Научная статья на тему 'БАЪЗЕ АНДЕШАЊО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТЊОИ ЭКСТРЕМИСТЇ-ТЕРРОРИСТЇ ВА ТАФОВУТИ ТАФАККУРИ ОНЊО'

БАЪЗЕ АНДЕШАЊО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТЊОИ ЭКСТРЕМИСТЇ-ТЕРРОРИСТЇ ВА ТАФОВУТИ ТАФАККУРИ ОНЊО Текст научной статьи по специальности «Право»

CC BY
0
0
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
љиноят / ташкилотњои экстремистї-террористї / тафаккур / ангезањои экстремистї / сиёсат / нажодпарастї / миллатгарої / мањалгарої / дин / мазњаб. / преступление / экстремистско-террористические организации / мышление / экстремистские мотивы / политика / расизм / национализм / местничество / религия / вероисповедание.

Аннотация научной статьи по праву, автор научной работы — Њайдарзода М.П.

Дар маќола фаъолияти ташкилотњои экстремистї-террористї ва тафовути тафаккури онњо мавриди омўзиш ќарор дода шудааст. Муаллиф ба андешаи олимони ватанию хориљї ва сарчашмањои муътамади таърихї-њуќуќї такя карда, иброз медорад, ки тафаккури ифротї аз ќадимулаём ба миллати форсу тољик ошно буд. Ѓайр аз ин, дар маќола тафаккури ифротии имрўзаи гурўњу ташкилотњои экстремистї љилвагирї шуда, хатарњои зиёновари он барои амнияти Тољикистон пешнињод карда шудааст. Бар замми ин, муаллиф дар тањќиќот кушиш ба харљ дода, тафовути афкори экстремистиро аз террористї љињати дуруст муайян намудани сарњади ин љиноятњо пешнињод карда, њамзамон, дар асоси омузиши таљрибаи амалї, хусусан, парвандањои љиноятї ва дигар маводи амалї тартиби фаъолияти ташкилотњои экстремистиро муайян ва пешнињод намуд, ки донистани онњо барои муќовимати босифат мусоидат менамоянд.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

SOME THOUGHTS ON THE ACTIVITIES OF EXTREMIST-TERRORIST ORGANIZATIONS AND THE DIFFERENCES IN THEIR THINKING

В статье рассматривается деятельность экстремистско-террористических организаций и их различия в мышлении. Автор, опираясь на мнение отечественных и зарубежных уче-ных, а также на достоверные историко-правовые источники, констатирует, что экстре-мистские взгляды был знакомы персидско-таджикскому народу с древнейших времен. Кроме того, в статье освещается современное экстремистское мышление экстремистских группировок и организаций, а также убедительно доказывается его пагубная опасность для безопасности Таджикистана. Помимо этого, в исследовании автор предпринял по-пытку определения разницы между экстремистским и террористическим мышлением, чтобы правильно определить границы этих преступлений, и в то же время, на основе изу-чения практического опыта, в частности, уголовных дел и других материалов, определил и предложил порядок деятельности экстремистских организаций, знания о которых будут способствовать качественному противодействию.

Текст научной работы на тему «БАЪЗЕ АНДЕШАЊО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТЊОИ ЭКСТРЕМИСТЇ-ТЕРРОРИСТЇ ВА ТАФОВУТИ ТАФАККУРИ ОНЊО»

ТДУ 343.341.1

БАЪЗЕ АНДЕШАХР ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТХОИ ЭКСТРЕМИСТЙ-ТЕРРОРИСТИ ВА ТАФОВУТИ ТАФАККУРИ ОЩО

НЕКОТОРЫЕ МЫСЛИ О ДЕЯТЕЛЬНОСТИ

ЭКСТРЕМИСТСКО-ТЕРРОРИСТИЧЕСКИХ ОРГАНИЗАЦИЙ И ОТЛИЧИЯ

В ИХ МЫШЛЕНИИ

SOME THOUGHTS ON THE ACTIVITIES OF EXTREMIST-TERRORIST ORGANIZATIONS AND THE DIFFERENCES IN THEIR THINKING

Хдйддрзода М.П.

Haydarzoda M.P.

Дотсенти кафедраи %уцуци маъмури ва фаъолияти маъмурии факултети № 2-юми Академияи ВКД Цум^урии Тоцикистон,

номзади илмхои ^уцуцшиносй, майори милитсия Доцент кафедры административного права и административной деятельности факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, кандидат юридических наук,

майор милиции

Associate рrofessor of the department of аdministrative law and аdministrative аctivities of the faculty no. 2 of the Academy of the MIA of the Republic of Tatarstan, candidate of legal sciences, the

major of the militia

Ихтисоси илми: 12.00.08 - Дукуки чиноятй ва криминология; хукуки ичрои чазои чиноятй (5.1.4. Илмхои чиноятй-хукукй).

Научная специальность: 12.00.08 - Уголовное право и криминология; уголовно-исполнительное право (5.1.4. Уголовно-правовые науки).

Scientific specialty: 12.00.08 - Criminal law and criminology; penal law (5.1.4. Criminal law sciences).

Такриздщанда: ^удратов Н.А - сардори Раёсати илм ва инноватсияи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон, доктори илмхои хукукшиносй, дотсент.

Рецензент: Кудратов Н.А. - начальник Управления науки и инноваций Таджикского государственного университета коммерции, доктор юридических наук, доцент.

Reviewer: Kudratov N.A. - Head of the Department of Science and Innovation of the Tajik State University of Commerce, Doctor of legal Sciences, Associate Professor.

Аннотатсия: Дар макола фаъолияти ташкилотхои экстремистй-террористй ва тафовути тафаккури онхо мавриди омузиш карор дода шудааст. Муаллиф ба андешаи олимони ватанию хоричй ва сарчашмахои муътамади таърихй-хукукй такя карда, иброз медорад, ки тафаккури ифротй аз кадимулаём ба миллати форсу точик ошно буд. Еайр аз ин, дар макола тафаккури ифротии имрузаи гуруху ташкилотхои экстремистй чилвагирй шуда, хатархои зиёновари он барои амнияти Точикистон пешниход карда шудааст. Бар замми ин, муаллиф дар тахкикот кушиш ба харч дода, тафовути афкори экстремистиро аз террористй чихати дуруст муайян намудани сархади ин чиноятхо пешниход карда, хамзамон, дар асоси омузиши тачрибаи амалй, хусусан, парвандахои чиноятй ва дигар маводи амалй тартиби фаъолияти ташкилотхои экстремистиро муайян ва пешниход намуд, ки донистани онхо барои муковимати босифат мусоидат менамоянд.

Вожауои калиди: чиноят, ташкилотхои экстремистй-террористй, тафаккур, ангезахои экстремистй, сиёсат, нажодпарастй, миллатгарой, махалгарой, дин, мазхаб.

e-mail:

murod.23.09. 1990@mail.ru

Аннотация: В статье рассматривается деятельность экстремистско-террористических организаций и их различия в мышлении. Автор, опираясь на мнение отечественных и зарубежных ученых, а также на достоверные историко-правовые источники, констатирует, что экстремистские взгляды был знакомы персидско-таджикскому народу с древнейших времен. Кроме того, в статье освещается современное экстремистское мышление экстремистских группировок и организаций, а также убедительно доказывается его пагубная опасность для безопасности Таджикистана. Помимо этого, в исследовании автор предпринял попытку определения разницы между экстремистским и террористическим мышлением, чтобы правильно определить границы этих преступлений, и в то же время, на основе изучения практического опыта, в частности, уголовных дел и других материалов, определил и предложил порядок деятельности экстремистских организаций, знания о которых будут способствовать качественному противодействию.

Ключевые слова: преступление, экстремистско-террористические организации, мышление, экстремистские мотивы, политика, расизм, национализм, местничество, религия, вероисповедание.

Annotation: The article examines the activities of extremist-terrorist organizations and their differences in thinking. The author, relying on the opinion of domestic and foreign scientists, as well as reliable historical and legal sources, states that extremist views have been familiar to the Persian-Tajik people since ancient times. In addition, the article highlights the modern extremist thinking of extremist groups and organizations, and also convincingly proves its detrimental danger to the security of Tajikistan. In addition, in the study, the author attempted to determine the difference between extremist and terrorist thinking in order to correctly determine the boundaries of these crimes, and at the same time, based on the study of practical experience, in particular, criminal cases and other materials, he identified and proposed the procedure for the activities of extremist organizations, knowledge of which will contribute to high-quality counteraction to these manifestations.

Key words: crime, extremist-terrorist organizations, thinking, extremist motives, politics, racism, nationalism, localism, religion, confession.

Омузиши як катор асархои кухантарини таърихй далолат медиханд, ки тафаккури ифротии гуруху созмону ташкилотхои экстремистию террористй аз умки таърих барои миллати форсу точик маълум аст ва он аз фитнаи Ахриман -деви бадй ва зулмот, ки бо Хурмузд -худои некй, рушной ва хаёт хамеша дар чангу чидол ва бадбиниву душманй карор дошт, сарчашма мегирад [5, с. 7]. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки Точикон аз кадимулаём ба кувваи ахриманй (торикй), ки ба он гурухи одамони фитнагар мансубанд ва максади бадй, зулм, чангу чидол ва бадбиниву душманиро доранд, тавассути кувваи некй, яъне Хурмузд, ки ба он гурухи одамони нексиришт, созандаю ободкор мутаалликанд, муковимати оштинопазир доштааст, дорад ва бо итминони комил гуфта

метавонем, ки дар ояндаи дуру наздик низ ин анъанаи аждодиро идома медихад.

Бо назардошти андешахои иброзшуда хулоса кардан мумкин аст, ки падидахои нав ба нави ифротгарой, ки дар даврахои гуногуни таърихй пайдо шудаанд, аз асри I-и то милод шуруъ карда, то инчониб ташаккул меёбанд ва хатто бархе аз онхо аз давраи пайдоиши нахустин насли инсоният - хазрати Одам маншаъ мегиранд. Новобаста ба он ки падидахои экстремистй аз даврахои хеле кадим зухур меёбанд, мухаккикон ба он назаранд, ки пайдоиши худи истилохи он дар гузаштаи начандон дур, тахминан 100 сол мукаддам, яъне, аз асрхои XIX-XX сар карда, мавриди истифода карор дода шудааст [8, с. 132-133].

Бисёре аз мухаккикон таърихи тулонии экстремизмро мавриди тахкик карор дода, ба пайдоиши фаъолияти экстремистй чандон диккат намедиханд ва

ин ба назар чунин менамояд, ки гуё фаъолияти экстремиста сифр хосси замони муосир бошад, хол он ки, падидахои экстремстиро аз кадимулаём аксаран бе фаъолияти экстремиста тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин нуктаи назар, мо ба он андешаем, ки экстремизм ва фаъолияти экстремиста таърихи ягона доранд. Аммо фахмиши имрузаи мафхумхои "экстремизм" ва "фаъолияти экстремиста" хосси замони муосиранд. Чунки дар замони мо аъзоёни ташкилотхои террористиву экстремиста бештар хатарноканд ва доираи фаъолияти онхо аз сархадоти давлатхои алохида берун часта, хусусияти фаромиллиро сохиб шудаанд. Бар замми ин, онхо аёру тачрибадидаву мусаллах шуданд ва аз чониби баъзе давлатхои сиёсати духурадошта ва нерухои муайяни сохибкудрату сарватманд маблаггузорй ва пуштибонй мешаванд.

Чумхурии Точикистон зиёда аз се дахсола аст, ки ба падидахои экстремистию террористй муковимати оштинопазир дорад ва то ин дам бо халномахои Суди Олии Чумхурии Точикистон 18 ташкилотхо хамчун ташкилотхои экстремистию террористй эътироф карда шуда, фаъолияти онхо дар каламрави Точикистон манъ карда шудаанд. Ба ин ташкилотхо дохил мешаванд: «Дизб-ут-тахрир», «Ал-Крида», «Даракати исломии Туркистони Шаркй», «Дизби исломии Туркистон» (собик Даракати исломии Узбекистон), «Даракати Толибон», Ташкилоти «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тайиба», «Чамоати исломии Покистон», «Чамъияти Таблигот», «Созмони Таблигот», «Точикистони Озод», Равияи динии «Салафия», «Чамоати (Чамъияти) Ансоруллох», «Гурухи 24», «Давлати исломй», «Чабхат-ан-Нусра», «Дизби нахзати исломии Точикистон» ва «Паймони миллии Точикистон» [3, с. 1415; 2].

Тахлилхо нишон доданд ки чунин ташкилотхои экстремистию террористии манъшуда дар Чумхурии ^иргизистон 21 адад, дар ^азокистон 23 адад, дар Белорусия 369 адад ва дар Федератсияи

Россия зиёда аз 480 ададро ташкил медиханд.

Аз ин чо хулоса кардан мумкин аст, ки дар Точикистон нисбат ба дигар давлатхои номбаршуда ташкилотхои экстремистй ва террористй камтар ба кайд гирифта шудаанд, ки ин аз натичаи фаъолияти дурусти макомоти давлатй шаходат медихад.

Омузиши оиннома, варакахои таблиготй ва баромади рохбарону аъзоёни ташкилотхои мамнуъ собит намудааст, ки онхо тафаккури ифротии худро танхо бахри расидан ба ду максади асосй таблиг мекунанд:

1. Ба даст овардани хокимият ва ташкили бо ном "Хилофати исломй".

2. Сохиб гаштан ба сарвати зиёд ва ваъдахои дигари бардуруг.

Масалан, яке аз китобхои "Дизб-ут-тахрир" ин "Демократия - низоми куфр" ном дорад, ки онро дигар ташкилотхои экстремистию террористй низ барои таблиги тафаккури ифротии худ ба таври фаррох истифода мебаранд. Ифротиён инро асос карда, руйирост иддао доранд, ки хадафи нест кардани режими демократй дар Точикистонро доранд ва хатто максад гузоштаанд, ки бо рохи зурй хамаи худудхои давлатхои

мусулмонтабори Осиёи Марказиро низ ишгол намуда, низоми асримиёнагии идоракунии давлатиро чорй намоянд.

Тафаккури ифротй ва фаъолияти чунин хизбу харакатхо барои несту нобуд сохтани фархангу санъат, дину мазхаб, забону миллат, таъриху маданият ва поймол кардани хукукхои занону кудакон ва равшанфикрону сиёсатмадорон равона мебошад.

Имруз чомеаи чахонй шохид аст, ки тафаккури ифротии чунбиши "Толибон" дар Афгонистон чи кулфате ба сари мардум овардааст. Занону кудакон аз хукук ба мактаб ва маориф, кору истирохат махрум гардида, санъат ва фарханг ру ба нестй нихода, ахли маорифу хирад ру ба хичрат ниходаанд. Дазорон нафар аз хонаву дар зуран берун карда шуда, молу амволи онхо ба "ганимат" бурда шуд. Точикони озодихох ва ватанпарвари Панчшер, ки хакки халоли

худро талаб доранд, ба "куфр" хукм карда шуда, оддитарин хукукхои онхо (озодии баён, хукук ба хаёт, саломатй, иштирок дар идоракунии давлатй) зери пой гардидаанд.

Тафаккури дигари ифротии чунин хизбу харакатхо дар он зохир мегардад, ки баъзеи онхо хатто асосгузори мазхаби ханафй - Имом Абуханифаро, ки дар миёни точикон чун "Суфии Куфй" шинохта шудааст, пирони тарикат ва рохбарони таълимоти суфия - Хоча Бахоуддини Накшбанд, Абдулкодири Гелонй, Саид алии Дамадонй, Хоча Ахрори Валй, Мавлоно Яъкуби Чархй ва дигар шахсиятхои бузурги мардуми точикро эътироф накарда, ба афкори динии онхо эхтиром намегузоранд ва нисбати нафароне, ки ба ин андешаи онхо розй нестанд, хамагуна аъмоли ношоистаро раво дида, метавонанд онхоро ба катл махкум кунанд.

Ба гайр аз ин, тафаккури ифротии салафихо дар он зохир меёбад, ки онхо арзишхои эътикодй ва миллии форсу точикро, ки дар осори адабиву фархангии шахсиятхои оламшумули мо, аз кабили Аттору Саноиву Мавлавй, Саъдиву Дофизу Ч,омй, Бедилу Икбол ва гайра хеле одилона ва окилона ифода ёфтаанд, эътироф намекунанд, хатто онхоро "бидъаткор" меноманд, ки ин холат метавонад ба бенизомии оммавии чавонони ноогох мусоидат карда, боиси нестии хувияти миллии точикон ва аз арсаи таърих нест шудани давлат гардад [6, с. 19].

Дамзамон, омузиши мухити равияи ифротгароёнаи чараёни "салафия" нишон дод, ки дар тафаккури аъзоёни он мардуми "ориёй" ва эронинажод чун "мачусон", "оташпарастон", "рофизиён", "забони ахли дузах" ва г. чой гирифтааст.

Дар баробари ин, имруз тафаккури ифротии салафия дар зиддияти шаддид ба фархангу тамаддуни форсу точик карор дошта, хусусияти софи панарабизмро касб кардааст. Зеро онхо забони форсии точикиро "забони дузахиён" хонда, номхои аслии точикиро "номхои мачусй" ва гайримусалмонй мегуянд ва чашнхои хувиятсози Навруз, Садда ва Мехргонро

"чашнхои мачусй" мехонанд. Аз ин нуктаи назар гуфтан мумкин аст, ки акоиди салафй хусусияти миллатгароии арабй касб карда, ба мукобили забон, фарханг ва хувияти миллии точикон равона мебошад [5, с. 49-50].

Ёдовар мешавем, ки тафаккури ифротии ташкилотхои экстремистию террористй аз солхои 2010-2011 фаъол гардида, боиси сар задани чангхои шахрвандй ва аз байн рафтани як катор давлатхо шудааст. Масалан, Тунис, Алчазоир, Миср, Либиё ба доми зухуроти экстремистй-террористй кашида шуданд, ки дар натича Тунис зери таъсири ин гуруххо карор гирифт, Миср ба гирдоби чанги шахрвандй кашида шуд. Либиё давлатдориашро аз даст дод. Дар худуди Сурия ва Ирок "Давлати исломии Ироку Шом" зухур карда, доираи экстремизм ва терроризми байналмилалй васеъ гашт [4, с. 19-20]. Ба сари Афгонистони чангзада дар либоси нав толибон хакки рохбарии давлатро ба даст оварданд.

Дар айни замон ифротиёне, ки максади ноором сохтани Точикистон доранд, игвогарона дар байни мардум овозахое пахн мекунанд, ки гуё хукуматдорон муассисаву ниходхои расмии динро тахкир менамоянд, эътикоди динй ва арзишхои мазхабии одамонро поймол месозанд ва бо ин далели дуругин, фаъолияти кормандони макомоти давлатй, хусусан макомоти хифзи хукукро, ки шабу руз дар хизмати мардуманду кафили сулху амният ва оромиву осудагии халк мебошанд, нодуруст шуморида, кушиш намуда истодаанд, ки дар тафаккури мардуми оддй ва камоли зиндагй надошта, кормандони ниходхои кудратй ва дигар кормандони давлатиро хамчун шахсони "бидъаткор" ва ба куфр махкумшуда чой бидиханд.

Бинобар ин, имруз бунёдгароиро, ки дар асоси ангезахои тахрифшудаи динй сар мезанад, аксаран ба терроризму экстремизм шабохат дода, онро чун яке аз намуди маъмултарини экстремизм эътироф менамоянд.

Андешаи мазкур бо рохи гузаронидани пурсишхои сотсиологие, ки

аз чониби мо дар солхои 2018-2019 дар байни зиёда аз 250 нафар мутахассисони сохаи назарияву амалия ва донишчуёни фаъоли факултетхои хукукшиносии мактабхои олии Чумхурии Точикистон гузаронида шудааст, исбот гардидааст. Аз байни 250 нафар шахсони пурсидашуда оид ба саволи он, ки "дар айни замон кадом намуди экстремизм дар Чумхурии Точикистон бештар ба назар мерасад", 46,8% аз ангезаи динй-мазхабй изхори нигаронй карда, 71,6% онхо экстремизми сиёсй, миллй ва диниро намудхои маъмултарини он арзёбй намудаанд [7, с. 22].

Дамин тавр, дар хусуси гуруху созмону ташкилотхои экстремистию террористй сухан карда, мехохем тафаккури экстремистону террористонро аз хам чудо намоем. Зеро тачрибахои назариявию амалй ва баромади баъзе аз коршиносни соха дар воситахои ахбори омма нишон медиханд, ки на хама маврид мухаккикон ва кормандони амалияи хукуктатбиккунй хангоми тафовути афкори экстремистй аз террористй муваффак мешаванд.

Аз ин лихоз моро лозим аст, ки барои муайян кадани фаркияти тафаккури экстремистон аз террористон як чанд аломатхои фарккунандаи онхоро пешниход намоем:

1) Доимо акоиди тахрифшудаи динй, мазхабй, сиёсй, миллатчигй ва махалгароиро гояи дуруст шуморида, истифодаи зуроварии чи чисмонй ва чи рухиро нисбат ба мухолифони худ ё гуруххои алохидаи ичтимой раво медонанд.

2) Дамеша ба сафедкунии идеологияи зуроварй бо максади чалби хусни таваччух ва чонибдории теъдоди номахдуди одамон саъю кушиш менамоянд.

3) Дамеша умедвор ба онанд, ки амалхояшон мавриди дастгирии муайяни ичтимой карор гирифта, бар ин васила онхо ба рухияи ракибон ба манфиати экстремистхо таъсир мерасонанд.

4) Еояхои дорои хусусияти экстремистй дар асоси ангезахои номбурда метавонанд бо рохи тайёр ва пахн намудани маводи иттилоотй,

таргибу ташвик ва даъватхои оммавй амалй сохта шаванд.

5) Ангезахои экстремистй хамеша на барои конеъгардонии манфиати махдуди маишй, балки дар сатхи баландтари ичтимой зохир мешаванд.

6) Еояи истифодаи зуроварй дар муносибатхои чамъиятй бо ангезахои сиёсй, ичтимомй, миллатгарой, динй, нажодй ё махалгарой доимо барои ба максадхои экстремистй ноил шудан равона мебошанд.

7) Асосан дар шакли ошкоро тавассути ВАО, Интернет, дар чойхои чамъиятй ва г. баромад менамоянд, агар чи ба тарики пинхонй фаъолият кардани онхо низ дар солхои охир ба мушохида мерасад.

8) Субъектоне, ки ташвикот ва даъвати истифодаи зуровариро барои ба максадхои экстремистй ноил шудан чилавгирй менамоянд, хеч гох иродаи куввахои солими чомеаро ифода наменамоянд.

9) Зухуроти нихоии экстремистй дар шакли бетартибихои оммавй ё генотсид (наслкушй) ифода ёфта метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки барои бозхам хубтар муайян кардани фаркияти тафаккури экстремистй аз террористй моро мебояд якчанд аломатхои фарккунандаи тафаккури террористиро низ пешниход намоем:

1) террористон барои содир намудани амали террористй хама чидду чахдро мекунанд, то макомоти хифзи хукук онхоро ошкор накунад.

2) Тафаккури террористй бо таври кушод ва бо максади намоиши кувваи зуроварй содир шуда, хусусияти ултимативй дорад ва он барои мачбур сохтани давлат, ташкилоти байналмилалй, шахси вокей, хукукй ва ё гурухи ашхос чихати амалй намудан ё худдорй кардан аз кадом як харакат, равона карда мешавад [1, с. 18-19].

3) Он бо максади барангехтани тарсу харос, холати ноилочй, парешонй ва бесуботй дар чомеа содир гардида, фаъолияти муътадили шахрвандон, иттиходияхои чамъиятй ва хокимияти давлатиро вайрон менамояд.

4) Он хавфи умумиро барои теъдоди номуайяни инсонхо ба вучуд оварда, тахдиди бевоситаи аз хаёт махрум сохтани шахрвандон, расонидани зарари назарраси молй ва чисмонй ва ё дигар окибатхои вазнинро ба миён меорад.

5) Шаклхои катъии терроризм дар содирнамоии терроризм (амалиёти террористй), гасби гаравгон, киштихои хавой ва гайра зохир мегардад.

Ногуфта намонад, ки донистани аломатхои фарккунандаи тафаккури экстремистй аз террористй ба макомоти хифзи хукук имкон медихад, ки хангоми тафрикабандии ин ду гурухи чиноятхо дар амалияи хукуктадбиккунй ба хатогии чиддй рох надода, сархадхои онхоро дуруст муайян намоянд, зеро чиноятхои экстремистй ва террористй дар Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон пурра бо аломатхои таркибиашон аз хам тафовут доранд.

Дамзамон, бисёрихо хохони донистани занчираи фаъолияти амалии гуруху, созмону, ташкилотхои

экстремистию террористй дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошанд. Зеро донистани ин занчира ба макомоти хифзи хукук ва дигар шахсони мансабдори босалохият имкон медихад то бар зидди онхо бе ягон мушкилй муковимати миёншикан намоянд. Барои хамин, ин низом аз чониби аъзоёни гуруххои экстремистй то андозае ба худ хусусияти пушида ва зуд тагийрёбандаро касб кардааст. Бо назардошти ин, мо дар асоси омузиши тачрибаи амалй, хусусан, парвандахои чиноятй ва дигар маводи амалй ба хулосае омадем, ки фаъолияти гуруххои экстремистй-террористй бо чунин тарз ба рох монда мешаванд:

1. Аъзоёни ташкилотхои

экстремистию террористй пеш аз хама бо рохи ваъдахои бардуруг ё суистифода аз эътикоду боварии динии мардуми наонкадар босавод ва ё одамоне, ки бо сабабхои объективй ё субъективй аз фаъолияти давлат норозиянд, хусусан чавононеро, ки тачрибаи кофй ва камоли зиндагй надоранд, ба сафхояшон чалб месозанд.

2. Дамаи шахсоне, ки аз чониби аъзоёни ташкилотхои экстремистию террористй чалб мешаванд, бо максади пинхон мондани фаъолияти минбаъдаашон ба худ номхои мустаор, яъне тахаллус интихоб мекунанд.

3. Пас аз интихоби тахаллус хамаи шахсони ба ташкилоти экстремистй-террористй чалбшуда ба муддати тахминан аз се то шаш мох аз адабиёти дорои хусусияти экстремистидошта ба таълимотхои хусусияти динии тахрифшуда фаро гирифта мешаванд.

4. Машгулиятхои таълимии онхо дар давоми хафта як ё ду маротиба дар хонахои пинхонкорй ба таври ичора гирифтаашон ва ё хонахои алохидаи аъзоёни гурух ба рох монда шуда, зуд-зуд бо максади пайхас накардани макомоти хифзи хукук, иваз карда мешаванд.

5. Пас аз омухтани таълимоти тахрифшудаи динии хусусияти экстремистидошта ва омода шудани шахсони чалбшуда ба фаъолияти мустакилона, барои содик монданашон ба ташкилоти экстремистию террористй онхо савганд ёд карда, аъзои содики он мегарданд.

6. Барои инкишофу равнак додани фаъолияти ташкилот ва кумак намудан ба аъзоёни дастнигари он, аъзоёни дигари ба ташкилот чалбшуда дар давоми мох чени имконияташон азохакй, яъне ёрдампулй месупоранд.

7. Дар як гурухи ифротй аслан аз 6 то 12 нафарро ташкил медихад ва дар сурати зиёд гардидан аз шумораи зикршуда, сардори гурухи амалкунанда бо маслихат гурухи нав таъсис дода, яке аз фаъолони гурухро дар он рохбар таъин мекунад ва дар гурухи таъсисдодашуда ба гайр аз рохбари гурух як ё ду нафар шахсони дигари тачрибанок чихати чоннок кардани фаъолияти гурухи навтаъсис фиристода мешавад ва сипас он ба фаъолияти мустакилона шуруъ мекунад.

8. Шахсоне, ки ба гурухи ифротй чалб мешаванд, хеч гох номхои шахсони асосии мутасаддиро намедонанд, хатто баъзеашон онхоро боре хам надидаанд ва барои нишон додани садокаташон танхо супориши онхоро, ки тавассути рохбарони

бевоситаашон ба онхо расонида мешавад, ичро мекунанд.

9. Аъзоёни гуруххои экстремистию террористй бо максади баланд гардидани макомашон дар назди дигар аъзоён ва рохбари гурух ё ташкилот аслан ба хамаи кори пурхатар ва зиддиконунй розй шуда, онро ичро мекунанд ва бар ин васила худро дар назди дигар шахсони тафаккури террористй ва ё экстремистидошта намунаи ибрат нишон медиханд, то ин ки дигарон аз амалхои онхо дида, корнамоихои бештареро анчом диханд.

10. Шахсе, ки дорои тафаккури экстремистй-террористй дорад пеш аз хама, хешутабор, ёру дустон ва шахсони наздики худро ба сафи худ чалб карда, сипас тавассути онхо фаъолияти худро васеъ карда, ба чалб намудани шахсони бегона машгул мешавад.

Хамин тавр, ташкилотхои

экстремистию терорристй бо истифода аз ин низоми сахт ва низоми пурпечутоб давоми се дахсола аст, ки дар кишвари мо борхо ба кирдорхои зишту хатарзоъ даст зада, оромии чомеаро халалдор карда, касди гасби хокимият намудаанд, аммо хардафъа ба муковимату нафрату мушти адолати ватандустони асил, хусусан, кормандони ниходхои кудратй дучор омада, кисмате нобуд, кисмати дигар паси панчара кашида шудаанд ва як кисмати хурди дигар ру ба фирор оварда, дар паси хочагони хоричиашон пинхон шудаанд. Барои хамин, дар урфият мегуянд, ки "бори кач ба манзил намерасад" ва мувофик ба хикмати дерин душмани халк харгиз комёб намешавад, балки зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Адабиёти истифодашуда

1. Имомов, А.Х. Терроризм - форма организованной преступности: монография / А.Х. Имомов. - Душанбе: «Санадвора», 2003. - 199 с.

2. Маълумотномаи Маркази матбуоти Суди Олии Чумхурии Точикистон аз 11.10.2019 // [Захираи электронй] - Манбаи дастрасй: https://sud.tj/markazi-matbuot/ khabarho/284/?sphrase id=4716.

3. Рахимзода, Р.Х. Санадхои меъёрии хукукй ва санадхои судй оид ба фаъолияти ташкилотхо ва хизбу харакатхои террористиву экстремистй / Р.Х. Рахимзода. - Душанбе: «Ирфон», 2015. - 232 с.

4. Сафарзода, Х.С. Ахёзода, Ш.Т., Мирзоумарзода, А.М. Пешгирии шомилшавии чавонон ба ташкилотхои экстремистй-террористй: дастури методй / Х.С Сафарзода, Ш.Т. Ахёзода, А.М. Мирзоумарзода. - Душанбе: Торус, 2021. - 136 с.

5. Сафарзода, Х.С., Насуриён, П.А., Ализода, А.Ш. [ва диг.]. Асосхои муковимат ба экстремизми (ифротгароии) динй-мазхабй: монография / Х.С. Сафарзода, П.А. Насуриён, А.Ш. Ализода [ва диг.].. - Душанбе: Торус, 2022. - 168 с.

6. Холикназаров, Х., Рахнамо, А. Хатари тафаккури ифротй ва гуруххои ифротгарои динй дар чист? / Х. Холикназаров, А. Рахнамо. - Душанбе: «Ирфон», 2018. - 75 с.

7. Хайдарзода, М.П. Проблемахои мукаммалсозии конунгузорй ва квалификатсияи чиноятхои хусусияти экстремистидошта дар Чумхурии Точикистон: монография / Зери тахрири номзади илмхои хукукшиносй, дотсент Сафарзода Х.С. - Душанбе: «ЭР-граф», 2021. - 212 с.

8. Хайдарзода, М.П. Таърихи пайдоиши экстремизм ва мафхуми умумихукукии он / М.П. Хайдарзода // Осори Академия ВКД Чумхурии Точикистон. - 2017. - № 1 (33). - С. 132-134.

References

1. Imomov, A.Kh. Terrorism is a form of organized crime: monograph / A.Kh. Imomov. -Dushanbe: "Sanadvora", 2003. - 199 p.

2. Information from the Press Center of the Supreme Court of the Republic of Tajikistan dated 11.10.2019 // [Electronic resource] - Access source: https://sud.tj/markazi-matbuot/ khabarho/284/?sphrase_id=4716.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

3. Rahimzoda, R.H. Regulatory legal acts and judicial acts on the activities of terrorist and extremist organizations and parties / R.H. Rahimzoda. - Dushanbe: "Irfan", 2015. - 232 p.

4. Safarzoda, H.S. Ahyozoda, Sh.T., Mirzoumarzoda, A.M. Prevention of youth joining extremistterrorist organizations: methodical guide / H.S. Safarzoda, Sh.T. Ahyozoda, A.M. Mirzoumarzoda. -Dushanbe: Torus, 2021. - 136 p.

5. Safarzoda, H.S., Nasuriyan, P.A., Alizoda, A.Sh. [and others]. Basics of resistance to religious extremism: monograph / H.S. Safarzoda, P.A. Nasuriyan, A.Sh. Alizoda [and others].. - Dushanbe: Torus, 2022. - 168 p.

6. Kholiknazarov, H., Rahnamo, A. What is the danger of extremist thinking and extremist religious groups? / Kh. Kholiknazarov, A. Leader. - Dushanbe: "Irfan", 2018, - 75 p.

7. ^ydarzoda, M.P. Problems of improving legislation and qualification of crimes of an extremist nature in the Republic of Tajikistan: monograph / Edited by candidate of legal sciences, associate professor Safarzoda H.S. - Dushanbe: "ER-graf", 2021. - 212 p.

8. ^eydarzoda, M.P. The history of the emergence of extremism and its general legal concept / M.P. Haydarzoda // Artifacts of the Academy of the Ministry of Internal Affairs of the Republic of Tajikistan. - 2017. - No. 1 (33). - Р. 132-134.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.