Научная статья на тему 'МОРАЛЬНОЕ ОГРАНИЧЕНИЕ ТАДЖИКОВ В ПЕРИОД НАЦИОНАЛЬНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОГО РАЗМЕЖЕВАНИЯ СРЕДНЕЙ АЗИИ'

МОРАЛЬНОЕ ОГРАНИЧЕНИЕ ТАДЖИКОВ В ПЕРИОД НАЦИОНАЛЬНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОГО РАЗМЕЖЕВАНИЯ СРЕДНЕЙ АЗИИ Текст научной статьи по специальности «История и археология»

CC BY
82
22
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАЦИОНАЛЬНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОЕ РАЗМЕЖЕВАНИЕ / НАЦИОНАЛЬНОЕ САМООПРЕДЕЛЕНИЕ / СРЕДНЯЯ АЗИЯ / ТАДЖИКИ / УЗБЕКИ / ТУРКМЕНЫ / РЕСПУБЛИКА ТУРКЕСТАН / РЕСПУБЛИКА БУХАРА / СОВЕТСКАЯ ВЛАСТЬ / КОММУНИСТИЧЕСКАЯ ПАРТИЯ (БОЛЬШЕВИКОВ) / В.И. ЛЕНИН / Ф. ХОДЖАЕВ / А. РАХИМБОЕВ / А. ФИТРАТ / А. ХОДЖИБАЕВ / ТАДЖИКСКАЯ КОМИССИЯ

Аннотация научной статьи по истории и археологии, автор научной работы — Хотамов Намоз Басарович

В 1924 году в Средней Азии было проведено национально-территориальное размеживание. Оно была проведено на основе требования программы партии большевиков России, которая была составлена В.И. Лениным для построения социалистического общества. На этом основании требовали, чтобы вместо существуюших республик: Туркестана, Бухары и Хорезма, которые не отражали название ни одной нации, образовать национальные республики. Первоначально предлогались союзные республики Туркменистан, Узбекистан, в состав последнего автономная область Таджикистан. Однако, в тот судьбоносный период почти всё руководство Туркестанской и Бухарской республик, среди которых было немало таджиков по происхождению, но заразивщихся пантюркизмом, отрицали существование таджиков как нации. Поэтому для ограничения положения таджиков они использовали всяческие способы, от чего от этого национально-территориального размеживания больше всего пострадали таджики.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

MORAL RESTRICTION OF TAJIKS DURING THE PERIOD OF NATIONAL-TERRITORIAL DELIMITATION OF CENTRAL ASIA

In 1924, there was a national-territorial demarcation in Central Asia. It was carried out on the basis of the requirements of the program of the Bolshevik Party of Russia, which was compiled by V.I. Lenin, for the construction of a socialist society. On this basis, they demanded that instead of being republics: Turkest, Bukhara and Khorezm, which did not reflect the name of any nation, to form national republics. Initially, the allied republics of Turkmenistan and Uzbekistan wereproposed, as part of the latter, the autonomous region of Tajikistan. However, in that fateful period, almost all the leadership of the Turkestan and Bukhara republics, among which were quite a few Tajiks by origin, but infected with Pan-Turkism, denied the existence of Tajiks. Therefore, they used all sorts of methods to restrict the provisions of the Tajiks. That is why Tajiks suffered more from this national-territorial delimitation.

Текст научной работы на тему «МОРАЛЬНОЕ ОГРАНИЧЕНИЕ ТАДЖИКОВ В ПЕРИОД НАЦИОНАЛЬНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОГО РАЗМЕЖЕВАНИЯ СРЕДНЕЙ АЗИИ»

- муаррих-историк-historian -

Шарцй, империализми цауонй, пантуркизм, панисломизм, Туркистон, Цумуурии Халции Шуравии Бухоро, сиёсати нави иктисоди, сиёсати «Коммунизми уарби» азхудкунии зиёдати, Армияи Сурх, комитетуои револютсиони, советуо.

Information about the author:

Akramov Murtazo Inomovich - candidate of Historical Sciences, researcher of the Institute history, archeology and ethnography named after A. Donish of the National Academy of Sciences of Tajikistan. Phone: (+992) 907144365. E-mail: akramov. murtazo @mail. ru.

Сведения об авторе:

Акрамов Муртазо Иномович - кандидат исторических наук, научный сотрудник Института истории, археологии и этнографии им. А. Дониша Национальной академии наук Таджикистана. Телефон: (+992) 907144365. E-mail: E-mail: akramov. murtazo @mail. ru

УДК 9 (575)

МАХДУДИЯТИ МАЪНАВИИ ТО^ИКОН ХАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАЦСИМОТИ ХУДУДИ МИЛЛЙ ДАР

ОСИЁИ МИЁНА6

ХОТАМОВ Н. Б., Институты таърих, бостоншиносй ва мардумшиносии ба номи А.

Дониш

Баъди бунёди низоми Шуравй дар сарзамини Осиёи Миёна се чумхурй: Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон (дар хайати Федератсияи Россия), чумхурихои мустакили халции Шуравии Бухоро ва Хоразм вучуд доштанд. Чумхурии Туркистон ба воситаи Федератсияи Россия ба хдйати ИШИС дохил мешуд. Чумхурихои Бухоро ва Хоразм ба он шомил набуданд. Дар чумхурихои Осиёи Миёна хам, чун дар Россия, Хизби коммунистй ягона хизби хукмрон ба хисоб мерафт. Максаду мароми хамаи ин хизбхо, чун Хизби коммунистии (болшевикии) Россия, бунёди чамъияти сотсиалистй буд.

Барои сохтмони чамъияти сотсиалистй дар шароити Осиёи Миёна пеш аз хама хал намудани масъалаи миллй зарур шуморида мешуд. Халли масъалаи миллй бошад, чуноне асосгузори Хизби болшевикии Россия ва сарвари Хокимияти Шуравй Владимир Илич Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба хамаи миллатхои собик мазлуми империяи Россия додани хукуки худмуайянкунии миллй, то ин ки онхо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба хисоб мерафт [4, 349].

6 Макола дар асоси лоихаи «Таърихи халки точик» (Точикистон дар давраи Шуравй), раками кайди давлатй 0121TJ1200 навишта шудааст.

Чумхурихои Туркистон, Бухоро ва Хоразм дар навбати худ чумхурихои миллй набуда, балки чумхурихои сермиллат ба шумор мерафтанд. Аниктараш номи онхо ифодакунандаи номи ягон миллате набуд. Чунончи: дар худуди Чумхурии Туркистон - узбекхо, точикхо, киргизхо, туркманхо, казокхо; дар Чумхурии Бухоро - точикхо, узбекхо, туркманхо; дар Чумхурии Хоразм-узбекхо, туркманхо ва гайра асрхо боз зиндагй карда, талхию ширинии замонро бо хам чашидаанд. Аммо бо сабаби он ки хамаи он халкхо зинаи тараккиёти чамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онхо хануз то ба дарачаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии точикон нисбатан ба дарачаи паст буд.

Яъне, он солхо точиконро бештар на аз руйи миллат ва хатто забон, балки аз руйи махал: бухорой, самаркандй, хучандй, намангонй, фаргонагй, тошкандй, кулобй, каротегинй, хисорй, кухистонй ва гайра фарк мекарданд. Мардуми туркнажод бошанд хануз нишонахои кавмй-кабилавиро ба монанди: лакайхо, кунгуротхо, барлосхо, мангитх,о, карлугхо, кенагасхо, галдирхо ва гайра нигох медоштанд. Х,амаи онхо мафхуми «миллат»-ро мансубият ба дин медонистанд [9,312-313].

Бо хамин сабабхо дар худуди Осиёи Миёна ва хатто берун аз он хам то ба ин давр намояндагони точикон ва узбекхо хеч гох масъалаи бунёди давлатдории миллии худро нагузоштаанд. Баръакс, дар байни онхо андешахои: «истиклолияти Туркистон», «аз нав баркарор намудани хонигарии ^уканд», «истиклолияти хакикии Бухоро» ва гайрахо вучуд доштанд. Дар замони мустамликавй дар харакатхои миллию озодихохонаи халкхои точику узбек махз хамин майлонхоро пай бурдан мумкин аст.

Х,амин тавр, ба миён омадани масъалаи бунёди давлатдории миллии точикон ва узбекхо натичаи талаби худи ин халкхо набуда, балки натичаи сиёсати миллии Х,изби коммунистии (болшевикии) Россия ба хисоб меравад. Дар Осиёи Миёна махз бо талабу дархости онхо, инчунин бо максади тезонидани сохтмони чамъияти сотсиалистй, масъалаи таксимоти худуди миллй ба миён гузошта шуд. Х,изби коммунистии чумхурихои Осиёи Миёна бошанд, оид ба ин масъала, асосан ичрокунандагони дастур ва талабу дархостхои сарварони ^изби коммунистии (болшевикии) Россия, Х,окимияти Шуравй ва фиристодагони онхо буданд. Махз онхо муайян мекарданд, ки дар ин сарзамин кадом халкхо мукимй мебошанду кадоме хукуки ташкили чумхурии миллии худро доранд.

Аз чумла, 8 марти соли 1920 Кумитаи Марказии ХК(б) Россия «Низомнома дар бораи мухторияти Туркистон»-ро кабул кард, ки мувофики он ахолии асосии ин чумхурй танхо туркманхо, узбекхо ва киргизхо хисоб шуда, точикон, ба тарзи умумй, ба хайати миллатхои хурд дохил гардиданд. Ё худ, дар радиограммаи котиби Кумитаи Ичроияи Марказии (КИМ) Федератсияи Россия Н.Н. Крестинский ба номи сарварони Турккомиссия ва КИМ Туркистон (соли 1920) низ гуфта мешуд: «Туркистон хамчун чумхурии мухтор шинохта мешавад ва мардуми асосии он: туркманхо, узбекхо ва киргизхо мебошанд»

[9,314-315].

В.И. Ленин низ бa мacъaлaи тaкcимоти худуди миллии Оcиëи Миëнa шaхcaн дaхолaт нaмyдa, хaнyз 13 июни соли 1920 дap адйдхои хеш дap лоихaи адрори КМ оид бa вaзифaхои ХК(б) Россия дap Туркистон, зapypияти тapтиб додaни хapитaи тави Туркистонро «бо тaкcим нaмyдaн бa Узбекия, Киргизия Ba Туркмения» тaъкид кapдa, тaвcия нaмyд, ки мaхcycaн шapтхои мyттaхидшaвй ë худ чyдошaвии ин се кисмро aß xap чихaт омyзaнд [5, 29-30]. Инчунин мувофи^и яке ae мaктyбхои КМ ХК(б) Русия ae 12 aBrycra соли 1920 хaмaи тaшкилоти Х,изби коммунистии Туркистонро тaъкид шyдaacт, ки «млкхои мукимии Туркистон узбекхо, киргизх,о Ba тypкмaнхо бa хисоб меpaвaнд. Х,окимияти Шypaвй бояд бa оммaи мехтатгаши ин хaлкхо тaкя кутад». Äкcapи aмaлдоpони хизбию шypaвии мapкaз, дap aввaл Федеpaтcияи Россия Ba бaъд Иттифок, ки дap Остеи Миëнa бо гyзapонидaни cиëcaти миллй кордор бyдaнд, мaхз дap хдмин гyнa мaвкеъ меиcтодaнд [9,315].

Х,еч чойи шyбхa нест, ки дap доиpaи cиëcaтмaдоpони чумхурихои Оcиëи Мтета ae бyнëди низоми Шypaвй aкидaи тypкгapой (пaнтypкизм) хyкмфapмо буд. Фочиaовap он acт, ки дap он солхо нa тaнхо ae чyмлaи нaмояндaгони хaлкхои тypкзaбони ин кишвap, бaлки ae чyмлaи точикон низ биcëpе бa хомтен Ba мyбaллиFOни ин aкидa тaбдил ëфтaaнд.

Дap зaмони мaвчyдияти чумхурихои Туркистону Бухоро яке ae caмтхои acоcии мyбоpизaи тypкгapоëн бa мукобили эътирофи мaвчyдияти точикон paвонa гapдидa буд. Бинобap ин, дap ин чумхурихо бе ягон лaFЗиш мaхз мaвчyдияти точикон чун миллaт Ba ë худ хaлкияти мycтaкил инкор кapдa мешуд. Äндешaи Faйpиилмии «acлaн тypкнaжод бyдaни точикон» ryë дapëфтхои нaви «илмй» бa хисоб меpaфт. Чунончи, пyшидa нест, ки яке aз шaхcони acоcии дap мaъpaкaи мapзбaндии худуди миллии Оcиëи Миëнa aз aввaл то бa охир фaъолонa шир^т вapзидa Фaйзyлло Хочaев-paиcи Шурои нозирони хaлкии ЧХШ Бухоро мебошaд. Вaй бyнëдгyзоpи Х,изби чaвонбyхоpиëни инкилобчй (aввaли соли 1920) Ba яке aз фaъолони capнaгyн cохтaни низоми aмиpии Бухоро бa хисоб меpaвaд. Мaхз y бapномaи хизби бyнëдкapдaaшpо тapтиб додaacт, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси он хизб мaъкyл шуморид.

Инчунин дap мyкaддимaи он бapномa чунин тaъкид мешaвaд: «кaбилaхои туркиро, aз чyмлa: кетагасхо, мaнFитхо, узбекхо, тypкмaнхо Ba точикхо, ки acpхо боз дap capзaмини Бухоро зиндaгй мекyнaнд», тaшкил медихaнд [9,316]. Яъне, он лaхзa та тaнхо Фaйзyлло Хочaев, бaлки дигар capBapy aъзои хyкyмaти чи Бухоро Ba чи Туркистон aкcapaн aкидaи ягонa доштaнд, ки «точикон acлaн тypкaнд». Дap ин acоc бaъзеaшон тaвcия мекapдaнд, ки «точиконро бояд бa acn-мaнcyбияти турк бapгapдонем». Минбaъд Ф. Хочaев, ки capвapи X,yкyмaти Чумхурии Бухоро гapдид, бо хaмфикpонaш бapои турк гapдонидaни точикон тaмоми имкониятхоро фapохaм овapд. Худи Ф. Хочaев яке aз он точиконе буд, ки aз мaнcyбияти миллии худ дacт кaшидa, capaввaл бa тypкгapои aшaддй Ba ситас бa yзбекгapои чaнговap тaбдил ëфтaacт.

Дар чумхурихои Tуркистон ва Буxоро манфиати иктисодии тамоми мардуми мехнатй, чи точикон ва чи yзбекону туркманхою киргизхо хама баробар ифода мешуд. Яъне, дар ин чода вазъи точикон аз дигарон фарке надошт. Вале оид ба ифодаи манфиати маънавии онхо, ки натичаи сиëсати миллии сарварони чумхурй мебошад, дар хакикат хам стесати нодурусти махдудкунй, маxсусан нисбат ба забони форсии точикй ва ба инобат гирифтани шумораи точикон чой дошт.

Баъди баркарор гардидани низоми Шуравй дар кишвари Tуркистон, дар каламрави он забони форсии точикй макоми пештараи xудро пурра аз даст дод. Мувофики карори Кумитаи Ичроияи Марказии Чумхурии Tуркистон аз 14 июли соли 1918 дар ин сарзамин, дар катори забони русй, забонхои yзбекй ва киргизй (дар асл казокй) забони давлатй эълон гардиданд. Аз соли 1923 хуччатнигорй дар ин кишвар, дар баробари забони русй, боз ба се забон: yзбекй, киргизй ва туркманй бурда мешуд [5, 16:6,32].

Дар натичаи нисбат ба точикон стесати нодурустро пеш гирифтани рохбарони чумхурй, ин xалки кадимтарини кишвар охиста-охиста хатто аз имкониятхои ночизи дар аввал ба даст даровардааш хам махрум гардид. Аз чумла, нашри ягона мачаллаи форсии точикй-«Шуълаи инкилоб», ки чун органи хафтаинаи вилоятии ХК(б) Tуркистон дар Самарканд аз 10 апрели соли 1919 нашр мегардид, мохи декабри соли 1921 катъ гардид. Сахифаи точикии дигар рyзномахо хам махдуд гардида охиста-охиста аз байн рафтанд.

Соли 1920 ^онуни асосии (Конститутсияи) Чумхурии Tуркистон тасдик гардид, ки дар он чун «мардуми мукимии» кишвар факат киргизхо, yзбекхо ва туркманхо эътироф мегардиданд. Аз ин хуччати мухимми Чумхурии Tуркистон точикон, ки аз чумлаи мардуми кадимтарини кишвар ба хисоб мераванд, берун монданд.

Дар чумхурихои Осиëи Мтена, дар солхои аввали бунëди низоми Шуравй масъалаи мураккабтарин ин масъалаи кадрхои рохбарикунанда ва маxсусан масъалаи мавкеи онхо нисбат ба масъалаи миллй, аниктараш оид ба такдири ин ва ë он миллат буд. Ин маънои онро надорад, ки дар хайати кадрхои рохбарикунандаи чумхурихои Остеи Миëна намояндагони на хамаи миллатхо буданд. Аз чумла, дар байни онхо шаxсони баромадашон аслан точик кам набуданд. Вале фочиаовар он аст, ки теъдоди зтеди он точикони сохиби мансабшуда, дар натичаи таъсири акидахои туркгарой, дар хамон лахзаи халкунандаи такдири миллат, на танхо манфиати точиконро умуман ифода накарданд, балки хатто точик будани xудро низ инкор мекарданд.

Барои мисол чунин мавкеъро мо дар фаъолияти Абдулло Рахимбоев (18961938) дида метавонем. У солхои 1919-1920 котиби Кумитаи хизбии уезди Хучанд, раиси Кумитаи хизбии вилояти Самарканд, солхои 1920-1923 раиси КИМ Чумхурии Tуркистон, котиби КМ ХК(б) Tуркистон, узви коллегияи Комиссариати xалкй оид ба корхои миллатхои Федератсияи Россия, солхои 1923-1924 котиби КМ ХК Буxоро ва котиби дуюми КМ ХК(б) Tуркистон буд. Яъне дар халли масъалаи миллй вай аз хисоби кадрхои миллй аз чумлаи

аввалинхо ба шумор мерафт. Магар у намедонист, ки дар Хучанд, Самарканд, Бухоро ва дигар шахрхо точикон аксариятро ташкил мекунанд? Албатта медонист! Вале инкор мекард. Дар он солхои халкунандаи такдири халкхои Осиёи Миёна, у хатто миллати худро «узбек» ба калам медод [6, 52-53].

Дар каламрави Бухоро аз замони давлатдории Сомониён то бунёди низоми Шуравй забони илму маърифат асосан забони форсии точикй буд. 11 марти соли 1921 Шурои нозирони халкии Чумхурии Бухоро, бо ташаббуси сарвари он Файзулло Хочаев, дар каламрави чумхурй бо тарзи расмй забони туркиро забони давлатй эълон кард [3,249]. Баъд аз ин забони форсии точикй дар сарзамини чумхурй як муддат ба хайси забони мадрасаю мактабхо бокй монд. Зеро, мутасаддиёни чумхурй имконияти якбора таълимро аввал ба забони туркй, баъд ба забони узбекй гузарониданро надоштанд. Вале онхо маъракаи аввал ба туркй, баъд ба узбекй фарогирии тахсилро махсусан дар мактабхои нав, ки Шуравй меномиданд, огоз карда буданд.

Холати инкор намудан, ё худ акалан аз будашон хеле кам нишон додани точиконро дар мавкеи сарварони Чумхурии Бухоро низ дида метавонем. Чунончи, мохи майи соли 1921 собик раиси КМ ХК Бухоро Начиб Хусаинов (тотор) ба вориси худ, сарвари хамонвактаи коммунистони Бухоро Олимчон Окчурин (тотор), ба забони туркй, бо хуруфоти арабй навиштааст: «бояд ба он муваффак шуд, ки бештар аз нисфи ахолии Бухороро узбекхо, кисми хурдро туркманхо, баъдан эронихою яхудиён ташкил бидиханд» [9,320].

Дар хайати рохбарияти Чумхурии Бухоро низ точикон буданд. Мувофики маълумоти 20 октябри соли 1920 хатто дар хуччатхои расмии хайати хукуматй се нафар точикон ба кайд гирифта шудаанд, ки ду нафарашон дар трибунали харбии инкилобй ва як нафар (Аббос Алиев) дар нозирони маориф адои вазифа доштанд. Вале амалан дар хайати Хукумати Чумхурии Бухоро точикони мансабдори аввал турк ва баъд узбек гардида хеле бисёр буданд. Ба ин, дар катори Файзулло Хочаев мавкеи Абдурауф Фитрат (1886-1937), Абдукодир Мухиддинов (1892-1938), Ахмадбек Мавлонбеков (1897-1937) ва дигарон мисол шуда метавонад.

Аз чумла, Абдурауф Фитрат дар Чумхурии Бухоро соли 1921 нозири маориф, соли 1922 чонишини раиси Шурои нозирони халк буд. Вале у туркгарои ашаддй ба хисоб мерафт.Мувофики баъзе маълумот махз бо ташаббуси у дар идорааш барои ба забони форсии точикй сухан гуфтан чарима чорй карда шуд. Дар замони нозири маориф будани вай шумораи мактабхои туркй аз хисоби мактабхои точикй хеле афзуд.

Абдукодир Мухиддинов аз сентябри соли 1920 раиси Кумитаи инкилобии Бухоро, аз мохи сентябри соли 1921 раиси КИМ Чумхурии Бухоро, баъд раиси Шурои иктисодии чумхурй гардид. У низ то соли 1924 худро «узбек» мехисобид. Вай баъдтар хатогии худро фахмида, барои баркароркунии адолат нисбат ба точикон чонбозихои зиёд кард. Вале аллакай дер шуда буд. Нихоят худаш хам курбони беадолатй гардид. Ахмадбек Мавлонбеков солхои 19231924 котиби масъул ва котиби КМ ХК Бухоро буд. Яъне у низ метавонист

пеши рохи беадолатихои нисбат ба точикон содиршудаистодаро гирад. Вале у хам точик будани худро эътироф намекард. Ин гуна далелхо ва мисолхо хеле бисёранд [10, 366].

Хангоми интихобу чобачогузории кадрхои рохбарикунандаи махаллй, чи дар Чумхурии Туркистон ва чи дар чумхурихои халкии Бухорову Хоразм, на ин ки лаёкати кордонию коршоямй, балки бештар мансубияти синфй ва миллиро ба эътибор мегирифтанд. Махсусан сарварони Чумхурии Халкии Шуравии Бухоро баъди махви игвои Анварпошшо (мохи августи соли 1922) аз мавкеи туркгароии чанговар ба узбекгароии ашаддй табдил ёфтанд. Онхо дар аввал точиконро барои турк шудан мачбур карда бошанд, баъди махви Анварпошшо тахдид мекарданд, ки узбек бошанд. Дар мавкеи узбекгаро будани сарварони чумхурии Бухорову Хоразм ва аз тарафи онхо махдуд намудани хукуки туркманхо ва киргизхо хатто дар карори Анчумани XII ХК (б) Россия (мохи апрели соли 1923) кайд шудааст.

Солхои 1917-1924 дар сахифахои матбуоти чи Осиёи Миёна ва чй марказии Россия оид ба точикон кариб чизе чоп намешуд. Агар ба ногох чунин маколахо чоп шаванд хам, бештари онхо гаразнок буда, баъзан точикон ва забони форсии точикиро руйрост тахкир мекарданд. Чунончи, 2 январи соли 1924 дар рузномаи «Туркистон», ки дар Тошкент ба забони узбекй нашр мегардид, маколае бо номи «Дар диёри точикон» чоп шуд. Дар он макола таъкид мешуд, ки хохиши истифодаи забони точикй «аз як чихат хохиши аз хаёт чудо шуданро дорад, зеро равиши таърих мукобили он аст, аз чихати дигар, кабули он маънои кабули забони бефоида ва зиёдатиро дорад». Бинобар ин, муаллифи он макола руйрост таъкид кардааст, ки «барои точикон зарур аст, ки забони махсуси точикиро нигох надошта, хар чй зудтар ба забони узбекй гузаранд, зеро рохи равиши ичтимой аллакай такдири онхоро хал намудааст» [2, 4: 5, 17; 6, 33].

Анчумани XII ХК(б) Россия (мохи апрели соли 1923), ки масъалаи миллиро мухокима карда буд, дар навбати худ диккати сарварони Хизби коммунистии чумхурихои Осиёи Миёнаро низ ба халли ин масъала чалб намуд. Вале зарур шуморида шуд, ки огози ин маъракаро на хамчун нишондоди марказ, балки чун ташаббуси худи халк ба миён гузоранд. Дар натича баъди анчуман аллакай аз номи ташкилоти хизбии ХК(б) Туркистон ба номи КМ ХК(б) Россия оид ба Осиёи Миёна ташкил додани чумхурихои нави миллй фикру дархостхо фиристода шуданд.

31 январи соли 1924 дар мачлиси Бюрои ташкилии КМ ХК(б) Россия аввалин бор масъалаи чумхурихои нави миллии Осиёи Миёна мухокима гардид. Дар ин мачлис раиси бюрои Осиёи Миёнагии КМ ХК(б) Россия Я.А. Рудзутакро вазифадор намуданд, ки хангоми дар Осиёи Миёна будан масъаларо бо чалб намудани ходимони масъули чумхурихои Туркистон, Бухоро ва Хоразм аз хар чихат санчида барояд.

25 феврали соли 1924 пленуми васеи КМ ХК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шурои нозирони халкии Чумхурии Бухоро Ф. Хочаев аз руйи

мacъaлaи «Дap боpaи aз руйи нишонaхои миллй бa чумхурихо тaкcим нaмyдaни Оcиëи Мтетаи Шypaвй» мaъpyзa кapд. Дap мaъpyзa Ba кapоpи пленум тaкcимоти худуди миллии Оcиëи Миëнa Ba тaшкили чумхурихои нaви миллй мyвофики мaкcaд дониcтa шуд.Пешниход шуд, ки дap acоcи чумхурии Бухоро Ba бa он хaмpох нaмyдaни Чумхурии Хоpaзм (бa чуз вилояти Тaшayз, ки aхолиaш acоcaн тypкмaнхо мебошaнд), вилоятхои ФapFOнa, Сaмapкaнд Ba Сиpдapëи Чумхурии Туркистон-Чумхурии Иттифокии Шypaвии Сотcиaлиcтии Узбекистон тaшкил кapдa шaвaд. Оид бa точикон бошaд он пленум тaвcия нaмyд, ки «aз хисоби Мacтчох Ba ^ротегину Fapм вилояти мухтори Точикистонро бyнëд кyнaнд Ba он бояд дap хaйaти Чумхурии Узбекистон бошaд» [5,31]. Бояд тaъкид тамуд, ки ин aввaлин пешниходот оид бa тaшкил нaмyдaни вилояти мухтори точикон, вaле фaкaт дap нохияхои кухй мебошaд.

10 мapти соли 1924 мaчлиcи aъзои Бюрои Оcиëимиëнaгии КМ Х,К(б) Россия бо иштироки aъзо Ba номзaдхои КМ ХК Туркистон Ba Рaëcaти КИМ Туркистон бapпо гapдид. Дap он Ä. Рaхимбоев, чун котиби КМ ХК Туркистон Ba yзви бюрои Оcиëимиëнaгии КМ ХК(б) Россия бapомaд кapдa, тaъкид нaмyд, ки «Оcиëи Мтета aз руйи хaйaти миллй мaмлaкaте мебошaд, ки дap он aкcapиятpо узбекхо, киpFизхо Ba тypкмaнхо, бaъд бaъзе хaлкиятхои мaйдa тaшкил мекутанд» [5,31; 6,49].

5 aпpели соли 1924 Бюрои с^сии КМ ХК(б) Русия дap мaчлиcи худ мaъpyзaи котиби КМ ХК Туркистон Ba yзви Бюрои Оcиëимиëнaгии КМ ХК(б) Русия Ä. Рaхимбоевpо «Дap боpaи Туркистон, Бухоро Ba Хоpaзм ^ap боpaи тaшкили чумхурихои миллй)» шyнидa, мyхокимa нaмyд. Дap он КМ ХК(б) Россия фикру aндешaхо оид бa тaкcимоти худуди миллии чумхурихои Остеи Миëнa пешниход гapдидapо мaъкyл шyмоpидa, хaлли онро то охири мохи мaйи хaмон сол мaвкyф гузошт [5, 31:6,49].

28 aпpели соли 1924 мaчлиcи якчояи Бюрои Ос^имте^™ Ba Бюрои ичрояи КМ ХК Туркистон бapпо гapдид. Он оид бa тaкcимоти худуди миллии чумхурихои Осдаи Миëнa кapоpхои дaхлдоp кaбyл кapд. Дap он тaкcимоти худуди миллиро дap шapоити хaмонвaктa зapyp Ba мyвофики мaкcaд шyмоpидa шуд. Инчунин пешниход гapдид, ки фикру aндешaхоpо оид бa ин мacъaлa бa Комиссияи мapкaзии тaкcимоти худуди миллй cyпоpaнд. Бa хaйaти он комиссия Ä. Рaхимбоев, К. Атобоев, Ф. Хочaев, Одинaев, Т. Риcкyлов, Äбдypaхмонов, К. Пyлодов Ba дигарон дохил шyдaнд. Комиссия дap нaвбaти худ вaзифaдоp кapдa шуд, ки то 10 мaй омузиши мacъaлapо aнчом додa, фикру aндешaхои худро бa Бюрои Оcиëи-миëнaгй cyпоpaд. Дap кaтоpи комиссияи умумй ë худ мapкaзй, инчунин комиссияхои хурди миллй низ тaшкил додaнд. Ин комиссияхо aввaли мохи мaй дap мaчлиcи нaхycтини худ чaмъ омaдaнд. Минбaъд aндешaхои ин комиссияхои хурди миллй оид бa чумхурихои нaви миллй Ba вилоятхои мухтор бо нaзapдошти худуди онхо бa Комиссияи мapкaзй пешкaш гapдидaнд [3, 360].

10 мaйи соли 1924 чaлacaи комиссияи узбекии бюрои Оcиëмиëнaгй, бо capвapии Ä. Рaхимбоев бapпо гардид. Мaхз дap ин чaлaca адрор кaбyл кapдa

шуд, ки дар хайати Чумхурии Узбекистон вилояти мухтори Точикистон ташкил карда шавад ва ба хайати он Помир (Кухистони Бадахшон), нохияхои Мастчохи вилояти Самарканд, Гарм, Дарвоз ва Кулоби Чумхурии Бухоро шомил гарданд [3,360].

11 майи соли 1924 бюрои Осиёимиёнагй дар мачлиси худ маърузаи Комиссияи марказиро оид ба таксимоти худуди миллй шунида, бори дигар зарурияти онро таъкид кард. Бюро пешниход кард, ки Узбекистон ва Туркманистон чун чумхурихои иттифокй ташкил карда шаванд ва онхо хамчун чумхурихои шуравии сотсиалистй бевосита ба хайати ИЧШС (СССР) дохил гарданд. Инчунин пешниход намуд, ки вилояти мухтори Точикистон дар хайати Чумхурии Узбекистон ташкил ёбад.

Бюрои Осиёимиёнагй ба Комиссияи марказии таксимот тавсия намуд, ки хангоми тайёрии масъала барои хар вохиди алохида нишонахои зеринро ба инобат гиранд: алокаи иктисодй; сархади тахминии миллй; имкониятхои идоракунии маъмурй; хусусиятхои психологии мардумй (этнографй) нохияхо; мавкеи чугрофй ва гайрахо. Дар асоси хамин пешниходот гурухе, ки дар шахрхои Самарканду Бухоро аксариятро ташкил намудани точиконро ночор эътироф менамуданд, мегуфтанд: «аз сабаби дар атрофи ин шахрхо аксариятро ташкил намудани узбекхо, нохияхои иктисодиро аз ин марказхо, бо хусусиятхои миллй чудо кардан мумкин нест». Хол он ки дар атрофи шахри Бухоро хамон вакт ва холо хам нохияе нест, ки дар онхо амалан узбекхо нисбати точикон аксариятро ташкил намоянд.

Мутасаддиёни масъала хамон лахза барои омода намудани лоихаи таксимоти худуди миллй андешаи олимони шаркшиносони Россия, аз чумла, В.В. Бартолд, М.С. Андреев ва дигаронро ба инобат нагирифтанд. Хол он ки шаркшиноси машхури рус В.В. Бартолд ба хамон тарзе ки болшевикон аз руйи нишонаи миллй ташкил намудани чумхурихои миллиро дар Осиёи Миёна пешкаш кардаанд, чандон розй набуд. Ин олими дурандеш окибати чунин марзбандиро тасаввур намуда, онро хилофи анъанахои таърихии ин сарзамин, ки форсизабонон пеш аз хама точикон, бо туркзабонон дар давлатхои ягонаи сермиллат мезистанд, хисобидааст.

Яке аз арбобони барчастаи шуравии он давр, комиссари халкии корхои хоричй Георгий Чичерин ба акидаи шаркшиносони рус такя намуда, ба мукобили лоихахои хозиргардида, лоихаеро пешниход намуд, ки он дар таърих бо номи «лоихаи Чичерин» маълум аст ва мувофики он дар худуди Осиёи Миёна Чумхурии Точикистон хамчун чумхурии бузургтарин ва дар хайати он Чумхурии мухтори Узбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабаби дар хайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии чумхурихои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркгароён, мутаассифона «лоихаи Чичерин» кабул нагардид.

12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ХК(б) Россия дар асоси хуччату пешниходхои «Дар бораи таксимоти миллии чумхурихои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» карор кабул кард. Дар асоси он пешниход шуд, ки чумхурихои иттифокии сотсиалистии Туркманистон ва Узбекистон

ташкил карда шаванд. Инчунин зарурияти муттахид кардани нохияхои киргизии (казокии) Туркистонро бо ЧМШС ^иргизистон (^азокистон), ташкил додани вилояти мухтори ^ара-^иргизро (Киргизистон) дар хайати Федератсияи Россия, вилояти мухтори Точикистонро дар хайати Узбекистон пешниход кард. КМ ХК(б) Россия инчунин масъалаи ба Иттиходи Шуравй дохил шудани чумхурихои нави иттифокй ва барпо намудани ташкилоти хизбии онхоро мавриди баррасй карор дод [5, 38-39].

3 августи соли 1924 дар мачлиси Бюрои Осиёимиёнагй бо иштироки котиби КМ ХК(б) Россия И.А. Зеленский, «Лоихаи пешниходхо дар бораи кори комиссияхои таксимоти миллии чумхурихои Осиёи Миёна» мухокима гардид. Дар он ба бюрохо ё худ комиссияхои миллй супориш дода шуд, ки то санаи 12 август лоихаи пешакии худудхои чумхурию вилоятхои миллии навбунёдшавандаро тахия намоянд. Инчунин ба онхо хукук дод, ки ба кори комиссия, аз руйи зарурият, шахсони алохидаро бо хукуки овоздихии машваратй чалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диханд.

То миёнаи мохи августи соли 1924 ягон гурух ё худ комиссияе вучуд надошт, ки он бевосита бо такдири точикон машгул шавад. Танхо 16 август дар мачлиси Бюрои Осиёимиёнагй ба хайати аъзои комиссияи сархадй аз хисоби точикон Чинор Имомов, Абдурахим Хочибоев (рохбари гурух) ва М. Саидчонов дохил гардиданд. Вале аъзои ин комиссия хангоми мухокимаи масъала сохиби танхо хукуки овози машваратй буданду халос. Онхо инчунин мухлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзи лозимй омузанд. Зеро ба онхо хамагй 5 руз вакт дода буданд ва дар ин муддат фикру андешахоро оид ба масъалаи такдири точиконро бояд пешкаш менамуданд. Бо хамин сабаб ин комиссияи бо ном точикй, танхо имконият пайдо кард, ки лоихаи тайёрнамудаи комиссияи узбекиро омузад ва бо хамон «мархамате», ки онхо нисбат ба точикон кардаанд, каноатманд гарданд ва он андешахоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияхои комиссияи точикй пешкаш намоянд [5,41].

21 августи соли 1924 дар мачлиси 5-уми комиссияи таксимоти худуди миллй масъала «Дар бораи вилояти мухтори Точикистон ва худуди он» шунида шуд. Дар ин мачлис Абдурахим Хочибоев хамчун раиси комиссияи точикй баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз чумла, у зимни суханронй изхор дошт, ки точикони Бухорои Гарбй ва вилоятхои дигари Туркистон «хам аз чихати хочагй, хам аз чихати идораи маъмурй бо узбекхо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онхо ба вилояти мухтори Точикистон, ки дар Бухорои Шаркй таъсис хохад ёфт, хамрох шуда наметавонанд». Вале раиси мачлис аз А. Хочибоев пурсид, ки чаро у дар маърузааш точикони Фаргона, Самарканд ва Бухороро зикр карда, дар бораи точикони Хучанд чизе нагуфт. Пас маърузачй дар чавоб: дар Хучанд точикон бартарй доранд, онхо «он чо дар баъзе волостхо низ хастанд, онхоро ба вилояти Точикистон хамрох кардан мумкин аст, аммо роххои иртиботй нестанд, факат роххои пиёдарав вучуд доранд ва онхо аз чихати тичорату иктисод бо узбекхо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онхоро дар Чумхурии Узбекистон мондан лозим аст» [3,

381:5,42-47].

Дар ин чамъомад, аз руйи масъалаи мухокимашаванда, хангоми музокирот Абдурахим Хочибоев рочеъ ба маркази мадании точикон чунин изхор дошт: «мо акида дорем, ки шахри марказии точикон Самарканд хохад буд, ки дар худуди Узбекистон мемонад, он бояд маркази муваккатии маданияти точик бошад, он чо мо бояд мактабхо ва гайра ташкил кунем» [9,329].

Аз ин далелхои овардашуда бараъло равшан аст, ки Абдурахим Хочибоеви хамон замон чавони 24-сола аз колаби тавсиякардаи комиссияи узбекй берун баромада натавонистааст.

24 августи соли 1924 Комиссияи марказии худудй аз Комиссияи миллии точикй хохиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лахза хам комиссияи бо ном точикй акаллан чуръат накард, ки масъалаи сохиб шудан ба яке аз шахрхои кадимаи точиконро ба миён гузорад. Чавонй ва дуруст надонистани масъала, ба аъзои ин комиссия имконият намедод, ки окибати мавкеи худро дуруст сарфахм раванд. Барои онхо такдири миллати худ - точикон гуё бегона буд. Дар лахзахои халкунанда барои химояи манфиати халки худ ягон хел чонбозй накарда, лахза ба лахза ба хатогй рох медоданд. Нихоят, ин комиссия саховатмандона аз чунин шахрхои машхури кадимаи точикон - Бухоро, Самарканд ва хатто Хучанд хам даст кашида, сараввал дехаи ^аротогро чун маркази вилояти мухтории точикон пешниход кард. Аммо ин пешниход ба харбиён маъкул набуд. Бинобар ин, бо пешниходи харбиён, дар он вакт як дехаи назарногири дурдаст-Душанбе хамчун пойтахт карор гирифт. 6 сентябр Комиссияи марказии худудй лоихаи худуди вилояти мухтори Точикистонро тасдик намуд.

Сентябри соли 1924 масъалаи таксимоти худуди миллй дар карорхои органхои болоии чумхурихои Осиёи Миёна ба шакли конун даромад. Рузхои 15-16 сентябр сессияи фавкулоддаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар хукук дод, ки аз хайати Чумхурии Туркистон баромада, чумхурй ва ё вилоятхои миллии худро ташкил диханд. 20 сентябр анчумани Умумибухороии шурохо хам хамин гуна хукукро ба мардуми Чумхурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад Анчумани умумихоразмии Шурохо низ хамин гуна карор кабул кард.

11 октябри соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ХК(б) Россия маърузаи сардори Комиссияи худ В.В. Куйбишевро оид ба таксимоти худуди миллии Осиёи Миёна шунида, карорхои катъй кабул кард. Дар хамин мачлис накшаи таксимоти худуди миллй ва таксими фонд ва сармояи давлатй дар байни чумхурй ва вилоятхои нави миллй дида шуд. Бюрои сиёсй ба масъалаи точикон таваккуф намуда, дар хамин чамъомад зарур шуморид, ки ба чойи вилояти мухтор Чумхурии Мухтории Точикистон дар хайати Чумхурии Иттифокии Сотсиалистиии Узбекистон ташкил карда шавад [3, 372-373].

14 октябри соли 1924 ичлосияи II КИМ Умумирусиягй карори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухториятхои алохида таксим намудани Чумхурии Мухтории Шуравии Сотсиалистии Туркистон» маъкул шуморид. Ин ичлосия низ ба точикон хукук дод, ки ба чойи вилояти мухтор (ташкил додани вилояти

мухтори Точикистонин пешниходи КИМ Туркистон ва карори курултойи V Умумибухорой буд) чумхурии мухторро ташкил диханд. Дар натича Узбекистон ва Туркманистон хамчун чумхурихои иттифокй, Точикистон-чумхурияти мухтор дар хайати Узбекистон ташкил ёфтанд. Аз ин ру, 14 октябр рузи таъсиси Чумхурии Мухтори Точикистон ба хисоб меравад. 27 октябр ичлосияи II КИМ ИЧШС, даъвати 2-юм карорро оид ба таксим намудани худуди миллии Осиёи Миёна маъкул шуморид. ЧМШС Точикистон ба воситаи ЧШС Узбекистон ба хайати ИЧШС (СССР) дохил шуд.

Хангоми ташкилёбии ЧМШС Точикистон ба хайати он: аз ЧХШ Бухоро вилоятхои Гарм, Душанбе, Кулоб ва ^ургонтеппа; аз ЧМШС Туркистон вилоятхои Панчакент ва Уротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Хамон вактхо масохати чумхурй 135,6 хазор км2 буда, ахолиаш 739,5 хазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз точикон иборат буд.

Баъди ташкилёбии ЧМШС Точикистон нохияхои Исфара, Конибодом ва Ашт, ки ба уезди ^уканди вилояти Фаргона дохил мешуданд, бевосита ба хайати Узбекистон монданд.Вилоятхои Панчакенту Уротеппа (Истаравшан) агарчанде аз руйи таксимоти худуди миллй ба ЧМШС Точикистон дохил шуданд, вале бо сабабхои гуё чугрофй, рохбарии давлатию хизбии онхо то соли 1926 бевосита аз тарафи органхои ЧШС Узбекистон чорй мешуд. Кухистони Бадахшони хам аз соли 1923 чун вилояти мустакил аввал дар хайати ЧМШС Туркистон, баъд ба хайати ЧШС Узбекистон монд. 2 январи соли 1925 Вилояти Кухистони Бадахшон ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон табдил дода шуд ва худи хамон руз бо карори Раёсати КИМ ИЧШС ба хайати ЧМШС Точикистон дохил шуд.

Точикони баъзе нохияхои бевосита дар хайати ЧШС Узбекистон монда, аз натичаи таксимоти худуди миллй чандон розй набуданд. Аз чумла охири соли 1924 мардуми нохияи Конибодом, чун эътироз, пеши рохи раиси КИМ ИЧШС (СССР) М.И. Калининро гирифтанд. Дар натича онхо соли 1925 хукуки «нохияи мухторй»-ро сохиб шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки хангоми гузаронидани маъракаи таксимоти худудй миллии Осиёи Миёна барои махдуд намудани мавкеи точикон васитахои гуногунро истифода бурдаанд.Чуноне таъкид намудем, сарвари хукумати чумхурии Бухоро Ф. Хочаев аввалин шуда пешниход карда буд, ки аз чумлаи нохияхои Кухистони Мастчох ва ^аротегин вилояти мухтори Точикистон бунёд карда шавад. Дигар вилояту нохияхои чумхурии Бухоро бояд асоси Чумхурии Узбекистонро ташкил медоданд. Амалдорони Чумхурии Бухоро хангоми гузаронидани маъракаи таксимоти худуди миллй аз руйи хамин накша амал карданд. Онхо дар байни мардуми шахру дехот ташвик мекарданд, ки «аз хисоби сарзамини Чумхурии Бухоро чумхурихои Узбекистон ва вилояти мухтори Точикистон бунёд мегардад. Бо сабаби он ки вилояти мухтори точикон дар нохияхои кухистон барпо мегардад, бинобар ин хар касе худро дар руйхат «узбек» нависад, дар манзили худ озодона истикоматро идома дода метавонад. Хар касе, ки худро «точик» сабт кунад, хона ва чизу чораашро

гузошта, ба хамон мулкхое, ки барои вилояти муxтори точикон муайян шудаанд, раванд ва ë онхо мачбуран фиристода мешаванд». Дар асоси ин ташвикот кисме аз точикони на танхо Буxоро ва атрофи он, хатто точикони дигар вилоятхои Осиëи Миëна хам бахри дар манзили xуд оромона мондан ба рyйxат xудро хамчун «yзбек» номнавис намуданд. Зеро барои онхо нохияхои ^аротегину Мастчох хамчун гушаи кафомондатарин ва мардуми он бебизоат маълум буд.

Хангоми гузаронидани таксимоти худуди миллии Осиëи Мтена, на дар Чумхурии Tуркистон ва на дар Чумхурии Буxоро ба рyйxатгирии хакикии ахолй гузаронида нашуд. Зеро барои ин заминахои объективй ва субъективй ханyз мухайë нагардида буданд. Дар баробари бенихоят паст будани сатхи xудшиносии миллй, инчунин кадрхои лаëкатманд намерасиданд. Бинобар хамин хам дар рафти маъракаи таксимоти худуди миллй, амалдорон бештар аз кабинети кории xуд истода, кй будани мардуми ин ë он махал ë xуд нохияро муайян мекарданд. Баъзан онхо намояндагони xудро ба нохияхои гуногун фиристода, бо дасти онхо рyйxати муфассалро бо нишон додани миллати барояшон дилxох хозир менамуданд.

Хуччатхои гуногуни бойгонии шахри Москва аз он далолат медиханд, ки дар баъзе нохияхои точикнишин, мутасаддиëни ба рyйxатгирии ахолй ба тамоми фишорхо нигох накарда, рyйxати хакикии ахолиро ба нишон додани миллаташон хамчун «точик», пешниход кардаанд. Вале чунин холат, ки ба амалдорони болой маъкул набуд, бинобар ин, дар чунин рyйxатхо калимаи «точик»-ро xат зада, аз болои он «узбек» навиштаанд. Мутаассифона, ин гуна рyйxатхои ислохшуда xело бисëранд.

Хангоми маъракаи ба рyйxатгирй, баъзе аз амалдорон бо дастахои силохбадаст дар гузару махаллахои точикнишин ва хатто масчиду мадрасахо мардумро «ташвик» намудаанд, ки дар рyйxат xудро хатман «yзбек» нависанд, ë xуд хангоми пурсидани касе xудро хамчун «узбек» муаррифй намоянд. Чунин шаxсони силохдор баъзан шабона ба xонаи точикон даромада, онхоро гyë бори дигар «огох» намудаанд, ки «узбек» будани xудро фаромyш накунанд.

Хамон лахза яке аз максадхои асоситарин ва наздиктарини амалдорони чумхурихои чй Букоро ва чй Tуркистон, ин ба инобат нагирифтани мавчудияти точикон буду бас. Дар ин чода онхо аз дин хам мохирона истифода бурдаанд. Худ тасаввур кунед, хануз хам аз точик ë xуд yзбек, ки ба дин эътикоди саxт дорад, саволомез пурсед: «тааллук ба кадом миллат дорад?». Дар чавоб албатта мегyяд: «Алхамдулиллох мусулмонам!» Пас, дар он солхои пурфочиаи 20-ум, точики аз тарсу вахм гумрохгардида аз кучо медонист, ки хангоми пурсидани миллат ба чойи «мусулмон» бояд «точик» гуяд!

Fайр аз ин сиëсатмадороне, ки халлу фасли миллиро ба душ доштанд, чунин ташвик мекарданд, ки «хар ки суннимазхаб аст, туркасл ва хар ки шиамазхаб аст, эрониасл мебошад». Маълум аст, ки дар Остеи Миëна, маxсусан дар Буяоро ва Самарканд, дар пахлуи точикон эрониëн низ зиндагй мекунанд. Агарчй точикону эрониëн ба гавхар як xалк мебошанд, тафовути

мазхабй онхоро аз хам чудо мекунад. Чуноне маълум аст, дар аморати Бухоро ихтилофхои мазхабй бо ихтилофхои мансабй омехта шуда, мохи январи соли 1910 дар шахри Бухорои Кухна сабабгори хунрезии сахт гардида буд. Соли 1924 бошад амалдорони Бухоро чунин ихтилофоти мазхабии точикон ва эрониёнро ба инобат гирифта, ба гумоштагони худ дастур доданд, ки: «хар касе худро суннимазхаб хисобад, вай узбек аст, хар касе худро точик хисобад, вай шиамазхаб аст». Дар натичаи чунин «муайян» кардани миллат бисёр точикони бухорой худро «узбек» хисобиданд. Зеро онхо шиамазхабиро барои худ хам тахкир ва хам гунохи азим мехисобиданд.

Як нуктаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди чумхурихои миллй ва баъди он хам, баъзе точикони хаваси мансаб намуда, махз сиёсати туркгарой, баъд узбекгароии хукуматдорони сараввал чумхурихои Бухорову Туркистон, сипас Узбекистонро ба инобат гирифта, бахри мансаб аз асли хеш даст кашида, барои «исботи» туркнажодй худро хатто аз авлодони «яссавй» ё худ «чагатойй» ба калам медоданд. Дар хакикат хамин гуна шахсон сохиби мансабхои гуногун гардиданд. Минбаъд точикони «узбек» номнависшуда худро баргалат «узбекони точикзабон» мехисобиданд, ки чунин шахсон хеле бисёранд.

Дар охир бори дигар таъкид намуданием, ки дар мархалаи гузаронидани таксимоти худудй миллии Осиёи Миёна беадолатихо нисбат ба халки точик на аз тарафи халкхои узбек, туркман, киргиз, казок ва гайра, балки дар натичаи бемасъулиятию берахмй ва мавкеи нодурустро ишгол намудани арбобони масъули чй хизбию шуравии махаллй ва чй марказй, махсусан дар натичаи шитобкории онхо дар гузаронидани ин гуна чорабинихои мухимми халкунандаи такдири халкхо содир гардидааст. Бинобар ин, оид ба беадолатихои содиршуда гунох, акалан масъулиятеро ба души ин ё он халке гузоштан асос ва маъние надорад.

Хамин тавр, агарчанде дар натичаи таксимоти худудй соли 1924, бо душворихои зиёд Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон таъсис ёфт ва ин барои точикон ахаммияти бузурги таърихй дошт, вале аз аввал то охир дар ин маъракаи сиёсии такдирсоз, асосан манфиати точикон аз чихати маънавй ба инобат гирифта нашуд. Бо хамин сабабхо точикон аз чунин таксимот бештар зарар диданд.

АДАБИЁТ

1.Айнй С.Мухтасари тарчумаи холи худам//Куллиёт,ч. 1.-Сталинобод, 1958.-С. 7-99.

2. Дар диёри точикон//«Туркистон». (Рузнома) 1924. 2 январ.

3.История таджикского народа. Т.У. Новейшая история (1917-1941 гг.). Под ред. академика Рахима Масова. -Душанбе, 2004. -752с.

4. Ленин В.И. Чамъбасти мубохиса дар бораи худмуайянкунй//Асархо. Нашри точикй. Чилди

12. -Сталинобод 1958. -С. 34.

5.Масов Р. История топорного разделения. -Душанбе, 1991. -192 С.

6.Масов Р. Таджики: история национальной трагедии. -Душанбе, 2008. -536с.

7.Очерки истории Коммунистической партии Таджикистана. -Душанбе, 1980 -488с.

8.Ходжаев Ф. К истории революции в Бухаре и национального размежевания в Средней Азии // Изб. труды. Т.1. -Ташкент, 1970. -С. 69-318.

9.Х,отамов Н. Таърихи халки точик.Китоби дарсй,нашри дуюм.-Душанбе, 2007. -368с.

10.Х,отамов Н., Довудй Д., Муллочонов С., Исоматов М. Таърихи халки точик. Китоби дарсй, нашри сеюм. -Душанбе, 2019. -640 с.

МАХДУДИЯТИ МАЪНАВИИ ТОЧИКОН ХАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАЦСИМОТИ ХУДУДИ МИЛЛЙ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Соли 1924 дар Осиёи Миёна таксимоти худуди миллй гузаронида шуд.Он мувофики талаботи барномаи Х,изби болшевикии Русия мегузашт, ки онро В.И. Ленин тартиб дода буд ва барои бунёди чамъияти сотсиалистй зарур хисоб карда мешуд. Аз ин ру талаб мекарданд, ки ба чойи чумхурихои мавчуда: Туркистон, Бухоро ва Хоразм, ки номи ягон миллатро ифода намекарданд, чумхурихои миллй ташкил шаванд. Сараввал пешниход гардида буд, ки чумхурихои иттифокии Туркманистон, Узбекистон ва дар хаёти охирин, дар аввал Вилояти мухтори Точикистон бунёд шавад. Он лахзаи такдирсоз кариб хамаи рохбарони чумхурихои Туркистон ва Бухоро, аз он чумла точикони дар он хайат буда хам бо акидахои туркгарой захролуд шуда буданд. Бинобар ин онхо барои махдуд намудани мавкеи маънавии точикон тамоми воситахоро истифода мебурданд. Аз ин ру, аз ин таксимот точикон бештар зарар диданд.

Калидвожщо: тацсимоти худуди миллй, ууцуци худмуайянкунии миллатро, Осиёи Миёна, тоцикон, узбещо, туркменуо, Цумуурии Туркистон, Цумуурии халции Бухоро, Хукумати Шуравй, Хизби коммунистй (болшевикй), В.И. Ленин, Ф. Хоцаев, А. Рауимбоев, А. Фитрат, А. Хоцибоев, комиссияи тоцикй.

МОРАЛЬНОЕ ОГРАНИЧЕНИЕ ТАДЖИКОВ В ПЕРИОД НАЦИОНАЛЬНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОГО РАЗМЕЖЕВАНИЯ СРЕДНЕЙ АЗИИ

В 1924 году в Средней Азии было проведено национально-территориальное размеживание. Оно была проведено на основе требования программы партии большевиков России, которая была составлена В.И. Лениным для построения социалистического общества. На этом основании требовали, чтобы вместо существуюших республик: Туркестана, Бухары и Хорезма, которые не отражали название ни одной нации, образовать национальные республики. Первоначально предлогались союзные республики Туркменистан, Узбекистан, в состав последнего автономная область Таджикистан. Однако, в тот судьбоносный период почти всё руководство Туркестанской и Бухарской республик, среди которых было немало таджиков по происхождению, но заразивщихся пантюркизмом, отрицали существование таджиков как нации. Поэтому для ограничения положения таджиков они использовали всяческие способы, от чего от этого национально-территориального размеживания больше всего пострадали таджики.

Ключевые слова: Национально-территориальное размежевание, национальное самоопределение, Средняя Азия, таджики, узбеки, туркмены, республика Туркестан, республика Бухара, Советская власть, Коммунистическая партия (большевиков), В.И. Ленин, Ф. Ходжаев, А. Рахимбоев, А. Фитрат, А. Ходжибаев, таджикская комиссия.

MORAL RESTRICTION OF TAJIKS DURING THE PERIOD OF NATIONAL-TERRITORIAL DELIMITATION OF CENTRAL ASIA

In 1924, there was a national-territorial demarcation in Central Asia. It was carried out on the basis of the requirements of the program of the Bolshevik Party of Russia, which was compiled by V.I. Lenin, for the construction of a socialist society. On this basis, they demanded that instead of

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.