Научная статья на тему 'ИНЪИКОСИ ҶАРАЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИСКАНДАРКӮЛ ДАР «РӮЗНОМАИ САФАРИ ИСКАНДАРКӮЛ»-И А. МУСТАҶИР'

ИНЪИКОСИ ҶАРАЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИСКАНДАРКӮЛ ДАР «РӮЗНОМАИ САФАРИ ИСКАНДАРКӮЛ»-И А. МУСТАҶИР Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
174
43
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
«РӯЗНОМАИ САФАРИ ИСКАНДАРКӯЛ» / ОТРЯДИ ҲАРБӢ / ДЕҲА / САМАРқАНД / МАНБАИ ДАРЁ / ДАРАИ ЯғНОБ / АҲОЛИИ МАҲАЛЛӢ / ШАРқШИНОСИ РУС / ЗАРАФШОН / ВОДИИ ЗАРАФШОН / САРЧАШМА

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Одинаев Абдумавлон Назирович

Дар ин мақола тибқи маълумоти Абдурраҳмони Мустаҷир ҷараёни экспедитсияи Искандаркӯл ба болооби Зарафшон баррасӣ шудааст. Муаллиф менависад, ки экспедитсияро аз ду отряд бо сардории генерал майор А. К. Абрамов ва подполковник А. Р. Деннет ташкил намуда буданд. Дар натиҷаи экспедитсия бекигариҳои Мастчоҳ, Фалғар, Моғиён, Киштӯд, Фароб ба округи Зарафшон њамроҳ шуданд. Ба гуфтаи муаллифи мақола, яке аз дастовардҳои илмии экспедитсия омӯзиши захираҳои обии Зарафшон буд. Дар мақола қайд карда мешавад, ки дар экспедитсия як гурӯҳ олимон низ иштирок намуда, гузоришу маколаҳое ба нашр расониданд, ки барои илм, аз ҷумла, дар мавриди забони яѓнобӣ пажӯҳиши нав буданд. Ҳамин тавр, дар «Рузнома»и А. Мустаҷир рафти экспедитсия, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мулкҳои болооби Зарафшон муфассал инъикос ёфтааст. Ин асар барои омӯзиши ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии болооби Зарафшон дар нимаи дуюми асри XIX сарчашмаи муҳимми таърихӣ мебошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

REFLECTION OF THE PROGRESS OF THE ISKANDARKUL EXPEDITION IN THE «DIARY OF THE ISKANDARKUL EXPEDITION» ABDURAHMON MUSTAJIR

In the article, based on the information of Abdurakhman Mustajir, the organization, course and results of the Iskandarkul expedition to the Upper Zeravshan are considered. The author writes that the expedition was made by two detachments led by General A.K. Abramov and Lieutenant Colonel A.R. Dennett. As a result of the expedition, the Maschinsky, Falgarsky Magiansky, Kishtutsky, Farabsky mountain possessions were annexed to the Russian Empire. According to the author of the article, one of the scientific achievements of the expedition was the study of the water resources of Zarafshan. The article appropriately notes that a group of scientists participated in the expedition, they published reports and articles that were a new achievement for science, including in the Yaghnobi language. Thus, the «Diary» of A. Mustajir reflects in detail the course of the expedition, as well as the socioeconomic and political situation of the population of the Upper Zaravshan. Therefore, his work is an important historical source for studying the socioeconomic life of the population of the upper Zarafshan in the second half of the 19thcentury.

Текст научной работы на тему «ИНЪИКОСИ ҶАРАЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИСКАНДАРКӮЛ ДАР «РӮЗНОМАИ САФАРИ ИСКАНДАРКӮЛ»-И А. МУСТАҶИР»

-МУАРРИХ-ИСТОРИК-НКТСШАК-

УДК - 94 (470)"1870/1871"

ИНЪИКОСИ ^АРАЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИСКАНДАРКУЛ ДАР «РУЗНОМАИ САФАРИ ИСКАНДАРКУЛ»-И А. МУСТА^ИР1

ОДИНАЕВ А. Н.

Институти таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А. Дониш

Дар чараёни лашкаркашии Россия ба Осиёи Миёна, 2 майи 1868 шахри Самарканд ва манотики атрофи он тобеи империяи Россия гардид. Тасмим гирифта шуд, ки аз хисоби шахрхои Самарканд ва Каттакургон нохияи хоссе ташкил карда шавад ва онро ба округи муваккати Зарафшон тагйири ном диханд. Генерал-майор А. К. Абрамов сардори он таъйин мешавад.

А. К. Абрамов ба хотири тобеъ намудани манотики болооби водии Зарафшон, экспедитсияе таъсис намуд, ки он аз ду отряди харбй иборат буд.

Дар масири пешрафт ба чониби болооби Зарафшон Самарканд баромадаи «экспедитяи Искандаркул» ба зергуруххо таксим мешавад, ки он аз чониби му-аллифи «Рузномаи сафари Искандаркул» ин тавр баён шудааст:

«Дар он мавзеъ (яъне Рузи обнок. - О. А.) хоб карда, мутаокиби кушунро чамъ карда..., чамеи аскария маъа турагон дам гирифта, мутаокиби кушунро чамъ кардем. Аз он чой саворй карда.... атрофу чавонабро тамошо карда, мутаокиби кушунро чамъ карда, боз аз он чо саворй карда, равона шудем.... мик-дори ду соат нишаста, мутаокиби кушунро чамъ карда, аз он чой баромада равон шудем. Аз он чо (дехаи Вота) пиёда шуда, котор як-як фуромадем, дар тахти дарахти зебо фуромада, микдори ду соат дар он чо чой чушонида, бо хамрохии турагон хурда, дар лаби об нишаста будем, ки аскария расида омаданд» [8, 24, 68, 137, 140, 158.].

Аз ин навиштаи А. Мустачир бармеояд, ки хайатхои экспедитяи Искандар-кул бо нигох доштани фосилаи байни гурухй харакат мекардаанд. ^абл аз харакати ин экспедитсия, сардори отряди харбй А. К. Абрамов номахое ба бе-кигарихои болооби Зарафшон ва навохии хамчавори он ирсол карда, вуруди ин гурух ва хадафи мусоламатомези ин экпедитсияро эълом мекунад.

Дастаи асосй бошад дар 26 апрели соли 1870 аз Самарканд ба фармондехии капитан А. Д. Гребенкин ба рох баромада, рузи 29 апрел дар богхои Рузи Обнок наздикии дехаи Даштикозй мерасад. Ба дастаи мазкур дастур дода меша-вад, ки дар хамон чо таваккуф карда, мунтазири омадани генерал А. К. Абрамов бошанд, ки у чандрузе дар Самарканд бо корхои маъмурии худ банд шуда буд [2, 50].

Дар хамин хол, рузи 30 апрел чанд нафар аз ахолии бекигарии Фалгар бо хайати отряди харбии капитан А. Д. Гребенкин ва генерал-лейтенант Барон Иоганн - Фридрих - Густав Александрович Аминов хабари пешравии

1 Макола дар асоси лоихди «Таърихи халки точик (асрх,ои Ш-аввали асри XX), раками кайди давлатй 0121TJ1211 навишта шудааст.

мастчоихоро дар худуди бекигарии Фалгар мерасонанд, ки онхо дехаи Варзиманорро ишгол карданд, рустохои мучовири он - Дардар ва Зерободро низ горат шуда ва ба суи рустои Урметан харакат намудаанд. Дар хамин хол, онхо ба таври конеъкунандае хостори ихрочи фаврии нерухои русй ба ин русто мешаванд. Дар гайри ин сурат ба гуфтаи онхо «Урметан то субхи фардо горат хохад шуд» [2, 50].

Муддати се шабонаруз хайати экпедитсия дар Рузи Обнок тавакдуф карда, бино ба хабари муаллифи «Рузномаи сафари Искандаркул» - «явми шанбеи сездахуми мохи сафар [1287 х] (15 майи соли 1870) аз мавзеи Рузи Обнок бо хамрохии кушун ва турагон баромада, микдори ним санг (2 км, 774 м.) рох рафта, ба кургони Даштикозй расидем» [8, 25].

Дар хамин хол ахолии Фалгар ва Фон бо шунидани амалиёти наздик омадаистодаи отряди харбй, дар хама чо овоза пахн мекунанд, ки гуё русхо онхоро аз бекхои ба онхо таъинкардаи масчоихо озод карданиянд, ки дар на-тича бекхои Урметан ва Фон фирор намуда, дар Масчо пинхон шуда, тавассути мактубхои тахдидомез ба сардори экспедитсия генерал-майор А. К. Абрамов мурочиат намуда, уро огох менамоянд, ки аз идома додани сафари минбаъдаи худ ба болооби Зарафшон, худдорй намояд.

«Рузи баъд номае аз беки Масчо (яъне Почохуча) П. А. Аминов менависад ба дастам расид бо ин мазмун, ки: «Тураи русй дар Урметан! Подшохи сафед, замини зиёде дорад, аммо кишвари мо факир аст ва даромади каме барои шумо хохад овард. Дар хамин хол, шаб омадй ва пинхонй калъаи мо (яъне калъаи Урметан)-ро гирифтй. Бехтар аст бичангем, руз ва маконеро барои мо таъйин кун, ки хар вакт ва хар кучо мехохй бо мо мулокот кунй ва хар киро Худо ёрй кунад, хак бо уст. Агар намехохед пеши мо биёед, мо пеши шумо хохем омад» [2, 50]

Пас аз ин ходиса П. А. Аминов ба воситаи капитан А. Д. Гребенкин номаи беки Масчо ва иловатан номаи худро ба сардори экспедитсия генерал-майор А. К. Абрамов расонида, аз вазъияти мавчуда уро огох менамояд.

Тибки навиштаи П. А. Аминов отряди у дар таърихи 7 майи соли 1870 калъаи Урметанро ишгол менамояд, у дар ин маврид менависад [2].

Х,амин тарик хайате, ки дар он А. Мустачир шомил будааст, 3-4 майи соли 1870 дар дехаи Урметан хузур доштааст. Дар «Рузномаи сафари Искандаркул» хар яки он алохида кайд мешаванд, муаллиф дар рузи 3 майи соли 1870 менависад, ки «Явми якшанбе чахордахуми мохи сафар (рузи душанбеи 16 майи 1870) дидем: кишлоки мазкур (яъне Урметан), ки чахор гузар ва шаш масчид доштааст. Гузари аввал Исковат будааст. Гузари дуюм Дастлукбасон, гузари сеюм Такупа, гузари чахорум Х,азрати лангар» [7, 29].

Дар рузи дигар бошад муаллифи «Рузномаи сафари Искандаркул» бо хамрохии шаркшиноси рус - А. Л. Кун ва ду нафар, ки номи онхо зикр нашуда-аст, барои аз наздик шинос шудан ба айлоги точикон ба такобаи дехаи Урметан мераванд [8, 32-33].

А. Мустачир дар мавриди тарзи зиндагии сокинони дехаи Урметан, мазор ва масочидy мактаби он навишта, зикре аз чахор гyзари дехаи мазкyр, ки 190 хонавор доштааст, мекyнад [B, 30-31]. Аммо П. А. Аминов дар ин экпедитсия хузур дошт теъдоди дехаи Урметанро 95 бо тагйир зикр кардааст. Чуноне дида мешавад хамин тавр аз шумораи хонавода ва масофаи дехахо то Самарканд, ки А. Мустачир ва П. А. Аминов хабар додаанд, аз хам тафовут дорад [3, 2B].

Х,амин тарк, отряди харбии экспедитсияи Искандаркул бо сардории А. К. Абрамов, тибки навшитаи муаллифи «Рyзнома» бо як-ду соате дам гирифта, харакати худро ба самти Варзиманор идома медихад.

Мувофики кайди дар «Рyзнома» буда, «6 мая 1B70 Варзиманоръ на пра-вомъ, берегу р. Заравшана», ба дехаи Варзиманор мерасад. Абдуррахмони Мустачир «Баъд аз он чо гузашта (чахоршанбеи 17 мохи сафар 12B7 х. [рузи панч-шанбеи 19 майи 1B70] - менависад муаллиф, ба чое расидем, ки Тангй мено-манд. Х,ама аз санги майда ва кайрок будааст. Поёни он дарёи Зарафшон аст. Аз он Тангй ба сад хазор укубат як-як ба поён дар лаби дарё фуромадем. Бисёр чои вахмнок. Ва дар болои Зарафшон пуле дорад аз чуб. Ва дар киблаи пул кухе хаст, ки Нови Миёна мегуянд. Поёни онро Нови Бед мегуянд. Аз он пули вахмнок пиёда шуда, як-як аспхоро етав карда, ба чй азобу укубат гузашта, дар баландии Варзиманор дохил шудем» [B, 39].

Тибки дигар манобеи таърихй, 2 май сардори отряди харбй - А. К. Абрамов ва Есаул Принс ба хайати экспедитсия дохил шуданд ва дар тули се руз ин гурух ба Урметан мерасад. Рузи 7 май ба самти Варзиманор харакат карда, рузи 9 майи соли 1B70 вориди дехаи мазкур мешаванд. Дар Варзиманор сардори отряди харбй, мавриди истикболи бисёр самимии ахолии махалй карор мегирад [2, 50].

Сардори отряди харбй А. К. Абрамов, як кисми дастаи худро дар Варзиманор нигох дошта, бино ба ахбори П. А. Аминов: «ротаи 9-уми Урал, ки дар шакли гарнизон буд, дар Варзиминор барои посбонии алока бо Самарканд ва назорати бекигарии Фон гузошта шуд. Ба сардори гарнизон Чеботарев супориш дода шуд, ки бо сокинони Фон алока карда, онхоро мачбур кунад, ки то баргаштани отряд купруки (яъне Пули Мулло) харобкардаи хисориёнро аз нав баркарор кунанд» [2, 50].

Экпедитсияи харбй ба сафари худ идома дода, мувофики навиштаи муаллифи «Рузномаи сафари Искандаркул», рузхои «13/14 Мая 1B70 г. Рарзъ» ба самти бекигарии Мастчох харакат менамояд: «явми сешанбе бисту панчуми мохи сафар [соли 12B7 х., рузи чумъаи 27 майи 1B70] буд, ки хамрохи чамеи аскария ва турагон аз мавзеи Варзиманор баромада равона шудем. Ба чое омадем, ки дар он чой ду сой будааст. Яке аз он дара рохи Фон ва дарёи Фон ва яки дигар аз он дара оби Мастчох ва рохи Мастчох будааст. Болои он ду обро кухи Кумарг меноманд, ки кухи баланди азим мебошад. Оби Фон ва оби Мастчох аз он чой ба якдигар хамрох мешавад» [B, 4B].

Х,амин тарик, муаллифи «Рузномаи сафари Искандаркул» дар ин руз дар бораи дараи Фон, Мазори Лангари дехаи Сангистон, Фатмев, Гузарибод ва дар бораи тарзи зиндагии мардумони рустохои зикршуда менависад.

Мувофики гузорише, ки дар рузномаи «Туркестанские ведомости» соли 1870 нашр шудааст, отряди харбй дар санаи 27 майи 1870 дар маркази бекига-рии Мастчох дехаи Палдорак карор доштааст [5, 31].

Х,амин тарик, хайати экпедитсия аз роххои пурхатари кухистонй убур на-муда, ба дехаи Шаватки Боло мерасанд, чуноне ки муаллиф менависад: «явми чахоршанбе, бисту шашуми мохи сафар (1287 х., рузи шанбеи 28 майи соли 1870) буд, ки хамрохи чамеи аскария ва турагон аз мавзеи Рарз баромада, микдори хазор кадам рох рафта, ба чое расидем, ки микдори се санг об дорад» [8, 53].

Муаллифи «Рузномаи сафари Искандаркул» дар бораи роххои пурхатари дехаи Рарз менависад, ки «аз он як-як катор шуда гузашта, дохили мавзеи Рарзак шудем ва чамеи аскария ва турагон дар он чой фуромада мутаокиби аскарияро чамъ карда, нишаста будем. Баногох як асп аз он Зероб пояш лагжида нишеб рафт ва то лаби дарё расидан пора - пора шуда нобуд шуд ва хабари онро касе наёфт. Х,амин тарик, чои пурхатар будааст. Аз он чой хама пиёда шуда, аспхоро ба даст гирифта, таваккалхоро том карда, чониби боло ирода кардем ва як-як катор шуда, печида-печида ба чй азобу укубат микдори чахоряк санг болонокй баромадем, ки аз рох то дарёи Зарафшон микдори хазор газ мебошад. Агар як санг касе партояд, то дарё хазор санг шуда мефарояд, ки он мавзеъро Х,азор Рарзак меноманд» [8, 54].

Муаллифи «Рузномаи сафари Искандаркул» дар идомаи сафар дар бораи рустохои дар чапу рости дарёи Зарафшон ва дар сари рохи экпедитсия буда, маълумот медихад ва аз чолокии аскар ва афсарони русро васф намуда, мена-висад, ки «сарбозон мисли охувон аз болои куххо бозикунон мегузаштанд» [8].

Дар нимарохи Обурдону Палдорак одамони бек, шахсони бонуфузи Мас-чох, козй ва раис ба назди Абрамов бо тухфаву хадяхо ва мактуби бек хозир мешаванд. А. К. Абрамов косидонро ба хушй пешвоз гирифта, ба бек низ тухфаву хадяхо мефиристад.

Дар чараёни сафар ба болооби Масчох аз беки Х,исор хам косид мерасонад, чавоби мактуби аз Самарканд фиристодаи А. К. Абрамовро оварда буд. Бек дар паёмаш изхори дустй намуда, генералро мутмаин месозад, ки ба сокинони дехахои дар тобеияташ буда, на танхо амри орому карор буданро додааст, балки фармудааст, ки дар хар деха барои сарбозону аспхои русхо хурокворй тахия намоянд.

Ин чо як нуктаро бояд зикр намуд, ки сардори отряди харбй А. К. Абрамов хангоми харакат ба болооби Зарфшон бо сардори отряди Уротеппа А. Р. Ден-нет пайваста дар тамос будааст. Х,ангоми ба аввалин дехаи бекигарии Мастчох - Оббурдон ворид шудани хайати отряд ва сардори он - А. К. Абрамов онхоро оксаколон ва ахолии махаллй бо нону намак истикбол мегиранд [2, 50].

Дар кайдхои муаллифи «Рузнома»то ба дехаи Оббурдон расидани хайати отряди харбй дар киёси таквими мелодй ба хичрй ду-се руз фаркият дида мешавад. Чах,ор руз дертар аз дастаи А. К. Абрамов, дастаи аз Уротеппа бо сар-дории А. Р. Деннет баромада, 16 майи соли 1870 ба дехаи Обурдон расида, ба дастаи А. К. Абрамов хамрох мешавад [2, 50].

20 майи соли 1870 хар ду отряди харбй бо сардории А. К. Абрамов ба самти маркази бекигарии Мастчох - Палдорак ва пиряхи Зарафшон харакат мена-мояд. Дар дехаи Оббурдон нимвзводи тирандозон нигох дошта мешавад, то алока бо Варзиманор ва Уротеппаро таъмин намуда, маводи хурокии аз Уротеппа овардашударо посбонй намояд.

Тибки навиштаи П. А. Аминов хангоми дар дехаи Обурдон карор доштани отряди харбй беки Мастчох - Почохуча ба воситаи козй ва раис ба сардори отряди харбй А. К. Абрамов номаи дигари тахдидомез навишта, ба у хабар медихад, ки отряди харбиро намегузорад, ки вориди маркази бекигарии Мастчох - дехаи Палдорак шавад. Ба А. К. Абрамов мерасонад, ки у аз тарафи хони Хуканд таъйин шуда ва касе хакки иваз кардани онро надорад ва дар наздикии Пули Ч,индон бо «артиш»-и худ омодагии чангй мебинад [2]. Сардори дастаи харбй, ки аз пеш омодагии чиддй дида буд, аз ин тахдидхои беки Мастчо нахаросида, ба самти харакати худ идома дода, ба дехаи Ревомутк мерасад.

Шаркшиноси рус А. Л. Кун дар мукаддимаи «Рузномаи сафари Искандаркул» кайд мекунад, ки «хабари наздик шудани русхоро мардумони бумй шунида, хама бо ахли оилаашон дар куххо пинхон шуда буданд» [1, в. 2].

Беки Мастчох - Почохуча мебинад, ки азми сардори дастаи харбй А. К. Абрамов чиддист, ба воситаи намояндагони худ, хангоми дар дехаи Ревомутк карор доштани отряди харбй номаи дигаре менависад, вале ин нома бо лахни дигар, аз сулху дустии худ ба сардории экпедитсия хабар медод [2, 50].

Бояд кайд намуд, ки А. К. Абрамов амири Бухороро аз сафараш ба болооби Зарафшон огох карда, аз у хохиш карда буд, ки дар бораи максади ин харакат ба бекигарихои Х,исор ва ^аротегин хабар дихад [5, 31].

23 майи соли 1870 экпедитсия ба дехаи Палдорак расида, бо чанд тан аз муйсафедони дехаи номбурда ва аксар сокиноне, ки дар деха монда буданд, мулокот мекунанд. Почохуча бо 10 нафар хамрохони худ бидуни ин ки мунта-зири «мехмонон»-и даъватшуда бошад, рузе кабл аз расидани А. К. Абрамов ба тарафи Хуканд меравад [9, 492].

Ин амали беки Мастчох - Почохуча, хашми сардори отряди харбиро ба вучуд оварад ва А. К. Абрамов дастур медихад, ки кароргохи у, яъне калъаи дехаи Палдорак хароб карда шавад. Дар аснои харобнамудани кароргохи бек аз тарафи хайати отряди харбй мардумони махаллй, ки аз хокимият ва сиёсати у безор буданд, ба хайати харобкор хамдастшуда, калъаи Почохучаро ба хок як-сон мекунанд. Сардори отряди харбй аз мардумони махаллй даъват менамояд, онхое, ки аз тарс дехахои худро тарк карда буданд, ба дехаи худ баргашта, ба зиндагии маъмулии худ идома диханд.

Х,амин тавр, хайате, ки мyаллифи «Рyзномаи сафари Искандаркул» бо онхо 6уд, аз дехахои РоF, Худгиф, Ланглиф, Самчон, Туро гyзашта, ба дехаи Водиф расида, шабро дар он чо сипарй мекунанд [8, 78].

Х,айати экспедитсия кад - кади дарёи Зарафшон харакат намуда, ба пиряxи Зарафшон мерасад, «бар лаби дарё микдоре рох рафта, - менависад А. Муста-чир, - ба чое расидем, ки дар пеш кух баромад» [8, 81].

Аз Палдорак як гурух аз хайати отряди харбй барои дидани аFбаи Пакшиф мераванд, ки он бекигарии Мастчохро ба бекигарии ^аротегин пайванд медод. Х,ангоми харакат Палдорак ба самти саргахи дарёи Зарафшон, отряди дувум бо сардории А. Р. Деннет азми бозгаштанро ба Уротеппа аз масири Янги - СабаF интиxоб мекунад.

28 май ба сардори отряди харбй - А. К. Абрамов дар Палдорак гузориши мyxтасаре аз подполковник А. Р. Деннет мерасад, ки ба y хамлаи мусаллахона сурат гирифтааст ва ин гурух дар холи акибнишинй ба водии Зарафшон аст. Сардори гурухи Уротеппа аз сардори отряди харбй - А. К. Абрамов xостааст, ки мурокиби ишFOли тангии Янги - СабаF дар имтидоди доманаи чанубии куххо бошад ва акибнишинии уро танзмин кунад.

Пас аз дарёфти ин гузориш А. К. Абрамов, билофосила ба П. А. Аминов дастур медихад, ки бо 40 нафар аскарони мусаллах ба рох баромада, тангиро ишFOл кунанд ва ба П. А. Аминов дастур дода мешавад, ки як макони муносиб дар тангиро интиxоб кунад ва мунтазири фармони баъдии А. К. Абрамов бошад.

Тибки шаходати манобеи таъриxй, ширкаткунандагон дар хамла ба отряди Уротеппа - бо сардории А. Р. Деннет сокинони Мастчох буданд, ки бо беки xyд - Почоxyча ба аFбаи Янги - СабаF панох бурда буданд.

Мувофики вазифахое, ки аз чониби сардори отряди харбй А. К. Абрамов ба аъзои экспедитсия дода шуда буд, хар яке ба кори xyд амал менамуд. Аз чумла, вакти бозгашти хайати отряди харбй шаркшиноси рус А. Л. Кун - мyтаxассис оид ба омузиши этнография, забоншиносиву таъриx бо хамрохии муаллифи «Рузнома» барои чамъоварии мавод дар мавриди гуишхои мардуми бумй машFyл буданд. Чуноне ки y дар мукаддимаи «Рузнома» чунин мулохиза дорад: «дар даврони бозгашт, агарчи мардум мутмаин буданд, ки мо барои чанг наомадаем ва гурух - гурух ба истикболи мо мерафтанд, аммо бо харакати сареи отряд хамеша ва дар хама чо имкони ёфтани афроди лозим вучуд надошт. Факат дар чанд русто, монанди Оббурдон, Шамтич, Худгиф ва Варзиминор чанд нафарро ёфтам, ки лузуман бо дастони xyд чандин шеър ва шаходат дар мавриди вазъияти феълии минтакае, ки мо боздид кардем, барои ман навиштанд. Таронахо, шаходатхо ва низ он шеърхое, ки Мирзо (манзур А. Мустачир аст) дар хузури ман бо лахчаи махаллй, ки дар достонхо махфуз аст, ёддошт кардааст» [1, в. 2], ки чолиб мебошад.

Дар рохи бозгашти отряди харбй аз деххахои Ревомутк ва Рогиф убур намуда, ба дехаи Х,адишахр мерасад, ки аз руйи навиштаи А. Л. Кун дар дехаи мазкур бо ахолии он русто сухбат намуда, менависад, ки «дар кишлокхои

Мастчох: Пастигав ва Х,адишахр ба ман гуфтанд, ки панч сол пеш дар замини хокбардорй, тиккахои сафолй ва як бути кучаки гов дар ин чо пайдо шуд ва як ёфтаи дигар дар дараи Фон дар наздики калъахои Сарвода, ба гуфтаи беки собики Урметан - Абдулгаффорбек, дар замини зери калъа, як кузаи кучак бо сиккахои нукрагини дорои зарби мусулмонй, пайдо шудааст» [1, в.2].

Шаркшинос А. Л. Кун ва муаллифи «Рузнома» дар аснои бозгашти отряди харбй маълумоти заруриро чамъоварй менамуданд. Аз руйи навиштаи ин шаркшинос маълум мешавад, ки хангоми бозгашти отряди харбй ахолии махаллй дарк мекунанд, ки хадафи ин отряди харбй мусбат буда, ба ахолии махаллй зараре намерасонад ва мардумони бумй дар рустохои мухталифи собик бекигарихои Мастчох ба пешвози онхо мебаромаданд.

Х,ангоми харакати отряди харбй А. Л. Кун аз рустохои дар масири рохи экспедитсия буда дидан намуда, бо мардумони онхо сухбат ва маълумоти заруриро ёддошт кардааст. Вале на хамавакт барои у муяссар шудааст, ки то одамони босаводро пайдо кунад, ки дар мавриди ходисоти таърихй, ривояту достонхоро ба таври дакик ба у накл кунанд. Тавре, ки менависад: «барои комилтар шудани матолиб, мехостам афсонахо, таронахо ва ривоятхоеро, ки шахсан тавассути бумиёни кухистон забт шуда буд, чамъоварй кунам, аммо ин кор хамеша имконпазир набуд. Замоне, ки гурухи мо ба самти болооби Зараф-шон харакат кард, ман муваффак шудам, ки афроди бумии бисёр камеро пайдо кунам, ки на танхо хондан, навиштан, балки хатто барои гуфтугу балад бошанд» [1, в. 3].

Х,ангоми бозгашти отряди А. К. Абрамов ба дехаи Оббурдон, рузхои 3-4 июни соли 1870 П. А. Аминов ба воситаи агбаи дехаи Дарг ба водии Ягноб ва бокимондаи дастаи харбй бо сардории А. К. Абрамов ба дехаи Варзиманор харакат намуданд.

Тибки маъмул, муаллифи «Рузнома» бештар дар бораи тарзи зиндагии мар-думони дехахои Фалгарзамин мухтасар маълумот медихад. П. А. Аминов менависад, ки «отяриди харбии мо 12 июн ба дехаи Варзи манор расид» [3, 64].

Сардори оряди харбй Кдлъаи бекро дар дехаи Варзи манор бо хамдастии мардумони махаллй ба хок яксон намуда, пас аз чанде маълум гардид, ки беки Х,исор вокеан мехостааст, ки касди монеи харакати отряди харбй ба самти Искандаркул шавад ва сокинон махаллиро ба ин кор тахрик кардааст. Бо ин хол, дасисахои у бехуда буд, зеро сокинон бо донистани тамом чузъиёти харакат аз тарики бекигарии Мастчох, далеле барои тарс аз чудой аз отряди харбии русй надоштанд. Х,исорихо муваффак ба шикастани Пули Мулло дар саросари дарёи Фондарё гардиданд, ки то хадде монеи харакати экпедитсияи харбй шуд. 12 июн сардори отряди харбй А. К. Абрамов ба самти калъаи бекигарии Фон - Сарвода харакат намуд [9, 485].

Х,айати отряди харбй ба самти маркази бекигарии Фон харакати худро идома дода, муаллифи «Рузнома» бошад, аз роххои пурхатари бекигарии Фон мегуяд, бахусус вакте ки хайати экспедитсия ба наздикии Пули Мулло мера-санд, у менависад, ки «хамаи сарбозон ва чамеи аскария пиёда шуда, кам-кам

борхоро дар пушт гирифта, як-як кадам монда, тарсида, ба Худои худ тавал-лову зорй карда, аз чони худ гузар карда, аз он рох худогуён ба чй азобу укубат борхои дар пушт бударо микдори понсад кадам хамин тарика рох рафта, ба чое гузоштем, ки он хам рохи борики андак бехтар аст. Бозгашт рафта, аспу хархоро як-як дошта, хама аспу хар аз тарси чон ларзида, як-як кадам монда, ба хазор азобу укубат гузаштем, ки вакти гузаштан аз он рох як асп бо хамрохии бораш фуруд рафт ва ба санг зад, ки устухонхояш гард-гард шуд ва борхояш дар хар шахи кух дармонда, нобуд шуд. Дар он чо хар кас ба холи худ саргардон шуда, ба холи дигаре назар накард» [8, 116-117].

Муаллифи «Рузнома» хабар медихад, ки хангоми харакати дастаи харбй дар бекигарии Фон, пулхо ва роххои харобгаштаи бекигарии мазкурро пешо-пеш таъмир намуда, харакати отряди харбиро мухайё менамуданд [8, 118]. Х,амин тарик, хайати отряди харбй аз роххои пурхатари дараи Фон гузашта, ба Пете мерасанд.

Тибки навиштаи муаллиф аз дехаи Варзиманор то дехаи Пете имконияти савора бо асп рафтан набуд. У менависад, ки «аз Варзиманор то мавзеи Пете дар чое асп савор нашуда, дам ба дам пиёда аспхоро ба даст гирифта, Худову хочам гуфта омадем. Дар он рох чойи ободй ва рохи васеъ аслан набудааст. Х,ама сангу шах ва ё рег ва пурхатар будааст, ки забон аз баёни он очиз аст» [8, 119].

А. К. Абрамов бо дастаи харбии худ озими Искандаркул шуда, муаллифи «Рузнома» тибки маъмул дар бораи дехахои Х,айронбед, Махшеват ва кухи Чонвархона, Хоча Исхоки Валй, Пагнаб, Тудахо, Оби Х,амбешуб маълумот додааст [8, 121].

Муаллиф дар бораи тулу арзи Искандаркул, табиат ва сарчашмахои он муфассал маълумот медихад.

Отряди харбй бо сардории А. К. Абрамов барои хадамоти кашшофй ба самти гузаргохи бекигарии Х,исор мераванд. Дар ин хусус манобеи муталлик ба ин давра хабар медиханд, ки «А. К. Абрамов аз Искандаркул ба воситаи дараи чанубй ба агбаи Х,исор рафт. Ин дара кулай аст, аммо агбаи он барфпуш, мушкил ва то 12 хазор фут (3657, 6 м) баландй аст. Ин агба ба дехаи ^аратог меравад, на ба Х,исор, ки дар Шарк бокй мондааст» [7, 42].

Х,айати отряди харбй се руз дар Искандаркул таваккуф намуда, сардори отряди харбй А.К. Абрамов ба акиб баргашта ва рузи дигар аз дехаи Сарвода бо 100 нафар аскарон ба самти дараи Ягноб харакат мекунад.

Беморй монеи харакати сардори отряди харбй А. К. Абрамов ба водии Ягноб мешавад ва у бошад бо бокимондаи дастаи харбй дар калъаи Сарвода мемонад [7, 41].

Муаллиф тибки маъмул дар бораи дехахои Такфон, Ремон, Пашинза, Чичикруд ва мазороти дехахои номбурда маълумот медихад [8, 140].

Х,ангоми харакати дастаи отряди харбй ба самти водии Ягноб ба дехаи Анзоб расида, шаб дар он чо хоб карда, «пагохии руз дидем, - менависад А.

Мустачир, ки зироатгохи он мардум бисёр будааст ва хамаи онхо дехкон будаанд» [8, 140-141].

Муаллифи «Рузнома» дар бораи пасту хамгашти роххо ва мазороти дараи Ягноб навишта, кайд мекунад, ки: «аз он чой гузашта, микдоре рохи баланду паст рафта, дохили кишлоки Маргеб шудем. Дидем, ки он кишлоки Маргеб дар ду чой будааст. Якеи он дар ин чониби об дар пастй ва якеи он дар он чониби об дар баландй» [8, 143].

Узви дигари экспедитсия П. А. Аминов менависад, ки «ба рустои Анзоб дар дараи Ягноб рафтем. Дар Анзоб гурух мутаваккиф шуд, аммо ман бо як «мехмон»-и филмбардор (топограф), ба самти болои рудхона фиристода шудам ва рузи баъд ба рустои Думзой расидам, ки он аз дараи Ягноб намоён буд. А. Л. Кун бо ман дар шиносоии Ягноб ширкат кард, ки барои омузиши забони яг-нобй чандин бумиро мутакоид кард, ки ба думболи у ба Самарканд бираванд» [4, 51].

Х,айате, ки дар он муаллифи «Рузнома» ва шаркшиноси рус А. Л. Кун будаанд, ру ба чониби дараи Ягноб намуданд ва П. А. Аминов дар бораи дехахои Маргиф, Хишортоб, Васровут, Маргтумайн, Вагензой, Шахсара, Думзой, Шавита, Хсакидарф, Нумиткон, Чукат, Пискон, Нови майн, Дехебаланд, Кирионте, Дехкалон, Навобод масофаи дурии онхо аз шахри Самарканд, ахолии он, шугли мардумони онхо ва гайрахо маълумот медихад [3, 76-77].

Дар «Рузнома» муаллиф дар бораи худудхои маъмурии бекигарии Ягноб навишта, кайд мекунад, ки «дидем вилояти Ягноб се сада дошта: садаи боло ва садаи миёна ва садаи поён» [8, 148] ва инчунин муаллифи «Рузнома» дар бораи тарзи зиндагии сокинони дехахои Ягноб маълумот медихад [8, 148-152].

Х,амин тарик хайати отярди харбй ба дараи Ягноб баромада, мувофики са-наи дар «Рузнома» буда, дар «23 июня 1870 г. Крепостда Сардбода близ сленя рекъ Ягнаубъ [рузи панчшанбеи 23 рабеъулаввали соли 1287]. Явми сешанбе, дахуми мохи рабеъуссонй1 [шанбеи 9 июли соли 1870] боз мегардад [8, 152].

Муаллифи «Рузнома» дар инъикоси баъзе ходисоти дар аснои харакати отряди харбй, ки аз чониби афсарон ва аскарони рус ба душворй муайян мешудаанд, пешдастй намуда, менависад, ки: «баъзе турахо гуфтанд, ки сари дарёи Фон аз Ягноб мебошад ва баъзе мегуянд, ки сари дарёи Фон Кули Искандар мебошад. Камина (яъне А. Мустачир) фикр карда, дар як чаккаи кух рафта нигох карда, мулохиза намудам, ки сари дарёи Фон Ч,ичик мебошад, аз он сабаб ки аз тавобеи худи Фон меояд. Аз хамин вачх, дарёи Фон дарёи Ч,ичик гуфта баён мекунам. Аз он сабаб дарёи Ч,ичик мегуянд, ки аз даруни кишлок гузашта меояд. Сари дарёи Ягноб аз вилояти дигар меомадааст ва он сари дарёи Фон намебошад. Х,амин тарика фикру хаёлу мулохиза карда навиштам. Як одам як хаёл дорад. Ман ин тарика хаёл кардам» [8, 155].

1 Муаллифи «Рузнома» иштибохан ба чойи мохи «рабеъулаввал», «рабеъуссонй» менависад, ки он баробар ба 9 июли соли 1870 буда, дар ин руз отряди харбй дар худуди бекигарии Киштуд карор доштааст.

Муаллифи «Рузнома» аз мукобилияти отряди харбй бо бекигарии Киштуд зикре мекунад. Х,ангоми аз Киштуд ба Панчакент рафтани русхо беки Мастчох

- Подшоххоча ба назди сардори отряди харбй А. К. Абрамов омада, аз у хохиш менамояд, ки уро зери химояи худ гирад.

Хулоса, натоичи илмии ин экспедитсия кашфи тамоми обхои болооби Зарафшон ва инчунин пиряххои табиии он ва абзори теъдоди зиёде аз гарданаву кулла ва тахияи накшаи дакик аз ин минтака, хаматарафа омухтани хаёти мардумони он буд. Аз натоичи илмии ин экспедитсия, гурухи донишмандон, ки дар он иштирок доштанд, гузориш ва маколот нашр намуданд, ки барои илм дастоварди наве буд, аз чумла, дар бораи забони ягнобй ва натичаи ин сафар буд, ки асари «Рузномаи сафари Искандаркул» ба вучуд омад.

«Рузнома» дар баробари вазифахои мушаххаси экспедитсия, асосан вазъи хаёти ичтимоиву иктисодй ва сиёсии ахолии болооби Зарафшонро нишон до-дааст. Аз ин ру, «Рузномаи сафари Искандаркул»-и Абдуррахмони Мустачир сарчашмаи мухимми таърихй барои омузиши хаёти ичтимой - иктисодии мар-думи болооби Зарафшон дар нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад.

АДАБИЁТ

1.Аз мукаддимаи «Дневник Искандаркульской экспедиции (рукопись)»//Архив Санкт-Петербургского отделения Института востоковедения РАН. - D 133 (609g).

2.Аминов П. А. Искендер - кульская экспедиция 1870 г./П. А. Аминов//Туркестанские Ведомости. - 1873. - №№ 13 ва 14. С. 50.

3.Аминов П. А. Военно-топографический очерк горной страны верховьев р. Зарафшана (с картою Кохистана и Шахрисябза)/П. А. Аминов//Материалы для статистики Туркестанского края: Ежегодник/Под ред. Н. А. Маева. Санкт-Петербург: Туркестанский стат. ком., 1874. С. 1105.

4.Известия из рекогносцировочных отрядов Ура-Тюбинского и Зеравшанского// Туркестанские ведомости. - 1870. - № 7. С. 41.

5.Известия из рекогносцировочных отрядов: Ура-тюбинского и Зеравшанского//Туркес-танский Ведомости. -1870. - №5. С.31; Извлечение из донесений о действиях в 1870 г. рекогносцировочных отрядов: Ура-Тюбинского и Зеравшанского//Русский Туркестан: Сб. изд. по поводу политехн. выст. [Заметки о производительности Туркестанского края по отношению к войскам, в нем расположенным; Приложение]//Под ред. В.Н.Троцкого. - СПб: типография товарищества «Общественная польза», по мойке, 5, 1872. - С.199-200.

6.Известия из рекогносцировочных отрядов: Ура - тюбинского и Зеравшанского//Туркес-танский ведомости. - 1870. - №5. - С.31.

7.Известия из рекогносцировочных отрядов: Ура - тюбинского и Зеравшанского//Туркес-танский Ведомости. - 1870. - № 7. С.42

8.Мустачир А. Рузномаи сафари Искандаркул [Х,озиркунандагони чоп ва муаллифони мукаддимаву тавзехот Аълохон Афсахзод ва Мирзо Муллоахмадов]/Абдурахмон М. -Душанбе: «Ирфон», 1989. - 176 с.

9.Терентьев М. А. История завоевания Средней Азии. С картами и планами. В 3 т. Т.3/ М. А. Терентьев. - СПб.: Типолитография В. В. Комарова, 1906. - 526 с.

10.0динаев А. Н. Социально-экономического положения верховьев Зеравшана во второй половине XIX-начале XX веков/А. Н. Одинаев//Вестник педагогического университета. - 2015.

- № 6-2(67). - С. 246-253.

11.Одинаев А. Н. Политическое положение верховьев Зеравшана и предпосылки Искан-деркульской экспедиции/А.Н.Одинаев//Вестник педагогического университета. - 2015. - № 6-1(67). - С. 250-256.

12.Одинаев А. Н. Отражение народных традиций в «Дневник Искандеркульской экспедиции» Абдуррахмана Мустаджира/А. Н. Одинаев//Вестник Таджикского национального университета. - 2015. - № 3-9. - С. 62-64.

13.Одинаев А. Н. Налоговая политика царизма и бедственное положение верховьев Зеравшана во второй половине XIX-начале ХХ вв/А. Н. Одинаев//Вестник педагогического университета. - 2017. - № 4(71). - С. 231-237.

14.Одинаев А. Н. Аграрная политика царской России в долине Зеравшана в конце XIX -начала XX/А. Н. Одинаев//Ученые записки Худжандского государственного университета им. академика Б. Гафурова. Серия гуманитарно-общественных наук. - 2018. - № 1(54). - С. 35-43.

15.Одинаев А. Н. «Дневник Искандеркульской экспедиции» Абдурахмона Мустаджира -как источник по истории верховьев Зеравшана второй половине Х1Х в/А. Н. Одинаев//Вестник педагогического университета. - 2019. - № 2(79). - С. 284-291.

ИНЪИКОСИ Ч.АРАЁНИ ЭКСПЕДИТСИЯИ ИСКАНДАРКУЛ ДАР «РУЗНОМАИ САФАРИ ИСКАНДАРКУЛ»-И А. МУСТАЧИР

Дар ин макола тибки маълумоти Абдуррахмони Мустачир чараёни экспедитсияи Искандаркул ба болооби Зарафшон баррасй шудааст. Муаллиф менависад, ки экспедитсияро аз ду отряд бо сардории генерал - майор А. К. Абрамов ва подполковник А. Р. Деннет ташкил намуда буданд. Дар натичаи экспедитсия бекигарихои Мастчох, Фалгар, Могиён, Киштуд, Фароб ба округи Зарафшон хамрох шуданд.

Ба гуфтаи муаллифи макола, яке аз дастовардхои илмии экспедитсия омузиши захирахои обии Зарафшон буд. Дар макола кайд карда мешавад, ки дар экспедитсия як гурух олимон низ иштирок намуда, гузоришу маколахое ба нашр расониданд, ки барои илм, аз чумла, дар мавриди забони ягнобй пажухиши нав буданд.

Х,амин тавр, дар «Рузнома»-и А. Мустачир рафти экспедитсия, инчунин вазъи ичтимоию иктисодй ва сиёсии мулкхои болооби Зарафшон муфассал инъикос ёфтааст. Ин асар барои омузиши хаёти ичтимоию иктисодии ахолии болооби Зарафшон дар нимаи дуюми асри XIX сарчашмаи мухимми таърихй мебошад.

iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.

Калидвожщо: «Рузномаи сафари Искандаркул», отряди уарбй, деуа, Самарканд, манбаи дарё, дараи Ягноб, щолии махаллй, шарцшиноси рус, Зарафшон, водии Зарафшон, сарчашма.

ОТРАЖЕНИЕ ИСКАНДАРКУЛЬСКОЙ ЭКСПЕДИЦИИ В «ДНЕВНИКЕ ПУТЕШЕСТВИЕ НА ИСКАНДЕРКУЛЬ» АБДУРРАХМАНА МУСТАДЖИРА

В статье на основе сведений Абдурахмана Мустаджира рассмотрены вопросы организации, процесса и результаты Искандаркульской экспедиции в Верховья Зарафшана. Автор пишет, что экспедиция выступила двумя отрядами во главе с генералом А. К. Абрамовым и подполковником А. Р. Деннета. В результате экспедиции к Зеравшанкскому округу были присоединены Мастчинское, Фалгарское Магианскоое, Киштутское, Фарабское горные владения.

По мнению автора статьи, одним из научных достижений экспедиции стало изучение водных ресурсов Зарафшана. В статье отмечено, что в составе экспедиции участвовала группа ученых, они опубликовали отчеты и статьи, явившиеся новым достижением для науки, в том числе по ягнобскому языку.

Таким образом, в «Дневнике» А. Мустаджира подробно отражены ход экспедиции, а также социально-экономическое и политическое положение населения Верховьев Зарафшана.

Поэтому его работа является важным историческим источником для изучения социально-экономической жизни населения верхнего Зарафшана во второй половине XIX века.

Ключевые слова: «Дневник Искандеркульской экспедиции», военный отряд, село, Самарканд, исток реки, Ягнобское ущелье, местное население, русский востоковед, Зеравшан, Зеравшанская долина, источник.

REFLECTION OF THE PROGRESS OF THE ISKANDARKUL EXPEDITION IN THE «DIARY OF THE ISKANDARKUL EXPEDITION» ABDURAHMON MUSTAJIR

In the article, based on the information of Abdurakhman Mustajir, the organization, course and results of the Iskandarkul expedition to the Upper Zeravshan are considered. The author writes that the expedition was made by two detachments led by General A.K. Abramov and Lieutenant Colonel A.R. Dennett. As a result of the expedition, the Maschinsky, Falgarsky Magiansky, Kishtutsky, Farabsky mountain possessions were annexed to the Russian Empire.

According to the author of the article, one of the scientific achievements of the expedition was the study of the water resources of Zarafshan. The article appropriately notes that a group of scientists participated in the expedition, they published reports and articles that were a new achievement for science, including in the Yaghnobi language.

Thus, the «Diary» of A. Mustajir reflects in detail the course of the expedition, as well as the socio-economic and political situation of the population of the Upper Zaravshan. Therefore, his work is an important historical source for studying the socio-economic life of the population of the upper Zarafshan in the second half of the 19thcentury.

Key words: «Diary of the Iskanderkul Expedition», military detachment, village, Samarkand, source of the river, Yagnob gorge, local population, Russian orientalist, Zeravshan, Zeravshan valley, source.

Маълумот дар бораи муаллиф: Одинаев Абдумавлон Назирович - ходими хурди илмии шуъбаи таърихи цадим, асруои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиноси ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, E-mail.: abdumavlon1987@gmail.com

Сведение об авторе: Одинаев Абдумавлон Назирович - младший научный сотрудник отдела древней, средневековой и новой истории Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша, НАНТ, E-mail.: abdumavlon 1987@gmail.com.

Information about the author: Odinaev Abdumavlon Nazirovich - Junior Researcher of the Department of Ancient, Medieval and Modern History of the Institute of History, Archeology and Ethnology. A. Donisha, National Academy of Sciences of Tajikistan, E-mail.: abdumavlon 1987@gmail. com

♦-♦

УДК - 90 (575.3)

ИСТОРИОГРАФИЯ ПОЛИТИЧЕСКОЙ И СОЦИАЛЬНО -ЭКОНОМИЧЕСКОЙ ИСТОРИИ ДРЕВНЕГО ПАМИРА

ПИРУМШОЕВ М. Х.

Российско - Таджикского (Славянского) университета

Археологические материалы и письменные источники убедительно свидетельствуют о том, что главными жизнеобеспечивающими занятиями древних жителей Памира и Бадахшана в основном являлись земледелие, скотоводство и ремесла. Обнаруженные отдельные предметы так же свидельствуют о сущест-вовавщих торговых связях с соседними и дальними странами.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.