МАРКЕТИНГИ СИЁСИ: МО^ИЯТ, ТАШАККУЛЁБИ ВА МАР^ИЛА^ОИ ТАРАККИЁТИ ОН ДАР ^ОМЕАИ МУОСИР
%акимов Р. М., Муродов Ц. З.
Таджикский государственный педагогический университет имени С. Айни
Маркетинги сиёсй дар илми сиёсии кишвархои ИДМ дар охири солхои 80-ум ва ибтидои солхои 90-уми карни ХХ дохил гардидааст, ки он дар алокамандй бо ислохоти муносибатхои бозоргонй ва институтхои интихоботи демократй ташаккул ёфтааст. Дар як вакт ташаккулёбии фаъоли бозори сиёсй авч гирифт, ки шаходати он шумораи зиёди субъектони бозор дар шахсияти хизбхои сиёсй, харакатхои чамъиятй-сиёсй, иттиходияхои интихоботй ва сарварони онхо мебошад. Масалан, дар маъракаи интихоботй ба Думаи давлатии ФР дар соли 1993 - ум 13 хавзаи интихоботй, дар соли 1995 -ум 43, дар соли 1999 -ум 26 ва дар соли 2003 -ум бошад, 23 хавзаи интихоботй ташкил шуда буд. Х,ангоми маъракаи интихоботи Президенти Россия дар соли 1996 шумораи номзадхо ба маснади президентй 10 нафар ва дар соли 2000-ум 11 нафар, дар соли 2004-ум 6 нафар буданд. Айнан чунин падидахо дар дигар кишвархои пасошуравй низ ба мушохида мерасад.
Дарачаи фаъолнокй ва ракобатпазирй дар раванди интихоботхои ибтидои солхои 90-уми асри ХХ конунияти актуалй будани масоили муносибати маркетингро дар арафаи гузаронидани ташкилу чорабинихои интихоботхоро аз нуктаи назарияи илмй ва амалй ба миён овардааст, ки пештар дар илмхои чомеашиносии мо вучуд надошт.
Дар шароити хозира аз нуктаи илмй бахо додан ба падидаи мазкур дар чомеаи муосир талаботи аввалин буда, инкишофи маркетинги сиёсй бо як катор омилхо вобастагй дорад:
Якум, талаботи вокеи оиди маркетинги сиёсй дар бозори сиёсии чомеаи муосир дар шароити ташаккули низоми демократии интихобот дар Ч,Т ва нохияхои он.
Дуюм, нофахмихо ва ихтилофхо оиди интихобот дар чумхурй ва инкишофи маркетинги сиёсй дар минтакахо, ки нарасидани кадрхои бомахорати маркетолог ва политтехнологхо, инчунин таъсири кормандони маъмурй, ки «коидахои бозй»-ро дар майдони сиёсй дигаргун месозанд ва технологияи ифлосро дар интихобот ва маракаи интихоботй истифода мебаранд.
Сеюм, гузаштан ба низоми пропорционалии интихобот бевосита низоми интихоботро ба манфиати хизбхои сиёсй дар бозори сиёсй дигаргун месозад. Дар чунин шароит дар интихобот ба интихобкунандагон на имичи номзадхо, балки имичи хизбхо, платформаи гоявии онхо ва барномахои сиёсии онхо пешниход карда мешавад, ки дар ин холат накши шуъбахои нохиявй ва намояндагони онхо барои ба даст овардани аксарияти овозхо ахамияти калон пайдо менамоянд.
Аввалин корхои илмие, ки ба маркетинги гайри фаъолияти сохибкорй бахшида шуда, дар Гарб солхои 60-уми асри ХХ ба вучуд омадаанд, асархои Ф. Котлер ва Л. Слеви мебошанд. Дар солхои 60-70-уми асри ХХ сиёсатшинос П. Бурде накши босазое дар инкишофи назарияи маркетинги сиёсй мегузорад, у аввалин шуда мафхуми «майдони сиёсй»-ро ба илм дохил намуда, дар тахкикоти худ масъалаи махсуси таксимоти мавкеи рохбар ва зертобеъро дар хокимият ва инчунин механизми таксимоти легатимии зуриро дар куввахои сиёсй нишон дода мегузарад.
Дар солхои 70-уми асри ХХ дар адабиётхои илмии мамлакатхои Гарб ду навъи муносибат оиди истифодаи мафхуми маркетинг дар идоракунии давлатй ба вучуд меоянд. Намояндагони равияи якум инхо Р. Вагнер, Ф. Котлер, А. С. Макаричёв ва намояндагони равияи дуюм Б. М. Энис, Г. Маузер ва дигарон мебошанд. Тарафдорони равияи дуюм маркетингро яке аз шаклхои технология, ки ба рафтори омма дар ваъзияти мусобика таъсир расонанда медонанд ва максади маркетингро дар халли баъзе масъалахои ичтимои ва сиёсй медонанд, ки он хосияти бевоситаи иктисодиёти бозоргонй ва чомеаи плюралистист. Бояд кайд, намоем, ки назарияи маркетинги сиёсй бо назарияи идоракунии сиёсй сахт алокаманд мебошанд. Бехуда нест, ки масъалаи ташаккулёбии сохтор ва механизмхои фаъолияти идоракуни махсусан аз тарафи мутафаккирони шинохта аз кабили Ф. Бекон, Ч,. Локк, Т. Гоббс, Ш. Л. Монтеско, баъдан Г. Гегел, К. Маркс тахкик шудаанд ва дар асархои худ К. Маркси бузург мафхуми «бюрократя»-ро истифода намудааст.
Дар адабиётхои муосири илмии Россия маркетинги сиёсиро хамчун бозори сиёсй маънидод менамоянд, чунончи дар тахкикоти г. Грачев, Г. Дилигенский, В. Дубицкий, В. Лацкин, Е. Морозов, Д. Нежданов, М. Тарарухин ва дигарон ин падида чашмрас мебошад.
Раванди сиёсии вокей дар хар як чомеаю давлат бевосита гуногуншакл мебошад ва аз ин лихоз ракобати байни гурухо барои хокимият ба сифати воситаи амалй ва амалияи идоракунй, кабули карор, пешгирию танзими низоъхо, баркароркунии алокахо ва равандхои дигар, ки метавонанд сатхи^дигари вобастагихо ва алокахоро ба миён биёранд. Дар ин маъно раванди ташаккули хокимият ва идоракунии чомеа бевосита ба омилхои дигар такя менамоянд, ки онхо гуногунчабха мебошанд, чунончй, психологй, моддй, маънавй ва дигар падидахое, ки ба рафти ходисахо ба таври вокей таъсир мерасонанд. Аз ин лихоз, халли масаълаи мушахас маънои онро надорад, инсон максадро то кадом сатх медонад ва воситаи ба даст овардани онро мефахмад, балки аз он иборат аст, ки то кадом дарача воситахои конкретии амали намудани онхоро дар амал , яъне истифодаи технологияи муайяни халли масаъла мебошад. Ба таври образнок ифода намоем раванди сиёсй, ин маънои онро дорад, ки аз истифодаи воситахо технология халли масаъла сахт вобастагй дорад. Масалан, дуруги оммавй, пахн намудани овозахои бардуруг, ичозат надодан симову садо барои баъзе намояндагони хизбхои муайян метавонад, раванди ташакулёбии сохторхои хокимиятро аз интихоботи озод махрум сохта, шахрвандонро нисбати он бетафовуту дилсард намоянд, назорати ВАО ва гайра.
Технологияи сиёсй хам максадхои кутохи натичабахш, яъне тактика ва хам максадхои дарозмуддат, яъне стратегияро доро мебошад, аз ин лихоз истифодаи ин ё он шакли технологияи сиёсй сифати идоракунии сиёсй, танзими равандхои сиёсй, низоми мустахками сиёсй, умуман тамоми фазои сиёсиро муайян менамояд. Технологияи сиёсй одатан аз шакли инкишофи чамъият, яъне дар он равандхои эволютсионй ё револютсионй хукмрони доранд, аз руи характери режим, яъне демократй, авторитарй, тоталитарй ва гайра омилхо муайян карда мешаванд.
Дар чахони муосир фаъолияти бештари тараккиёти технологияи сиёсй аз шаклхои зерин иборат мебошад: хамкорихои ичтимой, фаъолияти лобистй, кабул ва амали намудани карори сиёсй, халли низоъхои сиёсй, «паблик рилейшиз», идоракунии интихоби сиёсй, манипулиятсия, ташаккули имч, таваккалии сиёсй ва гайрахо. Бояд кайд намоем, ки то ба имруз мафхуми муайяну ягонаи маркетинг, ки хамагон эътироф намоянд хам дар тичорати классикй ва хам дар илми сиёсй вучуд надорад, кисме аз муаллифон дар зери мафхуми маркетинг на технология балки таълимоти фалсафй, самти чахонбиниро мебинанд, яъне сухан оиди модернизатсия таргиботу ташвикот нест, балки масаъла оиди онест, ки фаъолияти сиёсй бояд ба мисли бизнес бошад. Бамаврид аст, таъкид намоем, тахкикоти маркетинги сиёсй, истифодаи он дар амал аз миёнахои асри ХХ- шуруъ шуда бошад хам, лекин падидаи маркетинги сиёсй ба монанди мафхумхои сиёсат, равандхои сиёсй, муносибатхои сиёсй баркт пайдо гардидаанд.
Ду шакли ба максад расидан мавчуд мебошад, яъне ба воситаи конун ва рохи дуюм зуроварй ва хокимро шарт нест, ки аз ду якеро интихоб намояд ва ба у лозим меояд, ки аз хар ду восита мохирона истифода намояд, зулмро метавонад сари вакт истифода намояд, лекин адлро бо мурури вакт ва аз хама бехтар тарсро дар дили мардум чой намудан хуб мебошад, назар ба он ки махбуби хамагон будан.
Аз нуктаи назари мо, ба инкишофи маркетинги сиёсй чунин принсипхои Н. Макиавелли таъсир расонидаанд:
1. Нуфуз ё хокимияти сарвар, ки решаи он дар дастгирии тарафдророни у мебошад;
2. Зертобеон бояд хис намоянд, ки чиро бояд онхо интизор бошанд аз сарвари худ ва сарвар аз онхо чй умедворй дорад;
3. Сарвар бояд иродаи мустахкамро доро бошад.
Сарвар хама вакт барои зертобеъонаш рамзи адолат ва хирад ба хисоб меравад. Дар нимаи асри ХХ-ем сиёсатшиносон, муаррихон ва махсусан мутахассисони сохаи маркетинг ба акидахои Н. Макиавелли диккати бештар додаанд, асархои у хамчун манбаи гояи вокеии низоми идоракунии амалияро ташкил медод ва ба хисоб меравад, махсусан аз руи сифаташон, хирадмандии сиёсиашон ин асархо аз таълимотхои замони муосир бартарй доранду костаги дар онхо дида намешавад.
Проблемаи бахамалокамандии сарвари сиёсй, маъмуриятчигй, оммаи халк низ предмети омузиши маркетинги сиёсй ба хисоб мераванд. Аз хамин лихоз назарияи М. Вебер оиди хокимият ва конунй (легетимй) будани он, маъмуриятчигй (бюрократия) таваччухи моро чалб менамоянд. Бехуда нест, ки демократия аз нуктаи назари М.Вебер восита мебошад, на хамчун максади худ дар худ. Ин шакли интихоби сарвар, ин воситаест, ки ба идоракунии онхо чомаи расмии конуни пушонида оммаи зиёди ахолиро барои фаъолияти сиёсии миллат чалб ва сафарбар менамояд. Новобаста аз ин демократия аз нуктаи назари М. Вебер воситаи хуби халли масаълахои одии сиёсй нест, дар чунин холатхо назар ба райъ додан созиш бастан бавоситаи гуфтушунид байни тарафхо мебошад.
Муносибат ба маркетинг чунин талаб менамояд, ки дар раванди амалишавии фаъолияти маркетинг се давра ба эътибор гирифта шавад:
1. Тахкики муайяни сегментхои (бандхои) бозор, харидор ва гайрахо;
2. Коркарди технология ва дигар чорабинихо оиди татбики масъалахои маркетинг;
3. Амалй намудани технология, меъёрхо, яъне бевосита идоракунии маркетинг.
Вобаста ба чунин муносибат раванди маркетинги сиёсй аз се кисм ташкил меёбад:
- тахкики бозори сиёсй, чамъовари намудани ахборотхои гуногун, тахлили махсусм «моли сиёсй», омузиши иктидор ва талаботхои вокеии муштариёни он;
- фаъолияти сиёсй - мухандисй, яъне коркарди лоиахои гуногун ва технологй, ки вазифахои онхо танзими бозори сиёсй мебошад,
- идоракунии маркетинги сиёсй, яъне банакшагирй ва амалй намудани низоми тайёри чорабинихо вобаста ба маркетинг, назорат намудан барои амалй шудани онхо ва г.
Хулоса, мафхуми маркетинги сиёсй фаъолиятест, ки ба ташаккул, рахнамой, нигахдорй ва тагйири муносибат ва фаъолияти субъектхои сиёсат нисбат ба гояхои муайяни сиёсй, падида ходисот, ташкилот ва сарварон равона карда шудааст. Технологияхои маркетингй шароит фарохам меоранд, ки тамоюлхои сиёсии шахрвандон, кушишхои мушаххаси сиёсии онхо, муборизаи байни хизбхо ва гуруххои гуногуни сиёсй дар чомеаи демократии муайян карда шуда ва барои ба самти дилхох равона кардани максадхои онхо накшахои амалй пешниход карда шаванд. Маркетинги сиёсй имконият ва шароитеро муайё месозад, ки вазифахои гуногуни сиёсй халли худро дарёбанд, дар ибтидо барои халли чунин масъалахо шахсхое машгул буданд, ки хама вакт хамин як корро ба субут мерасониданд, аммо бо мурури замон ва бо баланд шудани нуфузи маркетинги сиёсй дар шароити раванди сиёсии муосир ба гуруххо таксим гаштани касбии ин соха оварда расонид ва шахсиятхое ба майдони сиёсат баромаданд, ки дар халли масаълахои гуногуни сиёсй онро хамчун ихтисос аз худ намуданд.
Дар шароити муосир мутахассисон оид ба чунин шаклхои маркетинги сиёсй харф мезанд: имичологияи сиёсй, ПЯ - сиёсй , маркетинги электорат, брединги сиёсй, танзими низоъхои сиёсй, фаъолияти лоббистй, иттиходияхои сиёсй, созишномахои сиёсй , консалтинги сиёсй , маклер, брокер, барзагов, хирс ва гайрахо.
Имичологияи сиёсй яке аз шаклхои маъмулу машхур ва кадимтарини маркетинги сиёсй ба шумор меравад, хатто дар даврахои кадими таърихй симои хокимро хаматарафа бахо медоданд ва аз тарафи мушовирони хоким ин симо хифз карда мешуд. Вазифаи асосии ин намуди маркетинги сиёсй сохтани симои ин ё он сиёсатмадор, ходими давлатй барои оммаи мардум буд, то ин ки кобили кабул бошад ва ахолй фаъолияти онро эътироф ва дастгирй намоянд.
Маркетинги электролат дар байни шаклхои дигари маркетинги сиёсй макоми махсусро ишгол менамояд, вазифаи асосии он ташкил ва гузаронидани маракахои интихоботй ба шумор меравад. Ба хамагон маълум аст, ки интихоботхо ба макомотхои давлатй дар мамлакатхои демократй мунтазам гузаронида мешаванд ва ракобат дар ин интихоботхо нихоят тезу тунд сурат мегиранд, аз ин лихоз таваччухи сиёсатмадорон ба маркетинги электролат нихоят калон мебошад.
Брендинги сиёсй, ё ба тарзи дигар дохил намудани рамзхо ба шуурй омма, киёфа, симо, нишонахо, ки вобаста ба максадхои субъектони идоракунии сиёсй одамонро муттахид менамоянд ё баръакс онхоро ба гуруххои мухолиф чудо мегардонад, ки хангоми маракахои интихобот ракиби хамдигар мешаванд. Бренди сиёсй ба маклери сиёсй монанди дорад, ки метавонад ба воситаи як калима ё мафхум ва ё дигар намудани
рамз шаходати ба кадом гурух аъзо будани фардро ишора намуда, мавкеи он, сатхи ишгол намудаи вайро дар фазои сиёсй ба мо нишон медихад. Х,ангоми истифодаи дурусти бренди сиёсй, ин рамзхо хамчун омили вахдат, нишонаи муттахидии одамон шавад ва хамчун мафхум ва шакли маркетинги сисй ташаккули хуввияти сиёсй дар идоракунии манфиатхои субъектони сиёсй гардад.
Маклер, ки худ калимаи олмонист, шахсияти хукукй буда, дар биржа чои махсуси худро дорад ва раванди бозори сиёсиро ба кайд мегирад, тибки дархости муштариён талаботи онхоро конеъ мегардонад, ба ивази ичрои амалхои худ бо номи кураж музд мегирад.
Брокер, ин мафхуми англисй буда, маънояш комиссионер мебошад ва хамчун шахси хукукй байни фурушандагони моли сиёсй ва муштариён ба сифати миёнарав иштирок карда, аз номи онхо ва ба манфиати онхо фаъолият менамояд, онхо дар таблигот, омузиши бозори сиёсй, пешниходи ахбороти гуногун кор мекунанд.
«Барзагов» ё тарзи дигар эхтиёткор, шахсест, ки дар бозор хамчун ханнот аз хисоби баланд бардоштани нарххо ва ба максади дар оянда бо нархи баланд фурухтани онхо ва ба даст овардани фоидаи баланд фаъолият менамояд.
«Хирс» - шахсест, ки мукобили «барзагов», ки аз хисоби паст кардани нарххову баланд фурухтани онхо фаъолият пеша мекунад. «Хирс» доимо барои паст гардидани нарххо ва мансуб гаштан ба дарачаи фоидаи муайян интизорй мекашад.
Танзиму пешгирии низоъхои сиёсй сатхи баланду махсуси маърифату маданияти сиёсй, собикаи хуб, тачрибаи касбиро токазо дорад, чунки ин шакли маркетинги сиёсй барои паст намудани бархурди сиёсй, шиддатнокии он дар чомеа, халли дурусти он ба рох монда мешавад.
Фаъолияти лоббисти барои таъсир расондан ба мансабдорони давлатй бо максади кабули карорхо барои манфиати гуххои лоббистй ровона карда шудааст. Лоббистхо хамаи шаклхои маркетинги сиёсиро дар худ доранд ва онхо мохирона онро амалй менамоянд, бояд кайд намоем, ки гурухи лобистхо ба соахои муносибатхои хокимияти давлатй дохил мешаванд, аммо дар ин холат макоми захирахои хокимиятро сохиб нестанд ва аз руи конун хукукй фармон додан ба субъектхои хокимиятро надоранд. Бинобар хамин онхо мачбуранд, воситаю роххои гуногунро барои таъсир расондан хангоми кабули карорхо истифода баранд.
Актуалй будани тахкикоти мазкур дар он мебошад, ки тахлили бевоситаи технологияи сиёсй, таълимотхо оиди маркетинги сиёсй, муайян намудани хусусиятхои хоси бозори сиёсй дар чумхурихои собики шуравй ба мо имконият медиханд, инкишофи бевоситаи маркетинги сиёсй, махдудияти онро муайян намоем.
Дар дарахти сербаргу бисёршохаи низоми илмхои сиёсй навнихоле ба вучуд омадааст, ки онро «маркетинги сиёсй» номгузорй намудаанд. Ба мисли дигар илмхои сиёсй маркетинги сиёсй илми омезишёфта ба шумор меравад, ки асоси методологии онро донишхои гуногун ташкил медиханд ва барои муайян намудану тахкики раванду падидахои сиёсй мутобик гардонида шудааст. Аксарияти мухакикон бар андешае мебошанд, ки предмети омузиши маркетинги сиёсй ин факат муносибатхои маркетинг дар сохаи раванди интихобот мебошанд, яъне раванди интихобот ва технологияи интихоботро дарбар мегирад. Бо маврид аст, таъкид намоем, ки маркетинги сиёсй аз кисматхои зерин иборат аст:
1. Маркетинги сиёсии давлати;
2. Маркетинги сиёсии хизбй;
3. Маркетинги сиёсии байналхалкй;
4. Маркетинги интихоботй.
Дар муддати бисёр асрхо тачрибаи хуби пешбарй ба зинахои гуногуни хокимият, технологияи доду гирифт коркард шудааст, ки дар натича на танхо технология, балки санъати хубе ба миён омад. Маркетинги хизби - сиёсй яке аз сохахои маркетинги сиёсй буда, фаъолияти назариявй ва амалии хизбхои сиёсй, иттифокхо, блокхо, харакатхоро дар сохаи истехсолот, пешбарй, таксимот ва мубодилаи молхои сиёсиро дарбар мегирад, ки самти асосии фаъолияти он ба тарики зайл аст:
- истехсол ва пешбарии барномахои хизбй;
- пешбарй ва таксимоти кадрхои хизбй;
- лоббизатсияи манфиатхои хизбй дар муассисахои хокимиятй давлатй;
- таблиги хизбу сарварони хизбй.
Яке аз кисматхои мустакили самти фаъолияти маркетинги сиёсиро маркетинги интихоботй ва байналхалкй бо хусусияту хислатхои акторони худ, предмет ва кабули алокахои сиёсии онхо ташкил медихад. Маркетинги интихоботй хамчун амали сиёсй ин соаха буда, дар он хама намудхои хизматхои сиёсии машваратчиёни сиёсй, мутахассисони соахаи алока бо омма, рекламахои сиёсй, имичмейкерхо, ки дар давраи маракаи интихобот аз хизматхои онхо истифода мебаранд, харида ва фypyхта мешаванд. Маркетинги байналхалкй ё ба тарзи дигар маркетинги сиёсати хоричй хамчун доираи байнихамдигарии давлатхои алохида ва иттиходияхои байналхалкии сиёсй, блокхо, иттифокхоеро, ки барои таксиму барпо намудани таъсири сиёсии худ дар худуди муайян мебошад, ки соахаи конунии манфиатхои геополитикии субъектони муносибатхои байналхалкиро дар бар мегиранд.
Хусусияти чунин муносибатхо аз кудрати иктисодй, сиёсй ва ичтимой - мадании давлатхои чудогона вобастагй дорад. То кадом андоза давлат абакудрат бошад, то хамон андоза талаботхои геополитикияш зиёд буда, таъсири он ба иктисодиёт, сиёсати байналхалкй, чобачогузории куввахои сиёсияш дар доираи васеъ сурат мегиранд.
Тахкикоти сиёсат дар мафхуми бозор ба муваффакиятхои интихоби чамъияти такя менамояд, чунки бо раванди тахлили маркетинг алокаманди сахтеро доро мебошад.
Чй боис шуд, ки маркетинг ба сохахои сиёсат ва идоракунии давлатй дохил карда шавад? Пеш аз хама максади ибтидоии он барои тахлил ва вазъияти бозор, ки дар мафхуми умуми ин калима барои мавчуд будани муассиса ва фарди чудогона нихоят зарур мебошад. Кушиши омузиши бозор бо воситаи технологияи нав ва тахкикотхои навтарин имконият ба вучуд меорад, ки барои азхуднамудани асосхои дониш шароит фарохам оварда, хатарро кам карда, руяхи фаъолияти амалиро бех намуда ва инчунин дурандешии сиёсатмадорро нишон медихад.
Мухимтар аз хама дар инкишофи назарияи маркетинги сиёсй идеяи Котлер оиди чузъиётхои (сегментхои) бозор, яъне хангоми омузиши он пеш аз хама бояд ба чамъи харидорони мол, ки ба он манфиатдоранд ва онро харидорй мекунанд, диккат дода шавад.
Савол ба миён меояд, ки маркетинги сиёсиро бо маркетинги тичоратй чй бо хам наздик менамояд? Барои чй олотхои маркетинг бо як содагияшон дар сохаи сиёсат истифода кардан мумкин аст? Чдвоб якто шуда метавонад: барои он, ки дар байни моли тичоратй ва моли сиёсй хаммонандихо нихоят зиёданд, масалан:
- хар як мол дорои сифатхои фаркунанда, шакл, воситаи пешниход ба харидор ва Fайpахоpо доро мебошад, аз чумла сиёсатмадор ба чомеа сурату сирати худ, рафтор ва дигар бартарияташро пешниход менамояд;
- хар як мол дорои тамFа (этикет), хел, навъ ( марка ), доираи нуфузи худро дорад ва сиёсатмадорро хатман ягон хизб, ки бо сиёсати консервативй ё навгонии худ машхур асту тачрибаи фаъолияташ маълум мебошад, пешниход мекунад;
- бо хар як мол дар якчоягии он «барномаи сервис», яъне имтиёзхо мавчуд аст, аз кабили кафолат, бепул ба макон расонидан, болои тухфа додан вучуд дорад, хар як сиёсатмадор дар рафти маракаи сиёсй барномаи худро пешниход мекунад ва кушиш ба харч медихад, ки фаъолияти ояндаи худро фахмонда дихад ва интихобкунандагонро мехохад конеъ гардонда овозхои зиёдро сохиб гардад;
- барои машхур гардондани мол дар доираи харидорон молро бояд ба мавзеи фуруш «пешбурдан», « харакаткунонидан» лозим аст, ба воситаи чунин технология номзад реклама ва пешниход карда мешавад;
- хар як мол дар бозор дорои ракобат мебошад, агар ракобатпазир набошад, ин маънои онро дорад, ки он ягона буда, пайдоиши он дар бозор инкилобест, дар сиёсат низ чунин вазъият ба вучуд меояд, махсусан хангоми вазъияти революсионй номзади ягона тавлид мегардад, лекин ин навъ сарвар тамоми хокимиятро дар оянда монополияи худ мегардонад;
- захирахои корхона барои истехсоли моли зиёд бо максади фурухтан ба бозор дар оянда ва гирифтани фоида аз он равона шудааст, барои сиёсатмадор чустучуй модулхои мувофики таксимоти захирахо метавонад ахмияти калон дошта бошад, чунки воситахои дар ихтиёрй номзад буда нихоят махдуд мебошанд.
Аз киёсхои дар боло зикр намудаи мо оид ба маркетинги тичоратй ва маркетинги сиёсй мантикан панч самти асосии маркетингро дида метавонем:
1. Самти якум, бо худи мол, яъне хислатхои чисмонии он вобастагй дорад, ки харидор намуди зохирии онро мебинад, барои номзад бошад, ин хислатномаи y - синну
сол, каду комат, намуди зохирй, либос ва либоспуши, тамгаи мошин, одамони гирду атрофии у, оила ва гайрахо мебошанд;
2. Самти дуюм, харакати мол ба бозор, таксимоти баробари он ба хамаи нуктахои фуруши он , барои сиёсатмадор ин иштироки бевоситаи номзад ба хамаи чойхои чамъиятй, ки ахмиятноканд, ходисахо, чаласахои гурухои таъсиррасон ва гайрахост, дар сурати набудани номзад, шахси бовариноки у бояд вайро иваз намояд;
3. Самти сеюм, ин нархи муайяншудаи мол, дастрасии он барои харидор ба шумор меравад, агар нархи мол киммату гарон бошад, харидор онро харида наметавонад ва мол ба фуруш намеравад, барои сиёсатмадор барномаи мушаххасй фаъолияти номзад, ки чои нархро иваз мекунад, ваъдахои пешазинтихоботии у шуда метавонад, агар номзад тартиботро дар кишвар ваъда дихад, ки ба воситаи судхои харбй сахрой чорй мекунад, ё кишварро аз бухрони молиявй - иктисодй мебарорад, халкро хушбахт мегардонад, метавонад, латма ба раванди интихоби худ намояд;
4. Самти чорум, хайати фурушандагон, яъне чамъи фурушандагони касбии нихоят зиёд, ки молро реклама намуда, бартариятхои онро фахмонида ва окибат онро мефурушанд, харидор дар навбати худ эътимод пайдо мекунад, ки технология нав дар бозор чй навъ мебошад, барои сиёсатмадор ба сифати хайати савдогарон ин гурухи ташвикотчиёну ёрдамчиёни у шуда метавонанд, ки бо интихобкунандагон шахсан, ё хаттй, ё бо воситаи телефон, интернет ва гайрахо дар тамос буда, онхоро бовар мекунонанд, ки ба номзад рай диханд;
5. Панчумин самт, ин сиёсати коммуникатсионист, яъне фаъолияти пешниходу таблигот буда, аз воситахои одй муаррифии номзад, расмхои у, хуччатхои барномавй, пахнкунии варакахо, плакатхо, такдими тухфахо сувенирхо, ташкили бозихои лотареяхо, базмхои бепул ва г., то ба сатхи институтсионалй ё таблиготи моли сиёсиро дарбар мегирад.
Дар маркетинги сиёсй низ хамон сегментхои бозори тичоратй истифода мешаванд. Ин имконият фарохам меорад, ки категорияхои гуногуни истеъмолгарон муносибатро ба мол якмарома бошанд.
Хулоса, дар рузхои мо инкишофи низоми сиёсй инъикоси бевоситаи тараккиёти хаёти сиёсй ба шумор меравад, аз ин лихоз дар кишвари мо мустахкамшавии манфиатхои сохахои иктисодиёт ва элитаи сиёсй ба назар мерасанд, ки вазифаи онхо пеш аз хама нигох доштани хокимияти худ дар сатхи муайян мебошад. Аз хамин лихоз чомеаро лозим аст, ки модулхои нави бохамалокамандиро чустучуй намояд. Барои мо зарур аст, ки таълимотхо, модулхо ва технологияи бехтарини хоричиро барои пешрафти чомеаи муосири точик интихоб намоем. Бо инъикос намудани сиёсатмадорон ва хизбхои сиёсй хамчун «фурушанда» ва интихобкунандагон хамчун «харидор», мо метавонем, модули нави идоракуниро ба даст дарорем ва имконият пайдо мешавад, ки ба чй кодир будани синфи сиёсй ва аз ухдаи салохияту вазифахои худ баромадани онро дониста гирем. Аз чониби дигар, барои он фардхое, ки рагбат ба омузиши илми маркетинги сиёсиро доранд ва мехоханд тахкикот гузаронанд, ин чанбахо, ки дар Точикистон то хануз тахкики худро наёфтаанд, метавонанд бехтарин мавзуъ барои омузишу тахкик бошанд.
Адабиёт:
1. Анохин М. Г., Комаровский В. С. Политика: возможность современных технологий. - М.:
РАНС, 1998, - 70 с.
2. Антология мировой политической мысли. Т.1. - М.: Канон, 1997.
3. Барсукевич А. Повесть о «грязных» выборах. - СПб.: Балтийская педагогическая
академия, 2000. - 181 с.
4. Березкина О. П. Слуги народа. Имидж и идеология. - М.: Альфа - Лаб, 1998. - 248 с.
5. Вебер М. Избранные произведения. - М.: Издательский Дом «Гелиос», 1996.
6. Ковлер А. И. Основы политического маркетинга. - М.: Издательство «Рудомино», 1993.
7. Котлер Ф. Основы маркетинга / пер. с англ. - М.: Издадельство «Рудомино», 1995, - 214 с.
ПОЛИТИЧЕСКИЙ МАРКЕТИНГ: ПОНЯТИЕ, СУЩНОСТЬ И ОСНОВНЫЕ ЭТАПЫ РАЗВИТИЯ В СОВРЕМЕННОМ ОБЩЕСТВЕ
Термин политический маркетинг вошел в политическую науку в 60-е годы ХХ века, но этот термин в экономической науке имеет давную историю. Авторы статьи исследовали его значение, содержание, причины развития в современном обществе. А также в статье деляется
сравнительный анализ коммерческого маркетинга с политическим маркетингом и их соотношения в современном обществе. О политическом маркетинге мало научных статьей и работ. Кроме того, в практике он мало используется со стороны политических партий и общественных организаций в период передвыборных компаний. В основном, не использование политического маркетинга считается одной из причин поражения кандидатов и политической партии на прошедших выборах в республике.
Ключевые слова: маркетинг, коммерческий маркетинг, политический маркетинг, выборы, политическая технология, политический имидж, электорат, политический брединг.
POLITICAL MARKETING NOTION, ESSENCE AND ITS BASIC STAGES OF DEVELOPMENT MODERN SOCIETY
The term of political marketing came into political scoence at the 60-y years of XX century, but this terms has long history in the economic science. Authors of article investigated value, contens and tne reasons of its development in modern society. Comparison analysis of commercial marketing with political marketing and their relationships are indicated in this article as well.
Keywords: marketing, commtrcial marketing, political marketing, elections, political technology, political image, electorate, political breeding.
Сведения об авторах: Хакимов Раджаб Муродович, кандидат политических наук, доцент Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни
Муродов Джахонгир Зайнуллоевич, соискатель кафедры политологии Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни
About authors: Hakimov Rajab Murodovich, PhD in Political Sciences, Associate Professor, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini
Murodov Jahongir Zainulloevich, applicant, Department of Political Sciences, Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini
НАЗАРИЯХ,ОИ МУОСИР ОИД БА МИЛЛАТСОЗИ: АНДЕША^О ПИРОМУНИ ТАШАККУЛИ НАЗАРИЯИ МИЛЛАТСОЗИ ДАР ТО^ИКИСТОН
Сарфарозова Н.
Институти фалсафа, сиёсатшиноси ва %уцуци Академияи илмуои
Цум^урии Тоцикистон
Гуногунранги акидатй (плюразим) дар зери таъсири к;онуни алокдмандии мутак;обилаи хастии чамъиятй бар шуури чамъиятй ба вучуд меояд. Гуногунии муносибатхои чамъиятй, ки он дар мачмуъ хдстии чамъиятиро ташкил менамояд, шаклхои гуногуни шуури чамъиятиро ба вучуд меоварад. Яке аз шаклхои хастии чамъиятй ин муносибатхои инсонхо ба миллату милатсозй, давлату давлатдорй, хуввияти миллй ва худшиносии миллист. Ин масъалаест, ки имруз дар адабиёти илмй, адабй ва публитсистй чи дар илми фалсафа ва сиёсатшиносии чахонй ва дар Ч,умхурии Точикистон мавриди бахсу андешахои гуногун гардидааст. Аз ин ру зарурияти ташаккули консепсияи илман асоснокшудаи миллат дар замони муосир, махсусан барои миллати точик, ки дар даврони миллатсозй ва рушду нумуъи давлати демократию, хукукбунёду, дунявию, ягона к;арор дорад ахамияти калон дорад. Ба ин хотир зарур шуморидем, ки мухтавои назариётхои дар чахони муосир ба вучудомадаро оид ба мавзуъи мавхуми миллату миллатсозй мавриди баррасй к;арор дихем.
Дар пешоруи асри муосир асархои ба шуури сиёсии одамон таъсиркунандае ба вучуд омаданд. Аз чумла, «Хотимаи таърих ва инсони охирин» - и Фукуяма, «Бархурди тамаддунхо»-и Хантингтон, «Тахтаи бузурги шохмот»-и Бжезинский ва му^обил бар ин асархо- назарияи «Гуфтугуи тамаддунхо»- и Дотамй ва дигар назарияхои сиёсиро номбар кардан мумкин аст.
Фукуяма дар асари мазкур ба хулосае меояд, ки поёни таърихи инсоният бо гояи демократияи либералии амрикой анчом меёбад. Дар зимни андешарониаш нишон доданй мешавад, ки имруз чахониён орзуи ба Амрико рафтанро доранд ва хазорон донишчуёне, ки масалан аз Чин ончо мераванд, бори дигар ба Ватанашон баргаштанро намехоханд. Аз омузиши ин аср дар зехн як суоли одй пайдо мешавад, ки оё таърихи