5.1.3 (12 00 03) Частно-правовые (цивилистические) науки
5.1.3 Илмхои хусусй-хукукй (сивилистй) 5.1.3 Private law (civil law) sciences
УДК
DOI 10.24412/2411-1945-2022-4-13-23
МОХДЯТИ КАФОДАТХОИ ХУЦУЩО ДАР ШАРТНОМАИ КОНСЕССИОНЙ: ТАХДИЛИ ХУУЦУЩЮ АМАДЙ
СУЩНОСТЬ ГАРАНТИИ ПРАВ В ДОГОВОРЕ КОНЦЕССИИ: ПРАВОВОЙ И ПРАКТИЧЕСКИЙ АНАЛИЗ
Бобозода Умед номзади илмуои ууцуц, дотсенти кафедраи ууцуци байналхалции факултети ууцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон; Абдуллозода А;там унвонцуи кафедраи ууцуци байналхалции факултети ууцуцшиносии Донишгоуи миллии Тоцикистон (Тоцикистон, Душанбе);
Бобозода Умед, канд. экон. наук, доцент кафедры международного права Таджикского национального университета; Абдуллозода Ахтам, соискатель кафедры международного права Таджикского национального университета (Таджикистан Душанбе)
Bobozoda, Umed, candidate of the sciences of economics, Associate Professor of the international law department under the Tajik National University;Abdullozoda Akhtam, claimant for candidate degree of the international law department under the Tajik National University (Tajikistan, Dushanbe) EMAIL: [email protected]
Табиати кафолатуои ууцуци аз руи меъёруои ууцуц, восита ва усулуои муайян, тадбируои масъулият ва мууофизати дар доираи шартномаи консессиони барраси шудааст. Масъалауои умумии назариявии кафолат мавриди омузиш царор дода шуда, андешауои олимони ватанию хорици перомуни он барраси гардидаанд. Консессия яке аз шаклуои мураккаби шарикии давлат ва бахши хусуси маусуб дониста шуда, дар ин замина бандуои Цонуни Цумуурии Тоцикистон "Дар бораи консессияуо", уамчунин Цонуни Цумуурии Тоцикистон «Дар бораи сармоягузори» оид ба кафолатуои уифзи сармоягузори ва ууцуцуои сармоягузорон таулил карда шудааст. Пешнщод гардидааст, ки кафолатуои ууцуци консессиядорон ба гуруууои зерин цудо карда шавад: кафолатуои модди; кафолатуое, ки бо мацсади уифзи ууцуцуои моликияти консессиядор (кафолатуои мурофиави) муцаррар карда шудаанд; кафолатуои истисноии ууцуци. Хусусиятуои шартномаи консессиони дар меъёруои байналмилали ва цонунгузории кишвар шару дода шудаанд.
Калидвожа;о: шартнома, кафолат, созиш, ууцуц, консессия, ууцуци байналмилали,
THE ESSENCE OF INSURANCE OF RIGHTS IN THE AGREEMENT OF CONCESSION; LEGAL AND PRACTICAL
ANALYSIS
сармоягузор
Рассмотрена сущность правовых гарантий с точки зрения правовых норм, отдельных средств и методов, меры ответственности и защиты в рамках договора концессии. Изучены общетеоретические вопросы гарантий и приведены мнения отечественных и зарубежных учёных. Считая концессию одной из сложных форм государственно-частного партнерства, проанализирован Закон Республики Таджикистан "О концессиях", а также статьи Закона Республики Таджикистан "Об инвестициях" относительно гарантий защиты инвестиций и прав инвесторов. Предложено разделить гарантии прав концессионеров на группы: материальные гарантии; гарантии, устанавливаемые в целях защиты имущественных прав концессионера (процессуальные гарантии); исключительные юридические гарантии. Рассмотрены особенности концессионного договора, имеющиеся в нормах международного права и в законодательстве страны.
Ключевые слова: договор, гарантия, соглашение, право, консессия, международное
право, инвестор
The article dwells on the essence of legal guarantees from the point of view of law norms, separate media and methods, measures of answerability and advocacy in the frames of concession agreement. The authors have studied general theoretical issues of guarantees and adduced the viewpoints belonging to home and foreign scientists. Considering concession as one of the most complex forms of statal-private partnership they analyzed in this context Tajikistan Republic Law "On Concession " and the articles of Tajikistan Republic Law "On Investments " dealing with the guarantees of advocacy for investments and investor's rights. It is proposed to divide concessioners' rights into groups:material guarantees; guarantees established for advocacy of concessioner's property rights (procedural guarantees); exceptionally juridical guarantees.The peculiarities of a concessional treaty included into the norms of international law and into the country's legislation are canvassed as well.
Key-words: agreement, insurance, agreement, law, concession, international law, investor
Бо дарназардошти мавчуд будани манфиатхои оммавй дар муносибатхои консессионй ва ба инобат гирифтани хусусияти субъективии чунин муносибатхо, ки ба сифати як тарафи шартнома хамеша давлат баромад мекунад, масъалахои вобаста ба кафолатхои хукукхо, махсусан нисбат ба консессиядор мубрам мебошанд.
Дар иртибот ба чунин шакли хамкорй, вазифаи давлати муосир аз дуруст муайян кардани манфиати чамъиятй ва бахши хусусй, инчунин чустучуи масири муносиб ва муайян намудани шартхои муносиби хукукй ва кафолати татбикшавй иборат мебошад[3, с.62].
Мухтавои кафолатхои хукукй инчунин дорои воситахои махсуси хукукй ва роххое мебошад, ки тавассути онхо дастгохи давлатй фаъолият карда, хокимияти давлатй амал мекунад ва татбик мегардад, хукук ва озодихо хифз ва химоя шуда, вайрон кардани онхо пешгирй ва хукукхои вайроншуда баркарор карда мешаванд[1, с.94].
Омузиши масъалахои умумии назариявии кафолат нишон медихад, ки баъзе муаллифон онхоро ба хукукй ва гайрихукукй чудо мекунанд[12, с.534-535], дигарон бошанд, кафолатро хамчун иктисодй, сиёсй ва хукукй баррасй мекунанд[8, с.17]. Мавкеи гурухи дуюми олимон бештар бо фаъолияти сармоягузории субъектхои муносибати хукукии гражданй, хифзи хукук ва манфиатхо вобастагй дорад, ки, албатта, бо иродаи сиёсй, иктисодй ва хукукии кишвари кабулкунанда омезиш меёбад. У.Х. Бобоев ба аломатхои умумиэътирофшудаи кафолатхои хукукй дохил намудани чунин кафолатхо, ки на ба хамаи субъектхо дода шавад, балки танхо ба онхое ки дар фаъолияти муфиди онхо
давлат манфиатдор мебошад ва кафолатхои хукукй барои фарохам овардани шароити вокей барои истифодаи хукукхо аз тарафи шахрвандон ва шахсони хукукй барои манфиати худ дар доираи меъёрхои мукаррарнамудаи конунгузорй ва дар холати вайрон кардан - химояи заруриро пешбинй менамоянд, максаднок мешуморад[2, с.119]. Тавре дар адабиёти ватанй кайд карда шудааст, «зери мафхуми кафолат андозахои муайяне, ки аз тарафи давлат мукаррар шуда, сармоягузорро аз вайронкунихои эхтимолии хукукхои у ва химояи пурраи онхо дар холатхои вайронкунй, аз чумла таъмини субот дар конунгузорй фахмида мешавад[5, с.48].
С.Н. Братус хусусияти хукукй ва мохияти кафолатхои хукукиро баррасй карда, кайд намуда буд, ки «кафолатхои хукукй хам дар худи меъёрхои хукукй, ки хадафи онхо танзим кардан тавассути мукаррар намудани хукук ва ухдадорихои муносибатхои чамъиятй мебошад ва хам дар он меъёрхое, ки дар доираи онхо воситахои хукукй хангоми вайрон кардани ин вазифахо амалй гардида, хамзамон ба воситаи мачбуркунии давлатй татбики хукуки субъекти моддй ва ичрои ухдадории вайроншуда ва ё нав анчом дода мешаванд, ба назар мерасад[6, с.91].
Андешаи Л.Д. Воеводин чолиб мебошад, ки мутобики он кафолат купруки боэътимод мебошад, ки асосхои зарурии гузариши хукуки макоми шахсй аз умумй ба шахсиро таъмин мекунад, аз чумла, дар конун тахияшударо ба вокеият табдил медихад. Таъкид мешавад, ки зери мафхуми кафолатхо шарт ва воситахои таъмини шароити мусоиди татбиккунандаи хифзи вокей ва хамачонибаи хукуку озодихои хар як шахс фахмида мешавад. Ба гуфтаи муаллиф, зери мафхуми «шартхо» бояд ташкили вазъи мусоид барои истифодаи хукуку озодихои асосй ва ичрои вазифахо ва зери мафхуми «воситахо» - асбоби макомоти хокимияти давлатй, макомоти худидоракунии махаллй, иттиходияхои чамъиятй ва худи шахрвандон дар мубориза барои амалй намудани хукуку озодихои асосй фахмида шаванд[7, с.221].
Дар маънои васеъ, зери мафхуми кафолат низоми шартхо, восита ва усулхои ичтимоию иктисодй, сиёсию ахлокй, хукукй ва ташкилй фахмида мешавад, ки имконияти баробари шахсиятро барои амалй намудани хукук, озодй ва манфиатхои худ фарохам меорад»[11, с.168].
Хдмин тавр, табиати кафолатхои хукукй аз руи меъёрхои хукук, восита ва усулхои муайян, тадбирхои масъулият ва мухофизатй баррасй мешавад. Дар робита ба ин, ба андешаи мо, мебояд акидаеро, ки дар адабиёти хукукй ва илми хукуки дохилй дастгирй намуд, ки тибки он кафолатхои хукукй, асосан, тавассути тадбирхои масъулият ва хифз баррасй мешаванд.
Вобаста ба ин, акидаи Ш.М. Менглиевро дар хусуси он ки «кафолатхои хукукй аз мачмуи меъёрхои дар хукук, озодй ва масъулияти шахрвандон эълоншуда иборат буда, тартиби мавчудияти онхоро дар воситахои хукукй муайян сохта, татбик ва хифзи онхоро таъмин, масъулияти макомоти хокимияти давлатй, ташкилотхои чамъиятй ва шахсони мансабдорро оид ба хифзи озодихои шахрвандон муайян ва усулхои мушаххаси хифзро ба хотири баркарор кардани хукукхои моликият ба воситаи татбики чорахои масъулият ё хифз мукаррар месозад» асоснок мешуморем[9, с.280].
Дар вокеъ, хангоми эълон кардани хукук, озодй ва ухдадорихо дар меъёрхо имконияти татбики бомуваффакият ва хифзи хукукхои амволй ва, дар баробари ин, ичрои одилонаи шартнома пайдо мешавад. Ба ибораи дигар, кафолатхои хукукй, махсусан кафолат аз руи шартномаи консессия бояд на тасаввуротй, балки хусусияти вокей, на танхо дар меъёрхои хукук, балки дар худи хамон шартнома бошад. Аз руи мохият хама гуна шартномаи музднок, чй тавре ки дар илми хукук дуруст кайд карда шудааст, бо манфиатхои молиявй, инчунин ташаббуси сохибкорон вобастагй дорад[14, с.73], ки аз он
метавонад консессиядор бархурдор шавад.
Сухан дар бораи он аст, ки консессия яке аз шаклхои мураккаби шарикии давлат ва бахши хусусй маусуб меёбад, зеро он сармоягузории сармояи назарраси бахши хусусй, инчунин ухдадорихои консессиядорро барои сохтмон, тачдид, азнавтачхизонии техникй ва идоракунии объекти дахлдори консессия дар бар мегирад. Нигох доштани тавозуни манфиатхои давлат ва бахши хусусй маънои ноил шудан ба фаъолияти самараноки институти ху^у^ии мазкур дар амал мебошад. На^ши мухимро дар рушди муносибатхои консессионй кафолатхои давлатии консессиядор мебозанд.
Бояд дар назар дошт, ки тавсифи таъмини ху^у^ии кафолатхои ху^у^ дар доираи шартномаи консессионй тамоман нопурра мебуд, агар мо танхо кафолати ху^у^й ва манфиатхои ^онунии яке аз тарафхои шартномаро баррасй менамудем, холо он ки аксарияти тамоюли муосири ху^у^ аз ибтидо асос ёфта, тиб^и он на танхо шахсони алохида, балки хамохангсозии муштараки манфиатхои онхо, инчунин манфиатхои субъектхои ба намудхои гуногуни фаъолияти и^тисодй ало^аманд зери таваччухи давлат ва чомеа ^арор мегиранд. Fайр аз ин, хадафи ташкили кафолати ху^у^й таъмини манфиатхои мута^обилаи давлат ва сармоягузории хусусй дар амалисозии фаъолиятхои муштарак мебошад. Дар робита ба ин, муносибати ^онунгузори Федератсияи Россия чолиб арзёбй мегардад, ки мувофи^и он кафолатхои ху^у^ии консессиядор дар худи ^онун му^аррар шудаанд[16].
Дар асоси мав^еъ, ки ба имзорасонй ва татби^и шартномахои консессионй, аз чумла ба чалби сармоягузорихои хусусй дар сохахои хусусияти ичтимоидоштаи фаъолияти давлатй ва идоракунии самараноки амволи давлатй нигаронида шудааст, чунин мешуморем, ки нисбат ба консессиядор номгуи кафолатхои дар ^онунгузории сармоягузории Чумхурии Точикистон му^арраршуда бояд тавсеа дода шаванд. Аз ин ру, хусусияти хоси ^онунгузории миллии консессия он аст, ки ^онунгузор дар баробари салохияти ма^омоти хокимияти давлатй ва идоракунй дар сохаи танзими муносибатхои консессионй кафолатхоеро му^аррар мекунад, ки ба консессиядори пеш аз хама ба сифати сармоягузор баромадкунанда дахл доранд. Хдмин тавр, ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сармоягузорй» аз 12 майи соли 2012 як ^атор кафолатхои хифзи сармоягузорй ва ху^у^хои сармоягузоронро пешбинй менамояд. Аз чумла, кафолати баробарху^у^ии сармоягузор, кафолатхо ва тадбирхои иловагии химояи сармоягузорон, кафолати ху^у^и истифодаи даромадхо, кафолати ху^у^хои гузаронидани амалиёти асъорй, аз чумла мубодилаи озоди асъори миллии Чумхурии Точикистон ба дигар асъори мубодилашаванда, инчунин хариди асъори хоричй барои пардохти амалиёти берун аз худуди Чумхурии Точикистон, кафолати иштироки сармоягузор дар хусусигардонии моликияти давлатй, ошкорбаёнй дар фаъолияти ма^омоти давлатй нисбат ба сармоягузорон ва дастрасй ба иттилооти марбут ба татби^и фаъолияти сармоягузорй, кафолатхои ху^укхои сармоягузор хангоми экспроприатсия, реквизитсия ва гайра.
Зимнан, дар доираи талаботи ^онуни мазкур ба даст овардани ху^у^и консессия яке аз шаклхои амалй намудани сармоягузории хоричй муайян гардидааст. Вале, набояд фаромуш кард, ки амалй намудани ху^у^и консессия аз чониби шахрвандони Чумхурии Точикистон низ татби^ мегардад ва дар моддаи 19 ^онуни зикршуда пешбинй шудааст, ки ху^у^хои ба сармоягузорон пешниходшуда дар мавриди консессия тиб^и шартномаи консессионй, ки дар асоси Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи консессияхо» баста шудааст, амалй мегарданд.
Далелхои умумй аз он шаходат медиханд, ки хангоми фаъолияти консессионй, тарафхои шартнома бояд ху^у^и истифода намудани кафолатхои дар боло номбаршударо бо дарназардошти мохияти консессия, дар шакли классикии худ дошта бошанд.
Тахлилхои таърихй нишон медиханд, ки каблан дар Точикистон муносибатхои хукукии сармоягузорй тибки Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи инвеститсияхои хоричй дар Чумхурии Точикистон» танзим карда мешуд. Чунин холат дорои зарурати объективии худ буд, зеро давлат дар даврони аввали ба даст овардани истиклолияти худ барои чалби бештари махз сармоягузории хоричй ба иктисодиёти миллй ниёзи бештар дошт. Мутаносибан, ин санади меъёрии хукукй ба сармоягузорони хоричй имконият, хукукхои васеъ ва кафолатхои бештарро пешниход карда, бо ин рох сармоягузорони ватаниро дар вазъи нобаробар мегузошт. Чунин холат дар аксари давлатхои пасошуравй ба мушохида мерасид. Дар адабиёт хамчунин кайд мегардад, ки хангоми киёси шартхои фаъолияти сармоягузорони хоричй ва ватанй таассуроти нобаробарии хукукй эхсос мегардад ва сабабаш дар он зохир мешавад, ки дар асоси низоми хукукии конунгузории миллй сармоягузори хоричй ва ташкилоти тичоратй бо сармояи хоричй назар ба субъектхои ватанй аз кафолат ва имтиёзхои иловагй бештар бахравар мебошанд[13, с.45]. Бо вучуди ин, рушди минбаъдаи хаёти иктисодии кишвар ва ислохоти он дар дурнамо хамчун заминахои объективй водор намуданд, ки манбаъхои нави сармоягузорй дар дохили кишвар чустучу ва такмили конунгузорй дар каринаи мавкеи баробари сармоягузорони дохилй ва хоричй амалй гардад.
Бояд кайд кард, ки тибки моддаи 17 Крнуни ^умхурии Точикистон «Дар бораи консессияхо» ба консессиядор як катор хукукхо, аз чумла дар худуди мавриди истифодааш сохтани биною иншоот, роххои фаръй, роххои васеи мошингард ва хатхои алокаи телеграфу телефон, ворид намудани тагйирот ба таркиби молу мулк, содир кардани махсулоти худ, бо тартиби судй шикоят кардан аз амалхои гайриконунии макомоти давлатй ва шахсони мансабдор ва гайра дода шудаанд.
Омузиши тачрибаи бехтарини консессия нишон медихад, ки имтиёз ва кафолатхои конунан барои консессиядорон мукарраршуда, ба чалби сармоягузорон чихати сармоягузории молиявй, техникй, технологй ва дигар воситахои худй дар бехтар намудани амволи давлатй хизмат мекунанд. Амалияи миллии консессионй низ нишон медихад, ки сарфи назар аз набудани меъёрхои хукукии дахлдор дар самти ба консессиядор пешниход кардани кафолатхо, масъалахои ба ин монанд байни тарафхои шартномаи консессионии басташуда танзим карда шуданд. Храмин тавр, дар асоси моддаи 4-и Шартномаи системаи энергетикии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Хукумати Чумхурии Точикистон аз номи худ ва аз номи хамаи макомоти худ эътимод, кафолат ва ухдадорихоро нисбат ба конунан имзо намудани шартнома, бартараф кардани тамоми ихтилофот, ки ба бастани шартнома монеа мешаванд, аз чумла кабули санадхои дахлдор, набудани бахсхои судй ва хукукй нисбат ба дороихои консессионй, кафолати дахолат накардани макомоти махаллии хокимияти давлатй ба фаъолияти консессиядор чихати гирифтани хукуки пурра ва истисноии сохтмони лоиха (объекти консессионй), идоракунии консессия ва ичрои ухдадорихои пешбининамудаи шартномаи консессионй ва барои монеа нашудан ва халалдор насохтани консессиядор дар татбики консессия медихад. Аз ин бармеояд, ки мукаррарот дар бораи кафолатхои консессиядор дар танзими хукукии муносибатхои хукукии консессионй хело масъалаи мухим буда, набудани тафсири хукукии он дар конун хамчун холигии чиддй дар конунгузории миллй хисобида мешавад.
Тахлили кафолатхои консессиядорон дар доираи конунгузории Чумхурии Точикистон ва танзими хукукхои консессиядор нишон медихад, ки аксари ин хукукхо бо кафолатхое фаро гирифта шудаанд, ки ба консессиядорон мутобики меъёрхои моддй ва мурофиавии конунгузорй дода шудаанд. Ба фикри мо, кафолатхои хукуки консессиядоронро ба гуруххои зерин чудо кардан зарур аст:
1) кафолатуои моддй;
2) кафолатуое, ки бо максади уифзи уукукуои моликияти консессиядор (кафолатуои мурофиавй) мукаррар карда шудаанд;
3) кафолатуои истисноии уукукй[2, с.119].
Ба гурууи якум он кафолатуои уукукуоеро бояд дохил намуд, ки тибки онуо аз руи коидауои умумии милликунонй, мусодира, реквизатсияи амволи консессиядор, ки ба муассисаи консессионй гузошта шудааст, ичозат дода намешавад, шартуои шартнома бошанд, бо тартиби яктарафа дар асоси ягон фармон ё санади макоми давлатии ваколатдор тагйир дода намешавад.
Гурууи дуюми кафолатуо он кафолатуоеро пешниуод мекунад, ки мутобики он консессиядор уукук дорад дар сурати аз чониби контрагентуо ичро накардани уудадорй (ё ба таври зарурй ичро накардани он) ба суд мурочиат намояд. Дар мачмуъ, дар Конститутсияи Чумуурии Точикистон уукук ба уимояи судй кафолат дода шудааст.
Гурууи сеюми кафолатуо вобаста ба кафолати ворид намудани тагйирот ба конунгузорй мансуб мебошад, ки моуиятан дар уамаи кишваруо амалй мегардад. Сухан на тануо дар бораи нигоу доштани уолати мавчудаи тарафуои шартномаи консессионй меравад, ки тибки он ягон шакли муносибати табъизй роу дода намешавад, уамзамон масъалауоеро дахл мекунад, ки ба кабул намудани санадуои меъёрии уукукии вазнинкунандаи уолати худи субъектуои консессия вобастаанд. Ба уамин монанд, тачрибаи татбики меъёруои санадуои байналмилалии хусусияти дучонибадошта, ки ба пешгирии андозбандии дукаратаи субъектуои соуибкорй равона шудаанд, фарк мекунад. Бо вучуди ин, ки дар Крнуни ^умуурии Точикистон «Дар бораи консессияуо» принсипуои мушаххасе мукаррар нагардидаанд, ки тибки онуо ва уангоми тагйир ёфтани конунгузорй уимояи консессиядор пешбинй карда шавад. Дар уоле ки конседент аз руи манфиатуои оммавии худ ва бо истифода аз салоуияти уукмфармоиаш метавонад кароре кабул намояд, ки дар окибати татбик уолати консессиядорро вазнин намояд. Дар асоси талаботи конуни сармоягузорй метавон натичагирй намуд, ки дар сурати ворид намудани тагйиру иловауо ба конунгузорй, ки боиси бадшавии шартуои амалишавии фаъолияти сармоягузорй мегарданд, сармоягузороне, ки сармоягузории дарозмуулатро амалй мекунанд, дар давоми 10 сол аз рузи интишори расмии чунин тагйирот, барои интихоби шароити мусоид уукук доранд. Албатта, конунгузор дар ин маврид он тагйиру иловауоеро ба конунгузорй, ки ба масъалауои амнияти миллй, тандурустй, уифзи мууити зист, одобу ахлок алокманд уастанд, истисно менамояд (моддаи 8-и Конуни Чумуурии Точикистон «Дар бораи сармоягузорй»). Бо вучуди ин, муулати 10-солаи дар конунгузории сармоягузорй мукарраршуда ба моуияти шартномауои консессионй чавобгу нест, зеро одатан, чунин уамкории байни давлат ва бахши хусусй муулати тулонй, уатто даусолауоро фаро мегирад. Чунин андешарониуоро дар таукикоти олимони Россия низ мушоуида кардан мумкин аст. Барои мисол, С.А. Сосна пешниуод намуд, ки дар сурати пауншавии «тавзеуоти бобой» ба консессиядорони хоричй бояд амали он дар давоми камаш 10 сол тамдид карда шавад[15, с.210]. Беш аз ин, чй тавре ки амалияи миллии консессионй нишон медиуад, дар шартномаи консессионй пешбинй шудааст, ки ягон тагйирот дар конунгузорй пас аз санаи ба имзо расонидани шартнома наметавонад уукук ва уудадориуои конседент ва тарафуои маблаггузорро тагйир диуад.
Вобаста ба масъалаи милликунонй ва реквизитсия кайд менамоем, ки он дар шароити ислоуоти иктисоди бозорй ва дар уолате, ки дар бозори истеусоли мол, хизматрасонй ва ичрои коруо субъектуои муносибати консессионй фаъолият карда, сармояи худро ба ин ё он соуаи фаъолияти иктисодй гузоштаанд, дорои окибатуои манфй мебошад. Дар баробари ин, фаромуш набояд кард, ки консессиядорон, аз чумла
консессиядорони хоричй ба муносибатхои шартномавй дохил шуда, дар як вакт тахти таъсири низоми миллй карор мегиранд. Дар адабиёти хукукй низ кайд шудааст, ки низоми миллй ба сармоягузории хоричй шароити муайяни баробарро бо сармояхои миллй кафолат медихад ва хамчун стандарти хадди акалли байналмилалй баромад мекунад[15, с.119].
Дар мачмуъ, кафолати хукукхои консессиядор, аз чумла тибки шартномаи консессионй дар меъёрхои байналмилалй собит шуда, баъдан дар конунгузории дохилии хар як кишвар дарч мегардад. Хамин тавр, чанде пеш то кабули Кодекси граждании кишвархои узви ИДМ конвенсияи махсус дар самти хифзи хукукхои сармоягузор кабул карда шуд. Меъёрхои моддаи 9 Конвенсияи ИДМ «Дар бораи химояи хукукхои сармоягузор» аз 28 марти соли 1997[10, с.561], хифзи сармоягузориро аз милликунонй, реквизитсия, инчунин карорхо ва амали (ё беамалии) макомоти хокимияти давлатй ва шахсони мансабдор, ки хукукхои сармоягузорро вайрон мекунанд, кафолат медихад. Тибки хамин меъёр, сармоягузорй набояд милликунонй ва реквизитсия шавад, ба истиснои холатхое, ки (офати табий, садамахо, эпидемияхо ва дигар холатхои хусусияти фавкулодадошта) тибки конунгузории дохилии тарафхои конвенсия пешбинй шудаанд ва ин тадбирхо барои манфиатхои чамъиятй андешида мешаванд, ки дар конунхои асосии (конститутсияи) кишвархои кабулкунанда пешбинй гардидаанд.
Ч,ихати ичрои ин мукаррарот ва меъёрхои санадхои хукукии байналмилалй дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон меъёрхои пешбиникунандаи тартиби реквизитсия (моддаи 266-и Кодекси граждании Чумхурии Точикистон), мусодира (моддаи 267-и Кодекси граждании Чумхурии Точикистон) ва милликунонии амвол (моддаи 268-и Кодекси граждании Чумхурии Точикистон) мукаррар карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ин меъёрхои Кодекси граждании Чумхурии Точикистон дорои хусусиятхои хос буда, бо тартиби хатмй ва холатхои истисной истифода бурда мешаванд.
Хамин тавр, реквизитсияи амволи консессиядор танхо дар сурати офати табий, садамахо, эпидемияхо ва дар холатхои дигар ичозат дода мешавад, ки дорои хусусияти фавкулода буда, ба манфиати чомеа таъсир расонида бошад. Дар ин маврид кафолат дода мешавад, ки хангоми мусодираи амвол, арзиши он бо карори макоми салохиятноки давлатй пардохта мешавад.
Дар баъзе мавридхо, ба хотири пешгирии окибатхои манфии имконпазир хангоми татбики экспертизаи объектхо ва таъсири манфии онхо ба саломатии инсон, захирахои табий, хифзи мухити зист, бехатарии экологии чомеа, аз чумла пешгирии зарари расонидашуда аз чониби онхо хангоми пешбурди фаъолияти маъмурй, иктисодй, сармоягузорй ва дигар фаъолият бо тибки конунгузорй талабот оид ба экспертизаи давлатии экологии хатмй мукаррар карда шудааст.
Хамин тавр, мавриди арзёбии экспертизаи экологии давлатй лоихахои барномаю накшахо..., пешгуихо, ки татбики онхо ба истифодаи захирахои табий алокаманданд ва ё метавонанд ба мухити зист таъсир расонанд, карор мегиранд (моддаи 9 ^онуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи экспертизаи экологй»).
Мутобики моддаи 268-и Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбинй шудааст, ки тавассути милликунонии моликият ба моликияти давлатй мубодила намудани амволе, ки ба шахрвандон ва шахсони хукукй мансуб аст, танхо ба воситаи конуне, ки тибки Конститутсия дар бораи милликунонии амвол кабул шудааст, ичозат дода мешавад. Хамзамон, ба шахсе, ки амволи у миллй кунонида шуд, арзиши он, инчунин дигар зараре, ки дар натича расонида шудааст, бояд чуброн карда шавад. Бинобар он ки милликунонй хамчун чораи истисной баррасй мегардад ва карор дар бораи он аз тарафи макоми олии конунбарори кишвар кабул мегардад, ин худ як навъ кафолат аст[4, с.79].
Тибки конунгузории Чумуурии Точикистон пешбинй шудааст, ки мусодира уамчун асос барои катъ гардидани уукуки моликият мебошад (банди «г» кисми дуюми моддаи 259-и Кодекси граждании Чумуурии Точикистон). Падидаи мусодира низ бо моддаи 267 Кодекси граждании Чумуурии Точикистон пешбинй гардидааст. Кафолати уукуки консессиядор дар сурати мусодираи амвол, уамчунин ба уолатуои пешбининамудаи Конун дахл дорад, ки агар амвол бо тартиби маъмурй (кисми 2, моддаи 267-и Кодекси граждании Чумуурии Точикистон) мусодира шавад. Бо вучуди ин, ба инобат гирифта мешавад, ки ба милликунонй ва реквизитсия, уамчун чораи истисной, бо дарназардошти хусусиятуои конунгузории кишвари кабулкунанда татбик карда мешавад ва бе пардохти чуброни дахлдор ба сармоягузор аз чониби тарафуои шартнома анчом дода намешавад. Ягона уолате, ки аз нуктаи назари конунгузор дур мондааст - коидауое, ки тибки он бояд тануо зарар ба амвол ё даромади бадастнаомада низ чуброн карда шавад, муайян нагардидааст.
Ба консессиядор, уамчунин уукуки чуброни зараре, ки ба у тавассути кабули кароруо ва амали (беамалии) макомоти давлатй ё аз чониби шахсони мансабдор расонидашуда, ки ба конунгузории кишвари кабулкунанда ва меъёруои уукуки байналмилалй мухолифат мекунанд, кафолат дода мешавад.
Хамчун чузъи мууими пешниуоди кафолат ба консессиядорон - меъёри конунгузорй дар бораи уалли баусуо байни конседент ва консессиядор мебошад. М.М. Богуславский дуруст кайд мекунад, ки тарафуо дар уама гуна муносибатуои иктисодй бояд эътимод дошта бошанд, ки онуо дар уолати ба вучуд омадани баус барои уифзи манфиатуои худ тавассути макомоте, ки кобилияти баррасии чунин баусуоро доранд, имкон доранд[4, с.193].
Бояд кайд кард, ки Конуни Чумуурии Точикистон «Дар бораи консессияуо» назар ба конуни соли 1997 кабулшуда уукукуои конседентро бо тартиби яктарафа бекор кардани шартномаи консессионй пешбинй намекунад, ки вокеан уамчун кафолати махсуси уукуки консессиядор мебошад. Бо вучуди ин, тартиби уалли баусуое, ки байни конседент ва консессионер дар доираи фаъолияти консессионй ба амал меояд, такмили минбаъдаро талаб мекунад.
Тафсири духураи муайян намудани тартиби баррасии баусуо байни сармоягузор ва давлати кабулкунанда, ки дар конунуои Чумуурии Точикистон «Дар бораи сармоягузорй» ва «Дар бораи консессияуо» дарч шудаанд, метавонад ба тафсири нодурусти меъёруои уукук оварда расонад. Пас, дар асоси Конуни Чумуурии Точикистон «Дар бораи сармоягузорй» баусуои сармоягузории байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорй тибки шартуои дар шартнома пешбининамуда байни тарафуо уал карда мешаванд. Дар сурати мавчуд набудани чунин шартномауо, баусуои сармоягузории байни иштирокчиёни фаъолияти сармоягузорй то уадди имкон ба василаи мулокоти тарафуо ва дар сурати гайриимкон будан, дар судуои Ч,умуурии Точикистон, судуои уакамй, суди байналмилалии арбитражй ва арбитражи байналмилалии тичоратй мутобики конунгузории миллй ва санадуои уукуки байналмилалй уал карда мешаванд. Моддаи 19-и Конуни Чумуурии Точикистон «Дар бораи консессияуо» пешбинй менамояд, ки баусуо байни консессиядор ва конседент дар асоси конунгузории Чумуурии Точикистон баррасй мегардад, агар дар шартномаи консессионй ва санадуои уукуки байналмилалие, ки Точикистон онуоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинй нашуда бошад. Дар уолати уал нашудани баусуо тарафуо уукук доранд, ки бо тартиби пешбинишуда ба суд мурочиат намоянд. Яъне, дар ин чо ба таври конунй уукуки тарафуо чиуати шикоят кардан ба арбитражи байналмилалй ва судуои уакамй наомадааст. Аз ин ру, мавкеи конунгузории сармоягузорй, ба фикри мо бештар кобили кабул ва чавобгу ба талаботи вокеии тарафуои шартномаи консессионй, алалхусус консессиядор оид ба
химояи хукук ва манфиатхои худ хисобида мешавад. Ин мавкеъ, бо он асоснок карда мешавад, ки дар амалияи консессионии миллй тибки шартномаи басташуда мурофиаи хакамии бахсхо тибки коидахои арбитражии Палатаи байналмилалии савдо бо кароргох дар Женева пешбинй шудааст, дуюм арбитражи байналмилалй дорои тачрибаи калони андухташуда буда, имкон дорад бахсхои мушкили давлатй-хусусиро дар сатхи касбй мавриди баррасй карор дихад. Бар замми ин, ба тасвиб расидани Конвенсия оид ба танзими бахсхои сармоягузорй байни давлатхо ва шахсони хукукии давлатхои дигар, ки аз талаботи кишвархои музокирот оид ба дохил шудани Чумхурии Точикистон ба Созмони умумичахонии савдо (СУС) бармеояд, аз иродаи сиёсии давлат чихати ба баррасии Маркази байналмилалии халли бахсхои сармоягузорй додани бахсхо ва хамчун имконоти нави хифзи хукуки моликияти сармоягузорон-консессиядорон далолат медихад.
Дар ин маврид, макомоти консессионй, инчунин онхое ки ба сифати тарафхои муносибатхои консессионй баромад мекунанд, кафолатхои хукукхои онхо дар асоси мукаррароти Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукй, ки ба таъмини хукукии фаъолияти онхо нигаронида шудаанд, асос ёфтааст. Аз чумла, кафолатхои алохидаи хукукхои макомоти консессионй дар моддахои 7 ва 8-и Крнуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи консессияхо» пешбинй шудаанд.
Макомоти консессионй, тарафхои шартномаи консессионй дар шахсияти макомоти идоракунии давлатй, макомоти идоракунии хокимияти давлатй дар махалхо хукук доранд на танхо назорати риояи шартхои шартномаи консессионй, балки мониторинги фаъолияти консессионии онхоро амалй намоянд. Макомоти идоракунии давлатй дар сохаи дахлдори консессияхо барои назорати фаъолияти корхонахои консессионй ваколат доранд.
Хамзамон, дар конунгузорй дарч нагардидани принсипи устувории шартхои шартномаи консессионй метавонад ба вайрон шудани хукукхои консессиядорон оварда расонад. Аз ин ру, пешниход мегардад, ки тибки мукаррароти Крнуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи консессияхо" чунин принсип пешбинй карда шавад.
Дар робита ба ахамияти махсуси танзими масъалахои кафолатхои хукукии консессиядорон пешниход мешавад, ки ба конунгузории дахлдор ба таври мушаххас кафолатхои давлатии хифз ва таъмини амволи консессиядорон ва риояи хукукхо ба моликият ва манфиатхои конунии онхо мукаррар карда шаванд. Бо ин максад ду усули халли масъала пешниход мегардад:
а) Дар боби алохидаи Крнуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи консессияхо" ба танзим даровардани кафолатхои хукукй ва манфиатхои конунии консессиядор, хамзамон модда ба модда тахия намудани номгуи кафолатхои хукукии зарурй барои татбики самаранок ва бемонеаи фаъолияти консессиядорон;
б) Ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи консессияхо» илова кардани моддаи 19 бо ном ва мазмуни зерин:
«Моддаи 19. Кафолати хукукхои консессиядор
Хукук ва манфиатхои конунии консессиядор тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукуки байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, кафолат дода мешавад. Кафолатхои бо конунгузории сармоягузорй пешбининамуда метавонад, ба субъектхое, ки ба сифати консессиядор дар шартномаи консессионй баромад мекунанд, тавсеа гардад».
Дар асоси принсипи баробархукукии консессиядорони ватанй ва хоричй чунин навоварй ба ичрои самараноки шартномаи консессионй бо максади таъмини хавасмандгардонй, азнавсозй ва фаъол намудани фаъолияти субъектхои консессионй ва хифзи хукукху манфиатхои конунии тарафхои шартномаи консессионй равона мегардад.
ПАЙНАВИШТ:
1. Баиева Н.А. Юридические гарантии российского социального государства: дис...канд. юрид. наук/Н.А. Баиева. - Ставрополь, 2005. - 196 с.
2. Бобоев У.Х. Организационно-правовые формы совместной хозяйственной деятельности / У.Х. Бобоев. - Душанбе, 2004. - 185 с.
3. Богатырева А.Г. Гармонизация частных и публичных интересов: Сборник научных статей. Серия: Право России: новые подходы. Выпуск 2 / Под. ред. М.В. Немытиной, В.А. Хохлова, В.Д. Рузановой, А.А. Тарасова. - Саратов: Научная книга, 2005. - С. 62-68.
4. Богуславский М.М. Иностранные инвестиции: правовое регулирование/Богуславский М.М. - Москва: БЕК, 1996. - 462 с.
5. Бозоров Р.Б. Гарантии защита прав человека-инвестора / [Текст] Бозоров Р.Б. // Государство и право. - 2007. - №1. - С. 48-56.
6. Братусь С.Н. Юридическая ответственность и законность / С.Н. Братусь. - Москва, 1976. - 216 с.
7. Воеводин Л.Д. Юридический статус личности в России / Л.Д. Воеводин. - Москва: Изд-во МГУ, Издательская группа ИНФРА • М-НОРМА, 1997. - 304 с.
8. Менглиев Ш.М. Защита имущественных прав граждан / Ш.М. Менглиев. - Душанбе: Ирфон, 1989. -156 с.
9. Менглиев Ш.М. Избранные труды по гражданскому праву / Ш.М. Менглиев. -Душанбе: Истеъдод, 2011. - 696 с.
10. Международное право в документах. Сборник международно-правовых актов и внутреннего законодательства Республики Таджикистан. - Душанбе, 2011. - 561 с.
11. Мордовец А.С. Социально-юридический механизм обеспечения прав человека и гражданина /Мордовец А.С. - Саратов, 1996. - 287 с.
12. Нерсесянц В.С. Общая теория права и государства / Нерсесянц В.С. - Москва: Норма-Инфра-М, 2001. - 560 с.
13. Платонов Н.Л. Законодательное регулирование иностранных инвестиций в экономику России / [Текст] Н.Л. Платонов // Гражданское право. - 2000. - №6. - С. - 45-52.
14. Рахимов М.З. Конечный результат предпринимательской деятельности: теория и правовое регулирование /Рахимов М.З. - Душанбе, 2007. - 294 с.
15. Сосна С.А. Концессионное соглашение: теория и практика / С.А. Сосна. - Москва: ООО «Нестор Академик Паблишерз», 2002. - 256 с.
16. Система «Гарант». Энциклопедия российского законодательства. Специальный выпуск, апрель 2009. DVD-версия.
Reference Literature:
1. Baiyeva N.A. Juridical Guarantees of the Russian Social State. Candidate dissertation in
jurisprudence//N.A.Baiyeva.- Stavropol.2005.-196pp.
2. Boboyev U.H. Organizational Legal Forms of Joint Economic Activity// U.N.Boboyev.-
Dushanbe. 2004.- 185pp.
3. Bogatyryova A.G. Harmonization of Private and Public Interests. Collection of scientific
articles. Series: The Law of RUSSIA. new Approaches. issue 2// Under the editorship of M.V.Nemytina, V.A.Khokhlov, V.D.Ruzanova, A.A.Tarasov. - Saratov: Scientific Book. 2005. - pp.62 - 68
4. Boguslavsky M.M. Foreign Investitures: Legal Regulation// M.M.Boguslovsky.- Moscow:
BEK.1996. - 462pp.
5. Bozorov R.B. Guarantees of Advocacy of Rights in Reference to a Person-Investor. // R.B.
Bozorov// State and Law.-2007, №1.-pp. 48 - 56
6. Bratus S/N/ Juridical Responsibility and Legality// S.N. Bratus. Moscow. 1976. - 216pp.
7. Voevodin L.D. Juridical Status of Individual in Russia/ L.D.Voevodin. Moscow: MSU
Publishing House. INFRA. M-NORM publishing company. 1997. - 304pp.
8. Mengliyev Sh.M. Advocacy of Citizens' Property Rights// Sh.M.Mengliyev. Dushanbe:
Cognition. 1989. - 156pp.
9. Mengliyev Sh.M. Selected Works on Civil Law// Sh.M. Mengliyev. - Dushanbe.-Endowment.
2011.-696pp/
10. International Law in Documents. Collection of International-Legal Instruments and Internal Legislation of Tajikistan Republic. - Dushanbe. 2011. - 561pp.
11. Mordovets A.S. Social-Juridical Mechanism of Insurance of Rights for Man and Citizen// Mordovets A.S. - Saratov. 1996. - 287pp.
12. Nersesyants V.S. General Theory of State and Law// V.S.Nersesyants.-Mocow: Norm-Infra-M. 2001.- 560pp.
13. Platonov N.L. Legislative Regulation of Foreign Investments into the Economy of Russia//
N.L.Platonov// Civil Law. 2000, №6 - pp.45 - 52
14. Rahimov M.Z. Final Results of Entrepreneurial Activity. Theory and Legal Regulation// M.Z.Rahimov. Dushanbe. 2007. - 294pp.
15. Sosna S.A. Concessional Agreement: Theory and Practice // S.A.Sosna. Moscow: "Nestor Academic Publishers" Assoc. Ltd. 2002. - 256pp.
16. "Guarantor" System. Encyclopedia of Russian Legislation. Special Issue, April 2009. DVDversion.