Научная статья на тему 'MODERN THEORIES ON NATION CONSTRUCTION: IDEA OF THE FORMATION OF THE THEORY OF RECONSTRUCTION OF THE NATION IN TAJIKISTAN'

MODERN THEORIES ON NATION CONSTRUCTION: IDEA OF THE FORMATION OF THE THEORY OF RECONSTRUCTION OF THE NATION IN TAJIKISTAN Текст научной статьи по специальности «Политологические науки»

CC BY
64
26
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
Ключевые слова
НАЦИЯ / СОВРЕМЕННЫЕ КОНЦЕПСИИ НАЦИИ / ПРИМОРДИАЛИЗМ / КОНСТРУКТИВИЗМ / КОЛОНИАЛИЗМ / МОДЕРНИЗМ / ПОСТМОДЕРНИЗМ

Аннотация научной статьи по политологическим наукам, автор научной работы — Сарфарозова Н.Г.

Даная статья посвещена теоретико-методологическим проблемам теории нации. В ней освещаются современные концептуальные и методологические подходы, такие как примордиализм, конструктивизим, инструментализм и др.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.
iНе можете найти то, что вам нужно? Попробуйте сервис подбора литературы.
i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.

СОВРЕМЕННЫЕ ТЕОРИИ ПО КОСТРУИРОВАНИЮ НАЦИИ: ИДЕИ О ФОРМИРОВАНИИ ТЕОРИИ РЕКОНСТРУКЦИИ НАЦИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ

This article is dedicated to the theoretical and methodical problems of the theory of nation. It investigates modern conceptual and methodological approaches, like primordialism, constructivism, instrumentalism and etc.

Текст научной работы на тему «MODERN THEORIES ON NATION CONSTRUCTION: IDEA OF THE FORMATION OF THE THEORY OF RECONSTRUCTION OF THE NATION IN TAJIKISTAN»

сравнительный анализ коммерческого маркетинга с политическим маркетингом и их соотношения в современном обществе. О политическом маркетинге мало научных статьей и работ. Кроме того, в практике он мало используется со стороны политических партий и общественных организаций в период передвыборных компаний. В основном, не использование политического маркетинга считается одной из причин поражения кандидатов и политической партии на прошедших выборах в республике.

Ключевые слова: маркетинг, коммерческий маркетинг, политический маркетинг, выборы, политическая технология, политический имидж, электорат, политический брединг.

POLITICAL MARKETING NOTION, ESSENCE AND ITS BASIC STAGES OF DEVELOPMENT MODERN SOCIETY

The term of political marketing came into political scoence at the 60-y years of XX century, but this terms has long history in the economic science. Authors of article investigated value, contens and tne reasons of its development in modern society. Comparison analysis of commercial marketing with political marketing and their relationships are indicated in this article as well.

Keywords: marketing, commtrcial marketing, political marketing, elections, political technology, political image, electorate, political breeding.

Сведения об авторах: Хакимов Раджаб Муродович, кандидат политических наук, доцент Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

Муродов Джахонгир Зайнуллоевич, соискатель кафедры политологии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни

About authors: Hakimov Rajab Murodovich, PhD in Political Sciences, Associate Professor, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini

Murodov Jahongir Zainulloevich, applicant, Department of Political Sciences, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini

НАЗАРИЯХ,ОИ МУОСИР ОИД БА МИЛЛАТСОЗИ: АНДЕША^О ПИРОМУНИ ТАШАККУЛИ НАЗАРИЯИ МИЛЛАТСОЗИ ДАР ТО^ИКИСТОН

Сарфарозова Н.

Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва %уцуци Академияи илмуои

Цум^урии Тоцикистон

Гуногунранги акидатй (плюразим) дар зери таъсири к;онуни алокдмандии мутак;обилаи хастии чамъиятй бар шуури чамъиятй ба вучуд меояд. Гуногунии муносибатхои чамъиятй, ки он дар мачмуъ хдстии чамъиятиро ташкил менамояд, шаклхои гуногуни шуури чамъиятиро ба вучуд меоварад. Яке аз шаклхои хастии чамъиятй ин муносибатхои инсонхо ба миллату милатсозй, давлату давлатдорй, хуввияти миллй ва худшиносии миллист. Ин масъалаест, ки имруз дар адабиёти илмй, адабй ва публитсистй чи дар илми фалсафа ва сиёсатшиносии чахонй ва дар Ч,умхурии Точикистон мавриди бахсу андешахои гуногун гардидааст. Аз ин ру зарурияти ташаккули консепсияи илман асоснокшудаи миллат дар замони муосир, махсусан барои миллати точик, ки дар даврони миллатсозй ва рушду нумуъи давлати демократию, хукукбунёду, дунявию, ягона к;арор дорад ахамияти калон дорад. Ба ин хотир зарур шуморидем, ки мухтавои назариётхои дар чахони муосир ба вучудомадаро оид ба мавзуъи мавхуми миллату миллатсозй мавриди баррасй к;арор дихем.

Дар пешоруи асри муосир асархои ба шуури сиёсии одамон таъсиркунандае ба вучуд омаданд. Аз чумла, «Хотимаи таърих ва инсони охирин» - и Фукуяма, «Бархурди тамаддунхо»-и Хантингтон, «Тахтаи бузурги шохмот»-и Бжезинский ва му^обил бар ин асархо- назарияи «Гуфтугуи тамаддунхо»- и Дотамй ва дигар назарияхои сиёсиро номбар кардан мумкин аст.

Фукуяма дар асари мазкур ба хулосае меояд, ки поёни таърихи инсоният бо гояи демократияи либералии амрикой анчом меёбад. Дар зимни андешарониаш нишон доданй мешавад, ки имруз чахониён орзуи ба Амрико рафтанро доранд ва хазорон донишчуёне, ки масалан аз Чин ончо мераванд, бори дигар ба Ватанашон баргаштанро намехоханд. Аз омузиши ин аср дар зехн як суоли одй пайдо мешавад, ки оё таърихи

башар поён дошта бошад ва ё ин асар як идеяи геополитикии бофтаи идеологхои Рарб аст? Мувофики конуни диалектика (инкишоф) таърих набояд ба ягон идея анчом ёбад ва харакати он беохир мебошад. Дар тафаккури хар як фард бояд мохияти чунин мачрои диалектикй чой гирифта бошад: хар як давр ва ё мархила дар фазову вакти муаяйн арзи хастй мекунад, пайваста бо тазодхои манфиву мусбй инкишоф менамояд, ходисоти мусбии он давр метавонад минбаъд ба ходисоти манфй табдил ёбад ва ё баракс. Аммо бояд дар хотир дошт, ки мархилаи гузашта заминаест барои инкишофи оянда ва ниёз ба падидахои чадиди пешбаранда махз дар давраи гузашта пайдо мешавад. Вазифаи субъектхои давраи нав - на чуиши нуксону норасоии он давр, балки мусоидат барои инкишофи самтхои чадид мебошад.

Миллат яке аз тарафхои худшиносии ичтимоии инсон буда, дар хаёти ичтимой сиёсй, хаёти фархангй ва инчунин дар шаклгирии худшиносии инсоният накши босазо дорад. Дар замони имруза миллат аз идоракунандаи ичтимой ба арзиши ичтимой ва инчунин «сармояи ичтимой», мубаддал гашта истодааст. Имруз метавон чомеаи гарбиро идеали бештари миллатхо гуфт. Иддаи нависандагон бо дарки вокеияти рафти таърихй ба мисоли Расул Гамзатов милатро чун «Аз чомеи ситорахо сохтани як мохи бузург аст» тасвир кардаанд. Дар асараш «Тимсолхои миллии чахон»- Георгий Гачев оид ба хатари чахонишавй ба миллат гуфтааст: «Дис мекунам, ки ман суруди хайрбоди фархангхои миллиро навишта истодаам. Пешомади онхо гумон аст, ки хаёт бошад, якинан марг хохад буд» [5, с. 190]. Худи хамин хотимаёбии баъзе фархангхои чахониро ба хисоб гирифта Фукуяма ва Хантингтон оид ба хотимаёбии таърих, ки он аслан аз байнравии миллату фаркиятхои миллист асархои хешро навишта ва бо хдмин ба чахониён хушдор додаанд.

Фарзияи Хантингтон ин аст, ки низоъхо дар оянда на ранги сиёсиву на буи иктисодй доранд, балки миёни фарханги ба миллатхо хос буда руй хохад дод.

Дар аввали асри XX мухаккик Водовозов дар маколаи хеш «Миллат ва давлат» чунин таъкид менамояд: «Анторопология то хол муайян карда натавонистааст, миллат чист? Мухимтар аз хама, вай хамчун зухуроти вокеии антропологй вучуд дорад, ё фахмиш доир ба гуруххои миллй иллюзия мебошад, ва инро хулосаи нихой шуморидан нодуруст аст. Ягон нафар шубха надорад, ки на хамчун факти антропологй, балки хамчун иллюзия, миллат на танхо вучуд дорад, балки дар акли инсоният таъсири багоят калон дорад. Миллат - ин миллатпарастй нест, балки пайдоиши мост, ки даст кашидан аз он хело мушкил аст» [11, с. 10].

Дар ибтидои асри ХХ дар байни олимон омузиши миллат бо тахти тахлили чиддй карор мегирад. Дануз хамон вакт олимон ба хулосае омадаанд, ки омузиши комплексии миллат аз нигохи илмй, махсусан конуниятхои инкишофи миллй ва роххои шаклгирии онро бо пуррагй омухтан гайриимкон аст. Миллат - як чизи бошуурона, хамчун максад- тез ва равшан дар доираи хастии ичтимой ба чашм расида, хамчун идоракунандаи равандхои ичтимой баромад намуда, ба тамоми шаклхои муносибатхои чамъиятй таъсиргузор буда алокаманд аст. Дар хаёти вокеии чамъияти миллат хамчун мавхуми муттахидкунанда ва омили мустакил баромад мекунад.

Мухаккики точик Абдурахмон Махмадов доир ба ин масъала таъкид менамояд: «Дар забони точикй хам истилохи миллат имруз чун як вохиди ичтимой истифода бурда мешавад. Долон ки вожаи «миллат» аз забони арабй гирифта шуда, маънояш роху равиш мебошад. Худи арабхо дар айни замон ба маънои вожаи «миллат» - и имрузаи мо «кавм» ё «шаъб»- ро истифода мебаранд. Масалан, онхо мегуянд: «Аш-шаъб-ул-точикй», яъне миллати точик» [6, с. 17]. Инчунин намояндаи мактаби модернизм Бенекдикт Андерсон чунин кайд менамояд: «Миллат чомеаи сиёсии тахайюлшуда буда, ба хайси як чизи махдуд тасвир ёфта, аслан барои сохибихтиёрй аст» [1, с. 30].

Масъалаи гуруххои этникй ва миллатхо низ дар системаи донишхои илмй ва алалхусус, илмхои гуманитарй мавкеи махсусро ишгол менамоянд. Нисбат ба пайдоиши онхо дар илм назарияхои мухталиф мавчуд аст, ки мо якчандтои онхоро мухтасар дида мебароем.

Назарияи примордиализм миллатро падидаи яксон ва комилан биологй арзёбй менамояд. Намояндагони машхураш Пийер Фан ден Берге, Лев Гумлёв Поло Шо ва Юва Вонг ба хисоб мераванд. Ба назарияи тахаввулот такя намуда, талаботхои одамй, худнигахдорй ва давомёбии наслро авлавияти асосй шуморида миллатро хамчун оилаи калони бо хамдигар хешу табор маънидод менамоянд. Намояндагони ин мактаб таъкид менамоянд, ки одамон барои химояи худ ва насли худ бо хамдигар муттахид мешуданд

ва нисбат ба бегонагон ба авлоди худ бовар доштанд ва хатто бо хамдигар оила бунёд мекарданд. Яъне миллат оилаи калоне мебошад, ки хар як аъзояш ба якдигар хешованд буда, пайванди хунй х,ам доранд.

Ба акидаи намояндаи дигари ин мактаб Л.Н. Гумилёв этногенез раванде мебошад, ки аз чахор дарача иборат будааст, ки тавлид, ташаккул, таназзул ва ба поён расидани умри халкиятхоро фаро мегирад. Доир ба ин масала чунин таъкид менамояд «... гурухи алохидаи одамоне, ки халкиятхои худро ташаккул медиханд ва дар хаёти байналхалкй дар мархилахои мухталифи таърихй ва минтакахои алохидаи чугрофй накши фаъол мебозанд, дорои хусусиятхои пассионарй мебошанд» [3, с. 521]. Мохияти андешаи примордиалистон дар он аст, ки миллат дар асоси як кавм ба вучуд омада, мавкеи чугрофй, иктисодй, ичтимой ва гайрахо дар ташаккули он накш мебозанд. Аслан андешаи онхо то ба имруз аз тарафи мухаккикони ин мавзуъ дастгирии зиёд наёфтааст.

Яке аз мактабхои дигар, ки ба омузиши миллат ва худшиносии он даст задаст, конструктивизм мебошад. Намояндагони машхури ин мактаб Энтони Гидденс, Эрнест Ренан, Юрген Хабермас, В. А. Тишков, Урс Алтерматт ва дигарон ба хисоб мераванд. Конструктивистон миллатро натичаи фаъолияти элитаи сиёсй дониста, накши пешвоён, бузургмардон ва умуман зиёиёнро калидй мехисобанд. Масалан яке аз намояндагони ин назария Эрнест Ренан дар пайдоиши миллат накши забон, дин ва мавкеи чугрофиро инкор мекунад: «Мо дидем, ки нажод, забон, манфиатхо, хамтабории динй, чугрофиё ва талаботхои харбй барои бунёди чунин принсипи маънавй (яъне миллат) нокифоя аст. Боз чй лозим аст?» [9, с. 101].

Аслан конструктивистон ба худ чунин шиор доштанд «Миллат мисли иморат мебошад, ки онро аз кисмхои гуногун сохтан мумкин аст». Онхо ба хамаи гузаштаю хозираи миллат ахамият дода мекушанд то дар байни мардум идеяи ягонаи миллиро ба вучуд биёранд, то ин ки миллат зери он сарчамъ гашта ба оянда рахсипор гардад. Файласуфи точик Р.Назаров низ дар айёми сохтмони миллатсозии точик ба вучуд овардани идеологияи ягонагии миллиро мухим арзёбй кардааст [8, с. 40-51].

«Миллат рух ва принсипи маънавист. Ин ду мохияти ягона доранд ва рух ва мохияти маънавиро ташаккул медиханд... Миллат. натичаи талошхои давомдор, курбонихо ва худфидоихо мебошад. Гузаштаи пурифтихор, одамони бузург, сармояи мухимест, ки дар асоси он идеяи миллй ташаккул меёбад. Доштани шараф дар гузашта ва хохиш дар оянда, нишон додани амалкардахои олй ва хамчунин дар оянда хостани онхо шароити асосй барои миллат будан мебошад» [9, с.101]. Намояндаи дигари он В. А. Тишков бар он аст, ки намояндагони миллат хотираи ягонаи таърихй доранд ва чунин кайд мекунад: «натичаи кушишхои махсус буда, раванди миллатсозиро дар бар мегирад» [10, с. 36]. Хуллас, дар идеалогияи конструктивистон мафхуми миллат ва давлат бояд аз хамдигар фарк накунанд ва хангоми расидан ба ягон максади муайян одамони махсусро сафарбар мекунанд.

Инструменталистон бошанд, миллатро хдмчун асбоб, ки бо ёрии он одамон метавонанд ба максади хеш ноил гарданд мефах,манд. Онхо дар фарк аз примордиализм ва коструктивизм миллатро аз халкият фарк намегузоранд. Усули инструменталиро чунин олимон ба мисли Д. Белл, Г. Вулп, Н. Глейзер, Т. Гир ва аз Россия С. А. Арутюнов, Г.С. Денисова, Н.Н. Чебоксаров ва гайрахо пешниход менамоянд. Ба акидаи интрументалистон, «.агар халкият ва халкхо мавчуд бошанд, пас онхо дар хаёт накши муайянро ичро менамоянд ва манфиатхои гурухи мушаххаси одамонро ифода менамоянд» [6, с. 13]. Инструменталистон дар холатхои оддй миллат ба холати оромй равона карда, аммо дар шароитхои зарурй онро ба кори мушаххас сафарбар менамоянд. «Дар инструментализм ду равия маълум аст: инструментализми элитарй ва иктисодй» [4, с. 200]. Инструментализми элитарй асосан ба накши элита дар сафарбарнамоии эхсосоти миллй равона гаштааст. Инструментализми иктисодй бошад, ба аъзоёни чомеа гуногунандешй ва ихтилофхои байни миллатхоро аз нигохи нобаробарии таксимоти иктисодии халкхои гуногун мефахмонад.

Мактаби дигари тахлилгарон дар масъалахои миллат модернизм ба хисоб меравад, ки намояндагонаш инхоянд; Эрнест Андре Геллер, Давид Эмил Дюркгейм. Бенедикт Андерсон, Эрик Ч,он Эрнест Хобсбаум ва дигарон. Барои намояндагони модернизм, миллат - ин натичаи аз давлатхои динй даст кашидан аст: «... барои модернистон махз аз байн рафтани институти дин ва монархия, имконият фарохам овард, ки мафхумхои «миллат» ва «давлати миллй» рушду нумуъ кунанд» [7, с. 95]. Модернизми классикй ба матрахи мавзуи миллат дар солхои 60-уми асри XX шуруъ

кардааст ва чахорчубаи асосии онро Э. Дюргейм пешниход намудааст. Хулосахои умумии онхоро дар чунин шакл овардан мумкин аст:

1. Миллат дар ягон холат азалй ва абадй вучуд дошта наметавонад. Азалй шумориданаш аз эътикоди миллат аст ва ягон факти таърихй онро исбот карда наметавонад.

2. Миллат дар ягон холат аз табиат вобаста нест.

3. Бисёр миллатхое дар Аврупо ва Африко таърихи пайдоиши начандон амик доранд, вале худро миллати кавй мехисобанд.

Модернизм таъкид менамояд, ки пайдоиши миллат ин сахифаи нави таърих буда, хусусиятхои замони муосирро дар худ тачассум менамояд.

Инкишофи минбаъдаи назарияи модернистонро постмодернизм ба дасти худ мегиранд, ки намояндагони машхураш инхоянд: З. Бауман, Р. Виллиамс, К. Кумар, С. Лаш, Д. Лион, Дж. Урри, Ф. Фехер, А. Хеллер, Ч Тилли, В. Макнейл ва дигарон. Постмодернизм аслан ба давраи баъди чанги дуюми чахон рост меояд, барои хамин онхо ба илм жарфтар ахамият дода, ратсионализмро зери тозиёнаи танкид мегиранд. Дар мачмуъ намояндагони постмодернизм назарияи миллат ва миллатсозиро пешниход наменамоянд ва бар он назаранд, ки миллат хамчун хастии ичтимой вучуд дошта наметавонад: «Миллат барои онхо (постмодернистон) на дар хакикати объективй, балки дар намуди навиштахо, шиорхо ва барномахои телевизионй вучуд дорад» [7, с.153]. Барои онхо аслан ба миллатсозй не, балки худудхои миллатсозй ахамиятнок аст. Таъкид бояд намуд, ки онхо зери таъсири «Чднги дуюми чахонй» аврупои ратсионалистро барои офаридани фашизм зери танкид гирифтанд: «...дар пушти горатгарии бахрй ва бахрхо, шахрхо ва давлатхои шахрй меистоданд. ... Дар пушти авбошй, яъне горатгарй дар хушкй ашрофони махаллй меистоданд» [7, с.157]. Инчунин онхо бар он кидаанд, ки миллат ин гузашта буда, нисбат ба он дар замони муосир пешбарандаи иктисодию ичтимой гуруххои созмонхои зермиллй ва фаромиллй сахми зиёдтар доранд. Постмодернистон аслан на бунёдкунандагон, балки мунаккидони давлатхои миллй ба хисоб мераванд.

Яке аз мактабхое, ки масъалаи миллият ва давлатхои миллиро дар асри XIX ва асри XX мавриди баррасй карор додааст, назарияи сотсиалистию коммунистй (марксистй) ба хисоб меравад. Ногуфта намонад, ки намояндагони машхураш К. Маркс, Ф. Энгелс, Г.В. Плеханов, В. Ленин, Р. Люксембург, И. Сталин ва дигарон мебошанд. Карл Маркс ва Фридрих Энгелс хамчун асогузорони марксизм доир ба миллат андешахои худро баён нанамудаанд. Доир ба ин масъала намояндагони машхури марксизм В. И. Ленин, Р. Люксембург, И. Сталин андешаи худро хело муфассал пешниход намуда, давлатхои миллиро натичаи гузаштан аз як форматсия ба форматсияи дигар дониста, миллатро натичаи гузаштан аз форматсияи феодалй ба капиталистй мехисобанд.

Роза Люксембург давлати миллй ва падидахои миллатгароиро тамоман рад мекунад ва таъкид менамояд, ки « .. Дар ин самт худмуайянкунии миллатхоро хатто «миллат ва миллатхои хурд» - и хурдтарин ва «миллатхои бетаърих» ба монанди украинхо, белорусхо, чеххо ва «дах миллати нави Кавказ» эълон намуданд, то ин замон ягон вакт давлатхои мустакили худро надоштанд» [7, с. 153]. Арбобони гояхои сотсиалистй дар орзуи бунёди чомеахои бесинфй ва «миллати вохиди инсоният» буданд ва барои онхо «масъалаи миллй» ахамияти дуввумдарачаро дошт. Аммо новобаста аз ин онхо дар рафти амалигардонии идеяхои хеш ба масъалахои миллй ру ба ру гаштанд. Зеро Давлати Бузурги Шуравй, ки дар дохилаш намояндагони зиёда аз 200 миллату халкиятхо мезистанд, мехост хамаи миллатхоро дар худуди ягона муттахид сохта миллати нав - Халки Шуравиро ба вучуд оварад. Ин гуна будани холат дар назди рохбарияти далати Шуравй вазифаи духура ё дурусттараш дутарафа гузошт ва онхо мачбур шуданд, ки дар баробари рускабири хукуки дигар миллатхоро ба эътибор гиранд ва хатто хамчун давлатхои алохида (дар дохили Иттиходи Шуравй) имконият диханд. Дар назарияи марксистии миллатсозй хукуки миллатхо ба худмуайянкунй мавкеи асосиро дорад, ки таъсиси давлатхои нави мустакили пасошуравй натичаи дар амал татбикнамоии ин назария мебошанд.

Яке аз мактабхои дигаре, ки мавзуи миллатро зери тахлил карор додааст, неомарксизм ном дорад. Дар хаккикатан неомарксистон миллатро натичаи сохтори капиталисти шуморида, танхо хамон давлатхоро миллат мешуморан, ки дар таксимоти чахонии мехнат иштирок намуда манфиатхои худро хифз карда метавонанд. Масалан,

Иммонуэл Морис Валерстайн чунин таъкид менамояд: «Нажод ба таксимоти мехварии мехнат мутобик ба тафовути появии иктисоди чахонй дар музофот ва марказ алокаманд аст. Фахмиши миллат бо алокамандй ба болосохти сиёсии системаи таърихии бо сохибихтиёрии давлатй ташкилёфта бар пояи системаи байнидавлатй ва муайянноти он мебошад. Фахмиши «гурухи этникй» бошад, ба эчоди сохтори хочагидории хонаводагии имкони зиндагии кисми фаъоли кувваи корие алокаманд аст, ки дар чараёни чамъоварии сармоя пардохт намешаванд» [2, с. 93]. Агар акидахои ин мутафаккирро тахлил намоем, пас он миллатхое, ки дар таксимоти чахонии мехнат ширкат наменамоянд, гуруххои этники ба хисоб мераванд. Рукни асосии шинохти миллат аз нигохи неомарксистон ин таъсир расонидан ба низоми сармоядори ба хисоб меравад. Миллат худ - ин натичаи чахони капиталисти буда дар оянда метавонад миллатхои дигарро ба сиёсати чахони ворид намояд.

Нихоят мактаби дигаре, ки зери тахлили мо карор мегирад, усули постколониализм (пасоистеъморй) мебошад, ки дар бораи миллат ва давлати миллй назари худро дар доираи акидахои марксистй баён менамояд.

Намояндагони ин мактаб асосан нафароне мебошанд, ки аз минтакахои калониалй буда, дар Аврупо ба воя расида, таълими аврупоиро гирифтаанд. Асари Эдвард Саид (зодаи Фаластин) «Ориентализм» асоси ба вучуд омадани ин равия шуморида мешавад. Намояндагони ин мактаб асосан ба тахлили он масалахое даст задаанд, аврупоиён хангоми сиёсати мустамликавиашон ба камбудихо рох дода буданд.

Дамин тавр, мактабхои мухталифи миллатшиносй андешахои гуногунро дар бобати миллат ва давлати миллй баён медоранд ва вазифаи илми фалсафаи сиёсат дар чумхурии тозаистиклоли Точикистон аз он иборат аст, ки вобаста ба стратегияи миллии давлатдорй ва хусусиятхои хоси миллии мардуми точик назарияи самараноки рушддихандаи миллати точикро тахия намоянд. Инро зарурияти илмй ва амалии рушди Точикистон имруза такозо менамояд.

Адабиёт:

1. Андерсон Б. Воображаемые сообщества. Размышления об истоках и распространении национализма. М.: «КОНОН-пресс-Ц», «Кучкого поле», 2001. - 288 с.

2. Балибар Э., Валлестайн И. «Раса, нация, класс. Двусмысленные идентичности» / перевод с фр. под. ред. О. Никифорова и П.Хицкого. М.: Издательство «Логос», 2004, 288 с.

3. Гумилёв Л.Н. Ритмы Евразии.-М.:Прогресс, 1993.-576 с.

4. Гулиев М. А., Коротец И. Д., Чернобровкин И. П. Этноконфликтология. — М.: ИКЦ «МарТ»; Ростов н/Д: Издательский центр «МарТ», 2007. — 224 с.

5. Кулакова, Н.Н. Урбанизация и иммигранты европейского происхождения в США: к проблеме эволюции этничности // Население Нового Света: проблемы формирования и социокультурного развития. -Сб. статей. М.: ИЭА, 2000. - 192 с.

6. Махмадов А.Н.. Мукадимаи идеяи милли. Душанбе: «ЭР-граф», 2013 -180 с.

7. Мачмуаи илмии «Мукадима ба назарияи миллатшиноси» ( Зери тахрири профессор С.С. Сафаров).- Душанбе: «Ирфон», 2012. - 245 с.

8. Назаров Р.. Идеалогияи ягонагии миллй омили нач,от ва рушди Точдкистон./ Масалахои актуалии равандх,ои сиёсии Точ,икистон // Мач,муаи ма^олахои илмию тад^щотй. Кисми II. - Душанбе, 2013. С. 40-51.

9. Ренан, Э. Что такое нация? // Собрание сочинений в 12-ти томах. Перевод с французского под редакцией В.Н. Михайловского / Э.Ренан. -Т.6. Киев, 1902. - С. 87-101.

10. Тишков В.А. Концептуальная эволюция национальной политики в России // Иследования по прикладной и неотложной этнологии.-М., 1999. - 40 с.

11. Торопова, ЕЛ. Феномен "маргинальной" этничности в антропологии Великобритании и США / Е.Л.Торопова // Этнографическое обозрение. 1999. - №2. - С. 3-12.

СОВРЕМЕННЫЕ ТЕОРИИ ПО КОСТРУИРОВАНИЮ НАЦИИ: ИДЕИ О ФОРМИРОВАНИИ ТЕОРИИ РЕКОНСТРУКЦИИ НАЦИИ В ТАДЖИКИСТАНЕ

Даная статья посвещена теоретико-методологическим проблемам теории нации. В ней освещаются современные концептуальные и методологические подходы, такие как примордиализм, конструктивизим, инструментализм и др.

Ключевие слова: нация, современные концепсии нации, примордиализм, конструктивизм, инструментализм, неомарксизм, колониализм, модернизм, постмодернизм.

MODERN THEORIES ON NATION CONSTRUCTION: IDEA OF THE FORMATION OF THE THEORY OF RECONSTRUCTION OF THE NATION IN TAJIKISTAN

This article is dedicated to the theoretical and methodical problems of the theory of nation. It investigates modern conceptual and methodological approaches, like primordialism, constructivism, instrumentalism and etc.

Keywords: nation, the modern concept of the nation, primordialism, constructivism, intrumentalizm, neo-Marxism, colonialism, modernism, postmodernism.

Cведения об авторе: Сарфарозова Н. Г., соикатель Института философии, политологии и права имени А. М. Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан, е-mail: svd-2010@mail.ru

About author: Sarfarozova N. G., applicant, Institute of Philosophy, Political Sciences and Law named after A. M. Bahovaddinov of the Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan

ХУСУСИЯТ^ОИ ТАШАККУЛИ Ч,ОМЕАИ ША^РВАНДИ ДАР ТОЧ,ИКИСТОН

Муродова Н. С.

Донишгоуи миллии Тоцикистон

Бунёди чомеаи шахрвандй маънои созиши чомеае мебошад, ки дар он хамохангии кулли муносибатхои сиёсй ва гайрисиёсй дар доираи амалишавии баробарии хукукхо, озодй ва ухдадории шахрвандон байни чомеа ва давлат пайдо мегардад. Давлат ба воситаи конунхо имконияти рушти чомеаро муайян намуда, бахри он талош дорад, ки сиёсати босуботро таъмин созад. Дар навбати худ чомеа ба чавоби чунин муносибати давлат масъул аст, вазифахои шахрвандии худро амалй созад. Давлат мухторияти шахсро эътироф менамояд ва чомеа бо таъсиррасонии худ, имконияти ташаббускориро бахри таъминсозии хукукхои шахрвандй мухайё месозад. Бинобар, агар давлат дар раванди идоракунй таркиботи амудии хокомиятдориро таъмин созад, пас чомеаи шахрвандй мавкеи уфукии онро сохиб гардида, муносибатхои чамъиятиро амалй менамояд. Дар он ракобат, таъминсозии манфиатхои ичтимой, моддй, фархангй, динй ва сиёсй инъикос мегардад.

Оид ба масъалаи кадоме аз холатхои чомеаро, ба чомеаи шахрвандй мансуб донистан дуруст аст, то айни хол дар илми муосир андешаи ягона баён нагаштааст. Баъзе аз тадкикотчиён мафхуми «шахрвандй»-ро ба чомеаи то давлатй мансуб медонанд, ки ин андеша ба хосияти чомеаи шахрвандй рост намеояд. Зеро дар чомеаи тодавлатй мухторияти шахс вучуд надошт ва у худ барандаи муносибатхои авлодй ва кабилавй буд. ^исми аз олимон ташаккули чомеаи шахрвандиро бо пайдоиши давлат алокаманд медонад. Ба кавли онхо давлат хамчун омили идоранамой, ки хамеша кушиши ба чомеа бор кардани манфиатхои худро дошт, боиси ташаккули чомеаи шахрвандй гардид. Чунин шакли чомеаи шахрвандй манфиатхои табакахои болоиро инъикос мекард. Гурухи сеюми тадкикотчиён пайдоиш ва ташаккули чомеаи шахрвандиро бо рушти чомеаи сармоядорй, иктисодиёт ва дигаргунгардии хусусиятхои муносибати байни хокимияти давлатй ва инфирод, ки дар натичаи тагйирпазирии муносибатхои чамъиятй ба амал омаданд, мансуб медонанд. Муносибатхои чомеа ва давлат дар ин маврид хусусияти мувозинати инъикоскунандаи рушди чамъиятиро дарбар гирифта, накши чомеа дар раванди халли масъалахои гуногун афзалият пайдо мекунад. Андешаи мазкур ба мазмуни аслии чомеаи шахрвандй рост меояд.

Дар илми муосир чомеаи шахрвандй хамчун категорияи илмхои чамъиятй ба худ нишонахои хосро сохиб аст. Нишонахои мазкур дар тобииш ва алокамандии он бо низом ва режими сиёсй, хусусияти идоракунии давлатй побанд буда, бо тагйирпазирии онхо хосиятхои чомеаи шахрвандй низ дигаргун мегардад. Аз нигохи илмй ва ташаккули вокеии чомеаи шахрвандй дар кишвархои мутамаддини олам, хосиятхо ё шароити мавчуд будани онро аз руи аломатхои зерин маълум сохтан мумкин аст:

Аввалан, мухторияти шахс ва таъмини хукукии он, ки хаёти шахсии инсон ва фаъолияти маънавию ичтимоии онро бе дахолати давлат комил месозад. Ва давлат вазифадор аст, ки бахри таъмини мухторияти шахс ва кафолати хукук ва озодихои он масъул бошад.

i Надоели баннеры? Вы всегда можете отключить рекламу.