♦-♦
УДК 902:72 (571.13) "19/20"
МУХДМТАРИН ЛА^ЗА^ОИ ТАЪРИХИ ОМУЗИШИ ЁДГОРЩОИ АРХЕОЛОГИИ БОЛООБИ ЗАРАФШОН1
КАРИМОВА Г.Р., ЮСУФОВ М.,
Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
Водии Зарафшон дорои хусусиятхои ба худ хоси фар^кунандаи чугрофй ва таърихй буда, он ба дар даврахои гуногун ва мухимтарин хаводиси таърихии гузашта-гони ачдодони точикон ало^амандй дорад, ки як к;атор мавзеъхои бостонй аз он хаво-дис гувохй медиханд. Зеро ёдгорихои бостоншиносй ба монанди шахри Саразми бостонй, Панчакенти вдцим, Наврузшох, Санчаршох (дар шахру дехоти Панчакент), Калъаи Кухи Муг (Абаргар), Гардани ^исор, Кум, Мадм, Сарвода, (дар нохияи Айнй), шахраки ^исорак (дар нохияи Кухистони Мастчох) ва дигар ёдгорихои таърихй дар натичаи тах^и^оти бисёрсолаи олимони ватаниву хоричй ба доирахои илмй ворид шу-данд.
Барои тавсиф ва тахлили масъала руй меорем ба аввалин кашфиёт ва кушишхои илмй дар болооби водии Зарафшон.
23 июни соли 1868 байни Русияи подшохй ва Аморати Бухоро сулх баста шуд, ки бо хамин Аморати Бухоро тобеи (вассали) Русияи подшохй гардид. Пас аз забти Са-мар^анд соли 1868 нохияи Зарафшон ташкил карда шуд, ки сардори он генерал - майор А.К. Абрамов буд. У бо ма^сади шиносой ва забти минта^аи кухистони водии Зарафшон мохи январи соли 1869 оид ба ташкили экспедитсияи илмй фармон дод. Ин экспедитсия дар таърих бо номи экспедитсияи Искандаркул маълум аст, зеро ну^таи нихоии тах^и^от Искандаркул буд. Соли 1870 бо сардории А.К. Абрамов ин экспедитсия ташкил карда шуд. Ба хайати экспедитсия 200 нафар казакхои мусаллах, ротаи пи-ёдагард ва взводи пулемётчихои кухгард дохил буданд [10,189-190]. Ма^сади асосии ин экспедитсия тобеъ намудани бекигарихои Кухистон буд. Ба хайати экспедитсия чанд нафар олимони сохахои гуногуни илм низ дохил карда шуданд. Яке аз аъзои экспедитсия А. Гребёнкин буд, ки забони точикй ва таърихи минта^аро медонист рохбарии гурухро ба ухда гирифт. Дар чараёни кор гурухи А. Гребёнкин маводи зиёде чамъ овард, ки барои силсилаи ма^олахои пурмазмун дар бораи точикон ва минта^аи Панчакент асос гузоштанд. Донистани забон ба у имкон дод, ки бо ахолии минта^а хамсухбат шуда, дар бораи зиндагй, савдо, урфу одат ва дигар шуглхои онхо мавод чамъ оварад [2,48].
Сардори илмии экспедитсия А.Л. Кун буд. У соли 1840 дар Ставропол таваллуд шуда, соли 1865 факултаи шар^шиносии Донишгохи Санкт-Петербургро хатм карда-аст. Ва^те ки экспедитсия ташкил карда шуд у аллакай олими шинохта буд. Дар ва^ти кори экспедитсия у ба хусусияти лахчахои махаллй дивдати махсус дод. Махсусан
1 Мацола дар асоси лощаи «Археологияи Точикистон» (аз асри санг то охири асрхои миёна) (Р^Д 0121 TJ 1212) навишта шудааст.
диккати уро лахчаи ахолии Ягноб ба худ чалб мекард. Вай фавран фаркияти байни лахчаи ягнобй ва дигар лахчахои минтакаи Кухистонро дида, барои омузиши илмии ин лахча се ягнобиро ба Самарканд овард. Соли 1870 А.Л. Кун бори аввал хешовандии наздики ягнобихоро бо сугдихо исбот кард [3,137]. Мохи июни соли 1870 экспедитсия ба анчом расид. Пас аз хатми экспедитсия А.Л. Кун соли 1872 дар мавзуи «Ягнобиён» маъруза кард, соли 1881 маколае бо номи «Маълумот дар бораи хусусиятхои мардуми Ягноб» нашр намуд. Экспедитсияи Искандаркул бо вучуди хадафхои пинхонй дошта-наш, барои омузиши илмии болооби Зарафшон ахаммияти калон дошт. Олимоне, ки дар ин экспедитсия иштирок доштанд, тавонистанд дар бораи урфу одат, забон ва лахчахои мардуми водии Зарафшон маълумоти зиёдеро чамъоварй намоянд. Маълумо-ти чамъовардаи онхо барои омузиши минбаъдаи болооби водии Зарафшон заминаи му-соид фарохам овард.
Пас аз 62 соли экспедитсияи Искандаркул, яъне соли 1932 ёфт шудани дастхатхо аз калъаи кухи Муг барои омузиши археологии болооби Зарафшон замина фарохам овард. Ин дастхатхо, ки аз тарафи чупони дехаи Хайробод Чураалй Махмадалй ёфт шуда буд, аввал ба дасти райкоми хамонвактаи нохияи Захматобод (хозира нохияи Айнй) Абдулхамид Пулодй расид, баъд ба Сталинобод (шахри Душанбе солхои 1929 -1961 Сталинобод ном дошт) фиристода мешавад. Баъд аз нусхабардорй кардани дастхатхо нусхаи онхо ба шахри Ленинград (холо Санкт-Петербург) фиристода шуд. Нусхаи ин дастхатхо ба дасти эроншиноси маъруфи советй А.А. Фрейман расид. А.А. Фрейман дар натичаи омухтани дастхатхо муайян кард, ки дастхатхо ба забони сугдй навишта шудаанд. Кашфи ин дастхатхо ба дили олимони чахон як таппиши бу-зург ворид кард, таваччухи онхоро барои омухтани ёдгорихои болооби водии Зарафшон чалб намуд.
Мохи майи соли 1933 дар дижи Муг А. Пулодй ва баъдан А.И. Василев нахуст му-стакилона ва баъдан мохи ноябри соли 1933 дар хайати экспедитсияи Академияи фанхои Иттиходи Шуравй тахти рохбарии А.А. Фрейман хафриёт гузарониданд. Дар натича аз ин диж 81 санади дастнавис ёфт шуд, ки забони як санади дар чарм навишташуда муайян нагардид ва 80 адади он чунин шиносой шуданд: 25 санад дар когази нафиси намунаи чинй (22 - тои он ба забони сугдй, ки пушти 5 - тои он матн бо забони чинй дорад), 32 санад дар чарм (29 - тои он ба забони сугдй) ва 23 санад дар чуб (шохахои мачнунбед, хама ба забони сугдй). Аз чумлаи ин санадхо ду санад дар чарм ба забони арабй навишта шудааст, ки И.Ю. Крачковский ва В.А. Крачковская онхоро бахшхое аз як санад мехисобанд. Хдшт санад ба забони чинй иншо шудаанд, ки онхоро мухаккик А.С. Поляков шиносой намуд. Инчунин хангоми хафриёт аз ин ёдго-рии таърихй теъдоди 400 ашёи фарханги моддй, мисли порахои матоъ, чарм, маснуоти кулолй, тачхизоти низомй (тир ва сипар) ва 6 сикка (як сиккаи нукра ва бокимонда мис, ки дар мобайнашон сурох доранд) ба даст омад. Мукаррар гардид, ки ба шарофати хоки махсуси ин дараи кухй асноде, ки дар руйи чарм ва когаз навишта шудаанд, дар зери замин пас аз гузашти сенздах сада комилан хифз гардидаанд [11, 6].
Баъд аз гузаронидани хафриёт дар калъаи кухи Муг солхои 1934-1937 аз тарафи бостоншиноси хамонвактаи Ч,ШС Точикистон В.Р. Чейлитко дар болооби водии Зарафшон хафриёти бостоншиносй гузаронида шуданд. Дар бораи хафриёти гузаронидаи у дар китоби аллома Б. F. Fафуров «Точикон» чунин омадааст: В.Р. Чейлитко солхои 1934-1937 хавзаи болооби Зарафшонро тахкик намуда, аз чумла, дар Панчакенти кадим каме хафриёт гузаронид. Аз ахбори мухтасару беробитаи рузномахо дар бораи ин хафриёт маълумоти муфассал гирифтан мумкин нест, вале шубхае нест, ки натичаи ин
хафриёт хеле хуб буд [1,264]. Хамзамон ^айд кардан ба маврид аст, ки соли 1936 аз чониби В.Р. Чейлитко дар Кайнартеппа 1,5 км дуртар аз шахри Панчакент ду ^абри мансуб ба зардуштихо кашф гардид. Кабрхои дарёфтгардида мутаалли^и асрхои V -VIII мебошанд. В.Р. Чейлитко дар бораи дафни мурдахои зардуштй чунин авдцаронй мекунад: Зардуштихо мурдахои худро дар зарфхои сафолй (хумхо) ё устухондонхо (ос-суарийхо) мегурониданд. У мегуяд чунин устухондонхо аз бахри Миёназамин то Осиёи Миёна маълум аст, лекин дар Панчакент навъи нави устухондонхо кашф гар-диданд, ки гирдшакл мебошанд [13,3]. В.Р. Чейлитко дар дигар маноти^и болооби водии Зарафшон тах^и^оти назаррас анчом дод. У дар асоси натичаи тафтишоти археологии худ дар навохии дараи Ягноб муайян намуд, ки хавзаи Ягнобдарё 3000 сол пеш ба сукунатгохи одамон табдил ёфта буд. Мавсуф ^айд менамояд, ки та^рибан дар хама дехахои дараи Ягноб дар нишебихо ва ^уллахои куххо бо^имондахои ^алъахои хачман хурд мавчуданд. Ва дар такя ба ин гуфтахои худ у оид ба ^алъае, ки дар дехаи Такфон, ки дар масофаи 15 км аз дарёи Пшенза (Пшен - сой) чойгир аст маълумот медихад. Мувофи^и маълумоти В.Р. Чейлитко ^алъа ^исман аз похса ва вара^санг сохта шудааст ва ашёхои аз ^алъа ёфтшуда та^рибан ба асри XII мелодй тааллу^ доранд. Инчунин у бар он а^ида аст, ки омузиши ^алъа дар дехаи Такфонро дар навбати аввал гузоштан зарур аст. Ин ^алъа мумкин аст бозёфтхои фаровони арзишманд дихад нисбат ба ^алъаи кухи Муг. Омузиши лахчаи ягнобиён (ин хал^и ^адимаи тахчой) бояд та-ваччухи забоншиносон ва мардумшиносонро ба худ чалб намояд [12, 3-4].
Пас аз нашри «Согдийский сборник» В.Р. Чейлитко дар Панчакенти ^адим ва болооби водии Зарафшон хафриёти бостоншиносиро огоз кард. Аммо мутаассифона хаф-риёти гузаронидаи у дар Панчакент ва ^алъаи Кум якчо бо корхои иктишофияш дар дигар нохияхои Кухистон ба таври илмй нашр нашудаанд хатто гузориш хам нашуда-анд [2,62].
Дар солхои Чанги Бузурги Ватанй 1941-1945 корхои анчомдодаи В.Р. Чейлитко натичаи мусбат намедоданд, хусусан маълумоти чамъовардаи у аз хафриёт ва икти-шофхояш ва гайри добили эътимод буд. Сифати нокифояи касбй ва кутохандешй, ки бо беинсофии илмй хамсархад аст, ба В.Р. Чейлитко имкон надод, ки тах^и^оти чандин-солаи худро дар болооби водии Зарафшон чун мархалаи мухимми омузиши бостонши-носии Кухистон ^арор дихад [14,114]. Храмин тавр, хафриёти гузаронидаи В.Р. Чейлитко дар Панчакент ва болооби водии Зарафшон харчанд, ки аз камбудихо орй набуд тавонист барои омузиши ояндаи болооби водии Зарафшон замина омода намояд.
Баъд аз ба итмом расидани Чанги Бузурги Ватанй 09.05.1945 ва ба анчом расидани чанги дуюми чахон 02-09-1945 дар идоракунии ЧШС Точикистон тагйироти кадрй ба амал омад. Рузхои 3-5 июни соли 1946 Пленуми 18 КМ Хизби коммунистии ЧШС Точикистон гузаронида шуд, ки ба чойи Д.З. Протопопов (1937-1946) ки вазифаи коти-би якуми Хизби Комунистии ЧШС Точикистонро ичро мекард Б. F. Fафуров (1946 -1956) котиби якуми Хизби Коммунистии ЧШС Точикистон интихоб гардид [6,137].
Бо дастгирии ин олими шинохта ва арбоби чамъиятию сиёсй аз ИЧШС олимони шинохта аз хар сохаи илм ба ЧШС Точикистон даъват шуданд. Яке аз чунин олимон А.Ю. Якубовский буд. Соли 1946 бо сардории узви вобастаи АИ ИЧШС шар^шинос ва бостоншиноси ботачриба А.Ю. Якубовский экспедитсияи бостоншиносии сугду точик (баъдтар точикй) ташкил карда шуд. Дар хайати экспедитсия бо хамрохии бостоншиноси ботачриба, муаррих ва шар^шинос А.Ю. Якубовский, эроншинос ва сиккашинос О.И. Смирнова, донандаи таърихи меъмории Осиёи Миёнагй В.А. Воронина, дотсенти
Институти давлатии педагогии Точикистон Х.К. Очилов ва донишчуён - тачри-баомузони Донишгохи давлатии Ленинград (аз он чумла Б.Я. Ставиский) дохил бу-данд. Чунин таркиби отряд барои пайдо, тахкик ва тавсифи бисёр ёдгорихои бостонй, суратгирй ва тавсифи чугрофии ёдгорихо имконияти хуб фарохам овард [2,63].
Соли 1946 гурухи илмии болооби Зарафшон бори аввал тахкикоти васеи бостонии Кухистонро анчом дод ва маълумоти зиёдеро ба гардиши илмй ворид кард. Албатта, тахкикоте, ки дар як мавсим аз тарафи ин гурух анчом дода шуд, наметавонист тамоми минтакаи Кухистонро фаро гирад. Бисёр дехахо ва ёдгорихо берун аз назари мухаккикон бокй монданд ва тавсифи баъзе ёдгорихо ба таври кофй муфассал набу-данд ва баъзан иштибоххои инфиродй доштанд. Аммо дар мачмуъ тахкикоти соли 1946, ки дар натичаи таваччухи амик ба таърихи кадим ва асрхои миёнаи Кухистон ба вучуд омад, барои тахкикоти пайвастаи бостоншиносии Кухистон асос гузошт.
Сардори экспедитсия А.Ю. Якубовский хамеша барои идома додани корхои бо-стоншиносй дар Кухистон ахамият медод. Экспедитсияи бостошиносии Сугду Точикй, ки дар адабиёти илмй ЭБСТ ном дошт (баъдтар точикй - ЭБТ) дар баробари хафриёте, ки дар Панчакенти кадим анчом медод боз омузиши археологии болооби Зарафшонро низ идома медод. Дар натичаи корхои бостоншиносй дар мавзеи Панчакент маводи беназири таърихй ба монанди сохтори шахри мусулмонй, хонахои табакахои гуногуни ичтимой, дуконхои савдо ва хунармандй, бинохои динй, масъалахои идеология, фарханг ва санъат ба даст оварда шуданд.
Соли 1947 тахкикоти бостоншиносй хавзаи Киштутдарё ва водии Зарафшонро дар гарбии даромади Киштутдарё низ фаро гирифта буд. Дар инчо дуртар аз дехаи Гузар, дар худи сохили Зарафшон мавзее аз назар гузаронида шуд, ки тибки хабархои сокинони махаллй калъае бо номи Даханаи Фалгар (яъне калъаи даромадгохи Фалгар) маъруф буд, ки эхтимол сархади байни Фалгар ва Киштутро муайян мекард [2,65].
Соли 1948 корхои тахкикотй барои омузиши болооби Зарафшон идома ёф-танд. Аз тарафи гурухи илмй (рохбар О.И. Смирнова) рохи дехахо тахкик карда шуд. Ин роххо аз Равот ба Ягнобдарё то Искандаркул ва минбаъд ба воситаи агбаи Дукдон ба кишлоки Пахшев (Мастчохи Кухй) мерафтанд [7,168]. Соли 1952 дар дехаи Зосун аз тарафи А.М. Манделштам кабристони деха хафриёт карда шуд. Дар натичаи хафриёт муайян шуд, ки кабристон бисёркабата буда, ба даврахои гуногуни таърихй тааллук дорад [4,56]. Соли 1953 хафриёти хурди Ботуртеппа (Ч,амоати дехоти Сучина), ки ба асрхои VII - VIII тааллук дорад, анчом ёфт ва соли 1955 дар Ботуртеппа якчанд хучра кофта шуд, ки дар натича намуди нави сохтмони манзили наздишахрй пайдо гардид [5,57]
Баъд аз вафоти А.Ю. Якубовский (1953) дар рохбарии экспедитсия дигаргу-нихо ба вучуд омад. Рохбарии илмии экспедитсия ба А.М. Дяконов супорида шуд. Дар солхои 1947 - 1948 дар хавзаи болооби Зарафшон О.И. Смирнова, солхои 1952-1953 А.М. Манделштам аз соли 1957 то соли 1967 гурухи Экспедитсияи бостоншиносии Точикистон (ЭБТ), (баъдтар Зарафшон) бо сарварии Б.Я. Ставиский ва аз соли 1970 бо сардории Ю.Я. Яъкубов тафтишу тахкикот гузаронида шуд [2,81]. Дар инчо овардани маълумоти мухтасар дар бораи экс-педитсияе, ки бо рохбарии Б.Я. Ставиский дар хавзаи Могиёндарё анчом ёфт, аз
ахамият колй нест. Омузиши минбаъдаи аркеологии ^^истон бо кори гурухи ЭБT (MоFиëн), ки сарвараш Б.Я. Ставиский буд OFOЗ мегардад. Ин гурух дар назди куд вазифаи омузиши амикй таърик ва бостоншиносии кухистонро гузо-шта, дар хавзаи MоFиëндaрë иктишофи ëдгорихои замонхои мyxтaдифро анчом доданд. MоFиëндaрë, ки роххои асоси аз он мегузаранд, нохияхои кухистонро бо чахони беруна пеш аз хама бо минтакахои Панчакент, Самарканд ва Шахри-сабз мепайвандад [2,81]. Б.Я. Ставиский дар асоси маводи хафртети аз калъаи MyF, MоFиëн ва иктишофи васеъ дар каъри ^хнстся маколаи «^архалахои асосии рушди шахракхои кишоварзй дар минтакахои кухии болооби За-рафшон»-ро навишта, чунин кайд кардааст «дар асрхои III - I дехконони мукимй водии дaрëро устувор аз xyд кардаанд» [8,65-82]. Инчунин гурухи MоFиëн дар остонаи Faрбии ^хнстся омyxтaни роххои кадимй ва мавзеъхои aрxеодогиро анчом дод [9,101-112].
Х,амин тавр, бо ташкил шудани Экспедитсияи бостоншиносии CyFдy Tочикй (баъдтар точикй) бо сардории A.Ю. Якубовский барои омузиши илмй ва кофтуковхои aрxеологии болооби Зарафшон рох кушод. Ёдгорихое, ки аз тарафи ин экспедитсия кашф ва хафртет шудаанд, бори дигар аз тамаддуни пyрFaновaти xaлки точик дарак доданд. Х,амаи он кaшфиëт ва хaфриëте, ки тайи солхои 1946-1956 гузаронида шуданд, барои омузиши амики тaъриxy мадани-яти гузаштагони xaдки точик, аз чумла сyFдиëн xеде муфид ва саривактй буд. CyFдиëн аз замонхои кадим дар водии Зарафшон умр ба сар мебурданд ва дар тули солхои зтед аз xyд як маданияти бою Faниро барои ояндагони xyд ба мерос гузоштаанд, ки он тавонист таваччухи олимони чахонро ба xyд чалб намояд.
АДАБИЁТ
1 .Faфyров Б.F. «Tочикон» - Taъриxи кадимтарин, кадим, асрхои мдана ва давраи нав. Душанбе, «Ирфон», -
2010, -870 с.
2.Исаков A.K, Якубов Ю.Я., ^римова Г.Р. Aрxеодогическaя карта Taджикистaнa верxовья долины За-рафшана (Горно-Maтчинский, Aйнинский и Пенджикентский районы), -Душанбе: «Дониш», 2020. Ч.1-3. -360 с.
3.Икрамов H. Искандаркульская военная экспедиция и начало изучения Вержего Зарафшана // Учëные записки гуманитарные науки. -Худжанд, -2010, -№1(21). С. 137-143.
4.Maндельшгaм A.M. Mогильник в село Зосун // Изв. AH Taдж. ССР. 1956, -2(40). С. 56-59.
5.Maндельшгaм A.M. Раскопки на Батур-теппе в 1955 // Tр. ИИДЭ AH Taдж. ССР 1956. ^м-63 С. 57-59. 6Лабиева Р., Зикриëев Ф., Зикриëевa M. «Taъриxи xaдк;и точик», - Душанбе, «Собирдан», 2010, -328 с.
7.Смирнова О.И. Aрxеологические разведки в верxовьяx Зарафшана в 1948 // MEA СССР-(том-2), №37, M. 1953. С. 168-188.
8.Ставиский Б.Я. Aрxеологические работы в бассейне Maгиaндaрьи в 1957 гУ/APT. - Сталинабад, 1959. -Вып. 5. - С. 65-82.
9.Ставиский Б.Я. Работы Maгиaнской группы в 1958 г.// APT, - 1961, Сталинабад. - Вып. 6. С. 179.
10.Х,отамов H., Довудй Д., Myллочонов С., Исоматов M. «Ta^H™ xaдк;и точик», Душанбе, «Эр-граф», -
2011, - 644 с.
11.Х,амза K. Хуручи Деваштич // Myaрриx, № 2 (30), 2022. С. 5-14.
12.Чейлитко В.Р. Kоммyнист Taджикистaнa // Согдийский замок на Ягнобе. 24-06-1933, №143 (1040). С. 4. 13.Чейлитко В.Р. Зороастийские кладбища под Пенджикентом // Правда Востока. 12-12-1936, № 286. С. 3. 14.Якубовский A^. Aрxеологическaя экспедиция в Зарафшанскую долину в 1934 г (из дневника начальника экспедиции). - Л. 1940 С. 114-164.
ВАЖНЕЙШИЕ МОМЕНТЫ ИСТОРИИ ИЗУЧЕНИЯ АРХЕОЛОГИЧЕСКИХ ПАМЯТНИКОВ ВЕРХОВЬЯ ЗАРАФШАНА
Анализ, обзор, презентация научного наследия и углубленное исследование археологических памятников верховьев Зарафшанской долины считаются одним из актуальных вопросов в археологической науке Центральной Азии. В представленной статье особое внимание уделяется уровню изучения, обзору и интерпретации археологических памятников указанного региона отдельными экспедициями, начиная с Искандаркульской экспедиции.
Поэтапное изложение исследований основано на изучении региона согдийской археологической экспедицией (САЭ), таджикистанской археологической экспедицией (ТАЭ), пенджикентской археологической экспедицией (ПАЭ). Результаты исследований показали, что долина Зарафшана заселена племенами ещё в древности. Представлена многочисленными памятниками истории, архитектуры, материальной культуры. Памятники верховьев долины Зарафшана составляют эталонный материал по истории и археологии согдийской культуры и цивилизации Согда. Представляют основополагающие направления изучения национального наследия таджиков. Показателем важнейших моментов истории изучения археологических па-мятнико верховьев Зарафшана определены следующие этапы исследований.
Искандаркульская экспедиция имела большое значение для научного изучения вверховьев Зарафшана. Ученым, участвовавшим в этой экспедиции, удалось собрать много информации об обычаях, языке и диалектах жителей Зарафшанской долины. Через 62 года Искандаркульской экспедиции, в 1932 году, открытие рукописей крепости горы Муг послужило основанием для археологического изучения верховьев Зарафшана. После проведения раскопок в крепости Гора Муг в 19341937 гг. начались археологические раскопки археологом Таджикской ССР В.Р. Чейлытко, которые отразили богатейшее наследие согдийской культуры. В 1946 году была организована Согдийско-Таджикская (позже Таджикская) археологическая экспедиция под руководством члена-корреспондента АН СССР, востоковеда и опытного археолога А.Ю. Якубовского. Так, с образованием Согдийско-Таджикской археологической экспедиции открылся путь для планомерных научных исследований и археологических раскопок памятников верховьев Зарафшана.
Ключевые слова: Долина Зарафшана, таджикская археология, археологические памятники, историография археологии Заравшанского региона, археологическая экспедиция.
THE MOST IMPORTANT POINTS THE HISTORY OF THE STADY OF ARCHAEOLOGICAL MONUMENTS UPSTREAM OF ZARAFSHON
Analysis, review, presentation of the scientific heritage and in-depth study of the archaeological sites of the upper reaches of the Zarafshan Valley are considered one of the topical issues in the archaeological science of Central Asia. In the presented article, special attention is paid to the level of study, review and interpretation of the archaeological sites of the specified region by individual expeditions, starting with the Iskandarkul expedition.
The phased presentation of the research is based on the study of the region by the Sogli Archaeological Expedition (SAE), the Tajik Archaeological Expedition (TAE), the Penjikent Archaeological Expedition of the (PAE). The results of the research showed that the Zarafshan valley was inhabited by tribes in ancient times. It is represented by numerous monuments of history, architecture, material culture. The monuments of the upper reaches of the Zarafshan valley constitute the reference material on the history and archeology of the Sogdian culture and civilization of the Sogd. They represent the fundamental directions of studying the national heritage of the Tajiks. The following stages of research were identified as an indicator of the most important moments in the history of the study of the archaeological sites of the upper reaches of the Zarafshan.
The Iskandarkul expedition was of great importance for the scientific study of the upper reaches of the Zarafshan. The scientists who participated in this expedition managed to collect a lot of information about the customs, language and dialects of the inhabitants of the Zarafshan valley. After 62 years of the Iskandarkul expedition, in 1932, the discovery of the manuscripts of the Mug mountain fortress served as the basis for the archaeological study of the upper reaches of the Zarafshan. After excavations in the fortress of Mount Mug in 1934-1937. Archaeological excavations began by the archaeologist of the Tajik SSR V.R. Cheylitko, which reflected the rich heritage of Sogdian culture.
Thus, with the formation of the Sogd-Tajik archaeological expedition, the way was opened for systematic scientific research and archaeological excavations of the monuments of the upper Zarafshan.
Key words: Zarafshan Valley, Tajik archeology, archaeological sites, historiography of the Zarafshan region archeology, archaeological expedition.
МУХДМТАРИН ЛАХ,ЗАХ,ОИ ТАЪРИХИ ОМУЗИШИ ЁДГОРИХОИ АРХЕОЛОГИИ БОЛООБИ ЗАРАФШОН
Тахлил, баррасй, муаррифии мероси илмй ва омузиши амики ёдгорихои бо-стоншиносии болооби водии Зарафшон яке аз масъалахои мубрами илми бостон-шиносии Осиёи Миёна ба хисоб меравад. Дар маколаи пешниходшуда ба сатхи омузиш, баррасй ва тафсири ёдгорихои археологии ин минтака аз чониби экспе-дитсияхои алохида аз экспедитсияи Искандаркул сар карда, таваччухи махсус дода шудааст.
Муаррифии мархалаи пажухиш ба омузиши минтака аз чониби Экспедитсияи археологии сугдй (САЭ), Экспедитсияи бостоншиносии Точикистон (TAE), Экспедитсияи бостоншиносии Панчакент (ПАЭ) асос ёфтааст. Натичаи тахкикот нишон
дод, ки дар водии Зарафшон дар замонхои кадим кабилахои гуногун зиндагй ме-кардаанд. Онро ёдгорихои сершумори таърих, меъморй ва маданияти моддй муар-рифй мекунанд. Ёдгорихои болооби водии Зарафшон маводи маълумотнома оид ба таърих ва бостоншиносии фархангу тамаддуни сугдиро ташкил медиханд. Онхо самтхои бунёдии омузиши мероси миллии точиконро ифода мекунанд. Ба сифати нишондихандаи мухимтарин лахзахои таърихи омузиши ёдгорихои археологии болооби Зарафшон даврахои зерини тахкикот муайян карда шудаанд.
Экспедитсияи Искандаркул барои тахкики илмии болооби Зарафшон ахамми-яти калон дошт. Ба олимоне, ки дар ин экспедитсия иштирок доштанд, муяссар гардид, ки доир ба расму ойин, забон ва шеваи сокинони водии Зарафшон маълумоти зиёде гирд оваранд. Пас аз 62 соли экспедитсияи Искандаркул, соли 1932 кашфи дастхатхои калъаи кухи Муг асоси тахкикоти археологии болооби Зарафшон гардид. Баъди кофтуков дар калъаи кухи Муг солхои 1934-1937 кофту-ковхои бостоншиносиро бостоншиноси маъруфи ЧШС Точикистон В.Р. Чейлитко огоз намуд, ки дар он мероси бойи маданияти Сугд инъикос ёфтааст.
Х,амин тарик, бо ташкил ёфтани экспедитсияи бостоншиносии Сугду точик рох ба тахкикоти мунтазами илмй ва кофтуковхои бостоншиносии ёдгорихои болооби Зарафшон кушода шуд.
Калидвожах,о: водии Зарафшон, бостоншиносии тоцикон, ёдгорщои бостоншиносй, таърихнигории бостоншиносии минтацаи Зарафшон, экспедитсияи бо-стоншиносй.
Сведения об авторах: Каримова Галина Рахимовна - кандидат исторических наук, ведущий научный сотрудник отдела археологии Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана; https://orcid.org/0000-0002-3700-1475, karimovagalina 2501@gmail.com.
Юсуфов Мухаммадджон - докторант Ph.D отдела археологии Института истории, археологии и этнографии имени А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана (Таджикистан, Душанбе).
Information about the authors: Karimova Galina Rakhimovna - Candidate of Historical Sciences, Leading Researcher of the Department of Archeology of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donish National Academy of Sciences of Tajikistan; https://orcid.org/0000-0002-3700-1475, karimovaga-lina2501@gmail .com
Yusufov Muhammadjon - Ph.D. student of the Department of Archeology of the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donish National Academy of Sciences of Tajikistan (Tajikistan, Dushanbe); https://orcid.org/0000-0002-3700-1475, karimovagalina2501@gmail.com