.html?page=4 (date of application: 14.01. 2015).

3. Kogan, V.Z. Man in the flow of information / V.Z. Kogan. - Novosibirsk: Science: Siberian Branch, 1981. - 177 p.

4. Zhukova, O.S. Legal measures to counter information extremism: diss.. Candidate of Legal Sciences: [05.13.19] / Olga Stepanovna Zhukova. - Voronezh, 2006. - 261 p.

5. Kovlagina, D.A. Information terrorism: the concept, criminal law and other countermeasures: diss ... candidate of legal sciences: [12.00.08] / Daria Aleksandrovna Kovlagina. - Saratov, 2016. - 270 p.

6. Uzembaeva, G.I. Crimes of an extremist orientation committed using the media or information and telecommunication networks: criminal law and criminological characteristics: diss ... candidate of legal sciences: [12.00.08] / Uzembaeva Gulfiya Ishbuldovna. - M., 2016. - 212 p.

7. Zhukova, O.S., Ivanchenko, R.B., Trukhachev, V.V. Information extremism as a threat to the security of the Russian Federation // Bulletin of the Voronezh Institute of the Ministry of Internal Affairs of Russia. - Voronezh: Voronezh Publishing House. in-ta of the Ministry of Internal Affairs of Russia, -2007, - No. 1. - Р. 53-55.

8. Aristarkhova, T.A. The main features and characteristics of youth extremism // News of the Tula State University. - Tula, - 2014. - No. 1-2. - Р. 32-37.

9. Manoilo, A.V. State information policy in special conditions: monograph / A.V. Manoilo. - M.: MEPhI, 2003. - 388 p.

10. Interpretive culture of the Tajik language. Consists of 2 volumes. J. 2 / under the editorship of S. Nazarzoda [et al.]. - Mashhad-Dushanbe: LLC "Xeroxland" in cooperation with the publishing house "Sukhangustar", 2008. - 944 p.

11. Soviet Encyclopedic Dictionary / ch. ed. A. M. Prokhorov. - M.: Soviet Encyclopedia, 1981. -1600 p.

12. Small encyclopedia of modern knowledge: in 2 volumes / comp. V.A. Mendelev. - M.: AST, Torsing. Series The outgoing millennium. T. 1. - 2nd ed., revised, 2000. - 359 p.

13. Sharipov, T.Sh., Safarov, N.S. Some views on the relationship between the concepts of "extremism", "fundamentalism", "radicalism", "nationalism" and "separatism" // Academy Heritage. -Dushanbe: Free East, 2015. - № 4 (28). - Р. 46-53.

14. Upornikov, R.V. Political and legal technologies for countering information extremism in Russia: abstract of the thesis. dis. ... candidate of legal sciences: [23.00.02] / Upornikov Roman Vladimirovich. - Rostov-on-Don, 2007. - 25 p.

15. Valeev, A.Kh. Combating the manifestation of extremism on the Internet // Business in law. -2011. - No. 6. - Р. 125-127.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.