Научная статья на тему 'МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРАКҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР АСРҲОИ ХVI-ХХ'

МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРАКҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР АСРҲОИ ХVI-ХХ Текст научной статьи по специальности «Социальная и экономическая география»

CC BY
110
9
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
ТОҷИКИСТОНИ ШИМОЛӢ / ШАҲР / ШАҲРАК / КАМОШЁНА / МИЁНАОШЁНА

Аннотация научной статьи по социальной и экономической географии, автор научной работы — Шерматов Музаффар, Зокиров Раҳимҷон

Дар мақола бо назардошти иттилои сарчашмахои муътамади таърихӣ раванди ташаккули шаҳру шаҳракҳо дар ҳудуди ҷуғрофии шимоли Тоҷикистон (дар асрҳои ХVI-ХХ) мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Омилҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии инкишофи шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, шаҳрҳои миёнаи Исфара, Конибодом ва шаҳракҳои ҳамчун марказҳои маъмурии ноҳияҳои алоҳида амалкунандаи Навкат, Шайдон ва Ғончӣ аз нуқтаи назари таснифоти типологии шаҳрсозӣ таҳлилу баррасӣ карда шудаанд. Дар мақола инкишофи ҳунармандию кишоварзӣ ва косибию тиҷорат аз омилҳои калидии инкишофи муҳити истиқоматии шаҳракҳои таърихии рӯ ба инкишоф ҳам дар давраи феодалӣ ва ҳам дар давраи ҳамроҳ гардидани Осиёи Миёна ба Империяи Русия бо далелҳои боэътимод шарҳ дода шудааст. Муаллифон дар такя бо асноди омӯхта хусусияти қисматкунии воҳидҳои шаҳрсозиро дар давраи асрҳои ХVI-ХХ, хусусияти ташаккули маҳаллаҳо, гузарҳоро дар сохтори шаҳру шаҳракҳои аҳаммияти таърихидошта, зичии демографӣ, хусусияти шуғл ва фарҳанги истиқомати сокинони шимоли Тоҷикистон тавсиф намудаанд. Ҳифзу инкишофи анъанахои меъмории халқӣ дар алоқамандӣ бо омилҳои табиию иқлимӣ ва таъмини муҳити комилан мусоиди зист, ки якчанд марҳилаҳои муҳими таърихиро паси сар намудааст, аз ҳадафҳои асосии мақолаи мазкур ба хисоб меравад. Таъмини шароити комилан мусоиди муҳити зист дар шаҳракҳои таърихӣ раванди дуру дароз ва мураккаб буда, онро танҳо баъди андӯхтани таҷрибаи кофӣ бомуваффақият ба амал баровардан имконпазир аст.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

RESIDENTIAL ENVIRONMENT OF THE HISTORICAL CITIES OF NORTHERN TAJIKISTAN IN THE XVI-XX CENTURIES

In the article, taking into account reliable historical sources, the process of formation of cities and towns in the geographical territory of northern Tajikistan (in the 16th-20th centuries) is studied. The political, economic and social factors of the development of the cities of Khujand, Penjikent, Istaravshan, the medium-sized cities of Isfara, Kanibadam and the settlements of Navkat, Shaydon and Gonchi, which are the administrative centers of certain districts, are analyzed and considered from the point of view of the typological classification of urban development. In the article, the development of crafts, agriculture, trade and commerce is explained with reliable evidence as one of the key factors in the development of the living environment of developing historical settlements both in the feudal period and in the period of accession of Central Asia to the Russian Empire. On the basis of the documents studied, the authors described the nature of the division of urban units in the XVI-ХХ centuries, the nature of the formation of microdistricts, transitions in the structure of cities and towns of historical significance, demographic density, the nature of occupation and culture of the inhabitants of northern Tajikistan...In the article, taking into account reliable historical sources, the process of formation of cities and towns in the geographical territory of northern Tajikistan (in the 16th-20th centuries) is studied. The political, economic and social factors of the development of the cities of Khujand, Penjikent, Istaravshan, the medium-sized cities of Isfara, Kanibadam and the settlements of Navkat, Shaydon and Gonchi, which are the administrative centers of certain districts, are analyzed and considered from the point of view of the typological classification of urban development. In the article, the development of crafts, agriculture, trade and commerce is explained with reliable evidence as one of the key factors in the development of the living environment of developing historical settlements both in the feudal period and in the period of accession of Central Asia to the Russian Empire. On the basis of the documents studied, the authors described the nature of the division of urban units in the XVI-ХХ centuries, the nature of the formation of microdistricts, transitions in the structure of cities and towns of historical significance, demographic density, the nature of occupation and culture of the inhabitants of northern Tajikistan. The preservation and development of folk architectural traditions in connection with natural and climatic factors and the provision of a completely favorable habitat that has passed through several important historical stages is considered one of the main goals of this article. Providing completely favorable ecological conditions in historical settlements is a long and complex process, and it can be successfully implemented only after acquiring sufficient experience.

Текст научной работы на тему «МУҲИТИ ЗИСТИ ШАҲРАКҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР АСРҲОИ ХVI-ХХ»

УДК 719.03 (575.3)

МУ^ИТИ ЗИСТИ ШАХ,РАКХ,ОИ ТАЪРИХИИ ТО^ИКИСТОНИ ШИМОЛЙ ДАР АСР^ОИ XVI-XX

Шерматов М., Зокиров Р.

Донишгоуи техникии Тоцикистон ба номи академикМ.С.Осимй Донишкадаи политехникии Донишгоуи техникии Тоцикистон ба номи академик М. С.Осими

Точикистони Шимолй ба инкишофи шахрсозии на танх,о тамоми чумхурй, балки худуди Осиёи Миёна ва хдтто берун аз каламрави он низ таъсири калон расонидааст. Ташаккули таснифоти мах,алх,ои ах,олинишин яке аз самтх,ои мух,ими конуният ва хусусиятх,ои тараккиёти таърихии халк мах,суб меёбад. Дарк кардан ва бах,о додан ба шаклх,ои гуногуни хдёти чамъиятй, ки дар ташаккули таърихй мукарраршудаи мух,ити истикоматй ва манзилгох, дар шароити ташаккули шах,ракх,о хело мух,им аст.

Барои Точикистони Шимолй ин гуна таснифот махсусан аз сабаби гуногун будани шароити табий-иклимй, иктисодиёт, гуногунии таркиби этникии мах,алх,ои ах,олинишин мураккаб аст. Гуногун будани шароити табиию иклимии минтакаи мавриди тахкик боиси ташаккули намудх,ои гуногуни хочагй ва мадании шах,ракх,ои шимоли Точикистон гардид.

Ахолии минтаках,ои гуногуни иктисодй ба мубодилаи пурчушу хуруши мах,сулоти худ марок зох,ир мекарданд. Аллакай дар марх,илаи аввали таърихй дар ин чо шах,рх,о ба вучуд омадаанд (аксарияти онх,о х,оло мавчуданд): аз х,азораи якуми пеш аз милод Хучанд (Искандрияи Аксо) ва Уротеппа (Курушкадаи кадим, аз асри XV Истаравшан) маълум аст. Аз ибтидои асрх,ои миёна (асрх,ои VI-VIII) Панчакент, Конибодом (Канд), Исфара (ки он вакт аз ду шах,р - Тамохуш ва Бамкахуш иборат буд) маълум аст [4, с. 125].

Дар таърихи шах,ракх,ои минтака даврах,ои тараккиёт ва таназзул, муваккатй ва дар баъзе мавридх,о дарозмуддат ба амал омадааст. Шах,ракх,ои ба таназзул афтода, дар асари истилоъх,о, дар назди сах,нах,ои чангх,ои байнихдмдигарй ва низоъх,ои кабилавй карор гирифтанд.

Аммо дар баробари ин, х,окимони замон ба муносибати суст шудани х,окимияти марказй дар хоних,о ба мустах,кам намудан ва сохтани манзилх,ои бошуку^ шуруъ намуданд. Шах,рх,ои нав пайдо шуданд, ки ба марказх,ои хунармандй ва савдо табдил ёфтанд. Пас, дар нимаи аввали асри XVIII бо ташаббуси беки Панчакент шах,р ба чои нави мувофик кучонида шуд. Шах,ру шах,ракх,ои водии ФарFона хело тараккй карданд. Шах,ри Хучанд васеъ ва бо ду катор деворх,о их,ота шуда буд. Дар хдмин вакт шах,ри Уротеппа мустах,кам шуда, калъаи MyF, маркази яке аз кудратх,ои давлати Чрниён шухрат дошт[7, с. 126-134].

Ба гуфтаи В.В.Бартолд, дар охири асри XVIII - нимаи аввали асри XIX шах,рх,ои водии ФарFOна дар минтака мавкеи асосиро ишFOл менамуданд. Нимаи аввали асри XIX, ки бо ободонии минбаъдаи шах,ру дех,от, васеъ шудани мах,аллах,ои кух,на ва ба вучуд омадани мах,аллах,ои дех,от хос аст. Сукунати кучманчиён, кучонидани сокинони шах,рх,о ва истех,комх,ои дех,от ба боFy заминх,ои корам, ки дар онх,о мах,алх,ои ах,олинишини доимй ташкил меёбанд хело пах,н гардид. Дар водии ФарFOна шах,ри Конибодом васеъ карда шуда буд, ки кисми кух,наи мустах,ками он бо мулкх,ои дех,от якчоя карда шуданд, ки ах,олии шах,р одатан тамоми мавсими корх,ои хочагии дех,от ба он чой мерафт. Ахдмияти шах,ри Исфара хдмчун маркази савдо ва хунармандй афзуд; дар атрофи он посёлках,ои нави точикону KирFизx,о ба вучуд омаданд.

Ба Россия хдмрох, шудани Осиёи Миёна марх,илаи мух,имми тараккиёти хдёти шах,рх,ои Точикистони Шимолй гардид. Шах,рх,ои кух,наи вилоят ободонию навсозй шуданд. Шах,рх,о, посёлках,ои нави ах,олинишини Драгомирово, Советобод, Ленинобод ва Fайра пайдо шуданд, ки хдмчун марказх,ои савдо, маъмурй ва мадании уездх,о, округло, волостх,о буданд.

Таксимоти мах,алх,ои ах,олинишин дар вилоят нобаробар буд. Дар баробари мах,алх,ои серах,олии таърихй, даштх,ои пах,новари дорои ах,олии пароканда ва номутамарказ низ мавчуд буданд, дашту кухдо (ба Fайр аз сох,илх,ои рудх,о) умуман сокинони доимй надоштанд. Дар шароитх,ои гуногуни табий ва ичтимоию иктисодй навъх,ои гуногуни ах,олинишин ба вучуд омадаанд.

Мо шахрхо, посёлкахо, дехахои тичоратию хунармандй, дехахои минтакаи зироаткории обии кадим, мавзеъхои минтакаи зироаткории лалмй, дехахои кухистонро, дехахои гурухи нимкyчманчй ва авулхои кучманчиро метавонем бо хусусияти худ фарк намоем. Ба сифати посёлкахои мавсимй, кулбахои тобистонии ахолии шахр ва кисман дехахо, бошишгоххои тобистонии точикони кухистон, бошишгоххои сахроии чупонхо дар чарогоххои дурдаст фарк мекунанд.

Ба катори шахракхои ахолинишинеро, ки то 10 хазор нафар ахолй дошта, марказхои хунархои махсус, бозорхои доимии хурду калон ва дигар намудхои савдоро дохил карда метавонем. Шахрхо дар роххои бузурги савдои транзитй, дар хамбастагии вохахои кишоварзй ва нохияхои чарогохй чойгир шуда, марказхои иктисодй, маъмурй ва фархангии як минтакаи васеъ буданд. Aввал аз руи шумораи шахрхо дар нимаи дуюми асри XIX — ибтидои асри XX шахрхои Хучанд, Конибодом, Исфара ишFOл карданд. Дар вохахои доманакухи байни водии ФарFOна, Тошканд ва водии Зарафшон, шахри Уротеппа чойгир буд.

Мо шахрхои хурдтар ва мухимтареро, ки камтар аз 10 хазор нафар ахолй доштанд ва хамчун маркази нохияхо эътироф шудаанд, шахрак мешуморем. Хусусияти хоси онхо инкишофи хунармандй ва савдо буд, ки дар онхо панчяк ва зиёда аз ахолй машFyл шуда, вале бокимондаи сокинон ба хочагии дехот алокаманд буданд. Чун дар шахрхои калон, косибони махаллй корпоратсияхои гилдиявии худро доштанд. Савдо дар посёлкахо доимй набуда, балки давра ба давра, дар рузхои муайяни хафта сурат мегирифт. Инхо дар водии ФарFOна поселкахои Aшт, ПoнFOЗ, Foнчй, Хистеварз, Aдрасмoн, Чоркух, Ворух, Шайдон, ^амишкургон, Кучкак ва Нов буданд. Ба вучуд омадани бисёр марказхои хурди шахрй ва нимшахрй табий буд: хар як вохае, ки аз дигархо бо минтакаи дашту биёбон ё каторкуххо чудо шуда буд, нохияи иктисодии худро ташкил медод, ки ахолии онхо ба хунармандй, маркази савдо, фархангй ва маъмурй таркиб ёфта буд.

Дар нимаи дуюми асри XIX бисёр шахрхои минтака холо хам намуди феодалй доштанд: деворхои калъа, баъзан ду катор нигох дошта мешуданд (мисли Хучанд, Конибодом, Панчакент). Деворхо баландии 5-10 м ва парной 5 м буда, дар канори боло бо гилхо ва дар беруни он нимпурра оро дода шуда буданд. Дар кучахои асосии шахр дарвозахо шабона баста буданд: мисли дар Панчакент- 2 дарвоза, дар Уротеппа - 7, дар Хучанд - В ададро ташкил медоданд. Пас аз пайвастан ба Империяи Русия девору дарвозахои шахрхои вилояти Туркистон ахаммияти худро гум карда, хам аз таъсири иклим ва хам бо таъсири бевосита фуру рехтанд. Aммo дар хонигарихо, ки тартиботи феодалй бо камоли рушд нигох дошта мешуд ва то инкилоб девору дарвозахо аз руи таъинот амал мекарданд[6, с. 13-1В].

Вакте, ки деворхои шахр вучуд доштанд, худуди шахр аз руи дарозии онхо муайян карда мешуд. Дар худуди шахрхои дохили деворхо асосан на 6of^o ва на заминхои корам мавчуд буданд - ахолии шахр дар канори шахр заминхои тобистона доштанд ва такрибан ним солро дар он чо гузаронда, фаъолияти шахрро бо корхои дехот пайваст карда, худро бо сабзавот, мева ва баъзан Fалла таъмин мекарданд. Ин гуна шахрхо дар давоми тамоми фасли тобистон такрибан холй буда, дар фасли зимистон бошад, баръакс, махаллахои наздишахрй беодам буд. Ба ингуна минтакахо Уротеппа, Панчакент, Aшт мисол шуда метавонанд. Минтакаи наздишахрй бо шахр чунон зич алокаманд буд, ки дар назари ахолй онхо бо хам яклухт буданд.

Иморатхои шахрхо серодам, мустахкам ва аксаран бо бинохои истикоматии ду ва сеошёна иборат буд. Ба ин шахрхо Панчакент ва Уротеппа дохил мешаванд. Навъи дуюми ободонии шахрхо банакшагирии ахолии зич маскуншуда буд: он барои нохияхои канори Хучанд, Конибодом, Исфара ва дигар шахрхои водии ФарFOна хос буд. Дар Конибодом бошад, байни кварталхо китъахои 6of ва хатто зироаткорй мавчуд буд [11, с. 35].

Бисёр шахрхои Осиёи Миёна дар ин давра таксимшавиро ба кисмхои таърихию топографии дар гузашта инкишофёфта нигох доштанд. ^адимтарин кисми бисёр шахрхо гирду атрофи калъа буд, ки кароргохи хоким пеш аз пайвастан ба Русия дар он чо чойгир буд ва бозори асосии шахр одатан дар хамин чо мавкеъ гирифта буд. Дар гирду атрофи маркази савдо работхои асримиёнагй низ мавчуд буданд. Бинобар иттилои сарчашмахо дар охири асри XIX дар бисёр шахрхо минтакаи нави русй ташкил карда шуданд. Онхо ё дар наздикии калъа, дар маркази шахр (Хучанд, Уротеппа) ё дар наздикии шахри кухна, дар каламрави пештар бoFy киштзор чой мегирифтаанд; Макомоти Русия ин заминхоро аз сохибони

собикашон одатан мехариданд. Нохияхои русии шахрхо тибки накшаи гирифта шуда, кучахои рост аз ду тараф дарахтзор буданд ва кад-кади кучахо чуйборхои об чорй мешуданд. Дар кисми маскуншудаи империяи Рус муассисахои маъмурй, казармахо, беморхонахо ё амбулаторияхо, дорухонахо, муассисахои таълимии Русия, бонкхо ё филиалхои онхо, идорахои ширкатхои тичоратй, идораи почта-телеграф ва наклиёт, мехмонхонахо мавчуд буданд.

Яке аз хусусиятхои мухимми шахрхои таърихй ба кисмхо ва махаллахои алохида таксим шудани онхо буд. Аз замонхои кадим анъанаи ба ду кисм (даха, китъа) таксим кардани шахр вучуд дошт. Инак, Хучанд, Уротеппа аз ду кисм ва Чуст, Конибодом, Самарканд аз чор кисм иборат буданд. Х,ар яке аз ин кисматхо девори калъаи худро доштанд. Таксимшавй ба ду ё чахор кисм дар баъзе шахрхо вучуд дошт. Шахрхои Понгоз ва Риштон ба ду кисм ва Ашту Кучкак ба чор кисм, ^истакуз ба панч кисм таксим шуда буданд [11, с. 59].

Маъмурияти русии вилояти Туркистон ин таксимоти бостониро ба кисмхо нигох дошта, онхоро чун вохиди маъмурй хисоб карда, мазмуни онро дигар кард. Пештар дар бисёр шахрхо хар як кисмат хам шахр ва хам дехахои наздишахриро, ки ба он тобеъ мешуданд (Панчакент, Хучанд) фаро мегирифт.

То ибтидои асри ХХ махаллахои наздишахрй аз чихати маъмурй аз шахр чудо карда шуда, ба кисмхои кухна шахрхои нав дохил карда шуданд. Дар Хучанд кисмхои сеюм ва чорум, дар Конибодом — панчум, ки аз чихати худудй бо шахрхои кухна алокаманд нестанд, дар шахраки ^истакуз (хозира Хистеварз) — кисмхои панчум ва шашум низ пайдо шуданд.

Ба гайр аз таксим шудан ба кисмхои калон дар шахрхо, посёлкахо ва дар бисёр дехот таксимоти бостонй ба махалхои истикоматй (махалла, гузар) низ вучуд дошт. Инро маъхазхои хаттй (Наршахй) барои шахрхои давраи то феодалй шаходат медиханд. Ин кисматкунй хеле устувор гардид ва то инкилоб ва хатто баъдтар хам пойдор буд. Квартал на танхо вохиди худудй, балки вохиди маъмурию ичтимой хам буд. Сокинони он дар як навъ чамоатхои хамсоя муттахид карда мешуданд.

Махаллахои нав ё аз хисоби дехахои ба шахр шомилшуда ва ё дар натичаи таксим кардани кварталхои кухна ташкил карда мешуданд. Сабаби ин одатан сохтмони масчиди нав дар квартал буд, ки дар атрофи он махаллаи нав ташкил карда мешуд. Таксим кардани махаллахои нав охиста-охиста, дар тули асрхо сурат мегирифт. Аз ин ру, шумораи кварталхо аз ахаммияти ичтимоию иктисодии шахр, бостонй будани он, дарачаи тараккиёти хаёти шахр шаходат медод. Шумораи махаллахо 146 адад, ки аз он дар Уротеппа -61, Конибодом-45, Исфара-31 квартал мавчуд буд. Дар шахраки ^истакуз (хозира Хистеварз)-34, Ашт-16, Панчакент 13, Ворух 12 ва дар Шайдон 11 махалли истикоматй мавчуд буд [11, с. 76].

Посёлкахои шахрхои бостонй ва асримиёнагии Точикистони Шимолй хамчун марказхои истехсолию хунармандй ба вучуд омада, инкишоф ёфтаанд. Шахрхое, низ мавчуд буданд, ки ба истехсоли баъзе навъхои махсулот махсус гардонда шудаанд. Бисёре аз хунархои дастй на танхо дар минтакаи худ фурухта мешуданд, балки хатто берун аз Осиёи Миёна низ талабгор доштанд. Х,атто дар асрхои VIII—X абрешими Фаргона, махсусан бекасаби машхури Хучанд, адрас, хонатлас ба мамлакатхои хамсояи Шарк интикол дода мешуданд.

Дар водии Фаргона хунармандони Конибодом ва Ашт бо истехсоли олоти оханин, устохои Исфара дар истехсоли когаз ва равгани кунчид шухрат доштанд.

Ахолии шахрхо низ дар шахрхои хурд (аз руи маълумотхои таърихии соли 1897) чамъ шуда буд: дар Исфара — 9200 нафар, дар ^истакуз (хозира Хистеварз) — 8100 нафар, дар Ашт ва Чоркух — 4000 нафар, дар Понгоз, Ворух ва Кучкак — 3300 нафар. 3500, дар ^амиш-^ургон, Исписор-2800, дар Навкат, Шайдон ва Гончй -1500 нафар истикомат менамуданд[11; с.96].

Маъмулан дар шахракхо ахолии аз чихати этникй омехта зиндагй мекарданд. Дар шахрхои кухнаи Осиёи Миёна кисми асосиро ахолии мукимй ташкил медод, ки аз хисоби мухочирон аз дехоти хамсоя, аз мавзеъхои дурдаст ва баъзан аз дигар кишвархо пурра мешуданд. Х,амин тавр, хайати ахолии шахр устувор набуд. Таркиби ахолии шахрхо дар асри ХVII— нимаи якуми асри Х1Х хеле тагйир ёфт.

Навъи махсуси посёлкахои ахолинишин дар атрофи шахр низ ба вучуд омадаанд. Дехахое, ки берун аз худуди шахр чойгир буданд, одатан яке паси дигар бо хам

мепайвастанд. Баъзе дехахо тархи зичиморат ва серодам доштанд; баъзан гурух-гурух хонахо аз хамдигар богу замини корам чудо карор доштанд. Дехахои наздишахрй ба махаллахои истикоматй таксим карда мешуданд, ки шумораи онхо баъзан ба даххо мерасид.

Маркази дехаи калони наздишахрй одатан бозори хурде буд, ки дорои якчанд дуконхои савдо, устохонаи охангарй ва дигар хунамандону косибон буд. Дар ин чо корвонсаройхо, чойхона, масчиди чомеъ чойгир буданд (дар махаллахои истикоматй масчидхои панчвакта мавчуд буданд). Дар баъзе дехахои калон мадрасахо мавчуд буданд, ки хар кадоми онхо мадрасахо доштанд. Посёлкахои калони ахолинишин то 5-8 хазор нафар ахолй доштанд. Дар мавзеи амлокхои наздишахрии ахолии шахр бисёр дехахои наздишахрй ба вучуд омаданд. Сокинони мукимй ба хунармандй идома дода, дар баробари ин бо корхои кишоварзй мепайвастанд. Сокинони дехахои наздишахрй гохе дар марказхои савдои шахр корвонсарой, дуконхо ва устохонахои шахсии худро дошта, бо харидорони муайян алока доштанд ва махсулоти худро ба онхо фурухта, гохе аз онхо ашёи хом мегирифтанд.

Дехахои калон дар атрофи Хучанд низ кам набуданд, мисли: дар дехоти Ёва кариб 2000 нафар, дар Пули-чукур- 1000 нафар; дар Румон — 3500, Шайх-Бурхон кариб 1000 нафар ахолй истикомат менамуданд. Шугли асосии ахолии ин дехахо хунармандй буд. Дар дехоти Ёва ва Пули Чукур абрешимчиён, рангуборчиён, бофандагон зиндагй мекарданд. Х,амин тавр, хам аз чихати шумораи ахолй ва хам аз чихати навъи машгулият сокинони ин дехахо кариб монанди хочагидории шахрхо буданд, лекин бозори худро надоштанд [11, с. 112].

Пас якчанд намуди посёлкахои шахриро муайян кардем, ки чй аз чихати ахаммияти худ дар хаёти халк ва чй аз чихати шумораи ахолй ва хам аз чихати сохти худ аз хамдигар фарк менамуданд: посёлкахои наздишахрй (аз чумла махаллахои наздишахрй); шахракхои савдо, аз чумла шахрхое, ки дар роххои калони савдо вокеъ гардидаанд; нуктахои савдо; шахракхои хунармандй; махалахои зироаткории обй, ки ба инкишофи шахрсозии минтакаи мавриди тахкик таъсири бевосита расонданд.

Дар солхои Х,окимияти Шуравй бошад, хаёти поселкахои коргарии шимоли Точикистон ба куллй тагйир ёфт. Талаботи ахолии шахракхои таърихй нисбат ба шароити манзил, асбобу анчоми рузгор, сару либос, пойафзол, наклиёт, алока тамоман дигар шуд. Симои мадании шахракхои таърихй дигаргун шуд. Ба чои манзилхои истикоматии кухнаи гилин, манзилхои истикоматии нави гиштй дорои шабакаи об, барк, инфрасохтори хизматрасонй, махаллахои нави бо роххои васеъ ва мумфарш дошта пайдо шуданд.

Масъалахои ободонии поселкахои ахаммияти таърихидошта ва рушди сохтмон дар шахракхои шимоли Точикистон аз ибтидои солхои 60-уми асри XX огоз шуда буд. Ба шарофати икдомхои созандагй ва чидду чахди мехнаткашони шахракхои таърихй дар шимоли кишвар поселкахои нави типи шахрй, мисли Колхозчиён (Панчакент), Гулакандоз, Драгомирово (нохияи Ч,аббор Расулов), Гулистон (Кайроккум), Пулотон (Конибодом) ва монанди онхо пайдо шуданд.

Дар Карори КМ Х,КИШ ва Шурои Вазирони Шуравй соли 1962 «Дар бораи сохтмони индивидуалй ва кооперативй» дар бораи бехтар намудани зиндагонии сокинони шахракхои таърихй фаро гирифта шуда буд, ки мувофики он ба бинокорони инфиродй ва кооперативй фарохам овардани шароити зарурй барои ташаккули интенсивии сохтмон имтиёз дода шуд. [9, с. 241]. Татбики ин икдом имконият дод, ки хачми умумии сохтмони кооперативй ва инфиродии шахсй то 22% зиёд карда шавад. Х,амин тавр, дар солхои 1962-1965 шахрвандони шахракхои шимоли Точикистон 985 хазор метри мураббаъ манзил сохтанд [2, с. 17].

Рушди сохтмон аз хисоби маблагхои шахсии сокинон ба он мусоидат кард, ки манзилхои истикоматии типи кухна асосан ба манзилхои нави муосир иваз карда шуда, 7,5 миллион сум ё назар ба соли 1958-ум 1,2 баробар зиёд маблаг дар ин самт сарф карда шуд [5, с. 92].

Дар давраи солхои 1961-1965 дар каламрави шимоли Точикистон шахракхои нави коргарй, монанди Адрасмон, Табошар, Чайрухдаррон, Кайроккум, Бустон, Олтин-Топкан пайдо шуданд.

Сохтмони шахракхои наве, ки дар онхо намояндагони миллатхои гуногуни шуравй зиндагй мекарданд, дар навбати худ дустии халкхоро мустахкам намуда, ягонагии онхоро тараккиёти истехсолоти хурду миёна танзим намуд. Инро дар мисоли шахраки Чкаловск (холо Бустон) дидан мумкин аст. Дар он намояндагони 8 миллати Иттиходи Шуравй кор мекарданд. Якчоя шахраки хозиразамони дорои инфрасохтор сохта шуд. Тарзи зиндагонии

сокинони шахраки мазкур аз шахри мукаррарй фарк намекард. Х,амаи роххои шахрак мумфарш карда шуда, дар ин чо нуктахои савдо, комбинати хизмати маишй, хаммом, мактаб, богча, яслй фаъолият менамуданд.

Гайр аз ин шахракхое, ки худуди 10-15 хазор ахолиро муттахид менамуданд, якчанд махаллахои дорои кварталхои чудогонаро сарчамъ менамуданд. Шахраки Советобод (холо Гафуров) аз руи тархи генералй сохта шуда, аз 16 куча, инфрасохтори мукамали хизматрасонй махаллахои истикоматии шакли нави борат буд [1, с. 65].

Чунин мисолхо хоси кариб хамаи шахракхо ва марказхои маъмурии нохияхо-поселкахои типи шахрй буданд. Дар бобати таквият намудани имконоти моддию техникии сохтмони манзилхои истикоматии шахракхо кори бисёре ба чо оварда мешуд. Дар асоси ^арори КМ ХДИШ ва Шурои Вазирони ИЧЩС «Дар бораи минбаъд хам вусъат додани сохтмони манзилхои истикоматии инфиродии шахсй ва дар поселкахо нигох доштани анъанахои халкии бунёди манзилхои истикоматй» бисёр корхо ба чо оварда шуданд. ки дар минтака шахракхои нави хозиразамони ба талаботи замон чавобгу сохта шаванд. Дар асоси ин санад дар шахракхои таърихй дигаргунихои назаррас ба амал омаданд. Дар баробари аз нав сохтани махаллахои таърихй шахракхои муосир - марказхои маъмурии нохияхои Ашт (Шайдон), Деваштич (Еончй), Нов (Навкат) , Пролетар (Мехргон) ва Мастчох (Бустон) тибки накшахои кулли шахрсозй мархила ба мархила ташаккул ёфтанд. Дар солхои 1965-1980 бо кувваи ахолии шахракхо зиёда аз 6390 хазор метри мураббаъ майдони истикоматй сохта ба истифода дода шудааст [10, с. 356]. Дар баробари ин шахракхо ба сохтмони муассисахои маданй-маишй диккати махсус медоданд. Танхо дар давраи аз соли 1965 то соли 1980 71 манзилхои истикоматй мактабхо барои 16,9 хазор чой сохта шуд [3, с. 46].

Дар тагйир ёфтани симои шахракхои таърихй дар партави ^арори КМ ХДИШ ва Шурои Вазирони ИЧШС «Дар бораи тадбирхои боз хам бехтар намудани шароити манзилию коммуналй ва ичтимоию маданй дар хаёти ахолии шахракхои таърихй баъзе дигаргунихо ба амал омаданд. [3, с. 67]. Шахракхо сохтмони бинохои истикоматй ва иморатхои бисёрквартираро инкишоф доданд. Масалан, «тархи комплексии Шайдон тадбирхои ташкилй-хочагй, накшаи дурнамои тараккиёти ичтимой ва рушди умумии шахракхои таърихиро дар бар мегирифт. Чихати мухими накшаи комплексй ободонии умумии аз руи рушди накшавии махал буд. Мутобики зикри сарашмахо соле ба хисоби миёна аз хисоби таъмини мархилавии накшахои кулли шахрсозй 70 манзилхои истикоматии бо назардошти талаботи мухит ва истикоматкунандагон ба истифода дода мешуд» [8, с. 3].

Таъсиси комбинатхои калони сохтмони механиконидашуда дар шахракхои Советобод, Чкаловск, Исфара ва Конибодом дар шакли заводхои махсуси бинокорй мусоидат намуд, ки онхо дар азнавсозии шахракхо мавкеи мухимро бозанд. Дар солхои минбаъда корхонахои бинокорй ба сохтани бинохои бисёрошёнаи истикоматй ва маъмурй шуруъ карданд [2, с.18].

Дар баробари ин дар шимоли Точикистон зиёда аз 100 дехоти хурд низ мавчуд буд, ки аз хамдигар дар чойхои дур вокеъ буданд, ки чандон ба инфрасохтори локалй робитаи мустаким надоштанд. Дар аксарияти онхо такрибан 75—120 нафар ахолй зиндагй мекарданд.

Масалан, шахри таърихии Панчакент ибтидои солхои 80-уми асри ХХ 22 махалро муттахид кардааст, ки дар онхо кариб 17500 кас зиндагй мекард. Дар дехахои калон, аз 2800 то 4000 нафар зиндагй карда, дар дехоти хурд аз 85 то 110 нафар [2, с. 24], ё ба хисоби миёна дар ин дехахо 10-12 манзилхои хонавода зиндагй мекарданд. Маълум аст, ки дар чунин шароит масъалахои ичтмоии рушди минбаъдаи шахракхои таърихиро бомуваффакият хал кардан мумкин номумкин аст.

Зимни тахияи лоихахо анъанахои халкии бунёди манзилхои инфиродии дорои хавлй пешбинй карда шуд. Шароити иклими гарму хушки минтака низ ба халли меъморй ва тархию хачмии иморатхои камошёнаи истикоматй таъсири бевоситаи худро гузошт. Тачдиди шахракхои таърихй раванди мураккабу тулонй буда, ба назар гирифтани омилхои истехсолй, иктисодию ичтимой дар шароити мушаххасро талаб мекунад.

Х,амин тавр, тараккиёти минбаъдаи куввахои истехсолкунанда ба чугрофияи шахракхо ва поселкахои типи шахрй таъсири бевосита расонд. Ин ба туфайли рушди инфрасохтор, дар нуктахои калони ахолинишин чамъ шудани ахолии шахрак ба амал омад. Раванди ташаккули шахракхо ва ахолии поселкахои коргарй дар оянда хам давом мекунад. Аммо ба як шахраки калон ба таври механикй муттахид намудани якчанд нактахои ахолинишин низ халли окилонаи масъала нест. Шахракхои нави планиро дар асоси шаклхои кухнашудаи навъхои

манзил ташаккул додан мумкин нест. Он карорхои принсипан нави шахрсозй ва меъмориро талаб мекунад, ки ба талаботи нави имруз ва хаёти шахракхои таърихй мувофик бошанд.

Фарохам овардани шароити мусоиди мухити зист дар шахракхои таърихй раванди дуру дароз ва мураккаб буда, онро танхо баъди андухтани тачрибаи кофй бомуваффакият ба амал баровардан имконпазир аст. Ташаккули манзилхои истикоматй дар ин мархила самти наверо касб намудааст, ки ин хам таъсири банакшагирии шуравй дар хамаи самтхо, аз чумла сиёсати типикунонй ва стандартонии чузъхои бинохои истикоматй дар каламрави давлати ягонаи абаркудрат дар он замон ба хисоб мерафт. Заминаи хифзи анъанахои меъмории миллй махз хамон шахракхои таърихие мебошанд, ки тавассути хифзи намунахои бехамтои хунари муъчизаофари устохои халкй дар бинохои истикоматии дукисматаи хавлидори миллй мебошанд.

Адабиёт

1. Бойгонии байниидоравии шщри Хуцанд. - Хисоботи цамъбастии солхои 1965-1980. Ф.21 Д. 4. - Л.65.

2. Бойгонии марказии вилояти Сугд. -Ф. 41. -Оп. 1. - Д. 25/06. -Л. 17, Д. 14. -Л. 18, Д. 16. - Л. 24.

3. Ленинская аграрная политика СССР (1978-1982гг.). -М. : Политиздат, 1984. - С. 46.

4. Лизеинский, Б.А. Древний среднеазиатский город //Лизеинский, Б.А. Древний Восток. Города и торговля. Вып. 1. Ереван. 1973. - С. 125.

5. Народное хозяйство Таджикской ССР в 1965г. - Душанбе, 1966. - С. 92.

6. Пищулина К.А. Присырдарьинские города и их значение в истории казахских ханств в XV-XVII вв.// Казахстан в XV-XVIII вв. Алма-Ата. - 1969. - С. 13-18.

7. Пяньков, И.В. Город Средней Азии ахеменидского времени по данным античных авторов. - М.: Наука, 1989.

8. «Роууои татбици индустриягардонии фонди манзил» //Рузномаи «Тоцикистони Советй». - 1981. - 10 феврал. - С. 3.

9. Собрание постановлений правительства СССР. - М., 1962. - №12. - С. 241.

10. Советский Таджикистан за 60 лет. - М.: Наука, 1989. - С. 56.

11. Турсунов Н. О. Сложение и пути развития городского и сельского населения Северного Таджикистана XIX -ХХ вв. - Душанбе, 1976.

МУХИТИ ЗИСТИ ШАХРАКХОИ ТАЪРИХИИ ТОЧИКИСТОНИ ШИМОЛЙ ДАР АСРХОИ XVI-ХХ

Дар макола бо назардошти иттилои сарчашмахои муътамади таърихй раванди ташаккули шахру шахракхо дар худуди чугрофии шимоли Точикистон (дар асрхои XVI-ХХ) мавриди тахкик карор дода шудааст. Омилхои сиёсию иктисодй ва ичтимоии инкишофи шахрхои Хучанд, Панчакент, Истаравшан, шахрхои миёнаи Исфара, Конибодом ва шахракхои хамчун марказхои маъмурии нохияхои алохида амалкунандаи Навкат, Шайдон ва Гончй аз нуктаи назари таснифоти типологии шахрсозй тахлилу баррасй карда шудаанд. Дар макола инкишофи хунармандию кишоварзй ва косибию тичорат аз омилхои калидии инкишофи мухити истикоматии шахракхои таърихии ру ба инкишоф хам дар давраи феодалй ва хам дар давраи хамрох гардидани Осиёи Миёна ба Империяи Русия бо далелхои боэътимод шарх дода шудааст. Муаллифон дар такя бо асноди омухта хусусияти кисматкунии вохидхои шахрсозиро дар давраи асрхои ХУ1-ХХ, хусусияти ташаккули махаллахо, гузархоро дар сохтори шахру шахракхои ахаммияти таърихидошта, зичии демографй, хусусияти шугл ва фарханги истикомати сокинони шимоли Точикистон тавсиф намудаанд. Х,ифзу инкишофи анъанахои меъмории халкй дар алокамандй бо омилхои табиию иклимй ва таъмини мухити комилан мусоиди зист, ки якчанд мархилахои мухими таърихиро паси сар намудааст, аз хадафхои асосии маколаи мазкур ба хисоб меравад. Таъмини шароити комилан мусоиди мухити зист дар шахракхои таърихй раванди дуру дароз ва мураккаб буда, онро танхо баъди андухтани тачрибаи кофй бомуваффакият ба амал баровардан имконпазир аст.

Калидвожахо: Точикистони Шимолй, шахр, шахрак, камошёна, миёнаошёна.

ЖИЛАЯ СРЕДА ИСТОРИЧЕСКИХ ГОРОДОВ СЕВЕРНОГО ТАДЖИКИСТАНА В XVI-XX ВВ.

В статье с учетом достоверных исторических источников исследуется процесс формирования городов и поселков на географической территории северного Таджикистана (в XVI-XX вв.). Проанализированы политические, экономические и социальные факторы развития городов Худжанд, Пенджикент, Истаравшан, средних городов Исфара, Канибадам и поселков Навкат, Шайдон и Гончи, являющихся административными центрами отдельных районов и рассмотрены с точки зрения типологической классификации градостроительства. В статье развитие ремесел, земледелия, торговли и коммерции с достоверными свидетельствами объясняется как один из ключевых факторов развития жилой среды развивающихся исторических поселений как в феодальный период, так и в период присоединения Средней Азии к Российская империя. На основе изученных документов авторы описали характер членения градостроительных единиц в XVI-XX вв., характер формирования микрорайонов, переходы в структуре городов и поселков исторического значения, демографическую плотность, характер род занятий и культура жителей северного Таджикистана. Сохранение и развитие народных архитектурных традиций в связи с природно-климатическими факторами и обеспечением вполне благоприятной среды обитания, прошедшей несколько важных исторических этапов,

считается одной из основных целей данной статьи. Обеспечение полностью благоприятных экологических условий в исторических поселениях — процесс длительный и сложный, и успешно осуществить его можно только после приобретения достаточного опыта.

Ключевые слова: Северный Таджикистан, город, поселение, малоэтажный, среднеэтажный.

RESIDENTIAL ENVIRONMENT OF THE HISTORICAL CITIES OF NORTHERN TAJIKISTAN IN THE XVI-XX CENTURIES

In the article, taking into account reliable historical sources, the process of formation of cities and towns in the geographical territory of northern Tajikistan (in the 16th-20th centuries) is studied. The political, economic and social factors of the development of the cities of Khujand, Penjikent, Istaravshan, the medium-sized cities of Isfara, Kanibadam and the settlements of Navkat, Shaydon and Gonchi, which are the administrative centers of certain districts, are analyzed and considered from the point of view of the typological classification of urban development. In the article, the development of crafts, agriculture, trade and commerce is explained with reliable evidence as one of the key factors in the development of the living environment of developing historical settlements both in the feudal period and in the period of accession of Central Asia to the Russian Empire. On the basis of the documents studied, the authors described the nature of the division of urban units in the XVI-XX centuries, the nature of the formation of microdistricts, transitions in the structure of cities and towns of historical significance, demographic density, the nature of occupation and culture of the inhabitants of northern Tajikistan. The preservation and development of folk architectural traditions in connection with natural and climatic factors and the provision of a completely favorable habitat that has passed through several important historical stages is considered one of the main goals of this article. Providing completely favorable ecological conditions in historical settlements is a long and complex process, and it can be successfully implemented only after acquiring sufficient experience.

Keywords: northern Tajikistan, city, village, residence, low-rise, mid-rise.

Дар бораи муаллифон

Шерматов Музаффар

Номзади илмхои меъморй, дотсенти кафедраи меъморй ва шахрсозй Донишгохи техникии Точикистон ба номи академик М. Осимй

734000, Чумхурии Точикистон, ш. Душанбе, к. ак. Рачабовхо, 26 E-mail: [email protected] Тел.: (+992) 908 07 67 06

Об авторах

Шерматов Музаффар

Кандидат архитектуры, доцент кафедры архитектуры и градостроительства Таджикский технический университет имени академика М.Осими

734000, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. ак. Раджабовых, 26 E-mail: [email protected] Тел.: (+992) 908 07 67 06

About the authors

Shermatov Muzaffar

Candidate of Architecture, Associate Professor of

the Department of Architecture and Urban Planning

Tajik Technical University named after

academician M.Osimi

734000, Republic of Tajikistan, Dushanbe,

Rajaboih st., 226

E-mail: [email protected]

Ph.: (+992) 908 07 67 06

Зокиров Рахимчон

Муаллими калони кафедраи меъморй Донишкадаи политехникии Донишгохии техникии Точикистон ба номи ак. М. Осимй 735800, Чумхурии Точикистон, ш. Хучанд, х. И. Сомонй, 226

E-mail: zokirov 1974 [email protected] Тел.: (+992) 92 807 67 66

Зокиров Рахимджон

Старший преподаватель кафедры архитектуры Худжандский политехнический институт Таджикского технического университета имени академика М.Осими

735800, Республика Таджикистан г. Худжанд, пр. И. Сомонй, 226

E-mail: zokirov 1974 [email protected] Тел.: (+992) 92 807 67 66

Zokirov Rakhimjon

Senior lecturer of the Department of Architecture Khujand Polytechnic Institute of the Tajik Technical University named after academician M.Osimi

735800, Republic of Tajikistan, Khujand, I. Somoni Ave., 226

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

E-mail: zokirov 1974 [email protected] Ph.: (+992) 92 807 67 66

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.