-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
♦-♦
УДК 94 (571.1/.8) "19"
АЛЕКСАНДР ЛЮДВИГОВИЧ КУН ВА НАЦШИ У ДАР ТАЗДЩИ ТАЪРИХ ВА ФАРХДНГИ ТО^ИКОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX1
ОДИНАЕВ А.Н.,
Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Допиши АМИТ
Дар нимаи дуюми асри XIX дар Осиёи Миёна, ки он вакт бештари каламраваш зери итоати империяи Россия буд, дигаргунихои азиме ба амал омаданд, ки ба сар-навишти точикон низ бетаъсир намонд. Дар ин давра мухаккикон, аз чумла шаркшиносон дар омузиши таърих ва фарханги ин минтака сахми мухимме гузо-штанд. Яке аз олимони барчастае, ки осори у дар фахмиши таърихи халки точик дар нимаи дуюми асри XIX таъсири назаррас гузоштааст, А.Л. Кун мебошад.
А.Л. Кун шаркшинос ва мухаккики барчастаи рус буд, ки фаъолияти самара-бахши у дар нимаи дуюми асри XIX дар таърихнигории мо ва дигар манотики Осиёи Миёна осори амике гузоштааст. Тахкикот, нашрияхо ва корхои бойгонии у дониши моро дар бораи руйдодхои таърихй, хусусиятхои фархангй ва дигаргу-нихои ичтимоие, ки дар ин давраи ин минтака ба амал омадаанд, васеъ мегардо-нанд. Дар ин макола мо сахми назарраси А.Л. Кунро дар омузиши таърихи халки точик дар нимаи дуюми асри XIX мавриди баррасй карор хохем дод.
Муаррих, бостоншинос, коллексионер, забоншинос ва шаркшиноси рус Александр Людвигович Кун (1840-1888)1 бо тахкикот ва чамъоварии ашёи кадима, аз
1 Мацола дар асоси лощаи «Таърихи халки точик» (асри III- аввали асри XX) разами кайди давлатй 0121TJ1211 навишта шудааст.
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
чумла, дастхатхо ва дигар амволи атика дар Осиёи Миёна машгул гардида, дар тахкики илмии ин минтака накши мухимме гузоштааст.
У яке аввалин шаркшиноси рус буд, ки соли 1867 ба маъмурияти генерал-губернатор К.П. Кауфман дар Осиёи Миёна пайваст. Дар давраи фаъолияти худ А.Л. Кун дастхатхоеро, ки бо забонхои форсй, туркй ва арабй таълиф гардидаанд, чамъоварй ва ба китобхонаву бойгонии Хукумати подшохии Русия ирсол намуда-аст [5, 151; 28, 78]. Бар замми ин у бо аз худ намудани забони ягнобй аз зумраи
пешсафони замони худ гашт.
Добили кайд аст, ки то холо осори илмй ва маводи чамъоваринамудаи ин шаркшинос ба таври пурра омухта нашудааст. Факат баъзе аз масоили чудогонаи онхо дар осори таърихшиносон, адабиётшиносон ва забоншиносон инъикос гардидаанд, чунонки дар осори худ академикон Б. F. Гафуров [8, 315], В.В. Бартолд [6,
124-125], профессорон М.С. Андреев, М.Н. Боголюбов, Б.В. Лунин [16] ва
А.Л. Хромов [25] доир ба хидматхои у ишора намудаанд. Аз чумла Б.В. Андрианов
бойгонии шахсии ин шаркшиносро омухта, маколаеро зери унвони «Бойгонии А.Л. Кун» дар мачаллаи «Советская этнография» соли 1951 ба нашр расонид. Ахамияти маколаи мазкур дар он аст, ки доир ба бойгонии ин шаркшинос маълумоти муъта-мад ироа намуда, муаллиф тазаккур медихад, ки он фарогири хуччатхои пурарзиш ва мухталифи марбут ба тахкикот ва чамъоварии мавод оид ба шумораи ахолй ва гуруххои этникй дар даврахои гуногуни замон мебошад. Инчунин, таъкид гардида-аст, ки дар парвандаи №3 дастнависхо ва хуччатхои марбут ба сабтхои сафар ва рузномахои А.Л. Кун, инчунин маводи марбут ба «Экспедитсияи Искандаркул» мавчуданд [5, 150-153]. Ин сабтхо барои омузиши таърихи хонии Хива ва таъриху мардумшиносии Осиёи Миёна мухим буда, дорои арзиши илмиву таърихианд.
Дар мачмуъ, метавон гуфт, ки маводи ин бойгонй дорои мундаричаи арзиш-манди таърихй, мардумшиносй ва оморй буда, онхо имкон медиханд, ки хусуси-ятхо ва вижагихои таърихи Осиёи Миёна ва хонии Хива, инчунин кавмхо, то-бишхои фархангй ва тарзи зиндагии ин минтака дар даврахои мушаххаси таърихй муайян карда шавад [5]. Номзади илмхои филологй О.М. Ястребова силсилаи
маколотеро дар бораи хаёт ва фаъолияти ин донишманд ва коллексияхои чамъова-ринамудаи у дар зимни экспедитсияхои Хукумати подшохии Россия дар Осиёи Миёна, аз чумла «Экспедитсияи Искандаркул» ба нашр расонидааст [28; 29; 31].
Пажухишгари точик Р. Чумъаев дар асари худ «Ягнобмарз ва мардуми он» доир ба хидматхои А.Л. Кун дар омузишу баррасии забони ягнобй ва этнографияи мардуми ин минтака ишорахо намудааст [27], У.А. Султонов бошад, дар бораи хуччатхои
1 Тарзи навиштани номи у дар манобеи таърихй мутафовит дида мешавад. Дар байни «Kuhn» ва «Kuh» иваз мешавад. Дар холатхое, ки у бо хатти румй менавишт, у пайваста аз тарчумаи олмонии он - «К^п»-ро истифода мебурд. Мо дар мацолаи мазкур шакли русии он, ки дар матбуоти пешазинцилобии рус хангоми нашри мацолоти худ, аз «Кун» истифода намудааст, корбаст менамоем. Мирзои у, Абдуррахмони Мустачир бошад, дар «Рузномаи сафари Искандаркул» ва «Рузномаи вистафкаи Маскоб» уро бо тахаллуси «Искандартура» ёд кардааст ва худи АЛ. Кун ин кунияро дар шуморахои 3-4 соли 1881 рузномаи «Туркестанские ведомости» хамчун имзои худ истифода намудааст [30, с. 686;10; 29, 1].
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
чамъоварй намудаи ин шаркшинос доир ба мазори Ахмади Ясавй1 маколае ба нашр расонидааст [23]. Дар бораи «хотирот»-и Н.П. Остроумов2 бошад, мухаккик
М.С. Исакова [9] ва оид ба фаъолияти у дар минтакаи Осиёи Миёна, профессор
С.Н. Брежнева низ маколахо навиштаанд [7].
Профессор Б.В. Лунин яке аз аввалин пажухишгарони пахлухои мухталифи осори ин шаркшинос мебошад, ки доир ба хаёт ва фаъолияти А.Л. Кун пас аз хафтоду хафт соли вафоти у, яъне дар соли 1965 маколаи худро ба зевари табъ орост [16]. Муаррихи номбурда дар зимни пажухиш бойгонии шахсии уро, ки дар
Институти дастхатхои Шарк махфуз аст, инчунин аз бойгонихои шахри Санкт-Петербург ва генерал-губернатории Туркистон дар шахри Тошканд истифода намуда, маводи арзишмандеро манзур намудааст [16, 114-126].
Ходими харбй ва рузноманигор Н.А. Маев (1835-1896) хаёт ва фаъолияти А.Л. Кунро тавсиф намуда, тарчумаи хол ва руйдодхои мухимми фаъолияти уро мавриди баррасй карор медихад. Муаллиф тавсиф мекунад, ки у чй гуна китобхо ва дастхатхои арзишманди мусулмониро чамъоварй карда, як коллексияи васееро ба вучуд овардааст, ки ба Китобхонаи марказии императорй дода шудааст. Дар маколаи мазкур Н.А. Маев дар бораи фаъолият ва сахми бисёрчанбаи Александр Людвигович Кун дар омузиши фарханг, таърих ва осори динии Осиёи Миёна дар давраи хидматаш дар ин минтака, маълумоти арзишманде медихад. Ахаммияти фаъолияти тахкикотии у, накш дар руйдодхои таърихй ва таъсир ба мероси фархангиро дар бар мегирад [17, 182-183].
Манобеи дигаре, ки дар Китобхонаи миллии Русия, аз чумла номахои А.Л. Кун ба санъатшинос ва муаррихи рус В.В. Стасов дар соли 1886, хуччатхои бекига-рихои болооби Зарафшон, махсусан беки Масчо - Ботурхоча ва дигар мансабдоро-ни он замон, аз тарафи корманди китобхонаи мазкур, дотсент О.М. Ястребова па-жухиш ва нашр шудаанд [29; 28].
Х,амчунин мо маколаву гузоришхои аз тарафи ин шаркшиносро, ки дар рузно-маву мачаллахои русии нимаи дувуми асри XIX, аз чумла «Туркестанские ведомости», ки ба унвони аввалин хафтаномаи русй дар Осиёи Миёна аз соли 1870 дар Тошканд нашр мешуд, ба табъ расонидааст [10,11,12,13], мавриди истифода карор додем.
Сарнавишти Александр Людвигович Кун басе риккатовар ва омузандаву иб-ратбахш аст. У соли 1840 дар оилаи омузгори Коллечи ассессор ба дунё омада, дар синни чахордахсолагй аз падар ва дере нагузашта аз модар махрум гардид. «Ба да-лели мушкилоти молии хонавода менависад, - профессор Б.В. Лунин ва инчунин аз даст додани падар, А.Л. Кун ба гимназияи музофоти Ставрополи ^афкоз шомил шуд ва макоми «хонандаи давлатй»-ро гирифт» [16, 114]. Соли 1859 тахсилоти худро дар муассисаи мазкур бомуваффакият ба поён расонида, соли 1860 сохиби
1 Хоца Ахмади Ясавй (1103-1166) - мутафаккири мутасаввиф, муассиси тарицати «ясавия» дар асри XII.
2 Н.П. Остроумов (15.11.1846-17.11.1930) шаркшинос, муаррих ва мардумшиноси рус дар Осиёи Миёна
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
хуччате гардид, ки тибки он А.Л. Кун курси пурраи гимназияи губерниявии Став-рополро соли 1859 хатм кардааст. Таърихшинос Б.В. Лунин дар мавриди хуччати мазкур кайд мекунад: «ин гувохнома танхо мероси бокимонда ба А.Л. Кун пас аз марги падараш буда, санадест, ки уро ба кумаки ичтимой ба маблаги 160 рубл бо бахра, ташхис медихад. Маблаги мазкур барои харидани ашёи зарурй ва харочоти рох ба у чудо шуда буд ва ба гайр аз ин, хеч захираи иктисодии дигаре надошт» [16, 114-115].
А.Л. Кун довталабона ба донишгох рафт, чунонки зикр гардид, бо сабаби хуб набудани вазъияти молиявй кудрати пардохти харочоти дигари худро надошт. Ба факултаи шаркшиносии Донишгохи давлатии Санкт-Петербург дохил шуда, онро соли 1865 ба хайси донандаи забонхои арабй-форсй-туркй хатм намуд. Тахкикоти донишчуйии у дар мавзуи «Обозрение ал-Корана в религиозном и юридико-политическом отношениях» (Тахлили Куръон дар заминаи динй ва хукукй-сиёсй) буда, аз тарафи устодони худ сазовори бахои баланди илмй гардид [7, 257; 16, 115].
Пас аз хатми донишгохи номбурда мохи декабри соли 1864 А.Л. Кун ба хайси ёвари сармухосиби шуъбаи назорати сабти бахрй ба кор пазируфта шуд ва то соли 1866 дар вазифахои мухталиф фаъолият намуда, баъдан дар генерал-губернатории Оренбург фаъолияти худро идома дод ва мохи ноябри соли 1868 ба ихтиёри гене-рал-губернатори Туркистон К.П. фон Кауфман ба кор гузашт.
Зикри ин нукта ба назар мухим менамояд, ки А.Л. Кунро шаркшиноси маъруфи рус В.В. Григорев (1816-1881) барои хидмат дар Осиёи Миёна ба генерал-губернатор К.П. фон Кауфман (1818-1882) тавсия намудааст [16, 15; 28, 676].
Пас аз ин хидмати А.Л. Кун дар Осиёи Миёна огоз гардид, ки у чахордах соли умри худро дар омузишу пажухиш дар ин чо сипарй намуд [7, 258] ва пажухишхои
шоистаи тахсинро дар заминаи илмхои мухталиф ба субут расонид, ки аксаран то имруз арзиши илмии баландро молик хастанд ва ахаммияти худро аз даст надода-анд.
Мухаккик О.М. Ястребова дар бораи шархи холе, ки худи ин шаркшинос ба дусташ В.В. Стасов навиштааст, иттилоъ дода, чунин менигорад: «дар шуъбаи дастхатхои Китобхонаи миллии Русия номае, ки А.Л. Кун 4 июли соли 1886 ба В.В. Стасов фиристода буд, нигох дошта мешавад, ки дар он бо хохиши у аз таъри-хи хаёти худ накл намудааст. Падараш, ки аслан аз шахри Мемел (Пруссия)1 буд, дар синни сиву хафтсолагй аз Форс ба Русия мухочират намуда, чахордах забонро хуб медонистааст. Модари у бошад, аз арманитаборони Табрез будааст» [3; 28, 77;
29, 676].
Аз руйи мукотибаи сардори генерал-губернатории Туркистон К.П. фон Кауфман ба А.Л. Кун ва дигар мансабдорони гуногуни хукумати подшохии Русия «дар бораи ин шаркшинос ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар байни ин ду нафар му-носибатхои боэътимоди илмиву харбй инкишоф ёфта буд. Аз 16 августи соли 1864 А.Л. Кун ба ихтиёри садорати округи Зарафшон генерал-майор А.К. Абрамов «барои тахкикоти илмии мардумшиносй, оморй ва таърихй» ба кор таъйин мешавад [7,
1 Мемел (Клайпеда) дар минтацаи Пруссияи давлати Литва чойгир аст.
110
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
258].
Соли 1868 ба у супоришхои гуногуни дорои хусусияти илмиву маъмурй дода мешавад ва у дар хамин асос фаъолияти худро рохандозй менамояд. Пас аз ишголи Самарканд аз чониби Хукумати подшохии Русия (2 майи соли 1868), у дар ин чо ба ковишхои бостоншиносй ва бокимондахои китобхонаи Темур машгул гардида, натичаи пажухишхои худро дар маколае зери унвони «Ривояте дар бораи китобхонаи Темур» ба нашр мерасонад. Аз он чумла, дар навиштаи худ кайд менамояд, ки дар бораи нусхахои хаттии нодире ба мисли «Таърихи Бухоро»-и А. Наршахй ва гайра, ки дар дасти бархе аз муллохову имомони шахри Самарканд махфуз буданд, «шояд як фурсати хубе барои ёфтани нусхахои хаттии дигаре (аз «Таърихи Бухо-ро»-и Наршахй. - О.А.) расад» [14, 405].
Добили кайд аст, ки А.Л. Кун дар бораи «Куръони Усмонй», машхур ба «Куръони куфии самаркандй», ки аз Самарканд ба даст овардааст, маълумот чамъоварй намуда, дар шумораи якуми рузномаи «Туркестанские ведомости» соли 1870 онро ба нашр расонидааст, ки дар он дар бораи интикол додани ин асари таъхрихиву динй ба Бухоро маълумот дода мешавад [14, 1].
Зикр намудан бамаврид аст, ки минтакаи болооби рудхонаи Зарафшон то соли 1868 расман бахше аз аморати Бухорои садаи XIX-ро ташкил дода, аз тарафи бекхои Самарканду Ургут идора мешуд. Бо ин хол, ин бекигарихои кухистонии Масчо, Фон, Фалгар, Ягноб, Киштуд, Фаробу Могиён чандон ба кудрати амирони Бухоро вобаста набуданд. Ин манотик тахти идораи бекхои махаллие буданд, ки вобастагии онхо дар пардохти давравии молиёт ба амирони Бухоро ба назар мера-сид. Пас аз он ки шахри Самарканд (яъне 2 майи соли 1868), тахти тасарруфи Хукумати подшохии Русия гузашт, бекигарихои номбурда тамоман мустакил гар-диданд. Ин омил боиси аз тарафи генерал-губернатории Туркистон К.П. фон Кауфман таъсис шудани «Экспедитсияи Искандаркул» гардид. Таъсиси экспедитсияи мазкур сахифаи тозаеро дар фаъолияти гуногунчабхаи шаркшинос А.Л. Кун боз намуд, ки баъдан ин мархала ба зиндагии у пайванд мехурад.
«Экспедитсияи Искандаркул» соли 1870 бо хадафи тобеъ намудани ин бекига-рихо таъсис ёфта, он ангезаи мухимме барои омузиши мулкхои болооби водии За-рафшон шуд ва дар натичаи ин экспедитсия чугрофиё, табиат ва рузгори мардуми ин манотик пажухишу баррасй гардид. Зикр ин нукта мухим аст, ки дар таърихи 23 июни соли 1868 Муохидаи сулхе байни аморати Бухоро ва Русияи подшохй баста шуд, ки бар асоси ин карордод, тамоми манотики амирнишини Бухоро, ки каблан ба тасарруфи Артиши Хукумати подшохии Русия даромада буд, ба хайати он дохил мешуданд. Болооби Зарафшон аз чумлаи ин манотик буд, аммо тасарруфи он та-лошхои бештареро такозо мекард, зеро на бекхои он ва на мардумони махаллй муохидаи басташуда тавассути амирро ба расмият нашинохта буданд.
Мохи апрели соли 1870 сардори округи Зарафшон генерал-майор А.К. Абрамов бо максади ба округи худ ва ба ин васила ба хайати империяи Русия хамрох карда-ни бекигарихои мулкхои болооби Зарафшон: Фалгар, Масчо, Фон, Ягноб, Киштуд, Могиён ва Фароб, ки дар байни онхо доиман низоъхои байнихамдигарй, махсусан дар солхои 1867-1869 бештар авч гирифт ва то андозае амнияти генерал-губернаториро ноором менамуд, экспедитсияе ба ном «илмй», вале дар асл харбй-
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
сиёсиро ба номи «Экспедитсияи Искандаркул» созмон дод.
Ин экспедитсия аз ду вохиди асосй: сардори округи Зарафшон бо як гурухи 551 нафараи афсарони миёнарутба ва ду аслихаву тупхона аз Самарканд ва сардори ситоди генералй, подполковник А.Р. Деннет (1836-1917) иборат аз 203 нафар аскарони мусаллахи миёнарутба ва взводи пулемётчиёни кухгард иборат буд, ки баъдан аз тарафи Уротеппа ба воситаи агбаи Оббурдон гузашта, дар дехаи мазкур бо дастаи А.К. Абрамов хамрох мешавад [18, 285 муф. ниг.: 1, 62-64; 18, 119-130;
19, 284-291; 20, 250-256]. Новобаста аз он ки экспедитсияи мазкур хусусияти харбй
дошт, дар хайати он донишмандон ва мутахассисон, барои хамачониба омухтани ин манотик шомил шуда буданд, аз чумла, Д.К. Мишенков (1841-1906) - барои тахкикоти геологй, А.Л. Кун - барои омухтани ин минтака аз чихати археологй ва филологй, капитан А.Д. Гребенкин (1840-1888) - барои чамъоварии маълумоти оморй-таърихй, П.А. Аминов (1844-1899) - вазифахои афсари штаби генералй дар отряд, рохбарй ба корхои тахкикотй ва чамъоварии маълумоти топографию чугрофй, Л.Н. Соболев (1844-1913) - барои муайян кардани маконхо чихати омузиши астрономй, Е. Варонетс - сапер ва Абдуррахмон ибни Мухаммадлатифи Мустачир, точик, зода ва сокини Самарканд - ба хайси тарчумони шаркшиноси рус А.Л. Кун, минбаъд дар рафти харакати дастаи харбй аз дехаи Оббурдони бекигарии Масчо аз 2 июни соли 1870 А.П. Федченко (1849-1873) ва хамсари у О.А. Федченко (1845-1921) барои тахкикоти табиатшиносй, ки дар дастаи уротеппагии подполковники штаби генералй А.Р. Деннет буданд, ба дастаи А.К. Абрамов пайвастанд. Инчунин барои ёрй намудан ба афсари штаби генералй П.А. Аминов дар бораи чамъоварии маълумот оид ба ин манотик, топограф А.М. Скасси ва прапоршики баталиони 11 туркистонй Н.П. Стартсев хамрох шуда буданд [18, 285;
20, 252].
Хамин тарик, хусусияти илмй доштани экспедитсияи мазкурро афсари штаби генералй П.А. Аминов чунин кайд мекунад: «равобити такрор ба такрор байни чамъияти марзии мо ва сокинони ин минтака, ки кабл аз ин ки Самаркандро бигирем, тобеи Бухоро буд: Урметан, Фалгар, Мастчох, Фон ва Киштуд то соли 1870 тобеи хеч касе набуданд ва ба холи худ вогузор шуда буданд. Бекхое, ки худсарона кудратро ба даст гирифтанд ва ба сокинони махаллй зулм карданд, номушаххас буданд, робитаи мо (хукумати подшохии Русия дар назар аст. - О.А.) бо ин бекхо, овозахоро дар мавриди сарвати табиии ин минтака, ахаммияти сиёсии ин бекхо, ки дар манотики кухистонии гайрикобили дастрас дар мучовирати кишвархое, ки дар он замон дар равобити бисёр машкук бо мо (хонии Хуканд дар назар аст. - О.А.) карор доштанд ва дар нихоят дорои робитаи илмй буданд, ки бо мутолиаи ин минтакаи камшинохта сарчашмахои дарёи Зарафшону Искандаркул ва инчунин масири интихое аз хавзаи болооби Зарафшон ба хавзаи Омударё, аз тарики макони ношинохта, яке аз далоили аслии ин сафар буд» [4, 19].
Дар натича, 25 апрели соли 1870 хайати экспедитсия аз шахри Самарканд ба самти болооби Зарафшон харакат намуд. Тавре, ки каблан ишора намудем, барои химоят аз икдомоти А.К. Абрамов дастаи дигаре бо сардории А.Р. Деннет аз Уротеппа эъзом шуда, масири харакати он аз панч бекигарй: Фалгар, Масчо, Фон,
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
Ягноб ва Киштуд гузар мекард. Аз шахри Панчакент хайати экспедитсия ба самти пиряхи Зарафшон харакат намуда, дар бозгашт ба рустохои Оббурдон ва Варзи ма-нор фуруд омад. Аз он чо, экспедитсия ба самти саргахи рудхонаи Фон, яке аз шо-хахои дарёи Зарафшон ва бештар дар имтидоди рудхонаи Искандарсу ба Искандаркул ва гузаргохи Х,исор харакат кард. Дастаи мазкур дар бозгашт аз гузаргохи Киштуд ба рустои Сарвода дар канори рудхонаи Фон гузашт ва сипас ба шахри Самарканд бозгашт. Натоичи он экспедитсия, ки дар хайати он олимони сохахои мухталиф низ буданд, имконияти шинохти бештаре аз ин манотики ношинохтаро фарохам овард. Дар хамон сол ин минтака ба номи «Туманхои кухистонй» ба округи Зарафшон хамрох карда шуд.
Бисёре аз аъзои он, аз чумла шаркшинос А.Л. Кун ва дигарон баъдан гузоришхои худро доир ба чанбахои мухталифи ин минтака мунташир карданд, ки онхо дорои ахаммияти зиёди илмй мебошанд.
Таъкид кардан зарур аст, ки «Рузномаи сафари Искандаркул»-и А. Мустачир яке аз хамон асархоест, ки дар чараёни ин экспедитсия руйи кор омада буд ва ба дасти хонандаи имруза расидани он махз ба фаъолият ва ташаббуси А.Л. Кун марбут мебошад.
Тавре ки сарчашмахои таърихй шаходат медиханд, ки ин шаркшинос накши боризе дар иштироки котиб, мирзо, хаттот, мардумшинос, иктисодони замони худ - Мулло Абдуррахмон ибни Мухаммадлатифи Мустачир, ки бо номи Абдуррахмони Самаркандй хам дар манобеи таърихй зикр гардидааст, дар экспедитсияи мазкур иштирок доштааст, аз чумла, у менависад: «фурсате ба ман дода шуд, ки мирзо (котиб)-ро аз бумиён бо хамрохии худ дошта бошам. Бо таваччух ба матолиби бисёр камёб дар мавриди лахчахои (забон)-и точикии (точикон)-и Туркистон, аз мирзо (яъне котиби он - Абдуррахмони Мустачир дар назар аст. - О.А.) хостам, ки сафарномае1 ба забони точикй дошта бошад ва ба ин манзур барномае аз пеш тадвиншуда ба забони точикй, ки дар асл наздик ба барномахои мунташиршуда тавассути Чдмъияти чугрофиёй аст, тахия кунам, аксар дастуруламалхо ба таври комил тавассути ман (яъне А.Л. Кун. - О.А.) ба маънои вокей ба барномаи мирзо ворид карда мешуданд... Ман ба мирзо дастур додам, то дафтари хотироти худро нигох дорад, то он чо, ки мумкин буд, (аз он) хостам, то номи махаллотро бо диккат муайян созад ва омузад» [21, в. 2б].
Чунонки дар дастхати «Рузнома» дида мешавад, А.Л. Кун, хамаруза навиштаи муаллифи он, махсусан ба номи маконхо, рустохо, шумораи ахолй, анвои кишоварзй ва умуман ба вазъияти ичтимоиву иктисодии болооби Зарафшон таваччухи вижа менамуд, ки аз тарафи мирзои он гохе галат навишта шудаанд, онхоро ислох ва ибора ё чумлае илова ё кутох менамояд.
«Х,амзамон кайдхои худро - менависад ин шаркшинос, дар бораи рохи тай намудаам нигох медоштам ва аз мирзо (яъне А. Мустачир. - О.А.) варакаи харруза дар бораи рузи гузашта мегирифтам, якчоя бо он хам номи махаллахо ва хам иловахоро, ки имкон буд, тафтиш мекардем. Ман шахсан дар хузури мирзо маълумоти мардумшиносиро гирд овардам, у хам дархол пай бурд ва он чиро, ки ба
1 Манзури муаллиф «Рузномаи сафари Искандаркул» аст.
113
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
забони точикй шунида буд, барои худ кайд намуд. Дар ин гуфтугухо тамоми талошамро кардам то вожахои махаллиеро, ки таваччухи мирзоро низ чалб карда буданд, бештар дар мадди назар дошта бошам. Калимахои мушохидашуда дар «Рузнома» бо хати сурх аз болои сатр кайд карда мешаванд» [21, 4а].
Тасдики ин навиштаи шаркшиносро мо дар аксар варакахои дастхатти асари мазкур мушохида менамоем. Ба монанди: «ба чй азобу укубат», «баъд аз он», «гузаштем», «маа, сарбозон, чамеи аскария пиёда шуда, асбхоро етав карда» хат зада, чизе ба он илова намешавад. Дар дигар сафхахои он бошад, пас аз хат задан нисбатан чумлахои тулоние, ки мазмуну мухтавои мухимме надоранд, хазф менамояд ва дар болои онхо ба шакли кутох калимаву ибора ва чумлахои нав, бо ранги аз матни асосй фарккунанда, илова карда мешаванд. Чунонки мебинем, мухаррир дар варакахои 4б ва 5а нусхаи N°D133(609g)^ матни «Рузнома» навиштаи «Явми шанбеи сездахуми мохи сафар (15 майи соли 1870. - О.А.) аз он цо бо хамрохии цушун ва турагон, мицдори ним санг (3 км. - О.А.) рох рафта, ба цургони Даштицозй расидем». Шакли тахриршудаи он: «Явми шанбеи сездахуми мохи сафар аз мавзеи Ружобнок1 бо хамрохии цушун ва турагон баромада, мицдори ним санг рох рафта, ба цургони Даштицозй расидем».
Чунонки мебинем таркиби «аз он чо»-ро хат зада, ба чояш номи дакики макон, яъне «Рузиобнок» ва дар идомаи матн «баромада»-ро илова намудааст [Y1, в. 4б-5а].
Х,амин гуна, шаркшинос А.Л. Кун навиштаи «Мирзои худ»-ро то варакхои 83а, чиддй галатгирй ва тасхех намуда, аз он ба баъдро ба мисли сахифахои каблй тахриру тасхех наменамояд. Яке аз омилхои тахрир нашудани матни «Рузнома»-ро «харакати сареи дастаи харбй» медонад. Аз тарафи сардори экспедитсия А.К. Абрамов супоришхои мухимми дигаре низ ба у дода шуда буданд.
Чунонки дар боло зикр гардид, дар катори масоили дигар, ба у супориш шуда буд, ки забони точикони водии Зарафшонро омузад ва худи шаркшинос дар ин маврид чунин менависад: «генерал-майор [А.К.] Абрамов аз «Экспедитсияи Искандаркул»2 дар назди ман вазифаи асосй гузошт, ки барои омузиши забони точикони водии Зарафшон ва мардуми дар тобеияти он сукунатдошта ва такрибан муайян кардани хатти тобеияти кабилахои туркро муайян намоям» [21, в. 1б].
Х,ангоми бозгашти дастаи харбй ба самти дехаи Варзиманори бекигарии Фалгар А.Л. Кун ба ахолии махаллй сухбатхо намудааст, то ки забон ва гуйиши онхоро дакиктар омузад, ки ин навиштаи худи у таъйиди гуфтахост: «Дар даврони бозгашт, агарчи мардум мутмаин буданд, ки мо барои чанг наомадаем, дастачамъй ба истикболи мо меомаданд, аммо бо харакати сареи гурухамон хамеша ва дар хама чо имкон ёфтани афроди лозим вучуд надошт. Факат дар чанд рустое монанди
1 Ёдовар мешавам, ки аз тарафи хозиркунандагони чоп ва муаллифони муцаддимаву тавзехоти «Рузномаи сафари Искандаркул» унвони русии он - «2-го Мая 1870 г. Руди Абнакъ» дар цавсайн оварда мешавад, цавсайни он, ки дар матни дастхатти он, яъне нусхаи №»D133(609g)^ дида намешавад. Номи дехаи «Рузи обнок»-ро, ки дар матни нашри соли 1989-и он - «Руди обнок» меоранд, ба тавзех ишора мекунанд, ки дар талаффузи имруза «Рузи обнок» маъмул аст. Дар матни нусхаи мазкури «Рузнома» ба шакли «Л> ^Т }3J» аз тарафи А. Л. Кун илова шудааст [21; 2, 25].
2 Инро дар нохунак овардам.
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
Оббурдон, Шамтич, Худгиф ва Варзиманор чанд нафарро дарёфтам, ки бо дастони худ чандин рубой ва маълумот доир ба вазъияти феълии минтакае, ки мо боздид кардем, бароям навиштанд. Таронаву маълумот ва рубоихоро мирзо (А. Мустачир. - О.А.) низ дар хузури ман бо калимоти махаллй ёддошт намуд» [9, в. 2а].
Аз ин навиштаи шаркшинос маълум мегардад, ки вакти ба самти саргахи Зарафшон харакат намудани экспедитсия мардумони ин бекигарихо худро пинхон намуда ё аз сухбат ба хайати он ичтиноб варзидаанд. Танхо вакти бозгашт ба А.Л. Кун ва хамрохонаш муяссар гаштааст, ки бо чанд нафар аз ахолии махаллй вохурда, аз забони онхо афсона, рубой, матни сурудхои маросимй ва фолклориро чамъоварй ва сабт намоянд.
Дар баробари ин, кайд кардан лозим аст, ки «Рузномаи сафари Искандаркул» замимае дорад, ки шомили маводи фархангии мардумони махаллй буда, барои муайян кардани дарачаи мадании ахолии ин манотик арзиши мухимми илмй дошта ва дар бахшхои якум, дувум, севум ва чахоруми он:
I.Чанд афсона, ки дар рустохои мухталиф, аз чумла Рузи Обнок, Варзиманор, Шаватки Поён, Шамтич, Палдорак ва Фон забт шудаанд;
2.Чанд рубоии дигари махаллй низ навишта шудааст (22, в. 371а - 394б.).
3.Сангнавиштаи руйи кабрхо (22, в. 313а - 322б).
4. Киссаву афсонахо, наклу ривоятхо, латифахои мардумй, ки хангоми сафар навишта шудаанд (22, в. 330а - 369б).
5. Шеърхо бо забони узбакй сабт шудаанд, ки аз забони ду узбаки чупон сокинони дехаи Рузи Обнок навишта шуданд;
6. Шеърхои дар Урметан навишта шуда аз забони Бобо Бойй, ки аз саргардонй, факириву каландарии у хикоят мекунанд (матни шеърхо омехта ба забони точикй ва узбакй) (22, варакахои 297а - 297б);
7. Чанд шеъри дигар аз шоири махаллй - Абдуррахими Дардарй (в. 22, 297б -300б);
8. Ашъори Муллобобойи Дардарй ба муносибат марги беки Варзиманор -Ниёзхоча, аз кавли худи шоир навишта шудаанд;
9. «Газали Гуруглй», бо забони узбакй забт шудаанд, ки ба Муллобобойи Дардарй тааллук доранд (22, в. 301а - 305 а);
10. Чанд намунаи шеъри дигар аз шоири махаллй - Мулло Абдулкарим (аз рустои Худгифи Соя. - О.А.). Ин шеърхо дар мавриди руйдодхо аз зиндагии шоир буда, чи гуна шоир сафар ба Шахристону Хучанд намуда, ходисаи гург хурдани бузу гусфандони шоирро хикоя мекунад ва хамзамон ба унвони як шеър марбут ба зан (22, в. 305а - 309а);
II. Чанд шеъри дигар аз шоири махаллй - Мулло Миразим (аз рустои Худгифи соя. - О.А.) чигуна фурухта шудани хари худро дар шахри Хучанд, дар мавриди гуруснагй ва чи гуна ба осиёб рафтани шоир, дар мавриди издивоч ва хоказо (22, в. 309а - 312а);
12. Матни сурудхои маросимй ва фолклорие, ки дар Фалгар аз забони сокинон навишта шудаанд (22, в. 312а - 317а) ва баъзе тавзехот ва шарххо ба забони русй
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
дар «Замима» навишта шудаанд, ки ба калами А.Л. Кун тааллук доранд, оварда шудааст[19, 288].
Дар болои варакаи 1а «Рузнома» номи русии он дар панч хат, чунин навишта шудааст: «Дневник, веденный во время Искандеркулской экспедиции на Самаркандском таджикском наречии с 23 апреля по июня 1870 года», яъне «Рузномае, ки хангоми сафари Искандаркул аз 25 апрел то 27 июни соли 1870 бо лахчаи точикии самаркандй» сабт шуда, аз он шаходат медихад, ки ин асар ба гуйиши самаркандии забони точикй навишта шудааст. Ин вежагиро дар интихоби лугат, сохтани ибораю чумлахо, инчунин дар сабти овошиносии калимахо мушохида кардан мумкин аст[18, 285-286].
Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки асар бо услуби содаи адабии хоси асри XIX-и забони точикй навишта шуда, гохе дар он унсурхои лугавии лахчахои Самарканду болооби Зарафшон ва чумлабандии хоси гуйиши мардуми ин манотик ба кор бурда шудааст. Чунин унсурхо дар корбурди вожахои туркй ва инчунин шеваи кучабозорй мушохида мешавад. Дар он аксари вожахои туркие, ки муаллиф ба кор бурдааст, хоси лахчаи Самарканд буда, ба гуйиши мардуми минтакаи мавриди назар хеч иртиботе надоранд.
Хамин тарик, забони ин асарро бо се гурухи забонй чудо кардан мумкин аст: а) забони адабии точикй; б) унсурхои шеваи самаркандй, в) аносири марбут ба гуйиши ин манотик. Инчо барои исботи ин гуфтахо чанд чумларо мисол меоварем, ки намунае аз лахчаи Самарканд мебошанд: «Он мавзеъ, сой дорад, ки се санг обаш хаст»; «Аммо дарахтони меванокаш нест»; «Заминхои он мардум хама сангмайда»; «Ду тарафи он рохи танг кухи баланд»; «Дидем, ки чойи файзосори хуб, булбулхо дар хониш»; «Хурокро заифаи онхо мепухтаанд»; «Дар хама вакт салла мебастагй хам будааст»; «Дар ин мавзеъ як осиёб хам будааст»; «мактабхона хам будааст»; «дуредгар хам будааст»; «Устои табактарош хам будааст»; «камтар шалгам ва саб-зикорй хам будааст».
Дар баробари ин, калимахои «ёна», «болонокй», «улчак», «аргамчин», «ялангй», «кишлок», «чулок», «авкот», «чет», «ганда», «хамчун», «чукурй» дар гуйиши мардуми водии Зарафшон корбурди васеъ дошта, аносири «явой», «етав», «гелидан», «экинчой», «элбой», «элотия» ва монанди инхо хоси лахчаи Самарканд мебошанд. «Моён», «халок шудан», «фукароён», «акобирон», «чиндан» ва гайра хоси шеваи мардумони болооби Зарафшон мебошанд [19, 285].
Муаллифи асари мазкур калимахои иктибосие, ки дар охири асри нуздах ба забони точикй ворид гардидаро низ кисман ба кор бурдааст, чунонки дах маротиба сардори дастаи харбй - А.К. Абрамовро ба унвонии «чонирол» ва «чониролтура» (генерал), ду маротиба сарбозони лашкари русро ба унвони «казок» (казаки) ёд ме-кунад.
Дар хотимаи ин макола таъкид бояд кард, ки шаркшиноси барчастаи рус А.Л. Кун дар омузиши таърихи халки точик, ба вижа чанбахои таърихй ва фархан-гии он дар нимаи дуюми асри Х1Х сахми арзандае гузоштааст.
А.Л. Кун дар тахкик ва хуччатгузории хусусиятхои этникй ва фархангии точикон ширкати фаъол варзидааст. Экспедитсияхои у ба минтакахои точикнишин имкон доданд, ки дар бораи забон, дин, расму ойин ва анъанахои ин мардум
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
маълумоти арзишманде чамъоварй намояд. Ин маълумот на танхо тахкикоти му-осирро ганй гардонд, балки бойгонии пурарзишеро дастраси мухаккикони оянда гузошт.
А.Л. Кун дар таблиги фархангу таърихи точикон дар байни мухаккикони Хукумати Русияи подшохй ва Аврупо накши мухим бозид. Асархо ва нашрияхои у як манбаи маълумот дар бораи точикон ва таърихи онхо ва Осиёи Миёна мебо-шанд, ки ба дарки амиктари ин минтака хамачихата мусоидат карданд.
А.Л. Кун ба хифзи асноди таърихй ва осори марбут ба таърихи точикон, ки ба-рои тахкик ва хифзи мероси фархангии ин мардум дар оянда ахамият дошт, фаъолона низ мусоидат мекард.
Хулоса, накши шаркшинос А.Л. Кун дар омузиши таърихи пургановати халки точик дар нимаи дувуми асри XIX мухим буда, хамзамон фаъолияти у ба ташакку-ли пояхои точикшиносии муосир мусоидат намуда, ба мухаккикон ва донандагони фархангу таърихи точикон мероси гаронарзиш ба ёдгор гузоштааст.
АДАБИЁТ
1.Абдумавлон О. Инъикоси анъанахои мардуми дар «Рузнома.. .»-и Абдурахмони Мустачир [Матн] / О. Абдумавлон // Вестник Таджикского национального университета. -2015. -№3-9. -С. 62-64.
2.Абдуррахмони М. Рузномаи сафари Искандаркул [Хозиркунандагони чоп ва муаллифони мукаддимаву тавзехот Аълохон Афсахзод ва Мирзо Муллоахмадов] [Матн]/ Абдурахмон М. - Душанбе: «Ирфон», 1989. - 176 с.
3.Александр Д. Александр Кун - востоковед, автор Туркестанского альбома /Д. Александр. -Текст: электронный/Общественный фонд «Казахстанское объединение немцев «Возрождение»: [сайт]. -URL: http://wiedergeburt-ка8асЬ81ап^е/а1ек8ап^-кип-уо81окоуе^ау1ог-1игке81ап8к^о-а1Ьота/(санаи дастрасй: 27. 02. 2023).
4.Аминов П.А. Искендеркульская экспедиция 1870 г. [Матн]/П.А. Аминов//Туркестанские ведомости. -1873. -№ 13. - С. 49-51
5.Андрианов Б.В. Архив А.Л. Куна [Матн]/Б.В. Андрианов//Советская этнография. -1951. -№ 4. - С.149-155.
6.Бартольд В.В. История культурной жизни Туркестана [Матн]/В.В. Бартольд; Акад. наук СССР, Комис. по изучению естеств. производит. сил СССР. - Л.: Акад. наук СССР, 1927. -[2], II. - 256 с.
7.Брежнева С.Н. Немец - ориенталист на службе Российской империи (деятельность А.Л. Куна в Туркестанском крае) [Матн]/С.Н. Брежнева//Природно-географические факторы в повседневной жизни населения России: история и современность: Материалы международной научной конференции, Санкт-Петербург, 14-16 марта 2019 года /Ответственный редактор В.А. Веременко. Том 2. - Санкт-Петербург: Ленинградский государственный университет им. А.С. Пушкина, 2019. - С. 256-264.
8.Еафуров Б.Е. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1, 2. [Матн]/Б. F. Еафуров -Душанбе: «Нашриёти муосир», 2020. - 976 с.
9.Исакова М.С. Воспоминания Н.П. Остроумова о А.Л. Куне/М.С. Исакова//Восток. Афро-азиатские общества: история и современность. - 2016. - № 4. - С. 172-191.
10.Искандер -Тюря [А.Л. Кун]. Сведения о ягнауском народе (К материалам для исследования ягнобского языка) [Матн]/Искандер-Тюря [А.Л. Кун]//Туркестанские ведомости. -1881. -№3-4.
11.Кун А.Л. Вакуфы [Матн]/Кун А.Л.//Туркестанские ведомости. -1872. -№ 21.
12.Кун А.Л. Заметки о податях в хивинском ханстве [Матн]/А.Л. Кун//Туркменские ведомости. -1874. - №№32-33.
13.Кун А.Л. Заметки о Хивиснком ханстве [Матн]/А.Л. Кун//Туркестанские ведомости. -1873. -№ 40. - С. 158.
14.Кун А.Л. Коран Османа [Матн]/А.Л. Кун//Материалы для статистики Туркестанского края: Ежегодник/Под ред. Н.А. Маева. Вып. III, 1874. - С. 401-404; Коран Османа [Матн]/А. Л Кун//Туркестанские ведомости. -1870. -№1.
15.Кун А.Л. Мусульманские школы [Матн]/Кун А.Л.//Туркестанские ведомости. -1876. -№37. -С. 131-133.
16.Лунин Б.В. Средняя Азия в дореволюционном и советском востоковедении [Матн]/Б.В. Лунин. - Ташкент: Фан, 1965. - 408 с.
17.Н. М-в [Н. Маев]. Кун А.Л. (Некролог). [Матн]/ М-в Н. [Маев Н.]//Туркестанские ведомости. - 1888. - № 46. - С. 182183.
18.Одинаев А.Н. Инъикоси чараёни экспедитсияи Искандаркул дар «Рузномаи сафари Искандаркул»-и А. Мустачир
[Матн]/А.Н. Одинаев//Муаррих. -2023. -№1(33). -С. 119-130. 19.Одинаев А.Н. «Дневник Искандеркульской экспедиции» Абдурахмона Мутаджира - как источник по истории верховьев Заравшана второй половине XIX в [Матн]/А.Н. Одинаев//Вестник Педагогического университета. - 2019. - № 2(79). - С. 284-291.
20.Одинаев А.Н. Политическое положение верховьев Зеравшана и предпосылки Искандеркуль-ской экспедиции
[Матн]/А.Н. Одинаев//Вестник Педагогического университета. -2015. -№6-1(67). -С. 250-256. 21.Рузномаи сафари Искандаркул (дастхат) [Матн]//Бойгонии филиали Санкт-Петербургии Института шаркшиносии шуъбаи дастхатхо ва хуччатхои Института дастхатхои шаркии АИ Русия. Д 133 (609g). - 394 варак.
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
22.Рузномаи сафари Искандаркул (дастхат) [Матн]//Бойгонии филиалы Санкт-Петербургии Института шаркшиносии шуъбаи дастхатхо ва хуччатхои Института дастхатхои шаркии АИ Русия. Д 134 (609h). - 323 варак.
23.Султонов У.А. Русский востоковед А.Л. Кун и его коллекция исторических документов мазара Ахмад Йасави [Матн]/У.А. Султонов//Восточный архив. - Москва. 2014. - № 1. - С.76-83.
24.Туркестанский альбом [Манбаи электронй]. Сто сорок лет спустя - в цифровом и доступном виде. URL: https://www.fergananews.cOm/articles/7256#0 (таърихи дастрасй: 24.08.2023).
25.Хромов А.Л. Ягнобский язык [Матн]/А.Л. Хромов. - Москва: Наука, 1972. - 208 с.
26.Чтение А.Л. Куна о Ферганской долине [Матн]/А.Л. Кун//Туркестанские ведомости. -1876. - № 12. - С. 46; Кун, А.Л. Некоторые сведения о Ферганской долине [Матн]/А.Л. Кун//Военный сборник. - СПб. - 1876. - № 4. - С. 417448.
27.^умъаев Р.Х. Ягнобмарз ва мардуми он пажухиши таърихй-этнолочй [Матн]/Р.Х. Чумъаев. -Душанбе: Амри илм, 2000.-160 с.
28.Ястребова О.М. Документы XIX века из верховьев реки Зеравшан в Отделе рукописей Российской национальной библиотеки [Матн]/О.М. Ястребова//Восточный сборник. РНБ. СПБ. - 2003. Вып. 6. - С. 77-123.
29.Alexander V.K. The Province of Ferghana, Formerly Khanate of Kokand/V.K. Alexander. -Simla: Government Central Branch Press, 1876. - 34 c.
30.0lga Yastrebova & Arezou Azad (2015) Reflections on an Orientalist: Alexander Kuhn (1840-88), the Man and his Legacy,
Iranian Studies, 48:5, 675-694, DOI: 10.1080/00210862.2015.1058631 31.Yastrebova O.M. Reconstruction and description of mirza Muhammad Muqim's collection of manuscripts in the National Library of Russia /O.M. Yastrebova//Manuscripta Orientalia. - 1997. - Vol. 3, No. 3. - P. 24-38.
АЛЕКСАНДР ЛЮДВИГОВИЧ КУН ВА НАЦШИ У ДАР ТАВДЩИ ТАЪРИХ ВА ФАРХДНГИ ТОЧИКОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX
Дар маколаи илмии пешниходшуда накши Александр Людвигович Кун дар омузиши таърих ва фарханги точикон дар нимаи дуюми асри XIX баррасй шудааст. Муаллиф ахаммияти сахми А.Л. Кунро дар омузиши чанбахои этникй ва фархангии хаёти халки точик дар давраи муайяни таърихй таъкид кардааст. Максади тадкикот ба муайян кардани мавзуъхо ва мушкило-те, ки дар осори ин олим чойгохи асосиро ишгол кардаанд, равона карда шудааст.
Макола хам равишхои методологии дар пажухишхои худ ба корбурдаи А.Л. Кун ва хам натичахои пажухишхояшро дар бар гирифта, ба масъалахои динамикаи ичтимой-фархангй ва таъсири омилхои беруна дар ташаккули хувияти точикон дахл кардааст. Муаллиф хусусияти навоваронаи мафхумхои А.Л. Кун, сахми онхоро дар ганй гардонидани дониш дар бораи таърих ва фарханги ин халк таъкид менамояд.
Мохияти кор аз муайян кардани чанбахои асосии мероси илмии А.Л. Кун ва накши у дар ташаккули андешахо дар бораи таърих ва фарханги халки точик дар нимаи дуюми асри XIX иборат аст. Экспедитсияхои у ба минтакахои гуногуни точикнишини Осиёи Миёна имкон дода-анд, ки дар бораи забон, дин, расму ойин ва анъанахои ин мардум маълумоти арзишманде чамъоварй намояд. Маълумоти бадастомада на танхо тахкикоти илмии муосирро ганй гардонд, балки мероси пурарзиши бойгонии дастраси мухаккикони ояндаро ба вучуд овард.
Калидвожахо: Александр Людвигович Кун, Генерал-губернатории Туркистон, асри XIX, олим, таърих, фарханг, тарцумаи хол, фаъолияти илмй, мардумшиносй, таъсир, ахамият, ме-рос.
АЛЕКСАНДР ЛЮДВИГОВИЧ КУН И ЕГО РОЛЬ В ИССЛЕДОВАНИИ ИСТОРИИ И
КУЛЬТУРЫ ТАДЖИКОВ ВО ВТОРОЙ ПОЛОВИНЕ XIX ВЕКА
В представленной научной статье рассматривается роль Александра Людвиговича Куна в исследовании истории и культуры таджиков во второй половине XIX века. Автор подчеркивает значимость вклада А.Л. Куна в изучение этнических и культурных аспектов жизни таджикского народа в указанный период времени. Цель исследования направлена на выявление основных тем и проблем, которые занимали центральное место в трудах ученого.
-МУАРРИХ - ИСТОРИК - HISTORIAN-
Статья охватывает как методологические подходы, примененные А.Л. Куном в своих исследованиях, так и результаты его трудов, затрагивая вопросы социокультурной динамики и влияния внешних факторов на формирование таджикской идентичности. Автор анализирует новаторский характер концепций А.Л. Куна, выделяя их вклад в обогащение знаний об истории и культуре данного этноса.
В данной статье основное внимание уделяется выявлению ключевых аспектов научного наследия А.Л. Куна и его значимой роли в формировании представлений об истории и культуре таджикского народа во второй половине XIX века. Благодаря экспедициям в таджикские населенные регионы ему удалось собрать ценные сведения о языке, религии, обычаях и традициях данного этноса. Полученная информация не только обогатила современные научные исследования, но также создала ценное архивное наследие, доступное для будущих исследователей.
Ключевые слова: А.Л. Кун, Туркестанское генерал - губернаторство, XIX век, ученый, история, культура, биография, научная деятельность, этнография, влияние, актуальность, наследие.
ALEXANDER LUDWIGOVICH KUN AND HIS ROLE IN THE STUDY OF THE HISTORY AND CULTURE OF THE TAJIKS IN THE SECOND HALF OF THE 19th CENTURY
The presented scientific article explores the role of Alexander Ludwig Kun in the research of the history and culture of the Tajiks in the second half of the 19th century. The author emphasizes the significance of A.L. Kun's contribution to the study of ethnic and cultural aspects of Tajik life during the specified period. The research aims to identify the main themes and issues that occupied a central place in the scholar's works.
The article covers both the methodological approaches applied by Kun in his research and the results of his work, addressing issues of sociocultural dynamics and the influence of external factors on the formation of Tajik identity. The author analyzes the innovative nature of A.L. Kun's concepts, highlighting their contribution to enriching knowledge about the history and culture of this ethnic group.
This article primarily focuses on identifying the key aspects of the scientific legacy of A.L. Kuhn and its significant role in shaping perceptions of the history and culture of the Tajik people in the second half of the 19th century. Through expeditions to Tajik populated regions, he managed to gather valuable information about the language, religion, customs, and traditions of this ethnic group. The obtained information not only enriched contemporary scientific research but also created a valuable archival legacy, accessible to future researchers.
Keywords: Alexander Ludvigovich Kun, Turkestan Governor General, XIX century, scholar, history, culture, biography, scientific activity, ethnography, influence, relevance, legacy.
Сведение об автора: Одинаев Абдумавлон Назирович - младший научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша, НАНТ, E-mail: abdumavlon1987@gmail.com; https://orcid.org/ 0000-0002-97308735.
About the author: Odinaev Abdumavlon Nazirovich - Junior Researcher of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the Institute of History, Archeology and Ethnology. A.Donisha, National Academy of Sciences of Tajikistan, E-mail: abdumavlon1987@gmail.com; https://orcid.org/0000-0002-9730-8735